.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

Парвиз Турсунов ба Тоҷикистон истирдод мешавад?

Мақомоти тоҷик бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ниҳодҳои  интизомии Беларус хостаанд, Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро ба Тоҷикистон истирдод  кунанд. Парвиз Турсунов, футболбози собиқи ришдори тоҷик, ки ба экстремизм муттаҳам мешавад, миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвари Беларус боздошт шуд. Он шабу рӯз ин хонаводаи иборат аз зану шавҳар ва чаҳор кӯдак озими Аврупо буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, барои истирдоди футболбози собиқ ба Минск аллакай тамоми санадҳои қотеъ пешниҳод шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ин вазорат рӯзи 20-уми октябр гуфт, мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҳамтоҳои худ дар Белорус хабар доданд, ки Парвиз Турсунов дар ватан бо ҷурми экстремизм муттаҳам шуда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва ӯ бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. 

Парвиз Турсунов ҳафт сол пеш барои риши дарозаш аз ҳайати тими “Хайр”-и Ваҳдат берун андохта шуд ва тавре хонаводааш мегӯянд, ҳафт соли охир дар Дубай ва Туркия зиндагӣ мекард. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми феврали соли 2018 алайҳи Парвиз Турсунов бар асоси моддаи 307, қисми 1-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” – парванда боз кард. Ин парванда дар ҳоле боз шуд, ки Турсунов бо ҳамсар ва чаҳор кӯдакаш дар Туркия ба сар мебурд. Мақомот ҷузъиёти парвандаи Турсуновро боз накарданд ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ва киро ба тундгароӣ даъват кардааст.

Ҳамчунин, дар ҳоли ҳозир дурустии ин ҳарфҳо аз манбаи дигар имкон надорад ва худи Парвиз Турсунов ҳам дар бораи ҷурме, ки ӯро муттаҳам медонанд, бо матбуот суҳбат накардааст.  

Дар бораи боздошти Парвиз Турсунов рӯзи 23-юми сентябр ҳамсараш Сайёра Субҳонова аз шаҳри Киев ба расонаҳо хабар дод. Ӯ гуфт, шавҳарашро рӯзи 18-уми сентябр ҳангоми кӯшиш барои муҳоҷират дар фурудгоҳи Минск дастгир карданд. Ҳамсари Парвиз Турсунов афзуд, ки дар фурудгоҳ пас аз тафтиши санадҳои онҳо шавҳарашро ба утоқи дигар бурданд ва дигар наоварданд. Худи Сайёра ва чаҳор фарзандашро дар фурудгоҳ се рӯз нигоҳ дошта, сипас, ба Украина фиристодаанд. 

Боздошти Парвиз Турсунов дар Белорус ва талаби истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, фаъолони ҳуқуқи башарро нигарон кард. Онҳо мегӯянд, дар сурати истирдоди варзишгари тоҷик ба ватан, ба ӯ шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта созмонҳои Human Rights Watch, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Кумитаи норвежии Ҳелсинки бо ҳимоят аз Турсунов изҳорот пахш карданд. Онҳо аз мақомоти Беларус даъват карданд, ки дар ҳеҷ сурат Парвиз Турсуновро ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ накунанд. 

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд: "...Беларус ӯҳдадор аст, то Парвиз Турсуновро ба кишваре, ба мисли Тоҷикистон, ки онҷо метавонад, ба шиканҷаву бадрафторӣ дучор шавад, насупорад. Беларус бояд ӯҳдадориҳои байналмилалиашро риоя кунад.”

Ин изҳороти созмонҳои ҳуқуқи башар дар ҳоле нашр шуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “ин назари онҳо аст ва истирдоди Турсунов дар асоси санадҳои пешниҳодшуда сурат мегирад, ки ӯ дар ҷустуҷу қарор дошт”. 

