.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 29 Сентябр 2018 15:33

Маъюбӣ маъюсӣ нест!

Рустам Эмомов 37 сол дорад. 30 қабл дар садамаи нақлиётӣ аз пойи равонаш маҳрум шуд. Падару модар бисёр кӯшиш карданд, то саломатии ӯро барқарор кунанд, аммо ин ба онҳо имкон надод.  

- Замони кӯдакӣ, ягона мушкили ман баъди он рӯзи нохуш, гирифтани таълим буд. Чун дар мактабҳо шахсони маъюб, ба хусус нафарони бо аробача ҳаракатмекарда, шароити хуб надоштанд. Ман маҷбур будам, ки бештари вақт дар хона таълими илм бигирам. Муаллимон омада, дар хона маро дарс медоданд ва волидайнам ҳам дар ин самт саҳми калон доранд. Чун худам хоҳиши хондан доштам, бештар худомӯзӣ мекардам ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ кӯмакам кард, то мактабро хатм кунам. Баъди ба балоғат расидан, хуб дарк кардам, ки бояд ягон касб ё ҳунареро аз худ кунам, то тавонам обу нонамро ёбам. Аз соли 2005 то 2007 дар литсеи касбии маъюбон хонда, соҳиби касб шудам. Яъне, ҳарчанд қаблан ҳам дар хона ба таъмини асбобҳои барқӣ машғул будам, аммо зарур шуморидам, ки бояд ин касбро хубтар аз худ карда, соҳиби шаҳодатнома шавам, - мегӯяд ӯ. 

Рустам имрӯз соҳиби оила ва як писараки дусола аст. Лаҳзаҳои хотирмон аз аввалин вохӯрӣ то кунун дили ӯро ба ваҷд меоранд.

-Ман дар беморхона табобат мегирифтам. Ҳамсарам ба аёдати дугонааш ба беморхона омада буд. Аз дугонааш хоҳиш кардам, ки моро шинос кунад. Баъдан бо волидонаш шинос шудем ва онҳо барои оиладор шуданамон дуо доданд. Ҳоло як писарчаи дусола дорем, ҳафт сол шуд оиладорем. Шукрона аз он мекунам, ки ҳамдигарфаҳмӣ миёни мо ҳукмфармо аст. Ман кӯшиш мекунам, ки оилаамро таъмин карда тавонам,- мегӯяд бо табассум Рустам.  

Рустам бовар дорад, ки ҳар нафаре меҳнат мекунад, ҳатман баракаташро мебинад. Зеро, мегӯяд ӯ, «шахсан ман имрӯзҳо ба таъмири асбобҳои барқӣ ва телефонҳои мобилӣ машғул ҳастам. Дар бозори Гипрозем қарор менишинам. Рӯзона вобаста аз кор 20-30 сомонӣ кор мекунам. Бо ин маблағ метавонам зиндагиамро пеш барам». 

- Вақте одамон маро дар аробачаи маъюбӣ мебинанд, «вой-вой», ё «бечорае…» гуфта сар меҷунбонанд. Чунин муносибат одами маъюбро дилшикаста мекунад. Барои ҳамин, хоҳиш дорам, ки одамон эҳсосоти худро идора кунанд ва маъюбонро узви комили ҷомеа ҳисобанд. Зеро мо ҳам метавонем мисли одамони солим кору зиндагӣ кунем. Муҳим ақли расо ва хоҳиши мустақил будан аст», - мегӯяд Рустам.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки имрӯз яке аз мушкилоти ҳалталаби ӯ ва оилааш, надоштани манзили зисти шахсӣ аст. Дигар тамоми мушкилот барояш ҳалшавандаанд.

