.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

Бунгоҳи таҳқиқотии The Soufan Group, ки таҳаввулоти марбут ба гуруҳҳои тундравро пайгирӣ ва пажуҳиш мекунад, дар гузориши наваш гуфтааст, ки бо танг шудани мавқеи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҷангиён ба минтақаҳои дигари гарм, аз қабили Афғонистон ва ё ватанашон бармегарданд. Дар робита ба ин мехостем бидонем, ки бозгашти ҷангиён, аз қабили ҷангиёни тоҷик ба макони аслии хеш ва ё Афғонистон, ки нуқтаи гарм гуфта мешавад, чи хатару паёмадҳо дорад?

Дар гузориши ҷадиди маркази таҳқиқотии The Soufan Group, ки 24-уми октябри нашр шуд, теъдоди ҷангиёни тоҷикистонӣ дар сафи гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" 1300 нафар гуфта шудааст. Ин бунгоҳи таҳқиқотӣ, ки таҳаввулоти марбут ба гуруҳҳои тундравро пайгирӣ ва пажуҳиш мекунад, дар гузориши наваш, ки таҳти унвони "Берун аз хилофат: Ҷангиёни хориҷӣ ва хатари бозгашти онҳо” нашр шуд, менависад, ки аз шумори зикршуда 700 нафар ҳанӯз дар Ховари Миёна буда, тақдирашон норушан аст.
Гузоришгарон гуфтаанд, аз аввал то ба ҳол наздики 3000 нафар аз Туркия боздошт ва баргардонида шуда, ҳамчунин 147 нафар ихитиёран аз қаламрави ДИИШ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" 40 ҳазор ҷангӣ аз 110 кишвар ҳузур доранд, ки 8600 нафарашон аз давлатҳои пасошӯравӣ будаанд. Ба иттилои манбаъ, бештари аъзои гуруҳи ДИИШ миёни дигар давлатҳо аз Русия будаанд, ки 3417 нафарро ташкил дода, 5000 ҳазор аз Туркия боздошт шуда ва 400 нафарашон ихтиёран баргаштаанд.
Гузоришгарон дар ҷойи дуввум Арабистони Саудиро қарор додаанд, ки 3224 шаҳрванди он дар сафи ДИИШ меҷангад. Дар зинаи сеюм Урдун (3 ҳазор нафар), Тунис дар ҷойи чорум (2936 нафар) ва Фаронса (1910 нафар) дар мақоми панҷуми ҷадвал қарор гирифтааст.
Ба навиштаи ин пойгоҳи таҳқиқотӣ, аз Осиёи Марказӣ дар сафи ДИИШ 4200 нафар меҷанганд, ки аз он 1500 нафар аз Ӯзбекистон, 1300 нафар аз Тоҷикистон, 500-нафарӣ аз Қазоқистону Қирғизистон ва 400 нафари дигар аз Туркманистон ҳастанд.
Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки аксарияти давлатҳо роҳи ҳалли ин мушкилотро ба ғайр аз ба маҳкама кашидан намеёбанд, бинобар ин, бисёре аз собиқ аъзои ДИИШ аз назар ғоиб шуданро авлотар медонанд, ки барои мақомот мушкил эҷод мекунад.
Таҳиягарони гузориш бар он назаранд, ки тақдири бисёре аз ҷангиён баъди шикасти ДИИШ дар Мавсил ва Раққа норушан монда, имкон дорад иддае аз онҳо ба “нуқтаҳои гарм”, мисоли Афғонистон, ки моҳи январи соли 2015 як бахши ДИИШ бо номи “Хуросон” таъсис ёфт, бипайванданд: “Бешубҳа ба ин бахши ДИИШ имкон дорад қувваҳои иловагии хориҷӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ғарби Чин пайваст шавад, зеро ин осонтар нисбат ба Сурия ва Ироқ рафтан аст”.
Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳомиёни ДИИШ аз таҷрибаи озмудашудаи худ истифода мебаранд, чунон ки ин корро баъди хурӯҷи Артиши Сурх аз Афғонистон ва суқути ҳукумати Наҷибулло карда буданд. Яъне дар ибтидои солҳои 90 вақте ки президент Раббонӣ сарварии ҳукумати муҷоҳиддинро ба уҳда гирифт, Амрико ӯро маҷбур кард, ки арабҳои дар ҷанги Афғонистон ширкаткардаро аз кишвар хориҷ кунад: “Ин арабҳо ба нуқтаҳои доғ, аз қабили Тоҷикистон, Югославия, Босния ва Герсеговинаву Чеченистон рафта, дар ҷангҳо ширкат карданд”.
