.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан ва Спитамени вилояти Суғд маҳалҳои осебпазир дар мавриди шомил шудани сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротгаро ном бурда мешаванд. Дар ин бора муовини раиси Суди вилояти Суғд Манзура Латифзода дар нишасти матбуотии нимсолаи соли равон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Бино ба маълумоти ӯ, солҳои охир нисбати 67 нафар сокини Исфара 36 парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротӣ баррасӣ шуда, ҳукми онҳо ба қувваи қонунӣ даромадаанд. Ин нафарон дар ҷангҳои хориҷи кишвар иштирок намуда, ҳамчунин ба ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ шомил шудаанд.

Масъалаи гаравидани сокинон ба равияҳои ифротӣ дар ноҳияи Спитамен низ ташвишовар арзёбӣ карда мешавад. Судяи Суди ноҳияи Спитамен соли 2016-ум 6 парванда нисбати 7 нафарро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки аз ин шумора 2 нафари онҳо дар муқовиматҳои давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд. Ҳукми ин нафарон низ эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Масъулин мегӯянд, ки солҳои охир дар ноҳияи Спитамен шумораи парвандаҳо бо ҷурми гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро коҳиш ёфтааст.
- Аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД ҶТ онҳо (нафарони дар боло зикршуда, яъне 7 нафар дар назар аст) дастгир шуда, нисбаташон парвандаҳо оғоз карда шудаанд ва моҳиятан тафтиши пешакӣ ба анҷом расида, ба суд ирсол карда шудаанд. Нисбати онҳо аз ҷониби суд ҷазои сазовор таъин карда шудааст,- мегӯяд Лоиқшо Закирзода, раиси Суди ноҳияи Спитамен.
Раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Содиқ Ваҳҳобзода изҳор медорад, ки сабаби асосии пайвастани сокинони ин ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро - ин фаъол будани шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла “Вайбер” маҳсуб мешавад. Давоми як соли охир нисбати 29 нафар сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 7 парванда баррасӣ шудааст. Шаш нафар сокинони ин ноҳия бинобар хабар надодан дар мавриди шомилшавии атрофиёнашон ба ҳизбу гуруҳҳои мамнуъ ба мақомоти дахлдор, маҳкум гардидаанд. Раиси суди ноҳияи мазкур қайд кард, ки дар умум ҷазои 35 нафар сокини Ҷаббор Расулов давоми соли 2016-ум ҳукми қонунӣ гирифтааст.
- Бо воситаи “Вайбер”, интернет, онҳо бо якдигар мулоқот карда, бо азму иродаи худ, яъне барои рафтан ба Сурия розигӣ додаанд. Онҳо ҳаракатҳое ҳам карда буданд, ки шиносномаи хориҷӣ дастрас кунанд. Аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ҳамаи ин тасдиқ шуда, бо ҳукми суд парванда баррасӣ шудааст. Шикояти онҳо низ дар суди вилоятӣ баррасӣ шуда, тасдиқи худро наёфтааст,- баён медорад Содиқ Ваҳҳобзода.
Шаҳри Истаравшан аз минтақаҳои дигари осебпазири Суғд мебошад ва бино ба маълумотҳо, дар як соли охир нисбати 14 нафар 4 парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ду нафар аз онҳо дар ҷангҳои давлатҳои исломӣ иштирок намудаанд. Бештари парвандаҳо - ин пайвастан ба ҷараёни мамнуи “Салафия” маҳсуб меёбад. Дар маҷмуъ, дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон 48 парванда баррасӣ шуда, ҳукми онҳо эътибори қонунӣ гирифтааст.
Собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ дар нишасти хабарии нимсолаи аввал гуфта буд, ки дар мавриди пешгирии ин падидаи номатлуб аз ҷониби масъулин корбарӣ идома дорад ва хушбахтона дар ин давра шомилшавӣ ба қайд гирифта нашудааст ва аксаран имрӯзҳо парвандаҳои солҳои пеш баррасӣ шуда истодааст: “Дар вилояти Суғд ба кишварҳои Ироқу Сурия рафтану гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротӣ қариб ки ба назар намерасад. Фақат ҳозир мо дастгир ва ошкор карда истодаем, он ҳолатҳо, он қонуншикиниҳоеро, ки солҳои пештар буданд. Ҳоло мо пешгирӣ карда истодаем, ки айни замон шомилшавӣ ба назар намерасад. Лекин як хатари дигар ҳаст - Афғонистон. Ман ахбороти телевизиони “Тулуъ”-ро дидам. Ҳаракати гуруҳҳои ифротгаро ба минтақаҳои тоҷикнишини Афғонистон аст. Ин хатари калони ҷиддӣ аст, инро роҳбарияти ҷумҳурӣ ҳам медонанд ва мо низ кӯшиш мекунем, ки аз ин гуна ҳолатҳо пешгирӣ намоем. Ман аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурсидам, ки ба таври мушаххас гуфта метавонед, ки чанд кас нобуд шуд, чанд кас монд? Маълумоти дақиқ надоранд, чунки бо Сурияву Ироқ алоқа нест”.
Коршиносон ҳам изҳор медоранд, ки имрӯз давлату ҳукумат бо пиёда кардани барнома ва мулоқоту чорабиниҳо бо аҳолӣ аз шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои иртиҷоӣ пешгирӣ карда, сафи онҳоро коҳиш додааст. Аммо набояд аз ин хотирҷамъ шуд, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор боз ҳам пурзӯр карда шаванд, зеро дар замони ҷаҳонишавӣ таҳдиди ҳар гуна хатарҳо аз эҳтимол дур нест.

