.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Амният

Маҳбас осоишгоҳ нест, вале...

Нояб 17, 2018
Хонданд: 143
Маҳбас осоишгоҳ нест, вале...

Муаттара Ҷӯраева: Озодӣ неъмати дигарест...

Бо ӯ мо дар дафтари кории  Парвиз Асадуллозода, сардори ягона дар ҷумҳурӣ муассисаи ислоҳии занонаи ЯС3/8, ки  50 км аз Душанбе қарор дорад, мулоқот кардем.

Ин хонум, ҳамкори собиқи мо, журналист Муаттара Ҷӯраева  аст, ки дар оғози давраи “бозсозӣ” яке аз наттоқ  ва журналисти варзидаи телевизион буда, ҳатто, дар интихобот барои намояндагии парлумони  ҷумҳурӣ ширкат карда буд.

- Моддаи  маҳкумияти ман 274 КҶ РТ(қаллобӣ – муаллиф),- оҳиста дар бораи худаш ба сухан оғоз намуд ҳамсӯҳбатимо. - Ҳоло хеле пушаймон ҳастам. Нерӯи худро ба ҳисоб нагирифтам ва қонунро вайрон кардам.Он солҳо ман дар  авҷи шӯҳрату эҳтиром будам, ҳам дар кор ва ҳам дар зиндагӣ ва бисёриҳо маро мешинохтанд. Аммо васвасаи тиҷорат ба дилам ҷо шуд. Хостам тиҷорати хешро боз кунам ва аз шиносҳоям маблағ қарз гирифтам. Дар ибтидо корам равнақ гирифт, аммо баъд ...як рӯз тиҷоратам варшикаста шуд ва одамон қарзҳояшонро талаб карданд, аммо ман қобилияти баргардондани қарзҳои онҳоро надоштам. Қарздиҳандаҳо аз болоям аризаҳоро ба прокуратура навиштанд, он ҷо парвандаи ҷиноӣ боз карданд, суд ҳукми маро ба 10 солимаҳрумият аз озодӣ баровард. Ҳамин тавр, ман ба ин муассисаи ислоҳии занона афтодам, ки ҳоло чор сол гузашта. Соли гузашта  афв буд ва 5 соли маро ихтисор карданд, акнун як сол боқӣ монд, ки онро бетоқона интизорам. Танҳо дар маҳбас инсон ба дарки мафҳумиозодӣмерасад, - ашкҳояшро пок карда тавзеҳ дод Муаттара.

-Шумо аз шароити зиндагиатон дар муассисаи ислоҳӣ розӣ ҳастед?  Муносибати маъмурони муассиса нисбати маҳбусон чӣ тавр аст?- пурсидам.

-Бовар кунед, гумон кардам, ки ҳоло дар як ҳуҷраи тангу сард ҷо мекунанд, ки ҳеҷ шароит надорад. Хушбахтона, иштибоҳ кардам... Ҳоло худатон дидед, ҷои хобу ғизохурӣ, ошпазхона, клубу сехи қаннодии моро, ягон ҷои шикоят нест. Дар ин ҷо ман касби хайётиву қаннодиро омӯхтам, -бо табассуми дардолуд гуфт Муаттара. - Соҳиби сертификатҳои ин ихтисосҳо шудам. Танҳо як сол ба озодиам монд ва ман бояд то он рӯз расам. Ин ҷо дар анбори либосҳои зимистона кор мекунам. Инсон танҳо дар ин ҷо мефаҳмад, ки ҳаёти шахс метавонад дар як лаҳза канда ё сарнагун гардад. Гарчанде дар ин ҷо ҳама шароити лозим  барои зиндагии мӯътадил фароҳам оварда шудааст, лекин озодӣ неъмати дигарест. Одам танҳо дар маҳдудӣ ба қадри озодӣ мерасад. Маъмурони муассиса бо ҳамаи маҳкумон муносибати хуби инсонӣдоранд. Онҳо низ хуб медонанд, ки дар зиндагӣ баъзе  касон бо бепарвоиихеш қонунро вайрон мекунанд ва муртакиби ҷиноят мешаванд, аммо он одамон ҳамчун узви ҷомеа боқӣ мемонанд, - бо чунин  андешаҳо ба сӯҳбаташ хотима  дод Муаттара Ҷӯраева. 

Мо низ нахостем сукути ӯро халалдор кунем ва бори дигар ба ҷароҳаташ даст занем, аз ин рӯ,  хайрухуш намуда , гузоштем, то сари кораш биравад.

 

Дар 28 - солагӣ зани террорист шудам

Мулоқоти навбатии мо бо занони маҳкуме, ки дар ҷомеа онҳоро - занони ифротгару террорист ном гузоштаанд, буд.  Шавҳарони онҳо  шаҳрвандони кишвари мо мебошанд, ки дар сафи қувваҳои ДИИШ дар Сурия бо хоҳиши худ меҷанганд.

Бинобар ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ аз соли 2015 то имрӯз дар ин гурӯҳҳо, беш аз 550 нафар шахрвандони Тоҷикистон кушта шуда, бисёре аз зану фарзандони онҳо дар дасти ҷангандагони ДИИШ гаравгон мондаанд. 

-Маҳкум Гулбаҳор (ном иваз шуд –муаллиф) бо моддаи 347 КҶ ҶТ ҳозир шуд,- бо чунин калимаҳо ба кабинет ворид шуд ҳамсӯҳбати навбатии мо.

