.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 08 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 08 Сентябр 2018 10:19

Мушкилоти САҲШ кай поён меёбад?

Навбатпойии тӯлонӣ ва сарсонии сокинон пушти дари идораҳои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ) ва мизи шиносномадиҳӣ дар шаҳру навоҳӣ, бахусус шаҳри Душанбе мардумро нигарон кардааст. 

Ба гуфтаи онҳо, саргардониҳо махсусан ҳангоми иваз кардани ному насаби худ ва ё фарзандонашон хеле бештар мегардад. Қоғазу қоғазбозиҳои зиёд, нозу нузи баъзе аз кормандони дахлдори ҳукуматҳои маҳаллӣ онҳоро хастаю асабӣ мекунад. Манучеҳр Ниёзов, сокини шаҳри Душанбе аз он изҳори нороҳатию асабоният мекунад, ки пас аз ҷамъ овардани ҳама ҳуҷҷатҳои дархостшуда аз САҲШ-и ноҳияи Сино барои ивази ному насаби духтарчаи 13-солааш-Зарафшони Манучеҳр ба Ниёзова Таҳмина Манучеҳровна, аз ӯ хостаанд, то аз Ҳукумати ноҳияи Сино иҷозатнома биёрад. Ба ӯ гуфтаанд, ки САҲШ танҳо пас аз синни 16- солагӣ ваколат дорад, бе иҷозати мақомоти маҳаллӣ ному насаби ноболиғро иваз намояд. 

-Аз ин хотир барои ҳалли масъала ба Ҳукумати ноҳияи Сино муроҷиат кардам, вале ба мушкилоти дигар печидам. Ҳуқуқшиноси ҳукумат Таваккал Раҷабов бо қатъият иброз намуд, ки супориш гирифтаанд ва наметавонанд шаҳрвандонро барои гирифтан ва ё иваз намудани насаб бо пасвандҳои русӣ- “ев”, “вич”, “ева” ва “овна” иҷозат бидиҳанд. Насаб бояд танҳо шакли номгузории тоҷикии “зода” дошта бошад. Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, барои иваз кардани ном ва насаби духтарам иҷозат медиҳад, ба шарте ки шакли тоҷикии “Ниёззода Таҳмина Манучеҳр”-ро қабул кунам, вале ман мехоҳам, мисли дигар фарзандонам “Ниёзова” бошад,-мегӯяд Манучеҳр Ниёзов. 

Ба қавли номбурда, ҳуқуқшиноси Ҳукумати ноҳияи Сино Таваккал Раҷабов баҳона пеш овардааст, ки барои ба шакли русӣ гирифтани насаб Вазорати адлия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон иҷозат намедодааст. Манучеҳр мегӯяд, нафарони зиёди корафтода пушти дари ҳуқуқшинос ҷамъомада аксаран бо норозӣ ва табъи хира аз утоқ берун мешуданд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё дар ҳақиқат Ҳукумати Тоҷикистон ва парлумони касбии кишвар чунин қонун ё қарор оид ба манъи интихоби насаб ба шакли русӣ баровардааст? Ё ин баҳонаи масъулони алоҳида аст, ки барои “бизнес”-и худ ихтироъ кардаанд? 