Афзал БОСОЛИЕВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 484

Гандумдавлати 29-сола, сокини ноҳияи Ванҷ, моҳи ноябри соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафта, дар он ҷо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фирефтаи ифротгароёни «ДИИШ» шуд. Баъдан моҳи майи соли 2015 бо мақсади иштирок намудан дар муқовиматҳои мусаллаҳона ба давлати Туркия рафта, аз он ба кишвари Сурия сафар карду дар ҳайати «ДИИШ» қарор гирифт.

Модари Гандумдавлат - Робиа Бозиева ва падари ӯ Саодат Туфонов ҳар ду афроди бешуғлу кор мебошанд. Онҳо дар дил умеде парвариданд, ки фарзандашон танҳо дар Русия кор карда, дастгиру кӯмакрасони волидони худ мешавад. Аммо ҳайҳот, ки фарзандашон дар айёми ҷавонӣ гумроҳ шуда, роҳи дигареро интихоб намуд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ» баъди мағлубиятҳои пай дар пай дар Сурияву Ироқ бо ҳамдастии хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ба минтақаҳои вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода шуда, рӯз аз рӯз мавқеи худро мустаҳкам намудаанд ва ба ВМКБ-и Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Ба гуфтаи Бахтибек Ниёзмамадов, коршиноси масоили сиёсиву амниятӣ, фаъолияти гуруҳҳои «Толибон» танҳо дар ҳудуди Афғонистон доманадор мемонад, аммо «Давлати исломӣ» ҳоло ҳам тарҳи мушаххасе дорад: «Созмони террористии ДИИШ парчами тираи худро дар як қатор аз мавзеъҳои бузурги аҳолинишини Афғонистон барафрохт ва минтақаи вилояти Бадахшони Афғонистонро ҳамчун пойгоҳ барои ҳамла ба ВМКБ ва бо ин роҳ ба кишварҳои Осиёи Миёнаву Чин ихтиёр кардааст.
Имрӯз таносуби қувваҳо дар Афғонистон зуд тағйир ёфта, вазъият мураккаб гардидааст ва рӯи саҳнаи ин кишвари ҷангзада бозингари нав, яъне «Давлати исломӣ» омад. Эҳтимол ҳаст, ки ин созмони террористӣ мавқеи «Толибон»-ро танг карда, хӯҷаини комили минтақа гардад».
Воқеан, агар нафаре аз зодагони ВМКБ фирефтаи дасисаҳову мағзшӯии чунин гуруҳҳо ва умуман ба сафи онҳо шомил намешуд, ифротгароён наметавонистанд ба вилоят хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Аммо, мутаассифона, теъдоде аз зодагони ВМКБ тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русияву аз он тариқи Туркия ба гуруҳҳои «Давлати исломӣ» пайвастанд ва ин роҳ барояшон ба хатсайри муқаррарӣ мубаддал гашт.
