.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 18 Август 2018 - || ФАРАЖ

Ашъори шӯрангезу ҳикматомези шоирон Бозор Собир, Гулрухсор, Лоиқ Шералӣ мо ҷавонони солҳои 60-80-уми асри гузаштаро дар руҳи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуда, пас аз мутолиаву аз бар кардани мисраъҳои ба қалбу дил фараҳоваранда сарҳои худро боло бардошта, аз тоҷик будану дар Ватани азизамон - Тоҷикистони офтобрӯя зиндагӣ ва кору эҷод кардан ифтихор доштем.

 

Махсусан, каломи заминӣ ва пандомӯзи шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ моро даъват мекард, ки ба зиндагии нобасомон ва ба ҳаёти пур аз печутоби дурӯғину таҳқировар бо чашми дигар нигарем. Ва табиист ҳар яки мо дар дил орзу мепарварид, ки боре бо шоири маҳбуб ва писандида рӯ ба рӯ, паҳлӯ ба паҳлӯ нишаста, аз суҳбату гуфтораш баҳра бардорем.

Чунин орзуро ман низ дар қалби худ мепарваридам ва он тасодуфан тавассути як марди накӯкор ҷомаи амал пӯшид. Моҳи августи соли 1980 пас аз хатми факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) маро ҳамчун судя - коромӯз ба суди ноҳияи Фрунзе (айни ҳол Сино), ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ҷойгир буд, барои таҷрибаомӯзӣ фиристоданд.

Бо иҷрочии суд Муҳаммадбашир Назиров муносибати дӯстона барқарор кардам, ки ӯ рӯзе марди қоматбаланди нурониеро ба ман муаррифӣ намуд.

- Зарифҷон, шинос шавед, Раҳим - ака Бобоев. Ӯ ронандаи такси мебошад. Марди саховатпеша ва хушмуомила буда, гоҳ - гоҳе ба назди ман барои суҳбат меояд. Баъд ба ман рӯй оварда илова кард:

- Дӯсти ман, Зарифҷон Ғуломов. Айни ҳол судя - коромӯз аст. Табъи нависандагӣ дорад. Баъзан - баъзан навиштаҳояш дар матбуот чоп мешавад.

- Агар шеър нависад, - Раҳим - ака Бобоев бо эҳтиром дастамро фишурд, - Ман ӯро бо шоир Лоиқ Шералӣ мешиносонам.

- Не, ман ба шеърнависӣ рағбат надорам, - аз шунидани номи шоири маҳбуби хушҳол гардида, зуд хоҳиши диламро баён кардам, - аммо кайҳо орзу дорам, ки бо адиби дӯстдоштаам ҳамсуҳбат шавам.   

- Рафтем! - Раҳим - ака аз дастам гирифт. - Лоиқ Шералӣ солҳои зиёдест, ки ҳамсояи ман аст. Ҳоло ӯ дар хона мебошад ва ман шуморо ба он кас шинос менамоям.

Дарро ба рӯямон худи устод бо чеҳраи кушод ва лаби пурханда боз намуда, дарҳол ба шикоят гузашт.

- А - а, Раҳимҷон! Хуш омадӣ! Чанд рӯз боз бедарак будӣ? Агар имрӯз ҳам пайдо намешудӣ, худам ба суроғат мерафтам. Ин ҷавон кист?

- Охири моҳ серкорам, -  худро сафед кард Раҳим - ака. - Нақшаро бояд иҷро кунам. Ҳозиракак маблағро супоридаму ба назди шумо шитофтам, - баъд ба тарафи ман рӯй гардонда, суханашро давом дод. - Ин ҷавон судя - коромӯзи суди худамон. Ному насабаш Зарифҷон Ғуломов. Ба маълумоти шумо расонам, ки ӯ низ қиссаву ҳикояҳо менавиштааст.

- Баъзеашонро хондам, -  мизбон меҳрубонона дасти маро фишурд ва барои ба хона даромадан ба тарафи худ кашид. - Дароед! Нури дида тоҷи сар!

Мо гирди хонтахта нишастем. Муносибати меҳрубонона ва оддию хоксоронаи устод мисли ҷоруб ҳаяҷони дили маро рӯфта партофт. Гӯё мо кайҳо бо ҳам шинос будем, ки шоир ба насиҳату маслиҳат гузашт.

- Дар адабиёти мо адибони моҷаронавис ангуштшуморанд, - пиёлаи чойро аз дастам гирифта, шоир зуд ба сари мақсад омад. - Дар бораи ҷинояту ҷинояткорӣ як ҳикояи Фазлиддин Муҳаммадиев ҳасту як қисса аз Абдумалик Баҳорӣ. Михаил Левин асарҳояшро ба забони русӣ менависад. Аз ин хотир, дӯстам, аз маводи судӣ фаровон истифода бурда, як қисса навишта то охири сол ба маҷаллаи «Садои Шарқ меоред.

- Кӯшиш мекунам, - зуд ваъда додам.

- Адиби писандидаат кист? - Лоиқ Шералӣ ба рӯям синчакорона нигарист.

- Лев Шейнин, - посух додам. - Асари «Қайдҳои муфаттиш» китоби дӯсдоштаам ба шумор меравад.

- Ин асарро ман ҳам хондаам, - устод аз ҷой хеста ба хонаи дигар гузашт ва дақиқае пас китоби Л.Р.Шейнин дар даст баргашта, онро ба ман дароз кард. - Басо ҷолиб менависад.           

- Бештари ҳикояю қиссаҳои муаллиф ба ҳодисаҳои солҳои 20-ум дахл дорад, ки он солҳо ҷинояткорӣ дар Русия ҳамчун касб шакл гирифта буд, - дар худ ҷуръат пайдо карда, андешаамро иброз намудам. - Дар мо одатан ҷиноят хислати иҷтимоӣ - оилавӣ гирифтааст.