- Ягона мушкиле, ки маро азият медиҳад, ин надоштани хонаи шахсӣ аст. Мо ҳоло дар хобгоҳи давлатӣ зиндагӣ мекунем. Қаблан ин хобгоҳ аз як тоҷир буд ва мо иҷорапулӣ месупоридем. Ҳоло шукр, ки бароямон ройгон аст зиндагӣ дар ин хобгоҳ. Хонаи ман аз як ҳуҷра иборат аст ва ростӣ на ҳама шарту шароитро барои зиндагӣ дорад. Барои ҳамин, зиёд мехоҳам ва омодаам, ки барои харидани хонаи шахсӣ кор кунам, агар он барои мо ба таври имтиёзнок ва нархи дастрас дода шавад».

Рустам боварӣ дорад, ки ашхоси маъюб ҳам метавонанд бо меҳнати ҳалоли худ рӯзгорашонро пеш баранд ва дастнигари дигарон набошанд. Барои мисол, мегӯяд ӯ, «ман новобаста аз вазъиятам, касберо аз худ кардам ва имрӯз аз пушти он нон мехӯрам. Чанд сол қабл як лоиҳа ҳам навишта будам, ки тибқи он мехостам курсҳои омӯзишӣ таъсис диҳам ва барои нафарони маъюб ҳамин касби худамро омӯзонам. Мутаассифона, он лоиҳаи ман дар рӯйи коғаз монд, чунки ягон нафари сарватманд ҳам ёфт нашуд, ки онро дастгирӣ кунад. Барои ман ҷойи дарсдиҳӣ барои хоҳишмандон лозим буд. Агар чунин имкон пайдо шавад, ман омодаам, ки то ба 10 нафар мисли худам маъюбон ҳамин касбамро омӯзонам. Гоҳо ягон нафар маро дар аробача дида, як сомонӣ дароз мекунад, аммо ман шахсан ба ин ниёз надорам, чунки худам кор мекунам ва нонамро меёбам. Ман боварӣ дорам, ки агар шахс ҳунар дошта бошад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад, - гуфт дар хулосаи сӯҳбаташ Рустам.  

 

М. Нозимӣ

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории  иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Шумо дар Ҷомеъа
Шанбе, 29 Сентябр 2018 15:30

Афсонаи ДОИШ-иён

Тақдири заноне, ки шавҳаронашон, ки ба сафи қувваҳои ДОИШ пайвастаанд, боиси нигаронии ҷомеаи мо гаштааст. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон зиёда аз 200 зани тоҷик дар хоки Сурия ва Ироқ қарор доранд. 

Бояд гуфт, ки тибқи тартибот дар ДОИШ, ҳар зани ҷиҳодие, ки шавҳараш кушта мешавад, баъди гузаштани 40 рӯзи азодорӣ, ба никоҳи ҷанговари дигар медарояд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хоҳиши ӯро касе барои даромадан ба никоҳи ҷанговари дигар ба назар намегирад. Занон ҳам ба хотири аз даст надодани фарзандонашон дар мулки бегона ба дилхоҳ шарти ҷангиён розӣ мешаванд. 

Савда Маҳмудова, як зани 21 сола бо айби шавҳраш, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок мекунад, дар нимароҳи зиндагӣ қарор дошта, имкони миёни мардум озода гаштанро надорад. Ӯ мегӯяд, ки мисоли ӯ барин занҳое, ки шавҳаронашон ба сафи ДОИШ пайвастаанд, дар ҳолати вазнини рӯҳӣ зиндагӣ доранд. 