Мисоли он, ки Муслим Давлатови 21-сола бо аҳли оилааш дар маҳаллаи Пуни Ҷугонии мавзеи Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ истиқомат дошт. Вале баъди хатми мактаби миёнаи мавзеи мазкур моҳи ноябри соли 2014 ба Русия азми сафар карда, аз он тариқи Туркия ба кишвари Сурия рафт ва ба гуруҳҳои «ДИИШ» шомил шуд. Ҳол он ки, падараш Муборакшо Давлатов ва модари хонашини ӯ Ҳиноят Назурдинова пешакӣ аз ин тасмимгирии фарзандашон тамоман дарак надоштанд.
Саломатшо Раҳматуллоев, сокини ҷамоати М. Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ зимни як суҳбат бо мо гуфт, ки «соҳибихтиёрии кишварамон шароит фароҳам овард, ки ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон дар низоми давлатдории демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳифз шаванду фазои озоди гуногунандешӣ ба миён ояд. Лекин афсӯс, ки ҷараёну мазҳабҳои алоҳида, фирқаву ашхоси шуҳратпараст аз ин имконот сӯйистифода карда, ҷавононро ба таассубу хурофотпарастӣ, ифротгароиву тангназариҳои мазҳабӣ ҷалб менамоянд. Инро мо дар мисоли иштироки ҷавонони ноҳияамон дар мамолики Араб мебинем”.
Ҳамин тавр, Ҳизатулло Ғайратови 28-сола, зодаи маҳаллаи Одешти ҷамоати М. Абдуллоеви ноҳияи зикршуда низ маълумоти динӣ надошта, моҳи ноябри соли 2010 ба Русия сафар кард ва дар он ҷо муддати чанд соли охир тариқи мағзшӯйӣ ба доми ифротгароён афтод. Яъне номбурда ҳам соли 2015 аз Русия ба воситаи давлати Туркия ба гуруҳҳои “Давлати исломӣ” пайваст.
Бароншо Ёров, собиқадори меҳнати ноҳия мегӯяд, ки “бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон шуд. Яъне ин иқдом ба он хотир буд, ки ҷавонон дар рушди ҷомеаи навин ва баҳри иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бештар талош намоянд. Аммо ҳайф аст, ки на ҳамаи ҷавонон ин ташаббусро сармашқи ҳаёти худ қарор доданд”.
Номзади илмҳои таърих Мамадризо Алимшоев бар он назар аст, ки дар ин раванд ҷомеаи башарӣ новобаста аз манфиатҳои геополитикӣ, идеологӣ ва динию мазҳабидошта бояд дар якҷоягӣ бо терроризм мубориза баранд.
- Вақти он расидааст, ки сарони давлатҳои абарқудрат барои таъмини амнияти низоми сиёсии ҷаҳони имрӯза ба ин зуҳуроти манфӣ диққати бештар дода, аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст кашанд ва дар ҳалли манфиатҳои геополитикиашон аз чунин гуруҳҳо истифода накунанд,- тавзеҳ дод М. Алимшоев.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 408

Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб сокини 23-солаи ноҳияи Муъминободро бо иттиҳоми узвият дар равияи «Салафия» (ташкилоти фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) равонаи зиндон намуд. 