Мақомоти интизомии Беларус 28-уми сентябр эътироф карданд, ки Парвиз Турсунов, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳи ин кишвар боздошт карданд. Он замон хабаргузории расмии "Белта"  ҳам аз қавли Дмитрий Брилев, намояндаи расмии Додситонии кулли Беларус, гуфт, Турсунов дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Минск нигаҳдорӣ мешавад ва дар ростои истирдод ба ватан аст. Ӯ гуфтааст, Додситонии кулли Беларус ҷониби Тоҷикистонро аз боздошти Парвиз Турсунов, ки барои фаъолияти экстремистӣ ҷустуҷӯ мешуд, огоҳ кардааст ва мунтазири дастрас шудани асноди зарурист. "Пас аз онки санадҳо дастрас шуд, онро меомӯзем ва баҳои ҳуқуқӣ медиҳем", - афзудааст Брилев.

Номи Парвиз Турсунови 43-сола, ки яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд, ҳафт сол пеш ба далели риши дарозаш расонаӣ шуд. Он замон ӯ ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт ва барои риш тарки футбол кардан Парвиз дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Ин футболбози ришдарози тоҷик, ки бо шеваи пӯшиши либоси варзишӣ ҳам аз дигарон фарқ мекард ва ҳамеша аз зери шортиҳои футболбозӣ таҳпӯши сиёҳ дошт, гуфта буд, баъд аз хондани Қуръон қарор кард, ки тамоми қонунҳои Исломро риоя кунад.

Ба гуфтаи як дӯсташ, Парвиз Турсунов чанд сол боз “аз дасти кормандон, (мақомоти интизомӣ) гурехта буд ва дар хориҷ зиндагӣ мекард”. 

Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Турсунов ҳам иқрор мекунад, ки  мушкили шавҳараш бо мақомот баъди сарусадо дар бораи ришаш шурӯъ шуд. “Вақте ки футболбозӣ мекард, мушкилаш сар шуд. Аввал намонданд, ки футбол бозӣ кунад, баъд гуфтанд, ки интихоб кунад, ё риш ва ё футбол. Он кас бозиро бас карданд”, - гуфт Сайёра Субҳонова. Ба қавли ӯ, баъдан мақомот ӯро ба салафигароӣ муттаҳам карданд, аммо наздикони Парвиз Турсунов мегӯянд, феълан аъмоли ӯ аз тарафи мақомоти интизомии Минск баррасӣ шуда, ҳанӯз маълум нест, ки тасмими ниҳоӣ чӣ хоҳад шуд. 

Як манбаъи мо гуфт, баъд аз боздошти Парвиз Турсунов, ҳамсари ӯ Сайёра Субҳонова ҳамроҳ бо чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон омада, ҳоло инҷо ба сар мебаранд. Яке аз пайвандони Парвиз Турсунов, ки ин хабарро тасдиқ кард, гуфт, ҳоло ҳамсари Турсунов омода нест бо матбуот суҳбат кунад. 

Қонунҳои Тоҷикистон барои "даъват ба ифротгароӣ" аз ҷаримаҳои ҳангуфт то ба панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Тоҷикистон як кишвари мусалмонист, ки 90 дарсади аҳолиаш аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ мекунанд. Мақомот равияҳои дигари мазҳабӣ, аз ҷумла, Салафияро барои амнияти кишвар хатарзо дониста, назоратро бар пайравони ин равия шадид кардаанд. Давоми як соли ахир даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шудаанд, ки аксари онҳо пайравони равияи "Салафия" ҳастанд.

"Салафия" як шохаи мазҳаби Ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби Ваҳҳобия тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"- ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ ва соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард.

Мубориза алайҳи пайравони Салафия соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки аксари беш аз 1 ҳазор тоҷикистонӣ асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ба қавли Юсуф Раҳмон, 85 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд, ки аз ҳудуди Русия ба муҳорибаҳо рафтаанд.

Сарвинози Руҳуллоҳ 

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 268
Минтақаҳои осебпазир: Сабабҳои гароиши сокинон ба гурӯҳҳои ифротгаро

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби судяҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд нисбати сокинони Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд  бештар парвандаҳои ҷиноятӣ дар масъалаи шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгаро баррасӣ шудааст ва ин шаҳру ноҳияҳо аз минтақаҳои осебпазири вилоят арзёбӣ карда мешаванд.  Бахтиёр Оқилзода -  раиси суди вилоят зимни баргузории  нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи соли 2018-ум  аз ҷониби судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 115 парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ гашта, сокинон ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ  шуданд.  

