.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Ҳукми қатл ва ё ҳабси абадӣ?

Сен 22, 2018 Хонданд: 454
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Ҳукми қатл ва ё ҳабси абадӣ?

Тӯли чанд соли охир масъалаи ифротгароӣ, ки боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ гаштааст, омили асосии пайдошавии «сиёсати зиддитеррористӣ» дар Тоҷикистон гардидааст. Қонунгузории кишвар нисбати нафароне ба ифротгароӣ даст мезанад ҷазо пешбинӣ кардааст. Кодеси ҷиноятии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати содиршани чунин ҷиноят ҳукми қатлро низ ҳамчун ҷазо пешибинӣ мекунад. Вале то ҳоли ҳозир дар доираи ӯҳдадориҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон моратория амал мекунад, ки тибқӣ он нафарони ба ин навъи ҷиноят дастзада ба ҳабси абадӣ маҳкум мешаванд. Тибқӣ иттилои созмони «Penal Reform International (PRI)» дар Осиёи миёна соли 2014 дар Тоҷикистон беш аз 60 маҳкумшудагон якумра аз озоди махрум шудаанд. Коршиносон мегӯянд, ки ҷазоҳои пешибинишуда дар КҶ ҶТ нисбати ифротгароён ҳанӯз ҳам дар дили ин тоифа тарсро ҷо накардааст. 

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон нисбати нафароне, ки ба ҷиноятҳои вазнин ва истифодаи маводи мухаддир даст мезанад ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. Дар Тоҷикистон соли 2004 дар натиҷаи гузаронидани моратория ҳукми қатл ба ҳабси абадӣ иваз карда шуд.  Гуфта мешавад, ки қадами муҳим дар роҳи бекорсозии хукми қатл ин паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба МО аз 30-юми апрели соли 2004 буд. Дар баромади худ Президенти кишвар зикр намуда буд, ки «ҳуқуқ ба ҳаёт арзиши олӣ буда, ҳеҷ кас набояд шахсро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад». Дар паи ин баромад 15-уми июли соли 2004 парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл»-ро қабул кард. Ҳамчунин, аз ҷониби парлумони кишвар як гурӯҳи вижа бо мақсади гузаронидани моратория миёни сокинони кишвар таъсис дода шуда буд. Расонаҳои ҳукуматӣ навишта буданд, ки мақсади асосӣ на ҷорӣ кардани ҳукми қатл, балки маҳкум кардани он мебошад. Апрели соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумони кишвар гуфт, ки мақомоти салоҳиятдор бояд масъалаи ҳукми қатлро аз нав дида бароянд. Гуфта мешавад, ки ин аввалин ишораи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳё кардани ҳукми қатл пас аз мораторияи соли 2004 мебошад. Ба ин масъала соли 2016 Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонбаргашт. Номбурда эълон дошт, ки «ҳукми қатл бояд нисбати онҳое пешбинӣ шавад, ки ҷинояти вазнин содир мекунанд, ба монанди: дидаю дониста даст ба куштор ва амалиётҳои террористӣ занан, ба Ватан хиёнат кардан ва ҳамчунин кӯшиши табадулоти давлатӣ кардан». 

Гуфта мешавад, ки ин масъала замоне дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Миёна реша давониданд ва шумораи ҷонибдорони ифротгароён афзудан гирифт. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ВКД беш аз ҳазор ҷавони тоҷик тӯли чанд соли охир ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Чанде қабл аз ҷониби як қатор ҷавонтеррористон панҷ сайёҳи хориҷӣ дар кишвар кушта шуданд, ки шури зиёдеро ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар кишвар ба бор овард. Масъалае, ки пӯшида мемонад, ин аст, ки то куҷо қабули ҳукми қатл нисбати онҳое, ки ба ҷиноятҳо вазнин, хусусан амалиётҳои террористӣ даст задаанд дар Тоҷикистон имкон дорад ва оё ин иқдом метавонад, ки боиси кам шудани ҷонибдорони гуруҳҳои ифротгароӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар гардад?

Назари коршинсон роҷеъ ба ин мавзӯъ гуногун аст. Бархеҳо ба хотирои амниятит миллӣ ҷорӣ кардани ҳукми қатлро дуруст мешуморанд. Аммо дар ҳамин ҳол, аксарият ба он ишора мекунанд, ки чун Тоҷикистон аъзои созмонҳои байналмиллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон аст, наметавонад, ки ба ин иқдом даст занад. Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки ҳукми катл ё дигар тадбирхои репрессивӣ рохи халу танзими масъала нест. Зеро дар баъзе кишвархои хориҷӣ чунин тачриба ҳаст, аммо ифротгароӣ низ то хол вуҷуд дорад. Ба назари ӯ омилхо ва сабабу ангезахоро бояд тахлилу баррасӣ намуда, воситахои пешгирии содир шудани чунин ҷиноятҳоро гирифт. 

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшиноси дигар Зариф Ғулом мегӯяд, ки агар Тоҷикистон хоҳад, метавонад ва ҳақ дорад, ки ҳукми қатлро нисбати ин тоифа қабул кунад. Аммо, мегӯяд, ӯ чун Тоҷикистон узви ташкилотҳои байналхалқиест, ки ҳукми қатлро маҳкум мекунанд, ин иқдом метавонад, ки боиси сард шудани муносибатҳо гардад. 

- Бо дарназардошти вазъи ҷамъиятӣ ва авзои байналмиллалӣ қабули ҳукми қатл дар кишвар имкон дорад. Агар воқеан ин тоифа амнияти моро беш аз пеш зери хатар гузоранд, пас ҳукми қатлро Парлумони кишвар қабул карда метавонад. Яъне, агар Тоҷикистон хоҳад имкони қабули ҳукми қатл вуҷуд дорад, - иброз медорад ӯ.

