.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

Аз соли 2014 то 2015 аз ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) 37 ҷавон ба гуруҳҳои террористие амсоли ДИИШ шомил шудаанд. Шуруъ аз соли 2016 то инҷониб Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ дар якҷоягӣ бо як қатор мақомоту идораҳо баҳри пешгирии пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ чораҳои заруриро пиёда намуд, аммо тақдири теъдоде аз ин ҷавонон ҳоло ҳам номаълум боқӣ мемонад. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонони ноҳияи Ванҷ пайи суҳбати Масрур Ғайратов, мудири Бахши ҷавонон ва варзиши ин ноҳия нишастем. Муҳтавои ин суҳбат пешниҳоди хонанда мегардад.

- Лутфан, бигӯед, ки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба созмону гуруҳҳои террористӣ чӣ корҳое анҷом додааст ва тадбирҳои андешидашуда то куҷо муассиранд?
- Бахш дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гуруҳи доимамалкунандае таъсис дод, ки ҳамарӯза дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо ҷавонону наврасон, волидон ва дигар ашхоси масъул мулоқот баргузор мекунад. Ҳамчунин, гуруҳи махсус бо падару модар, пайвандони наздики ҷавононе, ки қаблан ба чунин гуруҳҳо пайвастаанд, иртиботи зич дорад. Дар ҳамкорӣ бо диаспора ва ҷавонони фаъоле, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият доранд, пайваста бо муҳоҷирон дар тамос ҳастем. Маҳз самараи робитаҳои судманд буд, ки соли 2016 ва нимсолаи аввали соли 2017 ҳеҷ ҷавоне аз ноҳияи Ванҷ ба гуруҳи ба ном ДИИШ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил нашуд.
- Бо такя ба маълумоти қаблии сохторҳои қудратии ВМКБ аз байни зодагони вилоят 47 нафар ба гуруҳҳои террористӣ шомил шудаанд ва теъдоди зиёди онҳо ҷавонони ноҳияи Ванҷ мебошанд. Аз назари Шумо чаро бештар ҷавонони Ванҷ ба ин гуруҳҳо пайвастаанд?
- Боиси тазаккур аст, ки на ҳамаи ҷавонони ноҳия ба ифротгароиву тундгароӣ майл доранд. Аксари ҷавонони мо баҳри беҳбудии диёр, сиёсати давлатии кишвар ва таҳкиму рушди корҳои иҷтимоӣ ҳамеша кӯшиш мекунанд. Аз 47 ҷавоне, ки ба гуруҳҳои тундрав шомил гаштанд, 32 нафар зодагони Ванҷанд ва инҳо ҷавононе буданд, ки дар гузашта барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, он ҷо фаъолият доштанд. Аз рӯйи таҳлилҳои гуруҳи махсуси дар боло зикршуда аз ин 32 нафар 4 кас маълумоти олӣ дошта, дигарон саводи кофӣ надоштаанд.
Муайян гардид, ки бештари ин ҷавонон ҳатто дар вақти таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия барои азхудкунии фанҳои таълимӣ фаъол набуда, оид ба моҳияти дини мубини Ислом тасаввурот надоштанд. Албатта, иллати маъмултарини шомилшавии ҷавонон ба чунин гуруҳҳо ин дарёфти маблағи калон ва бо ин васила барпо кардани зиндагии шоҳона аст. Аммо баъдан худамон шоҳиди ҳодисаву рӯйдодҳое мешавем, ки ин иқдоми пешгирифтаи ҷавонон бо қимати ҷони онҳо анҷом меёбад.
Баъзан тамоюл чунин аст, ки теъдоде аз ҷавонони аз муҳоҷират омада ё аз Русия депортшуда, бахусус фасли зимистон хонашин шуда, аз бекорӣ азоб мекашанд. Чунин дарду алам ба мафкураи онҳо таъсири манфӣ расонда, ҷавононро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад. Ашхоси гумроҳу таблиғотчӣ бошанд, аз ин ҳолати ҷавонон сӯйистифода карда, ақидаҳои нопоку моҷароҷӯёнаи хешро дар мафкураи онҳо ҷой мекунанд.
- Миёни онҳое, ки ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастанд, ҳастанд афроде, ки хизмати ҳарбиро адо карда бошанд?
- Мутаассифона, ҳастанд. Масалан, Абдулқаҳор Асророви 25-сола, зодаву истиқоматкунандаи деҳаи Ширговади ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ аз зумраи чунин афрод аст. Ӯ чанд сол пеш ба гуруҳҳои экстремистӣ шомил гашт. Умед Давлатови 30-сола, сокини деҳаи Чихохи ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ баъди гирифтани маълумоти миёна хизмати ҳарбиро дар Федератсияи Русия адо намудааст. Падараш Аъзам Давлатов дар қайди ҳаёт нест, вале модари хонашинаш Иқболбибӣ Давлатбекова ҳанӯз ҳам аз гумроҳшавии ҷигарбандаш андуҳгин буда, ба бозгашти ӯ умед дорад.
Воқеан, кадом падару модар мехоҳад, ки фарзандаш аз роҳи дурусту ҳаёти солим фосила гирад ва тариқи мағзшӯии бадхоҳону хоинони миллат ба тирабахтӣ мувоҷеҳ шавад? Ҳеҷ кас!