Гулбаҳор завҷаи яке аз размандагон аст, ки тариқи Русия ба Сурия рафтааст, то аз мусибати дигар одамон пул кор кунад. Гулбаҳор аз  рӯзгораш чунин нақл кард: 

-Аз зиндагии заношӯиамон як писар дорем. Солҳои аввали хонадориамон хело рӯзгори хуб доштем ва бо меҳру муҳаббати беандоза  бо волидони шавҳарам дар  яке аз ноҳияи  пойтахт зиндагӣ мекардем. Рӯзе шавҳарам аз кӯча омаду ба ман гуфт, ки бо шиносҳояш ба Русия пулкоркунӣ меравад.Ду рӯз баъданҷомашро ҷамъкарда рафт.  Баъди чанд рӯзи рафтанаш ба мо пул равон кард, то барои зимистон хӯрок захира кунем. Волидонаш ва ман хело хурсанд шудем, ки ӯ дар Русия ба осонӣ кори хуб пайдо кардасту ва зуд ба ӯ маош додаанд.  Баъд аз ин ҳамчанд дафъа маблағ ирсол кард, аммо баъд, чанд моҳ аз ӯ хабаре нашуд, ҳатто телефон ҳам намекард. Якшаб телефони дастиам занг зад, аммо шумораи телефон “пӯшида” буд, ҷавоб додам. Аз он тарафи гӯшӣ овози ӯро шинохтам, хело хурсанд шудам, волидайнашро аз хоб бедор  кардам, онҳо низ сӯҳбат карданд.  Дар хотимаи сӯҳбаташ пешниҳод кард, ки ба назди ӯ биёям.  Ман гумон кардам, ки ӯ дар Русия аст ва хостам ризоятамро гӯям, аммо ӯ гуфт, ки чанд моҳ аст, ки дар Сурия аст. Аз суханҳои ӯ як лаҳза карахт шудам, хостам телефонро хомӯш кунам. Аммо гиря кардаму бо зорию тавалло илтимос намудам, то ба хона баргардад. Ӯ ҷавобдод, ки  “уже дер шид, роҳи баргаштан нест”. Субҳ ин воқеаро ба падару модараш нақл кардам, онҳо маслиҳат доданд, ки ба касе даҳон накушоям. Баъди он шаб бароям рӯзҳои вазнину ғамангез фаро расид, чунки  дар 28 солагиям ман зани террорист шудам. Мо махфӣ аз ҳама телефони гап мезадем ё “паёмак” мефиристодем. Ман ҳамеша исрор мекардам, ки ба хона баргардад, аммо  ӯ талаб мекард, ки  ман бо писарам ба наздаш Сурия равам. Як рӯз сӯҳбати телефонии моро зани бародари калониаш гӯш кардааст ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  хабардодааст. Бегоҳи ҳамон рӯз ба хонаи мо кормандони Кумитаи амният омаданду маро бурданд. Сипас суд бо ҳалномаи моддаи 347 КҶ ҶТ барои пӯшонидани ҷиноят маро ба мӯҳлати 12 сол ҷазо дод. Таассуфовар он ки волидони шавҳарам дар суд қатъиян рад карданд, ки аз аъмоли писарашон хабар надоранд ва ҳамаи гуноҳро ба сари ман бор карданд. Ҳоло ягона писарам бо волидони ман зиндагӣ мекунад ва танҳо онҳо аз аҳволи ман хабар мегиранд. Хешовандони шавҳарам тамоман  аз ман рӯ гардонданд. Ман бояд 10 соли дигар дар ин муассиса бимонам. Аммо маъмурияти муассиса ва шиносҳо гуфтанд, ки танҳо рафтори намунавиву хуб дар ин ҷо ва авфи  навбатии сардори давлат метавонад мӯҳлати зиндонии маро кам кунад. Ҳар рӯз ҳангоми намозам дар масҷид аз Худои таоло зорӣ мекунам, ки мӯҳлати озодии маро наздик кунад, - бо як афсурдагӣ ба суханаш поёндод Гулбаҳор.

 

АЗ ТАРИҚИ ТУРКИЁ БА СУРИЯ...

-Ман ба забони тоҷикӣ хуб сӯҳбат карда наметавонам, агар имкон бошад, бо ман ба забони русӣ гап занед,- чунин хоҳиш кард маҳкуми дигар бо моддаи 347 КҶ ҶТ.

-Номам Раъно (ном иваз шуд), истиқоматкунанадаи ноҳияи Бобоҷон Гафурови вилояи Суғд мебошам. Мо, зану шавҳар, хостем ба воситаи Туркия ба Сурия равем. То ин воқеа ман як дафъа суд шуда будам. Баъди озодӣ ба Русия рафта, кор кардам. Баъди он бо амри тақдир ду сол бо шавҳарам дар Туркия кор кардем. Каме пул ҷамъ намуда, хостем тариқи Қазоқистон ба Туркия рафта ва аз он ҷо ба Сурия равем. Аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон фаҳмиданд ва моро ба Тоҷикистон депортатсия карданд. Суд ба ҳар яки мо 12 соли маҳрумият аз озодиро ҳукм кард. Мо соҳиби ду фарзанд ҳастем, писарчаи6-сола ва духтарчаи 1,5 -сола, ки бо ман дар ин ҷост. Мо дар як ҳуҷраи алоҳида дар боғчаи бачагонаи муассиса зиндагӣ мекунем. Писарамон бо волидайниман зинадагӣ мекунад, - оромона  ҳикояташро хотима дод ҷавонзан.

 

Парвиз Асадуллозода: Аксари занон бо қаллобӣ инҷо меоянд

Мо, гуруҳӣ рӯзноманигорон,  баъд аз гирифтани иҷозат аз муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, генерал-полковники хидмати дохилӣ Изатулло Шарифзода бо роҳнамоии муовини ин раёсат, полковники хидмати дохилӣ Рустами Бойбалазода, аз  миёни 13  муассисаи  ислоҳии ҷумҳурӣ, боздид аз муассисаи ислоҳии занонароинтихоб кардем.