Тавре ки аз шумораи парвандаҳо бармеояд, шаҳри Исфара дар ин масъала дар ҷои аввал қарор дорад ва нисбати сокинони ин минтақа дар шаш моҳи соли равон 26 парванда баррасӣ шудааст. Шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд мутаносибан дар ҷойҳои дуюму саюм қарор гирифтаанд. 

Ба назари коршиносон, якчанд омилҳо сабаб мегарданд, ки сокинони ин минтақаҳо ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Ба таври кофӣ мавҷуд набудани ҷои кории хуб бо маоши арзанда, зиёд будани аҳолӣ дар ин мавзеъҳо, инчунин,  маърифати пасти ҳуқуқиву динии сокинон сабаб мегарданд, ки сокинон бештар осебпазир гарданд. Ба андешаи  коршинос Неъматулло Мирсаидов, агар яке аз сабабҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо ва дур аз назорат мондани эшон  бошад, омили дигар бештар хурофотпараст будани сокинони  шаҳрҳои Исфараву Истаравшан  мебошад.

Аксарияти мусоҳибон ва коршиносон бар он андешаанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет аз омилҳое ҳисобида мешаванд, ки тавассути он бештар шаҳрвандон гумроҳ мегарданд. Аммо дар ҳамин ҳол, ба назари коршиноси масоили ифротгароӣ Саидаҳмад Қаландаров  на танҳо ҷавонон, балки нафарони аз 40 то 50 - сола ва ҳатто 60 - солаҳое низ ҳастанд, ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ ҳамроҳ гашта, ба кишварҳои Ироқу Сурия рафтаанд. Онҳо аз истифодаи интернету телефонҳои мобилӣ бехабаранд: 

-Вақте мегӯем бештар ҷавонон ба ДИИШ мепайванданд, танҳо ҷавонон не, мо дар байни онҳо  нафаронеро мебинем, ки синнашон аз 40 ва 50 сол боло аст. Ҳатто дар оморе, ки аз ҷанги миёни давлатҳо муайян намуданд,  аз 60-солаҳо боло ҳам будаанд ва ҳатто касоне, ки аз компютер ва телефонҳо истифода бурда наметавонистанд, иштирок мекарданд”,- гуфт, Саидаҳмад Қаландаров зимни баргузории як тренинг дар Душанбе, ки аз тарафи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) ташкил шуда буд. Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки сабаби пайвастшавӣ танҳо васоити шабакаҳои интернетӣ нест: 

- Ин олудашвиҳо танҳо васоити интернетӣ нест. Дар дунё имомхатибҳо, муфтиҳо, донандаҳои ҳуқуқҳои динӣ ҳастанд, ки мардумро даъват мекунанд, ихтилоф меандозанд, якеро ҳақ, дигареро ноҳақ мебароранд ва инро як каси шунида ба дигарон нақл мекунад. Яъне инсонҳо ҳам омили осебпазирии дигарон мешаванд”.  

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давоми 9 моҳи соли равон нисбати ягон нафар сокинони ноҳия бо ҷурми шомил будан ба гурӯҳҳои ифротӣ парвандае баррасӣ нашудааст. Суди ноҳия танҳо як парвандаи сокини шаҳри Бӯстонро баррасӣ карда, нисбати маҳкумшуда ҷазо таъин кардааст. Раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода мегӯяд, имрӯз ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд, сокинони моро гумроҳ намуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намоянд. Давоми 9 моҳи соли равон суди Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ як парвандаро доир ба ин масъала баррасӣ намуда, дар ин давра беш аз 30 адад вохӯриву мулоқотҳо бо табақаҳои гуногуни ҷомеа баргузор кардааст, то ки чунин ҳолатҳо пешгирӣ шуда, шаҳрвандон ба ҳар гуна ваъдаҳо  бовар  карда, фирефта нашаванд. Солҳои пеш ду - се ададӣ парвандаҳо баррасӣ мегаштанд ва хушбахтона, давоми 9 моҳи соли равон нисбати ягон нафар сокини ноҳия перомуни ин масъала парвандаи ҷиноятӣ  боз нашудааст. 

Бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 1000 нафар сокинони Тоҷикистон  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, то имрӯз дар бораи теъдоди аниқи фавтидагон маълумоти дақиқ нашр  нашудааст. 

Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ дар мавриди мубориза бар терроризму эсктремизм барномаҳои махсус қабул кардааст, ки ҳадафи он аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб  арзёбӣ карда мешавад. Тавре ки гуфта мешавад, мубориза бар терроризму экстремизм на танҳо вазифаи сохторҳои дахлдор, балки қарзи ватандории ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. 

Афзал Босолиев

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 326
ЭЪТИҚОД ЗИЁД, ДОНИШИ ДИНӢ ПАСТ

Коршиносони тоҷик ва дипломатҳои муқими Душанбе ахиран мавзӯи ифротгароии диниро баҳс карданд. “Нест бод экстремизми динӣ”- мавзӯи  ин мизи гирд буд, ки димломатҳову таҳлилгарони тоҷикро 27 сентябр дар шаҳри Душанбе гирд овард.

Дар ин ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки тарғибот барои пешгирӣ аз ифротгароӣ натиҷаи мусбат дод, вале ҳамоно мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки барои рафъи онҳо талош бояд кард.

Тавре Худобердӣ Холиқназаров, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ки яке аз ташкилкунандагони ин мизи гирд буд, таъкид менамояд, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ алайҳи экстремизм кумаки бузурге кард, барои мисол, соли 2014 бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳӣ таблиғотро шурӯъ намуданду дар зарфи се сол, ки фаъолияти таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ идома кард, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ 30-35% кам гардида, ҳамчунин, рафтани ҷавонон ба Сурия қатъ шуд: 

 -Ин нишондиҳандаи он аст, ки  табkиғот муассир аст. Вале бо қишри ҷавон кор карданро ҳанӯз ҳам мо бояд идома диҳем.  Асосан бо қишри бекор ё муваққатан бекор. Бо онҳо мо бояд суҳбатҳо доир намоем, итминон диҳем, ки бо ҷои кор таъмин мегарданд. Ё инки ба онҳо бояд кори муваққатӣ пайдо кард, ки зеҳнашон, фикрашон бо кор банд шавад, то дигарон натавонанд аз зеҳн, ғайрати ҷавонии ин нафарон сӯиистифода карда, ин нафаронро барои ҳадафҳои ифротию нопокашон истифода кунанд. Фикр мекунам, таблиғот дар дараҷаи аввал меистад. Инчунин, фароҳам овардани шароити иқтисодӣ ва ташкили ҷойи кор”, -гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии кишвар. 

Таҳлигарон таъкид менамоянд, ки ҳама афрод дар қиболи ифротгароӣ осебпазиранд. Бинобар ин, пешниҳодҳо чунин аст, ки барои пешгирӣ аз баамалбароии фаъолияти ифротӣ ҳама ақшор бояд фаъол бошанд, махсусан ходимони дин.

Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими аънана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди пешгирии ифротгароӣ дар мизи гирди мазкур суҳбат намуда, пешниҳод кард, ки “Ходимони динро зарур аст, пайваста арзишҳои диниро дар ВАО ва мулоқотҳо ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии даъватҳои оммавӣ барои ба амал овардани фаъолияти ифротӣ, ки тариқи интернет паҳн карда мешаванд, нишон додани вокунишҳоро роҳандозӣ намоянд.”

Тибқи иттилои ҷаноби Олимзода, дар ин замина аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти гуногун корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида мешавад.

Сабабҳои ифротгароии диниро коршиносон гуногун мегӯянд: яке-иҷтимоӣ, дигаре-дониши нокофии динӣ, сеюмӣ-муҳит.

Дар ҳамин ҳол, Фазилат Саидова, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар мавриди сабабҳои ифротгароии динӣ дар мизи гирд суҳбат мекард, ин ҳама омилҳоро таъсиргузор унвон кард.

Ба қавли ӯ, дар Осиёи Миёна як қатору созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо метавонанд ба амнияти миллии мо ҳам хатари азимеро ба бор оранд. Махсусан, дар ин минтақа рӯз аз рӯз фаъол гардидани ҳаракатҳои террористӣ, аз он ҷумла равияи салафия, ки айни ҳол дар ин давлатҳо фаъолият дорад, метавонад ҷанбаи ифротгароии диниро дар Тоҷикистон низ густариш диҳад. 

