.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Ҳукм аз рӯи даъвои ғайримуқаррарӣ

Окт 28, 2017 Диданд: 681
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Додгоҳи вилояти Хатлон ахиран аз рӯи даъвои ғайримуқаррарие ҳукм содир кард. Бар асоси шикояти як ҷавон, бародари хурдиаш, ки дар Маскав ба тарғиби ақидаҳои гуруҳи мамнуи "Давлати исломӣ" ва сафарбарии ҷангиён ба Сурияву Ироқ машғул буд, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, боздошт ва ба зиндон маҳкум шуд.

Моҷарои хонаводаи Кавраковҳоро ҳеҷ нафаре дар ноҳияи Данғара яксон баҳо намедиҳад, вале Шоҳмурод Кавраков бовар дорад, ки рӯзе мерасаду волидон ва худи Ботирхони маҳкумшуда ба зиндон дурустии кори ӯро эътироф мекунанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон охири моҳи июли соли равон сокини деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара Ботирхон Кавракови 33-соларо аз рӯи се модда - “ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ” (307, прим 3, қисми 1), “хабар надодан дар бораи ҷиноят” (347, қисми 1) ва “зархаридӣ” (401, прим 1) гунаҳгор эълон кард. Ботирхон Кавраков рӯзи 14-уми январ боздошт шуд ва таҳқиқи парвандаи ӯву мурофиаи додгоҳиаш ним сол идома дошт.
Худи маҳкумшуда дар додгоҳ танҳо айб аз рӯи як модда - “ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ”-ро эътироф карда, дигар гуноҳҳоро рад намудааст. Додгоҳ тамоми иттиҳомоти зидди Ботурхон Кавраковро исботшуда хонда, ӯро ба муҳлати 12,5 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Додраси парванда Ғиёсиддин Мирзода гуфт, Ботирхон Кавраков шуруъ аз соли 2015 дар Маскав ҳамроҳ бо ду ҳамватани дигараш, ки яке ҳамсинфаш будааст, ба ҷалбу даъвати муҳоҷирон ба ҷанги Сурия ва Ироқ машғул буд. Додрас суҳбатҳои телефонии бародаронро чунин бозгӯ кард: “Вай (Ботирхон) ба бародараш мегӯяд, ки “биёед, ҳамроҳ биравем. Шумо (дар артиш) хизмат кардаед, шояд дар он ҷо як шахси воломақом шавед”. Бародараш (Шоҳмурод) ба ӯ мегӯяд, ки “гапҳои ту нодуруст аст, он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест, аз ин роҳат баргард”. Вақте Ботирхон ба Тоҷикистон баргашт, бародараш бо мақсади ин, ки дигар одамонро ҷалб накунад, аз мақомот хоҳиш кард, ки бо ӯ суҳбат кунанд. Баъди санҷидани ин қазия нисбаташ парванда боз шуд”.