Аксарият роҳи ҳалли ин масъаларо дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқиву сиёсии мардум медонанд. Ҳуқушинос Ойниҳол Бобоназарова зиди гуфтаҳои боло ибрози андеша намуда, мегӯяд, ки агар ҳукумат ба ин иқдом даст занад, принципҳои демократия дар кишвар лағв мегардад. Ба андешаи Бобоназарова ифротгароён аз марг сари тарс надоранд, зеро онҳо маҳз ба хотири шаҳид шудан ба ин роҳ рафтаанд. Ӯ мегӯяд, ки «ҳукми қатл ҳалли масъала шуда наметавонад. Дар сурати қубл шудан Тоҷикистон обрӯи худро назди ташкилотҳои байналмиллалӣ аз даст медиҳад». 

Амрихудои Дамдор, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ки қабули ҳукми қатл дар кишвар имкон дорад, дар ҳоле, ки ин иқдом пеши роҳи ин амали шумро гирифта тавонад. Аммо ӯ андешаи он ки ҳукми қатл боиси решакан кардани ин амал мешавад, рад мекунад. 

- Мешавад, ки дар кишвар нисбати онҳое, ки ба ҷиноятҳои вазнин, хусусан ифротгароӣ даст мезананд ва ба амнияти кишвару ҳукумат халал ворид мекунанд, ҳукми қатл қабул кард, Аммо як паҳлӯи дигари маслаъала вуҷуд дорад. Рафту пас аз баровардани ҳалномаи суд, аксарияти онҳо бегуноҳ бароянд. Яъне, бе далелсанҷӣ ҷони як нафар зери хатар мемонад. Агар пас аз чанд сол ӯро сафед кунанд ҳам, умри ӯро дигар баргардонида наметавонанд. Бо дарназардошти ин, барои қабули ин қонун дар мо аллакай барвақт аст. Бояд комиссия махсус таъсис дода шавад. Ин коммисия бояд аз ҷониби ҳуқуқдонҳои маъруф ва бо дарназардошгти қонунгузории кишвар таъсис дода шавад, - мегӯяд ӯ. 

Ба назари Амрихудо Додихудоев агар аз ҷорӣ кардани ҳукми қатл мақсад тарс додани ифротгароён бошад, пас ин амалест ғайри имкон. Зеро онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ворид мешаванду ба ифротгароӣ даст мезананд, аз марг наметарсанд. Барои рафъи ин, мегӯяд ӯ, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон гузаронида шавад. 

Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки ба ду паҳлӯи ин масъала бояд диққат дод. Аввлан ин ки Тоҷикистон кишвари демократӣ аст. Дар кишвари демократӣ набояд ки ҳукми қатл амал кунад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо аксарияти ташкилотҳои байналмиллӣ, ки аз ҳуқуқҳои инсон дифоъ мекунанд, қарор дорад. Бо дарназардошти ин, қабули ҳукми қатл имкон надорад. Ҷаноби Исмонов пешниҳод дорад, ки ҳукми қатл нисбати онҳое бояд қабул кард, ки ба ҷиноятҳои вазнин дубора даст мезананд. Яъне, новобаста аз авф ва гузаштҳои ҳукумат боз ба давлату миллати худ хиёнат мекунад.

- Гумон мекунам қабули ҳукми қатл дар Тоҷикистон имкон дорад. Аммо танҳо дар инсбати онҳое, ки ба ҷиноятҳои вазнин дубора даст мезананд. Фарз кардем, ки як ҷинояткор одам кушт, ва ё бо ифротгароён ҳамроҳ шуд. Ҳукумат ӯро дастгир кард. Ӯ адои ҷазо мекунад. Аммо пас аз баромадан боз ба ин амал даст мезанад ва амнияти кишвару ҳукуматро зери хатар қарор медиҳад. Инҳо нафаронеанд, ки ислоҳ намешаванд. Нисбати онҳо метавон ҳукми қатл қабул кард, - мегӯяд  Саидҷаъфар Исмонов.

Аммо дар ҳамин ҳол, Бухориев Толибек, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ дар Тоҷикистон қабули ҳукми қатл имкон надорад. Ин амалро бо он вобаста медонад, ки Тоҷикистон бо аксарияти ташкилотҳои байналмиллалӣ ҳамкории зич дорад ва дар сурати даст задан ба ин иқдом муносибатҳои метавонанд, ки сард шаванд.

Тибқӣ иттилои ташкилоти «Amnesty International» соли 2015 беш аз 1 634 нафар дар беш аз 25 давлати ҷаҳон ҳукми қатл гирифтаанд. Ҳамин омор дар соли 2014  ба 1 061 ҳолати ҷазои ҳукми қатл дар беш аз 22 давлати ҷаҳон мерасад. Гуфта мешавад, ки ин шумораи бесобиқа тӯли 25 соли охир (сар карда аз соли 1989) ба шумор меравад. Тибқи оморҳои расмӣ бештар дар нисбати шаҳрвандони кишварҳое чун Хитой, Покистон, Арабистони Саудӣ, ИМА барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ҳукми қатл қабул карда мешавад. 

Дар Тоҷикистон чун узви собиқ СССР то соли 2004 ҳуқми қатл дар КҶ пешбинӣ мешуд. Соли 2004 дар пай гузаронидани моратория ҳукми қатл ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан  иваз карда шуд. 

 Диловар Салимов

«Фараж»

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Тағйироти охир Шанбе, 22 Сентябр 2018 16:25
Хонданд 454
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.