-Оё ягон кас андеша кардааст, ки баъди пайвастани мардон ба ДОИШ, тақдири оилаашон зери суол мемонад? Ман соли 2013 бо шавҳарам, Назрибек Мадхолов оила барпо намудем. Баъди панҷ моҳи зиндагӣ ба Русия рафтем. Як сол дар шаҳри Москва ҳамроҳи шавҳарам дар сехи моҳибарорӣ кор кадам. Дар ин миён рӯзе шавҳарам таклиф кард, ки биё якҷоя ба Сурия раваем. Ман ба гуфтаҳои ӯ зид баромадам. Ӯ бисёр асабӣ мешуд. Дидам, ки шавҳарамро аз ин ақидааш гардонда наметавонам, модарамро тариқи тилфон аз ҳодиса огоҳ кардам.  Ӯ гуфт, ки ба Тоҷикистон биёям. Шавҳарам моҳи марти соли 2015 маро ба Тоҷикистон ба назди хонаводааш фиристод. Тӯли се моҳ ӯ бо ману хонаводааш тамос намегирифт. Ҳар гоҳ ки ба ӯ занг мезадем, телефонаш хомӯш буд. Моҳи июли ҳамон сол ба ман занг зада гуфт, ки орзӯи деринааш яъне, итирок дар сафи қувваҳои ДОИШ амалӣ шуд ва ӯ имкони ҷиҳод карданро дорад. Ҳарчанд мегуфтам, ки ин кораш як хатои бузург аст, ба гапам гӯш надод ва аз ин амали ваҳшиёнааш пеши ман бо ифихор ҳарф мезад. Ӯ ба суханҳои ман дигар эътибор надода, телефонашро хомӯш кард. Баъд аз ин, на бо ман ва на бо падараш дигар занг назад. Бо гузашти се моҳи падару модари шавҳарам ба ман гуфтанд, ки “маълум нест, ки фарзанди мо зинда ё мурда аст. Агар ягон фарзанд медоштӣ, мо ба ту чизе намегуфтем, лекин ту бояд фарзанддор шавӣ, зиндагии хуб созӣ. Писари мо роҳи бозгашт ба қафо надорад, ҳатто зинда ё мурда будани ӯ маълум нест. Ту хеле ҷавонӣ ва оянда зиндагӣ карданат лозим. Мо ба ҷонат ҷабр кардан ва ба  нафси ту зомин шуданӣ нестем. Метавонӣ аз паи зиндагиат шавӣ».

Номбурда дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки “мактабро то синфи 9 хондам, маълумоти олӣ надорам, шароити дар ягон ҷо низ таҳсил карданро надорам. Модарам бошад, ҳар замон  ба ман таъқид мекунад, ки бояд яке аз осақолонро интихоб кунам. Аз зиндагӣ ва беқадрию бекасии худ сахт дилгирам ва ба шавҳарам, ки маро дар нимароҳи зиндагӣ гузошт, нафрат дорам. 

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки ба иттилои масъулин дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 15 нафар занон дар Сурия ва Ироқ қарор доранд. Ба иттилои манбаъ, аксарияти онҳо дар муҳоҷират бо шавҳар ва кудаконашон роҳ ба суйи мамлакатҳои ҷангазада гирифтанд.

Раҳматуллозода Фурқат, ҳуқуқшинос аз маркази захиравии занон дар итиҳодияҳои ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» дар сӯҳбат нисбати ин ҳолатҳо ба мо гуфт, ки “ҳуқуқи занон дар олилаи шавҳарашон лағв мегардад. Зеро хати вафот ё шаҳодатномаи талоқ надоранд ва ягон иқтибос ё ҳуҷҷатеро, ки гувоҳнома шуда тавонад, дастрас карда наметавонад. Аз ҷониби дигар, вақте зинда ё мурда будани шавҳарашон исбот нашудааст, барои занон мушкилоти ҳуқуқӣ ба миён меояд. Дар ҳолати доштани хати вафот, давлату ҳукумат низ то ҷойе онҳоро дастгирӣ карда метавонад, дар акси ҳол, аксарияи онҳо бесарпаноҳ мемонанд”. 

Бояд гуфт, ки ин ҳолат метавонад ба тарбияи фарзандон халал расонад. Аз ин лиҳоз, месазад, ки дар оянда нисбати ин қазия мақомоти дахлдор чораҳои зарурӣ андешанд. 

 

Барнои Бегмадзода 

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Шумо дар Слайд

Мувофиқи маълумоти мақомоти қудратии ВМКБ то ҳол 47 нафар сокинони вилоят ба сафи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайваста, нисбати 36 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки аз ин теъдод то ҳозир нафаре аз сокинони вилоят ихтиёрона ба ватан барнагашта, баръакс, 15 нафари онҳо аллакай дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ҳалокат расиданд. 

