.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 11 Август 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 11 Август 2018 17:17

Маълумоти олӣ ё шавҳар?

Инсон ҳамеша талош меварзад то зиндагии хубу осуда ва беминнат дошта бошад. Аммо дар танҳоӣ ба даст овардани муваффақият душвор аст. Барои дар шоҳроҳи зиндагӣ ба мақсад расидан инсон бояд ҳамсафару ҳамроҳи боваринок ва вафодоре дошта бошад, то тай намудани роҳи пурпечутоби ҳаёт якранг нагардад.

Дар баробари ин, қонуни зиндагӣ чунин аст, ки инсон аз даврони тифлӣ дар пайи дарёфт намудани илму дониш аст. Дар боғча бо илм шинос шуда, дар мактаби миёна ва донишгоҳ онро вусъат медиҳад. Вақте ба ҳаёти мустақилона қадам мегузорад дониши андӯхтааш барои дар ҷомеа мавқеи худро ёфтан кифоягӣ намекунад. Дар чунин ҳолат инсонҳо дар зиндагӣ раҳгум мезананд ва роҳи ҳалли мушкилашонро пайдо карда наметавонанд. Агар ҳар як инсон бо роҳи андӯхтани илм ва таҷриба ба ҳаёти мустақилона омода гардад, дар зиндагӣ душворӣ намекашад.

Оилаи солим ва устувор замоне ба вуҷуд меояд, ки зан ва шавҳар якдигарро эҳтиром намоянд, байнашон якдигарфаҳмӣ бошад. Ташкили оилаи солим танҳо дар он вақт имконпазир аст, ки сатҳи фарҳанг ва дониши ҳамсарон мувофиқи ҳам бошад. Танҳо ду нафари бофарҳанг метавонанд оилаи солим ва намунавӣ ташкил диҳанд. Дар чунин ҳолат, фарзандони онҳо низ бофарҳангу ботарбия ба воя мерасанд. Эҳтироми мутақобилаи зану шавҳар барои фарзандон дарси намуна аст.

Гурӯҳе аз одамон бар он ақидаанд, ки устувории оилаи ҷавон аз маълумоти хуб ва илми онҳо вобаста нест, зеро зиндагии баъзе аз нафарони маълумоти олӣ надошта садҳо маротиба беҳтар аз он оилаи онҳое аст, ки дорои маълумоти олианд. Метавон шумораи зиеди чунин оилаҳоро дар ҷомеи мо вохӯрд.

Дар замони муосир парокандашавии оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад. Ҳама медонанд, ки бидуни фарҳанги оиладорӣ мустаҳкамии муносибатҳои оилавӣ ниҳоят душвор аст. Зану шавҳар дар оиладорӣ ашхоси масъул ба шумор мераванд, яъне онҳо дар оянда фарзандонеро бояд тарбия намоянд, ки худшинос, бофарҳанг, донишманд, ҳунарманд, эҷодкор шуда, барои мустаҳкам гаштани ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ хизмат карда тавонанд. Баъзе аз сарварони оила ҳамчун мард афзалият доштани худро дар назди занҳояшон нишон медиҳанд. Шояд ин дуруст бошад, аммо аз ҷиҳати маърифату фарҳанг афзалият бештар насиби занҳо аст.

Дар мамлакати мо оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногун аз ҳам ҷудо мешаванд. Мутаассифона аз ин касе сабақ намегирад. Волидайн чунин ҳолатро дида боре ба худ савол намедиҳанд, ки чаро фарзанди фалонӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд? Сабаб чӣ бошад? Ман бояд чӣ кор кунам, то фарзанди ман хушбахт бошад? Зеро дар бисёр мавридҳо ҷавонон бо розигии волидон оиладор мешаванд. Пас ин масъулияти падару модар аст, ки пеш аз оиладор намудани фарзанди худ дар бораи сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон амиқ андеша намоянд. Солҳои охир оиладор намудани ҷавонони синни 18 – 19-сола ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо 17-сола мӯд шудааст. Ин яке аз сабабҳои зуд харобшавии оилаҳои ҷавон мебошад, зеро онҳо ҳанӯз ҷаҳонбинӣ ва тафаккури васеъ надошта, аз ӯҳдаи зиндагии мустақилона намебароянд. Бисёре аз паҳлӯҳои ҳаётро инсон ҳангоми омӯхтани ҳаводиси ҷаҳон ва ҳаёти ҷамъият, инчунин ҳангоми васеъ намудани илми худ меомӯзад. Аз ин рӯ, пеш аз оиладор шудан барои ҳар як ҷавон зарур аст, то маълумоти худро пурра намоянд.

Хушахтона, дар даврони истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати оила ва оиладорӣ ба тавр ҷиддӣ муносибат мекунанд. Аз ин сабаб, як қатор санадҳои муҳим дар самти ба танзим даровардани оила, тӯю маросимҳо қабул гардида, қонуни махсуси муайянкунандаи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, таҳия ва ба амал бароварда шуд.

Мутаассифона сатҳи фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи мо дар зинаи паст қарор дорад. Маҳз ҳамин тафовут барои барқарор шудани оилаҳои ҷавон монеа эҷод мекунад. Хеле  зарур аст, ки пеш аз оиладор шудани фарзандон онҳоро ба расму оини оиладорӣ, тарбияи фарзанд, эҳтироми зану шавҳар ва дигар анъанаҳои неки тоҷикона ошно намоем.

Ҷавонон бояд бидонанд, ки оиладорӣ пеш аз ҳама масъулиятро ба дӯш гирифтан аст. Бидуни ин оилаи мустаҳкаму солим сохтан басо душвор аст.