Муродов Хуршед Ҷурахонович, санаи таваллудаш 18-уми апрели соли 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, миллаташ тоҷик мебошад. Дар ин бора Додгоҳи минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар моҳи июли соли 2017 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Муродов Хуршед нусхаи фикри айбдориро санаи 10. 04. 2017 гирифтааст ва дар айбдорӣ бо қисми 2 моддаҳои 307 прим 3, қисми 1 моддаи 189, қисми 1 моддаи 347 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабс қарор дорад.
Изатулло Табарзода, раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ моҳи июли соли 2017 чунин тавзеҳ дод: «Муродов Хуршед Ҷурахонович дидаву дониста, ки 8-уми декабри соли 2014 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи динии «Салафия» дар ҶТ иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст ва 14-уми апрели соли 2015 мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Давлати исломӣ» ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, сомонаи интернетии он баста шуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) манъ гардидааст, ҷиҳати давом додан ва аз нав оғоз намудани фаъолияти ғайриқонунии манъшудаи иттиҳоди экстремистии (ифротгароӣ) равияи динии «Салафия» номбурда аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи феврали соли 2016 ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «Одноклассники» бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар- Умар» баромад кардааст.
Ӯ санаи 7-уми июли соли 2015 вақти дар шаҳри Читаи Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «Одноклассники» аз суроғаи электронии Сулаймонов Нозим Ҳотамович бо номи мустаори «ШАҲАДА или ПОБЕДА», акси парчами ташкилоти террористӣ - экстремистии «ДИИШ»-ро нусхабардорӣ карда, бо мақсади иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистии «Давлати исломӣ» дар суроғаи электрониаш бо номи мустаори «Муҷибурраҳмони А» дар бахши «фото» ҷойгир намудааст. Ҳангоми азназаргузаронии сомонаи интернетии «Одноклассники» дар суроғаи электронии Муродов Х. Ҷ. бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар-Умар» матнҳои динӣ, сабтҳои видеоиву аксҳо ёфта гирифта шудаанд. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2012 барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамроҳи рафиқонаш Амруллои А. ва Сулаймонов Н. Ҳ. ба шаҳри Читаи Федератсияи Россия сафар намудаанд.
Ба иттилои Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, «мувофиқи хулосаи ташхиси давлатии диншиносии №50 аз 17-уми марти соли 2017 дар файлҳои 3-юми аксҳои Муҷибураҳмон ва 7-уми (заметки Муҷибураҳмон) папкаи «Муҷибурраҳмон» 2 акси байрақи ташкилоти экстремистӣ - террористии «ДИИШ» ва дар файли «Группы»-и папкаи «умар-Умар» ҷой дода шудааст, ки ҳамаи инҳо мансуб ба ақидаи равияи ифротгарои «Салафӣ» буда, метавонанд сабабгори барангехтани кинаву адовати динӣ - мазҳабӣ гарданд».
Дар ин бора Додгоҳи минтақаи Кӯлоб нисбати Муродов Хуршед Ҷурахонович ҳукм қабул намуда, бо қисми 2 моддаҳои 307 3, қисми 1 моддаи 189 ва қисми 1 моддаи 347-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст. Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Муродов Х. Ҷ. маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар тамоми Тоҷикистон барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ рӯйи даст гирифта хоҳад шуд. Бино ба омори расмии Додситони кулли Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» шомил шудаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 389

Бунгоҳи таҳқиқотии The Soufan Group, ки таҳаввулоти марбут ба гуруҳҳои тундравро пайгирӣ ва пажуҳиш мекунад, дар гузориши наваш гуфтааст, ки бо танг шудани мавқеи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҷангиён ба минтақаҳои дигари гарм, аз қабили Афғонистон ва ё ватанашон бармегарданд. Дар робита ба ин мехостем бидонем, ки бозгашти ҷангиён, аз қабили ҷангиёни тоҷик ба макони аслии хеш ва ё Афғонистон, ки нуқтаи гарм гуфта мешавад, чи хатару паёмадҳо дорад?

