.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 29 Август 2018 - || ФАРАЖ

Паҳлавони маъруфи тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар намуди гуштии самбо, Беҳрӯз Хоҷазода дар финали кураши Бозиҳои Осиё-2018 бо намояндаи Эрон Илёс Алиакабрӣ, ки дар нимфинал Сарвар Шомурдови ӯзбекро мағлуб кард, ба майдон баромад.

Хоҷазода, ки 73 кг вазн дорад дар вазни -81 кг ба муқобили ҳарифи эронӣ майдондорӣ кард. Ӯ то финал се ҳарифи худро аз сари роҳ бо дилпурӣ бардошта буд. Илёс Алиакбарӣ 81 кг вазн дошт ва ҳамин бартарӣ ба ӯ имкон дод, ки ғолиб ояд ва соҳиби медали тиллои Бозиҳо гардад. Беҳрӯз бо медали нуқра мукофотонида шуд, ки ин дуюмин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Осиё ба ҳисоб меравад. Пеш аз ин варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ медали нуқра ба даст оварда буд.

Шумо дар Слайд

Имрӯз дар Бозиҳои Осиё-2018 ду варзишгари тоҷик дар намуди кураш майдондорӣ карданд, ки аз инҳо яке ба финал роҳ ёфт.

Акмал Муродови 22-сола дар вазни -81 кг дар даври аввал бар варзишгари Вйетнам Буи Мун Гуани 26-сола бо натиҷаи 10:0 дастболо шуд. Дар даври 1\16-финал ин паҳлавони тоҷик бо варзишгари 24-сола аз Сурия Муҳаммад Қосим ба майдон баромад ва бо ҳамин натиҷа пирӯз гардид. Дар даври чорякниҳоӣ кори Акмал Муродов омад накард ва ӯ аз варзишгари Узбекистон Сарвар Шомуродови 23-сола мағлуб гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазодаи 23-сола аз даври 1\16 ба майдон баромад ва бо дилпурӣ паҳлавони ӯзбекистонӣ Мусо Собирови 21-соларо аз пеши роҳаш бардошт. Сипас, дар даври чорякниҳоӣ Беҳрӯз Хоҷазода камари паҳлавон аз Тайбэйи Чин Чунта Ҳуанги 33-соларо хам кард. Беҳрӯз дар даври нимниҳоӣ бо паҳлавони 23-солаи эронӣ Умед Тезтак бояд майдондорӣ кард ва ӯро низ аз пой афтонд. Ин варзигари Тоҷикистон ба хазинаи кишвар боз як медал зам хоҳад кард, ки ҳадиаққал он нуқра аст. Ӯ дар фурсатҳои баъдӣ дар финал бо намояндаи дигари Эрон Илёс Алиакбарӣ, ки дар нимфинал Сарвар Шомуродви ӯзбекро мағлуб кард, ба майдон мебарояд.

Шумо дар Хабари рӯз

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол - ҷоизаи «Фараҳ-2018» дар Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир гардид. Аз соли 2012 ба ин сӯ, Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) беҳтарин бонувони тоҷиру ҳунармандро аз тамоми гӯшаву канори кишвар пайдо ва қадрдонӣ менамояд. Тибқи анъана, ширкати Tcell аснои баргузории чорабинӣ ва маросими тӯҳфасупорӣ АМБСТ-ро дастгирӣ мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ идома дошта, нақши бонувон дар ҷомеъа ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт. Бонувон бештару пештар фаъол мешаванд, онҳо ба идоракунӣ, роҳбарӣ дар зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб гардида, ба кишвари худ, рушду пешрафти иқтисоду тиҷорат кӯмак мерасонанд. Ҷоизаи “Фараҳ”-и  Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон як чунин майдони заруриро барои муаррифӣ ва шинохти занони муваффақ муҳайё месозад. Тавассути ин тарҳ, тоҷирони навроҳ аз таҷрибаи бонувони муваффақ сабақ мегиранд ва бо таърихи дастоварду комёбиҳои занони қавииродаву фаъол ошно мешаванд. Ҳадафи аслии дастгирии ҷоизаи “Фараҳ” аз ҷониби ширкати Tcell – ин рӯҳбаланд кардани бонувон ва ба онҳо муҳайё намудани дарки имконият ва зарфияти инфиродиашонмебошад. Намунаҳое аз кору ҳаёти занони муваффақ ба дигар бонувон имкон медиҳад, ки ба худ эътимод пайдо кунанд ва ин боиси дар амал татбиқ кардани орзуву омолашон мегардад”,- иброз дошт Озодхон Давлатшоев,  директори генералии ширкати Тсеll.

