.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Ифротгароёни маргталаби такфирӣ ва лаҷуҷӣ

Окт 25, 2017 Диданд: 645
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Омили геосиёсӣ, геонизомӣ, геоиҷтимоӣ, геоҷуғурофӣ ва бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ бистари мулоиме барои густариши терроризми байналхалқӣ ва экстремизми ҷаҳонӣ дар минтақаҳои алоҳидаи дунё, бахусус дар кишварҳои мусалмоннишин гаштааст.

Тоҷикистон чун кишвари мустақил рӯи шоҳроҳи ҷаҳонии терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҷойгир гашта, дер боз ин ҷониб диққати истилогарон ва қудратҳои аҳриманиро ба худ ҷалб намудааст. Қудратҳои манфиатдори ҷаҳонӣ ва дастгоҳу ташкилотҳои террористию экстремистӣ талош доранд, ки бо баҳонаи таъсиси “Давлати исломӣ” ё мубориза бо терроризми байналмилалӣ ин сарзаминро ба нишемангоҳ ва майдони интиқоли зархаридони ифротӣ ва бозори силоҳфурӯшии худ табдил намоянд. Зархаридони маргталаби ташкилотҳои экстремистӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Ташкилотҳои террористӣ ва қудратҳои манфиатдор талош доранд, ки барои зери назорати доимӣ қарор додани кишварҳои Осиёи Миёна ва тасарруф намудани бойгариҳои зеризаминии кишвари онҳо сарзамини Тоҷикистонро ба пласдармаи гузариш-транзитӣ ва интиқоли неруҳои низомии худ қарор диҳанд.

Вазъияти ноороми сиёсию низомии Тоҷикистон пас аз солҳои аввали Истиқлолияти Миллӣ барои рушд ва тақвиятёбии ифротгароӣ ва ангезаҳои марговари он заминаи сиёсӣ муҳайё намуд. Ҷанги бародаркуш ва шаҳрвандӣ мунҷар ба фиррорӣ гаштани мардумони зиёд ба Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон гашт. Дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ хати сарҳадот беназорат монд, зеро неруҳои қудратӣ дар ҳолатӣ бархӯрд бо гуруҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорон қарор доштанд. Зархаридони ботаҷриба, ки курсҳои махсуси террористӣ ва экстремистиро назди шайхҳои серпули аъробӣ ва инженерҳои низомии хавориҷ гузашта буданд, барои ҷалби ноблиғон ва навҷавонони дар ғарибӣ афтодаи Тоҷикистон вориди набард ва талошҳои хеш гаштанд. Эмиссарҳои салафии фурсатталаб аз ин фурсат истифода намуда, ҳазорон навҷавон ва ноболиғонро бо баҳонаи омӯзаҳои динӣ шомили лагер, урдугоҳ ва марказҳои террористӣ намуданд. Иддае дигарашро ба донишгоҳҳои исломии Покистон, Арабистони Саъудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон интиқол доданд. Омили сиёсию низомӣ заминаи рушд ва чархаи чархандаи ифртгароиро муҳайё намуд.

Ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва низомии кишвар пас аз поён ёфтани ҷанги бародаркуш бо назорати мақомоти амниятӣ ва интизомӣ алайҳи дсатгоҳҳои ҷинояткор ва иттиҳодияҳои экстремистӣ пурзӯр гардид. Фаъолият ва густариши ҳаракатҳои террористӣ дар дохили кишвар имконнопазир гашта, мунҷар ба фирори аъзои ташкилотҳои ифротӣ-террористӣ гашта, онҳо шомили “Давлати исломӣ” ва шохаҳои зиддибашарии он гардида истодаанд. Яке аз ташкилотҳои хавфноки ифротӣ ва террористӣ “Иттиҳодияи ҷиноятии салафия” мебошад, ки эмиссарвоизони каззоб ва муфтиҳои хоини он бо роҳи макру фиреб ҳазорон ҷавонони тоҷикро фиреб ва бо собуни ифрот шустушӯи мағзӣ намуда, аз доираи исломи анъанавӣ хориҷ намуданд.

Интиқоли идеологияи иртиҷоӣ ва ифротии салафия тавассути эмиссар ва гумоштаҳои ташкилотҳои террористӣ пеш аз ҳама мазмун ва моҳияти иғвоангезӣ, фитнакорӣ, эҷоди кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва ҷалби ҷавонони мусалмон барои шомил гардонидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноятӣ-террористӣ мебошад. Мақсад ва дурнамои иттиҳодияҳои ифротӣ на таблиғи ғояҳои ислом, балки ҳадафи асосии онҳо бо дасти мусалмонон куштани аҳли қибла, тахриби осори таърихӣ-фарҳангӣ ва аз байн бурдани муқаддасоти исломӣ аст. Дар ҷалби ҷавонони бехабар аз омӯзаҳои дини мубини ислом барои шомилшавӣ ба сафи ҳаракатҳои иртиҷоӣ-ифротӣ омили иқтисодӣ пас аз омили ақидавӣ нақш ва ҷойгоҳи хосса дорад. Ин ҷавонони гумроҳ аз ҷониби эмиссарҳои ифротӣ ба ташкилотҳои террористӣ-ифротӣ дар ивази камтарин арзиш ва баҳо фурӯхта мешаванд. Шомилшудагони ҳаракатҳои ифротӣ пас аз омӯзиши курсҳои ақидавӣ дар асоси китобҳои Ибни Тайимия, Ибни Абдулваҳҳоб, Носириддини Албонӣ, Шантиқӣ ва ибни Боз курсҳои махсуси экстремистиро гузашта, дар талаби шаҳодат ва содир намудани амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар ин миён худкафонҳои ифротӣ хабар надоранд, ки бозичаи дастгоҳ ва эмиссарҳои террористӣ гашта, барои расидан ба мақсадҳои зиддибашарӣ ва зиддиисломии онҳо ҷони ширини худро аз даст медиҳанд, балки даҳҳо шахсони бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл расонида, худи онҳо ҳаром хоҳанд мурд. Ба ибораи дигар, эммисарҳои мактабдидаи ифротии бемазҳаб сафи неруҳои размандаи хешро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ ва бехабари исломӣ дар ивази андак маблағ пур менамоянд. Дар ҳоле ки барои кирояи як зархарид аз ҳисоби кишварҳои аврупоӣ садҳо ҳазор доллар сарф менамоянд.

Омили иҷтимоиву фарҳангӣ ҷанбаи дигари ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба иттиҳодия ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ мебошад. Вазъияти сангини иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон Тоҷикистони азиз қабл ва пас аз ҷанги шаҳрвандӣ яке аз заминаҳои мусоид барои густариши ифротгароӣ ва ангезаҳои даҳшатовари он гашт. Дар ин замина хариду фурӯш, истеъмол ва интиқоли маводи мухаддир даҳчанд тақвият ёфт. Норасоиҳои иҷтимоӣ, нодорию фақр ва тангдастиҳои эътиқодӣ на танҳо мунҷар ба шомилшави мардон, балки сабаби шомил гаштани ноболиғон, занон ва модарон ба сафи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ гаштааст.

Омили сиёсии берунӣ яке аз муассиртарин васоили ифротгароӣ дар муҳити сиёсӣ, фарҳангӣ ва динии кишвар маҳсуб меёбад. Душманони Тоҷикистон ва бадхоҳони исломи муътадил дар кишвар барои ба зону даровардани сохти конститутсионӣ ва аз байн бурдани низоми давлатдории миллӣ аз омили сиёсии беруна то андозае самарнок ва ҳадафмандона истифода намуданд. Онҳо барои фосид ва хароб намудани муҳити ахлоқию фарҳангии ҷомеаи тоҷик аз ҳама пуржаҳои “хайрхоҳона” ва “дӯстона” то имрӯз истифода менамоянд. Фасоди ахлоқӣ ва аз байн бурдани фарҳанги мардумӣ барои шикастани ирода ва ҳуввияти халқи тоҷик равона карда шудааст. Барои нест ва нобуд намудани як миллат ва низоми давлатдории он кифоя аст, ки ахлоқи ҷавононро нест кард ва иродаи миллии онҳоро шикаст. Беҳтарин усули шикастану маҳв намудани ахлоқи ҷамъиятӣ ва сутунҳои фарҳанги миллӣ шакл гирифтани ғоя ва ҷаҳонбинии ифротӣ дар шуур ва тафаккури сокинони кишварамон ҳамчун исломи инқилобӣ ва ҷиҳод дар роҳи “Аллоҳ” мебошад. Ислоҳотхоҳони салафӣ ва халифапараст бо баҳонаи муқовимат бо бидъат ва таассубу хурофот афкору андешаҳои террористии худро бемалол ва ҳатто озодона тавассути воизони хоин, муфтиҳои гумроҳ, мавлавичаҳои ҷоҳил ва дастгоҳҳои иттилоотии фарокишварии ташкилотҳои экстремистӣ вориди ҳар хонаводаи мусалмони тоҷик менмоянд.

Омили сиёсии беруна аз хориҷи кишвар идора ва маблагузорӣ карда мешавад, ки барои нест намудани он бояд аз пуржаҳои муқовиматкунандаи беруна дар ҳамкорӣ бо кишварҳои бо мо дӯст ва шарики стротежӣ истифод кард. Омили сиёсии беруна бо ҳар усулу равиш аз фишангҳои таъсиррасон ва тобеъкунандаи худ барои аз доираи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ хориҷ намудани бонувон ва ҷавонон талош доранд. Омили сиёсии беруна мунҷар бад-он гаштааст, ки қисме аз ҷавонони тоҷик дар ҳавзаҳои идеолужӣ ва ақидавии ба ҳам зид, яъне иддае дар Покистон, қисмате дар мадориси Арабистони Саудӣ (ваҳҳобиятгароӣ) ва зумрае дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (шиагароӣ) таълиму тадрис гирифта, мунҷар ба тавлиди ихтилофу тафриқа дар муҳити динӣ ва иттилоотӣ гаштааст. Ин ашрофзодагони омили сиёсӣ-динии хориҷӣ омодаанд, ки гӯшту пӯсти якдигарро тика-тика намоянд. Танҳо бо “шарофат”-и омили сиёсӣ-динии беруна зиёда аз 1,500 нафар пайравони тундрав ва ифротии салафӣ аз Тоҷикистон шомили ташкилоти террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” гаштаанд. Иддае дигар аз ҷавонони ба ном равшанфикр, ки аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ дар донишгоҳ ва донишкадаҳои ғарбӣ таҳсил намудаанд, не исломро мепазиранд ва не низоми давлати демократии дунявии Тоҷикистонро таҳаммул доранд, балки ҳадаф ва мақсадҳои ғарбзадагии онҳо дар қолаби давлатдории миллӣ рост намеоянд. Афроде, ки дар ҳавзаҳои динии Миср, Яман, Риёз, Макка, Мадина, Исломобод, Қарочӣ, Вазиристон, Ҳайдаробод, Зоҳидони ҶИЭ ва Девбанди Ҳиндустон таълиму тадриси динӣ гирифтаанд, ҳаргиз ақидаашон дар мавриди “Аллоҳ”-шиносӣ, расму равиши намозгузорӣ, эътиқодот ба ҳам рост намеояд, балки ҳар кадоме аз онҳо манбаъ ва мактаби ихтилоф ва низоъ гашта, пояҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва таълимоти исломи муътадилро дар кишвар дидан намехоҳанд, балки барои несту нобуд намудани расму ойин ва анъанаҳои мардумӣ аз тамоми пуржаҳаи дар ихтиёр дошта истифода мебранд.

Омили берунаи фитнабори гуруҳӣ вориди саҳнаи сиёсӣ ва динии кишвар гардида, дар ҳолати густариш ва шаклгирӣ қарор доранд. Аксарияти онҳо (салафия ва рофизия) тақия намуда, барои фош нагаштани сирру асрорашон аз тарси мақомот худро “ҳанафӣ” мехонанд. Ин фурсатталабон, ки зодаи омили бегонаи сиёсӣ ва динӣ ҳастанд, ҳаргиз ҳанафӣ нестанд, балки интизори зуҳури Маҳдии охирзамон бо номи Абӯбакри Бағдодӣ ва ҳамҷинсони такфирии он мебошанд. Таъсири манфии омили сиёсӣ ва динии беруна сабаби ташаккул ва шаклгирии омили дохилаи бегонагараванда ва бегонаидорашаванда дар ҷомеа гаштааст. Ислоҳотталабони салафӣ ҳаргиз низоми демократӣ ва дунявиро қобилияти пазириш ва шунидан надоранд. Онҳо бо баҳонаи ислоҳоти фикрӣ ва мубориза бо бидъат дар гӯшту пӯсти ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеъ ва ҷойгоҳ пайдо намуда, барои бозгашт ба аҳди салаф, яъне “Давлати исломӣ”-и Язид ва барқароркунии он дар хиттаи Мовароуннаҳр ва Хуросон аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ ва эмиссарҳои такфирияшон вазифадор гаштаанд.

