.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

Ҷангҳои Сурияву Ироқ

Авг 18, 2017
Хонданд: 634

Бештар ҷавонони аз 18 то 30-сола рафтаанд

Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб як сокини 24-солаи ноҳияи Ҳамадониро бо иттиҳоми узвият дар равияи “Салафия”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон равонаи зиндон кард ва аз 25-уми майи соли 2017 нисбаташ ҳукм қабул намуд.

Кабиров Нодир Қодирович, соли таваллудаш 1993, миллаташ тоҷик, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҳраки Москва, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, омӯзгори Литсейи касбии техникии ноҳияи мазкур мебошад. Номбурда бо моддаҳои 307, (3) қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2017 дар ҳабс қарор дорад. Тавре Изатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳангоми сӯҳбат ба мо гуфт, “Кабиров Нодир дидаву дониста 3-юми декабри соли 2016 дар ҳудуди деҳаи Анҷиркони ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ақидаву хурофотҳои динии равияи “Салафия” бархӯрдор шуда, аз хотироти телефони мобилии сокини ҳамин ноҳия Валиев Азалшо Устоевич китоби электронии “Дастури роҳи рост”, муаллифаш Ҳоҷӣ Абдуҷалил Юсуфиро бо истифода аз барномаи “Shareit” ба хотироти телефони мобилии тамғаи “ТЕХЕТ” гузаронида, ба фаъолияти ғайриқонунии манъшудаи иттиҳоди экстремистӣ-ифротгароии равияи динии “Салафия” пайравӣ кардааст”.

Ба иттилои манбаъ, равияи динии “Салафия” дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун равияи террористӣ “ифротгароӣ” дониста шуда, 8-уми январи соли 2009 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ манъ карда шудааст. Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2014 равияи динии “Салафия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи экстремистӣ-ифротгароӣ эътироф ва сомонаҳои интернетии он чун воситаҳои ахборӣ омма баста шудааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26 аз 22.02.2017 иқтибосҳои дар ташхис аз китоби “Дастури роҳи рост” овардашудаи мазкур фикру ақидаҳои мансуб ба равияи ифротгарои “Салафия” мебошад.

Ғайр аз ин, санаи 11-уми феврали соли 2017 дар натиҷаи азназаргузаронии саҳифаи интернетии “Kabirov Hodir” дар сомонаи иҷтимоии “Одноклассники”, ки ба ӯ тааллуқ дорад, гурӯҳҳои “Ҳамеша ба ёди Аллоҳ”, “Ҷустуҷӯи илми Ислом...” сабтҳои видеоии “Пурсиш ва посух”, порча аз барномаи “Висоли ҳақ” вобаста ба масъалаи “…куштори шиа ҳалол аст…” пайдо шуд, ки дар он саволу ҷавоб мешавад.

Ба ҳамин монанд, Давлатов Зоир Мирхонович, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ш. Шоҳин (собиқ Шӯрообод), оиладор, соҳиби ду фарзанди хурдсол, аз 8-уми феврали соли 2017 дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Номбурда бо моддаҳои 307 прим 3 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне шомил шудан ба равияи “Салафия” муттаҳам мешавад.

Судшаванда Давлатов З. М. илова намудааст, ки ӯ ба ягон равияи динии ғайриқонунӣ шомил нест ва равияи “Салафия”-ро медонад, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, аъзо ҳам нест ва намедонад, ки он чӣ маъно дорад ва кадом ҳолатҳои дини исломро рад мекунад. Давлатов З. М. тобистони соли 2015 дар хонаи падар ва модари ҳамсараш Давлатова Миҷгона, Сафаров Дилшод ва Сайдуллоева Шарафнисо Достиевна, воқеъ дар деҳаи Кишти ҷамоати деҳоти Н. Маҳмудови ноҳияи Ш. Шоҳин ба сохтмон ба монанди бунёд кардани девор машғул шуда, бар ивази корҳои сохтмонии иҷро кардааш, моҳи январи соли 2016 аз апаи ҳамсараш Давлатова Миҷгона ва Парвина Дилшодовна телефони мобилии “Самсунг-дуос”-ро гирифтааст. Баъди дастрас шудани телефони мобилӣ номбурда 5-уми сентябри соли 2016 дар вақти набудани модарарӯсаш Сайфуллоева Шарафнисо аз телефони мобилии ӯ тамғаи “Хуавей” дар деҳаи болозикршуда китоби электронии динии “Дастури роҳи рост”, муаллифаш Ҳоҷи Абдуҷалил Юсуфиро гузаронидааст. Судшаванда Давлатов З. М. дар мурофиаи судӣ худашро қисман гунаҳгор шуморида, нишондод додааст, ки баъди хатми мактаби миёна соли 2005 ба факултаи менеҷменти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 хатм намудааст. Ӯ гуфтааст, ҳангоми гузаронидани китоби “Дастури роҳи рост” фикр кардааст, ки ин китобҳои динӣ буда, хонданашон мумкин аст. Аз сабаби он, ки намедонист китоби “Дастури роҳи рост” чи гуна китоб аст ва ба кадом равия дохил мешавад, надониста онро хондааст ва худро қисман гунаҳгор мешуморад.

Зимнан, аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз намояндаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ВКД ва КДАМ бо имомхатибони масҷидҳои шаҳри Кӯлоб, директорони мактабҳо, раисони ҷамоатҳои маҳал ва волидоне, ки фарзандонашон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд, вохӯрӣ доир гардид. Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мақсади вохӯриро пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористидошта арзёбӣ намуд. Маҷидова дар идомаи сӯҳбаташ аз падару модарон, устодон даъват ба амал овард, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, ба камол расонанд.

С. Мирализода, масъули ВКД зимни суханронии худ нигаронӣ аз он намуд, ки бештари ҷавононе, ки аз вилояти Хатлон ба шаҳрҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ рафтаанд, ҷавонони синни аз 18 то 30-сола мебошанд. Ҳатто баъзеашон бо зану фарзандони худ рафтаанд. Дар назар аст, ки чунин вохӯрию сӯҳбатҳо дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ гузаронида шаванд.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Хонданд 634

Бозори Исфара: Растаҳо пурмеваю роҳравҳо озодаанд

Хонданд 71

Барқарор шудани робитаҳои гусаста миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боис шудаст, ки 12 корхонаи Тоҷикистон бо истифода аз гази табиии кишвари ҳамсоя фаъолият кунанд.

Хонданд 71

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати кишвар тасмим дорад, ки бомҳои биноҳои шаҳру навоҳии кишвар ба ранги ягона дароварда шаванд. Дар ин бора раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Хонданд 60

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.