.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 14 Август 2018 - || ФАРАЖ

 

Беэҳтиётии мусофир ва масъулиятношиносии ронанда боис шуд, ки як ҷавон аз мошин ба берун афтода, ба ҳалокат расад.

13-уми августи соли 2018, тахминан соати 20:30, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи ронандаи Зиёев Асомиддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон дар роҳи мошингарди самти Ёвон-Ваҳдат ҳаракат мекард. Дар наздикии деҳаи Ҳасанӣ бародари ронанда Зиёев Саймуддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1996, ки дар нишастгоҳи пеши автомашина менисшаст, қисме аз бадани худро аз тирезаи ҷои нишасти худ берун карда, аз беэҳтиётиаш аз дохили автомашина ба замин афтодаааст. Дар натиҷа Зиёев С.С ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 

Шумо дар Хабари рӯз

Вазорати корҳои дохилӣ қазияи кушта шудани мард аз ҷониби ҳамсараш ва дар дохили хона гӯр кардани ӯро шарҳ дод. Маълум шуд, ки қатли бераҳмонаи шаҳрванд Бегалиев Элмурод аз ҷониби ҳамсараш Буриева Бунёда тарҳрезӣ шудааст.

Шаҳрванд Бегалиев Элмурод, соли таваллудаш 1987, зодаи ноҳияи Шаҳринав аз моҳи сентябри соли 2016 аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия ҳамчун шахсияти бедарак ғайбзада дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Гарчанде тамоми қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ баҳри дарёфт намудани шахсияти дар ҷустуҷӯ қарордошта равона гардида бошад ҳам, вале натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда нашуд.

Сипас аз рӯи ҳодисаи бедарак ғайб задани шаҳрванд Бегалиев Элмурод санаи 2-юми феврали соли 2017 аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104-и Кодекси ҷинояти (одамкушӣ) боз гардида, барои муайян намудани ҷинояти ноаён гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомотҳои Прокуратура ва милитсия сафарбар карда шуданд.

Кормандони милитсияи пойтахт дар ин муддат зимни коркард ва пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фарзияҳои гуногуни тафтишотии ғайб задани шаҳрванд Элмурод Бегалиевро мавриди санҷиш қарор дода, ахиран парда аз рӯи ҷинояти дигареро бардоштанд, ки воқеан боиси таассуф ва нанг аст. Дар натиҷа кормандони милитсия бо далелҳои қатъӣ исбот намуданд, ки шаҳрванд Элмурод Бегалиев ба ҳеҷ як маконе ғайб назада, риштаи умри ӯро ҳамсараш маҷбуран канда намудааст.

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ шаҳрванд Буриева Бунёда, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда моҳи сентябри соли 2016 дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади ба қатл расонидани шавҳараш Бегалиев Элмурод ба ӯ доруҳои мадҳушкунандаро гузаронида аз ҳолати хоб будани ӯ истифода бурда, бо санг якчанд маротиба ба сараш задааст, ки дар натиҷа шавҳараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Баъдан, гумонбаршаванда Бунёда Буриева замини қисмати кунҷии ҳуҷраи хобашро канда, ҷасади шавҳараш Элмурод Бегалиевро таги хок карда, аз болояш бо семент ҳамвор кардааст, ки ин ҳолатҳоро санҷиши нишондоди ҷои ҳодиса, ки аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ гузаронида шуд, исбот намуд. Дар вақти азназаргузаронии ҳуҷраи хоби зани номбурда устухонҳои ҷасади шаҳрванд Бегалиев Элмурод дарёфт гардида, барои гузаронидани ташхис ба ниҳодҳои ташхисию криминалистӣ супорида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шумо дар Слайд

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 14-уми август, дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11+16, рӯзона 29-34 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  7+12 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +17 +22 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+20 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  3 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 3 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.