.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Афғонистон: Ҳарфи аммому риш

Авг 20, 2018 Диданд: 256
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Номаи эътирозӣ ба тоҷикситезоне, ки дар пардаи ислом дасти нопок ба бадномии кишвари ориёии шукуфон - Тоҷикистони яктову беҳамто бурданианд. Сухане чанд ба дингароёни ифротӣ, ки мехоҳанд шабакаҳои иҷтимоиро майдони ҳарзаофариниҳои хеш қарор диҳанд. 

Тоифае аз дингароёни ифротӣ инак садсолаҳо нула мекашанд, ё ба истилоҳи ирониён зуза мекашанд, ки «Вой, ислом! Вой, ислом хор шуд! Вой, исломро фулониҳо хароб кардаанд…» 

Ҷамъияте худро мусалмони пок мепиндорад, зеро суннӣ аст, ҷамъияти дигар аз шиъа будани хеш болида, дигаронро мушрикони дин эълон медорад ва аз миёни равияҳои дигар он қадар раҳгумони боварҳои динӣ ба чашм мехӯранд, ки хешро масъули мусалмонсозии мардумони саросари ҷаҳон пиндошта, дил пур аз кина рисолати Худованди бахшояндаи меҳрубонро ба дасти худ гирифта, бандагони он яктои беҳамторо «мушрик», «кофир» мехонанд. Бо ин кирдори хеш пай намебаранд, ки худро ба гуноҳи бузурге гирифтор кардаанд, ки кайфари онро дар ҷаҳони фонӣ хоҳанд дид. 

Аз навиштаи фейсбукӣ ҳувайдост, ки шахси гаштаю баргашта ифодагари вожаи «Исломситезон», худ аҷири мамлакате мебошад, ки дар зери шиори ислом, (ҳамон ислом хор шуд), ҳадафи хароб кардани кишвари орому ободро дорад. Бо коштани нифоқ, ҳамдигарситезӣ даст ба манҳустарин иқдом, яъне ватанфурӯшӣ бурдааст. 

Ба чашми чунин ватанфурӯшон пешравиҳои кишвари тоҷикон, осудагии мардумонаш, лаби пурхандаи дӯшизагонаш бо либосҳои миллӣ, озод будан дар интихоби ақида, чун хор мехалад. Онҳо мехоҳанд дар давлате, ки бо иттифоқи оро мардумонаш, тарзи дунявӣ ва даҳрии зиндагиро пазируфтаанд, кишвари сияҳпӯшону аммомабасаронро бунёд намоянд. Дар сари роҳ занонро сангсор кунанд, дар майдон душизаеро бо туҳмат сар бибурранд. Кишварро ба ҷаҳолати асримиёнагӣ вопас бикашанд. Огаҳон медонанд, ки аксарияти равшанандешони кишварҳои ҳамсоя дар муҳоҷират умр ба сар мебаранд. Беҳтарин андешамандону фарҳангиён дар кишварҳои озод ба офаридани асарҳои адабиву бадеӣ машғуланд. Мо дар ин ҷо порчаеро аз шеъри яке аз ҳамзабонони хориҷиамон меоварем, ки бо дарду озурдахотирӣ ва ҳамзамон танзу истеҳзо сохти давлатдориашонро зери интиқод қарор додааст:

Мамлакат дар дасти муште хойину ғоратгар аст,

Баски ин миллат хар аст.

Ҳоли равшанфикри бечора зи бад ҳам бадтар аст,

Баски ин миллат хар аст.

Мамлакат афсӯс баргашта ба садҳо сол пеш,

Ҳарфи аммом асту риш.

З-он ки ҳар сӯ шайхаке бар минбаре дар ар-ар аст,

Баски ин миллат хар аст.

Дар поён мехоҳам ба ҳамраҳони фейсбукӣ бирасонам, ки имрӯз сохти давлатдории Тоҷикистон бидуни шаку тардид, намуна барои кишварҳои дигари Шарқи мусалмонӣ мебошад ва фазои мусоиду фараҳбахш барои ҳамаи диндорон, ҳама қавму миллатҳо фароҳам оварда шудааст. 

Масалан, ману ту бо рӯи пурпашми худ хурдтарин кори хайреро барои ислом анҷом надодаем, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуз корҳои бешумори густариши исломи солими анъанавӣ, чанде пеш Донишгоҳи исломиро дар пойтахти кишвар ифтитоҳ намуд.

 

Зафар Мирзоён, таҳлилгар

Тағйироти охир Душанбе, 20 Август 2018 11:35
Хонданд 256
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.