Ҳангоме ки соли 2004 ҳамаи муассисоти ислоҳӣ ва иҷрои  ҷазои  ҷиноятии кишварро аз Вазорати корҳои дохилӣ ба итоати Вазорати адлия интиқол доданд, муаллифи ин сатрҳо соли 2006 –ум аз муассисаи ислоҳии занона дидан карда буд. Албатта, баъд аз ду соли ислоҳот, Раёсати корҳои ислоҳӣ, ҳаддалимкон шароити зиндагии маҳкумшудагонро беҳбуд бахшида буд. Аз он замон 12 сол сипарӣ шуд  ва ҳоло тағийроту дигаргуниҳои зиёдеро бо чашми худ дидам.

- Барои мо, кормандони муассисоти ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, маҳкумшудагон як гурӯҳе ҳастанд, ки аз ҷомеаи мо меоянд ва бояд боз ба ҷомеа баргарданд. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо, ин ҳифзи ҷомеа маҳсуб мешавад, - изҳор дошт, капитани хидмати дохилӣ Парвиз Асадуллозода, сардори муассисаи ислоҳии   ЯС  3/8, ки дар деҳаи Чал-Чали шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Сипас ӯ ба суханаш идома дод:

-Айни замон дар муассисаи мо 339 зан (соли 2006 645 зан -тавзеҳи муаллиф) мӯҳлати ҷазои ҷиноятиашонро сипарӣ мекунанд. Чанд рӯз  пеш як нафар духтари ноболиғ озод шуд. Бояд ёдовар шуд, ки 50%  занони маҳкумшуда тибқи моддаи 247 КҶ ҶТ (қаллобӣ) аз озодӣ  маҳруманд. Ба ҷуз ин гурӯҳи маҳкумин, инчунин бо моддаҳои 104 (куштор), 200 (интиқоли маводи мухаддир),  201 (истеъмол ва фурӯши маводи мухаддир), 208 (ғоратгарӣ),349 (тороҷ), 130 (фурӯши одам), 347 (пинҳонкунӣ) ва 205 (нигоҳдории фасодхона) Кодекси ҷиноии ҶТ мӯҳлати зиндонии худро сипарӣ мекунанд.

 

ДАР СТАТСИОНАР

Гурӯҳи мо бо роҳбаладии сардор ва маъмурони муассисаи ислоҳӣ ба саҳнимуассисаи ислоҳӣ ворид шуд.  Ҳама ҷо тозаву озода, гулгашти покиза, чаманҳои сабз, гулу садбаргҳои гуногун саҳни муассисаро оро медиҳанд. 

Боздидро аз статсионар, ки дар бинои дутабақа ҷойгир аст, оғоз кардем. Дар ду табақаи он 15 палата мавҷуд аст. Моро ба тарзи низомӣ иҷрокунандаи вазифаи сардухтури статсионар Гулнисо Сафиева пешвоз гирифт.

-Ин ҷо ҳоло 25 бемор муолиҷа мешаванд. Аз ҷумла, 8 нафар зан бобемории ВИЧ, ду нафар бо бемории сил, як нафар бо бемориисаратон (марҳилаи охир) ва дигарон бо бемориҳои гуногун – фишори хун, дил, амрози занона, шамолхӯрӣ бистарианд. Тамоми доруҳо ройгон, аз ҷониби Сарраёсат таъмин карда мешаванд. Дар сурати лозим будани доруҳои иловагӣ, бо дорухати табиб хешу табори бемор доруро ба мо мерасонанд.

Палатаҳоро аз назар гузарондем, ҳуҷраҳо озода, дар катҳо бистарҳои тоза, тирезаҳо  парда кашида шуда, дар баъзе токчаҳои тиреза гулҳои хонагӣ гузошта шудаанд.

-Таомро барои мо дар ҳуҷраҳоямон меоранд ва ҳамаи доруҳои лозима мавҷуд аст, - гуфт яке аз беморон.

МУШОҲИДА: Ҳама беморон ба ҷои либоси беморхона дар либоси сиёҳи (форма) муассиса буданд. Беморхона бояд либоси  мухсуси худро дошта бошад.

 

КӮДАКИСТОН  - “ОЗОДӢ”

Дар ҳавлии кӯдакистони муассиса, моро гурӯҳи 15 нафараи модарон бо кӯдакони то сесолаи худ пешвоз гирифтанд. Дар саҳни кӯдакистон майдончаи бозии кӯдакон мавҷуд буд. Кӯдакон то сесолагӣ бо модаронашон ин ҷо мебошанд. Баъд онҳоро ба хешовандони маҳкумшудагон медиҳанд,  ё то ба озодӣ баромадани модар ба яке аз ятимхонаҳо месупоранд.

ТАЗОДИ ЗИНДАГӢ!  Кӯдакони бегунох бо ҷурми модаронашон се соли  ҳаёти хешро дар зиндон мегузаронанд. Ҳатто баъзе кӯдакон дар ин муҳит ба дунё меоянд. Албатта, дар сурати зарурат беморону навзодонро ба бемористони шаҳри Норак мебаранд.  Ду рӯз пеш аз омадани мо духтарчае ба дунё омадааст, ки дар кампалчаи сафед   печонида шуда, болои катча мехобид. Ҳатто ҳоло ба ӯ ном ҳам намондаанд. Гуфтанд, ки ният доранд, номашро Озода гузоранд. Модараш бо ҷурми моддаи 247 КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум аст.

Ҳамаи ҳуҷраҳоеро, ки модарон бо тифлонашон зиндагӣ мекунанд, аз назар гузаронидаем. Дар тирезаҳо пардаҳои сафеди оҳарӣ, кату бистари навъи меҳмонхонагӣ ва катчаи тифл буд. Утоқи бозии бачаҳо бисёр хуб ҷиҳозонида шудааст: телевизор, ҷевонҳо бо бозичаҳои  мулоим, дар фарш қолини калон густурда шудааст. Агар аз хӯроки умумӣ нахоҳанд, пас барои худ аз ошхонаи алоҳида, ки  яхдони калон ва плитаҳои барқӣ дорад, истифода мебаранд. Ҳар  рӯз кӯдаконро духтури бачаҳо аз муоинаи тиббӣ  мегузаронад.

