.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

ҶУСТУҶӮИ 20 СОЛ ТӮЛКАШИДА

Дек 02, 2017 Хонданд: 1017
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Тобистони соли 1997 гарм буд. Соат аз ҳашти бегоҳ гузашта бошад ҳам, тафси ҳаво паст намешуд, сокинони бинои баландошёна дар манзили худ аз гармии офтоб паноҳ меёфтанд. Фақат ҷавоне дар канори бино, паси сояи дарахт пинҳон шуда, дуздвор сӯйи мошини тамғаи «Волга», ки аз шуои офтоб медурахшид, менигарист. Як вақт аз гузаргоҳи хона марде хушҳолона берун баромад ва сӯйи мошини аз гармии офтоб тафсида омаду дари пешро кушода, паси чанбарак нишасту оинаи тирезаро кушод ва муҳаррикро ба кор даровард.

Ҷавони паси дарахт истода, ки ҳаракатҳои вайро назорат менамуд, бо қадамҳои сабук ба мошин наздик омада, дари қафояшро кушоду паси ронанда нишаст ва дасти чапашро ба китфи ӯ гузошта гуфт:
- Номард, то кай мегурезӣ, кай пулро бармегардонӣ?
- Кадом пул, магар дирӯз бақияашро нагирифтӣ, камӣ карда бошад илова мекунам, писханд зад ронанда.
Ҷавони дар қафо нишаста аз бағал корд бароварду ба қафаси синаи ӯ зад. Ронанда фарёди ҷонхароше баровард, ҷавони дар қафо ҷой гирифта, зарбаи дуюмро ба паси гардани вай зад, баъд як маротибаи дигар корд ба чашми ӯ хаст.
Ронанда фаҳмид, ки нагурезад боз корд «мехӯрад», дарро кушода, берун баромад ва калавида-калавида пеш давид. Марди қафо нишаста низ дарро кушода, аз паси «сайдаш» давид ва бо чанд ҷаҳиш ба ӯ расиду боз ду корд зад. Ронанда назди даромадгоҳ афтод, таъқибгар кордро ба бағал андохта, башаст аз роҳрав баромад ва паси бино гузашта, байни дигар биноҳо тоб хӯрд. Муддате пас ба назди шабакаи обкашии № 2-и шаҳри Хуҷанд расида, байни қамишзор қадам зад ва корди хунолудро даруни ботлоқ партофт, баъд дасту рӯй, либосҳои хунолудашро шуста қафо гашт.
Ҷасади дар фарши даромадгоҳи бино хобидаро зане диду аз тарс фарёд зад. Овози воҳимаангези ӯро шунида, чанд нафар аз хонаҳояшон баромаданд ва ба милитсияю истгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ телефон карданд. Гуруҳи фаврии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд муайян намуд, ки ҷабрдида аз ҷароҳатҳои тези буррандаи ба узвҳояш расида ҳалок шудааст, ҳамчунин вақти муоина аз кисаҳои вай шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи нақлиёташро пайдо кард. Маълум шуд, ки ӯ сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Пролетар (алъон Ҷаббор Расулов) Бахтиёр Қураматов будааст. Вай ронандаи мошини хизматии мутааллиқ ба ректори филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд будааст. Ҳодиса 30 июни соли 1997 тахмин соати 20 дар даромадгоҳи бинои №32, маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд сар задааст.
Ҳангоми муоинаи мошини «Волга», муайян карданд, ки дар нишастгоҳи қафои он хуни зиёд рехтааст, вале қотил аз худ дигар нишоне намондааст.
Роҳбари гуруҳ ба ҷӯяндагон чанд супориш дод, аз ҷумла фармуд, ки бо ректори Донишкадаи политехникӣ вохӯрда фаҳманд, ки Қураматов имрӯз соати чанд аз кор фориғ шудааст? Ба дигаре фармуд, ки бо ҳамсояҳо вохӯрда ҳамсуҳбат шавад, атрофи биноро муоина намуда, то лаби дарё равад.