Номбурда мегӯяд, ҳоло ҳомиёни ДИИШ мехоҳанд ин гуруҳи ифротиро маҷбур кунанд, то Сурияро тарк карда, ҷабҳаҳои наверо дар дигар минтақаҳое, ки барои Кохи сафед минтақаҳои стратегӣ маҳсуб мешаванд, боз кунанд, алалхусус дар наздикии марзҳои Эрон, Русия, Осиёи Миёна ва Чин.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ низ баргашт ва ё интиқоли ҷангиёни ДИИШ-ро ба манотиқи “гарм” таъйид карда, гуфт, қаблан Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳури Афғонистон амрикоиҳоро муттаҳам кард, ки онҳо ба кӯчонидани ДИИШ ба Афғонистон кӯмак доранд, ки инро як расонаи лубнонӣ моҳе қабл гуфта буд.
Ба гуфти ин коршиноси тоҷик, Амрико бо ин роҳ мехоҳад то андозае ба Чин халал ворид созад, зеро баъди 10-15 сол, агар ба ҳамин минвол равад, ин кишвар дар ҳама ҷой дастболо хоҳад шуд.
Номбурда мегӯяд, бозгашти ҷангиён ба Ватан мушкили зиёд эҷод мекунад, зеро онҳо ба таблиғ ва ҷалби ақидаҳои ифротӣ даст мезананд: “Инро дар мисоли боздошти як сокини ноҳияи Ёвон дар ноҳияи Вахш мешавад ҳарф зад, ки ӯро барои қонуншикании маъмурӣ ҷарима карданӣ буданд, аммо вақте телефонашро хабар мегиранд, аксҳо бо ришу автомату дигар чизҳо пайдо мешавад, ки кор то додгоҳ меравад. Ӯ рафт, ҷангид, омад ва то замони боздошт касе хабар ҳам надошт, ки аллакай Сурия рафта омадааст”.
Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон дар бораи 1300 ҷангҷӯе, ки ба ДИИШ пайвастаанд, хабар дорад, лекин “шояд касе дар хориҷа ҷанг кардаву пас ба Тоҷикистон омада бошад ва ин ҷо барои омодагӣ баҳри ҷиноят содир кардан гаштаанд”.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ин таъкидро на ӯ, балки қаблан Андрей Новиков, раҳбари Маркази зиддитеррористии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон “узвҳои хамӯш” ва ё “спящей ячейки” ҳастанд, ки бо ноором гаштани вазъ онҳо ба харобкориҳо даст мезананд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангуи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то ин вақт 140 нафар баргаштагон, ки бо хоҳиши худ омада, пушаймон шудаанд, тибқи қонунгузорӣ авф гаштаанд.
Ба гуфти сухангуи вазорат, ҳамчунин мақомот ҳолатҳоеро низ ошкор кардаанд, ки ба ҷанг рафта омадаанд ва ба мақомот хабар надодаанд: “Чунин ҳолатҳо буданд ва вақте мо ошкор кардем, онҳоро боздошт карда ба мақкама мекашем. Ҳар нафаре, ки омада ихтиёран таслими мақомот шуда, аз кардааш пушаймон гаштааст, мавриди афв қарор гирифтаанд”.
Коршиносон мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон на танҳо бо он оморе, ки дорад, қаноат кунад, чун шояд пайдо шаванд нафароне, ки дар рӯйхати мақомот набошанд, аммо аллакай дар ҷангҳо иштирок карда, омада бошанд.
ДИИШ як гуруҳи тундрави террористӣ аст, ки соли 2014 қисмате аз заминҳои Сурия ва Ироқро ишғол кард ва дар он ҷой “хилофат”-ро эълон кард ва ҷангиён қатлу кушторҳои бераҳмонаро то ин дам ба анҷом мерасонанд. Ин гуруҳи террористӣ дар кишварҳои ҷаҳон мамнуъ эълон гашта, шуруъ аз соли 2014 кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб бо раҳбарии Амрико ва баъдан Русия аз он замон то ин вақт зидди “Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебаранд.

