.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Маърифатмандӣ омили асосии амнияти давлат

Сен 02, 2017 Диданд: 584
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

(Андешаҳо атрофи мақолаи С. Ятимов - «Илм ва амният», «Фараж», №23 (549), аз 7-уми июни соли 2017)

Баррасию таҳлил ва хулосаю натиҷагирӣ аз воқеаҳову ҳодисоти даҳшатангези замони муосир, ки бо хусусиятҳои объективию субъективӣ, моҳияти зуҳури худ ва табиати паҳн гардидану доман заданаш дар кишварҳои Араб, Осиёи Наздик, Сурия, Ироқ, Афғонистон, Либия ва монанди ин фоҷеаҳои гӯшношунид ва даҳшатҳои тасаввурнопазирро ба бор овардааст, аз ҷиҳати илмию назариявӣ амали саҳлу осон ва сарироҳие нест. Мӯшикофонаю дақиқназарона сар фурӯ бурдан ба умқу паҳнои сар задану густариш ёфтани ин ҳодисоти нангину хунин, марҳала ба марҳала ба гунаи муваққатӣ ҳам бошад, таҳкиму тақвият ёфтан ва ҷонибдору пуштибон ва ҳомию сарпараст пайдо кардани сарварони ҳаракату созмонҳои тундгарою ифротӣ, давлати ба ном исломии Шому Ироқ ва гурӯҳҳову дастаҳои саропо мусаллаҳи иртиҷоии террористию экстремистӣ ва ошкору бармало намудани самту сӯй ва аҳдофи бағоят нопоку хатарноки ин гурӯҳҳо аз ҷониби донишманди шоиставу некназар С. Ятимов дар мақолаи «Илм ва амният» басо ҷолиб, пурмуҳтаво ва саривақтист.
Ба андешаи мо, имрӯз маҳз ковишҳою пажӯҳишҳои илмие дар қиболи зуҳури чунин падидаҳои фалокатзою зиддибашарӣ, амсоли пайдоиш ва амалиётҳои ҷангии инсонкӯши ДОИШ, заминаҳои арзи вуҷуд кардани гурӯҳҳову созмонҳои иртиҷоӣ ва манфиатхоҳии давлатҳои абарқудрат дар ин минтақаҳои ҷангзада бисёр зарур мебошанд. Ҳушдору огоҳӣ додан аз паёмадҳои ҳалокатбори тавсиаи ҷангу хунрезиҳо дар Шарқи Наздик, ки бо дасисаю манфиатҷӯйии нерӯҳои аҳриманӣ идома ёфта истода, муҷиби марги инсонҳои бегуноҳ ва вайрону ба харобазор табдил гардидани шаҳрҳои бузургу кӯчак, музофоту қарияҷот мегарданд, бо далоилу арқоми перостаи илмӣ дарвоқеъ, ҷанбаи ибратомӯз ва баҳри пешгирии чунин фоҷиаҳои марговар нақши сарнавиштсозу ҳалкунанда доранд. Ақидаҳои ҳидоятомези муаллифи мақола дар масъалаи амнияту ҳифз ва ҳимояи марзу буми кишвар, ба як сухан давлату миллат бо хусусиёти мушаххаснигорӣ ва тафсиру ташреҳи ҷузъиёти мафҳумҳои «Давлат ва амният», «Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ», «Омилҳои иттилоотии илм ва амният», «Манфиатҳои геополитикӣ», «Робитаҳои амиқи илм, адабиёт ва амният» дар масъалаи шинохти хатарҳои ҷаҳонии муосир ва равшану дақиқ намудани симои ботинии сарварони ҳизбу созмонҳои ифротгаро, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дурнамои амалиёту «ғояҳои ҳаётсӯзи онҳо» (агар чунин таъриф саҳеҳ бошад) волою баландмазмун ба шумор мераванд. Зимни тавсифи мафҳуми «давлат» С. Ятимов изҳор медорад, ки «Мансубияти ҳокимияти сиёсӣ дар давлат тибқи Конститутсия муайян карда мешавад. Он тақсимнашаванда аст. Ягон гурӯҳ, ҳаракати сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ дигар ин ҳуқуқ ва масъулиятро надорад. Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ - миллат ва миллатҳои қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд».
