.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Сари террорро чӣ мехӯрад?

Сен 15, 2018 Хонданд: 308
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Сари террорро чӣ мехӯрад?

Соле қабл, раиси Ҷамъияти динии мусулмонони Русия муфтӣ Албир Қурғонов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон гурӯҳҳои нави тундраву ифротӣ мисоли «Хуросон» дар ҳоли шакл гирифтан аст. Албир Қурғонов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сафи ифротгароён аз ҳисоби муҳоҷирон дар афзоиш аст. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки коршиносон мегӯяд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои посошӯравӣ яке аз муваффақтарин кишварҳо дар самти решакан кардани ифротгароӣ ва ифротгароён аст.

Мисоли ин гуфтаҳо ҳодисаҳои тӯли чанд соли охир дар кишвар рӯҳдода мебошад, аммо суоли матраҳ ин аст,  ки оё воқеан ҳукумати кишвар сиёсати дурустро дар ин самт пеша карда, онро ба таври дуруст ба тарғиб гузоштааст?  

Назари коршиносон роҷеъ ба ин масъала гуногун аст. Аксар ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият, ки «сиёсати зиддитеррористӣ» муааррифӣ шудааст, таҳсин хонда, аз он пуштибонӣ мекунанд. Аммо дар ин моваро, онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд бо дарназардошти афзоиши шумораи ҷонибдорони гурӯҳҳои террористӣ, ҳукумат бояд аз шеваи нави мубориза кор гирад, чун сиёсати қаблӣ то андозае ҳуқуқҳои диниву виҷдонии мардумро маҳдуд мекунад. 

Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон ва ҳамзамон роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикисто бар он назар аст, ки сиёсати пешигирифтаи ҳукумат дар ин самт комилан дуруст аст. Ба назари ӯ ҳар қонуне, ки парлумони кишвар қабул мекунад ва ҳар навъ сиёсате, ки ҳукумат пеша мекунад, баҳри таъмини амнияти кишвар аст. 

-Агар ба он чи ки дар олами сиёсат рух медиҳад, назар андозем маълум мегардад, ки қувваҳое, ки вазъро ноором мекунанд, вуҷуд доранд. Яъне он чи ки имруз рух медиҳад, гувоҳ аз он аст, ки қувваҳое мехоҳанд дар кишвар нооромиро ба вуҷуд оранд. Аз ин лиҳоз, сиёсати зиддитеррористӣ дар кишвари мо дуруст аст. Бояд ба ҳар роҳе ки набошад, монеаи ин падидаи шум шуд, - мегӯяд Саидҷаъфар Исмонов.  

Гуфта мешавад, ки дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифта, ҳукумат аз тамоми зерсохторҳои худ истифода мебарад. Аммо ба назари бархеҳо дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи ҳукумат мавқеи бузургро расонаҳои давлатӣ ишғол мекунанд. Вале шеваи тарғиби ин навъи сиёсат наметавонад, ки хамаро қонеъ гардонад. Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов аз шеваи тарғиби ин навъи сиёсат тавассути расонаҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки чанд соли охир оид ба эхтимолияти тахдиду хатари террористию экстремистӣ дар нашрияхо ва воситахои дигари ахбори оммаи давлатии Точикистон барномахои махсусро таҳия мекунанд. Аммо тақрибан дар хусуси омилу сабабхо ва ангезахои содир шудани чунин чиноятхо ягон маводхои тахлилӣ ва чиддӣ ба назар намерасанд. Чунин маводу намоишхо сатҳӣ буда, талаботу завки бинандаю шунаванда ва мутолиакунандагонро конеъ намегардонад. 

-То замоне, ки ин ва дигар мушкилиҳо бартараф намешаванд, сиёсати ҳукуматро бо терроризм ва экстремизм муваффақу дуруст номидан хеле мушкил аст», -мегӯяд Ҳакимов.

Гуфта мешавад, ки сиёсати зиддитеррористии ҳукумат, аз замоне ки салафиҳо миёни руҳониёни кишвар ба иғвоангезӣ оғоз карданд, сарчашма мегирад. Коршиносон аз он мегӯянд, ки сиёсати зиддитерористии ҳукумат аз соли 2015, аниқтараш замоне, ки  ҲНИТ, ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гардид, тезу тунд шуд. Ба андешаи ҳуқуқшинос Файзинисо Вохидова сиёсати пешгирифтаи ҳукумат омили аслии аз миён рафтани чеҳраҳои огоҳ аз сиёсати замона дар кишвар гардид.  