Ба бовари Фазилат Саидова, чанд омиле вуҷуд дорад, ки ба  осебпазирии Тоҷикистон дар мубориза бо ин ифротгароӣ сабаб мегардад: 

-Омили якум, мавқеи геополитикии Тоҷикистон аст. Кишвари мо дар паҳлӯи Афғонистони ноором ҷойгир буда, сохтори ин кишвар динӣ аст ва кишварҳои дигари ҳамсояи мо дунявӣ ҳастанд. Имрӯз вазъи кишвари Афғонистон ниҳоят муташанниҷ аст. Беҳуда Афғонистонро қалби Осиё наномиданд, ҳар зуҳуроте дар ин кишвар ба вуҷуд меояд, он метавонад ба минтақаи мо таъсир расонад. Махсусан, ба Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем. Гуруҳҳои террористие, ки дар ин давлат ба вуҷуд меоянд, метавонанд дар оянда ба ворид гардидани онҳо ба ҷумҳурии мо боис гардад. Бинобар ин, кишварҳои минтақаро зарур аст, ки дар муттаҳид шудану ба эътидол овардани вазъи Афғонистон саъйу кӯшиши худро ба роҳ монанд”, -пешниҳод менамояд вай. 

Ин корманди Академияи улум, сабаби дуввумро, ки метавонад боиси густариши равияҳои динӣ гардад, сатҳи пасти маърифати динии шаҳрвандон медонад: 

-Агар мо таваҷҷуҳ намоем, эътиқоди  динии мардуми мо баланд, аммо баръакси он сатҳи дониши динӣ паст аст ва паст будани маърифати динӣ ҳам яке аз омилҳои гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусиятҳои экстремистидошта мегардад. Сабаби дигар, рушди босуръати технологияи иттилоотӣ маҳсуб ёфта, шахсони манфиатдор тавассути ин гуна технология мағзшӯӣ мекунанд. Агар ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ назар андозем, онҳо шабакаҳои телевизиониву радиоии худро доранд, ки тавассути чунин воситаҳо ба сохтори сиёсии ҳар давлат дахолат менамоянд”,-мегӯяд Ф. Саидова. 

Ӯ вазъи иҷтимоию иқтисодиро низ омиле медонад, ки доираҳо аз он истифода мекунанд. Вале Саидова таъкид менамояд, ки на ҳамеша ин омил метавонад боис гардад. Чунки сатҳи аҳолии камбизоат ба миллионҳо расад ҳам, вале  теъдоди онҳое, ки ба гуруҳҳои террористиву экстермистӣ аз ин қишр шомил шудаанд, каманд. 

Таъкиди дигар дар мизи гирд ин буд, ки ҳимояти гурӯҳҳои ифротию террористӣ аз ҷониби баъзе гурӯҳ ё кишварҳо бояд комилан қатъ гардад. Чунки онҳо наметавонанд ҳамеша лаҷоми ифротиён ё террористҳоро дар даст дошта бошанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, “Ҳодисаҳое, ки дар хориҷ аз кишварҳои исломӣ (дар Амрикову дигар кишварҳо) низ ба вуқӯъ мепайвандад, маънои онро доранд, ки ин хатар танҳо болои мусалмонон нест. Қувваҳои бадхоҳ намегузоранд, ки  ҳеҷ нуктае аз ҷаҳон ором бошад. Дуруст аст, ки баъзе аз давлатҳо ин қувваҳоро дастгирӣ мекунанд, вале фикр накардаанд, ки ин хатар болои онҳо низ меояд. Чоҳканда яқин аст, ки  рӯзе ба чоҳи худ меафтад. Хоҳу нохоҳ он хатареро, ки болои баъзе аз миллатҳову давлатҳо эҷод кардаанд, ин хатар болои онҳо низ меояд”.

Коршиносон гурӯҳҳои ифротиву террористиеро, ки дар Афғонистон фаъол ҳастанд, таҳдиде барои минтақа, минҷумла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ медонанд. 