Манъи насабсозӣ ба шакли русӣ “бизнес”-и кист? Корафтодагон мегӯянд, барои тағйири додани насаб аз шакли тоҷикӣ ба русӣ дар он сурат имконпазир аст, ки агар шаҳодатнома аз сари нав гирифта шавад ва ё барои он бояд бо масъули соҳа якдигарфаҳмӣ кард. Як нафар мақомдор, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нахост номаш бурда шавад, гуфт тавассути шиносаш дар мақомоти маҳаллӣ роҳат насаби фарзандашро ба шакли русӣ баргардондааст. Аз ин мебарояд, ки дар ин самт низ нишонаҳои фасод комилан дида мешавад ва нафари зарурманд метавонад бо пешниҳоди маблағ ба масъулон корашро ба субут расонад, вале оне ки маблағ надорад ва ё наметавонад миёнараве барои пешниҳоди он пайдо намояд, бигзор “тоҷик” бошад. Ҳуқуқшиноси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Таваккал Раҷабов дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Фараж” нахост ба ин масъала рӯшанӣ андозад ва масъулиятро ба гардани нафари дигар ҳавола намуда, рақами телефони ӯро ба мо дод. Ба қавли номбурда, гӯё маҳз ҳамин нафар барои иваз намудани ному насаб қарор мебаровардааст ва ба ӯ ҳеҷ рабте надоштааст. “Ман ягон монеъагӣ эҷод накардаам. Хаттӣ муроҷиат кунанд, хатӣ ҷавоб мегиранд”. Ин дар ҳолест, ки маҳз ҳамин Раҷабов ба шаҳрвандон барои гирифтани насаб ба шакли русӣ монеъа эҷод мекардааст. Сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Одил Мирзоев зимни суҳбат ҳарфҳои Раҷабовро қисман тасдиқ намуд ва гуфт, “агар волидайн барои фарзанд дар замони навзодӣ бо шакли тоҷикии номгузорӣ шаҳодатномаи таваллуд гирифта бошанд, дигар илоҷи тағйир додани он вуҷуд надорад, махсусан ба шакли русӣ”. Бино ба гуфтаи ин мутахассис, ин тартибро моддаи 20-и Асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар кардааст. -Тибқи он ба навзод танҳо замони тифлӣ ба шакли русӣ шаҳодатнома бояд гирифт. Дар сурати ғайр дигар ҳеҷ имкони бо пасванди “ев”, “вич” ва “ева”,”евна” тағйир додани насаб мавҷуд нест,-гуфт Мирзоев. Номбурда мегӯяд, қонун ва қонунгузор ҳаққи ба русӣ баргардон кардани насаби шаҳрвандони Тоҷикистонро намедиҳад, вале аз он ки кадом қонун ва қонунгузор инро муайян кардааст, изҳори бехабарӣ намуд. То ҷое, ки аз идораҳои марбутаи давлатӣ ба мо маълумот доданд, ба шакли русӣ ихтиёр кардани насабро ягон ниҳод ва ё мансабдори алоҳида манъ накардааст, вале тавсия медиҳанд, ки мардуми тоҷик мувофиқи хоҳиш ва урфу анъанаҳои миллӣ бояд насаб дошта бошанд. 

Вазорати адлия: Доштани насаб бо пасвандҳои русӣ хоҳиши шахс аст. 

Мутахассиси сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон Далер Азамов мегӯяд, соли 2016 пас аз ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар моддаи 20-и он омадааст, ки тамоми номгузориҳо тибқи анъанаҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад. -Баъди ин тағйирот насабҳо бо пасвандҳои насабсози “зод”, “зода”, “он”, “ён” ва дигар пасвандҳои тоҷикӣ ташаккул меёбад. Агар шахс душаҳрвандӣ дошта бошад, пасванди насабашро метавонад дар асоси он интихоб намояд. Дар сурати доштани танҳо шаҳрвандии Тоҷикистон шахс метавонад бо пешниҳоди ариза ба мақомоти масъул, бо хоҳиши худ пасвандҳои насабсози дигар, масалан, “ов”-ву “вич” интихоб намояд. Дар асоси қисми 4-и моддаи 20 доштани насаби тоҷикӣ ҳатмӣ нест ва иҷозат ҳаст, ки он ба пасванди русӣ иваз карда шавад,-гуфт Далер Азамов. 

Аммо Фирӯза Раҳимова, аз Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар Вазорати адлияи кишвар, ки бевосита ба масъалаҳои номгузорӣ ва ба қайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ сару кор дорад, дар ин масъала суҳбат кардан нахост. Муовини раиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ Самадзода Ифтихор низ рӯзи гузашта дар суҳбати телефонӣ гуфт, барои интихоби пасвандҳои насабсоз барои шаҳрвандон ягон монеа нест ва нафаре, ки онро эҷод мекунад, мувофиқи моддаи 13 – и қонун раддияро бояд асоснок намояд. 

- Шояд волидайн ягон ҳуҷҷати лозимиро оид ба ивази ному насаб пешниҳод накарда бошанд, ки масъулон онро рад карда бошанд. Дар ҳар сурат ба мақомоти марбута ҳуҷҷатҳои заруриро дастрас кардан даркор аст. Агар масъулин онро рад кунанд, бояд ягон асос дошта бошанд. Онҳо бояд раддия пешниҳод созанд ва баъдан метавон онро дар суд баррасӣ кард,-иброз намуд Самадзода. 

Ин масъули сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бинобар набудани шарҳ дар қонун оид ба бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ баъзе нофаҳмӣ ва норӯшаниҳо ба назар мерасад.

 “Бинобар ҳамин он ҳар гуна фаҳмида мешавад. Тибқи қонун иваз намудани ному насаби шахси ҳануз ба балоғат нарасида танҳо бо розигии падару модар сурат мегирад, дар ҳолати дигар он дар асоси ҳалномаи суд ба иҷро расонида мешавад”. Дар ҳамин ҳол вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров низ мегӯяд, дар интихоби ному насаб ягон таъсиру зӯроварӣ нест. -Волидайн ҳуқуқ доранд, агар номи фарзандашон “Кулух” ё “Санг” бошад метавонанд, тибқи феҳристи номҳое, ки дар ҳама идораҳои САҲШ-ҳои мамлакат вуҷуд дорад, новобаста ба сину сол онро иваз намоянд. 