- Дар партави мубориза бо терроризму экстремизм мухолифин ва баъзе аз чеҳраҳои гапнодаро аз саҳнаи сиёсат дур шуданд. Дуруст аст, ки ифротгароӣ имрӯз дар ҷаҳон ба мушкили рақами як табдил ёфтааст. Қатли одамон, ваҳшоният, таркишҳо, таҳдиду зӯроварӣ дар дили мардум ваҳм ҷо кард. Ин падидаест, ки ҳатман зиддаш мубориза бояд бурд, Аммо ин маънои онро надорад, ки озодии виҷдону озодии сухан лағв гардад, - мегӯяд Воҳидова.   

Дар пайравӣ бо гуфтаҳои боло, ҳуқуқшиноси дигар Ойнихол Бобоназарова, мегӯяд, ки имрӯз стратегия дурусти мубориза бо ифротгароиро нест. Ӯ пешниҳод дорад, ки бояд аз ҳисоби зиёиён ва олимон гурӯҳҳои вижае таъсис дода шаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии мардум мусоидат кунанд. 

- Ҳукумат бояд сабабхои аслии ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ шудани ҷавонони тоҷикро пурра дарк кунад. Ин тоифа ҳатто чӣ будани терроризмро намедонанд. Сабаби якум, шароити вазнини иқтисодӣ доштани мардум аст. Сабаби дуюм, набудани стратегияи амалӣ оиди пешгирии терроризим ва барномахои фаҳмондадиҳӣ барои ҷавонон дар ВАО- и ҳукуматӣ мебошад. Ҷавонон бояд ҳис кунанд, ки ояндаи ин миллатанд ва ин ҳукумат ҳукумати онхо низ ҳаст. Онҳо бояд худро ояндаи Ватан ҳис кунанд. Бо як шиори патриотизм намешавад ин масъаларо хал намуд. Яъне, ман гуфта наметавонам, ки сиёсати имрӯзаи ҳукумат ин масъаларо ҳал менамояд»,- мегӯяд ӯ. 

Аммо бар хилофи ин гуфтаҳо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров зимни суҳбат бо мо гуфт, ки ҳам сиёсат ва ҳам стратегие, ки ҳукумат барои нест кардани решаҳои ифротгароӣ ва ифротгароён пеша кардааст, комилан дуруст аст. Ба назари коршинос стартегие, ки имрӯз ҳукумат пеша кардааст танҳо ба хотири амнияти миллӣ мебошад.

-Дар кишвар имрӯз барномаҳои зиёди стратегӣ, ки ҳадафашон таъмини амнияти миллӣ мебошад, амал мекунанд. Ман қариб дар ҳар як конфронс ва баромадҳоям ба ин нуқта ишора мекунам, ки ҳамагуна стратегияе, ки аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ шудааст, ба манфиати миллӣ бошад. Масалан чанде қабл дар як конфронси илмӣ ман ба ин нуқта ба таври возеҳ ишора кардам,- мегӯяд Сайфулло Сафаров. 

Коршиносон бар он назаранд, ки сиёсати зиддитерористии ҳукумат тавонист дигаргунии куллие ҳам дар системаи сиёсӣ ва ҳам дар ҷомеа ба вуҷуд оварад. Ҷомеашинос Меҳмоншо Шарифзода мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷкистон солҳо боз аз он чи ки мардуми пешрафтаи дунё сиёсат меноманд бегона мондааст. Ба назари ӯ  идеологҳои мо аз  шиорҳои ҷаҳонии «ҷанг бо террор» танҳо барои рӯйпуш кардани бесалоҳиятӣ ва фасод дар ҷомеа истифода мекунанд, ки ин амал на танҳо пеши роҳи террорро намегирад, балки барои ба вуҷуд омадани он шароит ба вуҷуд меоварад. Аз ин лиҳоз ҳукумат бояд аз дигар роҳу воситаҳо истифода барад. 

