.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 17 Август 2018 - || ФАРАЖ

Бозорҳои вилояти Хатлон дар арафаи Иди Қурбон нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ ва меваҷотро боло бурдаанд, ки ин амал сокинони минтақаро нигарон кардааст.

Фарорасии Иди Қурбон агар аз як сӯ боиси шодмонии сокинони Хатлонзамин шуда бошад, болоравии нархи наво дар бозору фурӯшгоҳҳо онҳоро озурда кардааст. Дар ин ид низ афзоиши нархи маводи ғизоӣ, нӯшобаҳо, сабзавот ва шириниҳо ба мушоҳида мерасад. Алишер, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд, соҳибкорон аз фарорасии ид истифода карда, нархи наворо боло мекунанд. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯз нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои шаҳри Бохтар гарон шудааст. Як дона харбуза аз 30 то 50 сомонӣ, тарбуз аз 25 то 40 сомонӣ, шафтолу аз 10 то 15 сомонӣ, ангур аз 4 то 8 сомонӣ боло рафта, арзиши помидор, бодиринг ва ҳатто шириниҳо низ гарон шудааст.

Нархи баланди бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳоло нигарониҳои аксар аз сокинони маҳаллиро ба бор овардааст. “Агар қабл аз Иди Курбон як кило гӯшт 35-36 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он 38-40 сомонӣ фурӯхта мешавад”, - мегӯяд Ашӯр Қурбонов як сокини Бохтар. Ӯ гуфт, баъзе соҳибкорон медонанд, ки сокинон маҷбуранд, дар ид харид кунанд, ба таври сунъӣ нархро баланд мебардоранд. Гулнора Исмоилова, сокини шаҳри Бохтарро гаронии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозор нороҳат карда, зеро бо фарорасии Иди Қурбон тавони хонаводаи ӯ барои хариди маводи ниёзи аввалия маҳдуд шудааст. Ӯ мегӯяд: “Агар дар тамоми дунё нархи бозор ба хотири Иди Қурбон арзон шавад, дар мо, баракс, гарон мешавад. Фурӯшандаҳои бозор ҳар хел баҳона мекунанд, ки бор аз Америка ё аз Хитой, гарон омадаааст. Мехоҳем арзонӣ шавад, фурӯшандаҳо ҳам савоби мардумро гиранд, ба одамон ҳам ин қадар зулм нашавад. Президенти мамлакатамон, кормандони ҳукумат, домуллоҳо ҳар рӯз дар телевизион  гап мезананд, ки бозор арзонӣ шавад, халқ азоб накашад, вале инҳо баракс нархро баланд мебардоранд”. 

Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки бо фаро расидани ҳар иду ҷашн соҳибкорон бо беқарорӣ интизори баланд бардоштани нарху наво мешаванд. Тоҷирону фурӯшандаҳои бозор мегӯянд, ки имкони амалии кам кардани нархро надоранд. Соҳибкорон дар шарҳи ин ҳол мегӯянд, гаронии сӯзишворӣ ва қиммати роҳкиро, ҳамчунин афзоиши хароҷоти парваришу истеҳсоли маводи ғизоӣ сабаби афзоиши нархи наво дар бозор шудааст. Тоҷири дигари бозори Бохтар, ки нахост номаш зикр шавад, иқрор шуд, ки гуруҳе аз соҳибкорон ба хотири ба даст овардани даромади бештар дар Иди Қурбон, ки одатан бозори маводи озуқа ҷӯш мезанад, қиммати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Ба иддаои ӯ, азбаски маъмулан маводи фурӯшии бозор моли дасту дуюму сеюм аст, назорат кардан, ё ба таври иҷборӣ поин бурдани қиммати он имконнопазир аст. 

- Ин нархҳоро мо аз пеши худ баланд накардаем. Аз боло ба чӣ қиммате ба мо борро меоранд, ҳамин қадар мефурӯшем. Агар маҳсулот, ки сифати хуб дошта бошад, қимматаш ҳам боло меравад. Албатта, фарорасии Иди Қурбон ҳам сабаби болоравии нархҳо аст, чунки бозор гарм мешавад, соҳибкорон аз ин истифода мекунанд, - афзуд соҳибкор.

Сокини дигари ноҳияи Кӯшониён Муҳаммад Алиев чунин мегуяд: “Дар аксар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон ва ҳатто давлати Русия ва дигар давлатҳое, ки ғайримусалмонист, дар Иди Қурбон нархи ҳама намуди хӯроквориро ба хотири оне, ки мусулмонон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, арзон мекунанд, вале дар бозорҳои мо ба ҷойи поён бурдани нархи маҳсулоти ниёзи марудм, баракс, аз тарафи баъзе соҳибкорон боло бардошта мешавад. Худи ман дар Русия борҳо шоҳиди он шудам, ки дар Иди Рамазон ва Қурбон дар фурӯшгоҳҳо нархҳо 15 -20 дарсад арзон карда мешаванд”.