Дар гузориши ҷадиди маркази таҳқиқотии The Soufan Group, ки 24-уми октябри нашр шуд, теъдоди ҷангиёни тоҷикистонӣ дар сафи гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" 1300 нафар гуфта шудааст. Ин бунгоҳи таҳқиқотӣ, ки таҳаввулоти марбут ба гуруҳҳои тундравро пайгирӣ ва пажуҳиш мекунад, дар гузориши наваш, ки таҳти унвони "Берун аз хилофат: Ҷангиёни хориҷӣ ва хатари бозгашти онҳо” нашр шуд, менависад, ки аз шумори зикршуда 700 нафар ҳанӯз дар Ховари Миёна буда, тақдирашон норушан аст.
Гузоришгарон гуфтаанд, аз аввал то ба ҳол наздики 3000 нафар аз Туркия боздошт ва баргардонида шуда, ҳамчунин 147 нафар ихитиёран аз қаламрави ДИИШ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" 40 ҳазор ҷангӣ аз 110 кишвар ҳузур доранд, ки 8600 нафарашон аз давлатҳои пасошӯравӣ будаанд. Ба иттилои манбаъ, бештари аъзои гуруҳи ДИИШ миёни дигар давлатҳо аз Русия будаанд, ки 3417 нафарро ташкил дода, 5000 ҳазор аз Туркия боздошт шуда ва 400 нафарашон ихтиёран баргаштаанд.
Гузоришгарон дар ҷойи дуввум Арабистони Саудиро қарор додаанд, ки 3224 шаҳрванди он дар сафи ДИИШ меҷангад. Дар зинаи сеюм Урдун (3 ҳазор нафар), Тунис дар ҷойи чорум (2936 нафар) ва Фаронса (1910 нафар) дар мақоми панҷуми ҷадвал қарор гирифтааст.
Ба навиштаи ин пойгоҳи таҳқиқотӣ, аз Осиёи Марказӣ дар сафи ДИИШ 4200 нафар меҷанганд, ки аз он 1500 нафар аз Ӯзбекистон, 1300 нафар аз Тоҷикистон, 500-нафарӣ аз Қазоқистону Қирғизистон ва 400 нафари дигар аз Туркманистон ҳастанд.
Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки аксарияти давлатҳо роҳи ҳалли ин мушкилотро ба ғайр аз ба маҳкама кашидан намеёбанд, бинобар ин, бисёре аз собиқ аъзои ДИИШ аз назар ғоиб шуданро авлотар медонанд, ки барои мақомот мушкил эҷод мекунад.
Таҳиягарони гузориш бар он назаранд, ки тақдири бисёре аз ҷангиён баъди шикасти ДИИШ дар Мавсил ва Раққа норушан монда, имкон дорад иддае аз онҳо ба “нуқтаҳои гарм”, мисоли Афғонистон, ки моҳи январи соли 2015 як бахши ДИИШ бо номи “Хуросон” таъсис ёфт, бипайванданд: “Бешубҳа ба ин бахши ДИИШ имкон дорад қувваҳои иловагии хориҷӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ғарби Чин пайваст шавад, зеро ин осонтар нисбат ба Сурия ва Ироқ рафтан аст”.
Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳомиёни ДИИШ аз таҷрибаи озмудашудаи худ истифода мебаранд, чунон ки ин корро баъди хурӯҷи Артиши Сурх аз Афғонистон ва суқути ҳукумати Наҷибулло карда буданд. Яъне дар ибтидои солҳои 90 вақте ки президент Раббонӣ сарварии ҳукумати муҷоҳиддинро ба уҳда гирифт, Амрико ӯро маҷбур кард, ки арабҳои дар ҷанги Афғонистон ширкаткардаро аз кишвар хориҷ кунад: “Ин арабҳо ба нуқтаҳои доғ, аз қабили Тоҷикистон, Югославия, Босния ва Герсеговинаву Чеченистон рафта, дар ҷангҳо ширкат карданд”.
