.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 20 Август 2018 - || ФАРАЖ
Душанбе, 20 Август 2018 11:25

НОМА БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Панч моҳ пеш табибони тоҷик муайян карданд, ки Ҳамза гирифтори маризии саратон аст. Ва барои табобати вай ҳар коре ки тавонистанд, анҷом доданд. Дар марҳалаи аввал маризии саратон табобат дорад. 

Чаро ту панҷ моҳ пеш барои набераат бонги изтироб набардоштӣ? Чаро ту маҳз баъди он ки дар Дортмунд бори дигар шарманда шудӣ, набераат ба ёдат омад? 

Магар ин, ончуноне ҳамкосаҳоят мегуянд, баҳонае барои «пиар» (таблиғ) буд?

Муҳиддин! 

Бе шаф-шаф аз шафтолуи гап сар мекунем. Аввал ин ки набераат Ҳамзаро Яздони пок шифои комил ва оҷил диҳаду умраш дарозу босаодат бошад. 

Ҳоло мехоҳам бо чанд суоле ба ту муроҷиат бинамоям. 

Суоли якум. Се сол қабл, аз рӯи гуфтаи ту, сохторҳои қудратии Тоҷикистон паспортхои келинҳои туро аз дасташон гирифта будаанд. Чаро ҳамон вакт шуру ғавго набардоштӣ, нагуфтӣ ки ин ҷавонзанҳо ҳеҷ гуноҳе надоранд, талаб накардӣ, ки онҳо бе мамониат тарки Тоҷикистон кунанд? 

Ту ку зиракона, аҳли оилаатро, хешу хешовандони хешонатро ҳануз шаш моҳ қабл аз кушиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 аз Тоҷикистон баровардиву барои онҳо дар Русия, Эрон, Туркия ва кишварҳои дигар барояшон зиндагии орому амн ташкил кардӣ, ширкату корхонаҳои тиҷоратӣ сохтӣ. Келинҳои ту чӣ гуноҳ доштанд, ки онҳоро дар Тоҷикистон мисли гаравгон гузоштиву рафтӣ? Оё ин ҷо ягон розе пинҳон аст?

Суоли дуюм. Панч моҳ пеш табибони тоҷик муайян карданд, ки Ҳамза гирифтори маризии саратон аст. Ва барои табобати вай ҳар коре ки тавонистанд, анҷом доданд. Дар марҳалаи аввал маризии саратон табобат дорад. Чаро ту панҷ моҳ пеш барои набераат бонги изтироб набардоштӣ? Чаро ту маҳз баъди он ки дар Дортмунд бори дигар шарманда шудӣ, набераат ба ёдат омад? Магар ин, ончуноне ҳамкосаҳоят мегуянд, баҳонае барои «пиар» ( таблиғ) буд?

Идеологҳои камсаводу ноуҳдабарои ту ин дафъа хуб кор карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ петитсия ташкил намуда, 140 000 имзо ҷамъ оварданд. Ман ҳам ба ин петитсия имзо гузоштам. Дар давоми ду рузи аввал гаштаву баргашта ба сафорати Тоҷикистон дар Остона занг мезадам, хоҳиш мекардам, ки мушкили Ҳамза ҳарчи зудтар ҳал шаваду вай бо модараш ба хориҷ сафар карда тавонад.

Дувоздаҳ рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ борони санги маломат ба сари Ҳукумат мерехт. Дувоздаҳ рӯз ҳама фаромӯш карданд, ки бобои Ҳамза дар асл кист? Ва шармандагӣ ва шикасти ту дар Дортмунд, тамоман аз ёди ҳама рафт. Зеро муҳим барои ҳама наҷоти Ҳамза буд. 