Ин ҳарфҳоро Шоҳмурод Кавраков ҳам тасдиқ кард ва гуфт, тасмими ӯ барои пешгирӣ аз фаъолиятҳои аз назари ӯ хатарноки бародараш дуруст ва оқилона буд. Вай гуфт, ҳарчанд ҳеҷ нафаре аз наздикон, бахусус волидонаш ӯро дастгирӣ накарда, баръакс ӯро барои зиндонӣ шудани бародараш маҳкум мекунанд, ӯ аз кардааш пушаймон нест.
Шоҳмурод Кавракови 38-сола ҳуқуқшинос аст, вале аз рӯи ихтисосаш натавонистааст кор пайдо кунад ва ҳоло бо харбузапарварӣ машғул аст. Вай мегӯяд, тамоми талоши ӯ ин буд, ки Ботирхонро аз роҳи бад баргардонад. Ба гуфтаи ӯ, Ботирхон дар Маскав дар корҳои марбут ба сохтмон кор мекард. Зоҳиран дар ҳамон ҷо бо афроде шинухез дошт, ки ба гуруҳи “Давлати исломӣ” ва ақидаҳои онҳо таваҷҷуҳ доштаанд.
Нишонаҳои нахустини тамоюли хатарноки додар ба ин гуруҳи дар Тоҷикистону Русия мамнуъро соли 2015 мушоҳида кардааст. Шоҳмурод мегӯяд, ӯ, ки таҳсилкардаву огоҳ буд, талош кард сари вақт фикри додарро аз афкори иштибоҳӣ тоза кунад, вале муваффақ нашуд. Мегӯяд, Ботирхон зери таъсири як ҳамсинфи дигараш (Нуриддин Кенҷаев) ба рӯйдодҳои Сурияву Ироқ таваҷҷуҳ дошт. Бовар дошт, ки дар ин қаламрав ҷанг зидди мардуми мусалмон идома дорад ва ӯ омода буд ба “ҷиҳод” бипайвандад. Дар телефонаш сабтҳои видеоии даъват ба ҷангро пайдо кард ва аз фикру андешаҳои бародаш мушавваш шуд. Аз рӯи иттилои Шоҳмурод, дар Русия Ботирхон тавонистааст ду тоҷикистонии дигар - Абдуназар ва Чориқулро мутақоид кунад, ки ба ҷанг бираванд.
Шоҳмурод яке аз суҳбатҳояш бо Ботирхонро дар шаҳри Маскав дар ду соли пеш чунин бозгӯ кард: “Гуфт, ту равӣ, ман ҳам меравам. Баъдан ман додарамро ҷанг кардам, ки ту намеравӣ ва ман ҳам намеравам. Ҳамин тавр 19-уми январи соли 2015 ба Тоҷикистон парвоз карда омад. Ман ба модарам гап задам, ки ҳамин гуна суханҳо гуфта истодааст, ки “ту ҳам меравӣ, ман ҳам меравам. Модарам маро ҷанг кард, ки на ту меравӣ ва на вай”.
Ба гуфтаи Шоҳмурод, баъди ин ба Маскав баргашту дар як суҳбаташ бо падар моҳи сентябри соли 2016 дубора атрофи “Давлати исломӣ” суҳбатҳо кард. Ба гуфтаи Шоҳмурод, “Ботирхон дар давраҳои бад нишаста, фикраш ба Сурияву Ироқ ва Абӯбакри Бағдодӣ банд буд. Баъдан додарам ба падарам телефон кард. Падарам бародарамро пурсид, вай фиреб кард ва гуфт, ки “ота, ман аз телефон мебинаму лекин алоқа надорам. Баъдан вақте бародарам аз Маскав омаданӣ шуд, ман пеши раиси маҳалла рафтаму гуфтам, ки фикраш ҳамин гуна буд. Раиси маҳалла ба кормандони амният гуфтааст ва маро фарёд карданд”.