Номбурда мегӯяд, ҳоло ҳомиёни ДИИШ мехоҳанд ин гуруҳи ифротиро маҷбур кунанд, то Сурияро тарк карда, ҷабҳаҳои наверо дар дигар минтақаҳое, ки барои Кохи сафед минтақаҳои стратегӣ маҳсуб мешаванд, боз кунанд, алалхусус дар наздикии марзҳои Эрон, Русия, Осиёи Миёна ва Чин.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ низ баргашт ва ё интиқоли ҷангиёни ДИИШ-ро ба манотиқи “гарм” таъйид карда, гуфт, қаблан Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳури Афғонистон амрикоиҳоро муттаҳам кард, ки онҳо ба кӯчонидани ДИИШ ба Афғонистон кӯмак доранд, ки инро як расонаи лубнонӣ моҳе қабл гуфта буд.
Ба гуфти ин коршиноси тоҷик, Амрико бо ин роҳ мехоҳад то андозае ба Чин халал ворид созад, зеро баъди 10-15 сол, агар ба ҳамин минвол равад, ин кишвар дар ҳама ҷой дастболо хоҳад шуд.
Номбурда мегӯяд, бозгашти ҷангиён ба Ватан мушкили зиёд эҷод мекунад, зеро онҳо ба таблиғ ва ҷалби ақидаҳои ифротӣ даст мезананд: “Инро дар мисоли боздошти як сокини ноҳияи Ёвон дар ноҳияи Вахш мешавад ҳарф зад, ки ӯро барои қонуншикании маъмурӣ ҷарима карданӣ буданд, аммо вақте телефонашро хабар мегиранд, аксҳо бо ришу автомату дигар чизҳо пайдо мешавад, ки кор то додгоҳ меравад. Ӯ рафт, ҷангид, омад ва то замони боздошт касе хабар ҳам надошт, ки аллакай Сурия рафта омадааст”.
Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон дар бораи 1300 ҷангҷӯе, ки ба ДИИШ пайвастаанд, хабар дорад, лекин “шояд касе дар хориҷа ҷанг кардаву пас ба Тоҷикистон омада бошад ва ин ҷо барои омодагӣ баҳри ҷиноят содир кардан гаштаанд”.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ин таъкидро на ӯ, балки қаблан Андрей Новиков, раҳбари Маркази зиддитеррористии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон “узвҳои хамӯш” ва ё “спящей ячейки” ҳастанд, ки бо ноором гаштани вазъ онҳо ба харобкориҳо даст мезананд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангуи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то ин вақт 140 нафар баргаштагон, ки бо хоҳиши худ омада, пушаймон шудаанд, тибқи қонунгузорӣ авф гаштаанд.
Ба гуфти сухангуи вазорат, ҳамчунин мақомот ҳолатҳоеро низ ошкор кардаанд, ки ба ҷанг рафта омадаанд ва ба мақомот хабар надодаанд: “Чунин ҳолатҳо буданд ва вақте мо ошкор кардем, онҳоро боздошт карда ба мақкама мекашем. Ҳар нафаре, ки омада ихтиёран таслими мақомот шуда, аз кардааш пушаймон гаштааст, мавриди афв қарор гирифтаанд”.
Коршиносон мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон на танҳо бо он оморе, ки дорад, қаноат кунад, чун шояд пайдо шаванд нафароне, ки дар рӯйхати мақомот набошанд, аммо аллакай дар ҷангҳо иштирок карда, омада бошанд.
ДИИШ як гуруҳи тундрави террористӣ аст, ки соли 2014 қисмате аз заминҳои Сурия ва Ироқро ишғол кард ва дар он ҷой “хилофат”-ро эълон кард ва ҷангиён қатлу кушторҳои бераҳмонаро то ин дам ба анҷом мерасонанд. Ин гуруҳи террористӣ дар кишварҳои ҷаҳон мамнуъ эълон гашта, шуруъ аз соли 2014 кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб бо раҳбарии Амрико ва баъдан Русия аз он замон то ин вақт зидди “Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебаранд.

Муҳаммад ТИЛАВЗОДА

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 447

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.