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Хонданд 542

(Андешаҳо атрофи мақолаи С. Ятимов - «Илм ва амният», «Фараж», №23 (549), аз 7-уми июни соли 2017)

Баррасию таҳлил ва хулосаю натиҷагирӣ аз воқеаҳову ҳодисоти даҳшатангези замони муосир, ки бо хусусиятҳои объективию субъективӣ, моҳияти зуҳури худ ва табиати паҳн гардидану доман заданаш дар кишварҳои Араб, Осиёи Наздик, Сурия, Ироқ, Афғонистон, Либия ва монанди ин фоҷеаҳои гӯшношунид ва даҳшатҳои тасаввурнопазирро ба бор овардааст, аз ҷиҳати илмию назариявӣ амали саҳлу осон ва сарироҳие нест. Мӯшикофонаю дақиқназарона сар фурӯ бурдан ба умқу паҳнои сар задану густариш ёфтани ин ҳодисоти нангину хунин, марҳала ба марҳала ба гунаи муваққатӣ ҳам бошад, таҳкиму тақвият ёфтан ва ҷонибдору пуштибон ва ҳомию сарпараст пайдо кардани сарварони ҳаракату созмонҳои тундгарою ифротӣ, давлати ба ном исломии Шому Ироқ ва гурӯҳҳову дастаҳои саропо мусаллаҳи иртиҷоии террористию экстремистӣ ва ошкору бармало намудани самту сӯй ва аҳдофи бағоят нопоку хатарноки ин гурӯҳҳо аз ҷониби донишманди шоиставу некназар С. Ятимов дар мақолаи «Илм ва амният» басо ҷолиб, пурмуҳтаво ва саривақтист.
Ба андешаи мо, имрӯз маҳз ковишҳою пажӯҳишҳои илмие дар қиболи зуҳури чунин падидаҳои фалокатзою зиддибашарӣ, амсоли пайдоиш ва амалиётҳои ҷангии инсонкӯши ДОИШ, заминаҳои арзи вуҷуд кардани гурӯҳҳову созмонҳои иртиҷоӣ ва манфиатхоҳии давлатҳои абарқудрат дар ин минтақаҳои ҷангзада бисёр зарур мебошанд. Ҳушдору огоҳӣ додан аз паёмадҳои ҳалокатбори тавсиаи ҷангу хунрезиҳо дар Шарқи Наздик, ки бо дасисаю манфиатҷӯйии нерӯҳои аҳриманӣ идома ёфта истода, муҷиби марги инсонҳои бегуноҳ ва вайрону ба харобазор табдил гардидани шаҳрҳои бузургу кӯчак, музофоту қарияҷот мегарданд, бо далоилу арқоми перостаи илмӣ дарвоқеъ, ҷанбаи ибратомӯз ва баҳри пешгирии чунин фоҷиаҳои марговар нақши сарнавиштсозу ҳалкунанда доранд. Ақидаҳои ҳидоятомези муаллифи мақола дар масъалаи амнияту ҳифз ва ҳимояи марзу буми кишвар, ба як сухан давлату миллат бо хусусиёти мушаххаснигорӣ ва тафсиру ташреҳи ҷузъиёти мафҳумҳои «Давлат ва амният», «Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ», «Омилҳои иттилоотии илм ва амният», «Манфиатҳои геополитикӣ», «Робитаҳои амиқи илм, адабиёт ва амният» дар масъалаи шинохти хатарҳои ҷаҳонии муосир ва равшану дақиқ намудани симои ботинии сарварони ҳизбу созмонҳои ифротгаро, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дурнамои амалиёту «ғояҳои ҳаётсӯзи онҳо» (агар чунин таъриф саҳеҳ бошад) волою баландмазмун ба шумор мераванд. Зимни тавсифи мафҳуми «давлат» С. Ятимов изҳор медорад, ки «Мансубияти ҳокимияти сиёсӣ дар давлат тибқи Конститутсия муайян карда мешавад. Он тақсимнашаванда аст. Ягон гурӯҳ, ҳаракати сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ дигар ин ҳуқуқ ва масъулиятро надорад. Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ - миллат ва миллатҳои қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд».
Гузашта аз ин, бояд ба таъкид тазаккур дод, ки ақоиди руҳафзои муҳаққиқи бахши амнияти кишвар перомуни маърифатмандии аҳли ҷомеа дар заминаи яке аз таъбирҳои маъруфи Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон - «Соҳаи маориф омили асосии амнияти миллист» баён гардидаанд. Аз ин хотир, мо - ба вижа омӯзгорони муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва касбию олӣ ба жарфи моҳияти масъалаи мазбур бояд расида тавонем.
Воқеан, ин баҳогузорӣ аз ҷониби муаллиф асосноку бамаврид буда, таҷрибаи кишварҳои ҷангзада бо кулли даҳшату фоҷиаҳои ба сари халқияту миллатҳо омада бозгӯйи барҳақи он аст. Он ҳама бенизомию парокандагӣ, беҳокимиятии мутлақ, бедодгарию зулми гӯшношуниди дастаҳои силоҳнок, ки ба талаю тороҷи молу амволи давлатӣ, ғорату ба яғмо бурдани сарватҳои ҷамъиятӣ ва даст ба куштори ҳаммилатони бегуноҳи худ дароз кардани ашхоси бераҳму бефарҳанг дар деҳу музофоти манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз аз он сар зад, ки амнияти давлат тақрибан аз байн рафта, мамлакат амалан ба ихтиёри сарварони аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии камхираду беаҳамият ва гурӯҳҳои ҷангҷӯйи террористию экстремистӣ гузашт. Мардуми шарифи тоҷик на танҳо аз ӯҳдаю идораи тақдири худ дур андохта шуд, балки ба воситаи бозигар ё дуруст лӯхтаки сиёсӣ ба дасти саркардагони ҷангу низоъ ва бетартибиҳои фалокатбор мубаддал гардид. Ҳосили он ҳама кашмакашу зиддият ва ҷангҳои даҳшатангези сирф манфиатхоҳонаю мансабҷӯёнаи гурӯҳу созмон ва аҳзоби аҳриманӣ он шуд, ки кишвар оғӯштаи хун гардид ва якпорчагию воҳидии қаламрави он зери хатари мудҳиши воқеии ошкоро қарор гирифт. Дигар назорати нерӯҳои яроқнок ноимкон ва идораи давлату ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳаволаи тақдир шуд. Аз ин рӯ, чунин андешаи С. Ятимов дар боби амният ва ҳимояти якпорчагии давлат ва таъмини зиндагии боамну рифоҳи мардуми заҳматкаш огоҳмандона буда, ҳушдорест баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроту ҳаводиси номатлубу музир, ки зикраш дар боло рафт.