Мисоли ин гуфтаҳо саргузашти Чушчак Чушчакови, сокини 37 солаи деҳаи Бартавдеми ҷамоати деҳоти Қурбоншоҳи Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа буда метавонад. Ӯ соли 2015 тариқи кишвари Туркия ба Сурия рафта, ба ДИИШ  шомил гаштааст. Номбурда, ки аз афроди нашъаманд маҳсуб меёфт, муддати як сол дар сафи ДИИШ бар зидди нерӯҳои давлатии Башор Асад меҷангад. Аммо баъдан дар набардҳои мусаллаҳонаи Шом ҳангоми бомбаборон шудан, аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Русия ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои манбаъ, аз соли 2015 то имрӯз 28 нафар аз зодагони вилоят ба таҳсилоти мазҳабӣ дар хориҷа фарогир буда, 79 нафари онҳо чанд сол қабл аз тарафи сохторҳои давлатӣ ба ватан баргардонида шуданд.

Коршинос Юсуфбек Шодмонбеков яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонро ба гурӯҳҳои ифротгаро дар надоштани дониши хуби динии онҳо, хусусан дарк накардани фалсафаи дини мубини Ислом ва ҷаҳонбанӣ арзёбӣ мекунад. 

Мисоли дигар. Ҷамшед Қосимов, ҷавони 23 сола, сокини деҳаи Удоби ҷамоати Техарви ноҳияи Ванҷ соли 2013 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 14 - и деҳаи Удобро хатм карда, худи ҳамон сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия меравад. Бо мақсади иштирок дар ҷанги Сурия соли 2015 тариқи Туркия ба ин кишвари ҷангзада меравад. Наздиконаш то кунун аз ӯ хабаре надоранд. Моил Қосимов, падари Ҷамшед, ки дар идораи шуғли аҳолии ноҳия кор мекунад, аз амали фарзандаш таассуф мехӯрад. 

Бояд гуфт, ки мавзӯи мазкур солҳои охир дар мадди назари роҳбарияти кишвар қарор дорад. Чанде қабл Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба ноҳияи Ванҷ, иброз намуд, ки «вазъи пуртазоди ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки шумо маълум аст ва мо ҳамарӯза шоҳиди он мегардем, ки дар гӯшаҳои мухталифи дунё низоъҳои дохиливу ҷангҳои мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти манфӣ торафт доман паҳн карда, боиси ташвишу нигаронии аҳолии сайёра гардидаанд. Доираҳои алоҳидаи манфиатҷуй барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ бо истифода аз васоити ахбори омма, бахусус, шабакаҳои интернетӣ дар байни мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва ҳатто миёни кишварҳо низоъ ангехта истодаанд. Махсусан, ҷангҳои дохиливу мазҳабӣ ва амалҳои даҳшатноки террористиву ифротгароёна, ки тайи чанд соли охир дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ идома дорад, боиси марги ҳазорон нафар ва сарсону овора шудани миллионҳо сокинони кишварҳои гуногун гардидаанд. Мутаассифона, дар сафи гурӯҳҳои харобкори ифротгаро баъзе аз сокинони ноҳияи Ванҷ низ қарор доранд». 

Коршиноси дигар, Ниёзалӣ Қамбаров дар пайравӣ ба гуфтаҳои боло мегӯяд, ки воқеан ҷаҳонбинии танги ҷавонон боис мешавад, ки онҳо мафҳуми ҷиҳодро комилан ба шакли дигар кабул кунанд ва фирефтаи ваъдаҳои пӯчи чунин гурӯҳҳо гарданд. Номбурда мегӯяд, ки мувофиқи тавзеҳоти масъулини Шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ВМКБ солҳои охир аз ҳисоби ҷавонони вилоят ба гурӯҳои террористӣ касе шомил нашудаст.

Ҳамин тавр, метавон хулоса баровард, ки ифротгароӣ яке аз падидаҳои шум ба шумор рафта, тӯли солҳои охир боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гаштааст. 