«Дар номгузорӣ қонун ягон монеа эҷод накардааст. Масалан, шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳад шаҳрванди Русия шавад. Русия ҳеҷ гоҳ нафареро, ки насабаш пасванди “зода” дорад, қабул намекунад. Барои ҳамин, агар шумо хоҳед, ки на душаҳрвандӣ, балки танҳо шаҳрвандии Русияро дошта бошед, онро бояд бо пасванди русӣ иваз намоед»,-гуфт Ғаффоров.

 Ин вакили парлумон бар он назар аст, ки новобаста ба он ки феълан насабҳо бо пасванди русӣ роиҷ аст, бояд минбаъд шаҳрвандон бештар тарзи номгузории тоҷикиро бояд ихтиёр намоянд. 

Шамсулло ФОЗИЛОВ, МТЖТ

Шумо дар Слайд
Шанбе, 08 Сентябр 2018 10:12

Фоҷиаи амаки тракторчӣ

(Шикояте ҷойи Марсия ба гӯши кар ба шикваи мардуми баъзе аз масъулони шаҳри Панҷакент)

Замон наркуши модапарвар шудаст,

Зи бас мода дар сурати нар шудаст.

Зи бӯи дурӯғ, аз тафи фитнаҳо,

Замин оғили бачаи хар шудаст…

Фиғон аз гулӯ мекашам, Шуҳрато,

Чӣ гӯям, ки гӯши фалак кар шудаст!

(Шӯҳрати Давлатшоҳ)

 

Хурд будам. 

Боре муаллим суруди кӯдаконаеро, ки агар хато накунам, моли Аминҷон Шукуҳӣ буд, барои азёд кардан супориш дод. Аз он суруд ду мисраъ дар дафтари хотираи кӯдакиам нақш бастааст:

...Ана, омад трактор ҳам,

Тракторчӣ – амак, хуррам...

Ёдам меояд, ки он замон чӣ қадар ифтихор пеши ҳамсинфон доштам. Охир, танҳо амаки ман тракторчӣ буд. Амаки ягон ҳамсинфи дигари ман не! 

Амакам фақат маро ба трактори кӯҳнаи кабудаш мешинонид ва заминҳои он замон бароям бекарони деҳаамонро ҷуфт мекард. Пеши ҳамсинфон мегуфтам, ки ин сурудро шоир барои ман навиштааст ва онҳоро барои ҳамраҳи ман ба трактори амакам нишастан, тарғиб мекардам...  

Фишори равониеро, ки масъулони шаҳри  Панҷакент,- аз райисони хоҷагии деҳқонӣ то ба шуъбаи замину аз он болотар тӯли шаш соли охир ба сари амакам овардаанд, аз забони ҳамдеҳагон шунидам. Ин даводав ӯро ба бистари беморӣ ва баъдтар ба домони марг расонид. 

Амакам орзу доштааст то барои фарзандонаш, алалхусус барои фарзанди муаллимаш- Лоиқ Шералӣ ва Умаралӣ Ниёзов замини наздиҳавлигӣ гирад. 

Райиси шӯъбаи замини ноҳия Низомӣ бошад, ҳамарӯза ӯ ва муроҷиаткунандагони дигарро ба риштаи тамасхур кашида, “амак, пагоҳ ҳал мешавад, ҳафтаи дигар ҳал мешавад”, - гуфта, пагоҳи дигар бо баҳонаҳои “ман дар Хуҷанд”, “ман бо намояндаҳои Душанбе” рақами тилфони намехостаашро ба руйихати сиёҳ медаровардааст. 

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо далел ҳаст, ки шахсони дорою дароздаст ба осонӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд ва албатта, муфт не. Рӯзе нест, ки дар ягон мақомот ҳам суд, ҳам прокуратура, ҳам милисаи шаҳр дар мавриди мушкили замину заминфурӯшӣ дар Панҷакент шикояти шаҳрвандон пешниҳод нагардад. Низомӣ ва райисони хоҷагиҳои деҳқонӣ фикр мекунанд, ин ҳама пушти парда мемонад, аммо офтобро бо доман пӯшонида намешавад: Фақат дар деҳаи Дашти Қозӣ даҳҳо далели муфту осон соҳиби замини обӣ шудани шаҳрвандон ва дар ҳамин ҳол солҳо боз ба ваъдаи масъулони ҳукумати шаҳру ҷамоату хоҷагиҳои деҳқонӣ бовар кардаҳо ҳастанд. Ба ин мавзӯъ ҳатман баъди тадқиқоти журналистии муфассал бармегардем! 