Ту дар он рузҳо изҳорот додӣ ки «мо қазияи Ҳамзаро сиёсӣ намекунем!». Дуруғ гуфтӣ! Барои ту Ҳамза сад дар сад қазияи сиёсӣ буд! Ту ва шариконат тавонистед, ки шармандагӣ ва русиёҳиятон як муддати кутоҳ фаромуш шавад. Ту аз сохторҳо барои кашолкориашон дар ҳалли мушкили Ҳамза бояд сипосгузор бошӣ. Аммо ту ва косалесони ту бонги пирузӣ мезаданд: 

"Fалаба муборак! Миёни режимро шикастем! Ҳукуматро дар тамоми дунё шармсор сохтем!"

Бубин, ҳамин ки мушкили Ҳамза ҳал шуд, сохторхои кудрати барои аксияи нав ба ту боз як маводи "пурарзиш" пешкаш карданд – ба модари Шабнам Худойдодова ва набераи даҳсолааш иҷозат надоданд ки Тоҷикистонро тарк намоянд. 

Ана Худо дод ба таблиғгарони ту! Зери шиори «Зинда бод Шабнам!» пиар-компанияи нав шуруъ шуд. Дар ҳоле ки ин зани зиндагиномааш ...пурмуаммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди Ҳукумат танҳо барои он чанд матлаби фачу лач пахш мекард, ки паноҳандагии сиёсиро дар Аврупо ба даст орад. Ва комёб ҳам шуд. Ту аз ман дида хубтар огоҳ ҳастӣ ки ҳамин паноҳандагии сиёсӣ барои баъзе ҳамватанони мо (ва ту истисно нестӣ) тиҷорат шудааст. Ин пиар-компания, ки ту сахт мехостӣ, давомдор шавад, аммо Ҳукумат ба модари Шабнам ва духтараш иҷозати берун шудан аз Тоҷикистонро доданд. 

Ман аз саргузашти Шабнам зиёд медонам, аммо намегуям. Танҳо шарм намедоред, ки ӯро ҳомии ҳуқуқи башар меномед? Ҳомии ҳуқуқи башар ин як унвони муқаддас аст. 

Шабнам бошад...биё, нагӯям)))

Магар ҳамин Шабнам духтарашро партофта ба Русия нарафта буд? Чаро 8 соли расо хомуш буд? Бале, шумо ин мазҳакаро ба роҳ андохтед, ки ба дӯстмарди нави Шабнам, ки дар як созмони бонуфуз кор мекунад, маъқул шавед! Шариъатро низ аз ёд бурдед! 

Чанд суоли дигар. Дар давоми 25 сол хоҷахои ту ба хулосае омаданд, ки танҳо тавассути ҷунбиши мазҳабӣ дар Тоҷикистон инқилоби навро роҳандозӣ кардан, имкон надорад. Аз ин рӯ, дар назди ту вазифа гузоштанд, ки эътилоф бояд аз ду қанот иборат бошад – ҳизби наҳзат ва зиёиёну нирӯҳои демократӣ. Ва агар ту ҳамин гуна эътилофи воқеӣ насозӣ, боварии хоҷаҳоятро аз даст медиҳӣ. Худат низ сахт мехохӣ, ки ҳамаи мухолифин дар зери дасти ту бошанд ва ту ягона лидери оппозитсия бошӣ. Гумон накун, ки касе макри туро дарк намекунад. 

Ончуноне, аз расонахо дарёфтем, Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон (роҳбараш Додоҷон Атовуллоев) "Гурӯҳи 24" ( рохбараш Сӯҳроби Зафар) туро бо эътилофат на танҳо напазируфтанд, балки эълон доштанд, ки ба киштии шикаставу сурохи ту нахоҳанд нишаст. 