Озмун моҳи марти соли равон оғоз гардида, ба он 403 дархост ҷиҳати иштирок ворид шуд. Ба даври аввали он 93 нафар роҳхат гирифта, ҳайати коршиносон куллияи ҷанбаҳои фаъолияти корӣ ва тиҷоратии ҳар як довталабро таҳқиқу омӯзиш кард: бо онҳо мусоҳибаҳо сурат гирифта, тарзи кору фаъолияти онҳоро дар корхонаҳояшон дар кунҷу канори кишвар санҷиданд, бо тиҷорати онҳо ошно шуданд. Ҳамин тавр, 34 нафар ба озмуни ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бораи ҳар як довталаб филми мустанад таҳия шуд, ҳар кадоме аз онҳо таҷрибаи вижаи тиҷорат ва дастёбӣ ба комёбиҳоро доранд.

Дар соли 2018 инҳо беҳтаринҳо дар бахши тиҷорати марбут ба соҳоти худ эълон шуданд:

         Бахши тавлидот (истеҳсолот) - Мамадкаримова Лутфия, шаҳри Хоруғ, ВМКБ

         Бахши кишоварзӣ - Тиллоева Зулайхо, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон

         Бахши хизматрасонӣ ва ғизорасонӣ - Маҳмудова Раъно, шаҳри Исфара, вилояти Суғд

         Ҳунарҳои мардумӣ - Ашӯрматова Каромат, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд

         Бахши тиб ва омӯзиш - Гадойбоева Умеда, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд

         Барномаи аввалияи тиҷорат (Старт ап) - Ҷумъаева Мавҷуда, ноҳияи Шаҳритус, вилояти Хатлон

Зимнан, Зулайхо Тиллоева, сарвари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015” барандаи ҷоизаи асосӣ-гран-прии озмуни “Фараҳ-2018” дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ гардид.

Tcell ба ғолибони озмуни мазкур таҷҳизоти васлшавӣ ба интернет- модем бо бастаи ройгони интернети бемаҳдуд ҳадя кард, зеро дар замони муосир бе иртиботи боэътимод ба роҳ мондани тиҷорат ва амалӣ кардани барномаҳои вижа ғайриимкон аст. 

Мақсади асосии озмун- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба рушди тиҷорати бонувони соҳибкор ва мушкилоти занон, дарёфти бонувони кордону корофар, паҳн кардани таҷрибаи занони муваффақ дар кишвар мебошад. 

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол - ҷоизаи «Фараҳ-2018» аз ҷониби Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) бо дастгирии USAID, Ҳукумати кишвар ва ширкатҳои ватаниву созмонҳои байналмилалӣ доир мегардад. 

Шумо дар Хабари рӯз

Рӯзи 31-уми август аввалини гуруҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки имсол дар Каъба ин маросимро адо карданд, ба ватан бармегарданд.

ИА «АП» дар такя ба иттилои як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ хабар дод, ки то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки намояндагони ин кумита дар Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат ороста, меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро, ки мувофиқи он гуселу пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешавад, бори дигар шарҳ доданд.

Дар ин шарҳ гуфта шудааст, ки қонун ташкили маросимҳое чун «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ»-ро манъ мекунад. Тақсими оби зам-зам ва хурмои хушкшуда мумкин аст. Сокинон ҳоҷиро бо адои маросими ҳаҷ табрик карда метавонанд.

Имсол наздики 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳаҷ рафтанд. Арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил додааст.

Акс аз "АП"

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.