 

Машҳур Имомназаров

Шумо дар Минтақа

Ба назар чунин мерасад, ки дар вилояти Суғд соли равон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳои зиёде пиёда шудаанд. Бо мақсади ҷалби сайёҳон ва пуштибонӣ аз соли рушди сайёҳӣ нахустин коре, ки дар ин вилоят анҷом дода шуд, бо ташаббуси Раиси ҳукумати вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чандин шаҳри вилояти Суғд, аз ҷумла Исфара, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент шӯъбаи кор бо рушди сайёҳӣ ташкил карда шуд. Ин иқдом боис гардид, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ чандин  ширкатҳои нави сайёҳӣ ба таври фаъолона ба кор шурӯъ намоянд. Ба ҳамаи ширкатҳои навтаъсис ва то имрӯз фаъолияткунанда дастур дода шуд, ки дар ҳама минтақаҳои сайёҳӣ таваҷҷӯҳи асосиро пеш аз ҳама ба бунёди инфрасохтори нави сайёҳӣ, пешкаши хизматрасониҳои босифату дастрас равона кунанд. Инчунин ба тамоми кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба соҳаи фаъолияти худ ба ширкатҳои сайёҳӣ кӯмак намоянд. 

Шояд иқдомҳои гуногун ва супоришҳои раиси вилоят боис шуданд, ки соли равон якбора дар се шаҳри ин вилоят Хуҷанд, Панҷакент ва Истаравшан яктогӣ меҳмонхона сохта ба истифода шуд ва вуруди сайёҳон низ ба ин вилоят афзоиш ёфт. Тибқи гузориши Нӯъмон Абдуғаффорзода Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар рӯйхати хатсайрҳои аз ҳама маъруфе, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, сайёҳон аз ҳама бештар хатсайрҳои водии Зарафшону Ҳисор, Суғду Ховалинг, Балҷувон в Норакро зиёрат карданд.Ба рӯйхати беҳтарин хатсайрҳои сайёҳӣ ворид шудани вилояти Суғд ва аз ҷумла қаторкӯҳҳои водии Зарафшон беҳуда нест. Зеро вилояти Суғд бо табиати зебо ва қуллаҳои осмонбӯсаш сол ба сол таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро бештар ба худ ҷалб мекунад. 

 Тадқиқи мо низ нишон дод, ки таваҷҷӯҳи бештари сайёҳони хориҷиро дар вилояти Суғд пеш аз ҳама Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Кӯли Аловиддин, Кӯли Калон, қуллаи сарбафалаккашидаи Чимтарға, шаҳраки Саразм, мақбараи маликкушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва садҳо минтақаҳои дигар ҷалб менамоянд. 

Иқдоми «Самак» ва «Фараж»

Бояд гуфт, ки ҳафтаномаҳои  «Самак» ва «Фараж» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иқдоми худ маводҳои зиёдеро чоп намуда, дар шумораҳои гузаштаи худ оид ба хатсайрҳо ва мавзеъҳои зиёди сайёҳии вилояти Суғд аз қабили Кӯли Калон, Кӯли Аловиддин, Зиёрат, Кӯли Бибиҷаннат, Кӯли Чимтарға ва чандин қуллаҳову сайргоҳҳо маълумот пешниҳод намуда буд. Дар шумораи навбатӣ тасмим гирифтем, ки дар бораи ду кӯли мӯъҷизанок ва хеле машҳури қаторкӯҳҳои Фону Зарафшон  «Искандаркӯл» ва «Ҳафткӯл» маълумот диҳем. Зеро ин ду кӯли бузург аз беҳтарин ва сершумортарин хатсайрҳои сайёҳӣ буда, сайёҳони зиёдеро ошиқи худ гардонидаанд.

