.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 07 Январ 2019 - || ФАРАЖ
Душанбе, 07 Январ 2019 14:26

Куштор дар Мастчоҳ

Як нафар дар ноҳияи Мастчоҳ мехост, ки садди роҳи даъвокунандагон шавад, аммо худ қурбонии моҷаро ва кушта шудааст.

Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод, ки 3-юми январи соли 2019, тахминан соати 19:30 сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ Алиназаров Ниёзмаҳмад Сангинович, соли таваллудаш 1971, дар ҳолати мастӣ ба мағозаи «Пайрав», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдораки ҳамин ноҳия аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати Ҳайдаров Мурод Амирбегович, соли таваллудаш 1985 ва Усмонов Муҳаммадҷон Абдуллобекович, соли таваллудаш 1988, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, суханҳои қабеҳ гуфта, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Баъди ин, онҳо аз мағоза баромада, ба саҳни МТМУ №28-и деҳаи мазкур рафта, Алиназаров Н.С. бо ҳамроҳии ҷиянаш Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадӣ, соли таваллудаш 1991, нисбати Усмонов М.А. дашномҳои қабеҳ гуфтаанд. Кор ба даъво кашида шуд Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадӣ аз ҷониби М.А.Усмонов латукӯб шуда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Алиназарзода А.З. ба хона баргашта, дубора бо ҳамроҳии амакаш Алиназаров Абдулқудус Сангинович, соли таваллудаш 1985, бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ шуд, дар назди даромадгоҳи беморхонаи деҳаи Табушн бо Сиёвуш Абдуллобеки Усмониён, соли таваллудаш 1988, вохӯрдаааст. Байни онҳо низ ҷанҷол ба вуқӯъ омадааст. Алиназаров А.С. бо корд ба пушти сар, тарафи рости гардан ва тарафи рости қафаси қафаси синаи Сиёвуш задааст.

Гуфта мешавад, ки Алиназаров А.С. аз беэҳтиётӣ, бо корд ба қафаси синаи Ҳайдаров М.А., ки дар рафти ҷанҷол ҳузур доштаву тарафҳои даъвогарро халос мекард, задааст. Дар натиҷа, Ҳайдаров М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса нисбати Алиназаров А.С. бо моддаи 32, қисми 3 ва 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Алиназарзода А.З. бо моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Алиназаров Н.С. ва Усмонов М.А. бо моддаи 237, қисми 2-и кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шумо дар Хабари-рӯз

То 15-уми июни соли 2019 ҳамаи мошинҳое, ки дар пойтахт ҳамчун таксӣ фаъолият доранд, бояд зоҳиран як ранг дошта бошанд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст ва ширкатҳои мусофиркашонро вазифадор ҳам кардааст.

Озмуни лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксии пойтахт ҷамъбаст ва ғолиби он маълум гардид. Лоиҳаи пешниҳодкардаи устоди калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Бадриддин Қурбонов қабул ва номбурда ғолиб эълон карда шудааст. Ин озмун 28 декабри соли 2018 бо Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолиб 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ додаанд.

Аз рӯйи расми ангоравии лоиҳаи қабулгардида, қисми болоии мошин зард аст, ду паҳлӯяш нуктаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти Душанбе дошта, дар он ҷойи навиштани рақами тамоси хадамоти таксии ин ё он ширкат ва реклама мавҷуд аст. Ин нишонаҳо дар бештари мамлакатҳои мутараққӣ ҳамчун намои ягона қабул гардидаанд.

Тибқи қарори баимзорасида, ширкатҳои нақлиётие, ки хизматрасонии таксиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадоранд то 15 июни соли равон воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Шоми 6-декабри соли 2019 тобути Раҷабмо ва се фарзандаш Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад, ки  рӯзи 31-уми декабри соли 2018,  дар таркиши  бинои 10 ошёна, дар шаҳри Магнитагорски Русия  зери харобаҳо монда буданд,  ба ватан интиқол дода шуданд.

Тобути ин модар ва сефарзандашро Маҳмадшоҳ - падари Шуҳрат ва тағои онҳо Бахтиёр аз шаҳри Екатеренбург тариқи ҳавопаймои Сомон Эйр ба Душанбе оварданд. Барои интиқоли тобутҳои Раҷабмо ва се фарзандаш Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад аз тарафи ҳукумати кишвар махсус нақлиёт фиристода шуда буд, ки тобутҳоро аз Фурудгоҳи Душанбе ба зодгоҳашон деҳаи Малик Гиёеви ноҳияи  Кушониёни вилояти Хатлон оварда шуданд.

Ҷанозаи  Раҷабмо ва се фарзандаш Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад соати имрӯз соати 10 дар маҳали зисташон гузаронида шуда, сипас онҳоро дар қабристони назди манзили зисташон ба хок месупоранд.

Маҳмадшоҳ падари Шуҳрат, зимни як суҳбат гуфт, писараш, ки аз зери харобаҳо бинои таркидаи шаҳри Магнитагорск зинда бароварда шуд, ҳоло дар як беморхонаи вилояти Челиябенс бистарӣ мебошад. Ба гуфти ӯ вазъи фарзандаш баъди ҷарроҳӣ дар беморхонаи ин вилоят хуб шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Хабари-рӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14   ва рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, меғ мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22  метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои бебориш дар назар буда,меғ мефарояд. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона 7-12  дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо дамои ҳаво шабона 7-12 дараҷа сард ва  рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво   шабона 2-4 дараҷа сард  ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.