.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Ширкати Tcell татбиқи лоиҳаи бузурги худ “Интернети бехатар” барои мактаббачаҳоро идома медиҳад. Дар давраи таътили тобистона, вақте талабаҳо дар лагерҳо истироҳат мекарданд, Tcell дар 7 истироҳатгоҳи наврасон: Варзоб, Ромит ва ВМКБ дарсҳои интерактивии “Интернети бехатар”-ро баргузор кард.  

Дар машғулиятҳои «Интернети бехатар» беш аз 800 хонандаи аз 10 то 17-сола дар бораи тарзи дурусти истифода аз шабакаи интернет ва паҳлуҳои мусбати он иттилоъ гирифтанд.

“Аз куҷо барои таҳсил маълумоти фоидаоварро бояд пайдо кард, чӣ тавр интернетро хуб ва барои омӯзиш истифода бурд, чӣ гуна иттилои дурустро аз “тақаллуб” фарқ кард, манбаҳои аслии маълумотёбӣ кадомҳоанд”,- саволҳое буданд, ки зимни дарсҳо хонандагон ба онҳо ҷавоб пайдо карданд.

Tcell татбиқи лоиҳаи «Интернет бехатар» барои талабагони синфҳои болоӣ (13-16 сола)-ро моҳи апрели соли 2017 оғоз намуд. Ин тарҳ дар посух ба тақвияти робитаи наврасон бо шабакаи ҷаҳонии интернет рӯйи кор омад ва ҳадафи аслии он ба маҷрои дурусти истифода аз интернет роҳнамоӣ кардани мактаббачагон мебошад. Насли навро имрӯз наметавон аз фанноварӣ (технология) ҷудо тасаввур кард. Онҳо дар асри ҷадид ва замони дастовардҳои ҳайратовари илму фан ба дунё омада, умр ба сар мебаранд. Зиндагии ҷавонони муосир бе роёна, телефони ҳушманд, смартфону гаҷетҳо ҳатто ғайриимкон шудааст. Муошират, иртибот, пайдо кардани дӯстони нав, корёбӣ, таҳсил ва ибрози эҳсоси онҳо тавассути зарфиятҳои бемаҳдуди интернет амалӣ мешавад. Наврасон бештар ба ин раванд ҳамоҳанг мешаванд ва худи онҳо дар шаклгирӣ (контентсозӣ)-и интернет саҳм мегиранд.

Бо шурӯъи татбиқи тарҳи «Интернети бехатар» ширкати Tcell кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки донишҳои интернетии наврасонро тақвият бахшад, тарзи дурусти истифода аз шабакаро барои рушди маънавӣ ва ташаккули шахсияти онҳо омӯзонад.

Мавзӯи дигари муҳим аснои дарсҳои интерактивӣ- таҳдидҳои эҳтимолӣ аст, ки кӯдакон дар вақти истифодаи шабакаи интернет бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Намояндагони Tcell дар машғулиятҳо ба бачаҳо фаҳмониданд, ки “интернет-фиребгар” кӣ ва чӣ аст, чӣ тавр аз ҳамлаи ҳакерҳо бояд эмин монд, ҳимояи аккаунт чӣ аст, чаро дар шабака бо одамони ношинос набояд суҳбат кард, ҷилавгирӣ аз вирус чӣ хел амалӣ мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ҳатто бачагони 8-10 сола дар вақти дарсҳои интерактивӣ дониши васеъ доштани худро дар бораи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш гузоштанд: онҳо аз манбаҳои мухталифи интернет, шабакаҳо ва ҷусторҳо мустақилона истифода мебарданд. Аксари талабаҳо аз бозиҳои компутарӣ истифода карда, дар шабакаҳои гуногун саҳфаи худро доштанд.

Tcell ба доираи ҷавонону наврасон, ки бештари онҳо истифодабарандаи интернету таҷҳизоти навтарин аст, таваҷҷуҳи қоил аст, зеро фардо ин қишр ояндаи кишвар ва ҷомеаро дар даст хоҳад дошт. Аз ин сабаб, дар оянда татбиқи як чунин тарҳ аз сӯи ширкат идома меёбад.  