Паст чаро шарикони тиҳимағзи ту, ки таассуб дар мағзи устухонашон ҷой гирифтааст, мунтазам нафрати беандозаи худро нисбати зиёиёну дигарандешон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд, онҳоро таҳқир мекунанд, дашном медиҳанд, кофир эълон менамоянд? Ана ба ин навиштаҳои як шарикат таваҷҷӯҳ кун: «Инҳоро хуб мешиносем. Ҳатто инҳоро худояшон Ленин мешинохт ва гуфта буд: «интеллигенция – это говно». Инҳо ҳамон зиёиёнанд. Яъне ҳамон чойхонаи Роҳат рафтан ва ҳамон шишаи хабисро (яъне шароб – С.М.) бо ду самбуса хӯрда, нишинанд. Тамом».

Чаро шарикони ту ба ҳар як матлаби танқидӣ танҳо бо таҳдид дашному ҳақорат ҷавоб мегардонанд? («Дар ҳалқат мезакам, забонгумкардаи кофир!»). Ин дашному таҳдид нисбати ман буд. 

Танҳо барои таҳқири Ҳафиз Бобоёров ҳамарӯза садҳо нафар тоҷики бомаърифат ба туву шариконат лаънат мехонанд. Ӯ ҳамчун олим ва таҳлилгари боистеъдод дар як матлаби кутоҳ мазмуни як рисоларо ҷой додааст ва назари шахсии худро нисбати ҷунбишу ҳаракатҳои мазҳабӣ изҳор кардааст. Ҳафиз ҳам аз Ҳукумат ва ҳам аз наҳзат интиқод кардааст. Лекин як фанатики ту дар ҳол ӯро «пири бехудоҳо» унвон карда, ба гарданаш тамғаи "агенти Саидмумин Ятимов" -ро зад. 

Пас чаро то рузи охирин ин «пири бехудоҳо»-ро нафарони ту боисрор даъват мекарданд, ки дар ҳамоиши мазҳакавии Дортмунд иштирок намояд ва ҳатто номи ӯро дар руйхати сухангуён ҷой доданд?

Боз як мисол аз эҷодиёти муридони муллои галстукдор - Қорани Кова: «Шиъа модари ғарат!! Кабирӣ аз ҳама зоту бунёди ту боимонтару боинсофтар аст. Кабирӣ оҳангар аст!!! Акнун исбот шуд ки Коваи тоҷикон, кӣ будааст. Зинда бод Коваи тоҷикӣ! Зинда бод Устод Кабирӣ!!!»

Даҳшат! Ҳамин Қорани Коваи фейкӣ ҳаммаслаки туст? Ту киҳоро дар гирдат ҷамъ овардаӣ? Ин маддоҳи ту чиро дар назар дорад? Куштори ваҳшиёнаи туристҳои хориҷиро дар Данғара? 

Ту шарму ҳаё дорӣ? Худатро воқеан Коваи тоҷикӣ мепиндорӣ? Хиҷолат намекашӣ?

Ба Худо, ки ҳамаи шумо аз Толибони Афғонистон заррае фарқ надоред! Солхои 1990 Толибон як муддат Мазори Шарифро зери тасарруфи худ дароварда, дар ин шаҳри қадимаи тоҷик разолату ваҳшонияти худро аз қабристон шуруъ карданд. Қабри арбобони давлатӣ, фарҳангӣ, қумандонҳои шаҳидро, ки аксаран тоҷикон буданд, тарконда хоки онҳоро ба дарёи Ому рехтанд. 

Метарсам, ки агар шумо ба сари қудрат биёед, ними Тоҷикистонро кофир эълон карда, сар мебурред. Баъд ба мурдаҳо дармеафтед. Аксари онҳое ки дар қабристони Лучоб хобанд, узви ҳизби коммунист буданд. Аз ҷумла, роҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ. Шумо гӯри ҳамаи онҳоро тарконида, хокашонро ба дарёи Варзоб мерезед. 

Ту «Ҳукумати худкома» мегуиву худат худкомаву худпарасте беш нестӣ. Шариконат аз ту бут месозанд, пешво месозанд, ту қабат- қабат гӯшт мегирӣ. 