Гузашта аз ин, бояд ба таъкид тазаккур дод, ки ақоиди руҳафзои муҳаққиқи бахши амнияти кишвар перомуни маърифатмандии аҳли ҷомеа дар заминаи яке аз таъбирҳои маъруфи Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон - «Соҳаи маориф омили асосии амнияти миллист» баён гардидаанд. Аз ин хотир, мо - ба вижа омӯзгорони муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва касбию олӣ ба жарфи моҳияти масъалаи мазбур бояд расида тавонем.
Воқеан, ин баҳогузорӣ аз ҷониби муаллиф асосноку бамаврид буда, таҷрибаи кишварҳои ҷангзада бо кулли даҳшату фоҷиаҳои ба сари халқияту миллатҳо омада бозгӯйи барҳақи он аст. Он ҳама бенизомию парокандагӣ, беҳокимиятии мутлақ, бедодгарию зулми гӯшношуниди дастаҳои силоҳнок, ки ба талаю тороҷи молу амволи давлатӣ, ғорату ба яғмо бурдани сарватҳои ҷамъиятӣ ва даст ба куштори ҳаммилатони бегуноҳи худ дароз кардани ашхоси бераҳму бефарҳанг дар деҳу музофоти манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз аз он сар зад, ки амнияти давлат тақрибан аз байн рафта, мамлакат амалан ба ихтиёри сарварони аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии камхираду беаҳамият ва гурӯҳҳои ҷангҷӯйи террористию экстремистӣ гузашт. Мардуми шарифи тоҷик на танҳо аз ӯҳдаю идораи тақдири худ дур андохта шуд, балки ба воситаи бозигар ё дуруст лӯхтаки сиёсӣ ба дасти саркардагони ҷангу низоъ ва бетартибиҳои фалокатбор мубаддал гардид. Ҳосили он ҳама кашмакашу зиддият ва ҷангҳои даҳшатангези сирф манфиатхоҳонаю мансабҷӯёнаи гурӯҳу созмон ва аҳзоби аҳриманӣ он шуд, ки кишвар оғӯштаи хун гардид ва якпорчагию воҳидии қаламрави он зери хатари мудҳиши воқеии ошкоро қарор гирифт. Дигар назорати нерӯҳои яроқнок ноимкон ва идораи давлату ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳаволаи тақдир шуд. Аз ин рӯ, чунин андешаи С. Ятимов дар боби амният ва ҳимояти якпорчагии давлат ва таъмини зиндагии боамну рифоҳи мардуми заҳматкаш огоҳмандона буда, ҳушдорест баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроту ҳаводиси номатлубу музир, ки зикраш дар боло рафт.
Муаллиф мегӯяд: «Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайяни коркардшуда, аз ҷумла, таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад… Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зидди миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон».
Маълум аст, ки баҳри роҳандозии ҷангу низоъҳои тахрибкорона дар ину он мамлакат ё кишвари амну осуда (бахусус давлатҳои низомашон исломӣ) ғояву афкори зиддибашарии оташафрӯзони ин ҷангҳо ва роҳбарони созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ДОИШ ва монанди инҳо нақши ҳалкунанда ва калидӣ мебозанд. Маҳз ин гуна ақоиду афкори назарфиребона, ки дар заминаи худ ваъдаҳои дурӯғини осмонии маснӯӣ ва шаклу шеваи давлатдории «нестандарҷаҳону нодир»-ро ҷой додаанд, барои расидан ба аҳдофу мақосиди нопоку муғризонаи сардорону тарроҳони беназмиҳои мазкур, ки дар пай фалокату фоҷиаҳои башарии тасаввурнопазир доранд, фактори асосӣ ба шумор мераванд. Бубинед: ҷавонони ноогоҳу каммаърифат саҳлу осон ба доми тазвири тарғибгарону идеологҳои созмонҳову ҳаракатҳои террористию экстремистӣ меафтанд. Ваъдаҳои пучи фиребо, пулу сарвати набудаи «ҳангуфт», бунёди давлати исломии «озод» ва ҷон бохтану худро фидо кардан дар роҳи «исломи ноб» аз омилҳои ҷазбкунандаи сарварони ДОИШ ва дигар равияҳои хатарноки ба ном «исломӣ» маҳсуб меёбанд, ки аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон, ба вижа ҷамоҳири Осиёи Миёна ҷавононро ба сарзаминҳои ҷангзада, хусусан Сурия равон месозанд. Самараи талху пушаймонизои