Моҳи феврали соли 2018 лоиҳаи «Интернети бехатар»-и Tcell беҳтарин тарҳи ҷоизаи Global Event Awards дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф гардид.

Шумо дар Хабари рӯз
Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 11:35

Вандализми ноболиғон дар Душанбе

10 нафар ноболиғ аз шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ба гумони расонидани зиён ба амволи ҷамъиятӣ дастгир шудаанд, ки онҳо дар ҷамъ ба давлат 20750 сомонӣ зарар расондаанд.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ба мақомоти корҳои дохилӣ мактуби Корхонаи воҳиди “Қитъаи таъмини барқ” ворид гардидааст, ки 29-уми август шахсони номаълум ҳангоми дар пули “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт 23 адад прожектори равшанидиҳанда ва 2 адад чароғакро шикастаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо бо кирдорашон ба корхонаи мазкур ҷамъ ба маблағи 20 ҳазору 750 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 10 нафар ноболиғи аз 11 то 15-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо гумони расонидани зиён ба амвол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (вандализм) дастгир карда шудаанд.

Шумо дар Хабари рӯз

Имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук, аммали як наққоши ҷавон, ки ҳунари дасташро дар меҳмонхонаи “Серена” ба намоиш гузоштааст, мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Аз номишгоҳи ҳунарманди 25-сола Маърифат Давлатова РО гузориш таҳия кард ва мардум низ аслан тавассути ҳамин гузориш аз наққошии ин духтар бохабар шуданд. РО бо навиштае бо чунин мазмун аз ин намошигоҳ гузориш дод: “Тасвири духтари тоҷик бо тани нимаурён. Дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар... Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш кашидааст”.

Маърифат ба тасвири табиати зани тоҷик ҳанӯз ду сол пеш таваҷҷӯҳ кардааст ва аз наққошиҳои аввал дарк намудааст, ки ҷомеа барои қабули ин қабил расмҳо чандон омода нест. Аввалин коре аз ин силсилааш дар як намоишгоҳи Вена гузоштааст ва баъдан аз роҳи Интернет ба доираи васеи тамошобин муаррифӣ шудааст.

"... Хостам ба як гуруҳи мардон дар ҷомеа нишон бидиҳам, ки бадани зан як чизи маъмулист ва набояд онро зиёд муҳокима кард", - гуфтааст Давлатова дар мусоҳибааш бо РО.

Корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд ва қисме агар бо лафзи тунд наққошро мазаммат кунанд, қисми дигар бо хитобҳои таҳсиномез аз ӯ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин намоишгоҳ то 11-уми сеннтябр дар меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе идома хоҳад кард.

Шумо дар Хабари рӯз
Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 10:17

Дилшод Назаров ба IAAF Continental Cup меравад

Чемпиони ҷаҳон Дилшод Назаров дар шаҳри Островаи Ҷумҳурии Чех дар Ҷоми қитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) тоҷикистонро намояндагӣ хоҳавд кард.

Дар мусобиқа, ки 8-9 сентябр баргузор мегардад, иштироки 329 варзишгар аз 78 кишвар дар назар аст. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ намояндагӣ мекунад.

Варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр иштирок мекунанд.

Варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол мекунанд, соҳиби ҷоизаи пулӣ мегарданд. АБФВС барои ғолибон 30000 доллари ИМА, ҷои дуюм 15000, ҷои сеюм 10000, ҷои чорум, 7000, ҷои панҷум 5000, ҷои шашум 3000, ҷои ҳафтум 2000 ва ҷои ҳаштум 1000 доллари ИМА тақдим хоҳад кард. Дар эстафета барои чор ҷои аввал ҷоиза муқаррар шудааст: ҷои аввал – 30000, ҷои дуюм - 20000, ҷои сеюм - 10000, ҷои чорум - 8000 доллари ИМА.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бразил медали тилло ва дар Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сазовори медали нуқра шуд.

Шумо дар Хабари рӯз
саҳ 2 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.