 Мо низ бо худ барои тифлон (медонистем, ки дар муассиса кӯдакистон ҳаст)  тӯҳфаҳо, бо шириниву бозичаҳо оварда будем ва ба онҳо тақсим кардем, аммо дар чашмоҳоямон ашк ҳалқа мезад.

 

Дар отрядҳо: Озодиро интизорем!

Бо дидани роҳбарияти муассиса ҳамаи маҳкумин дар майдони муассиса саф оростанд, бо тарзи низомӣ салом доданд.

Роҳбарият баъд аз салом суол доданд: “Чӣ камбудӣ ва чӣ мушкилот ҳаст?”. Аз саф танҳо ин ибораҳо садо дод: “Озодиро интизорем!”.

 Мо ҷои хоб ва буду боши занонро хабар гирифтем. Катҳои оҳанӣ, ду табақааш низ мавҷуд аст. Дар отряди аввал 113 нафар ва дар отряди дуввум 120 нафар занон зиндагӣ мекунанд. Бистарҳо рӯи катҳо ба тартиб буд, дар тирезаҳову дарҳо пардаҳои зебо овезонанд. Дар даҳлез рӯйхати заноне, ки дар даврони маҳкумият ба таври намунавӣ фаъолият кардаанд, насб шудааст, ки ин ҳангоми кам кардани мӯҳлати аз озодӣ маҳрум будан,  ба назар гирифта мешавад.

Аз таомхонаву ошпазхона, китобхонаву синфхонаи компутерӣ, хонаи ороиш (салон), клубу масҷид ва ибодатгоҳ (20 нафар насрониҳо ҳар рӯз ибодат мекунанд), инчунин аз сехҳои қаннодиву хайётӣ, адрасбофӣ, анбори махсулоти тайёри дӯзандагӣ дидан кардем. 

Дар зимн бояд хотирнишон сохт, ки соли 2006 ба ҷуз таъомхонаву ошпазхона дигар чизе вуҷуд надошт. Ин дафъа ман кошонаи ҳусни муассисаро бо оинаҳо ва мӯйхушкунакҳои (фен) модерн, синфхонаи компютерӣ бо даҳ компютер, сехи қаннодӣ бо дастгоҳи пухтупази калон (духовка), ки  занон барои муассисаи худ макарон, кулчақанду торт ва амсоли онро омода мекунанд, мушоҳида намудам.

Дар сехи хайётӣ чанд нафар зан барои яке аз қисмҳои ҳарбӣ рӯйпӯш медӯхтанд. Дар паҳлӯи онҳо занони дигар рӯи мизҳои дарозу васеъ матрасу болишт лаганда мекарданд. Дар бинои дохили сех панҷ дастгоҳи бофандагии адрасбофӣ меистод, ки занҳо адрасбофиро меомӯхтанд. 

Бояд иқрор шуд, ки роҳбарияти Сарраёсати муассисаи ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ масъалаи бо кор таъмин кардани занони аз озодӣ маҳрумро  хело оқилона ва бо як кордонӣ ҳаллу фасл кардааст.  Илова бар он, тамоми биноҳо таъмир карда шуда, дар таомхонаву клубу дигар ҷойҳо таҷҳизоту мизу курсиҳо нав карда шудааст.

Анбори сабзавоту маводи хӯрокии муассисаро низ аз назар гузарондем. Сабзавоту донагиву лӯбиёгӣ барои зимистон омодааст.  Дар тоқчаҳо банкаҳои бодирингу помидорҳои шӯр барои зимистон  заҳира шудааст. 

Сипас анборчаву ҷевонҳои барои маводи хӯроки шахсӣ ва яхдони калон барои ҳама занҳоро дидем. Агар занҳо аз ошхонаи умумӣ хӯрок хӯрдан нахоҳанд, дар ин ҷо ошпазхонаи алоҳида бо плитаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳар кас бо хоҳиши худ ғизо мепазад.

 

РЕҶАИ РӮЗ

Реҷаи рӯз аз соати 6 субҳ оғоз меёбад, ки аз варзиш, дастурӯшӯӣ ва ғизои субҳона иборат аст. Сипас тақсими ҷои кор. Дар басти аввал (смена) занҳо дар сехи дӯзандагиву бофандагӣ,қаннодиву нонпазӣ, корҳои сохтмониву ободонии муассиса ба кор машғуланд. Бар замми ин,  хоҷагии деҳқонӣ дар назди муассиса ба масоҳати 8 га мавҷуд аст, ки дар он сабзавоту полезӣ парвариш мекунанд. Ҳоло давраи ҳосилғундорист. Ҳамчунин муассиса фермаи молдорӣ  дорад, ки дар он чанд сар гову буз ва харгӯш парвариш мешаванд. Ҳамаи ин барои ғизои маҳкумин кӯмаки иловагист, чунки давлат барои хӯроки ҳар маҳкум дар як шабонарӯз 7 сомону 70 дирам ҷудо мекунад. Як гурӯҳи дигари занон барои омӯзиш пушти мизҳои дарсӣ мераванд. То соати 12 рӯз ҳама машғули коранд. Хӯроки нисфирӯзӣ аз соати 13 то 14 мебошад.  Баъди пешин гурӯҳи дигари занон дар басти дуввум ба кор мераванд. Бо ин усул роҳбарияти муассиса ба он маҳкумине, ки “қарздор” ҳастанд, кӯмак мекунанд, то аз давлат қарзҳояшонро  кам кунанд. Маош низ ҳаст, қисми маош ба пардохти қарзҳояшон меравад. 

Хӯроки шом соати 18. Баъд аз он вақти озоди ҳар як маҳкум аст. Касе мехоҳад телевизор тамошо мекунад, ё барои худ чизе мебофад, ё бо ҳам сӯҳбат мекунанд. 