Яке аз дӯстонам гуфта буд: "Вақте ки Муҳиддин Кабириро гӯш мекунӣ, хоби одам мегирад ва ягон ҳарфи наве дар хотири бинанда ва шунаванда намемонад. Хуб нест, ки беҳтараш хомӯш бошад?" 

Воқеан чанд рӯзи охир ту бесаводии худатро дар ФБ ду маротиба ба намоиш гузоштӣ. Аввал бо муроҷиати аблаҳонаат ба чанд давлати Аврупо, баъд бо мизи мудавварат. 

Ту худат ҳамон мизи мудавваратро тамошо кун. Ту мегуӣ, ки ҳизби наҳзат 40 000 аъзо дорад. Дар ҳамон видео ду нафар дар паҳлуи ту нишаста буданд ва кроссовкаҳои нави худро намоиш медоданд – якеи онҳо аз ҳизби сотсиал-демократи Раҳматулло Зоиров ва дигаре аз "Гуруҳи 24". 

Ин ҳамсуҳбатҳои ту на забони сиёсат, на забони одамият ва на забони модарии худро намедонанд. Яке аз онҳо мегуфт: «Дар паспорти Фотима (духтари Шабнам – С.М.) навиштаанд «аннулировать». Русии ман каме суст шудааст. Ҳамин аннулировать бо "а" навишта мешавад ё бо "о"?». Маълум ки ин «сиёсатмадори маъруф», «фарзанди фарзонаи миллат», «муборизи роҳи озодӣ», «шери нар» мехост дар ҳамин калима камбудие ёбад, лекин худро фош кард. «Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад!». Хандаовар ин буд, ки барандаи мизи мудаввари ту, ки боз мисли чорабиниҳои пешинаат ба мазҳака табдил ёфт, на русиро медонист, на тоҷикиро. Лекин кибрашро ҳатто уштури бобояш намебардошт.

Номҳои ин "устодони суханро" боз як бор наворро тамошо кардаму ёфтам. Он яке - Олим Шерзамонов буд, ва он дигаре Вайсуддин Кимчиев. Яке - дабири кулли "озодандешон" дигаре сухангуи кадом ситоде. Маълум, ки аз эҳтиёҷ ва нодошти онҳо ҳизб ва гуруҳи худро тарк кардаанд ё дар ду майдон "футболбозӣ" мекунанд. Ин муҳим нест. Муҳим он буд, ки онхо бозёфтҳои беназири туянд. 

Наход як ҳизбе, ки 40 сол дораду 40 ҳазор аъзо рӯзаш ба ҳамин тутилаҳои оҷиз аз гуфтор, монда бошад? 

Ту ҳадди ақал Равшани Темуриён, «рӯзноманигори нестдарҷаҳон»-ро аз Канада даъват карда, баранда мемондӣ, ин қадар шарманда намешудӣ. Боз ҳамон мумсикиат бар зарари худат шуд. Як билети ҳавопаймо харидан мушкил дошт? Меомаду каме дами беғам мезад. Ва моро ҳам механдонид бо афсонаҳои "нестандарҷаҳонаш".

Муҳиддин!

 Ту ҳамон се - чор нафари шармандаву русиёҳе, ки номхояшонро намехоҳам ба забон бигирам, ба ҳайси нухбагонат ба хоҷаҳоят муаррифӣ кардаӣ. Ба номи онҳо иттиҳодияҳои фейкӣ ҳам сохтаӣ. То ба кай ба чашми хоҷаҳоят хок мепошӣ? Наметарсӣ, ки як руз сирру асрорат фош мешаваду туро ҳамчун қаллоби сиёсӣ аз майдони сиёсат барканор мекунанд? Ба ҳуш биё! Ба хоҷаҳоят росташро гӯй! Иқрор шав, ки ту ҳеҷ вақт эътилофе, ки онҳо мехоҳанд, сохта наметавонӣ! Тоҷики баномус, рӯшанфикр, тоҷике, ки ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф нест, ҳеҷ вақт ба ту намепайвандад. Вассалом! 