Ифрот ва ифротгароӣ бузургтарин хатар барои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, танҳо ба воситаи нақшаҳои мукаммали илмӣ ва барномаҳои мустаҳками мазҳабӣ алайҳи он метавон мубориза бурд. Ифрот ва ифротгароён рақиби аслии Ислом ва мусалмонон буда, барои исломҳаросӣ ва исломситезӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

“ДИИШ” давлати исломӣ нест, балки дар арсаи байналмилалӣ ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст. Ба қавли Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник муҳтарам Юсуф Раҳмон, кулли аъзои тундрав ва ифротии ташкилоти террористии “ДИИШ” салафӣ мебошанд.

Сергей Лавров - вазири корҳои хориҷии Россия дар нишасти расонаӣ бо ҳузури садҳо хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ афзуд: «Иқдомҳои Амрико ва кишварҳои ғарбии муттаҳиди Вашингтон дар солҳои даҳаи 80 мунҷар ба эҷоди созмони террористии “ал-Қоида” дар Афғонистон шуд ва соли 2003 низ ишғоли Ироқ, ДИИШ-ро эҷод кард».

Пайдоиши гуруҳи террористии хатарноке ҳамчун “Ҷабҳату-н-нусра” бо идеологияи ифротгароёнаи хатарнок ҳам паёмади мудохилаҳои созмонҳои иттилоотии ғарбӣ ва амрикоӣ дар Сурия аст.

Дар ибтидои зуҳури «Иттиҳодияи экстремистии салафия» лидер ва пешвоёни ифротии онҳо худро аҳли “суннат” муаррифӣ намуданд, аммо ошкоро чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат; ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалиро ширк ва бидъат ҳукм намуданд. Бемазҳабони ифротӣ худро ислоҳталаб барои аз байн бурдани бидъат, ширк ва куфр муаррифӣ намуда, идеологияи ифротӣ ва ақидаи моҷароҷӯёнаи ташкилотҳои террористиро аз номи “Қуръон ва суннат”дар байни аҳолӣ таблиғу ташвиқ намуданд. Шуарои тоҷик, сиёсатмадорон, мутафаккирон, аз ҷумла аҳли ирфон ва тасаввуфро кофиру мушрик ҳукм намуда, арзишҳо ва муқаддасоти миллиро бидъат ҳукм намуданд.

Ислоҳталабони ифротӣ тавонистанд, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ ҷавонони зиёд, иддае аз рӯзномнигорон, муллову сархатибҳо ва намояндаҳои қишрҳои мухталифи ҷомеаро пайрави иттиҳодияи ифротӣ намоянд.

Мо шоҳиди он будем, ки лидерҳои салафия баъзе аз хизматчиёни 201-ум дивизияи ФР-ро шомили гуруҳҳои ифротӣ намуданд ва онҳо бо либоси низомӣ-комфуляж дар сафи намозхонҳо рост истода, бо овози баланд “Амин” гуфта, доду фарёд мезаданд. Тартиб ва одоби намозхонии исломи анъанавиро дағалона вайрон намуда, дуъои дастҷамъӣ ва намозҳои суннатиро бидъат гуфта, тарки онҳо менамуданд. Гуруҳҳои таблиғотӣ-ҷиҳодии ифротӣ дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақшаи тарроҳӣ намудаашон ба ҳайси “Ҷинхон” ва таксист тақсим шуда, ақидаи заҳролуд ва фосиди ифротиро паҳну парешон намуданд. Дар як моҳ зиёда аз 20 то 25 ҳазор фиттаҳои “Амри маъруф”-и воизони ифротимаслак ва эмиссарҳои ифротӣ дар байни аҳолӣ фурӯхта мешуд.

Омили берунаи фитнабори бемазҳабӣ шабакаҳои иғвоандоз ва ҷангандози ифротӣ ба монанди “Висоли ҳақ”, “Тавҳид”, “Калима”, “Висоли порсӣ” ва “аҳли Байт” барои дастгирӣ ва мавқеъ пайдо намудани омилҳои ифротии дохиликишварӣ фаъол гаштанд. Дар сари чамбараки дастгоҳҳои иғвоандози иттилоотии ифротӣ Муҳаммади Ансорӣ, Муллозода ва Ҳасан Аллоёрӣ, гумоштаҳои ташкилотҳои террористӣ шабонарӯзӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид ва таҳқир қарор дода, ифротиҳои тоҷикро барои сарнагун намудани сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон даъват намуданд. Носипосони ифротӣ ва дигар гумоштаҳои сервисҳои террористӣ дар шабакаҳои мазкур суханронӣ намуда, мардуми тоҷикро барои шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ фаро хонданд. Ҷашнҳои мардумӣ ва давлдории миллӣ, аз ҷумла “Иди Наврӯз”-ро иди кофирон ва мушрикон ҳукм намуда, онро ҳаром эълон намуданд.

Тавре ки оқилон, донишмандон ва хирадмандон аз Қуръони карим ва роҳу равиши Паёмбари Худо (с) огоҳанд, ифрот ва ангезаҳои пурдаҳшати он оддитарин иртибот ва ҳамбастагӣ ба дини мубини ислом надорад. Ислом оини тадаббур, ибодат, муҳаббат, самимият, баракат, андеша, дӯстӣ, миёнравӣ, ақл, таҳаммулпазирӣ, сулҳгароӣ, покӣ буда, ҳамагуна анвоъи ифрот ва ангезаҳои пурдаҳшати онро қатъиян наҳӣ кардааст. Ононе, ки исломро сарчашмаи хурофот, тааассуб ва ҷаҳолат медонанд, худ гирифтори андешаву афкори ифротӣ гаштаанд.

Ифрот дар шаръ ҳаром аст ва ҷоиз нест! Ҳеҷ муддаие наметавонад далел ва мадраке пешниҳод намояд, ки дини мубини ислом таҳрикдиҳандаи аносир ва авомили ифрот ва тундгароӣ аст. Ифротгароёни такфирӣ ва интиҳорӣ имону ислом надоранд. Таваҷҷуҳ намоед, ба кирдору фаъолиятҳои террористии онҳо, ки барои ҳуҷҷат чанд мадрак ва далоилро матраҳ мекунам:

Яке аз гуруҳҳои вобаста ба ДИИШ дар Сурия, ба вакилон ва фориғултаҳсилони ҳуқуқ дар манотиқи ҳумаи Даръо 10 рӯз барои тавба аз таҳсилоти худ муҳлат дод.

Ба иттилои шабакаи “Алъолам”, гуруҳи террористии мавсум ба артиши Холид ибни Валид аз гуруҳҳои вобаста ба ДИИШ дар Сурия, ки дар манотиқи ҳумаи Даръо ба фаъолиятҳои мусаллаҳона мепардозад, бо судури баёнияе таҳдид кард: “Донишҷӯёни Донишкадаи ҳуқуқ ва дорандагони парвонаи ваколат, 10 рӯз фурсат доранд, то бо муроҷиа ба дафтари даъват (вобаста ба ДИИШ) ё масоҷид, тавба кунанд”.

Иллати ин дастуруламал он аст, ки гуруҳи артиши Холид ибни Валиди салафӣ ваколат ё таҳсил дар риштаи ҳуқуқро ширк медонад, зеро муддаӣ аст, ки бунёди ин дониш қавонини вазъшуда аст, на қавонини илоҳӣ.

Террористҳои артиши Холид ибни Валид, манотиқи Ҳавз Алярмук дар ғарби Ҳурон, рустоҳои Ҷумла ва Обидин дар марзи Сурия бо Ҷавлон ва ҳамчунин манотиқи Алқасир ва Кавё дар марзи Сурия ва Урдунро дар ишғоли худ доранд ва сокинони ин манотиқро ба иҷрои қавонини салафигароии худ маҷбур мекунанд.

Дар асоси мадракҳои фавқуззикри дарҷёфта дарёфтем ва донистем, ки ифрот ва ифротгароӣ манобеъи хатар ва сарчашмаи даҳшат, хушунатзоӣ, таҳрик ба қатлу куштор, осебпазирии вазъи амниятӣ, тахриби осори таърихӣ, бесуботии ҷомеа буда, барои эҷоди кинаву адовати динию мазҳабӣ, низоъҳои қавмию ангехтани наҳзатҳои террористӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ, қудратҳои манфиатдор ва эмиссарҳои такфирӣ барномарезӣ мегарданд.

Ҳамасола аз ҷониби ифротгароёни маргталаби интиҳорӣ, инфиҷорӣ ва шаҳидгарои салафия ҳазорон мусалмон ҳангоми адои намоз дар масҷид мавриди террор қарор гирифта, ба ҳалокат мерасанд. Аз касофатии онҳо 8 миллион шаҳрванди мусалмони Сурия ба кишварҳои хориҷа ҳиҷрат намуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ба нақл аз Чарли Винтер - пажуҳишгари Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм дар Гаага дар рӯзномаи англисии “Гордиан”, таҳти унвони «Ҷанги инфиҷорӣ» эълом кардааст, ки 923 нафар аз аъзои тундрави ташкилоти террористии “ДИИШ” аз декабри соли 2015 то ноябри соли 2016 даст ба амалиёти террористӣ зада, худро дар ҷойҳои сераҳолӣ, ниҳодҳои маъмурию низомӣ ва идораҳои давлатӣ ва масҷиду ибодатгоҳҳо тарконданд;

Айни замон тавассути вертолётҳои низомии бетамға 7 ҳазор размандаи ДИИШ ба ҶИА интиқол дода шудааст;

Салафияҳои ифротӣ дар амалиётҳои зидди давлатии Сурия дар Ҳумо 387 адад масҷид, дар Идалиб 308 масҷид, дар Даръо 237 масҷид, дар Ҳимс 217 масҷид, дар Ҳалаб 158 масҷид, дар Ҳамода 135 масҷид, дар Димишқ 92 масҷид, дар Дайриззур 67 масҷид, дар Аллзоқия 37 масҷид, дар Арраққа 25 масҷиди аҳли суннат ва ҷамоатро тарконда, ба вайрона табдил доданд;

Маргталабони ифротӣ 14-уми январи соли 2017 клуби шабонаи “Reinaна”-и ноҳияи Бешитеши Истамбули Туркияро тарконданд, ки дар натиҷа 35 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ гаштанд;

Ба гузориши шабакаи расмии телевизиони Сурия, 8.01.2017 дар натиҷаи инфиҷори рӯзи шанбе худрав бомбагузорӣ шуда, дар маркази шаҳри Эъзози Сурия тарконда шуд, ки 60 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд;

Интиҳориҳои такфирӣ 17-уми марти соли 2017 дар мақоми ҳазрати Сакина - духтари имом Ҳусайн (ъ) дар минтақаи мақбараи Боби Сағири Димишқи Сурия амали террористӣ анҷом доданд, ки 59 нафар кушта ва 120 тани дигар захмӣ шуданд;

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон изҳор доштааст, ки “хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони кишвар гардидааст, моро ниҳоят андуҳгин намуд. Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, маҳкум намуда, зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд. Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷруҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам”.

Ҳамла ба ибодатгоҳи сӯфиён 16-уми феврали соли 2017 рух дода, ба иттилои мақомоти Покистон, 72 намозгузор кушта ва 150 нафар захмӣ гаштанд. Масъулияти ҳамларо тундравҳои салафияи "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифтаанд;

15-уми апрели соли 2017, тибқи хабаргузории “РИА Новости, дар натиҷаи амали террористӣ дар ноҳияи Рашидини назди шаҳри Алеппо 70 нафар кушта шуда, зиёда аз 130 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мувофиқи иттилои хабаргузории “Радио ajyal.com”, корманди разведкаи Хадамоти амнияти Амрико Эдвард Сноуден, ки айни ҳол дар шаҳри Москва қарор дорад: “Раҳбари ДИИШ, ки худро Халифа-Абӯбакри Бағдодӣ номидааст, гумоштаи махсуси хадамоти оперативии “Моссад”-и Исроил буда, номи аслии ӯ (Саймон Эллиот) - Шамиъун Эллиот мебошад.

Падару модари Абӯбакри Бағдодӣ - Шамиъун Эллиот - Халифаи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” яҳудӣ мебошанд. (Саймон Эллиот - Шамиъун Эллиот родился от двух еврейских родителей... который был завербован израильской разведкой Моссад и обучался шпионажу и психологической войне против арабских и исламских сообществ).

