.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

“ДОИШ-и русӣ”

Нояб 25, 2017 Диданд: 538
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Минтақаро чӣ гуна ҳарбӣ месозанд?

Дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон як нишасти илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Масоили амнияти марзҳои ҷанубии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ: чолишҳо ва таҳдидҳо” бо ибтикори Пажуҳишгоҳи масоили Осиё ва Аврупои Академияи улуми Тоҷикистон, сафорати Русия дар Душанбе, Маркази омӯзиши Афғонистон ва минтақа, Ҳаракати ҷамъиятии “Дӯстони Русия” ва бо ширкати коршиносони тоҷик баргузор шуд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба истилоҳи ом, “НАТО” – и русӣ”, як иттиҳоди низомии 6 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки 1400 километр, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад.

Дар ин нишаст муҳоҷирати созмонҳои террористӣ, қабл аз ҳама гуруҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ, аз Ховари Миёна ба Афғонистон ва афзоиши шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) дар сафҳои он яке аз равандҳои хатарофарине арзёбӣ шуд, ки амнияти на фақат Афғонистон, балки дар кул Осиёи Марказиро таҳдид мекунад.

“Он ҷо, ки пул ҳаст...”

Аз рӯи он иттилооте, ки аз сӯи низомиёни Русия дар Сурияву Ироқ ба даст омадааст, ҷангиёни шикастхӯрдаи ДОИШ ва дигар созмонҳои террористӣ ба Афғонистон меоянд. Манобеъи арабӣ мегӯянд, ки онҳоро чархболҳои Амрико интиқол медиҳанд.
Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки маркази терроризм аз Ховари Миёна ба Афғонистон кӯч мекунад. Вай гуфт, як далели рӯ ба Афғонистон овардани ҷангиёни созмонҳои террористӣ даст ёфтан ба тиҷорати маводи мухаддир дар Афғонистон аст. Ӯ иттилои Раёсати мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳидро, ки эълон дошта буд, соли равон кишти хашхош дар Афғонистон ба таври рекордӣ 63 дарсад афзудааст, оварда, чунин шарҳ дод: «Чаро чунин иттифоқ меафтад? Ин фикри шахсии ман аст ва ман бар инам, ки зоҳиран маркази терроризм тадриҷан аз Ховари Наздик ба Афғонистон ва ин минтақа кӯч мекунад. Зеро маводи мухаддир пул аст ва терроризм бидуни пуштибонии молӣ вуҷуд дошта наметавонад. Нафте, ки дар Сурия ва Ироқ буд, ҳамчун манбаъи даромади молӣ аз дасти созмонҳои террористӣ гирифта мешавад ва онҳо пушти манобеъи дигар ҳастанд, ки нафту маҳсулоти нафтиро ҷуброн кунад”.
Русия ягона кишвари дахил дар буҳрони Ховари Миёна ва Афғонистон аст, ки зоҳиран то ба ҳол ҳеҷ бархӯрди дугонае аз худ дар баробари ДОИШ нишон надодааст. Ин кишвар “то маҳви охирин “доишӣ” ба ҳукумати Сурия кӯмак мекунад ва ба хотири муқобала бо ДОИШ бо Толибон, як гуруҳи тундгаро дар Афғонистон тамосашро расман эътироф кардааст.

“Чеҳраи русӣ”