Мӯҳтарам масъулин!

Амаки ман як шаҳрванди қаторӣ буд, аммо ба ваъдаҳои Шумо бовар карда, ҳатто дар ягон сӯҳбат аз ин мушкилаш ба ман забони шиква накушодаасту имрӯз аз забони дигарон мешунавам, ки ғами бе замину бе хона будани фарзандонаш, вазъи ӯро рӯҳан бадтар мекард, афсурдатар менамуд. Дар сӯҳбатҳои охиринаш аз ин мушкил тез-тез ёдовар мешуд, ки фарзандонаш бе ӯ чӣ кор мекунанд. Амаки бемори маро маҳз дурӯғу бепарвоию фориғболию ба масъулияти хеш аз пушти панҷа нигаристани Шумо аз пой афтонид!  

Шуморо ман ба Додгоҳи виҷдон месупорам! 

Албатта, агар қатрае виҷдон дошта бошед! 

Донед, ки Шумо мансабдорони умедкуш ҳастед, шояд даҳҳо, садҳо нафарро мисли амаки ман ба марги тадриҷӣ маҳкум кардаеду умеди зистанро дар қалбашон хомӯш кардаед!

Аз фардои хеш андеша кунед, умре мансабдор боқӣ намемонед, зеро:

Чунин аст расми саройи дурушт,

Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт!

Аз мардумозорию гӯши ба шикояти мардум кари Шумо, аз обу лой кардани заминҳои обӣ аз ҷониби райисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва албатта бо иҷозаи Шумо дар идома мардум хоҳад гуфту назди қонун ҷавоб хоҳед дод! Ба ин бовар дорам!

Рӯҳи саргардони амаки ғурамарги ман ҳаргиз Шуморо нахоҳад бахшид!

Хуршед Атовулло

Шумо дар Слайд

- Устод, ба наздикӣ ҳафтодсола мешавед. Ёди гузашта ба Шумо чӣ медиҳад?

- Аслан ман гузаштаамро фикр намекунам. Гузаштаро бояд пеш аз омаданаш фикр кард. Вохӯрие, суҳбате, ҳодисае ё воқеае, ки ҳоло ба амал меояд, агар монандаш чанд соли қабл бо ман рух дода бошад, ба ёдам меояд, тамом. Ба андешаи банда,  на ман ба гузашта ва на гузашта ба ман дигар чизе дода наметавонем.

- Кӯдакию наврасӣ чӣ?

- Ман нисбат ба он ки кӯдакиамро фикр кунам, авлотар медонам, ки дар фикри умри боқимонда бошам. Аз он фикр мекунам, ки чӣ гуна умри боқимондаамро ба нафъи миллату давлат истифода барам.

- Бисёриҳоро дидему шунидем, ки бо гузашти солҳо ақидаашонро иваз карданд...

- Шуморо фаҳмидам. Ман ҳеҷ вақт ақидаамро дигар накардаам. Ман дар аввал ҳам ақидаи марксистӣ доштам ҳоло ҳам ақидаам марксистӣ аст. Қаблан ҳам ақидаи тоҷикона доштам, ҳоло ҳам ба ақидаи тоҷикона зиндагӣ дорам ва итминони комил дорам, ки ҳамин тавр то охирин нафас мезиям. 

- Дар дафтари луғати ҳар нафар вожае вуҷуд дорад, ки барои соҳибаш арзишмандтар аз дигар муқаддасот аст. Барои Шумо кадом калима муқаддас аст?

- ТОҶИК. Ман тоҷикам ва аз ин ифтихори беандоза дорам. Ман тоҷикам ва гузаштаву ояндаамро танҳо ба калимаи тоҷик муаррифӣ мекунам. Бобову бобокалон ва набераҳову абераҳои маро ҳам танҳо бо калимаи тоҷик муаррифӣ бояд кард. Бароям пеш ва болотар аз ҳама тоҷик будан аст. Ҳатто пеш аз эътиқоди динию сиёсиям ҳам.

- Чӣ тавр метавон шукри тоҷик буданро кард?

- Шукри нафасҳоро кардан, аз худ розӣ будан маънои онро дорад, ки аз тоҷик буданатон шукргузор ҳастед. 

- Шумо дар арафаи 70-солагӣ қарор доред. Чи хотираи муҳимеро гуфтан мехоҳед? 