Барои ҳамин, ДИИШ-ро хадамоти ҷосусии “Моссад” бо роҳбарии Абӯбакри Бағдодӣ назорат мекунад. Табибони яҳудӣ размандагони “Далати исломӣ”-ро, ки захмӣ гаштаанд, дар беморхонаҳои Исроил муолиҷа ва табобат мекунанд. Бо яроқу муҳимоти ҷангӣ мусаллаҳ мекунанд ва террористонро бо озуқаворӣ таъмин менамоянд;

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул субҳи 9-уми марти соли 2017 ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа 30 тан ҳалок ва бештар аз 50 нафари дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст;

Рӯзи 8-уми августи соли 2017 назди дарвозаи бемористони шаҳри Кветтаи Покистон дар натиҷаи амали террористӣ 53 кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ гаштанд;

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, салафии ДИИШ бо номи Абӯбакри Тоҷикӣ аз Тоҷикистон асри рӯзи сешанбе, 27-уми июни соли 2017 камарбанди инфиҷории худро ҳангоми хурӯҷи коркунони Девони Олии Афғонистон аз маҳалли кори худ, дар маркази Кобул мунфаҷир кард. Дар натиҷа 25 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ гаштанд;

25.04. 2017 гуруҳи 10-нафараи маргталабон ба қисми низомӣ дар Мазори Шариф ҳангоми намозхонии низомиён шабехун заданд, ки дар натиҷа 221 нафарро ба қатл расониданд;

Мақомоти интизомии Бритониё мегӯянд, ки бар асари амали террористии маргталабон дар шаби 23-юми майи соли 2017, дар толори консертии шаҳри Манчестер дар шимоли ин кишвар, 19 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд;

18.05.2017 гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи телевизиони давлатии Афғонистон дар шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳорро бар дӯш гирифт. Бар асари ҳамлаи силоҳбадастон шаш нафар кушта ва 34 каси дигар маҷруҳ шуданд...

Хонандаи азиз, худ қазоват намоед, ки салафиҳои хунхӯр, толибу ҳақония парвардаи кадом кишвар ва ҳавзаҳои динии куҷо мебошанд!?

Дар таърихи 21.10. 2017 салафиҳои интиҳории “Давлати исломӣ” ва “Толибон” дар масҷиди марказии шаҳри Кобул ва масҷиди Ғури Ҷумҳури исломии Афғонистон амали интиҳорӣ содир намуданд, ки дастикам 89 намозхон кушта шуда, зиёда аз сад нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Далоили матраҳшуда шаммае аз кирдори террористии гуруҳҳои ифротӣ ва маргталаб мебошад, ки онҳо дар зери ғояҳои такфирии Ибни Таймия, ибни Абдулваҳоб, Носириддини Албонӣ ва дигар муфтиҳои фанатики ваҳҳобият худро дар масҷидҳои мусалмонон ҳангоми адои намоз мекафонанд ва дигаронро мекушанд. Мо наметавонем ин худкафонҳои интиҳориро мусалмон номем, зеро онҳо хилофи таълимоти ислом рафтор карда, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ надоранд.

Паёмбари Худо - ҳазрати Муҳаммад (с) улгуи уммат ва дорои ахлоқи ҳамида ва тариқати сутуда буд. Ӯ (с) зимни принсипи қуръонӣ “Ло икроҳу фи-д-дин”, яъне дар дин иҷборият нест, амал карда, ба аҳли насорову яҳуд, куништиёну бехудоён эҳтиром ва мунсибати накӯ дошт. Ҳаргиз дар роҳҳои даъват ба дин ва худшиносӣ аз ифрот ва методологияи хавфноки он истифода накардааст. Аз ин ҷост, ки Паёмбар (с) фармудааст: “Беҳтарин муъмину мусалмон ҳамоне аст, ки аз дасту забонаш касе озор намеёбад”. Ҳадиси шариф баёнгари он аст, ки шахси муъмину мусалмон бояд аз озору шиканҷа додан дур бошад, касеро, яъне яҳуд, насоро, буддоӣ, тарсо ва ё бародари боимони худро наёзорад. Тибқи талаботи ҳадиси шариф, шахси боимон бояд дасту забони худро аз озор ва шиканҷаи дигарон боз дорад. Ҳадиси мазбур моҳияти инсондустӣ ва умумибашарӣ дошта, алайҳи ифрот ва тундгароӣ равона гардидааст.

Паёмбари муъаззам (с) мефармояд: “Талаб кардани илм ба кулли мардон ва занони мусалмон фарз аст”. Ин насиҳат ва амри муборак беҳтарин муждаи раҳмат аз ҷониби Паёмбар (с) аст, мусалмононро даъват ва амр ба омӯзиши илму дониш менамояд. Инсоне, ки дорои илму дониш аст, бедору ҳушёр аст, некро аз бад тамйиз менамояд, ҳаргиз шомили иттиҳодияҳои ифротӣ ва террористӣ намегардад, зеро хуб медонад, ки интиҳору инфиҷор, қатлу куштор, ғоратгарию таҳдидофаринӣ, тахрибу зиёдаравӣ роҳу равиши ислом нест. Муҳтавои ҳадиси мубораки “Талаб кардани илм ба кулли мардон ва занони мусалмон фарз аст” пеш аз ҳама алайҳи таассуб ва хурофот, ифроту тафрит, талбисоту дасисакорӣ, тахрибу анвоъи ҷинояткорӣ нигаронда шудааст, зеро шахсони мутаассиб ва ҷоҳил сахт тундраву ифротӣ буда, дар содир намудани ҳама анвои ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ қодиранд. Хушбахтии инсоният дар омӯзиши илму дониш ва ҳазм намудани он дар роҳи дуруст мебошад.

Мутаассифона, иддае аз мусалмонон талаботи ҳадиси фавқро пушти по зада, дар доми шайтонҳои бузурги ифротӣ ва макру дасисаҳои муфтиёни тундрави бемазҳаб гирифтор омада, худ дастгоҳи таблиғотии ифротгароӣ гаштаанд. Илм беҳтарин сармояи инсон аст, набояд ин ганҷинаи ҳастиро нодида гирифт.

Тавоноӣ, қудратмандӣ ва пешрафти кишварҳои ғарбӣ, пеш аз ҳама таваҷҷуҳи онҳо ба илм ва дастовардҳои илмӣ аст. Бузургтарин нобиғаҳои яҳудӣ чун Фридрих Энгелс, Карл Маркс ва Владимир Илич Ленин пас аз омӯзиши илмии Қуръони карим ва аҳодиси Паёмбари раҳмат (с) системаи нави иқтисодиро барои хушбахтии башарият барномарезӣ намуданд.

Илму дониш ҳангоме барои инсон омили хушбахтӣ ва саодатманӣ мегардад, ки ӯро дар масири дуруст раҳнамоӣ ва ҳидоят намояд ва ӯро аз каҷравиҳо ва содир намудани ҳама гуна ҷиноятҳо боздорад. Агар намозу рӯза ва ҳаҷ шахси мусалмонро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ насозад, боиси дуруғгӯӣ, ифротгароӣ, хушунат, риёкорӣ, таҳдидофаринӣ, интиҳору инфиҷор, хусумат, кинатузӣ, озору шиканҷа, қалу куштор ва авомили дигари манфӣ гардад, натанҳо боиси ҳидоят, балки ӯро бемонеа вориди оташи ҷаҳаннам месозад. Аз ҳамин лиҳоз, шахси мусалмон бояд пайваста дар талаби илму дониш бошад. Барои ифротгароӣ дар мазрааи умр ва ҳаёти ширини худ замина нагузорад. Тафриту ифротгароӣ дар ҳама самти зиндагӣ бадтарин омили бадбахтии ҳар инсон аст.

Омӯзиши илмҳои дақиқ чун зистаншиносӣ, ҷуғрофия, тиб, фазошиносӣ, баҳрнавардӣ, технолужии муосир, математика, кимиё ва дигар улум барои ҳар фарди мусалмон фарзи айн аст.

Паёмбари раҳмат (с) дар ҳадиси “Талаб кардани илм ба кулли мардон ва занони мусалмон фарз аст” мардону занони имоновардаро ба омӯзиши илму дониш амр кардааст. Дар ин ҳадис вожаи “Илм” ба таври умумӣ ва куллӣ зикр гардида, тамоми анвоъи илмро дар бар мегирад. Худшиносӣ ва бедории илмӣ аз назари Паёмбари Худо (с) беҳтарин роҳи муқовимат алайҳи таассуб, хурофот, ҷаҳолат ва ташкилотҳои террористӣ-ифротӣ мебошад.

Инсон ҳамеша ва пайваста бо хатар ва мушкилоти ҳаёт рӯ ба рӯ аст. Аз ин лиҳоз, ҳамвора таваҷҷуҳ дошта бошад, ки дар манзари Худованди Меҳрубон қарор дорад ва коре бар хилофи ризогии Парвардигор ва Муҳаммади Мустафо (с) анҷом надиҳед. Дасту забон ва наздикони худро аз ангезаҳои пурдаҳшати ифрот ва авомили маргбори он ҳифз намояд. Ифротгароӣ як шохаи пурдаҳшат ва муназзами терроризм аст.

Терроризм ва террорист ҳеҷ алоқамандии зотӣ, усулӣ ва иртиботи решагӣ ба дини мубини ислом ва дигар адёни маъруфи ҷаҳонӣ надорад. Ифрот ва террор роҳ, усул ва васоили аз байн бурдани ҳаёти осоиштаи мардум бо аносири бераҳмӣ, худкафонӣ, қатлу куштори оммавӣ, наслкушӣ, тахрибкорӣ буда, аз ҷониби дастгоҳҳои муттамаркази ҷинояткорӣ тарроҳӣ ва амалӣ карда мешаванд. Истифодаи ибораи терроризми исломӣ билкул хато ва бемантиқ аст. Танҳо ин ибораи сохта ва бофтаро барои бадном кардани дини мубини ислом ононе, ки кина ва адоват ба дин доранд, истифода мебаранд. Дини мубини ислом ва таълимоти Паёмбари Худо (с) ҳамгуна худкушӣ ва куштани дигаронро ҳаром медонад. Тибқи фатвои фуқаҳои исломӣ ба шахсе, ки худкушӣ мекунад, худро бо усули бастани тротил мекафонад ё мунфаҷир месозад, хондани ҷаноза ҷоиз нест. Ва мурдаи ашхоси худкушу худкафон дар мазори мусалмонҳо роҳ дода намешавад. Ин далоили шаръӣ гувоҳи он аст, ки истифодаи ибораи “терроризми исломӣ” хилофи ақли солим аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳама созмонҳои байналмилалӣ таъкид менамояд, ки терроризм ва террорист мансуби ягон дин набуда, аз ҷумла ягон иртибот ба дини мубини ислом надорад. Ислом ба зот ва ҷавҳари худ мухолифи ҳамагуна амлҳои террористии террористон мебошад. Шахси террорист дин, миллат ва ватан надорад.

Мусалмоне, ки таҳаммулпазир нест ва ахлоқи исломӣ надорад, ифротӣ мегардад ва шомили иттиҳодияҳои муташаккили террористӣ-экстремистӣ гашта, даст ба қатлу куштор ва тахрибкорӣ мезанад, намозу рӯза ва ҳаҷу ҷиҳодаш ҳеҷ судаш нахоҳад кард, балки ин авомили исломӣ ӯро вориди оташи ҷаҳаннам хоҳанд кард.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ва шаҳодати сиёсатшиносони аршади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ташкилотҳои экстремистӣ ва гуруҳҳои муташаккили ҷинояткори байналмилалӣ кӯшиш доранд, ки зархаридони маргталаб ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи мухаддиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол намояд. Аз ҷониби дигар, мардуми бедору ватандӯст ва неруҳои амниятии ҶИА дар ҳоли муқовимати низомӣ ва ҷанг алайҳи гуруҳҳои муташаккили террористӣ ва ифротӣ қарор доранд. Дар ивази ҷону моли худ аз амният ва бехатарии хати сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон муҳофизат мекунанд. Гоҳ хиттаи марзии Бадахшон ва Қундуз ба дасти силоҳшурони террорист ва гоҳ дар ихтиёри неруҳои амниятии ҶИА қарор мегирад.

Вазъияти ноором ва печидаи сиёсию низомии Тоҷикистон пас аз солҳои аввали Истиқлолияти Миллӣ барои рушд ва тақвиятёбии ифротгароӣ ва ангезаҳои марговари он заминаи сиёсӣ муҳайё намуд. Ҷанги бародаркуш ва шаҳрвандӣ мунҷар ба фиррорӣ гаштани мардумони зиёд ба Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон гашт. Дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ хати сарҳадот беназорат монд, зеро неруҳои қудратӣ дар ҳолатӣ бархӯрд бо гуруҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорон қарор доштанд. Мавлавиҳои мағзшуста, воизони хоин ва зархаридони ботаҷриба, ки курсҳои махсуси террористӣ ва экстремистиро назди шайхҳои серпули такфирӣ ва инжинерҳои низомии хавориҷ гузаштаанд, барои ҷалби ноблиғон ва навҷавонони дар ғарибию ҳиҷрат афтодаи Тоҷикистон вориди мубориза ва талошҳои хеш гаштанд.