Муҳаммад ТИЛАВЗОДА

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 477

Як хонавода дар водии Вахш мегӯяд, ки пайвастани фарзанд, келин ва набераи ноболиғаш ба “Давлати исломӣ” ва бо гузашти солҳо бенишон будан хонаводаро дар ҳолати бади равонӣ қарор додааст ва ҳатто гуфта мешавад, ки ғамгинию ангушнамоӣ онҳоро ба ғам андохтааст.
Аз ғами Қудбидин Тавакалов ҳамсари ӯ Гулнора Тавакалова ва фарзанди онҳо, ки ба Сурия рафтаанд, Шарбатулло Тавакалов, падари ин хонаро бемор кард ва бо орзуи дидори онҳо ва хабардор шудани онҳо ҷон дод.
Оилаи Тавакаловҳо дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунанд. Қудбидин фарзанди хурдии оила буда, пас аз хатми мактаби миёна аз соли 2007 ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомад. Ӯ пас аз ним соли бо Гулнора Тавакалова оила барпо карданаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, сипас завҷаашро, ки соҳиби як фарзанд буд, ба наздаш ба Русия даъват кард. Ҳардуи онҳо дар онҷо ба доми мубаллиғони “Давлати исломӣ” афтода, барои “ҷиҳод” кардан ба Сурия рафтаанд.
Аҳли оилаи Тавакаловҳо ин хабари мудҳишро аз кормандони мақомоти ноҳияи Бохтар дар соли 2016 шунидаанд ва мегӯяд ҳанӯз ҳам ба он андешаанд, ки азизонашон чӣ ҳол доранд.
Дар Прокуратураи Бохтар ба мо хабар доданд, ки нисбати Қудбидин Тавакалови 28-сола ва Гулнора Тавакаловаи 25-сола парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ҳамчун ҷавонони ифротӣ дар кофтуков қарор доранд.
Сабринисо Тавакалова, модари Қудбидин мегӯяд, ки фарзандаш барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба мардикорӣ ба Русия рафта меомад: “Соли 2014 баъди оила барпо карданаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карда, дар онҷо бемор мешавад, ба мо телефонӣ занг зада мегӯяд, ки оилаамро ба наздам равон кунед. Мо барои келини худ чипта омода карда, ба назди писарам равонаш кардем”.
Зимни суҳбат модари Қудбидин ба мо иброз намуд, ки чанде баъд хабари пайвастани ӯ ва оилаашро ба ҷангҳои бемаънӣ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ шунидааст. Ӯ гуфт: “Дар ғами писарам ҳастам, ки чӣ ҳол дошта бошад? Падар аз ғами писараш ҷон дод, худам дар ғами онҳо ҳастам, ки дар куҷо ҳастанду чӣ ҳол доранд. Орзу дорам, ки як бор ба оғӯшаш гирам”.
Ин хонавода ҳатто ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки агар писарашонро аз Сурия баргардонанд, барои онҳо ҳадя хоҳанд дод ва ин ҳадя як гове ҳаст, ки дороии ин хонавода ба ҳисоб меравад.
Сабринисо Тавакалова бо дидаи пурашк қисса намуд, ки “баъди хабари ифротӣ шудани фарзандаш Қудбидинро шунидан шавҳарам аз ғами фарзанди роҳгумзадааш аз олам чашм пӯшуду худи ман бемору бистариям”.
Бародари Қудбидин бошад, ба мо гуфт, ки “додари ман инсони хеле хуб буд, на май менӯшиду на сигор мекашид, намозхону рӯзагир буд, вале ҳеҷ бовар надоштем, ки ба ин роҳ биравад. Мо чанд бародар дар Русия кор мекунем. Агар аз рафтани ӯ ба ҷангҳои бемаънии Сурия огоҳ мешудем, ҳатман ӯро аз роҳаш бармегардондем”. Ӯ гуфт, ки додарашро касе фиреб дода ба Сурия бурдааст: “Муддати беш аз ду сол мешавад, ки тамоман бо мо тамос намегирад ва намедонем, ки дар қайди ҳаёт ҳаст ё не. Ягона орзуи мо аҳли оила бори дигар ба оғӯш гирифтани фарзанди падарамон мебошад. Бигзор тибқи қонун ҷазо гиранд, вале дар Тоҷикистон бошанду зинда будани онҳоро бубинем”.
Ҳоло суроғаи Қудбидин Тавакалов дар назди идораи пулис ва роҳҳои серодами ноҳияи Бохтар гузошта шудааст, ки бо ҷурми ҳамдастӣ ба “Давлати исломӣ” гумонбар аст.
Бояд гуфт, ин ягона нафаре нест, ки аз ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар ба гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудааст.