ин фидоигарию муборизаҳоро ҳар лаҳзаву ҳар соат мебинему ба мушоҳида мегирем, ки тафсиру таҳлили он зарурате надорад. Аз ин лиҳоз, истифода аз тамоми имконоти дастрас, (чун васоити фаврии иттилоърасонӣ, суханронию вохӯриҳои олимон, адибон ва мутафаккирон бо донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар, дар деҳот бо мардум, падару модарон ва ҳангоми сафарҳо ба Русия ва мулоқот бо муҳоҷирон ва ғайра) имрӯзҳо бағоят зарур буда, дар роҳи пешгирии ҷавонон дар масъалаи шомил гардидан ба сафи ДОИШ нақши мусбат хоҳанд бозид. Дар ҳар сурат, бояд дарк карду амиқан ба эътибор гирифт, ки таъсири ҳама гуна ақидаи саробомези дасисаҷӯёна ба зеҳну шуури насли ҷавон барозанда аст. Ин падидаи фалокатбор сароғози кулли даҳшату низоъҳо мебошад.
С. Ятимов барҳақ хулоса мекунад, ки «Таҳлили «нутқи хаттӣ ва даҳонӣ»-и ашхоси муайяни мавриди назар тавассути васоити электронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ-гоҳе «доди ватанхоҳӣ» мезананд, мисоли ҳамин тасаввуроти сода, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад. Онҳо ин корро саҳл шуморидаанд. Мехоҳанд ба ҳар қимате ба он даст дошта бошанд, бо тақдири миллат бозӣ кунанд. Чуноне ки боре кардаанд. Аммо пуштибонон, басаҳнагузорандагон, коргардони онҳо доноанд. Барои манфиатҳои худашон. Устодона, ҳадафмандона, тахассусмандона кор мекунанд, ки нияти хешро тавассути «ватандорон» амалӣ кунанд. Нақшаҳои террористиро ҳам. Аз лиҳози илмӣ, дар чунин ҳолат субъекти фаъол - дастандаркорон; объекти истифода - бадомафтодагон; муҳит - ба инобат гирифтани вазъи дохилии мамлакат - сарфи раҳгумзадагон; сабаб - каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, рӯҳияи бегонапарастӣ, ифротгароӣ, дурӯягӣ, адами масъулият назди Ватану Миллат; оқибат - эҳтимолияти сар задани фоҷиаи миллат».
Барои таъмини амнияти давлату миллат, чунон ки муаллиф воқеъбинона хотирнишон месозад, тафаккуру ҷаҳонбинии фарох ва донишҳои илмӣ зарур мебошад. Танҳо бо шуури пешрафта, омӯзиши бардавоми сарчашмаҳои илмию фалсафӣ, ҳосил кардани масъулияту донишҳои созгору муассиру инсонсоз аҳли ҷомеаи кунунӣ, алалҷумла, ҷавонон метавонанд ба воқеаву ҳодисоти даргири хунбор дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман…, дар маҷмӯъ, зуҳури падидаҳои маҳвсозии инсонҳо, ҳаракату рафтори заҳҳокона ва муносибати ғайриинсонии садистӣ, ба як сухан бар боди фано додани зиндагии шукуфону рангини бани башар аз ҷониби тарроҳону таҳиягарони ҷангҳову низоъҳои беохир баҳои реалии беғаразона диҳанд. Дар ин росто, хираду маърифати воло, дарку фаҳмиши баланди замонавӣ, бардоштҳои эстетикӣ ва тарбиявию ахлоқӣ аз осори адабии ҳам классикони адабиёти форсу тоҷик ва ҳам адибони прогрессивии ҷаҳонӣ ва шоиру нависандагони муосири кишвар дар масоили таҳлилию таҳқиқии падидаю равандҳои сиёсии ҷаҳон барои насли ҷавон кӯмаки бузург мерасонад. Фиребу ба дом андохтани афроди бесаводу нодон ва каммаърифату беирода, ки мутаассифона, теъдодашон дар байни ҷавон зиёд вомехӯранд, амали мушкиле нест. Аз ин дидгоҳ, чунин таъкиду таъйиди С. Ятимов қобили мулоҳиза ва дастгирию тарғиби ҳамаҷониба мебошад: «Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе онҳо (донишҳои илмӣ) ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди авозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯйии бедалели хатарнок, хурофот гашт. Аммо на ба таъмини амнияти миллат. Масъулиятнокӣ нисбати маълумоти касбӣ (информатсионӣ), бояд корманди амнияти миллиро аз ашхос ва амалҳое, ки тибқи меъёрҳои дар қонун нишондодашуда мавриди таваҷҷуҳи ӯ қарор мегиранд, фарқ кунонад».
