.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

3 нафар ҷавонписаре, ки аз шаҳри Панҷакент барои барафрохтани парчами ДИИШ боздошт ва маҳкум шудаанд, мегӯянд, тариқи видеороликҳо аз сайти «Одноклассники» ба доми фиреб афтодаанд.

Дилаш моил шуд…
Ин нафарон, бино ба маълумоти Прокуратураи шаҳри Панҷакент ва расонаӣ шудани онҳо тариқи телевизиони маҳаллии ТВ «Симо» Р. А., Х. С. ва Ш. Ҳ., ҳар се истиқоматкунандагони деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент будаанд, ки ба гуфтаи худашон, тариқи интернет фирефта шудаанд.
Р. А., ҷавони 30-сола, чи гуна ба доми фиреби пайравони ДИИШ афтоданашро чунин қисса кард: «Рӯзе ба сомонаи «Одноклассники» ворид шудам ва як видеоролики пайравони ҷангҳои Сурияву Ироқро тамошо кардам ва ба зери шарҳаш «мошоллоҳ» навиштам. Пас аз ин дигар ҳар рӯз ба ман аз номи ҳар кас, яъне онҳое, ки алоқамандони ДИИШ будаанд, нома меомад. Бо ҳар роҳ маро ба сӯйи худ ҷалб карданӣ шуданд. Онҳо маро мегуфтанд, ки «агар ту мусулмонӣ, биё назди мо. Инҷо ҳама шароит ҳаст». Хулоса, фирефтаи суханони онҳо гардидам. Рафта - рафта дилам ба онҳо моил шуд».
- Бо «тавсияи алоқамандони ДИИШ аз интернет бо як нафар сокини шаҳри Истаравшан шинос шудам ва алоқаю муоширатро бо ӯ оғоз намудам. Ҳамин тавр, ӯро бо С. ном ҳамдеҳаамон низ шинос кардам. Пайравони «Давлати исломӣ» ба мо маслиҳат доданд, ки бояд дар ҳар куҷо, яъне ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам байрақи сиёҳро бо навиштаҷоти «Ло иллоҳа иллалоҳ» занем,- гуфт ин ҷавони фирефташуда.

Ибораи фиребанда - «Хуни мардӣ дорӣ?»
Х. С., як ҷавони фирефташудаи дигар мегӯяд, ки «видеоҳои пайравони «Давлати исломӣ»-ро дар шабакаи интренет ба ман Р. А. нишон дод. Ман ҳам бо ҳамон нафароне, ки дар Сурия буданд, тариқи интренет суҳбат кардам. Онҳо ба ман амр карданд, ки бояд дар ҷойҳои намоён байрақи Шому Сурияро занам ва ба гапи онҳо гӯш кардаму ҳоло аз ин корам сахт пушаймонам».
Ин ҷавонони фирефташуда мегӯяд, тарғибкунандагони «Давлати исломӣ» тариқи шабакаҳои интренет моҳирона аввал ҷавононро ба худ моил мекунанд ва пасон аз амалҳое ба монанди ҳуҷуми зеҳнӣ истифода мебаранд, ки кас хоҳ нохоҳ ба шартҳои онҳо розӣ мешавад. Масалан, одамонро бо ибораҳои «Ту мусулмонӣ?», «Номус дорӣ?», «Хуни мардӣ дорӣ?» ва амсоли инҳо истифода мебаранд.
Ш. Ҳ., ҷавони дигари 25-сола, ки ба гуфтаи худаш гумроҳ шудааст, иброз медорад, ки ӯро танҳо бо чунин ибораҳо маҷбур карданд барои барафрохтани парчами ДИИШ бо С. ва А. ба ин роҳи хато равад. Ӯ мегӯяд, ки «ман розӣ намбудам, вале маҷбур шудам ба суханони онҳо гӯш диҳам».
Дар ҳамин ҳол, падари А. - Абдухолиқ Раҳимов мегӯяд, пеш аз ин амалҳоро содир кардани фарзандаш пай мебурд, ки писараш ба корҳои зиндагӣ аҳамият намедод, худсарона рафтор мекард, насиҳатҳои ӯро гӯш намекард. Ин падар мегӯяд, албатта ӯ аз рафтори писараш сархам гаштааст.
- Ин хел нафароне, ки ба равияҳои мамнуъ шомил мешаванд, ҳам ба оила, ҳам ба ҷомеаву миллат иснод меоранд,- мегӯяд Абдухолиқ Раҳимов.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, то имрӯз аъзову алоқамандони ташкилотҳои террористӣ, иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурияву Ироқ аз ҳисоби зодагони шаҳри Панҷакент 15 нафарро ташкил медиҳанд.