 

МУШКИЛОТ

-Мо ба сарпараст эхтиёҷ дорем, то барои барқарор кардани системаи гармдиҳии муассиса кӯмак намояд,- гуфт Парвиз Асадуллозода. –Ҳамчунин таҷҳизоти тиббии беморхона хело кӯҳна аст, аз ин рӯ духтурони касбӣ барои кор ин ҷо намеоянд. Муҳимтарин масъала,  ин камбудии кадрҳои касбӣ, мутахассиси соҳаи муассиса ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Зеро дар ҷумҳурии мо чунин мутахассисро тайёр намекунанд.  Аз ин рӯ, ақалан маъмурони мо барои такмили ихтисос ё таҷрибаомӯзи ба кишварҳои Аврупо  ё дигар мамлакатҳо фиристода мешуданд, хело хуб мешуд. Илова бар ин, бисёре аз маҳбусони муассисаи мо мехоҳанд ҳунари қаннодии хешро такмил диҳанд, аммо дар сех танҳо як духовкаи кӯҳна, ки ҳар замон аз кор мебарояд, ҳасту халос.Боз мошинкаҳои дӯзандагӣ низ аз давраи Шӯравӣ монда, зуд-зуд аз кор мебароянд. Албатта, мушкилот ҳаст, зеро зиндагӣ пеш меравад ва эҳтиёҷ меафзояд. Занони муассисаи мо мехоҳанд ҳамқадами ҷомеа бошанд ва вазифаи мо ба онҳо кӯмак карданд аст.   Сарраёсат пайваста дар доираи имконоти  молии хеш  ба муассисаи мо ёрӣ мерасонад. Бо чашми худ дидед, хонаҳои мулоқот бо хешовандон, мағоза, китобхона бисёре аз онҳо ба бозсозиву таъмир эҳтиёҷ доранд.

Як чизро бояд ба инобат гиред, ки ин ҷо на санатория, на истироҳатгоҳ аст, ин ҷо муассисаи пӯшидае, ки маҳкумшудагон аз озодӣ маҳруманд. Аммо роҳбарият кӯшиш карда истодааст, ки онҳо аз ҷамъият қафо намонанд, - гуфт сардори муассисаи ислоҳии занонаи   ЯС 3/8 Парвиз Асадуллозода. 

Аз муаллиф.  Аз имконият истифода бурда, сипосгузории худро аз роҳбарияти СРИҶҶВА ҶТ, махсусан, аз генерал-полковник Изатулло Шарифзода иброз медорем, ки мо - аъзои  Эътилофи бонувони журналистони Тоҷикистон ва рӯзномаи “Вечёрка”-ро  иҷозат доданд аз ин муассиса гузориш диҳем.  Хоҳиши ягонаи он кас ин буд, ки мо воқеъбинона нависем. Инчунин, аз сардори муассиса Парвиз Асадуллозода барои фароҳам овардани имконияти  мулоқот бо хоҳиши рӯзноманигорон бо маҳкумон ва дидан аз иншооту муҳавватаи муассиса изҳори ташаккур мекунем.

САЛИМАХОН ВАҲҲОБЗОДА, журналист.

Душанбе - Норак – Душанбе.

Хонданд 143
Зӯроварӣ дар ҳалли масъалаҳои динӣ тундгароист

Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин ба хотири мушаххассозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бо назардошти манофеи миллӣ қабул гардида будааст.

Яке аз ҳадафҳои ин консепсия таъмини ҳифзи амнияти Тоҷикистон, барҳам додани таҳдидҳои экстремизм ва терроризм, коҳиши миқдори ҷинояткории муташаккилона унвон мешавад.

Тибқи иттилои Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими аънана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҳадафи консепсияи мазкур рушди робитаҳои неку созандаи давлат ба иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани  шароити амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон дар интихоби дин ва пайравӣ кардан ё накардан аз дин, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ,  пешгирии ғояву ақидаҳо ва равияҳои тундрав дар муҳити динӣ ва ба вуҷуд овардани фазои ваҳдату ризоият дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. 

Дар Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки воридшавии бенизоми адабиёти динию мазҳабӣ ва маводи электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ, ки дар солҳои охир аз ҷониби намояндагони равияву мазҳабҳои навпайдои исломӣ ва ғайриисломӣ ба ҳудуди кишвар ба роҳ монда шудааст, нигаронии ҷомеа ва мақомоти давлатиро ба вуҷуд овардааст. 

“Ҳолати мазкур метавонад сабаби пеш омадани бенизомии комил дар бозори адабиёти динӣ, паҳн гаштани таълимоти дорои хусусиёти ифротӣ дар байни наврасону ҷавонон ва барангехтани низоъ ва хусумати динӣ дар ҷомеа гардад. Ба танзим даровардани раванди воридот, табъу нашр, интишор, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин ашёву маводи таъиноти динӣ аз ҷумлаи муҳимтарин воситаҳои танзими вазъи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.”- яке аз заминаи бавуҷудоии консепсия шарҳ дода шудааст.

Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ин консепсия яке аз санадҳои меъёрии муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар бахши дин, фаъолияти  ташкилоти динӣ, ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. 

Ба иттилои муовини директори Маркази исломшиносӣ ин санад дар натиҷаи фаъолияти беш аз дусолаи коршиносон ва муҳокимаи он дар сатҳҳои гуногун ба вуҷуд омада, дар Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Тоҷикистон ва Маҷлиси олӣ баррасӣ низ гардида буд:

“Зарурати ин консепсия чанд сол қабл эҳсос шуд. Дар суханрониҳои роҳбари давлат ва паёмҳо ишорае барои муайян намудани сиёсати давлатӣ дар бахши дин таъкид гардида буд. Чунки баъзе санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар ин самт доштем, аввали солҳои 2000—2006 қабул шуда буданд ва дар шароити тағйирёбандаи замони муосир то андозае ҷавобгӯи талабот ва тақозои замон набуданд. Ҳамоҳангиҳои баъзе идора ё баъзе меъёрҳои ҳуқуқӣ то як андоза механизми муайян надоштанд. Яъне мақомотҳои қудратӣ тибқи консепсияву меъёрҳо ва дастурҳои соҳавии худ фаъолият мебурданд, ташкилотҳои динӣ дар самти худ, ташкилотҳои илмию соҳаи маориф дар самти худ. Бо мақсади самти муаяйн бахшидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ин консепия таҳия ва бо ҷалби бахшҳои тамоми ин соҳа муҳокима гардида, ахиран қабул гардид”-зикр менамояд Рустам Азизӣ.

