.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Startup Weekend ин ҳаракати ҷаҳонии соҳибкорони фаъол ва шавқманд буда, ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои дунё баргузор мешавад. Ҳадафи ин чорабинӣ муҳайё сохтани як майдони баҳс ва омӯзиши таҷриба буда, дар он ҷавонони ҳушманд дар бахшу соҳоти мухталиф тарҳҳои вижа, барномаҳои “старт-ап”-и худро муаррифӣ карда, аз соҳибкорони ҳирфаӣ кӯмакӣ техникӣ ва ё ғайритехникӣ мегиранд, баъдан бар пояи ин кӯмакҳо идеяву тарҳояшонро ба маҳсулоти ҳаётӣ ва воқеъӣ табдил медиҳанд.  

Ширкати Tcell тибқи анъана шарик (ҳамкор)-и Startup Weekend буда, шароити заруриро барои  иштирокчиён ва баррасии лоиҳаҳо фароҳам меорад. «Tcell, ҳамчун ширкати иҷтимоӣ ва ба унвони яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), ҳамеша аз чунини иқдомҳои навҷӯёна, хосатан дар қисмат  IT –стартап  дастгирӣ мекард ва дар оянда низ дастгирӣ хоҳад кард.   Зеро чунин оғозкориҳо мушкилоти иҷтимоиро бартараф карда, зиндагии одамонро беҳтару хубтар менамоянд. Ҳамчунин, барои мо дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани одамоне, ки барои беҳбудии муҳити иқтисодии Тоҷикистон  тавассути роҳандозии фанноварии ҷадид кӯшиш менамоянд, аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018, ки чанде қабл дар Душанбе баргузор шуд, махсус ба масоили марбути соҳибкории бонувон иртибот дошт: дар шароити феълӣ ин мавзӯъ афзалияти бештареро ба худ касб мекунад, зеро дар ин авохир духтарони зиёде мавқеъи фаъоли ҳаётиро интихоб менамоянд. Омор низ бозгӯкунандаи ин аст: барои ширкат дар Weekend беш аз 100 дархост аз ҷониби бонувон пешниҳод гардида буд. Ҳамин тавр, дар даври ниҳоӣ 70 нафар аз ҷумлаи онҳо, ки синну соли мухталиф дошта аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ (Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон) буданд, ширкат карданд.

Бонувон ба старт-ап барнома ва ғояҳои зиёди шавқовари иноватсиониро оварданд, ки татбиқи онҳо дар иқтисоду истеҳсолот боиси муҳайё гардидани даҳҳо ҷои кор барои духтарону занон хоҳад шуд. Гуфтанист, аксари ин идея (барнома ва старт-ап)-ҳои пешниҳодшуда дар бахши технологияи иттилоотӣ (ИТ) буданд.

Тӯли се рӯз иштирокдорони Weekend ба баҳсу баррасии идеяҳо ва такмили стартапҳо машғул гардида, аз соҳибкорони муваффақу таҷрибадори кишвар дарси вижа гирифтанд. Зимни ҳамоиш соҳибкорони навроҳ ҳамандешони худро пайдо ва бо онҳо идеяаашонро такмил карданд, дар интиҳо беҳтаринҳои барнома аз ҷониби сарпарастон қадрдонӣ ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Дар ин стартап-барнома ашхоси муваффақ дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ- Шералӣ Ҷӯрабоев, Заррина Бобоева, Мунира Исамова, Парвина Исҳоқӣ, Фирӯза Мирзоева, Лайло Тағоева ва Езил Агаоғлу барои иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ баргузор карданд.

Startup Weekend Women Tajikistan 2018 аллакай 5-умин чорабинӣ дар ин сатҳ аст, ки барои бори севвум аз тарафи Асотсатияи иноватсионӣ ва соҳибкории технологӣ (АИСТ) ва бо ҳамшарикии ширкати Tcell, Палатаи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон (AmCham), СҒД «Илмхона», САҲА, Mercy Corps ва дастгирии ширкатҳои ҷаҳонии Google for Entrepreneurs-у TechStars ва Eventbrite доир гардид.

Шумо дар Хабари-рӯз

Фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон Обид Шакурзода имрӯз тариқи саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нома навишта, аз мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои хомӯш кардани барқи хонааш шикоят кард.