Муаллиф мегӯяд: «Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайяни коркардшуда, аз ҷумла, таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад… Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зидди миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон».
Маълум аст, ки баҳри роҳандозии ҷангу низоъҳои тахрибкорона дар ину он мамлакат ё кишвари амну осуда (бахусус давлатҳои низомашон исломӣ) ғояву афкори зиддибашарии оташафрӯзони ин ҷангҳо ва роҳбарони созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ДОИШ ва монанди инҳо нақши ҳалкунанда ва калидӣ мебозанд. Маҳз ин гуна ақоиду афкори назарфиребона, ки дар заминаи худ ваъдаҳои дурӯғини осмонии маснӯӣ ва шаклу шеваи давлатдории «нестандарҷаҳону нодир»-ро ҷой додаанд, барои расидан ба аҳдофу мақосиди нопоку муғризонаи сардорону тарроҳони беназмиҳои мазкур, ки дар пай фалокату фоҷиаҳои башарии тасаввурнопазир доранд, фактори асосӣ ба шумор мераванд. Бубинед: ҷавонони ноогоҳу каммаърифат саҳлу осон ба доми тазвири тарғибгарону идеологҳои созмонҳову ҳаракатҳои террористию экстремистӣ меафтанд. Ваъдаҳои пучи фиребо, пулу сарвати набудаи «ҳангуфт», бунёди давлати исломии «озод» ва ҷон бохтану худро фидо кардан дар роҳи «исломи ноб» аз омилҳои ҷазбкунандаи сарварони ДОИШ ва дигар равияҳои хатарноки ба ном «исломӣ» маҳсуб меёбанд, ки аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон, ба вижа ҷамоҳири Осиёи Миёна ҷавононро ба сарзаминҳои ҷангзада, хусусан Сурия равон месозанд. Самараи талху пушаймонизои ин фидоигарию муборизаҳоро ҳар лаҳзаву ҳар соат мебинему ба мушоҳида мегирем, ки тафсиру таҳлили он зарурате надорад. Аз ин лиҳоз, истифода аз тамоми имконоти дастрас, (чун васоити фаврии иттилоърасонӣ, суханронию вохӯриҳои олимон, адибон ва мутафаккирон бо донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар, дар деҳот бо мардум, падару модарон ва ҳангоми сафарҳо ба Русия ва мулоқот бо муҳоҷирон ва ғайра) имрӯзҳо бағоят зарур буда, дар роҳи пешгирии ҷавонон дар масъалаи шомил гардидан ба сафи ДОИШ нақши мусбат хоҳанд бозид. Дар ҳар сурат, бояд дарк карду амиқан ба эътибор гирифт, ки таъсири ҳама гуна ақидаи саробомези дасисаҷӯёна ба зеҳну шуури насли ҷавон барозанда аст. Ин падидаи фалокатбор сароғози кулли даҳшату низоъҳо мебошад.
С. Ятимов барҳақ хулоса мекунад, ки «Таҳлили «нутқи хаттӣ ва даҳонӣ»-и ашхоси муайяни мавриди назар тавассути васоити электронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ-гоҳе «доди ватанхоҳӣ» мезананд, мисоли ҳамин тасаввуроти сода, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад. Онҳо ин корро саҳл шуморидаанд. Мехоҳанд ба ҳар қимате ба он даст дошта бошанд, бо тақдири миллат бозӣ кунанд. Чуноне ки боре кардаанд. Аммо пуштибонон, басаҳнагузорандагон, коргардони онҳо доноанд. Барои манфиатҳои худашон. Устодона, ҳадафмандона, тахассусмандона кор мекунанд, ки нияти хешро тавассути «ватандорон» амалӣ кунанд. Нақшаҳои террористиро ҳам. Аз лиҳози илмӣ, дар чунин ҳолат субъекти фаъол - дастандаркорон; объекти истифода - бадомафтодагон; муҳит - ба инобат гирифтани вазъи дохилии мамлакат - сарфи раҳгумзадагон; сабаб - каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, рӯҳияи бегонапарастӣ, ифротгароӣ, дурӯягӣ, адами масъулият назди Ватану Миллат; оқибат - эҳтимолияти сар задани фоҷиаи миллат».
Барои таъмини амнияти давлату миллат, чунон ки муаллиф воқеъбинона хотирнишон месозад, тафаккуру ҷаҳонбинии фарох ва донишҳои илмӣ зарур мебошад. Танҳо бо шуури пешрафта, омӯзиши бардавоми сарчашмаҳои илмию фалсафӣ, ҳосил кардани масъулияту донишҳои созгору муассиру инсонсоз аҳли ҷомеаи кунунӣ, алалҷумла, ҷавонон метавонанд ба воқеаву ҳодисоти даргири хунбор дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман…, дар маҷмӯъ, зуҳури падидаҳои маҳвсозии инсонҳо, ҳаракату рафтори заҳҳокона ва муносибати ғайриинсонии садистӣ, ба як сухан бар боди фано додани зиндагии шукуфону рангини бани башар аз ҷониби тарроҳону таҳиягарони ҷангҳову низоъҳои беохир баҳои реалии беғаразона диҳанд. Дар ин росто, хираду маърифати воло, дарку фаҳмиши баланди замонавӣ, бардоштҳои эстетикӣ ва тарбиявию ахлоқӣ аз осори адабии ҳам классикони адабиёти форсу тоҷик ва ҳам адибони прогрессивии ҷаҳонӣ ва шоиру нависандагони муосири кишвар дар масоили таҳлилию таҳқиқии падидаю равандҳои сиёсии ҷаҳон барои насли ҷавон кӯмаки бузург мерасонад. Фиребу ба дом андохтани афроди бесаводу нодон ва каммаърифату беирода, ки мутаассифона, теъдодашон дар байни ҷавон зиёд вомехӯранд, амали мушкиле нест. Аз ин дидгоҳ, чунин таъкиду таъйиди С. Ятимов қобили мулоҳиза ва дастгирию тарғиби ҳамаҷониба мебошад: «Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе онҳо (донишҳои илмӣ) ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди авозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯйии бедалели хатарнок, хурофот гашт. Аммо на ба таъмини амнияти миллат. Масъулиятнокӣ нисбати маълумоти касбӣ (информатсионӣ), бояд корманди амнияти миллиро аз ашхос ва амалҳое, ки тибқи меъёрҳои дар қонун нишондодашуда мавриди таваҷҷуҳи ӯ қарор мегиранд, фарқ кунонад».