Як далели дигари нигарониҳои Русия ин ҳам шуда, ки ДОИШ рӯз ба рӯз “чеҳраи русӣ” мегирад. Дар нишасти мазкур Олег Иванов, сафири Белорус дар Тоҷикистону Афғонистон бардоштҳоеро, ки аз сафарҳояш ба Афғонистон ва ҳам суҳбатҳояш бо марзбонони Урдун дошт, ба ҳозирин баён дошт. Вай гуфт, бино ба таъйиди марзбонони Урдун, ҷангиёни созмонҳои террористӣ дар пайи фишорҳои афзоянда аз минтақаи онҳо ба минтақаҳои дуртар интишор меёбанд: “Агар даҳ соли пеш ҳатто тасаввури ин мушкил буд, ки гуруҳҳои террористӣ аз Урдун ба куҷое ҳиҷрат хоҳанд кард, ҳоло сухан дар бораи конолҳои дуруст таҳияшудаи муҳоҷират меравад. Аз 4 ҳазор узви фаъоли созмони террористии ДОИШ, ки вақтҳои ахир ба Афғонистон омадаанд, 2,5 (дувуним) ҳазорро шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (собиқ Шӯравӣ) ташкил мекунанд”.
Теъдоди бузурги шаҳрвандони ИДМ дар сафҳои ДОИШ андешаи онҳоеро, ки мегӯянд, ин созмон “русӣ” мешавад, тақвият медиҳад. Воқеиятҳои дигаре низ ҳастанд, ки ин нуктаро боризтар мекунанд. Аз ҷумла, расонаҳои Русия ба ин натиҷа расидаанд, ки забони русӣ, пас аз арабӣ, ба забони дуюми муоширати аъзои ин созмон табдил ёфтааст. Ба қавли онҳо, шаҳрвандоне, ки аз Қафқози Шимоливу Тотористони Русия ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ДОИШ пайвастаанд, миёни ҳам бо забони русӣ ҳарф мезананд. Хабарнигорони рус дар кӯчаҳои шаҳрҳои озодшудаи давлати худхондаи “Давлати исломӣ” дар Сурия бо овезаву навиштаҷоти фаровон ба забони русӣ дучор омадаанд ва дар харитаҳои ба ғанимат афтодаи ДОИШ номҳои ҷуғрофӣ фақат ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Расонаҳои Русия навиштанд, ки чунин маъруфтияти байнулмилалиро забони русӣ танҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дошт.
Нуфузи “русзабонҳо” дар ДОИШ ба дараҷае буд, ки ду “вазири ҷанг” – и он Тархан Батирашвили, мулаққаб ба Абу Умар Шишонӣ, собиқ афсари артиши Гурҷистон ва вориси ӯ – Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд. Бино ба оморе, ки Амрико пахш кардааст, Русия кишварест, ки беш аз ҳама барои ДОИШ нерӯ арза мекунад. Зимнан, амалиёти ахир дар Ню – йоркро низ шаҳрванди Ӯзбекистон ва бо насаби русӣ – Сайфулло Саипов, тарзи дурусташ, Соҳибов анҷом дод.
Мақомоти Русия ба ин боваранд, ки “пайравони хилофат” дар ҳамин чеҳра аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон, бахусус шимоли он, марзи “канораҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” меоянд ё оварда мешаванд.

“Хонасозӣ” ё хонасӯзӣ?

Дар дохили Афғонистон низ таҳаввулоте ба чашм мехӯранд, ки аз сӯи нозирони вазъ, як гуна “хонасозӣ барои ДОИШ” арзёбӣ шуд. Рӯзҳои ахир ҳукумати Ваҳдати миллӣ ё “Ғанӣ – Абдулло”, ки амалан на ҳукумат, балки идораи иҷрои тарҳҳои Амрико дар Афғонистон аст, хост волии Балх – Устод Ато Муҳаммади Нурро барканор кунад. Ахирӣ қудратмандтарин шахсияти шимол шинохта мешавад. Ӯ дар шарҳи кӯшишҳо барои барканориаш гуфт, ки мехоҳанд маро барканор кунанд ва “барои ДОИШ дар Шимол хона созанд”. 