Хуршед ФОЗИЛОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 958

- Беш аз як моҳ боз шавҳарам дар боздоштгоҳ асту ман бо чор фарзанди ноболиғ дар кӯчаи сарсонӣ. Оқибати ин ҳама бесарусомонии мо ҳамагӣ як “флеш” аст, ки ба сари мову оилаамон тамоми балоҳоро овард. 13 сол бо шавҳарам зиндагии осоишта доштему аз меҳнати ҳалол нон мехӯрдем. Аммо наздики ду моҳ боз тамоми бори зиндагӣ бар дӯши худам бор аст. Се фарзанди мактабхон дораму як кӯдаки боғчарав, вале ҳама дар хона танҳоянд, зеро ман аз пайи пайдо намудани қутти лоямути онҳо ҳастаму падарашон дар СИЗО,- бо ашку нола нақл мекунад Таҳмина Холматова.

Ин зан сокини шаҳраки Палос, ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, шавҳараш Ҳалимбой Холматов чанде пеш аз ҷониби корманди мақомоти қудратӣ бо ҷурми пайвастан ба ҷараёни экстремистии “Салафия” дастгир шудаасту айни ҳол дар боздошт қарор дорад.

Ҳалимбой аз куҷо асту чикора?
Ҳалимбой Холматов соли 1981 дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1987 ба МТМУ №43-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дохил шудааст, аммо соли 1992 бинобар сабаби ноором будани вазъ дар минтақа ба шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) кӯч баста омадааст. Баъди сукунат дар шаҳри Бӯстон ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №11 дохил шуда, соли 1998 онро хатм кардааст.
Холматов дар баёноташ сабабгори ҳама сарсониҳо ва аз таҳсили олӣ дур монданашро аз модарандараш вобаста навиштааст:
- Аз сабаби он, ки дар дасти моиндар зиндагӣ доштам, бо вуҷуди орзуи дар донишгоҳ дохил шуданро доштан, аз таҳсили илм дур монда, ба корҳои саҳроӣ рӯ оварда будам. Аз соли 1998 то соли 2002 пурра ба корҳои хоҷагӣ машғул будам. Зеро ҳар шабу рӯз модарандарам таъна мезад, ки «ту, бача, калон шудӣ ва то ҳол нонатро худат ёфта намехӯрӣ, ту як тайёрхӯр ҳастӣ...». Аз ин рӯ, бо тамоми қувва аз саҳар то шаб новобаста аз вазъи ҳаво кор карда, бо арақи ҷабин як бурида нон меёфтам. Дидам, ки бо нони деҳқонӣ зиндагӣ пеш бурдан мушкил, маҷбур шудам рӯ ба муҳоҷират орам. 6 соли умрам пурра дар муҳоҷират гузашт ва азм кардам, ки минбаъд ҳунари сохтмончигиро омӯхта, дар ватан ба устоӣ машғул мешавам ва рӯзамро мегузаронам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Аз соли 2008 ҳам ба устоӣ машғул будаму ҳам дар беморхонаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳайси «хлорчик» кор мекардам. Аммо...