 

«Ҳафткӯл» ё «Ҳафт мӯъҷиза» 

«Ҳафткӯл» яке аз зеботарин минтақаҳоест, ки бо ҳафт кӯли рангобаранги худ ҳар як сайёҳро мутаҳайир месозад. Дараи «Ҳафткӯл», маҷмӯи кӯлҳоеро дорост, ки дар шимоли Тоҷикистон дар водии Зарафшон ҷойгир буда, ба ёдгориҳои беназири Тоҷикистон шомил карда шудааст. Силсилакӯҳҳои мушкилгузар ва яхпӯш, ки сарчашмаи асосии пайдоиши даҳҳо дарёчаҳои шӯх гардидаанд барои пайдоиши кӯлҳои зиёде дар ин минтақа асос гузоштаанд. «Ҳафткӯл» дар баландии 2139, 3 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо номи Марғузор машҳур аст.  Сабаби Марғузор ном гирифтани мавзеи «Ҳафткӯл» дар он аст, ки кӯли аз ҳама калонттарин дар инҷо «Марғузор» ном дошта, дарозиаш — 4,5 км, чуқуриаш 45 метр ва ҳудуди умумиаш 1,16 км² - ро ташкил медиҳад.

 «Ҳафткӯл» - ро инчунин «Ҳафт мӯъҷиза», «Ҳафт зебосанам» ва ё «Ҳафт зебосанами Шинг»  ном мебаранд, ки воқеан аз дидани онҳо ба мӯъҷиза будани он ҳеҷ шакке намемонад. Ба истиснои он ки «Ҳафткӯл» хеле мавзеи зебою дилфиреб дорад, то ба ин мавзеъ роҳи мошингард низ сохта шудааст. Сайёҳон аз Самарқанду Хуҷанд ва Душанбе бо нақлиёт то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо ба хатсайрҳои гуногун тақсим мешаванд. Аз дараи Ҳафткӯл сайёҳон ба воситаи ағбаи Тобасанг ба «Кӯли Калон», «Искандаркӯл» ва самтҳои дигар сафар мекунанд.

Ба «Ҳафткӯл» аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ доранд. Аз поён ба боло ҳар як кӯле ки вомехӯред, хеле зебову диққатҷалбкунанда буда, кӯли аз ҳама поёнӣ дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр, дуюм 1701 ва кӯли аз ҳама баландтарин дар баландии 2400 метр ҷойгир шудаст. Миёни мардум чунин ҳарфҳое мавҷуданд, ки ҳар нафаре, ки яке аз кӯлҳои онро зиёрат карда, ба кӯлҳои дигар наздик мешавад, бо болотар баромадан ва дидани кӯли навбатӣ хушбахтии бештареро ба даст меорад. 

Яке аз кӯлҳои «Ҳафткӯл» «Миҷгон» ном дошта, бо зебоӣ ва ранги ғайриоддии обаш аз дигар кӯлҳо фарқ мекунад. Кӯли мазкур аз дарёчаи пуртуғёни Шинг сарчашма гирифта, бо тамошои воридшавии он ба «Мижгон» ҳар бинанда дар шигифт мемонад. Зеро рӯди шӯх бо ҳама туғёнаш баробари ворид шудан ба кӯли Миҷгон гӯё, ки ба куллӣ ором мешавад ва осоиш меёбад.  

Кӯли мазкур низ чун даҳҳо кӯлҳои дигари Тоҷикистон таърих ва ривояти пайдошавии худро дорад. Тибқи ривоятҳо гӯё замоне дар ин дара оҳангаре зидагӣ доштааст. Ин марди оҳангар соҳиби ҳафт духтар будааст, ки дар ҳусну ҷамол ҳамто надоштаанд. Рӯзе аз рӯзҳои фасли тобистон ҳокими пире аз инҷо гузашта ба духтари аз ҳама хурдии оҳангар Мижгон ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ мешавад, ки духтарро ба ҳоким ба занӣ диҳад, вале духтар комилан муқобили издивоҷ бо амир мешавад. Барои он ки бо инкори худ Мижгон ҳокимро наранҷонад, бо нияти халосӣ аз ӯ шарти худро монда, мегӯяд:

 - Ман зани ту мешавам, ба шарте, ки ту дар ин мавзеъ барои ман қасри тиллоии афсонавӣ бунёд кунӣ.  