 

Саломиддин Мирзораҳматов

 

P. S. Медонам, ки ту пустғафсӣ, мисли фил ё каркадан. Тавони ба суолҳо ҷавоб гуфтан ҳам надорӣ. Боз медонам, ки шайкаи ту ба таҳқир ва тавҳин мепардозад. Барои ҳамин, пешопеш тамоми дашному ҳақораташонро ба унвони худат ва худашон мефиристам. Ҳар чӣ гӯед, ман ҳам ҳамту!!!

 

Шумо дар Слайд

Ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзода,

Ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники милитсия, мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Як қабил одамоне, ки маконеро обод кардан намехоҳанд, ҳамеша ба порчаи замини нафари дигар чашм ало карда, мехоҳанд онро соҳиб шаванд. Дар роҳи расидан ба мақсади худ, яъне барои соҳиб шудан ба порчаи замини як меҳнатдӯсти дигар, аз ягон амал рӯй намегардонанд. Он чи ки дар зер зикр мегардад, бозгӯи ин гуфтаҳост. 

Ба самъи Шумо мерасонем, ки зиёда аз ду сол инҷониб, масъулини прокуратура ва  муфаттиши ШВКД-и ноҳияи Зафаробод ду ҳалномаи қувваи қонунӣ пайдо кардаи Суди иқтисодии вилояти Суғд ва қарорҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намекунанд.

Бояд гуфт, ки ман, Даминов Мамадкарим солҳои тӯлонӣ бо меҳнати ҳалол  замини бекорхобидаро ҳамроҳ бо аъзоёни бригадаам обод карда, ҳосили хуб мерӯёнидем. Вале ин пешравии мо ба гурӯҳе, аз ҷумла ҳамсояамон, аъзоёни оилаи Муродовҳо  писанд наомад. Номбурдаҳо, гӯё оромии моро нахоста бошанд, ки моро ба гирдоби тӯҳмат гӯтавар гардониданд. Муродов Ғулом бо се нафар пайвандонаш, ки бо хоҳиши худ соли 2008 аз ҷониби хоҳарони дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шавҳар баромадааш, ки ҳамчунин шаҳрвандии Ӯзбекистонро низ доранд, ва Муродов Алишер, раиси собиқи хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо», ки соли 2006 вафот кардааст, қарори ғайриқонунӣ ва қалбакӣ омода намуда, имзои онҳоро гирифта, бо замимаи сертификати аслӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба Кумитаи замини ноҳияи Зафаробод пешниҳод кардааст.

Онҳо иддао аз он кардаанд, ки  гӯё Даминовҳо заминҳои худро ба иҷора додаанд. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2009 бо Қарори Раиси ноҳия ин замин аз фонди махсуси МИҲД-и ноҳия  ба истифодаи мо дода шудааст.

Бояд гуфт, ки аъзоёни собиқи хоҷагии деҳқонии «Орзу-2, 4, 5, 6, 7» соли 2008 бо сабаби истифода карда натавонистани заминашон, аз истифодаи он ихтиёран даст кашида буданд.  Баъди 9 соли истифода бурдани замин ва ободу ҳосилхез гардонидани он, нафароне пайдо шуданд, ки ба ҳар роҳу восита ин заминҳоро ба даст овардан мехостанд. Номбурдаҳо мехоҳанд қарорҳои раиси собиқи ноҳияи Зафарободро аз солҳои 2008 ва 2009 бекор карда, заминеро, ки аз истифодаи он даст кашида буданд, соҳиб шаванд.

17 марти соли 2018 муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Зафаробод  Ф. Қурбонов ғайриқонунӣ маро ба шӯъба бурда, нисбатам  тибқи моддаи 340 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва баъдан бо сабаби гузаштани мӯҳлаташ онро қатъ кард. Аз амали муфаттиш ба Прокуратураи вилоятӣ муроҷиат намудам. Қарори мазкур дар асоси шикояти ман, санаи 11 июни соли 2018 аз ҷониби масъулини прокуратураи вилояти Суғд бекор карда шуда, ба тафтиши иловагӣ ирсол гашт.