Бо мудири амбор дӯстӣ карду фикру зиндагиаш вайрон шуд
Аммо дӯстӣ ва ошноӣ бо нафарони ақидаи вайрони динӣ дошта зиндагии осоиштаи Ҳалимбойро ба самти манфӣ дигаргун сохт. Дар мардуми мо мақоле ҳаст, ки “об ҷару ҷӯйро вайрон мекунаду одам одамро”. Дар вайрон шудани роҳи зиндагии Ҳалимбой ҳам интихоби хатои дӯст сабаб шудааст. Бино ба гуфти масъулин (то дами эълон гардидани ҳукми суд аз ному насаби масъулин худдорӣ мекунем), Ҳалимбой Холматов бо Лутфулло Раҳматов ном шаҳрванд, ки собиқ мудири амбори ҶДММ “Коорект”-и шаҳри Бӯстон ва дар як вақт яке аз фаъолони ҷараёни “Салафия” ба шумор меравад, дӯстӣ карда, дар як муддати кӯтоҳ ақидаҳои динии худро тағйир додааст. Аз Раҳматов адабиёти салафиро гирифта, аввал худ ба ҷараёни мазкур мепайвандад, баъдан бо хоҳиш ва маҷбуриятҳои Лутфуллоҳ Раҳматов, яъне собиқ мудири амбори ҶДММ “Коорект”-и шаҳри Бӯстон ба тарғиби адабиёти салафӣ машғул мешавад. Флеше, ки ба гуфти ҳамсари Ҳалимбой ба сари оилаи ӯ балои зиёдро овардааст, маҳз моли Лутфуллоҳ буда, дар дохили он аудио, видео ва матнҳои салафигӣ ҷойгир будааст.
Айни ҳол нисбати Ҳалимбой Холматов бо моддаи 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Сатрбанду намозхон набудам, аммо...
Рӯзе, ки бо ҳамсари Холматов - Таҳмина суҳбат доштам, ӯ дар бар куртаи дароз ва дар сар сатр дошт. Фикр кардам, ки шояд шавҳараш ӯро барои бастани сатр маҷбур карда бошад. Вақте сабаб ва аз кай сатрбанду намозхон шуданашро пурсидам, ҷавоб дод:
- Аз давраи духтариям орзу доштам, ки намозхон ва сатрбанд бошам. Вале ин орзуи ман пас аз панҷ соли оиладорӣ амалӣ шуд. Шояд ҳама фикр кунанд, ки шавҳарам маро маҷбур кардааст, то намозхону сатрбанд шавам, аммо ин тавр нест. Ҳатто дар замони духтариям чанд бор кӯшиш кардам, вале модару падарам «кайе шавҳар кунӣ, сатр мебандӣ ва намозҳоятро мехонӣ» мегуфтанд. Аз замони оиладорӣ то имрӯз хеле аз як иҷора ба иҷораи дигар кӯч баста, сарсон шудем. Охираш ба ҳамин ҳавлиҳои нимбуру валангор кӯч баста омадем. Шавҳарам, ки худашон усто буданд, кам-кам ҳавлӣ ва хонаву дарамонро обод карда истода буданд. Ҳатто дар моҳи мубораки Рамазон бо даҳони баста ҳавлиҳоро ҳамвор ва семент карда буданд. «Фалокат аз зери пой сар мезанад» гуфтагӣ барин, якбора балои ногаҳонӣ дари кулбаи нимбуди моро кӯфт, ҳама сарсону ҳайрон мондем. Ҳоло истироҳат асту каме хотирам ҷамъ, тарс аз он дорам, ки баъди оғози таҳсил фарзандонам зери таънаи ҳамсинфони худ намонанд.