Ифрот зиёдравӣ намудан, ҳукми мутлақ баровардан, муртад ва кофир ҳукм ва эълон кардани ҷониби мухолиф, ба эътибор нагирифтани талаботи меъёрҳои Қуръон, суннат ва ҳуқуқи исломӣ - фиқҳ буда, дар ин замина амалӣ сохтани амалу кирдорҳои террористӣ-экстремистӣ ба хотири эҷоди тарс, таҳдид, воҳимаангезӣ ва аз байн бурдани шахсони сиёсатмадор, низомӣ, кормандони мақомоти амниятию интизомӣ, ходимонии илму маориф, афроди ватандӯсту равшанфикр, уламои бедори исломӣ мебошад.

Размандагони ифротии “ДИИШ” ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои такфирӣ пеш аз ҳама уламои исломӣ, ходимони дин ва риҷоли ватандӯстро дар маҳзари умум сар буриданд, дар масҷиду хонақоҳ ҳангоми ибодат террор намуданд. Ҳамсар, кӯдакон ва наздикони онҳоро гаравгону асир гирифта, мавриди шиканҷаву зулму ситам қарор доданд. Садҳо иншооти муҳими стротежӣ, биноҳои маъмурӣ, роҳҳои оҳан, майдони ҳавоӣ, шифохона, қисмҳои низомиро дар рафти амалиётҳои ҷангӣ тарконданд, бонк, хазинаи пулӣ ва молиёти давлатдориро ғорат карданд. Масалан, размандагони террористии “ДИИШ” ҳангоми аз худ намудани шҳри Мосул зиёда аз 900 миллон доллари нақд, захираҳои тилло, нигора ва дигар ашёҳои қиматбаҳои осорхонаи ин шаҳрро рабурданд. Мулло, уламо, низомиён ва ходимони давлатию илмиро дар саҳни масоҷид ва гулгашту кӯчаҳо сар буриданд.

Барои муқовимат ва решкан намудани ифрот ва хушунатгароӣ лозим аст, ки унсур ва авомили калидӣ, заминаҳои пайдоиш ва рушди ангезаҳои маргбори онро бидонем. Мафҳум, ҳамбастагӣ, ҳудуд ва нишонаҳои ифрот ва ифроятгароёнро муайян намоем. Бидонем, ки ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ дар асоси кадом санад, фатво, мактаб, ҷаҳонбинӣ, эътиқод, сарчашма, амр ва дидгоҳ инсонҳои бегуноҳ хоҳ мусалмон ва ғайримусалмонро бераҳмона қатл мекунанд. Зинда ба зинда оташ мезананд. Занону модаронро гаравгон гирифта, дар қафасҳои оҳанин зиндон намуда, гуруснаву ташна нигоҳ медоранд. Маконҳои муқаддаси исломӣ, осори фарҳангӣ ва таърихиро харобу вайрон месозанд.

Муқовимат ва муборизаи кӯр-кӯрона алайҳи ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Муқовимат ва мубориза алайҳи наҳзатҳои ифротӣ ва такфирӣ бояд силсилавӣ, илмӣ, динӣ ва фарҳангию сиёсӣ бошад. Дар ин ҳолат метавонем, ки ҷомеа, кишвар, дину мазҳаб ва миллату давлатро аз аносири даҳшатовар ва хатарноки терроризми байналмилалӣ ва гуруҳҳои ҷудоихоҳи ифротӣ ҳифз намоем, илло маҳудкуниҳои динӣ барои рушд ва пешрафти ифротгароӣ ва хушунат заминаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ муҳайё менамояд.

Дар ин замина лозим медонам, ки барои бедории миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ ба таври намуна чанд нуктаи муҳим ва нишонаи эътиқодии ҷараёнҳои ифротӣ ва такфириро манзури ҳамагон намоям. Нуқтаҳои муҳим ва нишонаи эътиқодии афроди ифротӣ ва маргталаби такфирӣ аз сарчашмаҳои муътабар ва китобҳои эътиқодии онҳо гирифта шудааст.

Муддатҳост, ки ташкилот, иттиҳодия, миссионер ва гуруҳҳои манфиатдори ҷаҳонӣ барои таъсис ва таҳрики ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ миллионҳо доллар сарф намуда, муваффақ бар он шуданд, ки аз ҳисоби ҷавонони бехабар аз дин, сабукпой ва афроди дар ғарибию муҳоҷират афтидаи минтақаҳои ҷангзада гуруҳҳои маргталаб ва тундрави салафия омода созанд. Онҳо барои омодасозии як ифротӣ ва ё даҳҳо маргталаби худкафон барнома ва нақшаҳои лозима тарроҳӣ намуданд.

Таъсиси ташкилоти террористии “Алқоида”, “Толибон”, “Давлати исломӣ” ва дигар ҳизбу созмонҳои моҳияти экстремистию сепаратистӣ дошта далели гуфтаҳои фавқ мебошад. Қудратҳои манфиатдори ҷаҳонӣ ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро ҳамчун фишанги таъсиррасон ва иҷборкунанда барои истило ва зери тасарруфи худ даровардани давлат ва кишварҳои алоҳида истифода мебаранд. Ошкоршавии ин омили муҳим ва раднашаванда дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ назди оқилон, мутахассисон, коршиносон, кормандони дастгоҳи гумоштавӣ, разведка, контрразведка, истихборот, низомиён ва сиёстшиносон маълум аст.

Зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ гарчи барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва башарӣ падидаи нав нест, аммо усули муқовимат ва муборизаи ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ мутамарказ ва мусаллаҳ аз техноложии ҷадид ва навин аст. Таълимоти ақидавӣ ва идеолужии ифротиён чунон таъсирбахш ва сахттаъсир аст, ки ҷавонони камхабар аз дин ва муҳиби исломро дар муддати начандон тӯлонӣ ба бомбаи зинда ва маводи тарканда табдил медиҳанд. Ин ангезаи даҳшатафкан ва омили маргбор дар пайравони адёни дигар вуҷуд надорад.

Маргталабони интиҳории ташкилотҳои ифротӣ барои нӯшидани ҷоми шаҳодат ва дарёфти мақому ҷойгоҳи “Шаҳид” омодаанд, ки ҳар лаҳза худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, серодам, масҷид, ибодатгоҳ, майдони ҳавоӣ, вокзал, метро ва дигар ниҳодҳои маъмурӣ битарконанд. Ин амали нангин ва зиддибашарии маргталабони интиҳорӣ ягон иртибот ва ҳамбастагӣ ба дини мубини ислом надорад. Тибқи таълимоти ислом, шахси интиҳорӣ ва инфиҷорӣ аз доираи дин хориҷ мегардад. Бар мурдаи интиҳории ифротӣ гузоштани намози ҷаноза ҷоиз нест. Мурдаи афроди интиҳорӣ дар қабристони мусалмонҳо роҳ дода намешавад. Ин омилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дини мубини ислом қатъиян зидди интиҳор ва такфир аст. Ҳарчанд ки ҷиҳодгаройӣ ва шаҳидталабии ифротгароёни маргталаб моҳияти байналхалқӣ ва фарокишварӣ касб намудааст, аммо моҳият ва характери имонӣ надоранд. Ҷиҳод ва шаҳодат ду омили муқаддаси исломӣ аст, ки ягон маргталаби ифротии интиҳорӣ ва такфирии инфиҷорӣ шомили онҳо намешаванд.

Агар аз нуқтаи назари ҷиноятшиносӣ ба рафтору таркиби кирдори мавлавию воизони ширинсухан ва муфтиҳои салафӣ назар афканем, дармеёбем, ки онҳо мафҳуму маъноҳои оятҳои Қуръони карим ва аҳодиси шарифи Паёмбари ислом (с)-ро дар асоси ҷаҳонбинӣ ва муқаррароти меъёрҳои муайянкардаи ташкилотҳои террористӣ ва ифротӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Бо маблағгузори ғайрирасмӣ ва усулҳои махсусан махфии ташкилотҳои терроистӣ ва шайхҳои серпули нафтӣ воизони хоину мавлавиҳои ифротӣ дар муддати кӯтоҳ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа мавқеъ пайдо намуда, 3-4 ҳамсар мегиранд, соҳиби хонаҳои истиқомтии гаронарзиш мегарданд. Мактаб ва дастгоҳҳои таблиғотии худро дар байни аҳолӣ, махсусан, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ фаъол намуда, ҳамасола бо баҳонаҳои зиёд ба назди муҳоҷирони меҳнатӣ мераванд. Дар ин айём бо сарварон ва гумоштаҳои “Давлати исломӣ” ва дигар эмиссарҳои хориҷӣ дидорбинӣ ва вохӯриҳои худро озодана барпо менамоянд. Ин тоифаи ифротӣ ва мавлавиҳои фурӯхташуда барои фош нагаштани сирру асрори зиддиконститусионияшон аз ҳама роҳу усул барои таъмини амният ва бехатарии худ самаранок истифода мебаранд. Таблиғу ташвиқоти идеолужӣ ва ақидаи ифротию такфириро арзишмандтарин ҷиҳод дар муқобили куфр ва низомҳои демокросӣ меҳисобанд.

Ифрот ва такфир силоҳи маргталабони интиҳорӣ - инфиҷорӣ ва лаҷуҷӣ аст. Воизони мунофиқ ва мавлавичаҳои такфирӣ пас аз хатми курсҳои махсуси донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ бо беҳтарин усулҳои вербовка (ҷалб ва шустушӯи мағзӣ) принсип ва метадологияҳои ифрот ва такфирро дар мағзу ҷон ва шуури ҷавонони камхабар ва ё бехабар аз омӯзаҳои динӣ ҳамчун исломи инқилобӣ ва ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ҷойгир менамоянд. Аз нигоҳи улуми равоншиносӣ ва беҳдоштӣ, мавқеъёбӣ ва шуҳратёбии воизони хоин ва эмиссарҳои ширинсухан дар ҷомеа бисёр хатарнок ва ваҳим мебошад. Онҳо бидуни ишкол ва ҳадафмандона аз номи “Аллоҳ” ва “Паёмбар” барои густариш ва тавсеаёбии идеолужӣ ва афкори сиёсии ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” замина ҳамвор менамоянд.

Дастгоҳҳои ифротӣ тавассути субъектҳо (муфтӣ, мавлавӣ, воизон)-и худ дар кишварҳои мусалмоннишин тухми нифоқ, фитна ва ихтилоф кориданд. Ҷавонони бехабар аз сиёсат ва динро барои барангехтани оташи низоъҳои мазҳабӣ-қавмӣ ҷалб намуданд. Агар битавонем аз вуҷуди афроди тундрав ва хушунатгарои интиҳорӣ аносири ифрот ва такфирро бигирем, дигар дар дасти онҳо ягон навъи силоҳ барои муқовимат боқӣ намемонад. Худ ба худ нест ва маҳв мешаванд, нишоне аз маргталабони салафӣ дигар нахоҳӣ ёфт.

Муҳимтарин нишонаи афроди тундрави ифротӣ ҳамон аст, ки ахлоқи инсонӣ ва рафтори исломӣ надоранд. Мутаккабир ва мағруранд. Фаҳму идороки хароб ва ҷаҳонбинии пуртаассубу хурофотӣ доранд. Ҳар касе (диндор ва бедин) ирода, яқин, ақида, ғоя, идеяҳои такфирӣ ва принсипҳои ифротии ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро напазирад, рад намояд, онҳо бегумон шахси инкоркунандаи ақида ва идеологияашонро хоин, бидъаткор, мушрик, кофир, фарзанди шайтон, шиа ва мунофиқ ҳукм намуда, куштанашро воҷиб меҳисобанд.