Ба ин суол мо ба масъулони бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар муроҷат кардем, ки “Оё аз ҷониби шумо назорат аз болои нархи наво ҳаст, ё ин ки аз тарифи масъулини бозор ягон мағозаи хӯрокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон барои харидорон кушода шудааст?”. Масъулони ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди бозори “Фаровон” гуфтанд, ки ҳамарӯза назоратро аз болои соҳибкорон пурзӯр намуда, намегузоранд, ки нархҳоро дар арафаи ин ид худсарона баланд бардоранд.

Аз нигоҳи дини ислом, ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд дар рӯзгор ва хонадони ӯ мегардад. Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро ба бародарони муъмин арзонӣ фармоянд, бар ивази он сазовори аҷри азим аз ҷониби Худованд хоҳанд шуд. Маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир, устувории имон ва эътиқоди ӯ ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад. Аммо мутаассифона, ин дар бозору фурӯшгоҳҳои мо баракс аст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Слайд

Дар вилояти Суғд овозаҳое паҳн шудааст, ки собиқ раиси суди ноҳияи Айнӣ Икром Ҷумъазода баъд аз боздошт шуданаш ба ҳолати беҳушӣ афтодааст ва бино ба баъзе аз овозаҳои дигар ба ҳалокат расидааст.

АИ “Суғднюс» аз қавли як манбаи боэътимод дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навишт, ки овозаҳо дар бораи ба ҳалокат расидани судя асос надоранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Икром Ҷумъазода дар ҳақиқат баъди боздошт ба ҳолати беҳушӣ афтодааст. Айни ҳол ӯ ба худ омадааст ва ҳоло дар бемористон қарор дорад. Тафтиши қазияи ӯ идома дорад.

Гуфта мешавад, ки собиқ раиси суди ноҳияи Айнӣ Икром Ҷумъазода барои гирифтани пора гунаҳкор карда мешавад. Вай дар рафти чорабинии фаврӣ боздошт шудааст ва дар муносибат бо ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаси 319, қисми 4 (гирифтани пора)-и КҶ ҶТ боз карда шудааст.

Шумо дар Хабари рӯз

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, семенари омӯзишӣ барои кормандони милитсия ва рӯзноманигорон идома дорад. Семенари мазкур, дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия бо шиори “Милитсия - ин халқ ва халқ - ин милитсия”, ки аз соли 2014 то соли 2020 гузаронида машавад,  доир гардид.

Генерал майор Шодмонзода Фарод аз намояндагии ВКД ҶТ ва ҳамоҳангсози барномаи ислоҳоти милитсия, Александр Шихонов коршинос аз Федератсияи Руссия, Шаҳло Акобирова рӯзноманигор ва роҳбари Шӯрои васоити ахбори омма ба иштирокдорони семенар оид ба татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия ва ҳамкории ВАО бо милитсия сухан намуда, сӯҳбату машварат ва фикру мулоҳизаҳои хешро баён медоранд.

Дар семенари мазкур, кормандони ШВКД-и чанд шаҳру ноҳия ва рӯзноманигорони расонаҳои гуногуни кишвар иштирок доранд.

Гуфта шуд, ки амалигардонии барномаи мазкур ба зимаи ВКД ҶТ буда, аз тарафи  дафтари САҲА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Хуршед Фозилов

Шумо дар Хабари рӯз

Соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон дар пасманзари иҷрои Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) доир ба соддагардонии расмиёти савдо - мавзӯи семинари серӯзае буд, ки аз 14-ум то 16-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусиро, ки дар самти мусоидат ба тиҷорат фаъолият мебаранд, гирди ҳам овард, то афзалиятнокӣ ва муҳлати иҷрои ислоҳоти соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон ва уҳдадориҳои марбутаи кишварро баррасӣ кунанд. Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ гардид.

Созишномаи соддагардонии расмиёти савдо (TFA), ки 22-юми феврали соли 2017 ба амал даромадааст, созишномаи СУС буда, аз аъзои он тақозо мекунад, то ҳаракати бор, аз ҷумлаҳои борҳои транзитиро суръат бахшанд.

Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС - Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ)) ниҳоди байнулмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 бо ёрии фанниву машваратии МТБ дар чаҳорчӯбаи маблағгузориҳои Ҳукумати Швейтсария ба узвияти ин созмон пазируфта шуд.

Маркази тиҷорати байнfлмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусӣ ва давлатии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва  ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ,  дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст. Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон  тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.