Воқеан, андешаи фавқи таҳлилгари вазъи амниятии мамлакат С. Ятимов дар шароити феълӣ ва баъдӣ аввалтар аз ҳама ба мутахассисини соҳаи мазкур мутааллиқанд. Ба истилоҳи бадеӣ - силоҳи асосию муҳими онҳо боигарии маънавии хеш - маърифатмандии худашон аст, ки он сипарест барои давлат, аз омилҳои хатарзо.
Дар таҳкими сулҳу субот, амнияти давлату ҷамъият ҳароина, хидмати олимону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаю касбӣ бояд бузургу барҷаста бошад. Мусаллам аст, ки дар дарозои таърих маҳз ғояҳои зиндагисозу башардӯстонаи офаридаҳои илмию бадеии олимону шоирону нависандагони тоҷик баҳри тарбияи ахлоқӣ ва рӯҳию равонии мардум, шинохти фардияти эшон (яъне «Ман»-и онон), таҳаввулу такомули фаҳмишу биниши миллат, ниёз ба покии ботин, хештаншиносию худсозӣ, ғурурмандию ифтихори миллӣ, ҳифзу ҳимояти марзу буми аҷдодӣ (Ватани ориёиямон), раҳоӣ аз бунбасти ҷаҳлу хурофот, динситезии рӯҳониёни мутаассиб ва талош барои ибрози андешаҳои озодманишона, кашфиёту ихтирооти илмӣ ва бад-ин минвол, тарбияи маърифату маънавияти инсонҳо аз тарафи равшанфикрону донишмандони асру давраҳои гуногун нақши мондагор бозидаанд. Аз ин нигоҳ, рисолати созандаи адабиёт даъвати насли ҷавон ба омӯзишу соҳибмаълумот гардидан, меҳнати фидокорона ба нафъи ватану миллат, худшиносию ҳуввиятхоҳии онон, дар заминаи мушоҳидаю таҷрибаи зиндагӣ бардошт ва натиҷагирӣ аз рӯйдодҳои нангини фоҷиаангез дар кишварҳои Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман ва ғайра ва ниҳоят, дӯстию муттаҳидӣ зери парчами давлати озоду демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баҳри тарбияи инсони комил, ватандӯсту содиқ ба идеалҳои миллӣ асарҳои пурмӯҳтавои омӯзандае лозиманд, ки дар онҳо шикояту заифнокӣ, оҳангҳои рӯҳафтодагию маъюсӣ, беиродагию тарсӯӣ назди мушкилиҳову азобҳои зиндагӣ камтар ба мушоҳида расида, ҷавҳари ибратомӯзи онҳоро талошу ҷаҳд, меҳру муҳаббат ба имрӯзу фардои кишвар, ба ободкорию созандагӣ фарогир бошанд. Бесабаб нест, ки муаллиф ин нуктаро ба таври ҳакимона, хеле олӣ ифода намуда, мегӯяд:
«Барои офаридани асаре, ки мардум онро қабул мекунад, хотирмон аст, хонанда (бинанда ва шунаванда)-ро ба фикр кардан ҳидоят менамояд, ба мақсади гузоштаи нависанда (иштирокчии фаъоли системаи таъмини амнияти миллат) наздик мешавад, зарур аст, ӯ масъаларо ҷиддан, аз нуқтаи назари илмӣ дарк кунад, худ ба он идея муътақид бошад. Асари ӯ аз таҷрибаи дар тарозуи эҳсоси масъулият ва воқеият санҷидашуда сарчашма бигирад. Маълум аст, ки мубориза барои расидан ба истиқлолият ками дар кам таърихи сеҳазорсола дорад. Бузургтарин Шахсияти даҳ асри ахири Миллати тоҷик ин армонро ба қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии бемисл, азхудгузаштанҳо, хирадмандӣ, солорӣ тавонист амалӣ созад. Миллатро сарҷамъ намояд. Давлатро бунёд ва Тоҷиконро бо сари баланд ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад».