- Бахтиёр Қураматов баъди анҷоми кор тахмин соати панҷуним маро ба хонаам оварду рафт, - ба саволи муфаттиш ҷавоб дод ректори Донишкадаи политехникӣ Т.Қодиров. - Дигар ман вайро надидаам.
Сокини маҳаллаи 34, бинои №32, Н. ба саволҳои муфаттиш ҷавоб дод, ки Бахтиёр Қураматов бегоҳ ба манзили ӯ омада, хӯроки шом хӯрдааст ва тахмин соати ҳашти бегоҳ рафтааст. Аз ҳамсояҳо фаҳмидааст, ки назди даромадгоҳи бино ҷасади вайро ёфтаанд. Кӣ ин корро кардааст, намедонад, аз касе гумонбар намебошад.
Гуруҳи фаврии тафтишотӣ барои ёфтани қотил хеле заҳмат кашид, вале аз вай нишоне наёфт. Ҷӯяндагонро роҳбаронашон вазифадор менамуданд, ки ҷиноятро ошкор намоянд, вале аз қотил нишоне ёфт намешуд.
Аз байн беш аз 20 сол гузашт, ин ҳодиса бо мурури вақт ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод, ҳама гумон дошт, ки дигар қотилро намеҷӯянд ва намеёбанд, вале чунин нафарон иштибоҳ мекарданд, намедонистанд, ки чунин парвандаҳо аз эътибор соқит намешаванд ва мақомоти корҳои дохилӣ новобаста аз гузаштани муҳлат ҷинояткорро меҷӯяд…
Тафтишгарон ниҳоят шахсияти қотилро аниқ намуданд. Вай сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳалимов Тоҳир Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1969, маълумоташ олӣ, падари 4 фарзанд, вақтҳои охир дар маркази солимгардонии деҳаи Қӯрғонча, ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нав фаъолият доштааст.
Ваю Бахтиёр ҳамдеҳа, ҳамсол буданд ва ҳар замон рӯзи душанбе аз деҳа ба Хуҷанд барои кор меомаданд. Бахтиёр ронандаи ректори Донишкадаи политехникӣ буд, Тоҳир бар дӯш ташхисгари судию тиббии ташхисгоҳи шаҳри Хуҷандро ба уҳда дошт.
- Он рӯз, охири моҳи феврали соли 1997 мо тасодуфан вохӯрдем, - нақлашро идома дод Т.Ҳалимов. - Дар роҳ Бахтиёр Қураматов нақл кард, ки дар ҳолати ногувор мондааст ва барои аз вазъият баромадан сеюним ҳазор доллари Амрико лозим. Фақат барои даҳ рӯз, дар ин муддат бармегардонам, ягон илоҷашро ёфта, маро наҷот деҳ.
Ман ин қадар маблағ надорам, ҷавоб додам ба вай. - Маоши ночиз мегирам, базӯр ба равуоям мерасад.
- Ягон илоҷашро ёб, аз падар, ё дигар хешу таборат қарз гир, дар зарфи даҳ рӯз осмон ба замин намефарояд.
- Вай илтиҷо мекард, - нақлашро давом дод Тоҳир. - Раҳмам омад, дар охир нарм шуда гуфтам. - Ман падарамро мепурсам, агар дар пасандозаш ин қадар маблағ бошад, гирифта медиҳам, даҳ рӯз пас бармегардонӣ, об ба лаби ҷӯй баробар мешавад.
- Раҳмат дӯстам, ман камбудии дар корхона шударо рӯйпӯш мекунам ва баъд пулро ба ту бармегардонам.
- Вай маро ба ҷону ҳолам намонда, пайваста наздам меомаду илтиҷо мекард, ки пул ёфта диҳам, - идома дод нақлашро Тоҳир Ҳалимов. - Ман дар навбати худ, падарамро илтиҷо менамудам, ки ба дӯстам ёрӣ диҳад. Ниҳоят ӯ розӣ шуда, аз пасандозаш 3,5 ҳазор доллар дод, ман маблағро ба Бахтиёр супоридам.
Ба қавли халқ бе дарди сар будаму дарди сар харидам, аз байн 10-20-30 рӯз ва моҳҳо гузаштанд, дар ин муддат борҳо ба Қураматов муроҷиат карда, талаб намудам, ки пулро баргардонад.
- Ту безорам кардӣ, кадом пулро мегӯӣ, ман аз ту чизе нагирифтаам ва қарздор нестам,- ҷавоб дод ӯ.
