.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Имомхатиби масҷиди «Бодомзор»-и шаҳри Тошканд Раҳматулло Сайфиддинов ҳафтаи гузашта дар намози ҷумъа гуфт, шарҳнависонеро, ки зидди назари ӯ дар бораи бастани рӯймол дар муассисаҳои таълимиянд, ба пахтачинӣ хоҳад фиристод.

Ин таҳдиди имом-хатиби ӯзбек дар посух ба танқиди корбароне садо дод, ки ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук сахт интиқод ва ба саркашӣ аз қонунҳи Ислом айбдор карданд.

«Агар ихтиёр дар дасти ман мебуд, ҳамаи ин шарҳнависонро ба пахтачинӣ мефиристодам. Ҳоло мавсими пахтачинӣ оғоз шудааст. Бигзор рафта, пахта чинанд ва ҳадди ақал кумаке ба давлат хоҳад шуд. Баъди баргашт аз пахтачинӣ дигар тавони телефон ба даст гирифтану навиштанро нахоҳанд дошт», - изҳор дошт ӯ.

Сайфиддинов 2-юми сентябр дар як барномаи телевизионии «Ӯзбекистон-24» аз қарори девони вазирони Ӯзбекистон барои роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ дар кишвараш ҷонибдорӣ кард. Ӯ ҳамчунин ба суоли баранда посух дод, ки бастани рӯймоли исломӣ барои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ то куҷо дуруст аст.

«Бояд кӯдакони мо либоси ягона пӯшанд. Зеро ин яке аз талаботи тарбия аст. Либос ба раванди таълими кӯдакон ҳатман таъсир мерасонад. Он дар зеҳнашон фарҳанги ягонаро эҷод мекунад. Танҳо дар ин сурат, дар миёни онҳо баробарӣ хоҳад буд. Як низом хоҳад буд ва ин қарори хеле хуб аст», - афзуд ӯ.

Суханҳои Сайфиддинов баҳсҳои тундеро дар миёни корбарони Фейсбук ба бор овард. Бархе корбарон ҳато ӯро ба саркашӣ аз қонунҳои Ислом айбдор карданд. Вале имом-хатиб онҳоро «ҷоҳил» ва «туҳматчӣ» номид.

Бар пояи қарори ҳукумати Ӯзбекистон, хонандагони ин кишвар имсол ихтиёрӣ ва аз соли оянда ба таври ҳатмӣ либоси ягона хоҳанд пӯшид.

Шумо дар Хабари-рӯз

Шаби 8 ба 9-уми сентябри соли равон, корманди ШВКД-и ноҳияи Вахш бо истифода аз таппончаи худ ҳамсарашро дар назди фарзандонаш ба қатл расонидааст.

Тибқи иттилои муфаттиши прокуратураи ноҳияи Вахш Қаландарзода Эраҷ нисбати гумонбар Набиҷон Холиқ, ки то лаҳзаи боздошташ дар вазифаи нозири калони назорати таҳлилӣ ва бақайдгирии корҳои статиссионии шуъбаи ВКД ноҳияи Вахш, фаъолият менамуд, аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Вахш дар асоси моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Агар муфаттишон дар кирдорҳои Набиҷон Холиқ аломатҳои моддаи 104, қисми 1-и кодекси Ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистонро муайян карда тавонанд, ӯро аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

 

Ба иттилои мудири шуъбаи маориф ноҳия Вахш, Шаҳноза Мирсаидзода зани кушташуда Аминова Турсуной, муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ин ноҳия буд. Ӯ соҳби 3 фарзанд ду писар ва як духтар мебошад.

 

Раҳмоналӣ Додархӯҷав

 

Шумо дар Хабари-рӯз

 

Вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов, ки 18 рӯз пеш аз зиндон ба озодӣ баромада буд, дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки баъди ба озодӣ баромадан 6 маротиба ҳадафи тафтиши ҳуввият қарор гирифтааст.

Ӯ дар тафтиши охир аз ҷониби кормандони милитсия ба ҷурми гузаштани муҳлати амали шиносномааш айбдор шудааст. Ҳамчунин ӯро бо моддаи 479-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон - итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, гунаҳкор кардаанд. Дар ин ҳолат ба ӯ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима, ё ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъйин карда мешавад.

Қудратов гуфтааст, ки ин идомаи ҳодисоти соли 2014 ба вай рухдода аст, ки он замон бо туҳмат ӯро 4 сол зиндонӣ карда буданд.

 

Шумо дар Слайд

Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 8 ба 9-уми сентябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди хонаашон 1 сар асп, ки арзишаш 9 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Лангараки ноҳияи Рашт бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 50-солаи сокини деҳаи Бурмаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 10 ба 11-уми сентяри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонааш 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 23 ва 32-солаи сокинони деҳаи Бурмаро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.