- Лаҳзаҳои хубу мондагор дар ҳаёти ман зиёданд. Яке аз онҳо ин аст, ки дар шабу рӯзе, ки ман мактаби миёнаро хатм кардам, дар ДДМТ шӯъбаи журналистика таъсис ёфт.Ман хеле хушбахт будам, ки шомили ин шӯъба шуда, бо шарофати устодоне чун С. Табаров, Д. Тоҷиев, М. Қосимова, С. Воҳидов онро бо дипломи аъло хатм кардам.

- Лаҳзаи дувум...

- Лаҳзаи дувум аспирантураро дар Маскав пеш аз муҳлат хатм карданам аст.

- Лаҳзаи савум...

- Ман дар замони музокироти миёни тоҷикон як чизи муҳимро омӯхтам. Тарафҳои музокиракунанда бояд дар симои якдигар душман не, балки дӯстро бубинанд. Вақте роҳи интихобкардаи мухолифин ба роҳи интихобкардаи мо мувофиқат намекунад, бояд кӯшиш кард, ки аз ду роҳ як роҳ сохт.

- Лаҳзаи чаҳорум...

-Дар дил тасдиқ кардани он ки мо ва мухолифини Ҳукумат як ният доштем: фазои ватанамон бояд ором бошад. Бояд ҳама шаҳрвандони кишварамон озодона кору зиндагӣ карда тавонанд. Бояд кӯдаку ҷавону пир нафаси озод ва осуда бигиранд...

- Лаҳзаи панҷум...

- Солҳои 1990-1992 дар телевизиони мо журналистоне кор кардаанд, ки натавонистанд ҳақро дастгирию ноҳақро маҳкум кунанд. Ба мардум нишон дода натавонистанд, ки роҳи хаторо аз роҳи рост фарқ кунад. Он вақт раиси Кумитаи Телевизиён ва Радиё Бобоҷон Икромов таъин шуданд ва тавонистанд телевизиони дар хиҷолатбуда ва беобрӯшударо аз он ҳолати ногувор бароранд. Он замон бисёр душвор буд зидди ҷараёни дарё ҳаракат кардан, аммо мо ба мақсад расидем. 

- Лаҳзаи шашум...

- Агар мо то фардо доири лаҳзаҳои ба хотир монда бигӯем, тамом намешаванд. Фикр мекунам кифоя аст...

- Шумо умри худро сарфи таълиму тарбия кардед. Буданд ва ё ҳастанд донишҷӯёне, ки монанд ба худи Шумо бошанд?

- Не. Ман тӯли фаъолияти омӯзгориам бо донишҷӯе, ки монанди худам бошад вонахӯрдаам. Ба ин маънӣ, ки фикру мақсад ва шиоре, ки дар замони донишҷӯӣ доштам, ҳарчанд мехостам, вале дар насли баъдӣ надидам.

- Метавонед ин гуфтаатонро шарҳ диҳед... 

- Деворҳо зиёданд барои монандӣ надоштан. Миёни онҳое, ки ман дарс гуфтам, бачаҳои пурталош зиёд буданд. Аз миёни онҳо журналистони варзида ба майдон баромаданд, ки матбуоти солҳои 90-умро соҳибӣ карда тавонистанд. Аммо рафта-рафта сифат паст шудан гирифт. Он вақт маҳфили адабӣ ва илмӣ ҷону дили донишҷӯ буд. Баъдан ин аз байн рафт. Шояд талошҳои сиёсӣ бо талошҳои касбӣ омехта шуданд. Дар талошҳои сиёсӣ ҷавонҳои мо аз миллатталабӣ дида, динпарастиашон зиёд шуд. Ҷавонҳои насли баъдӣ ифтихори миллиро камтар дарк мекардагӣ шуданд. Аммо дар замони мо тамоман дигар чиз буд. Он вақт руҳияи худшиносии миллӣ болотар аз ҳама чиз меистод. Ҳоло худшиносии тоҷикона хиратар шуд. Умед мекунам, ки монандамро ҳарчи зудтар вохӯрам. 

- Насли пештар солҳои донишҷӯии худро бо доштани як ё ду тафовут аз дигарон, ёд мекунад. Шумо ба мо чӣ мегӯед?

- Мо аввалин гуруҳи касбии журналистон будем ва аз ин ифтихори бузург ҳам мекардем. Дар маҳфилҳо, вохӯриҳо, ҷамъомадҳо, умуман дар ҳар қуҷо бо ифтихори хос таъкид мекардем, ки мо журналист мешавем. Мо аввалинҳо ҳастем!  

- Ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будан, чӣ маъно дорад?