Абдуғафор Ёров, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар қайд кард, ки аз ҳудуди ҷамоат як оила бо зану фарзандонаш ва 12 нафар ҷавонони дигар бо мақсади “ҷиҳод” ба гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, бино ба маълумотҳои оперативӣ, дар давлатҳои Сурияву Ироқ қарор доштаанд. Ӯ гуфт, ки бештарашон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин давлатҳо сафар намудаанд. Қайд рафт, ки ин оилае, ки ба гуруҳҳои ифротӣ аз ҷамоат шомил шудааст, оилаи Тавакаловҳо мебошад, ки бо зану фарзандаш ба Сурия рафта, тамоман бо хонаводаи худ тамос нагирифтааст.
Ба гуфти масъули ҷамоат, зимни суҳбату вохӯриҳо бо волидони ҷавононе, ки бо пайвастан ба ДИИШ дар рӯйхати сиёҳ қарор доранд, маълум гашт, ки тариқи телефон гоҳ - гоҳ бо назикони худ дар тамос мешуданд ва билохира пурра тамоси онҳо бо волидони худ аз соли 2016 қатъ шуда, ҳоло аз онҳо хабаре нест.
Абдуғафор Ёров омили шомил шудани ҷавонони ҷамоатро ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки баъди гуреза шудани шаҳрвандон онҳо аз муассисаҳои таълимӣ дур мондаанд, саводи кофӣ надоранд ва ба зудӣ барои пули муфт ба даст овардан ба суханони бофтаи пайравони давлати ба ном исломӣ бовар намуда, ба ҷангҳои Сурияву Ироқ сафар намудаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва баргардонидани онҳо ба ватан суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст, вале мутаассифона ин ҳама бенатиҷа боқӣ мондааст, зеро нафаре аз ин ҷамоат аз Сурия барнагаштааст.
Дилшод Валиев, масъули бахши дин, тазиму анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар гуфт, ки мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, дар ин самт ҳар як инсони солимақл бояд ҳиссаи созгори худро гузорад. Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо, барои пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ин гуруҳҳои тундрав бояд пайваста миёни ҷавонон суҳбату мулоқот гузаронида шуда, бад-ин васила сатҳи огоҳии онҳо боло бурда шавад. Зарур аст, ки наврасону ҷавононро бештар ба ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббат ба касбу ҳунар ҷалб намоем.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки баргаштани ҷавонон аз ДИИШ кори сангин аст, ки ба истиснои чанд нафар аз Хатлон дигарҳо наметавонанд анҷом диҳанд. Орзуи Карим, хабарнигор, ки бо ин мавзуъ бештар ошноӣ дорад, гуфт, ки баромадан аз минтақаи зери назорати ДИИШ кори сангине мебошад: “Зоҳиран аксар ҷавононе, ки ба ДИИШ мепайванданд, пушаймон ҳастанд, вале аз суҳбатҳои онҳое, ки аз нимароҳ, яъне аз Туркия баргаштаанд ва онҳое, ки аз Сурия баргаштаанд, маълум мешавад, ки бозгашт кори душвор аст. Ҳарчанд қонун онҳоеро, ки пушаймон мешаванд, афв мекунад, вале роҳи бозгашташон сангин аст. Хусусан барои заноне, ки баъди марги шавҳаронашон кӯдакони ноболиғ дар даст доранд”.
Тибқи маълумоте, ки чанд моҳи пеш дар ноҳияи Бохтар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, шумораи сокинони ин ноҳия, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ҳудуди 90 нафар будааст, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Президент моҳи майи соли гузашта, чанд моҳи пеш аз суҳбаташ дар ноҳияи Бохтар дар ноҳияи Данғара аз ифротгароӣ ва ҳузури ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ изҳори нигаронӣ намуда, гуфта буд, ки 500 сокини вилояти Хатлон дар зери парчами сиёҳи ДИИШ меҷангидаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомот дар вилояти Хатлон мавзуи терроризм ва экстремизмро “вабои аср” дониста, мегӯянд, ки ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, ҳамзамон барои зиндагии осоиштаи минбаъдаи башарият хатари бузург эҷод мекунад. Барои ҳамин, ҷавонон бояд беш аз пеш зираку ҳушёр бошанд, ватану миллати худро дӯст доранд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 463

«Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, инсоният ба бисёре аз мушкилоти фаромилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз ифротгароӣ яке аз масоили мубрам ва актуалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба яке аз мавзуҳои доғ мубаддал шудааст, ки ҳар рӯз тавассути расонаҳо дар ин бора иттилоъ мегирем.

Шояд имрӯз давлате вуҷуд надошта бошад, ки онро хатари терроризм таҳдид накунад. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки дар ибтидои асри XXI хусусияти ҷаҳониро касб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаи муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардаанд.
Аммо калимаҳои ба ин монанди радикализм (тундгароӣ), фанатизм (таассубгароӣ), фундаментализм (бунёдгароӣ), терроризм (даҳшатафканӣ) ба маъноҳои зайл омадаанд:
Мафҳуми «радикализм» маънои амали канорагириро дорад. Дар китоби «Донишномаи сиёсӣ» таърифи он чунин оварда шудааст: “Радикализм фаъолияти сиёсии гуруҳ, ҳизби сиёсӣ буда, нисбат ба ҳалли ислоҳот ва тағйироти демократӣ амали устувор дошта, баҳри қонеъ гардонидани талаботи аъзо мубориза мебарад”.
Имрӯзҳо аксари мардуми ноогоҳ ва дур аз илму дониш амалҳои ифротӣ ва террористиро танҳо ба мусулмонҳо нисбат медиҳанд ва ифротгароёнро мусулмон медонанду гумон мекунанд, ки ифрот зодаи Ислом аст.
Аслан мо наметавонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дастуроти воқеии на дини Яҳудӣ, на Масеҳӣ ва на дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад.
Худованд (ҷ) дар ояи 13-и сураи Ҳуҷурот мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо гардонидем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳар оина, гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст”.
Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат изҳор доштанд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».
Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он, ки ифроти сӯйистифодашуда аз дин бошад ё ғайри динӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд. Қуръони карим ҳам уммати Исломро уммати васат (миёна) номидааст: «Ва ҳамчунин, шуморо уммати васат сохтем, то ба мардум гувоҳ бошед...» (Сураи «Бақара», ояти 143).
Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад. Балки бо таълимоти дини мубини Ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст, мухолифат дорад. Худованди бузург ба Паёмбараш (с) хитоб намуда мефармояд: «Ва мо туро нафиристодем, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён» (Сураи “Анбиё”, ояти 107).
Паёмбар (с) вақте ҳазрати Алӣ (р)-ро барои фатҳи Хайбар амр намуданд, гуфтанд: “Аввал, онҳоро ба накӯӣ даъват кунед, пирон, занон ва кӯдаконро накушед, ҳар касе, ки дар маъбади худ ибодат мекунад (чи маҷусӣ, чи масеҳӣ, чи яҳудӣ), накушед, ҳар кӣ дар мазрааш кор мекунад, ӯро ҳам накушед, хонаву дар ва замини полезро вайрону поймол насозед, дарахтонро набуред! Танҳо нафароне, ки сӯи Шумо силоҳ мекашанд, бо онҳо муқотала кунед”.
Акнун рафтори ДИИШ-ро бо сухани Паёмбар (с) муқоиса мекунем, ки онҳо на ба пир раҳм доранд, на нисбати кӯдакон шафқат доранд, мардуми бегуноҳро сар мебуранд ва бераҳмона ба занҳо дасти таҷовуз дароз мекунанд ва ғайра. Ҳол он ки, дар таълимоти исломӣ ҳатто куштан ва озор додани ҳайвонот ҷоиз нест.
Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Зане гурбаеро ҳабс намуда, таом надод ва нагузошт, ки аз ҳашароти замин бихӯрад, аз ин сабаб дохили дӯзах шуд» (Ривояти Бухорӣ, 3318 ва Муслим, 2242 аз Ибни Умар (р)).
Пас, худ хулоса бароред, ки ҳоли ононе, ки мусулмононро озор медиҳанду мекушанд ва ба молу мулк ва аҳлу иёлашон дасти таҷовуз дароз мекунанд, чӣ мешаванд?
Худованд дар Қуръони карим, сураи “Нисо”, ояти 93 мефармояд: “Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”.
Дар ин оят 5 таъкиди ҷиддӣ аст, ки дар ягон гуноҳи кабираи дигар Худованд чунин масъаларо сахт таъкид накардааст:
1. Ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст.
2. Дар дӯзах ҷовид бошад.
3. Худо бар ӯ хашм гирифтааст.
4. Худо ӯро лаънат кардааст.
5. Азоби бузург барои ӯ омода сохтааст.
Воқеан, ин таъкидот аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Ин на ривоят аст ва на ҳадис, ки саҳеҳиву заифиашро биҷӯем, ин Каломи Худо аст ва ҷои баҳс надорад. Аз ин сухани боризу равшантаре нест, ки як нафар муъмин ё имондорро қатл кардан чи гуна оқибати вазнин дорад. То дараҷае, ки Худованд ӯро лаънат мекунад ва азоби бузурге барои қотил омода месозад.

Искандаршо УМАРОВ,
муовини ректор оид ба тарбияи ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа (р)

Хонданд 682

Ноболиғонро чӣ интизор аст?

Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки «Ғоратгарӣ» унвон мешавад, нисбати ду хонандаи ноболиғи литсейи ноҳияи Панҷ дар ШВКД-и ин ноҳия ба анҷом расида, ба Прокуратураи ноҳия барои омӯзиш ирсол шудааст. Ин парванда пас аз он нисбати хонандагони литсейи ноҳияи Панҷ Назиров Мизроб ва Назаров Анӯшервон оғоз шуд, ки муаллими фанни таърих ва санъати тасвирӣ, ҳамзамон ҷонишини директори мактаби рақами 12-и деҳаи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагон Шоҳсалмон Набиеви 45-сола субҳи барвақти рӯзи 9-уми декабр дар коҳдони оғилхонааш худро овехт.
Айни замон сабабҳои худкушии ҷонишини директори мактаби миёнаи рақами 12-и ноҳияи Панҷ Шоҳсалмон Набиев маълум нест ва бо сабаби мавриди санҷишу таҳқиқ қарор доштани қазия, аз прокуратураи ноҳия маълумоти бештар пайдо карда натавонистем.
Аз ШВКД дар ноҳияи Панҷ зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки ин наврасон дар кӯчаи Мири ҷамоати шаҳрак аз вазъи нотавонии Шоҳсалмон Набиеви дар ҳолати сахти мастӣ қарордошта истифода бурда, даст ба ғорати ӯ задаанд: “Онҳо 850 сомонию як адад телефони одии Nokia-и ӯро тасарруф кардаанд, вале нисбати Набиев ягон ҳаракати зӯроварӣ анҷом надодаанд. Феълан то баррасии парванда дар суд, бо шарти берун набаромадан аз маҳалли зист, ин ноболиғон дар озодӣ қарор доранд”.

Мудири маориф: Омӯзгор пас аз соати корӣ нӯшидааст
Боймуродзода Мавлуда, мудири маорифи ноҳияи Панҷ дар як суҳбат кӯтоҳ гуфт, ки «ин омӯзгор баъд аз соати корӣ нӯшидааст ва то ҳол сабабҳои худкушии ӯ барои мо маълум нест. Мақомот онро таҳқиқ доранд». Номбурда овозаҳоро вобаста ба гирифтани маоши чанд нафар муаллим бо хоҳиши худи онҳо аз банкомат рад карда, гуфт, ки «ин омӯзгор танҳо маоши худашро, ки 850 сомонӣ аст, гирифта, арақ нӯшидааст. Хонандагон низ танҳо маблағашро гирифтаанд, латукӯбаш накардаанд».

Модари Мизроб: Каси дигар ҳам мебуд, пулро мегирифт
Гулшан Назирова, модари Мизроб, ки дар як гӯшаи бозори марказии ноҳияи Панҷ ба пухтани “пирожки” машғул аст, мегӯяд, шавҳараш соли 2012 вафот кардааст ва фарзандонро бо азоб калон кардааст.
- Падари Мизроб шавҳари дуюмам ва 20 сол аз ман калон буд. Доимо арақ менӯшид, дар зиндагӣ хеле азобам дод. Ӯ аз зани якумаш фарзанд надошт. Пас аз фавти шавҳари якумам бо ду фарзанд танҳо мондам. Зиндагӣ сахт аст. Ба хотири фарзандон, ки бе тарбияи падар намонанд, розӣ шудам, ки бо марди аз худам 20 сол калон хонадор шавам, вале ин дафъа низ бахтам омад накард. Аз ӯ 3 писар ва як духтар дорам. Мизроб фарзанди хурдиамон аст. Бо сабаби никоҳи расмӣ надоштан ва зиндагии душворамон дигар кӯдаконам мактаб нахонданд, ягон ҳуҷҷат надоранд. Ҳама фарзандон бо фамилияи ман гузаштаанд. Танҳо Мизроб дар мактаб таҳсил мекунад. Ҳама ёфту тофтамро барои ӯ сарф мекунам, ки хонаду одам шавад, дар зиндагӣ азоб накашад. Нодорӣ ва тангдастӣ дар зиндагӣ одамро роҳгум меандозад. Ман аз чизе хабар надоштам. Рӯзи 9-уми декабр дар набудани ман милисаҳо хона омаданд. Аз духтарам дар куҷо будани либосҳои Мизробро пурсиданд. Баъд маро телефон карданд. Ба хона рафтам. Милисаҳо он ҷо буданд. Дидам, ки дар назди либосҳои Мизроб 400 сомонӣ ва як телефон истодааст. Барои чӣ пештар маро телефон накарданд, ки рафта ёфтану гирифтани пулу телефонро аз ҷайби Мизроб бо чашмам бинам? Магар милисаҳо ҳақ доранд, ки дар набудани ман ба хона даромада, кофтукоб кунанд? Мизроб гуфт, шаби 8-уми декабр ӯ ва ҷӯрааш Анӯшервон аз кӯча мегузаштанд, ки як мардеро дар даруни ҷӯйи оби ифлос афтида диданд. Онҳо кӯшиш карда, ӯро берун бароварданд. Он мард дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштааст, ки ҳатто дар пояш рост истода наметавонистааст. Мизроб гуфт, ки чанд мошинро қарор додем, то ӯро ба хонааш баранд, вале вақте ронандаҳо истода сарулибоси ӯро пури лою об медиданд, зуд аз наздашон дур мешуданд. Касе намехост ба ӯ кӯмак кунад. Аз назди онҳо чанд роҳгузар низ гузаштаанд, вале диданд, ки сахт маст аст, ёриаш накарданд. Дигар онҳо низ ӯро гузошта, хона ба хона рафтаанд,- мегӯяд модари Мизроб.
Холаи Гулшан мегӯяд, вақте ки Мизробу Анӯшервон ӯро аз ҷӯйи ифлос берун кашидаанд, телефону пулҳояш ба замин афтидаанд. Онҳоро ба кисааш тиққонда рафтааст. Аммо беақлию бачагӣ карда, пас аз каме дур рафтан, баргашта пулу телефонашро гирифтаанд: “Агар инҳо намегирифтанд, каси дигар мегирифт”.