Муҳаммадҷон: То падарам наояд, ба мактаб намеравам
Рӯзе, ки барои суҳбат ба хонаи Холматов рафтем, рӯи ҳавлӣ чор кӯдак ин сӯву он сӯ мегаштанд, аниқтараш мисоли чизеро гум карда ҳама парешон менамуданд. Ҳар чаҳор аз ҳамдигар боодоб ва зебову дидадаро, вале ҳайҳот, ки падари онҳо дар симои фарзандонаш ғам, яъсу ноумедиро ҷилвагар кардааст. Ҳатто фарзандон чунон дилтанг шудаанд, ки номашонро пурсӣ, чашмонашон пур аз ашк мешавад.
Фарзанди кенҷагии ин хонадон Муҳаммадҷон ном дошта, ҳамагӣ чор сол дорад. Вале аллакай ғами зиндагиро чашидааст ва ба гуфти модараш, “аз калонҳо ҳам боақлтар аст”. Аз Муҳаммадҷон пурсидем, ки падарашро дӯст медорад ё модарашро? Ба забони ширини кӯдакӣ гуфт: «Падарамро нағз мебинам. Пешашон рафтем, аммо модарам маро нагузошт, ки дар пеши дадоҷонам истам, маро гирифта ба хона овард. Ин даъфа дидан равем пеши падарам меистам, чунки он касро сахт-сахт ёд мекунам ва ҳар шаб хоб мебинам. То падарам наоянд, ба мактаб ҳам, ба боғча ҳам намеравам. Чунки ҳамаи ҷӯраҳоямро падарашон бозор ва боғча мебаранд, маро ҳам падарам баранд, модарам не...».
Ин суханҳои кӯдаконаи саропо дарди Муҳаммадҷони 4-сола аст, ки ғурбати ба сари фарзандон овардаи падар хандаи софу беғаши кӯдаконаи Муҳаммадҷон ва апаҳову бародари ӯро кушта, ба ҷои хандаи лаб ашки чашмро дар он хонадон ҳукмфармо кардааст.

Мӯсозода: Манфиатҷӯён аз дин сӯйистифода мекунанд
Дини Ислом дини иззату эҳтиром, дини сулҳу бародарӣ, дини эҳтироми дигар адён ва хусусан дини насиҳат, одобу ахлоқ ва меҳру муҳаббат мебошад. Баъзан аз номи дин ашхоси алоҳида, аҳзоби динӣ, гуруҳҳо ё ҷараёнҳои динӣ барои манфиати шахсӣ, ҳизбӣ ё гуруҳии худ сӯйистифода мекунанд. Дини мубини ислом ба экстремизм ва терроризм ҳеҷ гуна алоқамандие надорад.
Маънои калимаи экстремизм бо як сухан маънои «моҷаро»-ро дорад ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯӣ низ ифода мекунанд. Агар мо сари калимаи экстремизми динӣ андеша кунем, пас равшан мегардад, ки шахсият ва гуруҳҳои маълум мехоҳанд бо истифодаи ангезаҳои динию руҳонӣ дар ҷомеа моҷаро бардоранд. Худ айб дар мусулмонӣ ва фаҳмиши баъзе афроди аҳли ислом аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) аз рӯзҳои аввали нубуввати худ ва пайдоиши дини ислом уммати худро ҳамеша ба иттиҳоду якпорагӣ, тадаббуру тафаккур ва дурандешӣ даъват мекарданд ва низ ҳамеша таъкид мекарданд, ки «дар дини ислом таассуб нест».
Ёдовар шудани фармудаҳои ҳазрати Пайғамбар (с.с.) бинобар он аст, ки ҳарифони дини ислом барои тезутунд кардани авзои сиёсии ин ё он мавзеъ ҳамеша моҷароро бо истифода аз таассуби динӣ ривоҷ медиҳанд. Яъне, ин ҷо экстремизм ва таассуби динӣ хеле ҳиллакорона истифода бурда мешавад.