Воқеан, андешаи фавқи таҳлилгари вазъи амниятии мамлакат С. Ятимов дар шароити феълӣ ва баъдӣ аввалтар аз ҳама ба мутахассисини соҳаи мазкур мутааллиқанд. Ба истилоҳи бадеӣ - силоҳи асосию муҳими онҳо боигарии маънавии хеш - маърифатмандии худашон аст, ки он сипарест барои давлат, аз омилҳои хатарзо.
Дар таҳкими сулҳу субот, амнияти давлату ҷамъият ҳароина, хидмати олимону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаю касбӣ бояд бузургу барҷаста бошад. Мусаллам аст, ки дар дарозои таърих маҳз ғояҳои зиндагисозу башардӯстонаи офаридаҳои илмию бадеии олимону шоирону нависандагони тоҷик баҳри тарбияи ахлоқӣ ва рӯҳию равонии мардум, шинохти фардияти эшон (яъне «Ман»-и онон), таҳаввулу такомули фаҳмишу биниши миллат, ниёз ба покии ботин, хештаншиносию худсозӣ, ғурурмандию ифтихори миллӣ, ҳифзу ҳимояти марзу буми аҷдодӣ (Ватани ориёиямон), раҳоӣ аз бунбасти ҷаҳлу хурофот, динситезии рӯҳониёни мутаассиб ва талош барои ибрози андешаҳои озодманишона, кашфиёту ихтирооти илмӣ ва бад-ин минвол, тарбияи маърифату маънавияти инсонҳо аз тарафи равшанфикрону донишмандони асру давраҳои гуногун нақши мондагор бозидаанд. Аз ин нигоҳ, рисолати созандаи адабиёт даъвати насли ҷавон ба омӯзишу соҳибмаълумот гардидан, меҳнати фидокорона ба нафъи ватану миллат, худшиносию ҳуввиятхоҳии онон, дар заминаи мушоҳидаю таҷрибаи зиндагӣ бардошт ва натиҷагирӣ аз рӯйдодҳои нангини фоҷиаангез дар кишварҳои Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман ва ғайра ва ниҳоят, дӯстию муттаҳидӣ зери парчами давлати озоду демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баҳри тарбияи инсони комил, ватандӯсту содиқ ба идеалҳои миллӣ асарҳои пурмӯҳтавои омӯзандае лозиманд, ки дар онҳо шикояту заифнокӣ, оҳангҳои рӯҳафтодагию маъюсӣ, беиродагию тарсӯӣ назди мушкилиҳову азобҳои зиндагӣ камтар ба мушоҳида расида, ҷавҳари ибратомӯзи онҳоро талошу ҷаҳд, меҳру муҳаббат ба имрӯзу фардои кишвар, ба ободкорию созандагӣ фарогир бошанд. Бесабаб нест, ки муаллиф ин нуктаро ба таври ҳакимона, хеле олӣ ифода намуда, мегӯяд:
«Барои офаридани асаре, ки мардум онро қабул мекунад, хотирмон аст, хонанда (бинанда ва шунаванда)-ро ба фикр кардан ҳидоят менамояд, ба мақсади гузоштаи нависанда (иштирокчии фаъоли системаи таъмини амнияти миллат) наздик мешавад, зарур аст, ӯ масъаларо ҷиддан, аз нуқтаи назари илмӣ дарк кунад, худ ба он идея муътақид бошад. Асари ӯ аз таҷрибаи дар тарозуи эҳсоси масъулият ва воқеият санҷидашуда сарчашма бигирад. Маълум аст, ки мубориза барои расидан ба истиқлолият ками дар кам таърихи сеҳазорсола дорад. Бузургтарин Шахсияти даҳ асри ахири Миллати тоҷик ин армонро ба қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии бемисл, азхудгузаштанҳо, хирадмандӣ, солорӣ тавонист амалӣ созад. Миллатро сарҷамъ намояд. Давлатро бунёд ва Тоҷиконро бо сари баланд ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад».
Муҳимияти ин андеша аз он иборат аст, ки дар марҳилаи басо нозуку ҳасос, ки ҳар лаҳза ҷаҳонро тағйироту дигаргуниҳои ногаҳонӣ ба ҷунбишу такон мувоҷеҳ месозад, истифодаи маккоронаи давлатҳои абарқудрати манфиатхоҳ ва сарони гурӯҳу аҳзоби тундгарои террористӣ, созмонҳои тафриқаандозу низоъбарангез ва давлати ба ном исломии Шому Ироқ аз дин ҳамчун василаи расидан ба мақсалҳои сиёҳу нопоки худ ниҳоят хатарзо ва ваҳшатангез мебошад. Ҳол он ки, дин ҳамеша рисолати тарбиявию ахлоқӣ дошта, инсонҳоро баҳри некӣ кардану сулҳу созиш даъват менамуд. Ин ки имрӯз дин ба масобаи объекти мубориза ва бароварда сохтани аҳдофи нопоки ҷангхоҳони ДОИШ шинохта шудааст, паёмадҳои манфии мӯҳлике ба ҷони инсоният, хосатан мардуми мусулмон - шаҳрвандони мамлакатҳои ҷангзада дорад. Вазифаи имонию виҷдонии ҳар як зиёию рӯшанфикри тоҷик (олимону адибон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, дар маҷмӯъ аҳли фарҳанг) ба зеҳну фаҳмиши мардум расонидани моҳияти башардӯстонаи дини ислом, аспекти сулҳгароёнаи он, дӯстию бародарӣ ва талқини ҳамзистии осоиштаи халқияту миллатҳо ба шумор меравад.
Дар хотима зикр кардан бамаврид хоҳад буд, ки тамоми афкори илмию фалсафӣ ва тарбиявии С. Ятимов танҳо ба як масъалаи воқеан ҷиддию сарнавиштсоз - ҳифзу ҳимояти дастовардҳои истиқлолият ва таъмини амнияти кишвар нигаронида шудаанд. Огоҳию ҳушдоранд, таъкиди мукарраранд ба мардуми шарифи тоҷик, хоса ба насли ҷавони худогоҳу соҳибмаърифат. Чун дар ин роҳ хидмати таърихии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидонӣ мебошад, талошу ҷоннисорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар ин ҳамоно арҷу эҳтиром гузоштан ба Сарвари давлат фаҳмида мешавад, зеро дар воқеияти аслӣ Истиқлолияти давлатӣ падидаи бебаҳост барои ҳар як миллат. Он пеш аз ҳама озодӣ аз ҷабри маънавӣ ва дар фазои осудагӣ, дар заминаи худшиносӣ, худҷӯйӣ ва худогоҳӣ огоҳонаю ҳадафмандона пайгирӣ аз асолати фарҳанги тамаддунофари хеш буда, ҷузъи аслию воқеӣ ва ҷудонопазири зиндагии шоистаи инсонҳост. Аз ин хотир, С. Ятимов дурандешона қайд мекунад, ки «Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошанд, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад».
Дарвоқеъ, ин ҳақиқати бебаҳоест, ки кайҳо боз эътироф гардидааст.

Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,
Меҳриддин ҒИЁСИЕВ,
мудири кафедраи педагогика ва психологияи ДҶТИБКСМ

Хонданд 514

Бозгашт аз ДИИШ

Авг 18, 2017
Диданд: 967

Қиссаи роҳи бозгашти дурудароз ва пурмашаққати ҷавони тоҷик ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаки ширхорааш аз Сурияву Ироқ ба Ватан

Алишери 25-сола ба ваъдаи дарёфти ҷои кору музди хуб дар Сурия бовар кард ва аз муҳоҷирати кории Русия ба Сурия рафт. Бо ҳамсар ва духтари ширхорааш. Сипас дар Мавсили Ироқ фармондеҳони гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" ба иштирок дар ҷанг дастураш доданд. Алишер рад кард, се бор ба зиндон андохтанд. Вале ӯ шикаста нашуд ва умеду талош дошт ба Тоҷикистон баргардад...

Алишер Қодирқулов, сокини 24-солаи ноҳияи Ашт, баъд аз якуним соли зиндагӣ дар қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ берун омадааст. Ӯ мегӯяд, моҳи сентябри соли гузашта, пас аз саргардонӣ ва пушти сар кардани даҳшатҳо, бо ёрии як марди дӯкондори туркман худро ба марзи Туркия расонд ва моҳи феврали имсол имкон ёфт, ки ба Тоҷикистон баргардад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки якуним сол бо номи "Абуоиша" ёд мешуд, дубора дар кишвар ба номи аслии худ одат мекунад.

"Хонаводаи муҳоҷир аз Тоҷикистон"

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, нисбати Қодирқулов эзоҳи моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ (зархаридӣ) татбиқ шуд. Ин эзоҳ, ки соли 2015 қабул шуд, дар сурати аз қаламравҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ихтиёран баргашта сидқан пушаймон шудани шаҳрванди Тоҷикистон ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунад. "Тафтиши думоҳаи мақомот нишон дод, ки ин ҷавон гумроҳ шуда, ба Сурия ва Ироқ рафтааст ва дар ҳақиқат аз кирдорҳояш пушаймон аст ва ҳаққи озод шуданро дорад",- гуфтанд манобеъ аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ.