Адиба Назарова: Анӯшервон ба 03 занг задааст
Холаи Анӯшервон Назаров мегӯяд, ки ҷиянаш аз хурдӣ дар тарбияи ӯ аст. Замони 8-моҳа будани Анӯшервон падараш онҳоро тарк мекунад. Баъдан модараш ба марди дигар ба шавҳар баромада, алҳол дар Русия зиндагӣ мекунад ва фарзандашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамояд.
- Анӯшервон ва ҷӯрааш хеле кӯшиш кардаанд, ки ба ин муаллим ёрӣ расонанд. Чанд мошинро манъ кардаанд, ки ӯро ба хонааш баранд, вале ронандаҳо аҳволи ӯро дида, рад мекарданд. Анӯшервон ҳатто бо телефони дастиаш ба шуъбаи ёрии таъҷилӣ - 03 занг задааст, вале натавонистааст пайваст шавад. Моддаи “Ғоратгарӣ”, ки ба пойи бачаҳо “бастаанд”, тамоман дуруст нест. Онҳо ҳеҷ касро ғорат накардаанд, баръакс, кӯшиши расонидани кӯмак кардаанд. Дар милиса, ки афтидӣ, мурдаи Ленина ба калла мегирӣ. Анӯшервон ягон пул нагирифтааст, вале дар милисахона барои ҳамон шаб бо Мизроб ҳамроҳ буданаш гумонбар дониста мешавад,- мегӯяд Адиба Назарова.

Директор: Муаллим ягон камбудӣ надошт
Директори мактаби миёнаи рақами 12-и ноҳияи Панҷ Пиров Пирумшо, ки марҳум Шоҳсалмон Набиев ба сифати муаллим ва ҷонишини директор дар ин муассиса фаъолият мекард, дар суҳбат бо мо гуфт, дар бораи ҷузъиёти худкушии Шоҳсалмон Набиев ва сабабҳои он чизе намедонад.
- Ӯ аз соли 1997 дар мактаби рақами 12-и деҳаи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагон фаъолият дошт ва аз фанни санъати тасвирӣ ва таърих ба шогирдон дарс мегуфт. Аз ин ҳисоб давоми 10 соли охир ба ҳайси ҷонишини директор кор кардааст. Тӯли 3 соле, ки ман ба ин муассиса ба ҳайси директор таъйин шудам, ягон маротиба ҳолати бади равонии Шоҳсалмон Набиевро надидам. Фақат як камбудӣ дошт, ки дар ду ҳафта, се ҳафта як маротиба пас аз дарс бегоҳ ба ноҳия рафта арақ менӯшид. Дар умум, дар корҳои мактаб фаъол ва бекамбудӣ буд. Айни ҳол сабабҳои худкушиашро муфаттишони прокуратураи ноҳия таҳқиқ карда истодаанд.

