.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

ҚОБИЛИ НОҚОБИЛ

Фев 24, 2018
Хонданд: 701

Намояндаи ваколатдори бахши ҷустуҷӯи ҷиноят, капитани милитсия Анвар Низомӣ чанд рӯз инҷониб сарҳисоби корашро намеёфт. Дар минтақаи назорати ӯ, ки маҳалли ором ҳисоб мешуд, якбора се ҷинояти вазнин сар зад, нафари шахсияташ номаълум се занро ғорат карда ҳамёнашро ба яғмо бурда, бедарак ғайб задааст.

Аз баёноти ҷабрдидаҳо, истиқоматкунандагони хонаҳои баландошёна бармеояд, ки онҳо баъди кор аз мағозаю дӯконҳо харид карда, ба манзилашон бармегаштанд, дар даромадгоҳи хона марде ба онҳо дарафтода, ҳамёнашонро кашида мегираду дартоз аз зинаҳои торик фаромада меравад. Ҷабрдида доду вой мекунад, аз паси гуреза поён мефарояд, вале бо сабаби торикӣ гум мекунад ва баъдан ба милитсия муроҷиат менамояд.
Анвар Низомӣ, ки ҷустуҷӯи ғоратро ба уҳда дошт, тахмин кард, ки се ҷиноят ба як кас мансуб аст, вай маҳалро хуб медонад ва занҳоро назорат намуда, то ба гузаргоҳ расидани онҳо фурӯзонаки даромадгоҳро тофта, хомӯш менамояд ва дар кунҷи торик ҳадафро назорат менамояд. Баъди ба гузаргоҳ даромадани зан ҳамёнашро кашида мегираду гурехта меравад.
Капитан Низомӣ вақти муоинаи ҷойи ҳодисаҳо фурӯзонакҳои гумонбаршуда тофтаро гирифту ба таҷзиягар-криминалисти шуъба супорида, хоҳиш намуд, ки онҳоро муоина намуда, аз айбдоршаванда нишон ҷӯяд.
- Фурӯзонакҳоро ташхис кардам,- бегоҳ ба Низомӣ маълумот дод таҷзиягар. Дар онҳо изи ангушти як кас нақш бастааст. Мутаассифона дар бойгонии мо чунин нақш набудааст, маълум, ки вай пештар бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ сару кор надоштааст.
- Гуфтаниед, ки ӯ навкор аст?
- Бале, ман ба чунин хулоса омадам,- ҷавоб дод таҷзиягар.
Низомӣ ба утоқаш баргашту нақшаи ҷустуҷӯро кашид. Аз гуфти шоҳидон ғоратгар ҷавони лоғари миёнақад ва хеле чолок будааст, маҳалро хуб медонистааст, пас вай дар ҳамон атроф зиндагӣ ё кор мекунад…
Садои занги телефон тори хаёлоти ӯро барканд. Гӯшакро бардошт, навбатдори шуъба будааст.
- Дар маҳалли шумо боз як ҷиноят сар задааст, ҷавоне дар гузаргоҳи хонаи истиқоматӣ ҳамёни Боҳирова ном занро гирифта, гурехтааст. Бо гуруҳи фаврии тафтишотӣ ба маҳалли ҳодиса равед.
- Хуб, - гуфт капитан ва саросема коғазҳояшро ғундошта аз утоқи корӣ баромад.
Назди даромадгоҳи шуъба «Газел»-и хизматӣ меистод, гуруҳи фаврӣ ба он нишаст ва дере нагузашта афсарон ба маҳалли ҳодиса расиданд. Назди бинои рақами 20 чанд нафар баҳс мекарданд, нозири минтақа бо онҳо саволу ҷавоб менамуд.
- Чӣ гап шуд? - аз нозир пурсид Низомӣ.
- Ин кас сокини ҳамин хона Боҳирова, вақти аз мағоза харид карда баргаштан дар зинаҳо ҷавоне ба ӯ расида меояду ҳамёнашро гирифта, қафо гашта меравад.
- Шумо рӯйи вайро дидед? - пурсид занро Низомӣ.
- Не, роҳрав торик буд, дар дастам ду халта бор доштам, ҳамёнам дар кисаам буд.
- Вақти ба мағоза рафтанатон чароғи гузаргоҳ фурӯзон буд? - пурсид ӯро Низомӣ.
- Ҳа, гузаргоҳ равшан буд.
- Кӣ чароғро хомӯш карданашро намедонед?
- Тасаввурот надорам.
«Чун пештара, яғмогар бо усули куҳнааш кор кардааст, - аз дил гузаронд Низомӣ ва ба таҷзиягар фармуд, ки фурӯзонакро гирифта, нақши ангушт ҷӯяд».
Ҷӯяндагон атрофи хонаро аз назар гузарониданд, бо чанд роҳгузар ҳамсуҳбат шуда аз гуреза пурсон гаштанд. Низомӣ назди дарвозаи мактаб омад ва ба хоначаи посбон даромаду он ҷо ду мардро дид, ки қартабозӣ мекунанд.