2 моҳ пеш низ 4 нафар салафӣ ба “курсии айбдорӣ” нишаста буданд
Дастгир шудани Холматов дар соли ҷорӣ ҳодисаи аввалин набуда, қаблан низ, аниқтараш 12-уми май чаҳор сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия” дар курсии айбдорӣ нишаста буданд.
Мақомоти додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, аз соли гузашта то ба ҳол даҳҳо парванда бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти ҳизбу созмон ва иттиҳодияҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, вале ҳеҷ яке аз айбдоршудаҳо сафед ва аз толор раҳо карда нашудаанд. Дар ҳоле, ки бархе аз боздоштшудаҳо иттиҳоми алайҳи худро бепоя номида, гуфтаанд, ҳатто бо хати арабиву ақидаи “Салафия” ошно нестанд.
"Салафия" ҷараёни тозапайдои ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо “Ваҳҳобия” тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ ва дар пай, соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард. Мубориза алайҳи пайравони «Салафия» соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари беш аз ҳазор тоҷик асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Вале ҳар кадоме баъди “кор аз кор гузаштан”, яъне паси панҷара нишастан иқрор мешаванд, ки хато кардаанду воқеан донишу саводи динӣ надоранд.
Ба ибораи дигар, метавон гуфт:
- Ноогоҳии динӣ “забт”-и асосии тафаккур аст, ки имрӯз садҳо оила чун оилаи Холматов аз дасти он дар кӯи сарсонӣ мондаву кӯдаконашон дар пеши ҳамсолони худ, ҳамсинфон ва ҳамсоягон мазлуму паршикастаанд...

Фарзона МУРОДӢ,
Хуҷанд - Б. Ғафуров – Хуҷанд

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Хонданд 1011

Фирӯз генерал нашуд…

Окт 02, 2017
Хонданд: 4383

Ҳукми муфаттиши собиқи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода рӯзи 19-уми сентябри соли равон аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон содир гардид, ки бар асоси он айбдоршаванда ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Гуфта мешавад, дар асоси ин ҳукм амволи Фирӯз Холмуродзода мусодира шуда, ҳамчунин ӯ пас аз иҷрои муҳлати ҷазо то 5 соли дигар ҳаққи ишғоли мансабро надорад.

Наздикони Холмуродзода, ки мурофиаи судиаш пушти дарҳои баста сурат мегирифт, ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар мурофиаи охирини рӯзи 12-уми сентябр прокурор барои Фирӯз Холмуродзода 17 соли зиндон талаб карда буд.
Боздошти Фирӯз Холмуродзода дар пайи силсилабоздоштҳои чанд корманди Агентии зидди коррупсия, ки охирҳои моҳи апрели соли равон оғоз шуда буд, ба вуқуъ пайваст. Он замон Агентии зидди коррупсияи кишвар хабар дода буд, ки нисбат ба муфаттиши калон Фирӯз Холмуродзода аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ - 247 (қаллобӣ) ва 391 (сӯйистифода аз мақом ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парванда боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Наздикон: Фарзандонамон ба ин андоза коре накардаанд…
Дар баробари Фирӯз Холмуродзода, рӯзи 19-уми сентябр Суди Олӣ инчунин ҳукми боз панҷ нафари дигар аз ҳамсангарони ӯро низ эълон кард, ки ба муҳлати гуногун маҳкум карда шуданд. Аз ҷумла, Фирдавс Абдуғаффорзода ба 13 сол, Амиршо Султонзода 10 сол, Қосим Давлатов, Сафаралӣ Ҳомидзода ва Афзалов, ки ҳамчунин ба ҷиноятҳои ришвагирию қаллобӣ айбдор дониста шуданд, ба муҳлати 6-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Наздикони судшудаҳо, ки бо сабаби пушти дарҳои баста сурат гирифтани ҷараёни мурофиаи судӣ дар берун мунтазири адвокатҳо менишастанд, ба расонаҳо гуфтаанд, ки онҳо (ишора ба судшудаҳо) ба ин андоза коре накардаанд, ки ба 15,13 ва 10 соли зиндон маҳкум шаванд ва аз рӯи ҳукми суд ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Фарҳод Холмуродов, бародари Фирӯз Холмуродзода ҳукми ба 15 сол маҳкум кардани бародарашро ноодилона арзёбӣ карда, бар он назар аст, ки аз нигоҳи ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос бародараш бегуноҳ аст ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии суд шикоят мебаранд. Ба андешаи Фарҳод, бародараш Фирӯз қурбонии «интиқоми гуруҳӣ» шудааст.