7 июли соли 2018 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Зафаробод И.Усмонзода қарори аз  прокуратураи вилоят ирсол шударо дуруст баррасӣ накард. Заминхоҳон бо ҳамаи ин қаноат накарда, тӯҳмати нав фикр карда бароварданд. Аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо» бардуруғ иброз намуданд, ки гӯё аз соли 2008 то соли 2016 замини мазкур дар истифодаи онҳо қарор дошта буд. Нисбати мо арзу шикояти беасос намуданд. Муфаттишони милитсия ва прокуратураи маҳал, дар асоси шикоятҳои бофтаю сохтаи онҳо нисбати оилаҳоямон тибқи моддаҳои 334 қисми 2 ва 247 қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Зиёда аз 2 сол аст, ки баҳс оиди қарорҳои маҷлиси умумии собиқ хоҷагии деҳқонии «Орзу» дар судҳои иқтисодӣ мавриди қарор дорад. Маълум гашт, ки бо хоҳиши шахсии аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо», Муродов Ғулом ҳамаи ҳуҷҷатҳоро «Дар бораи қатъи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ» тартиб дода, ба Кумитаи идораи замин пешниҳод кардааст. Дар ин бора ду ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда бошад ҳам, оташи дили аризадиҳанда Муродов Ғулом таскин наёфт Вай ду маротиба дар мурофиаи Суди иқтисодии вилояти Суғд иброз намуд, ки имзоҳои дар қарор бударо худаш гузоштааст. Вай дар суд, назди адвокаташ ба гуноҳаш иқрор шуд, вале чанде пас боз ба дурӯғгӯиву бӯҳтоннавозӣ машғул шуда, дигаронро ба иштибоҳ гирифтор намуд.

Дар ин муддат вай бо моддаи 244 (дуздӣ) КҶ ҶТ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд, вале чор сол пас дар асоси қонуни авф озод шуда бошад ҳам, рафтору кирдораш дигар нашуд. 

Дар як пурсуҷӯ, худи ӯ иқрор шуд, ки «бо қарори маҷлис имзоро ман гузоштам» ва ҷои дигар гуфта буд, ки Даминов Акмал ҳуҷҷатҳоро оварду вай имзо гузошт. Соли 2017 бошад, ба ҷойи ман додарам, Даминов Зафарро гунаҳкор хонд ва соли 2018, дар пурсуҷӯи сеюм, Даминов Мамадкаримро дар ин кор айбдор хонд. Ин  нишондоди вайро муфаттишон ба инобат нагирифта, ман, Мамадкарим ва Зафарро ғайриқонунӣ тибқи моддаи 340 КҶ ҶТ айбдор хонданд. Дар асл мо, Даминовҳо ягон гуноҳ надорем. Бояд таъқид кард, ки оилаи Муродовҳо соли 2008 аз ташкилотҳои қарздиҳанда маблағҳои ҳангуфтро гирифта, барои ба амал овардани манфиатҳои худ истифода карданд. Баъди тамом шудани маблағи мазкур ба замин «часпиданд».

Моҳи марти  соли 2018 тибқи қарори суди иқтисодӣ истифодаи қитъаи замини мазкур ба зиммаи мо гузашт ва нисбати раиси ноҳияи Зафаробод, барои роҳ додан ба хатогиҳои ҷиддӣ, суд таъиноти хусусӣ баровард. 17 марти соли 2018 ман, Даминов Мамадкарим дар ҳолате, ки гирифтори бемории фишорбаландӣ будам, нозири минтақа бо супориши муфаттиш Қурбонов наздам омад ва бо таҳдид гуфт: «шуморо сардор даъват мекунад, сабабашро намедонам» ва бо вуҷуди бемор буданам, маро  ба шӯъба бурд.