Тибқи  иттилои Азизӣ, Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин миёни кишварҳои муштаракулманофеъ бесобиқа буда, Тоҷикистон дар ин самт ба таҷрибаи худ такя кард, “як гурӯҳи кории салоҳиятнок бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногун аз Кумитаи дин, Маркази исломшиносӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати адлия ва Академияи илмҳо ҳашт ҷаласаи доир намуданд. Натиҷаи аввал ба Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод шуд. Ин консепсия ду бор дар Шӯрои ҷамъиятӣ баҳс шуда, сипас дар  Маҷлисӣ Олӣ низ муҳокима шуда моҳи апрели соли равон аз ҷониби Президенти кишвар тасдиқ шуд”.

Дар консепсия зикр шудааст, ки дар ду даҳсолаи охир фаъолияти таблиғотии равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст.

“Дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон паҳн шудани барномаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои моҳворавӣ, ки барангезандаи мафкураву ғояҳои ифротӣ маҳсуб ёфта, ба муҳити динии мо мутобиқ нестанд, боиси нигаронии ҷомеа гардида, бинобар омилҳои таърихӣ рушд наёфтан ва хусусияти куҳнапарастӣ гирифтани тафаккури динии ҷомеа дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҷомеаро нигарон намудааст, ки дар хусусияти таассубӣ ва то ҳадде хурофотӣ гирифтани тафаккур ва маърифати динии мардум ба мушоҳида мерасад”,- нигаронӣ мешавад дар санади мазкур.

Бинобар ин, дар консепсия таъкид мегардад, ки яке аз мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин- пешгирии барангехтани кинаю адоватӣ динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ унвон шудааст.

Дар ҳамин ҳол Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими аънана ва ҷашну маросими миллӣ, бинобар сабаби онки имрӯз ғояву афкори носолим дар фазои андешаи динӣ бештар ба назар мерасад, ҷиҳати пешгирии он дар доираи консеписияи мазкур як қатор татбирҳо пешбинӣ шудааст. “Дар яке аз бандҳои консепсия  омадааст, ки давлат шаклҳо ва муҳтавои иттилооти диниро дар муҳити динӣ аз ҷумла дар ВАО бо мақсади пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва бадбинии динию мазҳабӣ, ки ба аманияти давлату миллат таҳдид менамояд, тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории ҶТ ба танзим медарорад.” 

Бояд гуфт, дар Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин баъзе маҳфумҳои калидӣ  шарҳ дода шудааст. Президенти кишвар низ таъкид карда буд, ки бинобар вуҷуд надоштани таърифи ягона аз рӯйдоду падидаҳо мушкилот дар мубориза терроризм ва экстремизм ба вуҷуд омадааст.

Беҳрӯз Қурбонзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ахиран дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ даъват намуда буд, ки вақти он расидааст то маҳфуми экстермизм илман асоснок гардад.

Ба бовари ӯ, маҳфуми экстремизм мураккабу гуногунҷанба буда, асосноккунии он ба таҳлилу баррасии ҷиддии илмӣ ва ҳуқуқӣ ниёз дорад, “вожаи ифрот ва ифротӣ амалан дар ҳама тавсияҳои моҳияти экстремизмро инъикоскунанда  истифода мегарданд. Баррасии моҳияти экстремизм аз мавқеи ҳуқуқ падидае ҳаст, ки аз марзи меъёрҳои ахлоқию маънавии қонунгузории амалкунанда убур мекунад. Экстремист шахсе ҳаст, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ буда, ин зуҳурот метавонад дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон инъикос ёбад”, мегӯяд ин устоди донишгоҳ. 

Дар консепсия мафкураи диние, ки ба дигаргуниҳои динӣ дар ҷамъият ва асоснок намудани ақидаи истифода бурдани зӯроварӣ барои ҳалли масъалаҳои динӣ дар ҷомеа марбут аст, тундгароии динӣ унвон гирифтааст. Таҳаммулпазирӣ - бидуни хусумат қабул намудани ҳиссиёт, андеша, ақида, дину оин ва тарзи зиндагонии дигарон, эътироф намудани ҳуқуқ ба мавҷудияти фарҳангҳои дигар ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи гуногунмазҳаб тафсир мешавад. 

Сафарбек Кабиров

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 208
Парвиз Турсунов ба Тоҷикистон истирдод мешавад?

Мақомоти тоҷик бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ниҳодҳои  интизомии Беларус хостаанд, Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро ба Тоҷикистон истирдод  кунанд. Парвиз Турсунов, футболбози собиқи ришдори тоҷик, ки ба экстремизм муттаҳам мешавад, миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвари Беларус боздошт шуд. Он шабу рӯз ин хонаводаи иборат аз зану шавҳар ва чаҳор кӯдак озими Аврупо буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, барои истирдоди футболбози собиқ ба Минск аллакай тамоми санадҳои қотеъ пешниҳод шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ин вазорат рӯзи 20-уми октябр гуфт, мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҳамтоҳои худ дар Белорус хабар доданд, ки Парвиз Турсунов дар ватан бо ҷурми экстремизм муттаҳам шуда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва ӯ бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. 