- Мо дар ин муҳит субъекти сиёсӣ надорем ва шиори «зиракии сиёсӣро аз даст надиҳед», на ҳамеша кор мекунад. Зеро мардуме, ки ба шиорбардорӣ ва манипулятсия одат кардаанд, ба осонӣ зери таъсири ҳарфу шиорҳои дигарон қарор хоҳанд гирифт. Ин  гуна муносибатҳо аз фарҳанги паст, аз надоштани дониши сиёсӣ, ки ба талаботи замона бозгӯ бошад, аз фасод ва маризиҳои дигар дар ҷомеа гувоҳӣ медиҳанд, - мегӯяд Шарифзода.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ беш аз ҳазор ҷавони тоҷик тӯли чанд соли охир ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Чанде қабл аз ҷониби як қатор ҷавонтеррористон панҷ сайёҳи хориҷӣ дар кишвар ба қатл расиданд, ки шури зиёдеро ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар кишвар ба бор овард. Ҷиҳати дигари масъала он аст, ки аксарияти онҳое, ки бо гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд, аз маҳдудиятҳои диниву виҷдонӣ дар кишвар шикоят кардаанд. Сабаби то кунун вуҷуд доштани ҷонибдорони гурӯҳҳои ифротгароӣ ба назари коршиносон дар он аст, ки аз як тараф, сатҳи донишу фарҳангии сиёсии мардуми мо дар сатҳи паст қарор дорад ва аз ҷониби дигар, Тоҷикистон дар танҳоӣ бар зидди ин амали шум мубориза мебарад. Рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, ки сиёсати зиддитеррористии Тоҷикистон бояд ҳамоҳангии бештар бо давлатҳои ҳамсуд, инчунин созмонҳои байналмилалӣ дошта бошад, дар сурати акс,  мубориза бо терроризму унсурҳои он ғайри имкон мегардад.

- То куҷо муваффақ ва дуруст будани сиёсати ҳукуматро дар ин роҳ вақт ва амалҳои сареъи мақомот нишон хоҳанд дод. Ба ҳар сурат ман хушбин ҳастам, ки дар Тоҷикистон аъмоли бади террористӣ ҷои по нахоҳад ёфт ва кишвари мо аз ҷангу муноқиша эмин хоҳад буд, - мегӯяд ӯ. 

Ба назари коршиносон шумораи тарафдорони гурӯҳҳои ифротгароӣ бештар аз ҳисоби муҳоҷирон меафзояд. Сабабаш дар он шарҳ дода мешавад, ки бештари муҳоҷирон дар шароити вазнини иқтисодӣ қарор доранд. Аммо, бо вуҷуди ин аксарияти онҳое, ки дар муҳоҷирин қарор доранд, зимни сӯҳбат бо мо аз  сиёсати зиддитеррористӣ пуштибонӣ мекунанд. Комрон, як ҷавони муҳоҷир мегӯяд, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумат сиёсати одилона аст, зеро ин падидаи номатлуб метавонад, ки боиси хархаша ва низоъҳои дохилӣ гардад. Ӯ пешниҳод дорад, ки бояд қонунҳои ҷазо нисбати нафароне, ки аз ифротгароӣ пуштибонӣ мекунанд, зуртар гардад. Ӯ мегӯяд, ки ҳукумат бояд маҳз аз худи рӯҳониён истифода барад. 

Гуфтаҳои боло дар ҳолест, ки соли 2016 Комиссия оид ба озодиҳои динӣ дар ИМА Тоҷикистонро бори аввал дар қатори кишварҳое ҷо кард, ки озодиҳои виҷдониву динӣ дар он маҳдуд мешаванд. Аммо ҷониби ҳукумат ин гуфтаҳоро рад мекунанд. Соли 2017 директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Х. Холиқназар гуфт, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақаи осиё дар Тоҷикистон озодии бештар ба назар мерасад.

Бояд гуфт, ки ифротгароӣ, яке аз падидаҳои шум дар минтақаи Осиё буда, даҳсолаҳо боз инҷониб арзи хастӣ дорад. Аммо бо пайдоиши ДОИШ дар сарзамини Сурия ва Ироқ ин мавзӯъ ранги дигар гирифт. Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигар сиёсати зиддитерористиро пеша кардааст. Дар пайравӣ бо гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки роҷеъ ба ин масъала коршиносони тоҷик назари гуногун доранд. 

Д. Салимов. «Фараж»  

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Тағйироти охир Шанбе, 15 Сентябр 2018 17:45
Хонданд 308
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.