Нозири минтақа аризаи худиқрории пешакӣ тартиб додаашро наздам гузошта, талаб кард, ки имзо гузорам. Мехостанд, кореро, ки асло накардаам ба душ гирам. Нисбати ман парванда оғоз намуда, баъдан бо сабаби гузаштани мӯҳлаташ онро қатъ карданд. Аммо масъулини прокуратураи ноҳияи Зафаробод қонуншикании муфаттишро ба назар нагирифтанд. Муфаттиш ба ҳуҷҷатҳои нозироти андоз ҳам баҳои ҳуқуқӣ надод. Вай ба инобат нагирифт, ки Муродовҳо шартномаи ба иҷора додани заминро надоранд ва гуфтаҳои онҳо бофтаю сохта мебошанд. Ин дар ҳолест, ки 8 сол инҷониб хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо» дар нозироти андози ноҳия қайд нашудааст. Наход инро касе дарк накарда бошад. 

Куҷост мантиқ ва тарозуи адолат? 

Бо қарори раиси ноҳияи Зафаробод аз 13 июли соли 2009 дар асоси моддаҳои 7, 12 ва 66-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо пешниҳоди кумитаи заминсозии ноҳия, таҳти рақами 235 аз 3 апрели соли 2009 ба хоҷагии амалкунандаи «Меҳнат», ки вазифаи раисашро Даминов Мамадкарим ба ӯҳда дорад, барои кишоварзӣ 7 гектар ( замини х/д «Орзу» дасткашида)-ро ба истифодаи якумраи хоҷагии деҳқонии »Меҳнат» гузаронд.

Соли 2014 хоҷагии деҳқонии «Меҳнат» дар баробари ду хоҷагии деҳқонии «Даминбобо» ва «Даминбобо-1» таъсис дода шуд.

Муфаттишони ШВКД ва прокуратураи ноҳияи Зафаробод намедонем бо кадом сабаб, саҳми  саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Орзуҳо», ки аз соли 2008 заминашонро ба мақомоти иҷроия супоридаанд ва аз дигар ҷой бо замин таъмин гаштаанд, ба инобат намегиранд. Охир, қариб ҳамаи онҳо ду саҳмӣ замин доранд, ҳатто хоҳароне, ки шаҳрвандии Ӯзбекистонро доранд ва бародари вафоткардаашон низ соҳиби заминанд. 

Мувофиқи маълумотномаҳои ҷамоати деҳот ва кумитаи маҳалла муайян гардид, ки соли 2008 аъзои оилаи Муродовҳо қитъаи заминро самаранок истифода набурда, онро ба алафзор мубаддал гардониданд. Тафтиши муфаттишон гувоҳӣ аз он аст, ки онҳо ба ин ҷиҳати масъала баҳои ҳуқуқӣ надоданд, баракс, собиқ аъзои х\д «Орзу» Муродов Ғуломро дастгирӣ мекунанд. Аҷаб ба назар мерасад: Муфаттишон нишондоди Муродовҳоро бо ҳарфҳои «заррин» менависанд, вале гуфтаҳои мо, андешаҳои мо барои онҳо заррае аҳамият надорад. Чанд нафари дигареро, ки Муродов назди муфаттишон овардааст, аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Барои мисол,  Акмал Ҳоҷимуродов -корманди бонк, Раҳматбой  Гадоев - мутахассиси идораи замин, Худойдод Абдуназаров - мутахассиси заминсозии ҷамоати Х. Алиев. Номбурдаҳо баёноти қаблан дар суд додаи худро иваз намуда, нишондоди бардурӯғ доданд.

Аз ин дарҳамбарҳамии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мо, аллакай дилгир шудаем. 

Ба поси арзишҳои демократӣ, ба поси адлу инсоф, хоҳишмандем, ки

маводро барои идомаи баҳс ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол намоед ва аз прокуратураи ноҳияи Зафаробод парвандаи ҷиноятии № 24315-ро гирифта, ба истеҳсолоти Прокуратураи  вилояти Суғд диҳед. 