Ҳукумати марказии Афғонистон ва Амрико иҷозаи вуруди лидери ӯзбекҳо – Абдурашиди Дӯстум аз Туркия ба Афғонистонро низ надоданд. Дар айни замон, дар вилоятҳои ӯзбекнишин – Форёб, Ҷузҷон, қисман Самангону Сарипул, ки пойгоҳҳои аслии Дӯстум ба ҳисоб мераванд, ҷангиёни созмонҳои террористӣ, бахусус ДОИШ, бештар фаъол шуда, барои худ пойгоҳҳои амн эҷод мекунанд.
Устод Ато, Дӯстум ва Муҳаммади Муҳаққиқ, лидери ҳазораҳои Шимол, қаблан як иттиҳод ба номи “Наҷоти Афғонистон” – ро созмон дода буданд, ки ташкилоти зиддитолибӣ ва зиддидоишии мардуми бумии шимоли Афғонистон – тоҷикон, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо аст. Амрико аз ин иттиҳод хавф дорад, зеро дар ҳоли вориди амал шудани он тарҳи “хонасозӣ барои ДОИШ” дар шимоли Афғонистон, ки амалан хонаи ин мардумро хоҳад сӯхт ва Балхро ба як Мавсилу Раққаи дигар табдил хоҳад дод, ноком хоҳад шуд. Аз ин хотир, мекӯшанд Устод Аторо аз мақоми волии Балх барканор кунанд ва нагузоранд, ки Дӯстум ба Афғонистон баргардад.
Ахборе, ки аз худи Амрико мерасанд, ҳомили паёмҳои аз ин ҳам мудҳиштаранд. “Вашингтон пост” аз қавли Дорил Энсли, муовини фармондеҳ дар идораи мушовирати ҳавоии Амрико, хабар дод, ки Вашингтон мехоҳад як баталёни ҷадиди неруҳои ҳавоии иборат аз 159 чархболи низомии навъи Блек Ҳовк (“Шоҳини сиёҳ”) – ро дар Афғонистон ҷойгир карда, “як сунами аз қудрати ҳавоӣ эҷод кунад”. “Мо маъмурияти ҷангии фавқулоддаи таҳоҷумиро дар дастури кор қарор додаем” – гуфтааст Дорил Энсли. Қабл аз ин расонаҳои амрикоӣ хабар дода буданд, ки ин кишвар ба Афғонистон беш аз 1 ҳазор пилоту афсарро истихдом хоҳад кард. Амрикоиҳо ба ин боваранд, ки Толибон бо камарбандҳои интиҳорӣ, туфангҳои содда ва гоҳ тонкҳои дуздӣ фақат метавонанд дар шаҳрҳо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, аммо ҳеҷ имконоти ҳавоӣ надоранд.
Охирин эътирофи ваҳмангез рӯзи шанбеи гузашта дар Брюссел аз сӯи фармондеҳи неруҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон Ҷон Николсон садо дод, ки гуфт, 16 соли ахир фақат 80 дарсади имкони эътилофи байнулмилалӣ истифода шудааст, акнун он ба сад хоҳад расид. “Мо дар Афғонистон корҳое хоҳем кард, ки фақат амрикоиҳо онҳоро анҷом хоҳанд дод” – гуфт ӯ.
Ин эътирофот, агар воҳимаангезӣ набошанд, ин суолро пеш мегузоранд, ки Амрико ва НАТО бо буҷаи солона 700 – 800 миллиард доллар 16 сол коре накардаанд? Танҳо хулоса ин аст, ки Амрико шикаст дар Сурияро мехоҳад ба пирӯзӣ дар Афғонистон табдил диҳад. Тавре дида мешавад, мехоҳад ба ин ҳадаф ба ҳар қимат, қабл аз ҳама барпо кардани “сунами” – ву “користон” – ҳо дар сарзамини мардуми бе ин ҳам бечораи Афғонистон, расад. Аммо як нукта ҳамеша возеҳу рӯшан аст: Амрико боз аз ҳамон усули қаблӣ - “мубориза бо терроризм” – пеш меравад, яъне ДОИШ – ро бо чархболҳо ба Афғонистон меорад ва бо ҳамон чархболҳо онҳоро мекӯбад. Тавре Русия дар Сурия бо кӯмаки нерӯҳои ҳукуматии он кишвар ДОИШ – ро саркӯб кард, Амрико ҳам мехоҳад Толибонро бо кӯмаки нерӯҳои Афғонистон аз байн барад. Ба ин манзур, аз ҷинси чархбол фақат 159 адад оварда хоҳад шуд!
Афғонистон аз қабл ба ин сӯ паноҳгоҳи амни созмонҳои террористиву тундгарои Осиёи Марказӣ, дар умум Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Чин буду ҳаст. Ҳоло дар ин кишвар ҷангиёни чечену тотор, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Созмони ҷиҳоди исломӣ, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ фаъолият мекунанд, ки аксарияти кул зодагони Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин ҳастанд.
Қосимшоҳ Искандаров, мудири Маркази омӯзиши Афғонистон ва минтақа дар Академияи улуми Тоҷикистон дар ин маврид назари ҷолиберо пеш мегузорад. Вай мегӯяд, ба ихтилофҳое, ки миёни ин созмонҳо дар садри Толибону ДОИШ вуҷуд доранд, шак дорад, балки бар ин бовар аст, ки миёни ин созмонҳо як ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад. Ӯ 7 ҳамлаи террористии моҳи октябр дар вилоятҳои мухталифи Афғонистонро, ки тайи панҷ рӯз беш аз 200 нафарро кушта ва садҳо тани дигарро захмӣ ба ҷой гузоштанд, мисол овард ва афзуд:
“Ин ҳамлаҳо пас аз он иттифоқ афтоданд, ки дар вулусволии Мӯсо Қалъаи Ҳилманд ҷаласаи бузурги раҳбарони Толибон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа раҳбари Толибони Афғонистон - Мулло Ҳайбатуллоҳ ба волиёни “соягӣ” – аш амр кард, ки дигар бо ДОИШ наҷанганд, чун ҳама ҳадафи муштарак доранд. Бархе инро иттилои гумроҳкунанда ва ба манзури беэътибор кардани Русияву Эрон арзёбӣ мекунанд. Аммо мо иттилои дигарро низ дар даст дорем, ки Ҳайбатулло ҳамчунин амрро додааст”
Воқеан, аз он чӣ Амрико тасмим гирифтааст дар Афғонистон анҷом диҳад, баъид нест, ки “интернатсионали террористӣ” таҳти як парчам ҷамъ ояд ва ба як хатари бузург табдил ёбад.