Бинобар ин, Саидмаъсум Бадахшӣ, кордори Сафорати Афғонистон таъкид менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд Афғонистонро ҳамчун девори дифоии минтақа бидонад, чунки рӯзона даҳҳо ҷавони афғон, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ба шаҳодат мерасанд, бояд дарк шаванд. Ҷаноби Бадахшӣ ба ин бовар аст, ки бисёре аз гуруҳҳои тахрибкору террористие, ки дар ҳамалоти Афғонистон даст доранд, маконашон Покистон аст ё аз онҷо ҳимоят меёбанд: 

-“Алқоида” ҳомии толибон аст, мардумро ба кишти кӯкнор ташвиқ мекунад. ДОИШ аст, ки ба ҳадафи эҷоди ҳукумати исломӣ дар Сурия, Ироқ, Покистон фаъолият мекунад, бештарин ҳузурро дар марзҳои Покистон дорад. Дигар гуруҳҳои ифротии Осиёи Миёна ҳастанд, ки дар шимолу ғарби Покистон мавқеъ доранд ва дигар гуруҳҳо дар худи Покистон ҳастанд, ки ҳамаи онҳо таҳдиде ба минтақа доранд ва фикр мекунам, иқдомоти амалӣ муҳимтар аст”. 

Ифротгароиро коршиносони мизи гирди “Нест бод, экстремизми динӣ” масъаллаи доғи рӯз медонанд ва онро вабои аср низ ном бурда, мубориза бо онро авлавиятҳои аслӣ таъкид карданд.

Сафарбек Кабиров

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 322

Ҳукми қатл ва ё ҳабси абадӣ?

Сен 22, 2018
Хонданд: 455
Ҳукми қатл ва ё ҳабси абадӣ?

Тӯли чанд соли охир масъалаи ифротгароӣ, ки боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ гаштааст, омили асосии пайдошавии «сиёсати зиддитеррористӣ» дар Тоҷикистон гардидааст. Қонунгузории кишвар нисбати нафароне ба ифротгароӣ даст мезанад ҷазо пешбинӣ кардааст. Кодеси ҷиноятии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати содиршани чунин ҷиноят ҳукми қатлро низ ҳамчун ҷазо пешибинӣ мекунад. Вале то ҳоли ҳозир дар доираи ӯҳдадориҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон моратория амал мекунад, ки тибқӣ он нафарони ба ин навъи ҷиноят дастзада ба ҳабси абадӣ маҳкум мешаванд. Тибқӣ иттилои созмони «Penal Reform International (PRI)» дар Осиёи миёна соли 2014 дар Тоҷикистон беш аз 60 маҳкумшудагон якумра аз озоди махрум шудаанд. Коршиносон мегӯянд, ки ҷазоҳои пешибинишуда дар КҶ ҶТ нисбати ифротгароён ҳанӯз ҳам дар дили ин тоифа тарсро ҷо накардааст. 

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон нисбати нафароне, ки ба ҷиноятҳои вазнин ва истифодаи маводи мухаддир даст мезанад ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. Дар Тоҷикистон соли 2004 дар натиҷаи гузаронидани моратория ҳукми қатл ба ҳабси абадӣ иваз карда шуд.  Гуфта мешавад, ки қадами муҳим дар роҳи бекорсозии хукми қатл ин паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба МО аз 30-юми апрели соли 2004 буд. Дар баромади худ Президенти кишвар зикр намуда буд, ки «ҳуқуқ ба ҳаёт арзиши олӣ буда, ҳеҷ кас набояд шахсро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад». Дар паи ин баромад 15-уми июли соли 2004 парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл»-ро қабул кард. Ҳамчунин, аз ҷониби парлумони кишвар як гурӯҳи вижа бо мақсади гузаронидани моратория миёни сокинони кишвар таъсис дода шуда буд. Расонаҳои ҳукуматӣ навишта буданд, ки мақсади асосӣ на ҷорӣ кардани ҳукми қатл, балки маҳкум кардани он мебошад. Апрели соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумони кишвар гуфт, ки мақомоти салоҳиятдор бояд масъалаи ҳукми қатлро аз нав дида бароянд. Гуфта мешавад, ки ин аввалин ишораи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳё кардани ҳукми қатл пас аз мораторияи соли 2004 мебошад. Ба ин масъала соли 2016 Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонбаргашт. Номбурда эълон дошт, ки «ҳукми қатл бояд нисбати онҳое пешбинӣ шавад, ки ҷинояти вазнин содир мекунанд, ба монанди: дидаю дониста даст ба куштор ва амалиётҳои террористӣ занан, ба Ватан хиёнат кардан ва ҳамчунин кӯшиши табадулоти давлатӣ кардан». 