Парвиз Турсунов ҳафт сол пеш барои риши дарозаш аз ҳайати тими “Хайр”-и Ваҳдат берун андохта шуд ва тавре хонаводааш мегӯянд, ҳафт соли охир дар Дубай ва Туркия зиндагӣ мекард. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми феврали соли 2018 алайҳи Парвиз Турсунов бар асоси моддаи 307, қисми 1-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” – парванда боз кард. Ин парванда дар ҳоле боз шуд, ки Турсунов бо ҳамсар ва чаҳор кӯдакаш дар Туркия ба сар мебурд. Мақомот ҷузъиёти парвандаи Турсуновро боз накарданд ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ва киро ба тундгароӣ даъват кардааст.

Ҳамчунин, дар ҳоли ҳозир дурустии ин ҳарфҳо аз манбаи дигар имкон надорад ва худи Парвиз Турсунов ҳам дар бораи ҷурме, ки ӯро муттаҳам медонанд, бо матбуот суҳбат накардааст.  

Дар бораи боздошти Парвиз Турсунов рӯзи 23-юми сентябр ҳамсараш Сайёра Субҳонова аз шаҳри Киев ба расонаҳо хабар дод. Ӯ гуфт, шавҳарашро рӯзи 18-уми сентябр ҳангоми кӯшиш барои муҳоҷират дар фурудгоҳи Минск дастгир карданд. Ҳамсари Парвиз Турсунов афзуд, ки дар фурудгоҳ пас аз тафтиши санадҳои онҳо шавҳарашро ба утоқи дигар бурданд ва дигар наоварданд. Худи Сайёра ва чаҳор фарзандашро дар фурудгоҳ се рӯз нигоҳ дошта, сипас, ба Украина фиристодаанд. 

Боздошти Парвиз Турсунов дар Белорус ва талаби истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, фаъолони ҳуқуқи башарро нигарон кард. Онҳо мегӯянд, дар сурати истирдоди варзишгари тоҷик ба ватан, ба ӯ шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта созмонҳои Human Rights Watch, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Кумитаи норвежии Ҳелсинки бо ҳимоят аз Турсунов изҳорот пахш карданд. Онҳо аз мақомоти Беларус даъват карданд, ки дар ҳеҷ сурат Парвиз Турсуновро ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ накунанд. 

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд: "...Беларус ӯҳдадор аст, то Парвиз Турсуновро ба кишваре, ба мисли Тоҷикистон, ки онҷо метавонад, ба шиканҷаву бадрафторӣ дучор шавад, насупорад. Беларус бояд ӯҳдадориҳои байналмилалиашро риоя кунад.”

Ин изҳороти созмонҳои ҳуқуқи башар дар ҳоле нашр шуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “ин назари онҳо аст ва истирдоди Турсунов дар асоси санадҳои пешниҳодшуда сурат мегирад, ки ӯ дар ҷустуҷу қарор дошт”. 

Мақомоти интизомии Беларус 28-уми сентябр эътироф карданд, ки Парвиз Турсунов, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳи ин кишвар боздошт карданд. Он замон хабаргузории расмии "Белта"  ҳам аз қавли Дмитрий Брилев, намояндаи расмии Додситонии кулли Беларус, гуфт, Турсунов дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Минск нигаҳдорӣ мешавад ва дар ростои истирдод ба ватан аст. Ӯ гуфтааст, Додситонии кулли Беларус ҷониби Тоҷикистонро аз боздошти Парвиз Турсунов, ки барои фаъолияти экстремистӣ ҷустуҷӯ мешуд, огоҳ кардааст ва мунтазири дастрас шудани асноди зарурист. "Пас аз онки санадҳо дастрас шуд, онро меомӯзем ва баҳои ҳуқуқӣ медиҳем", - афзудааст Брилев.

Номи Парвиз Турсунови 43-сола, ки яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд, ҳафт сол пеш ба далели риши дарозаш расонаӣ шуд. Он замон ӯ ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт ва барои риш тарки футбол кардан Парвиз дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Ин футболбози ришдарози тоҷик, ки бо шеваи пӯшиши либоси варзишӣ ҳам аз дигарон фарқ мекард ва ҳамеша аз зери шортиҳои футболбозӣ таҳпӯши сиёҳ дошт, гуфта буд, баъд аз хондани Қуръон қарор кард, ки тамоми қонунҳои Исломро риоя кунад.

Ба гуфтаи як дӯсташ, Парвиз Турсунов чанд сол боз “аз дасти кормандон, (мақомоти интизомӣ) гурехта буд ва дар хориҷ зиндагӣ мекард”. 

Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Турсунов ҳам иқрор мекунад, ки  мушкили шавҳараш бо мақомот баъди сарусадо дар бораи ришаш шурӯъ шуд. “Вақте ки футболбозӣ мекард, мушкилаш сар шуд. Аввал намонданд, ки футбол бозӣ кунад, баъд гуфтанд, ки интихоб кунад, ё риш ва ё футбол. Он кас бозиро бас карданд”, - гуфт Сайёра Субҳонова. Ба қавли ӯ, баъдан мақомот ӯро ба салафигароӣ муттаҳам карданд, аммо наздикони Парвиз Турсунов мегӯянд, феълан аъмоли ӯ аз тарафи мақомоти интизомии Минск баррасӣ шуда, ҳанӯз маълум нест, ки тасмими ниҳоӣ чӣ хоҳад шуд. 

Як манбаъи мо гуфт, баъд аз боздошти Парвиз Турсунов, ҳамсари ӯ Сайёра Субҳонова ҳамроҳ бо чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон омада, ҳоло инҷо ба сар мебаранд. Яке аз пайвандони Парвиз Турсунов, ки ин хабарро тасдиқ кард, гуфт, ҳоло ҳамсари Турсунов омода нест бо матбуот суҳбат кунад. 

Қонунҳои Тоҷикистон барои "даъват ба ифротгароӣ" аз ҷаримаҳои ҳангуфт то ба панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Тоҷикистон як кишвари мусалмонист, ки 90 дарсади аҳолиаш аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ мекунанд. Мақомот равияҳои дигари мазҳабӣ, аз ҷумла, Салафияро барои амнияти кишвар хатарзо дониста, назоратро бар пайравони ин равия шадид кардаанд. Давоми як соли ахир даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шудаанд, ки аксари онҳо пайравони равияи "Салафия" ҳастанд.