 

Зафар Даминов -раиси хоҷагӣ,

Мамадкарим Даминов - аъзои хоҷагӣ ноҳияи Зафаробод

Душанбе, 20 Август 2018 11:14

ХОСта

Ба дилхоҳ савол ҷавоб додан мумкин аст, агар дуруст саволгузорӣ шуда бошад.

(Платон)

Гоҳо шабу рӯзро ба як савол паси сар кардан мумкин аст. Бисёр вақт ҷавоби ин саволро ба қавле “чала-пала” меёбем, аммо на ҳамеша аз ин посух қаноатманд ҳастем. 

Сухан аз он саволҳое меравад, ки барои посух ёфтан шахс ба худ меояд, ба қавле такон мехӯрад ва иҷборан худро ба кашидани нақшае, иҷрои коре водор месозад. 

Рафту имрӯз охирин рӯзи ҳаёти ман бошад?

Шумо дар Нигоҳи хос
Душанбе, 20 Август 2018 11:09

МУШКИЛИ ВОРУХ

Дар бораи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара - яке аз бузургтарин деҳаҳои кишварамон борҳо шунида будаму хушбахтона бо баҳонаи тӯйи хонадоршавии фарзанди ҳамкурсам, ду шабонарӯз меҳмонашон будем. 

Вазъи ин деҳа хеле нигаронам кард, махсусан муносибати онҳо бо қирғизон, ки садсолаҳо ҳамсоягии ҳасана доштанд, хеле бад аст. Ду соли охир рӯзе нест муноқишае сурат нагирад ё молу чорвои ворухиён ба яғмо наравад ё порчаи замини кишту чарогоҳашон ғасб нагардад. 

Дуруст аст, ки комиссиюни давлатӣ барои рафъи муноқишаҳо ва муайян кардани марз фаъолият дорад, вале аҳолӣ зимни суҳбат бо мо аз кори ин комиссия изҳори ноқаноатмандӣ карданд. Аксари аҳолии Ворух бар он назаранд, ки аз вазъи воқеӣ Президенти кишварро огоҳ накардаанд ва хоҳони дахолати бевоситаи Сарвари давлат - Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 

Ба қавли эшон минтақае, ки ҳоло қирғизон даъвои аз худ кардани онро доранд ва хеле қитъаҳояшро ишғол ҳам кардаанд, садсолаҳост замини ворухиён буду ҳаст. 

Сараввал, – мегӯянд пирони деҳа,- теъдоди қирғизон хеле кам буданду асосан ба нигоҳубини чорвои хурду калони ворухиён машғул буданд. Ҳоло ки шумораашон ба 2 ҳазор расидааст мехоҳанд ин мавзеъро пурра аз дасти тоҷикон бигиранд ва дар ин кор ҳукумати маҳаллашон ба онҳо кӯмак карда истодаанд. Дар ҳоле, ки аҳолии деҳаи Ворух аз марзи 40 000 гузаштааст. Қирғизон аз мавқеи хуби ҷуғрофияшон истифода бурда, ягона роҳи мошингардро, ки аз деҳаи қирғизнишин мегузарад, рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо банд намуда ба ворухиён хисороти модию маънавию равонӣ мерасонанд.

 Ба қавли мардуми деҳа сангборон намудани нақлиёти ворухиён рабудани чорво, ишғоли чарогоҳҳо, гаравгонгирӣ ва дигар амалҳои номатлуб то ҳол аз ҷониби ҳамсояҳо идома дорад.

 Сӯхторро то аланга гирифтани оташ бояд хомӯш намуд! Ҳар чи зудтар бояд мушкилоти ворухиён бояд ҳалли худро ёбад, зеро вазъ воқеан мутташаниҷ аст.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

Шумо дар Минтақа
саҳ 3 аз 4

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.