Пас аз Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон афкору андеша ва ақидаву иделоложии ифротгароиро воизони хоин ва миссионерҳои ширинсухан бисёр маккорона ва ҳадафмандона ҳамчун унсури муҳими исломӣ тавассути амри маъруф озодона таблиғу ташвиқ намуданд. Дар як моҳ ба ҳисоби миёна зиёда аз чорсад ҳазор фиттаҳои амри маъруф, ки моҳият ва харктери ифротгароӣ, эҷоди кинаву адовати мазҳабӣ доштанд, дар байни аҳолӣ бо нархи “дастрас” фурӯхта шуданд. Аксарияти ҷавононе, ки дар зери “амри маъруфҳо”-и ифротӣ афода буданд, дар пайи ислоҳи қонунгузориҳои давлатӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъсиси хилофати бузург ва муқовимат алайҳи хурофот, таассуб, бидъат (расму оинҳои миллӣ, равиши намозхонии ҳанафимазҳабон) ҷиҳоди фикрӣ ва ақидавӣ эълон карданд. Раванди ифротгароӣ ва ислоҳоти салафигароӣ аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ ва ташкилотҳои терророристӣ пурра зери назорат қарор дошт. Дар ин замина гуруҳҳои хурд ва алоҳидаи таблиғотии иттиҳодияҳои террористӣ ва ташкилотҳои ифротӣ аз тамоми қишри ҷомеа муздурон ва гумоштаҳои худро пайдо намуда, дар зери шиорҳои “Қуръону суннат”, “Ақида”, мубориза бо бидъат, ширк, куфр дар тамоми қаламрави кишвар озодона ғоя ва идеоложии ифротиро таблиғ ва ташвиқ намуданд.

Муҳаммадии Раҳматуло - пешвои Иттиҳодияи экстремистии салафия бо муридони ифротӣ ва такфирияш назди худораҳматии домулло Сайдраҳмони Қаротегинӣ ва шайх Амонуллоҳ - собиқ раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, дархост намуданд, раванди ифротгароии онҳоро ҳамчун исломи инқилобӣ ва исломи ҷиҳодӣ бипазиранд ва эътироф намоянд. Аммо худораҳматии домулло Сайидраҳмони Қаротегинӣ ва шайх Амонуллоҳ (р) даъват ва дархости ифротгароёнро напазируфтанд, балки идеология ва шеваҳои хатарноки онҳоро маҳкум намуданд.

Шуру ғул-ғула дар байни расонаҳои иттилоотӣ ва аҳолӣ оид ба пайдоиши ҳаракатҳои ифротӣ хеле афзуда буд. Иддае аз камхабарон ва бехабарон аз таълимоти Имоми Аъзам (р) ҳаракати иртиҷоӣ ва ифротии салафияро аҳли “Суннат” гуфта, пазируфтанд. Равиши намозхонӣ, эътиқодоти исломии мусалмонони ҳанафиро бидъат, ширк ва ҳаром эълон намуданд. Дар пайи вайрон ва хароб намудани мақбараҳои исломӣ ва осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ҷанг ва ҷиҳоди идеологиро суръат бахшиданд. Дар ин замина чеҳратарошӣ, шахсиятсозии воизони ҳаногомаҷӯи ифротӣ барои дарёфти мақому ҷоҳ, сармоя, пули бедарди миён дар байни аҳолӣ хеле афзуда буд. Ҳар кадоме аз ин воизони такфирӣ ва эмиссарҳои ифротӣ аз равзанаи хароб, осебзада ва дидгоҳи зидди исломи анъанавӣ оят, истилоҳот, мафҳум, ибора ва вожаҳои Қуръонӣ ва аҳодису-н-Наби (с)-ро шарҳу тавзеҳ дода, фикри оммаро ба худ ҳамчун ислоҳотчиёни ҷиҳодӣ ҷалб намуданд. Аслан онҳо намеандишиданд, ки рафтору кирдорҳои авбошона ва зидди конуститутсионӣ ва зидди суннатии онҳо барои наҳзатҳои террористӣ бистари мулоиме хоҳад гашт. Ҳатто дар дуртарин деҳаҳои кишвар фарзандоне, ки зери идеологияи заҳрогини воизони хоин ва миссионерҳои ифротӣ қарор гирифта буданд, падару модар, хоҳар ва бародарони худро ба хотири бо равиши ҳанафӣ намоз хондан бидъаткор, мушрик ва мунофиқ ҳукм намуда, такфир менамуданд. Муссалам аст, ки раванди мазкур дар зери назорати мақомоти дахлдор қарор дошт, то ин ки реша ва манбаҳои асосии ифротгароӣ ва хоҷагони хориҷияшон фош ва муайян карда шаванд.

Тавсеаёбӣ ва шаклгирии ифрот аз ҷониби эмиссарҳои такфирӣ дар ҷомеа густариш ёфт. Аксарияти шуаро, нависандагон ва ононе, ки доди ватанхоҳӣ мезаданд, дар муқобили наҳзатҳои ифротгарӣ то имрӯз сукутро ихтиёр намуда, гӯё ин омили марговар ва таҳдидофарро дарк накардаанд. Сукут, хомушӣ, бетарафӣ ва дар сангари тамошо нишастан шеваи бетарафон гашт.

Сукут, бетарафӣ, хомӯшӣ ва дар сангари тамошо нишастан нисбат ба ифротгароёни салафиро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даршикаст, ҷомеаи шаҳрвандиро алайҳи ифротгароии салафия даъват кард. Дар лонаи пуштибонҳои ҳаракатҳои ифротӣ ва хоҷагонашон оташи зилзила афтод. Муздурон ва як туда фурӯхташудагони итттиҳодияи экстремистии салафия барои сафедкунии худ иддао намуданд, ки ҳаракати экстремистии салафия мазҳаби расмии кишварҳои ба Тоҷикистон дӯст ва бародар аст ва набояд ба фаъолияти онҳо монеъ гашт. Дар ин замина, барои аз даст надодани мавқеи ифротгароии худ аъзо ва тундравони салафия гуфтанд, ки мо ба “Давлат” коре надорем. Мо “Ақидаем”. Аммо онҳо дар зери парачами ҷиҳодии “Ақида” муридони такфирияшонро барои байъат намудан бо лидерҳои дастгоҳҳои террористӣ ва таъсиси “Давлати исломӣ” ҷалб намуданд.

Муддаиён ва пуштибонҳои пасидевории Иттиҳодияи экстремистии салафия ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав фаромӯш сохтанд, ки ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ худро БЕМАЗҲАБ ҳисобида, дар ислом мавҷудияти МАЗҲАБРО ширк, куфр ва бидъат ҳукм намудаанд. Пуштибонҳои пасидевории ифротгароён афсонаи оперативӣ сохтанд, то сирру асрор ва макру ҳиллаи онҳо назди хосу омм фош нагардад. Аммо натованистанд, ки офтобро бо домани чиркин ва афкори ғаразолуди худ пинҳон намоянд...

Бо сипарӣ гаштани моҳу солҳо нақшаҳои террористӣ, барномаҳои тарроҳинамудаи марговар ва дурнамои ҳаракатҳои ифротӣ дар назди ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ошкоро фош гаштааст. Равияи иртиҷоӣ бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иттиҳодияи экстремистии Салафия” эълон гардид. Бо меҳнати шабонарӯзии кормандони ҳушманд ва ватанхоҳи мақомоти амниятӣ ва интизомии кишвар садҳо тан аз Халифапарастони ифротӣ, ки дар пайи таъсиси ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” буданд, дастгир гашта, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ифротгароӣ танҳо хоси гуруҳҳои тундравӣ ба ном исломӣ нест, балки ҳаракатҳои ифротӣ дар аъзову пайравони дигар адёни ҷаҳонӣ дида мешавад. Агар ба таърихи пайдоиши ифротгароӣ дар таърихи башарият холисона назар афканем, дармеёбем, ки ин падидаи хашин ва хатаронок пеш аз ҳама дар байни ҳаракат ва инқилобҳои лодинӣ ба авҷи камолоти худ расидааст. Инқилобчиёни Франсия ва болшевикҳои сурх пас аз инқилобҳои хеш дар асоси мафкура ва принсипҳои ифротӣ тамоми роҳи оҳан, мероси фарҳангӣ, осори таърихӣ, мадрасаву гимназияҳои диниро батамом хароб ва несту нобуд намуданд. Вандализми лодинӣ боиси террори сурх ва ифротгароӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Бахусус, пас аз Инқилоби Октябри соли 1917 дар қаламрави Аморати Бухорои шариф ҳар инсони донишманд ва меҳандӯсте, ки бо хати форсӣ-тоҷикӣ ошно буд ё маълумоти динӣ дошт, ба таври оммавӣ нест карда шуданд. Ифротгароии лодинӣ тавассути субъектҳои тундрави худ тавонист дар зарфи 10-15 сол тамоми сармоя ва ганҷинаҳои илмии миллати тоҷикро ба коми марг равон намояд. Беҳтарин фарзандони миллати тоҷик аз ҷониби ифротгароёни лодин ва дастгоҳи сиёсии онҳо хоин ва душмани халқ эълон гашта, ба қатл расонида шуданд. Ифрот ва кирдорҳои террористии онҳо бо номи “Террори сурх” маъруфу машҳур аст.

Ифротгароёни фашистӣ низ далели гуфтаҳои фавқуззикр аст. Размандагони ифротӣ ва бераҳми фашистӣ ҳазорон яҳудиёни бегуноҳро асир гирифта, пас аз азобу шиканҷаҳои гӯшношунид несту нобуд намуданд. Дар лагерҳои махсус зинда ба зинда оташ заданд. Бинобар сабаби ифротгароии дастгоҳҳои идоракунанадаи сатҳи олии кишвари Олмону СССР ва бетаҳаммулӣ онҳо дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ду ҷониб зиёда аз 50 миллион инсон куштаву захмӣ гаштанд. Агар хуни 50 миллион инсони кушташударо ба ҳисоби вазни математикӣ ҳисоб намоем, садҳо ҳазор тоннаро ташкил менамояд, ки дарозии он ҳавзи хунин 100 гектар масоҳатро фаро мегирад.

Дар натиҷаи ифротгароӣ ва тундгароии гуруҳҳои ғосиб ва истилогари ҷаҳонӣ дар тӯли таърих даҳҳо шаҳрҳои бузург, марказҳои фарҳангӣ-илмӣ, китобхонаҳои бузург несту нобуд гаридаанд.

Айни замон ифротгароёни тундрави буддоӣ дар шаҳри Манёмин даст ба амалҳои террористӣ зада, ҳазорон кӯдакони мусалмонро бо падару модарашон ба таври расмӣ сар буриданд, оташ заданд, хонаву дари онҳоро сӯхтанд. Даҳҳо ҳазор сокинони ин шаҳр аз зодгоҳ ва хонаҳои истиқоматии худ фирор намудаанд. Мутассифона, ифротгароӣ, хушунат, тундгароӣ ва кирдорҳои террористии будоиёни бераҳм то ҳанӯз ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ нарсидааст. Қатлу куштор ва хунрезии ифротгароёни буддоӣ дар авҷи фалак расидааст. Кишварҳои исломӣ ва инчунин ташкилотҳои байналмилалие чун СММ бо ҳар баҳона ба изҳороте иктифо намуда, масъулияти худро фаромӯш кардаанд. Пеши роҳи ифротгароӣ ва генотсиди будиёни тундравро намегиранд. Амрико ва шарикони низомии он барои саркӯб кардани террористони Манёмин артиш ва низомиёни худро равон намесозад. Мутаассифона, Амрико ва шарикони низомияш солҳои тӯлонӣ аст, ки ҳазорон силоҳшури худро вориди Ҷумҳурии исломии Афғонистон намуда, бо баҳонаи мубориза бо гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ аз онҷо хориҷ намегарданд. Силоҳу яроқҳои хатарноку марговарашонро дар минтақаҳои мусалмоннишин озмоиш менамоянд.

Дар аксарияти қавму миллатҳо то зуҳури дини ислом ифротгароӣ ва тундравӣ як амали маъмулӣ ва роиҷи ифтихорӣ ба ҳисоб мерафт. Масалан бодиянишинон ва саҳронишинони аъроб чунон мутакаббир ва ифротӣ буданд, ки занон ва духтарони худро зинда ба зинда зери хок менамуданд. Ҳатто ҳазрати Умари Форуқ (р) ривоят мекунад, ки «ман дар замони ҷоҳилият, ки иттиллоъ ва хабаре аз ислом надоштам, тибқи расму одатҳои қавмӣ бо дастони худ духтаронамро зинда ба зинда зери хок намуда, ба қатл расонидам. Охирин маротиба духтарчаи хурдсоламро ба қумистони сӯзон барои куштан бурдам. Барояш қабреро омода сохтам ва духтарчаамро дар дохили он гузоштам. Духтарчаам бо чашми нигарон ба ман менигарист ва фикр мекард, ки ман бо ӯ бозӣ дорам. Ва бо дастонам ба дасту по ва чеҳраи зебои духтарчаам хок пур менамудам. Вақте ки хоку қуми сӯзон гӯш ва даҳони духтарчаамро пӯшонд, бо чашмони пурмеҳру муҳаббаташ аз ман кӯмак мехост... Аммо ҷон додан ва азобу шиканҷаи духтарчаам барои ман ҳеҷ моҳияте надошт. Дар охир духтарчаам бо дасташ аз ришам қапида, хост аз марг наҷоташ диҳам. Аммо аз ифроти зиёд ӯро ба қатл расонидам ва духтарчаам дар ҳолати марг як қабза ришамро канда гирифт ва раҳо накард”.