- Кадоматон посбони мактаб? - худро муаррифӣ намуда пурсид капитан.
- Ман,- ҷавоб дод марди ғӯлаи бурутчадор.
- Шумо соати чанд ба кор омада будед? - пурсид вайро капитан.
- Соати панҷ корро қабул кардам ва то ҳол ин ҷо мебошам.
- Дар атроф ягон шахси шубҳанокро надидед?
- Не,- баробар ҷавоб доданд ҳарду.
- Онҳо вақти кор қартабозӣ мекунанд, - ба хона даромада гила кард нозири минтақа.
- Ман шуморо ба наздикӣ огоҳ карда будам, ки атрофро ҳушёрона назорат кунед, вақти кор қартабозӣ накунед.
- Ман ҳозир омадам, - гуфт шарики посбон.
- Ним соат пеш дар гузаргоҳи дуюми хонаи рақами 20 занеро ғорат кардаанд, шумо ягон шахси бегонаро надидед?
- Бегонаро надидаам,- гуфт вай ва чашмонашро нимпӯш намуда афзуд. -Тахмин ним соат пеш электрики идораи истифодаи манзил Қобилро дидам, ки дартоз аз хонаи 20 баромада, паси хонаи 22 гузашта рафт.
- Муфассал гап занед, Қобилаш кист, магар вай барқчии идораи истифодаи манзил аст?
- Вай электрики маҳалла, ҳар вақт чароғ хомӯш шавад, ҷеғ мезанем, меояду таъмир карда меравад.
- Барқчӣ будааст,- гуфт дар дил Низомӣ. Ҳар чор ғорат бо барқ алоқаманд аст, ба фикрам ин тасодуф нест.
Дар идораи истифодаи манзил ба афсарон гуфтанд, ки Қобил Носиров имрӯз истироҳат мекунад, пагоҳ навбатдор аст, албатта меояд. Фардо биёед,- меёбед, маслиҳат дод навбатдор.
- Манзилаш дар куҷост? - пурсид нозири минтақа.
- Дар маҳаллаи Бофанда, назди мағозаи меваю сабзавот зиндагӣ мекунад,- ҷавоб дод навбатдор.
Ҷӯяндагон Қобил Носировро дар қаҳвахонаи «Орзу» дарёфт намуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд. Ӯ марди 35 солаи миёнақад будааст. Вақти пурсуҷӯ хеле саркашӣ карда, чизеро ба гардан нагирифт.
- Шумо соате пеш дар куҷо будед? - пурсид вайро Низомӣ.
- Имрӯз истироҳат доштам, ҳеҷ куҷо нарафта, дар хона нишастам, баъд ба қаҳвахона баромадам, ки шумо боздошт карда ин ҷо овардед.
- Дурӯғ нагӯед, соате пеш шумо дар маҳаллаи ҳаштум будед, аз хонаи 20 баромада, паси хонаи 22 гузаштед. Он ҷо чӣ кор доштед?
- Он ҷо нарафтаам.
- Шоҳидон чӣ тавр аз гузаргоҳ баромада гурехтанатонро тасдиқ карданд.
- Ин иштибоҳ аст, - забон хоид Қобил.
Низомӣ таҷзиягарро наздаш хонда, фармуд, ки нақши ангушти Носировро гирад ва онро бо изи ангуштони аз маҳалли ҳодисаҳо ёфтаашон муқоиса намояд.
Торикӣ дар шаҳр ҳукмфармо гашт. Кормандони шуъба як-як аз идора баромада мерафтанд, фақат чароғи утоқи навбатдорон фурӯзон буданд. Дере нагузашта таҷзиягар хулосаи ташхисро ба Низомӣ оварда гуфт: -Ҳар чор нақшаи ангушти дар фурӯзонакҳо буда, ба Қобил Носиров мансуб будааст.
Вақти кофтукови манзили гумонбаршуда чанд ҳамёни занона, аз ҷумла ҳамёни Боҳироваро бо як қисм пулаш дарёб намуданд.
- Боқимондаашро куҷо кардед? - пурсид вайро Низомӣ.
- Ба эҳтиёҷоти худ сарф намудам - ҷавоб дод Қобил.
- Дар зарфи якуним соат сесад сомониашро «хӯрдед»? Маълум, ки пули муфт чӣ тавре ояд, ҳамон тавр мерафтааст, - гуфт таҷзиягар.
Вақти номгузорӣ волидонат саҳл кардаанд, аниқтараш ту ба номат мувофиқ нашудӣ ва ноқобил баромадӣ, - пурсучӯро ҷамъбаст намуд муфаттиш.
Низомӣ бевақт аз кор баромада, қад-қади дарё сӯи хонааш қадам зад.Бо вуҷуди хастагӣ вай сабук роҳ мерафт, гӯё аз дӯшаш бори вазнинро партофтода бошад. Ӯ аз омади кораш хурсанд буд, зеро имшаб нӯги тугуни печ дар печро ёфт, чор ҷинояти вазнинро ошкор кард.
Ромиши Фирдавс