Гуфта мешавад, ки ин масъала замоне дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Миёна реша давониданд ва шумораи ҷонибдорони ифротгароён афзудан гирифт. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ВКД беш аз ҳазор ҷавони тоҷик тӯли чанд соли охир ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Чанде қабл аз ҷониби як қатор ҷавонтеррористон панҷ сайёҳи хориҷӣ дар кишвар кушта шуданд, ки шури зиёдеро ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар кишвар ба бор овард. Масъалае, ки пӯшида мемонад, ин аст, ки то куҷо қабули ҳукми қатл нисбати онҳое, ки ба ҷиноятҳо вазнин, хусусан амалиётҳои террористӣ даст задаанд дар Тоҷикистон имкон дорад ва оё ин иқдом метавонад, ки боиси кам шудани ҷонибдорони гуруҳҳои ифротгароӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар гардад?

Назари коршинсон роҷеъ ба ин мавзӯъ гуногун аст. Бархеҳо ба хотирои амниятит миллӣ ҷорӣ кардани ҳукми қатлро дуруст мешуморанд. Аммо дар ҳамин ҳол, аксарият ба он ишора мекунанд, ки чун Тоҷикистон аъзои созмонҳои байналмиллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон аст, наметавонад, ки ба ин иқдом даст занад. Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки ҳукми катл ё дигар тадбирхои репрессивӣ рохи халу танзими масъала нест. Зеро дар баъзе кишвархои хориҷӣ чунин тачриба ҳаст, аммо ифротгароӣ низ то хол вуҷуд дорад. Ба назари ӯ омилхо ва сабабу ангезахоро бояд тахлилу баррасӣ намуда, воситахои пешгирии содир шудани чунин ҷиноятҳоро гирифт. 

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшиноси дигар Зариф Ғулом мегӯяд, ки агар Тоҷикистон хоҳад, метавонад ва ҳақ дорад, ки ҳукми қатлро нисбати ин тоифа қабул кунад. Аммо, мегӯяд, ӯ чун Тоҷикистон узви ташкилотҳои байналхалқиест, ки ҳукми қатлро маҳкум мекунанд, ин иқдом метавонад, ки боиси сард шудани муносибатҳо гардад. 

- Бо дарназардошти вазъи ҷамъиятӣ ва авзои байналмиллалӣ қабули ҳукми қатл дар кишвар имкон дорад. Агар воқеан ин тоифа амнияти моро беш аз пеш зери хатар гузоранд, пас ҳукми қатлро Парлумони кишвар қабул карда метавонад. Яъне, агар Тоҷикистон хоҳад имкони қабули ҳукми қатл вуҷуд дорад, - иброз медорад ӯ.

Аксарият роҳи ҳалли ин масъаларо дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқиву сиёсии мардум медонанд. Ҳуқушинос Ойниҳол Бобоназарова зиди гуфтаҳои боло ибрози андеша намуда, мегӯяд, ки агар ҳукумат ба ин иқдом даст занад, принципҳои демократия дар кишвар лағв мегардад. Ба андешаи Бобоназарова ифротгароён аз марг сари тарс надоранд, зеро онҳо маҳз ба хотири шаҳид шудан ба ин роҳ рафтаанд. Ӯ мегӯяд, ки «ҳукми қатл ҳалли масъала шуда наметавонад. Дар сурати қубл шудан Тоҷикистон обрӯи худро назди ташкилотҳои байналмиллалӣ аз даст медиҳад». 

Амрихудои Дамдор, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ки қабули ҳукми қатл дар кишвар имкон дорад, дар ҳоле, ки ин иқдом пеши роҳи ин амали шумро гирифта тавонад. Аммо ӯ андешаи он ки ҳукми қатл боиси решакан кардани ин амал мешавад, рад мекунад. 