- Ба ҳар ҳол, - бо табассум фикри маро тасдиқ намуд сардабири маҷалла. - Ба ҳар ҳол ҷӯянда ёбанда аст. Фаромӯш накунед. То охири сол ман интизори қиссаи шумоям.

Бо аломати ризо сар ҷунбонидам ва азбаски истироҳати нисфирӯзӣ ба итмом мерасид узр пурсида аз ҷой хестам. Соҳиби хона маро то дари баромад гусел карда, бори дигар таъкид намуд, ки то охири сол ҳатман қиссаро пешкаш намоям.

Муҳлати таҷрибаомӯзӣ ба охир расида, маро барои кор ба Раёсати мақомоти судии Вазорати адлия даъват намуданд. Ба кор ғутида надонистам, ки аз байн аллакай панҷ сол гузаштааст. Як бегоҳӣ аз корхона баромада, дар истгоҳи боғи марказӣ мунтазири троллейбуси 1 меистодам. Таксие бо шаст омада дар наздам истод ва аз он бо лаби пурханда Раҳим - ака баромада, бо дасташ ишора кард.

- Шинед!

- Сафар ба хайр? - гӯё ман ронанда бошаму Раҳим - ака мусофир бошад  нимҳазлу нимҷиддӣ савол додам.

- Ба назди устод Лоиқ Шералӣ меравем, - бо тааҷҷуб сӯям нигарист ронанда. - Чӣ, дигар бо устод вохӯрдан намехоҳед?

Ман сабаби иҷро накардани ваъдаамро ҳадалимкон баҳона пеш овардаму аз Раҳим - ака хоҳиш намудам, ки таксиро нигоҳ дорад.

- Ҳеҷ гап не, - маро таскин бахшид Раҳим - ака. - Устод шахси бадкина нестанд.

Мошин босуръат ҷониби Қарияи Боло роҳ пеш гирифт. Ба маҳаллаи 91 - ум расидан баробар ронанда таксиро ба ҷониби хонаҳои ҳукуматӣ гардонд.

- Магар роҳро фаромӯш кардед? - ҳайрон савол додам. - О, устод дар маҳаллаи 82 - юм зиндагӣ мекунад - ку.

- Набиев ба шоир Лоиқ Шералӣ барои саҳмаш дар адабиёт бе навбат аз бинои ҳукуматӣ як хонаи панҷҳуҷрадор тақдим намуд, - бо мамнуният посух гардонд Раҳим - ака ва мошинро дар қафои бино нигоҳ дошт.

Дар саҳни ҳавлӣ кати калони чӯбине гузошта буданд, ки болои он устод ба болишт такя карда, машғули мутолиа буданд. Маро дидан замон қомат бардошта, бо чеҳраи шукуфон истиқбол гирифтанд.

- Ҳа, ҷавони ваъдахилоф, - даст барои вохӯрӣ дароз кард шоир. - Хайр, қисса тайёр нашуда бошад, пас чаро аз мулоқот мегурезед?

Гунаҳкорона серкориамро баҳона кардам ва узр пурсидам.

- Қабул, - бо аломати ризомандӣ устод даст болои китфам гузошт.

Гӯё куҳи азимеро аз шонаҳоям бардошта бошанд, ки худро дарҳол сабук ҳис кардам.

- Гузаред, аз боло гузаред, - устод бо дасташ тарафи кат ишора карда, пасон ба Раҳим - ака муроҷиат карданд. - Аз ҳамон доруят як бутал барор, то ки суҳбатамон ширин шавад.

То нисфи шаб суҳбату базми тараб давом кард. Шоири ширинкалом гоҳ шеър қироат мекарданду гоҳ аскияю латифаҳои намакин қисса мекарданд. Ва дар байни ин ҳама хушгуфториҳо мавриди кулай маро огоҳ мекарданд, ки аз навиштани асарҳои моҷароӣ даст накашам.

Аслан ин хотиротро кайҳо омода намуда будам. Вале аз чопаш бо кадом сабабе худдорӣ менамудам. Ба наздикӣ нашрияи «Самак» ба дастам афтид. Дар он мусоҳибаи хабарнигор Шервони Умриддин бо ҳамсари Шоири халқӣ Зебунисо Қутбиддинова чоп шуда буд. Мавсуф Раҳим - акаро яке аз дӯстони беҳтарини шоир номбар карда буд. Зуд маводро ба даст гирифта, боз як бори дигар аз назар гузаронида, бо баъзе таҳрир ба чоп омода кардам. Зеро ки маҳз тавассути Раҳим - ака, ин марди шарифу накӯкор ба фарзанди фарзонаи миллат - шоири ҳақгӯю тавоно Лоиқ Шералӣ ду маротиба вохӯрда будам.                  

Дар фарҷом қайд карданиям, ки васияти устодро хеле дер бошад ҳам ба иҷро расонидам. Маҷаллаи «Садои Шарқ» пас аз соли 2004 чанд ҳикояю қиссаҳои моҷароиямро пешкаши хонандагони гиромӣ гардонд.

Аз даргузашти шоири дӯстдошта ҳаждаҳ сол гузашта бошад ҳам бо туфайли ин ду вохӯрӣ, ки барои ман муқаддасу хотирмон мебошад, Лоиқ Шералӣ бароям доимо зинда ва ҳидоятгари мувафаққиятҳои адабиам мебошад.

- Руҳат шод ва хонаи охиратат ҳамеша пурнур бод, устоди гиромиқадр! 

 

Зариф ҒУЛОМ, адиб 

Шумо дар Ҷомеъа
  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 2 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.