Хонданд 701

Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан ва Спитамени вилояти Суғд маҳалҳои осебпазир дар мавриди шомил шудани сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротгаро ном бурда мешаванд. Дар ин бора муовини раиси Суди вилояти Суғд Манзура Латифзода дар нишасти матбуотии нимсолаи соли равон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Бино ба маълумоти ӯ, солҳои охир нисбати 67 нафар сокини Исфара 36 парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротӣ баррасӣ шуда, ҳукми онҳо ба қувваи қонунӣ даромадаанд. Ин нафарон дар ҷангҳои хориҷи кишвар иштирок намуда, ҳамчунин ба ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ шомил шудаанд.

Масъалаи гаравидани сокинон ба равияҳои ифротӣ дар ноҳияи Спитамен низ ташвишовар арзёбӣ карда мешавад. Судяи Суди ноҳияи Спитамен соли 2016-ум 6 парванда нисбати 7 нафарро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки аз ин шумора 2 нафари онҳо дар муқовиматҳои давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд. Ҳукми ин нафарон низ эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Масъулин мегӯянд, ки солҳои охир дар ноҳияи Спитамен шумораи парвандаҳо бо ҷурми гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро коҳиш ёфтааст.
- Аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД ҶТ онҳо (нафарони дар боло зикршуда, яъне 7 нафар дар назар аст) дастгир шуда, нисбаташон парвандаҳо оғоз карда шудаанд ва моҳиятан тафтиши пешакӣ ба анҷом расида, ба суд ирсол карда шудаанд. Нисбати онҳо аз ҷониби суд ҷазои сазовор таъин карда шудааст,- мегӯяд Лоиқшо Закирзода, раиси Суди ноҳияи Спитамен.
Раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Содиқ Ваҳҳобзода изҳор медорад, ки сабаби асосии пайвастани сокинони ин ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро - ин фаъол будани шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла “Вайбер” маҳсуб мешавад. Давоми як соли охир нисбати 29 нафар сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 7 парванда баррасӣ шудааст. Шаш нафар сокинони ин ноҳия бинобар хабар надодан дар мавриди шомилшавии атрофиёнашон ба ҳизбу гуруҳҳои мамнуъ ба мақомоти дахлдор, маҳкум гардидаанд. Раиси суди ноҳияи мазкур қайд кард, ки дар умум ҷазои 35 нафар сокини Ҷаббор Расулов давоми соли 2016-ум ҳукми қонунӣ гирифтааст.
- Бо воситаи “Вайбер”, интернет, онҳо бо якдигар мулоқот карда, бо азму иродаи худ, яъне барои рафтан ба Сурия розигӣ додаанд. Онҳо ҳаракатҳое ҳам карда буданд, ки шиносномаи хориҷӣ дастрас кунанд. Аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ҳамаи ин тасдиқ шуда, бо ҳукми суд парванда баррасӣ шудааст. Шикояти онҳо низ дар суди вилоятӣ баррасӣ шуда, тасдиқи худро наёфтааст,- баён медорад Содиқ Ваҳҳобзода.