- Мешавад, ки дар кишвар нисбати онҳое, ки ба ҷиноятҳои вазнин, хусусан ифротгароӣ даст мезананд ва ба амнияти кишвару ҳукумат халал ворид мекунанд, ҳукми қатл қабул кард, Аммо як паҳлӯи дигари маслаъала вуҷуд дорад. Рафту пас аз баровардани ҳалномаи суд, аксарияти онҳо бегуноҳ бароянд. Яъне, бе далелсанҷӣ ҷони як нафар зери хатар мемонад. Агар пас аз чанд сол ӯро сафед кунанд ҳам, умри ӯро дигар баргардонида наметавонанд. Бо дарназардошти ин, барои қабули ин қонун дар мо аллакай барвақт аст. Бояд комиссия махсус таъсис дода шавад. Ин коммисия бояд аз ҷониби ҳуқуқдонҳои маъруф ва бо дарназардошгти қонунгузории кишвар таъсис дода шавад, - мегӯяд ӯ. 

Ба назари Амрихудо Додихудоев агар аз ҷорӣ кардани ҳукми қатл мақсад тарс додани ифротгароён бошад, пас ин амалест ғайри имкон. Зеро онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ворид мешаванду ба ифротгароӣ даст мезананд, аз марг наметарсанд. Барои рафъи ин, мегӯяд ӯ, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон гузаронида шавад. 

Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки ба ду паҳлӯи ин масъала бояд диққат дод. Аввлан ин ки Тоҷикистон кишвари демократӣ аст. Дар кишвари демократӣ набояд ки ҳукми қатл амал кунад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо аксарияти ташкилотҳои байналмиллӣ, ки аз ҳуқуқҳои инсон дифоъ мекунанд, қарор дорад. Бо дарназардошти ин, қабули ҳукми қатл имкон надорад. Ҷаноби Исмонов пешниҳод дорад, ки ҳукми қатл нисбати онҳое бояд қабул кард, ки ба ҷиноятҳои вазнин дубора даст мезананд. Яъне, новобаста аз авф ва гузаштҳои ҳукумат боз ба давлату миллати худ хиёнат мекунад.

- Гумон мекунам қабули ҳукми қатл дар Тоҷикистон имкон дорад. Аммо танҳо дар инсбати онҳое, ки ба ҷиноятҳои вазнин дубора даст мезананд. Фарз кардем, ки як ҷинояткор одам кушт, ва ё бо ифротгароён ҳамроҳ шуд. Ҳукумат ӯро дастгир кард. Ӯ адои ҷазо мекунад. Аммо пас аз баромадан боз ба ин амал даст мезанад ва амнияти кишвару ҳукуматро зери хатар қарор медиҳад. Инҳо нафаронеанд, ки ислоҳ намешаванд. Нисбати онҳо метавон ҳукми қатл қабул кард, - мегӯяд  Саидҷаъфар Исмонов.

Аммо дар ҳамин ҳол, Бухориев Толибек, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ дар Тоҷикистон қабули ҳукми қатл имкон надорад. Ин амалро бо он вобаста медонад, ки Тоҷикистон бо аксарияти ташкилотҳои байналмиллалӣ ҳамкории зич дорад ва дар сурати даст задан ба ин иқдом муносибатҳои метавонанд, ки сард шаванд.

Тибқӣ иттилои ташкилоти «Amnesty International» соли 2015 беш аз 1 634 нафар дар беш аз 25 давлати ҷаҳон ҳукми қатл гирифтаанд. Ҳамин омор дар соли 2014  ба 1 061 ҳолати ҷазои ҳукми қатл дар беш аз 22 давлати ҷаҳон мерасад. Гуфта мешавад, ки ин шумораи бесобиқа тӯли 25 соли охир (сар карда аз соли 1989) ба шумор меравад. Тибқи оморҳои расмӣ бештар дар нисбати шаҳрвандони кишварҳое чун Хитой, Покистон, Арабистони Саудӣ, ИМА барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ҳукми қатл қабул карда мешавад. 

Дар Тоҷикистон чун узви собиқ СССР то соли 2004 ҳуқми қатл дар КҶ пешбинӣ мешуд. Соли 2004 дар пай гузаронидани моратория ҳукми қатл ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан  иваз карда шуд. 

 Диловар Салимов

«Фараж»

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 455

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.