Фарҳод: Бо бародарам хусумат доштанд
Фарҳод Холмуродов, бародари Фирӯз Холмуродзода дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки дар муддати боздошти бародараш шахсан натавонистааст бо ӯ вохӯрад, вале модараш ду маротиба бо Фирӯз мулоқот доштааст. Дар ҳар ду дидор Фирӯз модарашро бо қатъият бовар кунонидааст, ки бегуноҳ аст ва «инҳо ягон далел барои гунаҳкор карданаш надоранд. Ҳеҷ исботе надоранд».
Ба гуфтаи Холмуродов, «ин ҷо гап фақат дар сари пора меравад. Гӯё як нафар даъво карда бошад, ки ба Фирӯз ришва дода будааст. Он одам кист ва чаро пора дод, ягон ҷавоб нест. Ягон далел, ки касе дида бошад ё дар куҷое сабт шуда бошад, вуҷуд надорад. Вақте парвандаро махфӣ эълон карданд, фаҳмидам, ки ҳадаф дигар аст. Муҳри махфӣ гирифтани парванда фақат ба хотири берун набаромадани ҳақиқат буд. Агар далел медоштанд, ҳеҷ гоҳ мурофиаро махфӣ намекарданд, баръакс, нишон медоданд, ки бубинед, инҳо чӣ кор кардаанд. Агар мурофиа боз мешуд, журналистҳоро роҳ медоданд, он гоҳ бисёр саволҳо пайдо мешуд. Дур намеравем, ҳамин боздошти Улукаев, вазири молияи Русияро бубинед. Боздошт шуд, чизеро пинҳон накарданд. Ҳамаро ошкоро гуфтанд. Ҳатто ӯро дар зиндон нигоҳ намедоранд ва аз хонааш ба мурофиаҳо меравад, чӣ тавре қонун мегӯяд. Шояд аз мо бисёр чизҳоро пинҳон мекунанд. Аммо вақту соаташ мерасад, ки ҳама чиз ошкор мешавад. Ҳамин қадар медонам, ки ин кор аз тарафи як ниҳоди қудратӣ шудааст. Бародарам кадом наздикони онҳоро боздошт карда буд ва аз ҳамон вақт аз пасаш буданд. Дар чунин парвандаҳо ҳатман тарафи манфиатдор вуҷуд дорад. Чунин парвандаҳо худ ба худ пайдо намешаванд».
Дар идома Фарҳод Холмуродов ин боздоштро ба хусумат доштани яке аз кормандони Кумитаи амнияти миллӣ бо бародараш рабт дода, мегӯяд, ки «пулу тилло ва хонаву дар ҳама гапи дурӯғ буд. Ҳама медонист, ки ӯ қариб як сол пеш дар биноҳои пушти ҳайкали Синои пойтахт хона харида буд. Онро ҳам падару модарам кӯмак карданд. То хона гирифтанаш иҷора менишаст. Вақте ӯ иҷоранишин буд, баъзе коргарони баробари ӯ коттеҷ доштанд. Доим мегуфт, ки одам бояд имрӯзашро фикр накунад».

Наздикони Хайрзода: Ӯ қасди фирор надошт
Қаблан, рӯзи 27-уми июли соли равон Суди Олии Тоҷикистон муовини собиқи раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Давлатбек Хайрзода ва муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд Фаридун Беназирзодаро, ки дар гузашта дар мақоми сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии зидди фасод фаъолият мекард, ба 10,5-солии зиндон маҳкум кард.
Давлатбек Хайрзода ва Фаридун Беназирзода бо моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешуданд, ки аз рӯи ин модда шахс барои гирифтани пора ба миқдори калон аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта айбдор дониста шуда, ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро пешбинӣ мекунад.
Давлатбек Хайрзода 3 моҳ қабл аз боздошташ, моҳи январи соли равон ба нафақа баромада буд ва мақомот гуфтанд, ӯро зимни фирор карданаш аз Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд дастгир кардаанд, вале наздикони ӯ ин гуфтаҳоро рад намуда, ба расонаҳо иброз доштанд, ки Хайрзода қасди фирор надошт ва танҳо мехост барои табобат ба Русия равад.