Шаҳри Истаравшан аз минтақаҳои дигари осебпазири Суғд мебошад ва бино ба маълумотҳо, дар як соли охир нисбати 14 нафар 4 парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ду нафар аз онҳо дар ҷангҳои давлатҳои исломӣ иштирок намудаанд. Бештари парвандаҳо - ин пайвастан ба ҷараёни мамнуи “Салафия” маҳсуб меёбад. Дар маҷмуъ, дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон 48 парванда баррасӣ шуда, ҳукми онҳо эътибори қонунӣ гирифтааст.
Собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ дар нишасти хабарии нимсолаи аввал гуфта буд, ки дар мавриди пешгирии ин падидаи номатлуб аз ҷониби масъулин корбарӣ идома дорад ва хушбахтона дар ин давра шомилшавӣ ба қайд гирифта нашудааст ва аксаран имрӯзҳо парвандаҳои солҳои пеш баррасӣ шуда истодааст: “Дар вилояти Суғд ба кишварҳои Ироқу Сурия рафтану гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротӣ қариб ки ба назар намерасад. Фақат ҳозир мо дастгир ва ошкор карда истодаем, он ҳолатҳо, он қонуншикиниҳоеро, ки солҳои пештар буданд. Ҳоло мо пешгирӣ карда истодаем, ки айни замон шомилшавӣ ба назар намерасад. Лекин як хатари дигар ҳаст - Афғонистон. Ман ахбороти телевизиони “Тулуъ”-ро дидам. Ҳаракати гуруҳҳои ифротгаро ба минтақаҳои тоҷикнишини Афғонистон аст. Ин хатари калони ҷиддӣ аст, инро роҳбарияти ҷумҳурӣ ҳам медонанд ва мо низ кӯшиш мекунем, ки аз ин гуна ҳолатҳо пешгирӣ намоем. Ман аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурсидам, ки ба таври мушаххас гуфта метавонед, ки чанд кас нобуд шуд, чанд кас монд? Маълумоти дақиқ надоранд, чунки бо Сурияву Ироқ алоқа нест”.
Коршиносон ҳам изҳор медоранд, ки имрӯз давлату ҳукумат бо пиёда кардани барнома ва мулоқоту чорабиниҳо бо аҳолӣ аз шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои иртиҷоӣ пешгирӣ карда, сафи онҳоро коҳиш додааст. Аммо набояд аз ин хотирҷамъ шуд, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор боз ҳам пурзӯр карда шаванд, зеро дар замони ҷаҳонишавӣ таҳдиди ҳар гуна хатарҳо аз эҳтимол дур нест.

Афзал БОСОЛИЕВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 515

Гандумдавлати 29-сола, сокини ноҳияи Ванҷ, моҳи ноябри соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафта, дар он ҷо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фирефтаи ифротгароёни «ДИИШ» шуд. Баъдан моҳи майи соли 2015 бо мақсади иштирок намудан дар муқовиматҳои мусаллаҳона ба давлати Туркия рафта, аз он ба кишвари Сурия сафар карду дар ҳайати «ДИИШ» қарор гирифт.