Духтар боварӣ дошт, ҳоким аз ӯҳдаи иҷрои ин шарт намебарояд. Вале ҳокими мӯйсафед, ки ошиқи шайдо буд, ҳама корро як сӯ монда, дар давоми 40 рӯз қасри тиллоии афсонавиро месозад. Ин барои ҳама як мӯъҷиза буд. Духтар вақте мефаҳмад, ки шарти ӯ иҷро шудаву дигар баҳонае барои рад намудани хоҳиши ӯ намемонад, дар рӯзи тӯй болои қаср баромада, бо либоси арӯсӣ худро аз боми қаср ба поён мепартояд. Дар ҷое, ки ӯ меафтад кӯле ба амал меояд, ки онро Мижгон меноманд. Шаш кӯли дигаре, ки дар Ҳафткӯл пайдо шудаанд, гӯё аз ашки шаш хоҳари ӯ ба амал омадаанд.

Яке аз кӯлҳои дигари Ҳафткӯл «Ҳушёр» ном дорад. Тибқи ривоятҳо кӯли мазкур ба он хотир «Ҳушёр» номида шудааст, ки дар атрофи он пештар морҳои заҳрдор зиёд будаанд ва одамони ба зиёрати ин мавзеъ омадаро пешакӣ огоҳ мекардаанд, ки дар назди фалон кӯл ҳушёр бошед ва ҳамин тавр ин кӯл унвони «Ҳушёр» ба худ касб мекунад. Кӯли дигар, ки «Ҳазорчашма» ном дорад, аз ҳисоби чашмаҳои зиёд ва ҷӯйборҳои хурд пайдо шудааст. Ин кӯл аз дарёчаи шӯхи Ҳисор ва Дарахти Сурх сарчашма мегирад. 

Бяод гуфт, ки «Ҳафткӯл» на танҳо бо кӯлҳои муъҷизанок, балки бо ҷойҳои муқаддасаш низ фарқ мекунад ва ин муқаддасот боиси он шудааст, ки ҳар сол сайёҳони зиёде ба зиёрати он оянд. 

 

Искандаркӯл

Дар кӯҳистони Зарафшон 60 кӯл ҷой гирифтааст, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ беш аз як гектар масоҳатро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 12 кӯл дар ҳавзаи Искандардарё воқеъ буда, миёни онҳо «Искандаркӯл» шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Ин кӯл дар ноҳияи Айнӣ, дар қисмати шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор ва каторкӯҳҳои Фон дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) ҷойгир шуда, аз 86 то 72 метр умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Оби кӯл тобистон то + 18 дараҷа гарм шуда, дар зимистонҳои сарду хунук як мебандад. Кӯли мазкур номи худро аз номи Искандари Мақдунӣ, ки дар шарқ бо номи Искандари Зурқарнайн машҳур аст, гирифтааст. Гӯё Искандари Мақдунӣ ҳангоми юриши худ аз Ҳинд ба Осиёи Миёна, маҳз ба воситаи ҳамин кӯл гузашта бошад. 

Таҳқиқи илмии «Искандаркӯл» аз соли 1841 оғоз ёфта, то ҳол давом дорад. Таърихнигорон бар он андешаанд, ки Искандаркӯл дар маъхазҳои таърихию географӣ бо номи Айн, Маҷмаъ, Дарёжа, Ҷай ва Таран ёд шудааст ва дар ҳеҷ маъхазе дар асрҳои қадим ва ми¬ёна бо номи «Искандаркӯл» дучор наме¬шавад. Кӯл бо номи Искандаркӯл пас аз саёҳати аввалини муҳандисону муҳаққиқони рус дар соли 1841 пайдо шудааст.

Кӯли мазкур дар миёни кӯҳҳо ҷойгир буда, аз дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеч, Сарима ва инчунин чандин дарёчаҳои дигар сарчашма мегирад. Ҳамаи ин дарёчаҳо ба кӯл рехта, дар Искандаркӯл як дарё шуда, ҷорӣ мешаванд, ки он низ номи Рӯди Искандаркӯлро гирифтааст.  Болотар аз «Искандаркӯл» кӯл бо номи кӯли «Замин» ҷойгир шудааст, ки аз оби дарёчаи Серима пур мешавад. Кӯли мазкур нисбат ба Искандаркӯл хурдтар буда, ҳамагӣ 300 метр масофа ин ду кӯлро аз ҳамдигар ҷудо менамоянд. 