Назари мардум дигар шуд
Боздошти кормандони Агентии зидди коррупсия сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни мардум ба бор овард. Бархеҳо бар он назаранд, ки ин ниҳод ба хотири аз байн бурдани фасод дар ҷомеа таъсис ёфта буд, вале кормандонаш ба ҷои решакан намудани он худ ба ботлоқи фасод ғӯтта заданд. Ба андешаи эшон, вақти он расидааст, ки ин ниҳод аз байн бурда шавад, зеро дар мақомоти прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ низ чунин шуъбаҳое мавҷуд аст, ки барои назорат ва тафтиши амалҳои коррупсионӣ вазифадоранд. Бештар аз ин, ба андешаи мусоҳибон, вақтҳои охир ин ниҳоди зидди коррупсияи давлатӣ вазифаву уҳдадориҳои худро то ҷое дигар карда, ҳатто дар ошкор намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар ва пайдо кардани дуздони молу ашёи мардум мехоҳад саҳим бошад.
Соли гузашта худи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо кормандони прокуратураву Агентии зидди фасод бо таассуф ба ин нукта сахт эрод гирифта, бо қатъият иброз доштанд, ки ин ниҳодро барои аз байн бурдани коррупсия таъсис дода буданд, вале бархе аз кормандони Агентии зидди коррупсия худ ба коррупсионер табдил ёфтаанд: «Ман худам ин ниҳодро таъсис додам ва лозим шавад, барҳам медиҳам!».
Ин эродгириҳои Президенти кишвар назари мардумро ба ояндаи неки дурахшони Тоҷикистон боз ҳам қавитару рӯшантар намуд.
Коршиносон вобаста ба таъйини ҷазо нисбати мансабдороне, ки даст ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта мезананд, изҳори норизоӣ мекунанд ва бар он назаранд, ки бояд қонунҳои кишвар нисбат ба ин масъала бознигарӣ шаванд.
Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик дар робита ба 11 соли зиндон ҳукм гирифтани рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ барои 400 сомонӣ изҳори нигаронӣ намуд, вале гуфт, дар урфият "сӯзандузд ҳам дузду шутурдузд ҳам дузд" мегӯянд. «Ҳамин тавр, барои атрофиён ва аслан барои хулосабарорӣ дигар фарқе надорад, ки кӣ чӣ тамаъ кардаву чӣ гирифта. Ҳам дар шариат ва ҳам аз нигоҳи қонунҳои як кишвари муосир дуздӣ, ришваситонӣ ва ҳаромхӯрӣ муҷозотро дар пай доранд. Дар мавриди ҳукмҳои сангини додгоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд гуфтаанду хоҳанд гуфт ва албатта замони бознигарии бархе аз нукоти баҳсбарангези ин қавонин фаро расидааст»,- иброз дошт журналист.
Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис дод. Дар оғоз ин ниҳодро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати Агентӣ Рустами Эмомалӣ, писари калонии Президенти Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол онро роҳбарӣ намуд.
Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё «Транспаренси Интернешнл» Тоҷикистонро дар сатҳи ришвахорӣ дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор додааст, ки ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, «ришвахорӣ васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад».

Шамсулло ФОЗИЛОВ

Хонданд 4383

Шариф Шербеков марди ӯзбектабор, сокини 61-солаи деҳаи Қизилнишони ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон буда, дар фикри тақдири фарзандону набераҳояш мебошад, ки ба нақли мақомот дар Сурия қарор доранд. Ин мард мегӯяд, ғами писаронаш фаромӯш нашуда буд, ки баъди пайвастани 7 узви хонаводааш ба “Давлати исломӣ” ҳамсар ва ду келинаш мехостаанд Сурия раванд, вале боздошт шуда, ҳоло дар зиндон қарор доранд. 

