.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 11 Январ 2019 - || ФАРАЖ

Сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Ҷонибек Муродов, молики ширкати “ҶМ компания”, ба мухлисони сарояндаи зарифи тӯйҳо Қадами Қурбон ваъда кард, ки бо иштироки ӯ як клип забт хоҳад кард.

Дирӯз дар муроҷиати видеоӣ худи Ҷонибек Муродов ин хабарро дар ҳоле расонд, ки сари як миз бо Қадами Қурбон менишаст. Ӯ гуфт, ки то ҷашни Наврӯз ин клип омода ва пешкаши тамошобинон хоҳад шуд.

Қадами Қурбон, омӯзгори мусиқии як мактаб дар Сари Чашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ки дар тӯйҳо бо сурудҳои шӯх табъи ҳозиринро болида мегардонад. Вақтҳои охир атрофи номи ӯ сару садоҳо зиёд шуданд. Ӯро барои нақзи қонуни танзим ҷарима ҳам карданд. Худи Қадами Қурбон дар сӯҳбат дар шабакаи иҷтимоии Youtube низ вайрон кардани қонуни танзимро тасдиқ кард. Дар ин забти нимсоата ин ҳунарманд хоксору самимӣ будани худро намоиш медиҳад ва ин сӯҳбати ӯ боис шуда, ки назари аксари мардум ба шахсияти Қадами Қурбон тағйир кунад. Ҳоло ӯ аз маҳбубтарин ситораҳои тоҷикӣ дар Youtube  ба шумор меравад. 

Шумо дар Слайд

Соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа чораҳои судманд андешида шуд ва теъдоди занон дар ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр ба миқдори 60 нафар афзуд. Дар ин бора сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки имрӯз дар хоҷагии халқи шаҳр маҷмуъан теъдоди занони роҳбар беш аз 1200 нафарро ташкил мекунад. Аз ин теъдод дар Маҷлиси вакилони шаҳр 8 нафар, ё 22,5 %, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар, ё 23,0 %, фаъолият доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ду сол инҷониб тасмим гирифтааст, ки барои омода кардани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ”-ро барои ҷавонзанону духтарони корхонаю ташкилотҳо соҳаҳои гуногун маориф, тандурустӣ роҳандозӣ карда, баъди хатм ба онҳо “Гувоҳнома” диҳад. Соли гузашта 20 нафар соҳиби чунин “Гувоҳнома” шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 амалӣ карда мешавад.

Дар ин замина барномаи шаҳрӣ таҳия ва қабул гардидааст, ки дар асоси он фаъолият дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол нисфи зиёди аҳолии шаҳри Хуҷандро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки беш аз 21 ҳазору 200 нафари онҳо қувваи қобили меҳнат буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар пешбурди корҳо саҳм мегиранд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Як мошини ҳомили сӯзишворӣ дар ноҳияи Айнӣ ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Рӯзи 10-уми январи соли 2019, тахминан соати 09:30, ронандаи автомашинаи махсуси сӯзишворикашонии тамғаи «Мерседес-Бенс-Акстрос» Шарифов Муҳиддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Муминобод, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Чаннок-Хуҷанд-Душанбе», дар ҳудуди мавзеъи Чореи ноҳияи Айнӣ, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии тахминан 100 метр ба Фондарёсарозер шудааст.

Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи мазкур Шарифов М.Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дирӯз се бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии финали Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019 баргузор шуд, ки натиҷаи якеи он ба барканории як сармураббӣ боис гардид.

Дастаи мунтахаби Тойланд ахиран тавонист, ки баъди шикасти ранҷоваре аз Ҳинд ва барканор шудани сармураббиаш шаҳди пирӯзӣ чашад. Урдун, ки дар даври аввал ҳангома кардаву чемпионҳои феълии Осиё дастаи мунтахаби Австралиёро мағлуб карда буд, дар ин давр Сурияро ноком кард ва худ пеш аз муҳлат ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар дастаи мунтахаби Сурия баъди ин шикаст тағйирот шуд ва мутахассиси немис Бернд Стэнҷ аз вазифаи сармураббӣ озод гардид. Дастаи мунтахаби Ҳинд дар ин давр ба соҳибони мусобиқа бохт ва натавонист, ки аз 4 голи дар даври якум задааш ақалан якеро такрор кунад. Аморати Араб баъди мусовӣ бо Баҳрайн дар даври якум ва шикаст додани Ҳиндустон дар ин давр соҳиби 4 имтиёз шуд.

Имрӯз се бозии дигар баргузор хоҳад шуд. Соати 18:00 Фаластин бо Австралиё, соати 20:30 Филиппин бо Чин ва 23:00 Қирғизистон бо Куриёи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд.

Ҷоми миллатҳои Осиё-2019. Даври дуюми гурӯҳӣ

Баҳрайн – Тойланд  - 0:1

Гол: 58 Сонгкрасин.

Урдун – Сурия – 2:0

Голҳо: 26 Ал-Тамарӣ, 43 Хаттаб.

Ҳинд -  Аморати Араб - 0:2

Голҳо: 41 Муборак, 88 Мабҳут.

Дар акс Бернд Стэнҷ

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.