.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 04 Январ 2019 - || ФАРАЖ

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули дархости довталабон ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон ба номи Лоҳутиро барои соли 2018 эълон менамояд.

Тибқи қарори Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон номинатсияҳои зайл пешбинӣ гардиданд:

Бахши матбуоти даврӣ.

Бахши радио.

Бахши телевизион.

Бахши тадқиқот оид ба ВАО.

Дархостҳо бо иловаи маводҳо дар 9 нусха  то соати 17:00-и 5 феврали соли 2019 қабул мешаванд.

Ба озмун танҳо аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳ дода мешаванд.

Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои журналистони донишҷӯ бо дархости Донишгоҳҳо ва факултаҳои журналистӣ қабул мешаванд.

Маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо дар Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мегардад.

Дархостҳо аз  ташкилотҳои вилоятӣ,шаҳрӣ, ибтидоии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муассиса ва ташкилотҳои эҷодӣ, идораву муассисаҳои ВАО қабул мешаванд.

Асарҳои ба ҷоизаҳои дигар пешниҳодшуда қабул карда намешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 1, телефон 2 217903

Шумо дар Хабари-рӯз

Бинобар сабаби қатъ шудани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз рӯйи баъзе самтҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз санаи 3 январи соли 2019 парвозҳои иловагиро аз рӯйи самти Душанбе - Москва (Домодедово) – Душанбе, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” иҷро мекард, оғоз кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ҶДММ “Сомон Эйр” хабар доданд.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мегӯяд, ки ширкат ба ғайр аз хатсайрҳои пагоҳии ҳаррӯзаи худ ба фурудгоҳи Домодедово (вақти парвоз аз Душанбе - 8:00), ҳар рӯз бар илова хатсайрҳои бегоҳирӯзиро ба фурудгоҳи Домодедово (вақти парвоз- 20:00 ба вақти маҳаллӣ, вақти нишаст дар фурудгоҳи Домодедово - 22:25, вақти парвоз аз Домодедово - 00:10, вақти нишаст дар Душанбе - 06:10 ба вақти маҳаллӣ) иҷро хоҳад кард. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900 иҷро мегарданд.

Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатсайрҳои дигарро, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”- аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сургут ва Самара, аз Хуҷанд ба Москва, Санкт-Петербург, Сургут, Новосибирск ва Екатеринбург, аз Кӯлоб ба Москва, инчунин аз Бохтар ба Москва, Новосибирск ва Екатеринбург иҷро мекард, амалӣ созад.

Илова бар ин, гуфтан ба маврид аст, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро ҳафтае се маротиба ба фурудгоҳи Жуковский - рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва шанбе иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Душанбе - 14:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқис-тон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Тибқи иилои раисда айни замон 60 дарсади аҳолии ҷамоати шаҳраки ноҳияи Шаҳритуз бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин буда, боқимнда пурра аз оби нӯшиданӣ маҳруманд.

Сардори идораи обтаъминкунии шаҳраки ноҳияи Шаҳритуз Умедҷон Элмуродов  сабаби аз оби тозаи ошомиданӣ маҳрум будани 40 дарсади аҳолии шаҳракро фарсудагии қубурҳои обгузар арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, қубурҳои обгузар дар ин ноҳия аз солҳои 1958 сохта шуда, имруз пурра хароб шудаанд ва бояд иваз карда шаванд.

Вале, Бобоҷон Файзулоев раиси ҷамоати шаҳраки ноҳияи Шаҳритуз, гуфт, ҳоло дар ин ҷамоат 16 ҳазору 600 нафар иқомат доранд, ки ҳамаи онҳо бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мебошанд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шаҳритуз низ мушкилии оби тозаи ошомиданӣ сокинонро ба ташвиш овардааст. Аксарияти онҳо аз оби зеризаминӣ истифода меборанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар вилояти Хатлон соли гузашта 42 ҳолати шикори ғайриқонуниро кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон аз тарафи сокинон ошкор ва «шикорчиён»-ро ба маблағи беш аз 7200 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Муовини сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз 42 шикори ғайриқонунӣ 90 дарсадаш шикори кабк мебошад.

Ба гуфти ӯ айни замон дар куҳу пуштаҳои  вилояти Хатлон 12 ҳазору 620  кабк ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 1634 кабки ҳилол мебошад.      

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум кормандони хоҷагии ҷангал дар ин давра 737 санад оид ба қонунвайронкунии ҷангал нисбати сокинон тартиб додаанд, ки маблағи он 130 ҳазору  717 сомонӣ мебошад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.