Ҳазрати Умар (р) пас аз имон овардан ва мусалмон шудан то охири умраш ин ҳодисаро ба ёд оварда, гиря мекард, афсӯс мехӯрд ва изҳори пушаймонӣ мекард. Ҳадаф аз ривояти ин қиссаи таърихӣ он аст, ки ислом дар зот ва сифоти худ зидди ифротгароӣ ва хушунат аст. Ононе, ки исломро сарчашмаи низоъ, ифротгароӣ, хушунат, таассуб ва хурофот меҳисобанд, гумроҳ ва ҷоҳили акбаранд.

Ифротгароии замони ҷоҳилият аз ифротгароии замони муосир ба тамоми усул ва методологияи худ фарқ мекунад. Ифротгароии замони муосир дар асоси барномаҳои тарроҳӣ намудаи ташкилтҳои террористӣ ва дар заминаи фатвоҳои пешвоёни хоини худ дар гӯшаву канори кишварҳои мусалмоннишин ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва зиддиисломиро амалӣ месозанд.

Ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ ва ҷараёнҳои террористӣ, пеш аз ҳама заминаи эътиқодӣ ва ақидавӣ дорад. Бисёр аз афроди коршинос талош доранд, ки омили эътиқодот ва ақидавиро ба эътибор нагиранд. Онҳо барои ин мақсади худ омили иқтисодиро дар ҷойи аввал гузошта, иддао доранд, ки маргталабони ифротӣ ба хотири ба даст овардани пулу мол шомили ташкилотҳои террористӣ мегарданд. Ин андеша моҳияти илмӣ ва мантиқӣ надорад. Шахси маргталаби ифротӣ танҳо ба хотири дарёфти мақоми шаҳодат ва шаҳид шудан меҷангад. Мекушад, то кушта шавад. Барои маргталаби ифротӣ пулу мол ва сарват ҳеҷ арзиш надорад. Худро мекафонад. Дигаронро дастҷамъона нест мекунад. Мутаассифона, бо сабаби ба эътибор нагирифтани принсипҳои эътиқодӣ ва ақидавӣ то имрӯз наметавон алайҳи ифротгароӣ ва такфир муборизаи дуруст бурд. Барои ифротии маргталаб ҳатто волидайн ва зану фарзанд дигар моҳият ва қимат надоранд. Омили тангдастиҳои молию иқтисодиро дар ҷойи аввал ва омили шомилшавии ҷавонон ба ташкилот ва ҳаракатҳои иртиҷо бидонем, хатои маҳз аст. Бояд дар ҷустуҷӯи роҳи наҷоти миллат ва муқовимат бо ифротгароӣ талош варзид. Ҳаракат ва талош бояд сирф илмӣ, тахассусӣ, касбӣ ва динӣ бошад. Дар дигар сурат бо идеяи хушку холӣ додан наметавон бо ифротгароёни тундхӯ муқовимат кард. Тавассути омӯзаҳои динӣ ва эътиқодии исломӣ метавон дар кӯтоҳтарин муҳлат алайҳи ифротгароӣ, хушунат ва шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ монеаи ҷиддӣ омода сохт. Дар ин замина набояд нохудои киштии дину мазҳаби мо афроди салафимафкура ва салафимаслак бошанд. Ҳар гоҳе салафимаслакони ифротӣ нохудои сафинаи дину оин бошанд, эҳтимоли ғарқшавии миллат дар гирдоби хушунатгароӣ ва ифротгароӣ дур нест.

Ифротгароӣ раванди мустаҳкам ва барномарезишудаи қудратҳои манфиатдор ва ташкилотҳои террористӣ мебошад, ки онҳо барои расидан ба ҳадафҳои шум ва сиёҳи хеш ҷавонони бесавод ва камхабар аз омӯзаҳои исломиро тавассути дастгоҳҳои гумоштавӣ ва шахсони бовариноки худ чун муфтичаву мавлавичаҳои такфирӣ ва воизони хоин шустушӯи мағзӣ намуда, интиҳорию инфиҷорӣ месозанд. Барои пешгирии ифротгароӣ ва хушунат муқовимат ва муборизаи кормандони ҷонфидои ниҳодҳои қудратӣ кофӣ нест. Бояд руҳониён, аҳли қалам, шоирону нависандагон, ҳунармандону ҷомеашиносон дар сафи нахусти муқовимат бо ифротгароӣ ва ташкилотҳои террористии онҳо бошанд. Мутаассифона, то имрӯз нақши шоирону нависандагон алайҳи ифротгароӣ ва гуруҳҳои террористӣ, ки эҷодкунандаи хатар ва таҳдид ба амнияту суботи давлатдории миллии Тоҷикистон мебошанд, ба чашм намерасад.

Ҳунармандони синамои туркӣ даҳҳо силсилафилмҳо ба навор гирифта, пешкаши миллати худ ва ҷаҳониён намудаанд, ки дар онҳо симои зоҳирӣ, ботинӣ ва амалу рафторҳои ифротгароёни тундравро дар назди тамошобин бо беҳтарин усул фош намудаанд. Тамошобин пас аз дидани филмҳои туркӣ бидуни ягон мушкилӣ хатар ва таҳдидҳои гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароёни маргталабро дарк мекунад, мешиносад. Дар қалбу тафаккури худ нисбат ба афроди маргталаби ифротӣ нафрат пайдо мекунад. Мутаассифона, ин омили муҳими амниятӣ дар синамои тоҷик аслан дида намешавад. Ҳунармандони синамои тоҷик бештар ба мазҳака рӯй оварда, ба ҷои фош сохтани рафтор ва кирдорҳои шахсони ифротӣ ба иззати нафси мусалмонон, аз ҷумла муллоҳо мерасанд. Ин омили манфӣ худ замина муҳайё намудани бадбинӣ нисбат ба давлати миллӣ ва синамои тоҷикӣ мегардад. Хуб мешуд, гуруҳҳое, ки ба таблиғи рекламаҳои байнишаҳрӣ машғуланд, ба ҷои расмҳои сарояндаҳо ва раққосаҳои рэпӣ расми олимону донишмандон ва риҷоли боэҳтироми миллатро овезон намоянд. Донишмандон ва олимон сутуни пурқуввати миллатанд. Ин омил низ метавонад дар муқобили ифротгароӣ ва тундравӣ сипари боэътимоди амниятӣ барои ҳар шаҳрванд ва сокини кишварамон шавад.

Аксарияти ҷавонони ифротӣ дар мавриди уламои исломии кишвар, донишмандону олимони ватанӣ маълумоти кофӣ ва саҳеҳ надоранд. Аз ҳамин лиҳоз, онҳо барои дарёфти ормонҳои имонӣ ва омӯзаҳои динӣ ба кишврҳои хориҷӣ сафар намуда, дар доми тазвири сервисҳои хориҷӣ гирифтор меоянд.

Дар муддати 25 соли Истиқлолият ҳеҷ кас намедонад, ки чанд ҳазор нафар аз ҷавонони тоҷик дар кишварҳои хориҷа таълимоти ифротӣ гирифта, курсҳои махсуси диверсиониро назди муҳандисони террористӣ хатм намудаанд. Ба инобат нагирифтани ин аносир бисёр хатарнок аст. Вақте ки идеологияи ифротӣ ва террористӣ бидуни марз ва назорат тавассути муҳассилини хатмнамудаи кишварҳои хориҷӣ вориди муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ, динии кишвар ва ҳар хонавода мегардад, дигар чӣ хубиеро интизор бояд шуд? Дар муддати начандон тӯлонӣ метавонад сафи ифротгароёни хуфияро дар ҷомеа зиёд намояд. Онҳо фурсати муносибро интизоранд, то битавонанд бо созмондиҳандгони “Хилофати Бузург” ҳамроҳ шаванд. Дар ин самт мақомоти дахлдор аз рӯи виҷдон ва касбияташон алайҳи хиёнаткорҳои дурӯя ва мунофиқ даст ба гиребонанд. Афроди такфирӣ ва ифротиро аз Миср, Федератсияи Россия, Туркия ва дигар кишварҳо дастгир намуда, муҷозот менамоянд. Мутаассифона, Шӯрои уламо ва Маркази исломӣ то имрӯз натавониста, ки руҳониёни боэҳтиром ва уламои маъруфи кишварро дар атрофи худ ҷамъ намуда, пуржаҳои имонӣ ва исломиро айлаҳи ифротгароӣ ва муздурони ташкилотҳои террористӣ ба таври лозима равона созад. Ковокиҳо ва шикофиҳои эътимодӣ дар байни руҳониёни кишвар ошкоро дида мешавад. Дар ин замина ҷавонони тоҷик низ ба чанд гуруҳи эътиқодӣ ҷудо гашта, дар сагари сангкӯбии якдигар қарор доранд. Ин омил барои ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот хатарзо мебошад. Ба фикри банда, яке аз рисолатҳои асосии Шӯрои уламо ба ҳам овардани зеҳнҳои ҳушманду ватандӯсти руҳоният аст. Руҳоният бояд бедору ҳушманд бошанд, зеро амният ва тозгии мазҳаб аз онҳо бастагӣ дорад. Руҳоният бояд дар сангари муқовимати иттилоотӣ ва ақидавӣ алайҳи ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ қарор дошта бошанд. Мутаассифона, ин омил ва ангезаи мусбат дар руҳонияти мо анқариб дида намешавад. Домулло Абдураҳим - собиқ сархатиби масҷиди Қазоқон, домулло Маъруфи Элокӣ бояд дар садри Шӯрои уламо бошанд, зеро онҳо дар байни аҳолӣ ҳамчун олиму донишманди ҳанафӣ шинохта мешаванд ва метавонанд алайҳи ҳама аъзои тундрави шабакаҳои террористии фаромиллӣ муқовимати илмӣ ва динӣ намоянд. Мутаассифона, дигар ин ду нафар чеҳраи шинохтаи мазҳабӣ суқут ва сукут кардаанд ва майдони даъвату таблиғ барои душманони мазҳаби ҳанафӣ, аз ҷумла ифротгароён ва дастгоҳҳои иттилоотии онҳо фарох гаштааст. Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ, домулло Маъруфи Элокӣ то лаҳзаҳое, ки дар масҷид сархатиб буданд, пайваста аз гуруҳҳои ифротӣ ва хатару таҳдидҳои онҳо бо зеботарин шеваҳои илмии динӣ интиқод мекарданд. Мутаассифона, ин ду домуллои ҳанафӣ айни замон аз вазифаи сархатибӣ барканор гашта, дигар уламое нест, ки бар зидди гуруҳҳои ифротӣ ва размандагони террористии салафия муқовимати ақидавӣ намояд. Танҳо домулло Ҳикматуллоҳи Қаротегинӣ аст, ки алайҳи наҳзатҳои такфирӣ ва ҷараёнҳои ифротӣ китобҳои динӣ навишта, мактаби ирфон ва тасаввуфро зинда нигоҳ доштааст.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯзҳо муздурон ва гумоштаҳои ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” ва салафиҳои халифапарасти иғвогар бо ҳар васила ва усул талош доранд адабиёт ва осори ирфону тасаввуфро бидъату ширк, хурофоту куфр ва доншмандони аҳли ирфон ва тасаввуфро террористу экстремист дар байни ҷомеа муаррифӣ намоянд.

Яке аз рисолат ва вазифаҳои ниҳоии гуруҳҳои экстремистии салафия ва дигар размандагони бераҳм, ки дар пайи таъсиси “Хилофати Бузург” ва густариши исломи инқилобӣ-ҷиҳодӣ ҳастанд, террор ва нест намудани аҳли тариқат ва осори илмию фарҳангии пешвоёни тариқати “Нақшбандия” ва “Қодирия” мебошад. Набояд талбисот ва дасисаҳои дастгоҳҳои ифротӣ ва гумоштаҳои онҳо дар кишвари азизамон амалӣ гарданд, илло барои рушд ва густариши идеологияи маргзои ифротӣ ва такфирӣ монеаи дигар боқӣ намемонад.

Тоифаи маккоре, ки дар либоси “дӯст” ва “олим” идеяи зидди ирфонӣ ва зидди тасаввуфро ташвиқу таблиғ менамоянд, яқинан аз муздурон ва гумоштаҳои ташкилотҳои террористӣ-ифротӣ мебошанд. Набояд ба идея ва шиорҳои тумтароқи онҳо дар мавриди экстремистӣ эълон кардани ирфон ва тасаввуф такя намуд, балки сазовор аст, ки сирру асрори чунин муздурони ифротӣ ва ағёрҳои осори тоҷикиро тавассути дастгоҳҳои хабарӣ дар байни омма фош ва маҳкум намуд.

