.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

7 соли зиндон барои тарғиби «Салафия»

Окт 21, 2017 Диданд: 423
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб як сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадониро бо иттиҳоми узвият дар равияи «Салафия» (ташкилоти фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) равонаи зиндон намуд.

Обидов Фаррух Саломович, соли таваллудаш 8-уми августи 1989, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Панҷоб, деҳаи Сайроб мебошад. Миллаташ тоҷик, оиладор соҳиби се фарзанд, нусхаи фикри айбдориро 13.03.2017 гирифтааст. Номбурда бо моддаҳои 307, 3 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне мансуб ба террористи ифротгароӣ бо моддаҳои пешбинишуда аз 09.01.2017 дар ҳабс мебошад.
Тавре Изатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи июли соли 2017 иттилоъ дод: «Обидов Фаррух Саломович дидаву дониста, ки 8-уми декабри соли 2014 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон равияи динии «Салафия» дар ҶТ иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст ва 14-уми апрели соли 2015 мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Давлати Исломӣ» ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, сомонаи интернетии он баста шуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷкистон воридоти паҳни аудиосабтҳо, видионаворҳо ва адабиёту варақаҳои ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) манъ гардидааст, ҷиҳати давом додан ва аз нав оғоз намудани фаъолияти ғайриқонунии манъшудаи иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и равияи динии «Салафия» дар чунин ҳолатҳо фаъолияти пинҳонии экстремистӣ (ифротгаронааш)-ро ба роҳ мондааст. Обидов Ф. С. бархилофи талаботҳои ин ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади ташкили фаъолияти ғайриқонунии иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и равияи динии «Салафия» ва ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» ба давом додан ва аз нав оғоз намудани ингуна фаъолият машғул шудааст. Номбурда соли 2012 ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш дар сомонаи интернетии «Одноклассники» бо номи «Фарух Обидов» суроғаи электронӣ созмон дода, то лаҳзаи дастгиршавиаш дар ин шабака ба гуруҳҳои «Ҳадисҳо ва Маъвизаҳои Исломӣ», «ГРУППА ДОНБАСС», «Шеърҳои Исломӣ», «Худованд дунёву охиратамро обод кун», «Ҳадисҳои Паёмбар с.а.в» ва «Шеърҳои Исломӣ», «Устоди уламои Тоҷикистон Домулло Муҳаммадӣ», «Ислам», «Намаз как, принять Ислам, об Исламе» ва ғайраҳо аъзо шудааст, ки қисмате аз ин гуруҳҳо тарғибкунандаи ақидаю фуруотҳои динии иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и равияи динии «Салафия» ва ташкилоти экстремистӣ - террористии «Давлати Исломӣ» (Ироқу Шом) мебошанд».
Ба иттилои ин манбаъ, равияи динии «Салафия» дар ҳудуди Тоҷикистон равияи ифротгароӣ дониста шуда, 8-уми январи соли 2009 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ ғайриқонунӣ эътироф ва манъ карда шудааст. Дар ин бора Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми декабри соли 2014 равияи динии «Салафия»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи экстремистӣ-ифротгароӣ эътироф карда ва сомонаҳои интернетии он чун воситаҳои ахборӣ омма баста шудааст.
Номбурда дар идомаи суҳбаташ афзуд: «Обидов Ф. С. бо ҳамин мақсадҳо бо истифода аз телефони мобилии тамғаи «НТС» аз лентаи суроғаи электрониаш дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» сабтҳои видеоии аъзои ташкилоти экстремистӣ - террористии «Далати Исломӣ» Гулмурод Ҳалимов, Назаров Нусрат бо тахаллуси «Фурқони Фаластин» ва Абу Муҳаммадро ба телефони мобилиаш сабт намуда, ин сабтҳоро дар хотираи телефони мобилиаш нигоҳ дошта, моҳи декабри соли 2016 дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тариқи барномаи «Шареит» ба телефони мобилии Валиев Билол Устоевич гузаронида, ба Сафаров Суҳроб Раҳматуллоевич ва Наимов Шарифҷон Давлаталиевич намоиш додааст. Ғайр аз ин, Обидов Ф. С. бо мақсадҳои давом додан ва аз нав оғоз намудани фаъолияти ғайриқонунии иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и равияи динии «Салафия» моҳи сентябри соли 2016 дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ бо истифода аз телефони мобилии тамғаи «НТС» дар сомонаи интернетии «Одноклассники» китоби электронии хусусияти динӣ доштаи «Дастури роҳи рост» (муаллифаш Ҳоҷӣ Абдуҷамил Юсуфӣ)-ро ҷустуҷӯ ва пайдо намуда, ба хотираи телефони мобилиаш нигоҳ дошта, мутолиа кардааст. Санаи 6-уми январи соли 2017 ҳангоми азназаргузаронии телефони мобилии тамғаи «НТС»-и Обидов Ф. С. аз хотироташ китоби электронии динии «Дастури роҳи рост» ёфта гирифта шудааст. Мувофиқи хулосаи мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26 аз 22.02.2017 иқтибосҳои дар ташхис аз китоби «Дастури роҳи рост» овардашудаи мазкур фикру ақидаҳои мансуб ба равияи ифротгароии «Салафия» мебошад».
Судшаванда Обидов Ф. С. дар маҷлиси судӣ изҳор кардааст, ки бо айби ба ӯ эълонкардашуда худашро пурра гунаҳгор шуморида, қайд намудааст, ки ӯ аз моҳи сентябри соли 2012 то лаҳзаи дастгиршавиаш мунтазам аз сомонаҳои интернетӣ истифода мебурдааст. Ба Обидов Фаррух Саломович бо моддаи 307, 3 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғол ё машғул шудан ба фаъолияти динӣ ба муҳлати ду сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шавад. Ба ҳамин монанд Суди вилояти Хатлон 4 нафар аз сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо моддаи 307, 3 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташон ҳукм қабул намудааст.
Маҳкум ба зиндон шудани баъзе сокинони Тоҷикистон дар иртибот ба ифротгароӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли 2016 «Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм»-ро барои панҷ соли оянда қабул кард. Бар асоси ин дурнамо, ки аз ҷониби Додситонии кулл ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон таҳия шудааст, дар кишвар бояд Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм таъсис ёбад.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Тағйироти охир Шанбе, 21 Октябр 2017 15:40
Хонданд 423
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.