.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

 

Як нафари пеш судшуд бо истифода аз корд ба чони ноболиғи 10-сола таҳдид карда, пулу моли хонаро дуздидааст, аммо ба зудӣ дастгир шудааст ва бояд барои ин амалаш ҷавоб гӯяд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ҷавони 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 00:00, шахси номаълуми ниқобпӯши бо корд мусаллаҳ, ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо корд писари ноболиғи 10-солааш таҳдид кардааст. Бо ин роҳ ин нафар 44.000 сомонӣ пул, 3 адад телефони мобилии тамғаҳои «Айфон-5», «ОППО» ва «Нокиа», ки арзишашон 2400 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир кардааанд.

 

Шумо дар Хабари рӯз
Ҷумъа, 14 Сентябр 2018 10:00

Интернети 4G-Tcell дар Боми ҷаҳон

Tcell нахустин шуда сокинони Хоруғро бо интернети 4G таъмин кард. Мутахассисони ширкат дар наздикии Боғи марказии шаҳри Хоруғ истгоҳи наверо насб карданд, ки дастрасии сокинони шаҳрро ба интернети тезсуръати то 20 Мбит/с фароҳам хоҳад сохт.

Шаҳри Хоруғ маркази маъмурии ВМКБ буда, сатҳи дониш дар он бо вуҷуди дурияш аз пойтахти кишвар фарқкунанда аст. Дар Хоруғ се муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият доранд, ки ҳамасола садҳо нафар бо тахассусҳои гуногун онҳоро хатм мекунанд. Дар шаҳр марказҳои бузурги тиҷоратӣ, коргоҳ, тарабхона ва меҳмонсаройҳо хеле зиёданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар чунин шаҳр ҳамеша талабот ба иртиботи устувору боэътимод ва замонавӣ хеле зиёд аст.

Ширкати Tcell бо вуҷуди мушкил будани интиқоли техникаҳо ба минтақаҳои баланди куҳӣ, талош дорад, то сокинони минтақаро бо имкониятҳои нави технологӣ таъмин созад. Бештари сокинони ВМКБ муштариёни бовафои Tcell буда, тайи даҳсолаҳо аз он истифода мекунанд ва бинобар ин, бояд сетро беҳтару устувортар кард. Истгоҳи нави меъёри 4G маркази шаҳри Хоруғ - Боғи марказӣ, коргоҳҳо, марказҳои тиҷорӣ, таваққуфгоҳҳо, тетар, додгоҳ, бинои РКД шаҳрӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳоро фаро мегирад, ки бештари инҳо муштариёни корпаративии ширкатанд.

Интернети 4G имкон медиҳад, ки муштариён дилхоҳ матлаби худро роҳат ва зуд боргирӣ карда, навору видеоҳои хостаашонро бе ягон мушкил гӯш ва тамошо кунанд.

"Ҷаҳони имрӯз дар ҳаракат буда, ҳар сония дигар мешавад. Муносибати мо бо телефонҳои мобилӣ низ тағйир хоҳад ёфт. Имрӯз мо сокинони Хоруғро бо дараҷаи чаҳоруми алоқа ё худ иртибот таъмин мекунем, ки бовар дорем, рушди иқтисодиву доираҳои кории шаҳрро дар оянда хоҳад тезонд ва тавонмандии сайёҳии минтақаро боз ҳам беҳтар хоҳад кард", - мегӯяд мудири кулли Озодхон Давлатшоев.

Истгоҳи нав дастрасии шабака (сет)-ро барои муштариён, бахусус истифодабарандагони смартфон ва интернет беҳтар хоҳад кард. Акнун сокинон ва меҳмонони Хоруғ метавонанд, бо боварии комил аз иртиботи дараҷаи чаҳорум ба воситаи ширкати Tcell истифода бурда, чаҳони дигареро барои худ кашф кунанд. Ин навоварӣ имкон медиҳад, ки сокинони Хоруғ ба манобеи омӯзишиву иттилоотӣ ва тафреҳии шабакаи ҷаҳонӣ дастрасии хуб дошта бошанд.

Нақшаҳои Tcell барои рушди шабака дар минтақа дар инҷо хотима намеёбанд. Ширкат тасмим дорад, рӯзҳои наздик тамоми шаҳри Хоруғ ва марказҳои навоҳии ВМКБ-ро бо интернети 4G таъмин созад.

Шумо дар Хабари рӯз

Аз 16-ум то 19-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе мавсими 3-юми кинофестивали «Навсоз-2018» бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кинотеатри “Ватан” баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигорон директории кинофестивал Муҳибназар Холназаров имрӯз иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, соли ҷорӣ барои ширкат варзидан дар кинофестивал наздики 80 филм аз 9 давлат ба монанди ИМА, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Белорусия пешниҳод шуданд, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамони ҷашнвора 20 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ ба фестивал роҳ ёфтанд.

Ҳадафи баргузории ин ҷашнвора таваҷҷӯҳ ба соҳаи кино, ҷалби киносозони ҷавон ва дарёфти истеъдодҳо дар доираи барномаи рушди соҳаи кино, ки аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, маҳсуб меёбад. 

Гуфта мешавад, ки ҳамзамон дар фестивал филмҳои ғайриозмунӣ низ ба намоиш гузошта мешавад.

Дилшод Болтаев

Шумо дар Хабари рӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Дамои ҳаво рӯзона паст гашта, шамол аз самти ғарб то  ба 10-15 метр дар як сония мевазад. 

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3500 м боридани барфи  тар дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 19+24 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона +11+16 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Вазиши шамол аз самти ғарб то 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +10 +15 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб аз 3-8 то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Шабона +11+13 ва рӯзона +27+29 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
саҳ 20 аз 42

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.