Дигар аз рисолатҳои инқилобӣ ва вазифаҳои ҷиҳодии аъзои тундрав ва ифротӣ аз байн бурдани ҷашну идҳои миллӣ ва суннатии исломи анъанавӣ мебошад. Онҳо иди Наврӯз ва Меҳргонро қабул надоранд ва онро ҳаром меҳисобанд. Идгардакро дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон бидъат ва ширк ҳукм карда, талош доранд, ки дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ идгардакро ҳамчун расми талбандагӣ, гадоӣ ва одати лӯлиёни Ҳиндустон муаррифӣ намоянд. Муллоҳои бесавод ва бехабар аз осори исломи анъанавӣ фаромӯш сохтаанд, ки мардуми бофарҳанг ва бомаданияти тоҷик дар рӯзҳои иди Наврӯз низ идгардак намуда, ба якдигар гули сиёҳгӯш ва бобуна тақдим мекунанд. Худоӣ ва дарвешона намуда, меҳмонон ва ҳозиринро ройгон обу таъом медиҳанд. Идгардакҳои исломӣ ва миллӣ омили муттаҳидкунанда, ҷанбаи дӯстию бародарӣ доранд. Дар ин рӯзҳои муборак кӯдакон аз сидқи дил шодию хуррамӣ мекунанд. Нафароне, ки бо ҳам кинаву адоват, кудурат ва душманӣ доранд, якдигарро ба хотири ид мебахшанд. Ба хонаҳои якдигар рафта, дуову фотиҳа мехонанд. Ба хотири идгардак дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон оростани дастурхон ҳаргиз исрофкорӣ ва бегонпарастӣ нест. Бегонапарастӣ он аст, ки расму оинҳои миллии тоҷикиро хурофот, бидъат ва номашруъ ҳукм намудаанд. Мақсад аз оростани дастурхони маънавӣ сухани накӯ гуфтан, аз гузаштагон ба некӣ ёд кардан, гуноҳи якдигарро бахшидан, дасту забонро аз корҳои шар ва номашруъ нигоҳ доштан ва фаҳмондани фарзу суннат ва шинохти ҳарому ҳалол мебошад. Аз ин ҷост, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: «Дар рӯзҳои ид оростани “дастурхони маънавӣ” хайр ва баракат аст».

Модарон ва хоҳарони азиз ба хотири хушнудии Худо, арвоҳон ва фарзандони худ, хешу табор, ёру дӯстон, ҳамсоягон дар рӯзҳои ид кулча, орзуқ ва таъомҳои болаззат омода намуда, хайр менамоянд. Мо мутмаинем, ки мусалмонҳои азиз ҳаргиз ба исрофкорӣ дар рӯзҳои идҳои исломӣ роҳ намедиҳанд, зеро исроф ва исрофкорӣ хилофи таълимоти исломӣ аст. Кӯмак расонидан ба фақирону ятимон, камбизоатону муҳтоҷон вазифаи ҳар фарди соҳибақл ва бохирад аст.

Гуруҳҳои дар камин нишастаи ифротӣ барои барҳам задани расму оинҳои исломи анъанавӣ ва идҳои суннатии тоҷикӣ иддао доранд, ки “дар ислом идгардак вуҷуд надорад. Дар тарбия ва шуури ноболиғон характери талбандагӣ ва гадоиро ба вуҷуд меоранд...”. Албатта, ин иддаои онҳо аз нигоҳи шариъат ботил ва аз нигоҳи равоншиносӣ беасосу нодуруст мебошад. Уламои маъруфи исломии Тоҷикистон ва падарону модарони мо ҳама мусалмони ҳанафимазҳаб буданд ва ҳастанд, ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон идгардак мекарданд. Онҳо ҷӯгӣ ва гадо нашуданд. Идгардак карданро ҳарому номашруъ ҳукм накарданд. Ба Ватану миллат, хотираи таърихӣ, осору муқаддасоти миллӣ ва мазҳабу фарҳанг хиёнат накарданд ва бар зидди ҳукумат исён наварзиданд.

Ба муҷарради наҳзатҳои ифротгароӣ ва афзудани шумораи аъзои тундрави Иттиҳодияи экстремистии салафия идгардакҳои тоҷикӣ ва исломи анъанавӣ бидъат ва ҳаром эълон гашта истодаанд. Набояд хурсандӣ ва шодии кӯдаконро дар рӯзҳои идгардак барҳам зад ва онҳоро лӯлию талбанда хонд. Лӯлию гадо хондани фарзандони мусалмон дар рӯзи идҳои миллӣ ва исломӣ нишонаи барҷастаи ифротгароӣ буда, набояд ба оташи ифротгароёни дар камин нишаста ҳезуми хушк андозем.

Мутмаинам, ки ифротгароёни Халифапараст пас аз барҳам задани идгардакҳои миллию исломӣ рафтан ба қабристон, зиёрати оромгоҳи падару модар, бародару хоҳар ва хешту таборҳоро бидъат ва хондани Қуръонро сари гӯри фавтидагон ширк ва ҳаром ҳукм менамоянд.

Ислоҳоти салафия аз ҳамин нуктаҳои ёдшуда иборат буда, онҳо пас аз барканорукунии монеаҳои рушди иделогияҳои моҷароҷӯёнаашон мусалмононро ба ҷангу ҷиҳод, ғасби ҳокимият, таъсиси пояҳои исломи инқилобӣ ва Хилофат даъват менамоянд. Гуруҳҳои ифротӣ ва такфирӣ чунин сенария ва метадологияҳоро дар Сурия ва Ироқ истифода намуда, ҳазорон инсонҳои бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Набояд бо дасти худ ба гургтозиҳо ва чингизтозиҳои гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар муҳити сиёсӣ-ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва динии Тоҷикистони азиз заминаи идеолужӣ ва ақидавӣ муҳайё намоем.

Дар пасманзари барҳам задани идгардакҳои тоҷикию исломи анъанавӣ фитнаҳои бузурги ҷараёнҳои ифротию такфирӣ ва барномаҳои тарроҳӣ гаштаи душманони давлатдории миллӣ нуҳуфтааст. Душман зиракона фаъолият дорад. Луқма мепартояд, то сайдро зинда бигирад. Сипас бо арраву табарзинҳои ҷаллодонаш сар мебурад ё зинда ба зинда пӯст мекунад.

Тинҷию амният, пешрафт ва ободии кишвари азизамон таъби душманро хира ва иштиҳои қозгирии масабталабони дар камин нишастаи ифротиро талх намудааст. Онҳо аз ҳар дарича ба фарзандони баруманд ва фарзонаи миллат ҷанги иттилоотӣ ва ақидавиро дар шабакаҳои фарокишварӣ ва фаромиллӣ тақвият бахшиданд. Мутаассифона, дастгоҳи муқовиматкунандаи иттилоотӣ то ҳанӯз алайҳи ифротгароёни Халифапарасти “Давлати исломӣ” вуҷуд надорад. Хомӯш ва заиф шудани чароғи даъват ва таблиғоти фарҳанг ва маорифи ҳанафӣ аз ҷониби руҳониён мушкилзоӣ ва заминасозӣ барои ифротгароӣ ва тақвиятёбии пуржаҳои ҷангиёни ҷиҳодӣ мебошаду халос. Бояд аз хазинаҳои маорифи мазҳабӣ дар муқовимати иттилоотӣ алайҳи муздурон ва хоинҳои ватанфурӯш ва ифротгароёни иғвоандоз истифода кард.

Дигар аз омилҳои пайдоиши ифротгароӣ ва хушунат аз ҷониби диндорон пеш аз ҳама ба иззати нафс, имон ва муқаддасоти онҳо чун намозу рӯза, ҳаҷу закот, Қуръону суннат, масҷиду мадорис ва Паёмбар (с), саҳобагон ва пешвоёни мазоҳиб таҳқир, иҳонат, ситам ва беҳурматӣ раво дидан аст. Аз ин лиҳоз, дар муносибат ба муқаддасоти имонии аҳли ислом ва пайравони дигар адён боэҳтиёт бояд буд. Нисбат ба онҳо эҳтиром ва иззат бояд гузошт. Попу саркоҳинҳои ғайруллоҳ дар канори давлату миллати худанд. Содиқ ба ватан ва раҳбари сиёсии кишваранд. Мутаассифона, бисёре аз руҳониёни тоҷик сиёсатро дарк намекунанд, намедонанд. Аз ҳамин сабаб, сиёсатҳои ғалати бегона ва афкору идеолужии бегонапарастиро беҳтар аз худ меҳисобанд.

Пас аз решадавонии идеологияи ифротии ифротгароёни тундрав ячейкаҳои табилиғотии салафия дар шакли масҷиди “Зирор” бисёр гардид. Масҷидҳои “Зирор”-и ифротгароён моҳияти ибодатӣ ва исломӣ надоранд. Онҳо манбаи ифротгароӣ ва фитнаангезӣ дошта, ба дастгоҳи табилоғотии муздурони такфирӣ мубаддал гашта буданд. Густариш ва зидёшавии ячейкаҳои ифротгароӣ бо номи масҷидҳои “Зирор”-ро дар Тоҷикистон гирифтан айни бақои суботи мазҳабӣ ва амнияти кишвардорӣ гардид.

Ҳадаф аз масҷиди “Зирор” фиреб намудани мусалмонон ва мавқеи ҷамъшавии мунофиқон барои эҷоди тафриқа, низоъ ва дасисакорӣ аст. Мунофиқону ифротгарён дар замони зуҳури ислом масҷиде бунёд намуданд бо номи “Зирор” ва аз минбари ин масҷид бар хилофи Қуръону суннат мавъизаҳо менамуданд. Бо ин равиш умед доштанд, дар дили мардуми имоноварда тухми нифоқ ва шакку тардид эҷод намоянд, то битавонанд исбот созанд, ки Муҳаммад (с) козиб ва дуруғгӯйӣ аст. Паёмбари Худо аз фикру андеша ва тавтиъаҳои ифротгароёни мунофиқ огоҳ гашта, дар он масҷид намоз хонданро манъ кард.

Айни замон мушоҳида мегардад, ки натанҳо аз ҷониби ифротгароёни масеҳӣ ва католикӣ ба муқаддасоти исломӣ таҳқир ва туҳмат баста мегардад ва онҳоро тахриб ва оташ мезананд. Балки иддае аз мусалмонҳои бехабар аз илму ҳикмат, таърих, тамаддун, қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии ватанӣ ва байналхалқӣ ҳуқуқ ва озодиҳои мусалмонони азизро поймол мекунанд. Дигаре аз доираи ваколат ва салоҳиятҳои хизматӣ берун баромада, барои ифротгароӣ ва тақвиятёбии аносири он хизмати хирсона менамояд. Ҳамчуноне, ки намояндаи шуъбаи танзими ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ вориди масҷид гашта, бо алфози қабеҳ аҳли масҷидро дашному ҳақорат менамояд. Айни замон навори дашномкунии ин масъули бахши танзим дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет даҳҳо маротиба табъу нашр гаштааст, ки иддае ба сӯи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон аз дохилу хориҷи кишвар санги маломат мезананд. Чунин муносибати бехирадона аз ҷониби гумроҳе ба муқаддасоти дини мубини ислом ниҳодҳои давлатиро бадному доғдор месозад, балки ҷанбаи дигари ифротгароӣ мегардад.

Дар муносибат бо пӯшиши либоси исломӣ мутахассисон ва пешвоёни дин бояд тавассути оинаи нилгун ва дар вохӯриҳо бо аҳолӣ фикру андешаи диниро дар асоси меъёр ва талаботи мазҳаби ҳанафӣ баён ва ташреҳ намоянд. Либоси тоҷикӣ беҳтарин навъи сатр ва ҳиҷоби исломӣ аст. Тарроҳон ва дизайнерҳое, ки ба дӯхтани либоси тоҷикӣ машғул мешаванд, бояд дорои афкори миллӣ ва ҷаҳонбинии тоҷикӣ-мусалмонӣ бошанд. Дар дигар сурат бегонапарастӣ ва ифротгароӣ дар пӯшиши либосҳои ба тоҷикон хос набуда афзоиш меёбад.