Болотар аз ин ду кӯл шаршараи бузурге аз баландии кӯҳ ҷорӣ мешавад, ки бинобар баландӣ ва паҳноии бузургаш онро «Ниагараи Фон» ном мебаранд. Шаршараи «Ниагараи Фон»  ба дараи хеле танг ҷорӣ шуда, 43 метр баландӣ дорад. Обе, ки ба сангҳо бархӯрда то поён ҷорӣ мешавад, фаввораҳоеро ба амал овардааст, ки комилан чун шири сафед ҷорӣ мешаванд. Дар қисми болоии он майдончае барои тамошо сохта шуда, ҳама сайёҳон ҷоришавии оби шаршара ва фаввораҳои онро маҳз аз ҳамин майдон тамошо мекунанд. 

 «Искандаркӯл» дорои базаи сайёҳӣ бо хеле инфрасохтори хуб аст. Дар замони шӯравӣ ҳатто мансабдорони баландпояи Шӯравӣ вақте ба Тоҷикистон меомаданд, ҳатман аз ин мавзеъ дидан намуда, маҳз дар ҳамин ҷо истироҳат мекарданд. Ҳар сол ба ин минтақа даҳҳо ҳазор сайёҳон аз хориҷи дуру наздик меоянд. 

Кӯли мазкур низ чун «Ҳафткӯл» ривояти пайдоиши худро дорад. Тибқи ривояте Икандар ҳангоми сафари худ ба Ҳинд ба муқобилияти аҳолии деҳоти ин мавзеъ рӯ ба рӯ мешавад, ки ба ӯ таслим намешаванд. Он гоҳ ӯ дастур медиҳад, ки самти оби дарёро тағйир дода, деҳа ва мардумашро дар об ғарқ намоянд. Ҳамин тавр «Искандаркӯл» пайдо мешавад. 

Ривояти дуюм он аст, ки ҳангоми ба ин дара ворид шудан аспи Икандар бо номи Бетсевал оби хунуки кӯлро нӯшида, бемор мешавад. Баъди чанд рӯзи беморӣ ин асп шифо ёфта, ногаҳон мегурезад ва ба баландӣ баромада, худро аз ҳамон ҷо ба ин кӯл мепартояд. Искандари гирён чанд рӯз тоқат карда, ҷанговарон ва аспҳояшро ба ҷои дуртар мебарад. Тибқи ривоятҳо гӯё ҳар моҳ ҳангоми ним шудани моҳ Бутсевал аз кӯл баромада сайр мекунад. Вақти баромадани ӯ қисми болоии об ҷудо шуда, аз он як аспи сафед дар иҳотаи аспҳо ба берун меояд. 

Дар баробари кӯлҳо ва дарёчаҳову чашмасорони зебо, дар доманакӯҳхои Искандаркӯл растаниҳои даштӣ, арчазорони зебо ва маргузорҳои алафӣ вомехӯранд, ки табиатро боз ҳам зеботар кардаанд. 

Хулоса бояд иқрор шуд, ки табиати зебову афсонавӣ ва мӯҷизаҳои Ҳафткӯлу Искандаркӯл дар ҳеҷ тасвире намегунҷанд ва бо нақл кардан поён нахоҳад ёфт. Ҳар ки мехоҳад аз мавзеъҳое гузар кунад ва дар ҷойҳое сайр кунад, ки табиати зебо, чашмасорони мусаффо ва кӯлу кӯҳсори дилфиреб дошта бошад, бояд ба сайри Ҳафткӯлу Искандаркӯл барояд. 

 

Холиқи Муҳаммадназар,

МТЖТ

Шумо дар Ҷомеъа
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 49

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.