“Ҷанги охирин”
Хулоса тамоми шавоҳид аз он ривоят мекунанд, ки дар шимоли Афғонистон ва марзҳои ҷанубии ИДМ вазъи пешгӯинашавандае дар ҳоли шакл гирифтан аст. Қудратҳои ҷаҳонӣ барои расидан ба аҳдофи худ аз чизе рӯ намегардонанд ва гӯё ба як “ҷанги охирин” омодагӣ мебинанд.
Он чӣ Русия ва ҳампаймонҳояш дар СПАД - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ анҷом медиҳанд, як гуна омодагӣ ба ҳамин сенарияи бадтаринро нишон медиҳад. Хуб маълум аст, ки созмонҳои террористӣ дар ҳоли саркӯб шудан дар шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбур ба фирор мешавад ё аз сӯи пуштибонҳои худ ҳидоят меёбанд. Ин бозии печидаро, ки зоҳиран ба дасти неруҳои ниёбатӣ, назири ДОИШ ва Толибон иҷро мешавад, Русия дар ҳамдастӣ бо Эрон дар шимоли Афғонистон пеш мебаранд. Аммо талошҳои ахири Амрико нишон медиҳад, ки онҳо ба Афғонистон иктифо нахоҳанд кард ва эҷоди “ДОИШ – и русӣ” як воқеияти тасодуфӣ нест. Миллиардҳо доллареро, ки барои ин тарҳ харҷ шудаанд, низ дар биёбонҳои Ховари Миёна гӯр нахоҳад кард.
Дар амри ҷилавгирӣ аз ин амалиёти оперативии Амрико СПАД соли равон шуруъ аз Арманистон то дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон як размоиши бузургеро дар чанд зина анҷом дод. Марҳалаи охирини ин размоиш, ки “Бародарии ҷангӣ” унвон шудааст, ҳамин рӯзҳо дар Тоҷикистон оғоз мешавад, ки дар он фақат аз Русия 40 тайёраву чархбол интиқол ёфтанд. Ба қавли Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи неруҳои Округи марказӣ – шарқии Русия, дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбоз, 60 тайёраву чархбол, беш аз 1,5 ҳазор аслиҳаи махсуси низомӣ, аз ҷумла маҷмуаҳои ракетии “Искандар”, тайёраҳои дурпарвоз ва бесарнишини кишварҳои узви СПАД ширкат хоҳанд кард.
Ҳамоно як ҳарбисозии минтақа дар ҷараён аст...

Парвиз АМИНЗОДА

Тағйироти охир Шанбе, 25 Ноябр 2017 10:50
Хонданд 538
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.