Дар ҳолати ҷаҳоншавӣ ва бархӯрди қудратҳои зӯри ҷаҳонӣ ҳифзи нангу номуси тоҷикӣ-мусалмонӣ ва тозагии фарҳанг, забон, таърих, либос, мероси илмию динӣ ва суботу амнияти давлатдории миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд ва сокини Тоҷикистон аст. Сатру ҳиҷоб барои ҳифзи тан аз гармову сармо ва чашми номаҳрамон барои ҳар фарди мусалмон новобаста аз ҷинсият амри Худованд аст. Метавон ин амри Худовандро бо пӯшидани либоси форам ва зебои тоҷикӣ амалӣ намуд. Ононе, ки мехоҳанд аз ин фурсат истифода намуда, бори дигар “корнамоиҳо”-и “Духтари оташ”-ро алайҳи дини мубини ислом эҳё ва такрор намоянд, бисёр хато мекунанд, балки чунин “калтакдорони сурх” барои тақвиятёбӣ ва рушди ифротгароӣ ва пурзӯр гардидани дасисакориҳои шабакаҳои террористии фарокишварӣ бистари мулоим муҳайё месозанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бегонапарастӣ таъкид доштанд, ки мисли “момаву бобоҳоятон” либоси тоҷикӣ пӯшед. Ин ишорат ва башорат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сухангӯии Президенти муҳтарам бар зидди либоспӯшии исломӣ нест. Дар ин ҷода ба тафриту ифрот набояд роҳ дода шавад. Ҳадди ақал ононе, ки барои корҳои фаҳмондадеҳӣ сафарбар мегарданд, худ либоси тоҷикӣ пӯшанд. Боварӣ ва эътиқоди мардумро аз худ ҳамчун зан ва бонуи тоҷик дур насозанд, ин омили муҳим ба фоидаи миллат ва давлат аст.

Ҳамакнун дарёфтем, ки ҳамагуна ифротгароӣ манбаъи хатар ва даҳшатзоӣ буда, набояд ба он роҳ дода шавад. Дини мубини ислом қатъиян муқобили ифротгароӣ, хушунат, қатлу куштор буда, ваҳии Илоҳӣ, муждаи Фариштаи Амин, рисолати инсонии Паёмбари Худо ва манбаи сулҳ, тадаббур, тафаккур, андеша, илм ва ибодат аст. Паёмбари Худо (с) дар ҳама шакл ифротгароӣ ва хушунатро маҳкум намудааст: “Агар ду мусалмон бо шамшерҳояшон рӯ ба рӯ шаванд, қотил ва мақтул сазовори оташи дӯзаханд. Зеро ҳарду бар куштани якдигар омода гаштаанд”. (Ривояти Имом Бухорӣ).

Гуруҳҳои ифротӣ ва интиҳориҳои маргталаби салафия бошанд, дидаву дониста ҳазорон фарсахро тай ва марзҳоро убур намуда, ба Сурия ва Ироқ мусалмонкушӣ мераванд. Худро дар асоси ҷаҳонбинӣ ва методҳои зидди исломӣ дар масҷиду ибодтгоҳҳо метрконанд, садҳо намозхону аҳли қибларо мекушанд. Зану фарзандони худро ба дасти зархаридони террорист ва дастгоҳҳои экстремистӣ месупоранд. Тамоми маводҳои тарканда ва силоҳу муҳимоти размандагони ифротӣ маҳсули фикрӣ ва истеҳсоли корхонаҳои ғайриисломӣ аст, барои қатлу куштори мусалмонон ва барои вайрону ҷазир намудани кишварҳои мусалмоннишин истифода мешаванд.

Рахнаэҷодкунӣ ба боварҳо ва эътиқодоти имонии мардуми мусалмони тоҷик аз ҷониби як гуруҳ зартуштгароёни ифротӣ, ки худи онҳо бехабар аз оини зартуштӣ ҳастанд, дар фазои иҷтмоии интернет ва хабарии омма ҷанбаи дигари ифротгроӣ ва тақвиятёбии ифротгароӣ буда, дар ҳолати густариш қарор дорад. Бояд Шӯрои уламои исломӣ сари ин масъала дуруст биандешад ва пеши роҳи фитнаи оммро оқилона бигирад.

Ифротгароёни зартуштгаро дидаву дониста, муқаддасоти ислом ва азизони Худоро масхара ва тавҳин менамоянд. Аз фарди тундравӣ мағзобаи бинӣ ва оби даҳон ба рӯи номи Паёмбари Худо, саҳобагон, аҳли байт, Қуръону аҳодис ва қиссаву ривоятҳои исломӣ меафшонанд. Зартуштгароёни ифротгаро фаромӯш кардаанд, ки аз байн бурдани исломи анъанавӣ ва расму оинҳои мардуми тоҷик аз ҷониби онҳо боиси пирӯзӣ ва дастёбии тундгароёни инқилобӣ ва ҷиҳодӣ гашта, нишоне аз онҳо нахоҳад монд. Зартушт инсони бохирад, донишманд буд. Иддае ӯро Паёмбари Худо медонанд ва иддае паёмбарии ӯро инкор мекунанд. Агар Паёмбари Худо бошад, бисёр хайру накӯ аст, агар паёмбар набудӣ, мушкиле нест. Аммо аз номи оини зартуштӣ бар зидди осори исломӣ ва бузургони дини ислом ҷанги иттилоотӣ эълон намудан нишонаи бехирадӣ аст.

Дар муҳити иттиллоотии фарокишварӣ шабакаи фитнабори “Висоли ҳақ”бо роҳбарии Муҳаммади Ансории салафия ва “Аҳли байт” бо роҳбарии Ҳасан Аллоҳёрии рофизӣ шабонарӯзӣ дар асоси барнома ва нақшаҳои тароҳӣ намудаи ташкилотҳои террористӣ ва қудратҳои манфиатдор ихтилофи суннӣ ва шиаро ташвиқу таблиғ менамоянд. Муҳаммад Ансории салафия ҷавонони Тоҷикистонро барои ҷиҳоду ҷанг ва сарнагун кардани Ҳукумти Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии он ва Ҳасан Аллоҳёрӣ мардуми шиамазҳаби Ҷумҳурии исломии Эронро барои сарнагун намудани низоми иқилоби исломии Эрон ба ҷиҳод даъват менамоянд. Муҳаммад Ансории салафия тавассути шабакаи “Висоли ҳақ” шиаҳоро кофири мутлақ меҳисобад ва Ҳасани Аллоҳёрӣ тавассути шабакаи “Аҳли байт” аҳли суннат ва ҷамоатро кофир ҳукм мекунад. Такфир ва ифрот на танҳо аз ҷониби шахсони алоҳида, балки дар сатҳи иттилооти байналмилалӣ аз ҷониби қудратҳои манфиатдор ва давлатҳои алоҳида муназзам роҳандозӣ мегардад.

Пайваста ба мушоҳида мерасад, ки бисёре аз аъзои “Гуруҳи 24” ва “Иттиҳодияи экстремистии салафия” дар шабакаи иртиҷоии “Висоли ҳақ” дар ҳамкорӣ ва мувофиқат бо М. Ансонрӣ алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мардуми тоҷикро даъват менамоянд. Муҳаммад Ансории салафия ва Ҳасан Аллоҳёрии рофизия дӯсту рафиқ ва муздурони дастгоҳҳои мустаъмиротии ғарб ва Исроил буда, аз ҷониби онҳо сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ мешаванд. Ҳар дуи ин ровӣ хиёнатпешаҳои мазҳабфурӯш ва иғвоандоз на миллат доранд ва на мазҳабу дин.

Аз ин лиҳоз, бояд ниҳодҳои динӣ, аз ҷумла масъулини Шӯрои уламо тамоми уламои тоҷикро дар атрофи худ ҷамъ намуда ва худ сарҷамъу муттаҳид шаванд. Ғаразҳои шахсӣ ва қавмии худро дар канор гузошта, барои ба гуруҳҳои ба ҳам зид тақсимшавии ҷавонони азизи тоҷик ва шомилшавии онҳо ба ташклотҳои террористӣ ва экстремистӣ монеаи имонӣ ва исломӣ муҳайё намоянд. Агар муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ дар байни уламои тоҷик ва эҳтиром ба якдигар вуҷуд надошта бошад, баъид нест, ки мазҳаби ҳанафӣ дар кишвар мавқеъ ва ҷойгоҳи худро аз даст медиҳад. Ҷойгоҳ ва мавқеи исломи анъанавӣ ва муътадили ҳанафиро равияҳои тундрав ва такфирӣ ғасб менамоянд. Маҳшавии мазҳаби ҳанафӣ дар кишвари ҳанафимазҳабон гуноҳи нобахшиданӣ ва ҷурми бузург аст. Уламои ҳанафӣ бо донишмандони исмолия ҳамдаст шуда, бояд аз амният ва оромиши муҳити динии кишвар ҳимоят намоянд. Равобит ва ҳамдилӣ беҳтарин неъмати Худованд аст.

Ҳадди ақал дар як моҳ домулло Ҳикматуллоҳи қаротегинӣ ва дигар уламоро, ки аз донишмандони ирфонӣ ва пурқуввати мазҳабӣ мебошанд, бояд ба Маркази исломӣ даъват намоянд, то онҳо ба ҳамаи уламо ва сархатибҳои масоҷид маслиҳату машварат диҳанд. Чаро Шӯрои уламо аз чунин руҳониёни ҳанафимазҳаб ва шайхони ирфонӣ, ки айни замон дар ҳаёт ҳастанд, истифода намебарад? Рози нокушодаи ин муаммо то ҳол бароям муаммо аст. Ҷавонони саодатманд дӯст доранд панди пири доноро. (Лисону-л-ғайб, Ҳофиз).

Такфир, ифрот, ихтилоф ва фитна бадтарин, муаассиртарин ва хатаронктарин усули вербовка буда, имрӯз аз ин омили даҳшатафкан тамоми дастгоҳ ва ташкилотҳои террористӣ босамар истифода доранд. Барои шинохти аносир ва аҳкоми такфир ва ифрот лозим аст, ки дар шакли алоҳида ва мақолаи дигар барномаи маргзои “Ислоҳоти фикрии салафия”-ро манзури хонандаи азиз намоям. Зеро дар доираи як мақолаи таҳлилӣ баён намудани он хонандаи азизро хаста мегардонад.

Ҳадафи ихтилофангезӣ ва мақсади меҳварии ҳаракатҳои ифротгароёни ҷиҳодӣ ва дастгоҳҳои таблиғотии онҳо барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва пуржаҳои давлатдорӣ аст. Онҳо ҳеҷ иртибот ва ҳамбастагӣ ба дини мубини ислом ва муқаддасоти он надоранд.

Шаҳри Аррақаи Сурия ва Мусили Ироқ, ки маркази асосии ДИИШ буд, айни замон аз зархаридони биёбонӣ ва салафиҳои Халифапараст озод гардидааст. Давлату кишварҳои олам хатар ва даҳшатҳои ифротгароёни интиҳорию такфириро хуб шинохтанд. Намегузоранд, ки ғуладингҳои халифапарасти ифротӣ ва халтаришҳои интиҳорӣ субот ва амниятро осебпазир ва ноором созанд.

Ба ҷои охирсухан мегӯям: Як бонуи донишҷӯи Бадахшонӣ аз ман суол кард, «чаро моро ба хотири шиаи исмолия будан дар саҳифаҳои интернетӣ ва гоҳо матбуоти даврӣ кофиру мушрик гуфта, куштан ва рехтани хуни моро ҳалол медананд? Мо аз ин раванд сахт нигаронем. Кай пеши ин раванди хатарнок ва даҳшатовар гирифта мешавад?». Гуфтам: «Хоҳари азизи бадахшӣ! Мо мусалмонони ҳанафии кишвар нисбат ба шумо эҳтиром дорем. Дар байни ҳанафиҳо ва исмолиҳо то имрӯз ягон муноқишаи ақидавӣ ва мазҳабӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамаи мо дар муҳити дӯстона ва бародарона зиндагӣ мекунем. Ба ҳам хешу табор ҳастем. Аммо баъзе воизони салафӣ ва муфтиҳои фурӯхташудаи ифротӣ оромӣ ва амнияти кишварро намехоҳанд. Ин тоифаи ихтилофадоз назди уламо ва мусалмонони ҳанафимазҳаби тоҷик ҳеҷ арзиш надоранд. Шиорҳои ихтилофӣ ва нифоқ сар медиҳанд, аммо ин авбошони хиёнатпеша ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои сиёҳи худ намерасанд. Дӯстӣ ва хешу табории аҳли суннат ва ҷамоати тоҷик бо бародрони исмоилияи бадахшӣ пояндаву ҷовид боқӣ хоҳад монд».

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

(Сайидои Насафӣ)

Ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ алайҳи халқи Худо ҷанг намуданд, хуни бегуноҳон рехтанд, шаҳрҳои ободро хароб сохтанд. Аммо муваффақ нагаштанд, ки мардумро нест созанд, мудирият ва қудратро дар даст гиранд. Ҳукумати террористии ДИИШ завол ёфт. Ҳамакнун мисли Заҳҳоки золим ва Язиди бадсиришт тири дуои мазлумон болу пар ва синаи ононро сӯрох намуда, дар ҳолати ҷон кандан қарор доранд.

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ,

коршиноси амнияти динии Осиёи Миёна

Тағйироти охир Чоршанбе, 25 Октябр 2017 18:19
Хонданд 645
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.