Шоҳмурод: "Дуруст амал кардам"
Шоҳмурод мегӯяд, баъди ин ҳодиса додараш дастгир шуд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ Шоҳмурод ба ҳайси шоҳид баёнот дод. Баъди ин ҳама худи ӯ зери фишори волидону наздикон қарор гирифт, бархе ӯро хоин номиданд.
Вале ӯ мегӯяд, бовар дорад, ки рӯзе ҳамаи онҳо дурустии кори ӯро хоҳанд фаҳмид: “Ман барои пешгирӣ ин корро кардам, то додарам наравад. Тарсидам, ки аз додарам ҷудо мешавам. Ғамхорӣ карда, ин корро кардам, ҳоло ҳамаи одамон маро бад мебинанд. Лекин ба ман фарқ надорад. Ман бародарамро дӯст медорам, мехостам, ки дар барам бимонад ва дар Тоҷикистон бошаду дар ҷои бегона мурда наравад ва ҳатто мурдаашро баъд ёфта натавонем".
Шоҳмурод умедвор аст, ки рӯзе дар мулоқот бо додараш дар зиндони Душанбе метавонад рӯ ба рӯ бо ӯ суҳбат карда, ба ӯ дурустии аъмоли худро фаҳмонад.

Озурдагии волидон
Шоҳмурод мегӯяд, баъди мурофиаву ҳукми дувоздаҳуним соли зиндони Ботирхон, волидон ба хонаи ӯ намераванд. Онҳо писари калониро бахшида наметавонанд. Вай гуфт, бо ин вуҷуд худаш аз ҳоли волидонаш ҳар сари чанд вақт хабар мегирад. Модар ҳамоно ашк мерезад ва бовар дорад, ки писари хурдӣ ҳеҷ нияти бад надошт.
Ҷоноро Боронова гуфт, писараш Ботирхон Кавраков тоза аз Маскав омада буд, ки баъди ду рӯзаш дастгир шуд: “Ростӣ, ман намедонам бачаам чӣ иштибоҳ кардааст, аммо ӯро акааш дод. Бачаи ман ба роҳи ганда нарафта буд, аммо чӣ коре кард, ки акааш медонад. Бачам аз соли хатми мактабаш Русия мерафт, меомад ва ҳамон ҷо хонда буд кард. Акааш ҳамроҳаш дар Маскав буд, якҷо меистод ва алоҳида ҳам истода кор кардагианд. Мо рафта дар суд аз ӯ пурсидем. Ботирхон ба мо гуфт, ки “ман ба ин роҳ гаштагӣ нестам”.

Ҳамсари Ботирхон: "Меҳрубон буд"
Ботирхон Кавраков падари се фарзанд буда, баъди зиндонӣ шудани ӯ тарбияи онҳо ба дӯши волидон ва ҳамсари ҷавонаш Замира Хоҷамқулова мебошад. Ҳамсараш ҳам мегӯяд, дар 8 соли зиндагии муштарак дар кору рафтори шавҳар ҳеҷ аъмоли баду машкуке мушоҳида накардааст: "Ҳамсарам одами хуб буд, ҷангам намекард. Соли 2010 маро ҳамроҳаш бурд ва куҷое мерафт, маро ҳамроҳаш мебурд, ҳатто то ҷои кораш рафтам. Дар Маскав кораш чоҳканӣ ва боғбонӣ буд. Дар суд маро низ пурсиданд, ки ягон маротиба сурат ё ягон чиз нишон медод? Ростӣ, ягон маротиба ҳамин гуна чизҳоро ба ман нишон надода буд".

Тоҷикон дар сафҳои ДИИШ
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки дар ду соли охир бар зидди ақидаҳои ифротӣ ва ҳам пайвастани шаҳрвандон ба сафи гуруҳи мамнуи “Давлати исломӣ” таблиғоти ҳамаҷониба мебаранд, аз ҷумла бо кӯмаки ҷангиёни пушаймоншуда тавассути телевизион ва мулоқоти маҳал ба маҳал талош мекунанд зеҳни сокинонро аз ақидаҳои ифротӣ пок кунанд. Онҳо мегӯянд, на камтар аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, бархе ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандон ба Сурияву Ироқ рафта, ба ин гуруҳ ҳамроҳ шудаанд.
Қонун барои баргаштаҳои пушаймоншуда авф ва барои зархаридону мубаллиғон муҳлати тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар аксари ҳолатҳо шаҳрвандон бо таблиғу даъвати дӯстону ҳамватанони дигар ва ё муҳоҷирон дар Русия ба ин ақидаҳо дода шудаанд. Вале то ҳол ҳеҷ мавриде нашудааст, ки наздикони огоҳ аз нияти хешовандони ҷангҷӯяшон пеши роҳи онҳоро аз ин сафари хатарнок гирифта бошанд.

Муҳаммадҷон РАҲМАТОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Тағйироти охир Шанбе, 28 Октябр 2017 14:07
Хонданд 681
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.