Модари Гандумдавлат - Робиа Бозиева ва падари ӯ Саодат Туфонов ҳар ду афроди бешуғлу кор мебошанд. Онҳо дар дил умеде парвариданд, ки фарзандашон танҳо дар Русия кор карда, дастгиру кӯмакрасони волидони худ мешавад. Аммо ҳайҳот, ки фарзандашон дар айёми ҷавонӣ гумроҳ шуда, роҳи дигареро интихоб намуд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ» баъди мағлубиятҳои пай дар пай дар Сурияву Ироқ бо ҳамдастии хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ба минтақаҳои вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода шуда, рӯз аз рӯз мавқеи худро мустаҳкам намудаанд ва ба ВМКБ-и Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Ба гуфтаи Бахтибек Ниёзмамадов, коршиноси масоили сиёсиву амниятӣ, фаъолияти гуруҳҳои «Толибон» танҳо дар ҳудуди Афғонистон доманадор мемонад, аммо «Давлати исломӣ» ҳоло ҳам тарҳи мушаххасе дорад: «Созмони террористии ДИИШ парчами тираи худро дар як қатор аз мавзеъҳои бузурги аҳолинишини Афғонистон барафрохт ва минтақаи вилояти Бадахшони Афғонистонро ҳамчун пойгоҳ барои ҳамла ба ВМКБ ва бо ин роҳ ба кишварҳои Осиёи Миёнаву Чин ихтиёр кардааст.
Имрӯз таносуби қувваҳо дар Афғонистон зуд тағйир ёфта, вазъият мураккаб гардидааст ва рӯи саҳнаи ин кишвари ҷангзада бозингари нав, яъне «Давлати исломӣ» омад. Эҳтимол ҳаст, ки ин созмони террористӣ мавқеи «Толибон»-ро танг карда, хӯҷаини комили минтақа гардад».
Воқеан, агар нафаре аз зодагони ВМКБ фирефтаи дасисаҳову мағзшӯии чунин гуруҳҳо ва умуман ба сафи онҳо шомил намешуд, ифротгароён наметавонистанд ба вилоят хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Аммо, мутаассифона, теъдоде аз зодагони ВМКБ тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русияву аз он тариқи Туркия ба гуруҳҳои «Давлати исломӣ» пайвастанд ва ин роҳ барояшон ба хатсайри муқаррарӣ мубаддал гашт.
Мисоли он, ки Муслим Давлатови 21-сола бо аҳли оилааш дар маҳаллаи Пуни Ҷугонии мавзеи Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ истиқомат дошт. Вале баъди хатми мактаби миёнаи мавзеи мазкур моҳи ноябри соли 2014 ба Русия азми сафар карда, аз он тариқи Туркия ба кишвари Сурия рафт ва ба гуруҳҳои «ДИИШ» шомил шуд. Ҳол он ки, падараш Муборакшо Давлатов ва модари хонашини ӯ Ҳиноят Назурдинова пешакӣ аз ин тасмимгирии фарзандашон тамоман дарак надоштанд.
Саломатшо Раҳматуллоев, сокини ҷамоати М. Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ зимни як суҳбат бо мо гуфт, ки «соҳибихтиёрии кишварамон шароит фароҳам овард, ки ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон дар низоми давлатдории демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳифз шаванду фазои озоди гуногунандешӣ ба миён ояд. Лекин афсӯс, ки ҷараёну мазҳабҳои алоҳида, фирқаву ашхоси шуҳратпараст аз ин имконот сӯйистифода карда, ҷавононро ба таассубу хурофотпарастӣ, ифротгароиву тангназариҳои мазҳабӣ ҷалб менамоянд. Инро мо дар мисоли иштироки ҷавонони ноҳияамон дар мамолики Араб мебинем”.
Ҳамин тавр, Ҳизатулло Ғайратови 28-сола, зодаи маҳаллаи Одешти ҷамоати М. Абдуллоеви ноҳияи зикршуда низ маълумоти динӣ надошта, моҳи ноябри соли 2010 ба Русия сафар кард ва дар он ҷо муддати чанд соли охир тариқи мағзшӯйӣ ба доми ифротгароён афтод. Яъне номбурда ҳам соли 2015 аз Русия ба воситаи давлати Туркия ба гуруҳҳои “Давлати исломӣ” пайваст.
Бароншо Ёров, собиқадори меҳнати ноҳия мегӯяд, ки “бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон шуд. Яъне ин иқдом ба он хотир буд, ки ҷавонон дар рушди ҷомеаи навин ва баҳри иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бештар талош намоянд. Аммо ҳайф аст, ки на ҳамаи ҷавонон ин ташаббусро сармашқи ҳаёти худ қарор доданд”.
Номзади илмҳои таърих Мамадризо Алимшоев бар он назар аст, ки дар ин раванд ҷомеаи башарӣ новобаста аз манфиатҳои геополитикӣ, идеологӣ ва динию мазҳабидошта бояд дар якҷоягӣ бо терроризм мубориза баранд.
- Вақти он расидааст, ки сарони давлатҳои абарқудрат барои таъмини амнияти низоми сиёсии ҷаҳони имрӯза ба ин зуҳуроти манфӣ диққати бештар дода, аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст кашанд ва дар ҳалли манфиатҳои геополитикиашон аз чунин гуруҳҳо истифода накунанд,- тавзеҳ дод М. Алимшоев.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 437

Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб сокини 23-солаи ноҳияи Муъминободро бо иттиҳоми узвият дар равияи «Салафия» (ташкилоти фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) равонаи зиндон намуд. 

Муродов Хуршед Ҷурахонович, санаи таваллудаш 18-уми апрели соли 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, миллаташ тоҷик мебошад. Дар ин бора Додгоҳи минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар моҳи июли соли 2017 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Муродов Хуршед нусхаи фикри айбдориро санаи 10. 04. 2017 гирифтааст ва дар айбдорӣ бо қисми 2 моддаҳои 307 прим 3, қисми 1 моддаи 189, қисми 1 моддаи 347 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабс қарор дорад.
Изатулло Табарзода, раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ моҳи июли соли 2017 чунин тавзеҳ дод: «Муродов Хуршед Ҷурахонович дидаву дониста, ки 8-уми декабри соли 2014 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи динии «Салафия» дар ҶТ иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст ва 14-уми апрели соли 2015 мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Давлати исломӣ» ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, сомонаи интернетии он баста шуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) манъ гардидааст, ҷиҳати давом додан ва аз нав оғоз намудани фаъолияти ғайриқонунии манъшудаи иттиҳоди экстремистии (ифротгароӣ) равияи динии «Салафия» номбурда аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи феврали соли 2016 ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «Одноклассники» бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар- Умар» баромад кардааст.
Ӯ санаи 7-уми июли соли 2015 вақти дар шаҳри Читаи Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «Одноклассники» аз суроғаи электронии Сулаймонов Нозим Ҳотамович бо номи мустаори «ШАҲАДА или ПОБЕДА», акси парчами ташкилоти террористӣ - экстремистии «ДИИШ»-ро нусхабардорӣ карда, бо мақсади иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистии «Давлати исломӣ» дар суроғаи электрониаш бо номи мустаори «Муҷибурраҳмони А» дар бахши «фото» ҷойгир намудааст. Ҳангоми азназаргузаронии сомонаи интернетии «Одноклассники» дар суроғаи электронии Муродов Х. Ҷ. бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар-Умар» матнҳои динӣ, сабтҳои видеоиву аксҳо ёфта гирифта шудаанд. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2012 барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамроҳи рафиқонаш Амруллои А. ва Сулаймонов Н. Ҳ. ба шаҳри Читаи Федератсияи Россия сафар намудаанд.
Ба иттилои Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, «мувофиқи хулосаи ташхиси давлатии диншиносии №50 аз 17-уми марти соли 2017 дар файлҳои 3-юми аксҳои Муҷибураҳмон ва 7-уми (заметки Муҷибураҳмон) папкаи «Муҷибурраҳмон» 2 акси байрақи ташкилоти экстремистӣ - террористии «ДИИШ» ва дар файли «Группы»-и папкаи «умар-Умар» ҷой дода шудааст, ки ҳамаи инҳо мансуб ба ақидаи равияи ифротгарои «Салафӣ» буда, метавонанд сабабгори барангехтани кинаву адовати динӣ - мазҳабӣ гарданд».
Дар ин бора Додгоҳи минтақаи Кӯлоб нисбати Муродов Хуршед Ҷурахонович ҳукм қабул намуда, бо қисми 2 моддаҳои 307 3, қисми 1 моддаи 189 ва қисми 1 моддаи 347-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст. Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Муродов Х. Ҷ. маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар тамоми Тоҷикистон барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ рӯйи даст гирифта хоҳад шуд. Бино ба омори расмии Додситони кулли Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» шомил шудаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 415

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.