Суннатулло: Падарам нимашабӣ гуфт “ба масҷид меравам”
Аз марҳум Шоҳсалмон Набиев чор писар ятим мондааст, ки калонии онҳо 17 сол ва аз ҳама хурдӣ 7 сол дорад.
Суннатуллои Шоҳсалмон, фарзанди калонии марҳум Набиев, ки дар синфи 11-и мактаби рақами 2-и ноҳия таҳсил мекунад, зимни суҳбат гуфт:
- Падарам нимашабӣ аз хоб хеста, оббозӣ ва таҳорат карда, гуфт ба масҷид меравад, вале ба ӯ гуфтем, ки ҳоло барвақт аст, азони намози бомдодро нагуфтаанд. Баъди чанде бо шунидани азон сӯи масҷид рафт. Масҷид аз хонаамон дур нест. Бадбахтона, бо сабабҳои номаълум ба масҷид нею ба коҳдон баромада, худро бо ресмон овехтааст. Саҳар соати 6, вақте ки ба коҳдон барои коҳ додан ба гову гӯсфандон даромадам, ҷасади падарамро дар болои “чердак” овезон дидам. Дод зада, очама фарёд кардам. То омадани очам худам танҳо бандро бурида, ҷасадро фаровардам. Баъд ҳамсояҳо ҷамъ шуда, ба милиса хабар доданд. Милисаҳо омаданд, баёнотҳоямонро гирифтанд. Ҷасадро бурданду қариби нисфирӯзӣ оварданд. Ҳамон рӯз пас аз намози пешин падарамро ҷаноза карда, дар қабристони деҳа гӯронидем.

Гулова: Фарзандонам мепурсанд…
Бунафша Гулова, ҳамсари марҳум Шоҳсалмон Набиев мегӯяд, бо гузашти 35 рӯз аз марги мармузи шавҳараш намедонад ба суоли фарзандонаш дар мавриди худкушии падарашон чӣ ҷавоб диҳад.
- Ӯ (шавҳараш) бисёр наменӯшид. Дар ду-се ҳафта як маротиба арақ мехӯрд, вале ба мисли дафъаи охир ҳеҷ гоҳ нашуда буд. Намедонам чӣ хӯрда буд, вақте ки ӯро қариб соати 22-и шаб як нафар аз ҳамдеҳаҳои худамон дар пушти бағоҷи мошинаш ба хона овард, гап намезад, ором буд, маҷоли роҳгардӣ надошт. Либосҳояш ҳама тар буд. Ба хона дароварда, либосҳояшро иваз мекардем, ӯ чашмонашро калон-калон кушода, ба мо нигоҳ мекард, вале гап зада наметавонист. Саволҳои ман, ки ҳар замон дар куҷо будан ва бо кӣ буданашро мехостам бифаҳмам, беҷавоб монданд. Шабҳои дигар, вақте маст меомад, ду-се маротиба берун мебаромад, аммо шаби охир чизе хӯрда буд, ки то субҳ аз ҷояш наҷумбид. Қарибиҳои саҳар буд, ба зӯр хеста берун баромад. Гуфт оббозӣ кардан мехоҳад. Ба ҳаммом об бурдем. Баъди оббозӣ гуфт ба масҷид меравад, вале барвақтар, ки буд, намондем равад. Баъд аз шунидани азони бомдод, хесту аз хона баромада рафт. Дигар пеши роҳашро нагирифтем...

Бародари марҳум: Хулосаи ташхис бароямон то ҳол номаълум аст
Иноят Набиев, бародари Шоҳсалмон Набиев мегӯяд, субҳ аз мақомоти ноҳия омада, ҷасади бародарашро барои ташхис бурданд, вале то ҳанӯз сабабҳои маргаш номаълум аст.
- Экпертҳои судӣ-тиббӣ омаданд, ташхис гузарониданд. Хулосаи як ташхисро муайян карданд, ки истифодаи маводи зиёди спиртдор будааст, вале гуфтанд, ки хулосаи ташхиси дуюмро дар маркази ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе муайян хоҳанд кард. То ҳол хулосаи аниқу дақиқи ташхис ва сабабҳои худкушии бародарам бароямон номаълум аст,- гуфт И. Набиев.

Хулоса аз ҷойи ҳодиса
Аз ҷойи содир гардидани худкушӣ, яъне коҳдони оғилхонаи марҳум Набиев дидан кардем ва акс гирифтем. Равчӯбе, ки марҳум худро дар он овехтааст, на зиёдтар аз 1,6 метр баланд аст ва ба нафари қадбаланд барои худовезӣ номусоид аст. Ин ҷо барои муфаттиши парванда саволе боз мемонад, то сабабҳои аслии худкушии муаллимро мунсифона ва беғараз муайян намояд. Зеро ба воқеъият рост намеояд, нафаре, ки пойҳояш ба замин расидаву худашро овезад. Ширинии ҷон дар ҳама ҳолат водор месозад поятро ба замин гузорию худро аз марг халос созӣ. Баъдан, ба қавли ҳамсараш, дар зиндагӣ ягон камбудӣ надоштанд, чор писарашон аллакай ёрдамчии волидон буданд, хонаву дари обод доштанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Хонданд 1358

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.