Алишер Қодирқулов, ки мегӯяд, хеле зуд аз рафтанаш ба манотиқи ҷангии Сурия пушаймон шуд, натавонист ба зудӣ аз он макон раҳо шавад ва ба ватан баргардад. Вай мегӯяд, санадҳои худро дар Ироқ аз даст дода, танҳо як варақаи “оилаи муҳоҷир аз Тоҷикистон”-ро дар даст дошт ва бо ҳамин санад чаҳор моҳ дар боздоштгоҳи Туркия монд. Баъдан консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул барои бозгашт ба ватан ба ин хонавода санади муваққатӣ дод. Алишер Қодирқулов бо зану ду фарзандаш рӯзи 9-уми феврали соли равон вориди Душанбе шудааст.

Ин нахустин мавриди бозгашти як оилаи тоҷик аз майдонҳои ҷанги Ховари Миёна будааст, ки расонаӣ мешавад. Дар гузашта шаҳрвандони алоҳида аз майдонҳои ҷанг ё наздикии марзи Туркия бо Сурия ба ватан баргашта буданд.

Ҳоло Алишер Қодирқулов барои барқарор кардани санадҳои тасдиқкунандаи ҳувияти худ ва аъзои хонаводааш ба мақомоти интизомии ноҳияи Ашт муроҷиат кардааст.

Бемории фарзандон - баъди бозгашт

Оиша, духтари Алишер Қодирқулов 2 сол дорад ва писараш Шодибек (Диёр) охири моҳи декабри соли гузашта дар Туркия ба дунё омад. Ҳар дуи ин кӯдакон бемор буда, баъди бозгашт ба ватан таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Алишер Қодирқулов гуфт, ки дар гардани духтараш вараме пайдо шуда, дар шифохонаи маризиҳои саратон дар вилояти Суғд бистарӣ аст.

"Маро Одам то Сурия бурд"

Алишер Қодирқулов гуфт, аз моҳи апрел то сентябри соли 2016, яъне замони фирораш аз ҳудудҳои ДИИШ дар шаҳри Мавсили Ироқ буд ва бо азоби сахте худрову ҳамсар ва кӯдакашро аз он ҷо то марзҳои Туркия расонд. Ӯ гуфт, соли 2015 тавассути як марди чечен, ки аз ӯ Адам (Одам) ном мебарад, аз шаҳри Екатеринбург аввал ба Сурия ва сипас ба шаҳри Мавсил гузашт.

Қодирқулов гуфт, чун дар Русия мушкили кор дошт, пешниҳоди кор дар кишвари дигарро қабул кард ва ба умеди зиндагии хубу хуш ҳамроҳи оилааш ба он ҷо рафт. Ӯ мегӯяд, ҳадафаш танҳо кор ва ба даст овардани пул буд ва бо вуҷуди фишорҳо дар ҷанг иштирок накардааст. Бояд гуфт, аз даҳҳо нафаре, ки дар сафи ДИИШ буданд ва дар солҳои ахир ба таври ҳайратовар аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд, то ҳол нафаре иштироки худро дар ҷангҳои Ховари Миёна эътироф накардааст.

Абусалмон, Абуоиша...

Қодирқулов ин ақидаро тасдиқ кард, ки "ҷиҳодӣ"-ҳои тоҷик, ӯзбек ва қазоқу қирғиз дар ҷангҳои Сурияву Ироқ бештар аз се моҳ умр намебинанд ва дар набардҳо зуд кушта мешаванд. Ӯ гуфт, "он ҷо ду тоҷик ҳамроҳи ман буд. Вақте маро зиндонӣ карданду баъди халосӣ ба бошгоҳ баргаштам, ҳамсарам гуфт, ки яке аз тоҷикон аллакай кушта шудааст. Ӯро “Абусалмон” мегуфтанд. Онҷо ҳеҷ кас номи аслии худро намегӯяд. Маро “Абуоиша”, яъне “Падари Оиша” мегуфтанд”. Ӯ дар бораи худаш гуфт, ки ҷангиёни ДИИШ дар рӯзҳои аввали расиданаш ба Сурия барои рӯзгузаронӣ ба ӯ каме пул доданд ва баъд аз ду моҳ аз ӯ талаб карданд, ки дар ҷангҳо иштирок кунад. Алишер Қодирқулов ба гуфтаи худаш, ин пешниҳодро қабул накард ва барои ду моҳ зиндонӣ шуд. “Шароит бад ва муносибати онҳо аз он бадтар буд. Чандин зани тоҷикро ҳам дидем, ки сарсону саргардон ва аз рафтанашон пушаймон буданд, вале намедонанд чӣ тавр ба ватан баргарданд. Вақте шавҳари занон дар ҷангҳо кушта мешуд, онҳоро маҷбурӣ ба марди дигар медоданд”,- гуфт Алишер.

