.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 31 Август 2018 - || ФАРАЖ

Филиали Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон 70 нафар кӯдаки маълул, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳалро аз ноҳияи Айнӣ дар осоишгоҳи “Шоҳин” барои истироҳати якҳафтаина ба ҳам овард.

Лагери тобистона шоми рӯзи аввал бо афрӯхтани гулхан ба таври расмӣ оғоз гардид. Намояндагони Каритас Олмон, ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” ва осоишгоҳи “Шоҳин” зимни суханони пазироӣ ва ифтитоҳӣ зикр карданд, ки кӯдакони дорои маъюбият дар қатори кӯдакони бе маъюбият ба хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилотӣ ва маишӣ ҳуқуқ ва дастрасии баробар доранд. Ҳамчунин қайд гардид, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба некӯаҳволии шахсони дорои маъюбият диққати махсус медиҳанд ва баимзорасонии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 шаҳодати гуфтаҳои болост.

Кӯдакони дорои маъюбият, ки боре ҳам аз ноҳия берун набаромадаанд, ба истиснои ба беморхона рафтан ва дар бисёр мавридҳо бинобар сабаби нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳниашон дар хона боқӣ мемонанд, воқеан вақти худро дар лагери тобистона хеле хуш гузарониданд. Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд. Илова бар ин, дар соатҳои оромӣ барои волидайн машваратҳои равонӣ оиди тарбияи дурусти кӯдакони дорои маъюбият гузаронида шуданд.

Дар маросими хайрбод, ки шоми ахир баргузор гардид, кӯдакони дорои маъюбият ҳозиринро бо пешкаши маҳсулоти дастии худ, қироати шеъру сароидани сурудҳо ва намоиши саҳначаҳое, ки ҳангоми буду бошашон дар лагери тобистона омода ва аз худ карда буданд, шод намуданд ва барои иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамгироии кӯдакони дорои маъюбият ба ҷомеа, рушди малакаҳои кӯдакон ва дастгирии ҳамдигар, инчунин беҳтар намудани малакаҳои волидайн дар мавриди нигоҳубини кӯдакони дорои маъюбият ҳадафи асоси лагери тобистона буд, ки дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ” (Лоиҳа) созмон дода шуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад.  

КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар муддати 10 соли фаъолияташ дар кишвар беш аз 2500 шахси маъюбро дастгирӣ карда, 7 толори омӯзишӣ, 30 нуқтаи тавонбахшӣ, 28 ҳуҷраи бозӣ барои кӯдакон ва 6 ҳуҷраи машваратии мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ ифтитоҳ намуда, дар 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ низоми таҳсилоти фарогир ҷорӣ карда, дар 9 муассисаи таҳсилоти касбӣ барои таҳсилоти касбию техникии ҷавонони осебпазир шароити мусоид фароҳам оварда, наздики 400 кӯдаки маъюбро ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ шомил намудааст. Ҳамчунин, бар асоси барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, 15 тренери миллӣ, 250 корманди тавонбахшӣ, 6 нафар мутахассиси забони имову ишора ва 370 нафар омӯзгор оид ба мавзӯҳои маъюбият ва таҳсилоти фарогир омӯзонида шуданд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Ҷумъа, 31 Август 2018 11:10

Саратон Кобзонро кушт

Сарояндаи халқии СССР, вакили Думаи давлатии Русия Иосиф Кобзон дар синни 80-солагӣ фавот кард. Дар ин бора наздикони сароянда ба расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд.

Наздикони сароянда гуфтаанд, рӯзи 20-уми июл Иосиф Кобзонро дар ҳолати вазнин ба шуъбаи нейрохирургии яке аз беморхонаҳои Маскав интиқол дода, ба таҷҳизоти ёридиҳандаи нафаскашӣ пайваст кардаанд.

Табибон ҳануз соли 2005 дар вуҷуди сарояндаи эстрадаи Русия Иосиф Кобзон бемории саратонро муайян кардаанд. Баъдан сароянда чанд бор ҷарроҳӣ ва курсҳои кимиёдармониро низ аз сар гузаронидааст.

Иосиф Кобзон 11 сентябри соли 1937 дар шаҳри Часов Яри вилояти Донетски Украина ба дунё омада, овозхониро хеле барвақт, замони кӯдакӣ оғоз кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ замони 9-сола буданаш дар Кремл, дар рӯ ба рӯи Котиби Кумитаи марказии Ҳизби умумииттифоқии коммунистии болшевикон Иосиф Сталин суруди «Парвози паррандаҳои ваҳшӣ»-ро иҷро карда буд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дирӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии раиси он Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои ҷорӣ гарон шудани нархи симкортҳо ҳам баррасӣ гардидааст.

Дар хабаре, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки то 1 январи соли 2019 боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд. Ҳамчунин ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки дар ин муҳлат доир ба масъалаҳои вобаста ба арзиш ва тартиби истифодаи симкортҳои телефони мобилӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд».

Ширкати МегафонТоҷикистон низ дар як муроҷтаи худ ба муштариён эълон кард: «Муштариёни муҳтарам!  Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки арзиши пайвастшавӣ ва барасмиятдарории сим-кортҳо то 01.01.с.2019 мавқуф гузошта шуд».

Ҳамин тавр, боло бурдани нархи симкортҳо ва бақайдгирии онҳо то соли 2019 мавқцф гузошта шуд.

Воабста ба боло рафтани нархи пайвастшавӣ ва ба охир расидани муҳлати бақайдгирӣ дар сартосари кишвар навбатпоиҳои тӯлоине дар назди марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ ба вуҷуд омад, ки мардумро нигарон карда буд.

Шумо дар Слайд

Муҳлати бақайдгирии симкортҳо то 30-юми сентябр дароз карда шуд, аммо арзиши симкорти нав 250 сомонӣ муқаррар гардидааст.

ИА «АП» аз саҳифаи фейсбукии ширкати Мегафон Тоҷикистон як навиштаеро иқтибос оварда иттилоъ дод, ки муҳлати бақайдгирии ройгони симкортҳо то 30-юми сентябри соли 2018 тамдид карда шудааст. Дар ин эълон гуфта шудааст, ки то 1-уми сентябр дар ҳама марказҳои хидматрасонии ин ширкат танҳо пайвастшавии муштариёни нав ба роҳ монда мешавад. Ин амали ширкати Мегафон вобаста ба он аст, ки муштариён ҳарчӣ бештар тавонанд ройгон ба ширкат пайваст шаванд, зеро аз 1-уми сентябр пайвастшавӣ гарон хоҳад шуд.

Дар ин муроҷиат аз ҷумла гуфта мешавад: «То 1-уми сентябри с.2018 дар ҳамаи марказҳои хизматрасонии МегаФон, бо нархҳои ҷорӣтанҳо фуруш ба амал оварда мешавад. Бо мақсади пешгирӣкардани ошуфтагӣдар марказҳои хизматрасони, Хохишмандем бо саволҳои азнав ба кайдгирии симкортҳо ба истифодабарандагон, пас аз 1-уми сентябри соли 2018 мурочиат намоед» (иқтибос айнан оварда шуд).

Шумо дар Хабари-рӯз
саҳ 3 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.