Шербеков, ки тайи чанд соли охир дар хонаводаи танҳо бидуни ҳамсар ва келину набера зиндагӣ мекард, баъди ҳабс шудани ҳамсараш бо зани дигар аз нав издивоҷ карда, дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунад.
Шариф Шербеков мегӯяд, фарзандонаш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо мардуми Ӯзбекистону Доғистон кор мекарданд, ки баъди бозгашт ба хона нишонаҳои ифротгароӣ дар онҳо дида мешуд ва ин ҳатто ба занони хонавода низ таъсир расонд. Муносибати фарзандонаш бо ӯ тағйир ёфта, мегуфтаанд, ки падарашон бояд риш монаду намоз хонад: “Ҳамеша ба ман мегуфтанд, ки ту бояд намоз хонӣ, шахси бенамоз биҳишт намеравад. Аз қассобхонае, ки қассобонаш намоз намехонанд, гӯшт харидорӣ накун, ки гӯшти онҳо ҳаром аст".
Ба гуфтаи ин мард, фарзандонаш бо мардуми бегона, ки берун аз кишвар кор мекарданд, онҳоро мағзшӯӣ кардаанд, ки соли 2014 аз Русия ба Сурия рафтаанд.
Шербеков мегӯяд, писари калонаш Исмати 35-сола соли 2010 ба Федератсияи Русия рафт, бародаронаш Асадуллои 30-сола ва Раҳматуллои 27-соларо даъват кард. Баъдан Оиша, ҳамсари Исмат бо чаҳор кӯдакаш низ ба назди шавҳараш ба шаҳри Маскав рафтааст. Ӯ меафзояд, баъди чанд моҳе Исмат бо зану кӯдаконаш ба Сурия рафта, баъдан бародаронашро ба онҷо даъват кардааст.
Ин марди ғамдида, ки якбора се писар ва келину чаҳор набераашро чор сол аст надидааст ва бовар ҳам надорад, ки писаронаш зинда ҳастанд ё мурда, вале дар орзӯи он аст, ки чаҳор набераи ноболиғашро дубора зинда бубинад. “Мумкин фарзандонам мурда бошанд, ин хел фарзанд ба ман даркор нест. Дар ин деҳа моро шарманда карданд. Агар набераҳоям сиҳату саломат баргарданд, нағз мешавад”,- гуфт Шербеков.
Мусоҳиби мо нақл кард, ки намедонист узви хонавода ҳамагӣ ифротӣ ҳастанд, вале муносибати аъзои хонавода бо ӯ тағйир ёфта буд. Ба ӯ мегуфтаанд, барои он, ки намоз намехонад, бояд аз хона равад.


Шариф Шербеков нақл мекунад, ки тобистони соли 2015 ҳамсараш Адолат, ки 60 сол умр дорад, бо ду келинаш қасди рафтан ба Сурияро карда, дар марзи Қирғизистон қабл аз сафар боздошт шудаанд. Ҳоло ба муҳлати 5 то 6 сол равонаи зиндон шудаанд. Вай мегӯяд, саломатии ҳамсараш Адолат чандон хуб нест ва зуд фишораш баланд мешавад: “Ҳамсарам мегӯяд, ки аз кори кардагиаш пушаймон аст, хабаргириаш меравам. Саломатиаш хуб нест, фишораш пасту баланд мешавад. Дирӯз ба 700 сомонӣ дору харида бурдам. Дигар чора надорад, подоши кори кардаашро аз давлат гирифта истодааст”.
Фарзанди калонии Шариф Шербеков қабл аз сафари дубора ба Русия дар деҳа мардумро ба роҳи Ислом даъват мекардааст. Аз онҳо даъват ба амал меовардаст, ки бояд риш монанд ва намоз хонанд. Падараш борҳо ба ӯ таъкид кардааст, ки бо ин амал ояндаи худро норушан месозӣ.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, садҳо хонавода мисли Шариф Шербеков солҳо аз фарзандонашон хабар надоранд ва мунтазири он ҳастанд, ки аз онҳо хабаре шунаванд. Тақдири онҳо низ маълум нест, ки дар чӣ шароите умр ба сар мебаранд.
Тибқи иттилои бахши кор бо дин ва танзими расму оинҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиён, аз соли 2014 то шаш моҳи соли 2017 беш аз 60 сокини ноҳияи Қубодиён ба ДИИШ пайвастаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд ва тақдири онҳо норушан аст.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Хонданд 1187

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.