Муҳимияти ин андеша аз он иборат аст, ки дар марҳилаи басо нозуку ҳасос, ки ҳар лаҳза ҷаҳонро тағйироту дигаргуниҳои ногаҳонӣ ба ҷунбишу такон мувоҷеҳ месозад, истифодаи маккоронаи давлатҳои абарқудрати манфиатхоҳ ва сарони гурӯҳу аҳзоби тундгарои террористӣ, созмонҳои тафриқаандозу низоъбарангез ва давлати ба ном исломии Шому Ироқ аз дин ҳамчун василаи расидан ба мақсалҳои сиёҳу нопоки худ ниҳоят хатарзо ва ваҳшатангез мебошад. Ҳол он ки, дин ҳамеша рисолати тарбиявию ахлоқӣ дошта, инсонҳоро баҳри некӣ кардану сулҳу созиш даъват менамуд. Ин ки имрӯз дин ба масобаи объекти мубориза ва бароварда сохтани аҳдофи нопоки ҷангхоҳони ДОИШ шинохта шудааст, паёмадҳои манфии мӯҳлике ба ҷони инсоният, хосатан мардуми мусулмон - шаҳрвандони мамлакатҳои ҷангзада дорад. Вазифаи имонию виҷдонии ҳар як зиёию рӯшанфикри тоҷик (олимону адибон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, дар маҷмӯъ аҳли фарҳанг) ба зеҳну фаҳмиши мардум расонидани моҳияти башардӯстонаи дини ислом, аспекти сулҳгароёнаи он, дӯстию бародарӣ ва талқини ҳамзистии осоиштаи халқияту миллатҳо ба шумор меравад.
Дар хотима зикр кардан бамаврид хоҳад буд, ки тамоми афкори илмию фалсафӣ ва тарбиявии С. Ятимов танҳо ба як масъалаи воқеан ҷиддию сарнавиштсоз - ҳифзу ҳимояти дастовардҳои истиқлолият ва таъмини амнияти кишвар нигаронида шудаанд. Огоҳию ҳушдоранд, таъкиди мукарраранд ба мардуми шарифи тоҷик, хоса ба насли ҷавони худогоҳу соҳибмаърифат. Чун дар ин роҳ хидмати таърихии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидонӣ мебошад, талошу ҷоннисорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар ин ҳамоно арҷу эҳтиром гузоштан ба Сарвари давлат фаҳмида мешавад, зеро дар воқеияти аслӣ Истиқлолияти давлатӣ падидаи бебаҳост барои ҳар як миллат. Он пеш аз ҳама озодӣ аз ҷабри маънавӣ ва дар фазои осудагӣ, дар заминаи худшиносӣ, худҷӯйӣ ва худогоҳӣ огоҳонаю ҳадафмандона пайгирӣ аз асолати фарҳанги тамаддунофари хеш буда, ҷузъи аслию воқеӣ ва ҷудонопазири зиндагии шоистаи инсонҳост. Аз ин хотир, С. Ятимов дурандешона қайд мекунад, ки «Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошанд, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад».
Дарвоқеъ, ин ҳақиқати бебаҳоест, ки кайҳо боз эътироф гардидааст.

Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,
Меҳриддин ҒИЁСИЕВ,
мудири кафедраи педагогика ва психологияи ДҶТИБКСМ

Тағйироти охир Шанбе, 02 Сентябр 2017 14:49
Хонданд 584
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.