Ба навиштаи ӯ кормандони барқи ин ноҳия новабаста аз қарздор набудани ӯву боз чанд ҳамсояи дигараш барқи хонаҳоро хомӯш кардаанд. Мутолиаи номаи зер, ки ба унвони Рустами Эмомалӣ равон шудааст, ба хонанда қазияро рӯшан мекунад:

«Ба раиси шаҳри Душанбе

Рустами Эмомалӣ

аз сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,

гузаргоҳи дуюми кӯчаи Неъмат Қарабоев, 13,

ҳуҷраи 43, Обиди Шакурзода

Ҷаноби раиси шаҳр!

Ҳудудан як моҳ пеш, намояндагон аз ҳукумати иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ ҳуҷраҳои моро тақ-тақ заданд, ки барои пул омадаем; мехоҳем бинои истиқоматии шумоёнро рангу бор диҳем ва бинобар таҳлилу бароварди мо, ҳар ҳуҷрае мебояд ба миқдори 530 сомонӣ ба мо бидиҳад. Ман дар суҳбат ба онҳо гуфтам, ки ин ҷамъу тарҳи шумоён аз рӯйи адлу инсоф нест, зеро талабе, ки мекунед, дар қиёс ба маоши муқаррар таносуб надорад. Масалан ман 1700 сомонӣ маош дорам, ва бо ин ҳол ҳамсарам хонашин аст, духтарам табиб, ним баст дар бемористон машғул буда андар моҳ ҳаштод сомонӣ маош мегирад, ва писарам ба таври шартномавӣ донишҷӯ шудааст, ки акнун бояд 4500 сомонӣ ҳаққи шартномаи ӯро пардохт кунам. Гуфтамшон, ки ин ибтикори шумоёнро дар зебогардонии пойтахт шоиста аст ва метавонам 10 дарсади маошамро бароятон диҳам, тавони аз ин беш пулдоданро надорам. Аммо ин гурӯҳ (се чор нафар) аз ҳукумати ноҳия танҳо як гап мегуфтанд: бояд 530 сомониро диҳӣ; онҳо пешниҳоди маро қабул накарданд. Ва бегоҳи дигар боз омада дарамро заданд, ки бояд пул диҳӣ. Сипас ба маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт тамоси телфунӣ гирифтам ва арзи ҳол кардам. Аз маркази матбуоти шаҳрдорӣ фармуданд, ки чунин қароре ки шаҳрвандон барои рангубори беруни бинои истиқоматӣ ҳатман бояд пул пардозанд аз суи шаҳрдории пойтахт гирифта нашудааст ва низ ҳамчунин дастуре барои мақомоти навоҳии пойтахт мабнӣ бар пул ҷамъкардану тармим кардани шаҳрвандон барои беруни бино дода нашудааст. Намояндаи маркази матбуот афзуд, ки ихтиёр доред пул диҳед ва мувофиқи тавон, масалан имкон дошта бошед 5 ҳазор сомонӣ бидиҳед, надошта бошед панҷ сомонӣ бидеҳед ва ё аслан надиҳед. Бегоҳ, ки гурӯҳи пулчини ҳукумати ноҳия боз дарамро заданд, такроран гуфтамшон ки ҳозирам даҳ дарсади маошамро баротон диҳам (170 сомонӣ), аммо қудрати бештарро надорам, ки мавзуъро баротон шарҳ дода будам ва қазияи суҳбат бо намояндаи шаҳрдории пойтахтро ҳам барояшон ёдоварӣ кардам. Аммо қабул накарданду рафтанд.

Инак, пас аз гузашти ду-се ҳафта, дишаб ногоҳ барқи хонаам хомӯш шуд. Берун омадам ва дар даромадгоҳи бино ду нафар аз кормандони умури барқи ноҳияро дидам (аз пӯшокҳои танаашон ва мошини тамғадорашон шинохтам), онҳо гуфтанд, ки барқи хонаатро мо хомӯш кардем. Гуфтамшон, ки бародарон, ман аз барқ қарздор нестам ва мураттабу муназзам ҳазинаи барқро пардохт кардаам. Аммо ин ду корманд гуфтанд, ки гап бар сари ҳазинаи барқ нест, моро ҳукумати ноҳия фармон додааст, ки маҳз барқи шуморо қатъ кунем. Инак то ин вақти шом мо ҳудудан барқи 35-40 ҳуҷраро қатъ кардем. Гуфтамшон, ки агар ҳукумати ноҳия дастур диҳад, ки хонаи моро оташ занед, оё ин амрро ҳам ба ҷо меоред? Ин устоҳои барқ бо фурӯтанӣ ҷавоб доданд, ки мо маошхӯр ҳастем, ҳич гоҳ хонаи касеро оташ намезанем, аммо агар ин дастурро ба ҷо наорем (яъне қатъкардани барқи хонаҳои мардум), аз кор ронда ва саргардону бемаош хоҳем монд.