"Салафия" як шохаи мазҳаби Ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби Ваҳҳобия тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"- ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ ва соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард.

Мубориза алайҳи пайравони Салафия соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки аксари беш аз 1 ҳазор тоҷикистонӣ асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ба қавли Юсуф Раҳмон, 85 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд, ки аз ҳудуди Русия ба муҳорибаҳо рафтаанд.

Сарвинози Руҳуллоҳ 

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 219
Минтақаҳои осебпазир: Сабабҳои гароиши сокинон ба гурӯҳҳои ифротгаро

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби судяҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд нисбати сокинони Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд  бештар парвандаҳои ҷиноятӣ дар масъалаи шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгаро баррасӣ шудааст ва ин шаҳру ноҳияҳо аз минтақаҳои осебпазири вилоят арзёбӣ карда мешаванд.  Бахтиёр Оқилзода -  раиси суди вилоят зимни баргузории  нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи соли 2018-ум  аз ҷониби судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 115 парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ гашта, сокинон ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ  шуданд.  

Тавре ки аз шумораи парвандаҳо бармеояд, шаҳри Исфара дар ин масъала дар ҷои аввал қарор дорад ва нисбати сокинони ин минтақа дар шаш моҳи соли равон 26 парванда баррасӣ шудааст. Шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд мутаносибан дар ҷойҳои дуюму саюм қарор гирифтаанд. 

Ба назари коршиносон, якчанд омилҳо сабаб мегарданд, ки сокинони ин минтақаҳо ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Ба таври кофӣ мавҷуд набудани ҷои кории хуб бо маоши арзанда, зиёд будани аҳолӣ дар ин мавзеъҳо, инчунин,  маърифати пасти ҳуқуқиву динии сокинон сабаб мегарданд, ки сокинон бештар осебпазир гарданд. Ба андешаи  коршинос Неъматулло Мирсаидов, агар яке аз сабабҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо ва дур аз назорат мондани эшон  бошад, омили дигар бештар хурофотпараст будани сокинони  шаҳрҳои Исфараву Истаравшан  мебошад.

Аксарияти мусоҳибон ва коршиносон бар он андешаанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет аз омилҳое ҳисобида мешаванд, ки тавассути он бештар шаҳрвандон гумроҳ мегарданд. Аммо дар ҳамин ҳол, ба назари коршиноси масоили ифротгароӣ Саидаҳмад Қаландаров  на танҳо ҷавонон, балки нафарони аз 40 то 50 - сола ва ҳатто 60 - солаҳое низ ҳастанд, ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ ҳамроҳ гашта, ба кишварҳои Ироқу Сурия рафтаанд. Онҳо аз истифодаи интернету телефонҳои мобилӣ бехабаранд: 

-Вақте мегӯем бештар ҷавонон ба ДИИШ мепайванданд, танҳо ҷавонон не, мо дар байни онҳо  нафаронеро мебинем, ки синнашон аз 40 ва 50 сол боло аст. Ҳатто дар оморе, ки аз ҷанги миёни давлатҳо муайян намуданд,  аз 60-солаҳо боло ҳам будаанд ва ҳатто касоне, ки аз компютер ва телефонҳо истифода бурда наметавонистанд, иштирок мекарданд”,- гуфт, Саидаҳмад Қаландаров зимни баргузории як тренинг дар Душанбе, ки аз тарафи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) ташкил шуда буд. Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки сабаби пайвастшавӣ танҳо васоити шабакаҳои интернетӣ нест: 

- Ин олудашвиҳо танҳо васоити интернетӣ нест. Дар дунё имомхатибҳо, муфтиҳо, донандаҳои ҳуқуқҳои динӣ ҳастанд, ки мардумро даъват мекунанд, ихтилоф меандозанд, якеро ҳақ, дигареро ноҳақ мебароранд ва инро як каси шунида ба дигарон нақл мекунад. Яъне инсонҳо ҳам омили осебпазирии дигарон мешаванд”.  

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давоми 9 моҳи соли равон нисбати ягон нафар сокинони ноҳия бо ҷурми шомил будан ба гурӯҳҳои ифротӣ парвандае баррасӣ нашудааст. Суди ноҳия танҳо як парвандаи сокини шаҳри Бӯстонро баррасӣ карда, нисбати маҳкумшуда ҷазо таъин кардааст. Раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода мегӯяд, имрӯз ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд, сокинони моро гумроҳ намуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намоянд. Давоми 9 моҳи соли равон суди Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ як парвандаро доир ба ин масъала баррасӣ намуда, дар ин давра беш аз 30 адад вохӯриву мулоқотҳо бо табақаҳои гуногуни ҷомеа баргузор кардааст, то ки чунин ҳолатҳо пешгирӣ шуда, шаҳрвандон ба ҳар гуна ваъдаҳо  бовар  карда, фирефта нашаванд. Солҳои пеш ду - се ададӣ парвандаҳо баррасӣ мегаштанд ва хушбахтона, давоми 9 моҳи соли равон нисбати ягон нафар сокини ноҳия перомуни ин масъала парвандаи ҷиноятӣ  боз нашудааст. 

Бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 1000 нафар сокинони Тоҷикистон  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, то имрӯз дар бораи теъдоди аниқи фавтидагон маълумоти дақиқ нашр  нашудааст. 

Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ дар мавриди мубориза бар терроризму эсктремизм барномаҳои махсус қабул кардааст, ки ҳадафи он аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб  арзёбӣ карда мешавад. Тавре ки гуфта мешавад, мубориза бар терроризму экстремизм на танҳо вазифаи сохторҳои дахлдор, балки қарзи ватандории ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. 

Афзал Босолиев

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 276
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.