"Тоҷикон буданд, вале Гулмурод Ҳалимовро надидам"

Алишер Қодирқулов мегӯяд, дар он ҷо намояндагони бисёр миллатҳо, аз ҷумла тоҷикону ӯзбекҳоро дидааст. Ӯ ба саволи мо, ки аз фармондеҳони тоҷики ДИИШ, нафарони мисли Гулмурод Ҳалимов касеро дидааст, гуфт, вақте нахост ба ҷанг равад, чанд нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ба сари ӯ омадаанд. "Рӯяшонро бо ниқоб пӯшида буданд, ман онҳоро нашинохтам. Бисёриҳо аз карда пушаймонанд, аммо аз ошкор кардани ин фикр, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, ҳарос доштанд. Онҳоро маҷбурӣ нигоҳ медоштанд ва мегуфтанд, ки ба “давлати куфр” наравед”,- афзуд ӯ.

Алишер Қодирқулов мегӯяд, баъди он ки "ҷиҳодӣ"-и тоҷик “Абусалмон” дар ҷанг кушта шуд, ҳамсараш дар шароити ногувор қарор гирифт, зеро саркардаҳои ДИИШ ин занро маҷбур кардаанд, ки ҳамсари марди дигар шавад. “Он хоҳари тоҷик ба ҳамсарам гуфтааст, ки азоб мекашад, ҳатто ғизои дуруст намедиҳанд, то маҷбур шавад шавҳари дигарро қабул кунад. Бо чашми худ муносибат ва муомилаи бераҳмонаи аъзои “Давлати исломӣ”-ро дидам, ки бо мо ва мо баринҳо дар Сурияву Ироқ мекарданд. Рафтори онҳо на дар чаҳорчӯби динӣ, на одамгарӣ рост намеояд”,- мегӯяд Қодирқулов.

Санҷидани дурустии тамоми ҳарфҳои Алишер Қодирқулов тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Падар: Алишер фарзанди ҳаштуми хонавода аст

Умурқул Қодирқулов, сокини 74-солаи ноҳияи Ашт мегӯяд, ки писараш Алишер фарзанди ҳаштуми хонавода буда, баъд аз хатми мактаби миёна барои кор ба шаҳри Екатеринбурги Русия рафт ва баъдан хабараш аз Сурия расид. Ӯ гуфт, “солҳо ба ҳайси байтор кор кардам. Ин ҳодиса мани 74-соларо шикаст. Лекин писарам як кор кард, ки баъди рафта расиданаш бо ман тамос гирифт ва вазъиятро гуфт. Ман ҳам ба ҳамаи идораҳо расман ариза навиштам, ки писарам дар Сурия аст ва бояд барои берун омаданаш кӯмак кунанд”.

Қодирқулов мегӯяд, бозгашти фарзандашро бо баргузории маъракае дар ноҳияи Ашт таҷлил карданд, вале маризии наберагонаш онҳоро дубора саргардон намуд. Ӯ мегӯяд, маълум нест, ин маризӣ аз чист, вале бовар дорад, ки саҳми таъсири ҷангу беназмӣ камтар нест. Зимнан, Диёр (Шодибек) - фарзанди хурдии Алишеру ҳамсараш - Дилноза моҳи декабри соли 2016 вақти бозгашт ба ватан дар хоки Туркия чашм ба олам кушодааст.

Мақомот: Беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд

То кунун тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хоҳиши худ аз ҳудудҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё наздикии марзи Туркия бо Сурия баргашта буданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки касе аз ҷангҷӯён бо хоҳиши худ баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надорад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Аммо дар ин миён даҳҳо нафар ба ҷурми пайравӣ ё ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошту зиндонӣ шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, хабари марги сесад нафари онҳо тавассути наздиконашон тасдиқ шудааст. Мавҷи пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба соли 2014 рост меояд. Ҳоло мақомот мегӯянд, бо таҳти фишор қарор гирифтани пойгоҳҳои аслии ДИИШ дар Ироқу Сурия пайвастани тоҷикон ба ин созмони тундрав коҳиш ёфтааст. Аммо бархе аз коршиносон бо ишора ба чанд ҳолати боздошти сокинон дар моҳҳои ахир мегӯянд, зоҳиран масири ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқу Сурия ба Афғонистон тағйир кардааст.

Маъсуми МУҲАММАДРАҶАБ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

 

Хонданд 967

Рӯзгори сангин

Авг 18, 2017
Диданд: 680

Мушкили хонаводаҳои зиндониёни осебпазирро кӣ сабук месозад?

Холбибӣ (номи шартӣ) мегӯяд, ки бародари ӯро дар соли 2015 бо гумони ҳамдастӣ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим - муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистон боздошт ва 27 сол зиндонӣ карданд. Холбибӣ ба шарти ифшо нашудани номи худу бародараш нақл кард, ки бародараш дар чанд рӯзи пеш аз ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим “бо корҳои шахсиаш” аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе омад ва баъди тақрибан даҳ рӯз хонавода хабари боздошти ӯро дарёфт кард. Ба гуфтаи ин зан, баъди боздошти бародараш зиндагии хонавода якбора аз чанд ҷиҳат мушкил шуд.

- Бародарам саробони хона буд. Ҳоло падару модар ва ҳамсару фарзандонаш аз нодориву камбизоатӣ азоб мекашанд. То дараҷае, ки мо маблағи роҳкирои Вахш-Душанберо надорем, то ба дидорбиниаш биёем,- мегӯяд Холбибӣ.

Чунин вазъро агар ҳам на ҳамаи хонаводаи зиндониҳо, шояд бештари онҳо аз сар мегузаронанд. Аммо хонаводаи зиндониҳое, ки яке аз аъзояшон бо гуноҳи терроризму тундгароӣ ё ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ дар маҳбас мешинанд, вазъи бадтаре доранд. Аз як тараф камбуди молӣ, аз тарафи дигар назари манфии ҳамсояҳо вазъи ин хонаводаҳоро дучанд бад мегардонад. Дар чунин шароит кист, ки камтарин пуштибониро ба чунин хонаводаҳо расонад?

Намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ барои он, ки робитаи маҳкумшудаҳо бо хонаводаҳояшон канда нашавад, лоиҳаеро ба роҳ мондааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур занони зиндонӣ, маҳбусон аз ақалиятҳои миллӣ, зиндониҳои якумриву тӯлонимуддат ва онҳое, ки бо айбҳои амниятӣ (терроризму тундгароӣ,- муаллиф) дар маҳбас ҳастанд, кӯмаки моддӣ дарёфт мекунанд.

Клаудия Аззолинӣ, роҳбари намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ ин барнома чанд талабот ё критерия дорад, ки агар вазъи хонаводаи маҳбусон ба ҳамон критерияҳо мувофиқ бошад, Салиби Сурх кӯмак мерасонад. Барои мисол, хонаводаҳои зиндониҳои осебпазир, аз қабили ақалиятҳои миллӣ, занҳои зиндонӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ дар ҳабс ҳастанд, шомили лоиҳа мешаванд.

- Лоиҳа аз соли 2012 шурӯъ шуд. Он замон мо танҳо дар минтақаи Рашт лоиҳаро амалӣ мекардем. Яъне, хонаводаи тоифаи зиндониҳои номбаршуда ба мо муроҷиат мекарданд, ки барои дидорбинии пайвандашон дар зиндон имкон надоранд. Мо месанҷидем, агар суханашон воқеият медошт, маблағ медодем, ки ғизо харанд ва роҳкиро карда, ба дидани пайвандашон раванд,- меафзояд хонум Аззолинӣ. Намояндагони Салиби Сурх мегӯянд, ин лоиҳаро ба хотири ҳифзи принсипҳои башардӯстона ва канда нашудани робитаи хонаводагӣ ба роҳ мондаанд. Бо гузашти чанд сол, миқёси фарогирии лоиҳа васеъ шуд ва дар айни замон Салиби Сурх дар шаҳри Душанбеву вилояти Суғду Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ин барномаро амалӣ мекунад.

- Танҳо дар соли 2016 ҳудуди 70 хонавода аз тоифаи мазкури зиндониҳо аз кӯмакҳои мо бархӯрдор шуданд, ки миёнашон пайвандони зиндониҳои масъалаҳои амниятӣ (терроризму тундгароӣ,- муаллиф) кам набуданд,- гуфт роҳбари намояндагии Кумитаи Салиби Сурх. Қаҳрамони матлаби мо - Холбибӣ тасодуфан аз вуҷуди барномаи кӯмаки Кумитаи мазкур огоҳӣ пайдо кард ва дар ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ бори дувум буд, ки барои дарёфти маблағ ба Кумита омад.

- Дар ҳамон рӯзҳои муҳокимаи парвандаи бародарам буд, дар соли гузашта. Ҳамроҳи падари пирам дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон будем. Тасодуфан як духтар аз ҳоли мо огоҳӣ пайдо карду моро ба дари Кумитаи Салиби Сурх овард. Ин бори дувум аст, ки барои гирифтани ёрӣ меоям. 820 сомонӣ ёрдам карданд. Ба ин маблағ ғизо мехарам - картошкаву пиёз - 20-25 кило, равған - 5 литр, биринҷ 4-5 кило, ба бародарам мерасонам. Бо маблағи боқимонда ҳамсару фарзандонашро ба “свидание” (мулоқот)-и бародарам меорам,- мегӯяд Холбибӣ.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Салиби Сурх дар гузашта ин фаъолиятҳояшро дар расонаҳо камтар таблиғ кардааст. Роҳбари намояндагии Кумита дар Тоҷикистон мегӯяд, аз барномаи кӯмак ба зиндониҳо одамон аз даҳони ҳамдигар огоҳӣ пайдо мекунанд.

- Мо тавассути ин кӯмакҳо падарону писарон, ҳамсарону шавҳаронро ба дидори ҳам мерасонем. Падар қад давонидани писарашро мебинад ва писар шаклу сурати падарашро аз ёд намебарад,- гуфт Аззолинӣ. Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин кӯмакҳо некӯаҳволии хонаводаҳоро албатта таъмин намекунанд, вале ба худи зиндониҳо кӯмаки хубе мешаванд.

- Бачаҳо вақте озод шуданд, муомилаашон бо хонавода хуб мешавад, ба зиндагии мусолиматомез бармегарданд. Ёдатон бошад, як ё ду сол пеш як ҷавон аз зиндон раҳо шуду хона рафт ва падарашро бо табар кушт, ки ман дар маҳбас будаму шумо ба дидани ман наомадед. Яъне як буғз буд дар дилаш,- меафзояд Ҳодизода.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Салиби Сурх қасди бастани ин барномаро надорад. Хонум Аззолинӣ мегӯяд, то замоне, ки имкон ҳаст ва маблағ пайдо мешавад, кӯмак ба хонаводаи зиндониҳои тоифаи мазкурро идома медиҳанд.

Ёқуб ҲАЛИМОВ

Дар акс Клаудия Аззолинӣ, роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

 

Хонданд 680

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Нигоҳи хос

  • ХОСта

    Ба дилхоҳ савол ҷавоб додан мумкин аст, агар дуруст саволгузорӣ…
  • Хоҳиш ва ҳадаф

    «Агар Шумо хоҳед, ки ҳаёти хушбахтона дошта бошед, бояд алоқаманд…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.