- Аслан ягон маънои хос надорад. Мо бехабар аз ҳамдигар таваллуд шудаем. Ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданам танҳо аз он ҷиҳат бароям боиси ифтихор аст, ки ман имконияти таҳсил ва кор карданро дар ин маркази бузурги илмӣ пайдо кардам.

- Як фарқияти ДМТ аз ДДМТ 52 сол қабл дар чист? 

- Тафовутҳо хеле зиёданд. Чун мо дар арафаи 70-солагиаш қарор дорем ва Шумо танҳо як фарқият пурсидед, ман ҳам яке аз ин фарқиятҳоро мегӯям. Вақте мо ба ДДМТ дохил шудем, навҷавони 18 сола будем. Он замон бештари муаллимони мо рус буданд. Ин маънои истисмор шудани мо аз тарафи Русияро надошт, балки ин аз набудани мутахассисон шаҳодат медод. Имрӯз дар арафаи 70-солагии донишгоҳ мебинем, ки аксарияти кулли муаллимон, муаллимони худӣ ҳастанд.

- Ба андешаи Шумо ҳоло ба ДМТ чӣ намерасад?

- Чизи муҳим барои ДМТ таъсиси “Маркази пуриқтидори тоҷикшиносӣ” мебошад. Ман барои он мегӯям, ки аз худношиносию бегонапарастӣ мо вақте халос мешавем, ки чунин марказе дошта бошем. Олимони дунёро на ба шарқшиносие, ки як ҷузъи хурди тоҷикшиносӣ аст, балки ба тоҷикшиносии хос даъват кардан даркор аст. Ҳодисае ба хотирам омад. Профессори немис Манфред Лоренс охири солҳои 50-ум дар ДМТ забони тоҷикӣ омӯхта буд. Соли 1983 тасодуфан мо дар Донишгоҳи Кобул вохӯрдем. Ман аз эшон хоҳиш кардам, ки бо донишҷӯёни факултети улуми иҷтимоӣ, ки ман онҷо кор мекардам, вохӯрӣ кунанд. Профессор Лоренс бо донишҷӯён вохӯрданд. Дар охир бачаҳо савол доданд, ки ба назари Шумо аз се гӯйишӣ форсӣ: эронӣ тоҷикӣ ва афғонӣ кадомаш ба адабиёти классикӣ наздиктар аст? Вай гуфт, ки албатта тоҷикӣ. Тоҷикӣ ин бунёди он забонест, ки ба номи форсӣ ёдоварӣ мекунем. Ҳеҷ қисмати дунёи форсинишин забонаш беҳтар аз забони Осиёи Миёна ва ба забони Рӯдакию Фирдавсӣ наздиктар нест. Аз ин лиҳоз, таъсис чунин Марказ  метавонад тарғибгари забони тоҷикӣ боша. Бубинед, ки як нафари огоҳ аз забони мо, дар бораи мо ингуна суханҳо мегӯяд. Маҳз дар ҳамин аст зарурияти мактаби тоҷикшиносӣ. Агар мо чунин мактаб дошта бошем, он вақт, ДМТ вазифаи худро дурусттар иҷро мекунад. 

- Ба фикрам замоне мо чунин як марказ доштем...

- Бале, замоне професор Мансурхон Бобохонов “Созмони илмии тоҷикшиносӣ”-ро таъсис дода буданд, аммо аз сабаби имкониятҳои моддӣ ва камтар ҷалб шудани кадрҳо марказ он вазифаеро, ки бар дӯш дошт, иҷро карда натанавонист.

-Пурқувваттарин давраи журналистикаи тоҷик кадом солҳост? 

-Барои ҷавоби ин савол бояд ба таърих назар кард. Солҳои 1919-1929 давраи бисёр пуртуғёни журналистикаамон маҳсуб мешуд. Дар солҳои 1930, 1940 ва 1960 кӯшиши пеш рафтанро кардем. Аллакай дар солҳои 70-ум журналистикаи мо ба сатҳи журналистикаи умумишӯравӣ расид. Журналистоне ба майдон омаданд, ки бо дилхоҳ журналисти Шӯравӣ муқоиса карданашон мумкин буд. Ҳам дар миёни онҳое, ки бо забони тоҷикӣ менавиштанд ва ҳам миёни онҳое, ки бо русӣ эҷод мекарданд Масалан, устоди равоншод Отахон Латифӣ. Қалами ӯро на ҳар журналисти давраи Советӣ дошт. Дар майдони журналистикаи мо номҳои Насрулло Асадуллоев, Нурмуҳаммад Табаров, баъдтар Умед Бобохонов ва дигарон пайдо шуданд. Дар арафаи истиқлият ва пас аз он давраи нави журналистикаи тоҷик шуруъ шуд. Дар ин давра мо журналистикаи зӯр доштем, вале бисёр вақт намедонст, ки зӯрияшро дар куҷо истифода барад. Монанди навҷавоне, ки дар куҷо истифода кардани зӯрӣ бозуяшро намедонад. Бояд қоил шуд, ки солҳои 90-ум ва нимаи аввали даҳсолаи асри XXI журналистони тавонои мо дар шахсияти Додоҷони Атовулло, Салими Аюбзод, Ҷовид Муқим, Акбари Саттор, Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло ва дигарон суханашонро зӯрвор ва нишонрас мегуфтанд. 