Пас, чанд ҳамсояи бебарқи дигарро ҳам вохӯрдам ва қазия равшан шуд: ҳукумати ноҳия ба таври худ маро бо ҳамсару фарзандҳоям ҷазо дода, аз истифодаи барқ маҳрум кардааст ва бо ин кор нишон медиҳад, ки мо чунин қудратро ҳам дорем! Зимнан, ҳафтаи гузашта, дар маъракаи дӯсте дар маҳалли Зарафшони пойтахт будам. Он ҷо ҳам беруни биноҳоро рангубор мекарданд ва пурсидам аз сокинони он ки чанд пул медиҳед барои ин кор. Гуфтанд, ки ҳукумати ноҳия худ ин амалро иҷро кардааст, аз мо чизе дархост накарда. Акнун равшан мешавад, ки дар маъмурияти ҳокимони ноҳия шаҳри Душанбе фазои ба истилоҳ, як бому ду ҳаво ба миён омадааст, ки ин вари бом гармову он вари бом сармо. Бо қатъи барқи хонаҳои мо маъмурони ҳукумати ноҳия сӯи мардум ангушти таҳдид баланд кардаанд, ки дирӯз барқатро қатъ кардаем, ҳоло интизор бош, фардо аз об маҳрум мемонӣ ва пасфардо, боз намедонам аз чӣ чиз маҳрум карданиянд.

Бо арзи ин матлаб, аз Шумо – Рустами Эмомалӣ, раиси муҳтарами шаҳр, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ин қазия равшанӣ андозед. Яъне, оё воқиан банда маҷбурам, ки ҳамчун як нафар маошхӯри оилаву сарпарасти чаҳор нафари хонаводаи хеш, ба маъмурони ҳукумати ноҳия беш аз сивусе дарсади маоши худ (530 сомонӣ) бидиҳам? дар ҳоле, ки он гуна арз кардам, худ мушкилоте пеши рӯ дорам?! Ва оё ҳукумати ноҳия, ки маъмуру масъули ободии маҳал ва таъмингари рифоҳу осоиши мардумон аст, ин ҳаққу ҳуқуқро дорад, ки дар сурати пули дархостии онҳоро надодан, барқи хонаи моро қатъ кунад? Магар ин дар меъёри Қонунҳои таъинкардаи давлати мост?

Бо камоли эҳтиром Обиди Шакурзода.

27. 9. 2018.»

Шумо дар Слайд

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-16), ки дар даври финалии Чемпионати Осиё-2018 ширкат дорад, дар вохӯрии сеюм ҳамсолони худро аз Тайланд бо натиҷаи 2:1 шикаст доданд.

Барои ба даври дигар роҳ ёфтан наврасони Тоҷикистонро зарур буд, ки дар ин бозӣ ғалаба кунанд ва ба ғалабаи Ҷопон бар Малайзия умед банданд. Хушбахтона ҳамин тавр ҳам шуд. Ҷопон бар Малайзия бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуд ва Ҷопону Тоҷикистон ба даври дигар роҳ ёфтанд. Наврасони тоҷик дар даври плей-офф бо ҳамсолони худ аз Умон ё Кореяи Шимолӣ мубориза мебаранд.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар бозии якум бо натиҷаи 2:6 аз соҳибои майдон – Малайзия шикаст хӯрда буданд. Бозӣ бо Ҷопон 23 сентябр дар варзишгоҳи «UM Arena»-и шаҳри Куала Лумпур бе задани гол анҷом ёфт – 0:0. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи Тайланд бар дастаи мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда буд.

Шумо дар Слайд

Президенти Молдова Игор Додон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар фурудгоҳи Душанбе меҳмонро муовини сарвазир Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Игор Додон барои шиносоӣ бо кори неругоҳи барқи обии «Норак» ба шаҳри Норак сафар кард.

Дар нақша аст, ки ӯ бо дар Тоҷикистон бо президентҳои як қатор кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот мекунад.

Фардо дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Ҳамаи президентҳои кишварҳои узви ИДМ, ба ғайр аз перзиденти Украина ва Туркманистон, барои ширкат дар ин ҷаласа ба Тоҷикистон меоянд.

Шумо дар Хабари-рӯз
саҳ 7 аз 49

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.