Ҳангу мангам канд, дар ҳолати ногувор мондам, боз борҳо наздаш рафта, илтимос кардам, вале суд набахшид.
Чанд рӯз пас аз кор ба иҷорахонаам, воқеъ дар маҳаллаи 13-и шаҳри Хуҷанд бармегаштам, ки дар канори роҳ мошини Бахтиёр пайдо шуд ва аз он худашу ду рафиқаш фаромада, ба ман дарафтоданд. Хеле лату кӯбам карданд ва дар охир гуфтанд, ки дар ин бора ба милитсия муроҷиат кунам, ё боз пул пурсам, мекушанд.
- Ту шоҳид дорӣ, ё забонхат гирифтӣ? - дар охир дӯғ зад вай.
- Не,- ҷавоб додам ман.
- Ин хел бошад чӣ хел қарз гирифтанамро исбот мекунӣ, гум шав, раву хобатро ба об гӯй.
Нисбати Қураматов дар вуҷудам аввал бадбинӣ, баъд қасд ҷой гирифт. Алам пайкарамро месӯхт ва эҳсос менамудам, ки то аз вай интиқом нагирам тафси дилам паст намешавад. Дар охир қарор додам, ки вайро мекушам, чунин одами паст ҳуқуқи дар дунё зистан надорад, вай набояд дар ин ҷамъият бошад.
30 июни соли 1997, бегоҳ ба маҳаллаи 34 рафтам. Медонистам, ки Қураматов чун одат ҳар бегоҳ ба манзили сокини хонаи №32 Н. меравад ва хато накардам, дар рӯйи ҳавлӣ мошини тамғаи «ГАЗ-24», рақами давлатиаш 00–30 ЛББ меистод. Дар паси дарахте пинҳон гашта, Бахтиёрро нигарон шудам ва ӯ тақрибан соати ҳашт аз хона баромаду ба мошинаш савор шуда, муҳаррикро ба кор даровард, ман дари қафоро кушода, ба пасаш нишастаму пули гирифтаашро талаб кардам. Бахтиёр чун пештара ба дӯғу таҳдид сар кард, ман фаҳмидам, ки аз вай некиро умедвор шудан хатост, ба пайкараш се маротиба корд задам. Вай фарёд карда, аз мошин фаромаду роҳи гурезро пеш гирифт, аз қафояш давидам, намехостам, ки ӯ зинда монад ва чун мор ба дигарон заҳр пошад. Таъқиб карда, аз пасаш ду корд зада, ба замин афтондаму қафо гашта рафтам…
Суди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Обидиён Ш.А дар маҷлиси судӣ, 7 сентябри соли 2017 парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Ҳалимов Тоҳир Ёқубҷонович мувофиқи моддаи 104 банди «г» Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) баррасӣ намуд.
Айбдоршаванда Т. Ҳалимов дар мурофиаи судӣ баёноти ба муфаттиш додаашро такрор карда, ба гуноҳаш иқрор шуд.
Дархости ҳимоятгар С.Саидовро, ки бо сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, қатъ намудани истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳалимов Т.Ё мавриди муҳокима қарор дода, суд ба чунин хулоса омад: Аз вақти содир шудани ҷиноят зиёда аз бист сол гузашта бошад ҳам, аммо хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, тарзи амали судшавандаро ба назар гирифта, бо сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан озод намудани Ҳалимов Т.Ё-ро мувофиқи мақсад надонист.
Суд айбдоршавандаро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар асоси банди 7, зербанди «в» Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 13 ноябри соли 1998, таҳти №706 сеяки муҳлати адонагардидаи ҷазои Ҳалимов Т.Ё -ро кам кард.

Фаррух Абдулло, прокурори калони шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи 2,
Таснифи Ромиши Фирдавс 

Тағйироти охир Шанбе, 02 Декабр 2017 10:46
Хонданд 1017
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.