- Ба андешаи Шумо ҳоло журналистикаи мо чӣ ҳол дорад?

- Ҳозир мавзӯи сиёсии журналистикаи мо тағйир ёфтааст. Дар мо бештар журналистикаи маърифатӣ эҳтиром пайдо кардааст. Ёфтани чизи зебо дар журналистикаи маърифатӣ кори осон нест. Бояд гуфт, ки журналистикаи маърифатӣ дар мамлакатҳои дигар ҳам дар ҳолати хуб қарор дорад.  

- Метавонед бигӯед, ки бори журналситикаи имрӯзаи тоҷикро фалон ё фалониҳо кашида истодаанд?

- Не, инро ҳеҷ кас гуфта наметавонад. Дар шакли умум журналистикаи мо ба манфиати миллату давлат хизмат карда истодааст, аммо он ки бигӯям фалонӣ набошад журналистика мемирад ё фалонист, ки журналистика зинда аст, хатост.

- Мушкилии журналистикаи мо кадом аст?

- Журналистикаи имрӯзаи мо худашро танҳо бо хабар маҳдуд кардан мехоҳад. Аксар вақт, хабарҳои дар ҳафтаномаҳо нашр шуда ба касе лозим нестанд. Хабар пас аз як соат аҳамияташро гум мекунад. Вазифаи хабаррасониро сомонаҳои интернетӣ иҷро карда истодаанд. Дар ин сурат бояд ҳафтаномаҳои мо бештар ба матолиби таҳлилӣ таваҷҷуҳ кунанд. Гоҳо ҳайрон мешавам, ки чаро ба дарки ҳамин чиз  журналистоне монанди Шарифи Ҳамдампур, Хуршеди Атовулло ва Сайёфи Мизроб камтар мерасанд. Ҳоло бештар Иршод Сулаймонӣ дар ҳафтаномаи “Озодагон” ба таҳлил рӯ меорад ва ӯ бештар муҳим будани матолиби таҳлилиро дарк кардааст. 

- Ҳамраъйӣ миёни журналистони мо эҳсос мешавад?

- Журналистика ин мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ аст. Мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ хеле кам ҳамраъй дорад. Вақте ба сари журналисте мушкилие меояд, бонги изтироб мезанад, ки чаро дигарон ба ӯ ҳамраъйӣ намекунанд, аммо вақте ба сари дигарон балое ояд худаш ҳамраъйиро фаромӯш мекунад. Ба андешаи ман дар ҳеҷ ҷойи дунё ҳамраъйӣ нест. 

- Хиёнат ба пеша аз куҷо оғоз мешавад?

- Вақте ки дурӯғ менависеду дурӯг мегӯед. Дурӯғ хиёнат ҳам ба қалам аст ва ҳам ба касби худ.

- Дар хусуси он ки баъзеҳо бо дипломи иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ номи журналистро доранд, чӣ мегӯед?

- Ин гуна ашхос дар мо хеле зиёд аст, аммо ин намуна нест, балки тасодуф аст. Хушбахтона, онҳо ботинан эҷодкор ҳастанд. 

- Баъзе муҳаррирон ба он назаранд, ки журналистони беҳтарро онҳо тайёр карда метавонанд на факултаву бахшҳои журналистӣ. Фикри Шумо чист?

- Тарбия кардани журналист вазифаи факултету бахшҳои рӯзноманигорӣ аст. Агар муҳаррирон аз таъриф худашонро овезанд ҳам, бояд фаҳманд, ки онҳо журналист тайёр карда наметавонанд. Онҳо барои худ корманд тайёр карда метавонанд. Масалан он чи ки Хуршед Атовулло мехоҳаду ёд дода метавонад, меомӯзонад. Аммо барои донишҷӯ ба ғайр аз дониши Хуршед боз дониши Умед Бобохонов, Шарифи Ҳамдампур, Раҷаби Мирзо, Қироншоҳ Шарифзода, Ҷовид Муқим ва дигарон лозим аст. Муаллими факултет ин донишҳоро дар маҷмӯъ ба донишҷӯ меомӯзонад. Муҳаррир вақт надорад, ки фикр карданро ба журналистшаванда омӯзонад. Вай танҳо талаб мекунад. Дар мактаби олӣ ба донишҷӯ меомӯзонанд, ки журналистика дар кадом мамлакатҳо тараққӣ дорад, дар радаи аввал кадом журналистон қарор доранд, кадом мактаби журналистӣ хубтар аст, кадом адабиёти илмӣ барои омӯхтани ин касб мусоидат мекунанд, эҷоди киҳо моро ба халқ наздиктар мекунад. Магар ин ҳамаро муҳаррир метавонад ба шогирдаш бигӯяд? Албатта не. Мактаби олӣ робитаи филология, таърих, фалсафа ва мантиқро ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин, гумони он ки журналисти нағзро редаксия тайёр мекунад,  хатост. Танҳо бояд гуфт, ки муҳаррир дар беҳтар шудани кадри мактаби олӣ мусоидат карда метавонад. Баъзе камбудиҳо ва нуқсонҳоро мегӯяд, роҳ нишон диҳад, ба амалия ворид шуданро омӯзонад, тамом. Дар редаксия мақсад таълим додан нест, балки мақсад пур шудани саҳифа аст. Дар ин росто, мақсади мактаби олӣ таълим додану пур кардани мағз аст. Хулоса, журналисти хубро мактаби олӣ тайёр мекунад, муҳаррир барои беҳтар шудани ӯ кумак мекунад.

- Метавонем муҳаррирро мунаққиди хайрхоҳ гӯем?

- Албатте не. Муҳаррир як одами худхоҳ аст. Ба он маънӣ, ки аз журналист он чизеро талаб мекунад, ки барои ӯ ва газетаи ӯ лозим ва маъқул бошад. Барои вай одами нағзу журналисти нағз лозим нест, барои вай одаме даркор аст, ки чизи лозимиро нависад. Муҳаррир мунаққиди хайрхоҳ нею падари серталаб аст.

- Журналистӣ аз куҷо оғоз мешавад?

- Аз ҳақиқатро шинохтан. Агар Шумо дар дил гапи ростро шунидан хоҳед, Шумо журналист мешавед. 

- Чаро мардум журналистонро дӯст намедоранд, дар ҳоле, ки журналистон барои дигарон умр ба сар мебаранд?

- Бале, қариб ҳеҷ кас журналистро чашми дидан надорад. Журналист дар чашми аксарият иғвогар ва дурӯғгӯ менамояд. Ин хеле бад аст. Ин ҳақиқат нест. Агар он баддиданҳо 1% дуруст бошанд, фикр мекунам, ба ягон журналист сахт намерасад, аммо афсӯс, ки бесабаб шубҳа карда, онҳоро бад мебинанд.

- Агар нафаре ба шумо бо саволи “Чӣ кор кунам, ки навишта тавонам?” муроҷиат кунад, чӣ ҷавоб медиҳед?

- Мегӯям, ки ту ҳеҷ гоҳ навишта наметавонӣ. Ҳар нафаре, ки бо ин савол зиндагӣ мекунад, вай асло журналист намешавад. 

- Шумо чӣ гуна менависед?

- Вақти сиёҳнавис кардан ҳар он чизе ки дар сарам меояд, менависам ва вақти сафеднавис кардан ҳар чизе, ки нолозим бошад хат мезанам.  Барои навиштан басанда аст, ки мисли одам фикр кунем ва ҳамчун одам андеша ронда тавонем. 

- Таъриф ва тавсиф аз куҷо пайдо мешавад?

- Аз надонистан, аз камсаводӣ. Бояд бигӯям, ки яке аз сабабҳои беобрӯ шудани журналистикаи советӣ таърифҳои беасос ва дурӯғи журналистон буд. 

- Навиштан ягон ҳикмати пинҳонӣ дорад?

- Навиштан ягон ҳикмати пинҳон надорад. Бисёр вақт хаёлпарастона фикр карда, аз ҳама чиз идеал мекобем. Заминро гузошта, мехостаамонро дар осмон мекобем. Бояд донист, ки навиштаи мо заминӣ аст ва журналист дар замин менависад. Шоиру файласуфоне буданд, ки аз болои абр истода дар бораи замин менавиштанд. Онҳо хайёлӣ буданд. Дар журналистика набояд ҳикмати пинҳонбударо кофт, зеро мо сухани имрӯзро мегӯем ва фардоро гапи фардоро гӯем.

Мусоҳибаи Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, МТЖТ

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  3 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 3 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.