Дило Доробшоева,

донишҷӯи курси 2-юми факултаи журналистикаи ДМТ

Шумо дар Ҷомеъа

НИГОҲИ АВВАЛ:

Чил сол фарёдшунави дард

Намедонам чандум сафарам ба ноҳияи Данғара аст, вале хуб медонам, ки дар ҳар сафар чанд нафаре пайдо мешавад ва мегӯяд: “Бачам, қати холаи Момагулат як саволу ҷавоб накардӣ?...”. Се нуқта маънои онро дорад, ки ҳар кадоме бо тарзи ба худ хос аз духтури оилавиашон Момагул Раҷабова васф мекарданд. Ин маротиба ҳам ҳолати пештара рух дод.

Момагул Раҷабова 4-уми апрели соли 1959 дар деҳаи Корези болои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Имсол баробари ба охир расидани соли таҳсил қаҳрамони мо 40-солагии фаъолияти худро қайд кард. 40 сол бо мардум, 40 сол дар гӯш оҳу воҳ. 40 сол гӯш ба қимор, ки касе бо ҳоҷате дарашро мекӯбад. 40 сол дар бӯйи дору. 40 сол табиби қалбҳои мардуми дурдасттарин деҳаҳои шаҳру навоҳии Кӯлобу Хуросону Данғара.

Мо атрофи 59 соли зиндагӣ ва 40 соли ҳамрози мардум буданаш бо ин зани дилбохтаи касби худ суҳбате доштем.

НИГОҲИ ДУВВУМ:

Кӯчаи лойолуди хотираҳо

- Чӣ тавр ба суроғи даврони кӯдакӣ меравед?

- Сари  чанд вақт ба зодгоҳам меравам ва аз ҳар дарахту девор, сангу сафол, хонаву мактаб кӯдакиамро суроғ мекунам. Ҳама чизҳои деҳаи ман бӯй мекунанд, бӯйи кӯдакии ман.

- Кӯдакии Шумо чи гуна гузаштааст?

- Ман он даврони ширинро бо “хола-бозӣ” гузаронидаам. Дар кӯчаамон чанд духтаре буд, ки ҳамагӣ ҳар рӯз дар хонаи мо ҷамъ мешуданд ва мо афсонаҳое мебофтем, ки имрӯз худ қаҳрамонашон шудаем...

- Аз мактаб чӣ монда ба лавҳи хотир?

- Дар синфи дуюм мехондам. Як рӯз муаллим дар тахтаи синф рақами 22 навишт ва аз ман чанд будани рақами навиштаашро пурсид. Ман бошам, 2 ва 2 ҷавоб дода будам.

- Ёд доред, ки охирин бор кай бо ҳамсинфонатон якҷоя вохӯрда, суҳбат карда бошед?

- Соли 2016 мо 40-солагии хатми мактабамонро якҷоя қайд кардем. Ман ҳар вақте ки ба деҳаам равам, ҳатман хона ба хонаи ҳамсинфонам гашта, онҳоро алоҳида-алоҳида мебинам ва аз саломатию рӯзгордориашон бохабар мешавам.

НИГОҲИ САВВУМ:

Таҳсили пинҳонӣ

- Хору хас, сангу кулӯх дар роҳи ба омӯзишгоҳ дохил шудани як духтари деҳотӣ набуд магар?

- Буд-буд, бачам. Ғайр аз гуфтаҳои ту боз дар роҳи таҳсили ман дарёву кӯлҳо ҳам буданд, аммо Худо ба ман кӯмак кард. Аз синфи мо чанд нафар ба шаҳри Кӯлоб барои идомаи таҳсил камар бастанд ва мо нафарони аввалин аз деҳаамон будем. Зиддиятҳо зиёд буданд, хусусан бародарони модарам дар аввал муқобили таҳсили ман буданд ва кор то ҷое расид, ки як соли расои таҳсиламро пинҳонӣ ва бо роҳҳои дарозе, ки тағоҳоям маро набинанд, гузаронидам. Баъдан бо ёрии Худованд ва модарам каме ҳам бошад тағоҳоям аз аспи хашму бадгумонӣ фаромаданду ёрирасонам шуданд.

- Аз даврони таҳсили ним пинҳонию ним ошкороятон ягон лаҳзае ҳаст, ки барои мо қисса кунед?

- Таҳсилам дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бисёр хуб буд. Моро бештар бачаҳои гуруҳамон фиреб медоданд. Дар роҳи хона-омӯзишгоҳ як дарахти тути калон буд ва барои дар паҳлуи мо қадам задан, бачаҳои гуруҳамон моро метарсонданд, ки зери он дарахт аҷина аст. Мо бошем, фақат дар сояи онҳо мерафтему меомадем.

НИГОҲИ ЧАҲОРУМ:

Ҷавоби мактубҳо

- Замони таҳсил дар мактабу омӯзишгоҳ ишқ дар ҷузвдони Шумо буд ё...?

- Вақти мактабхониам ақлам ба ишқу ошиқӣ намерасид. Замоне, ки дар омӯзишгоҳ таҳсил мекардам, ақлам басанда буд, аммо фикре, ки атрофи номам гапи баде пайдо нашавад, нагузоштам, ки касе наздик шавад ба ман. Дар ҳоле, ки чанд ҷавон ба ман таваҷҷуҳ доштанд.

- Хуб, Шумо чӣ тавр шавҳар кардед?

- Ман пас аз хатми омӯзишгоҳ бо роҳхат якуним сол дар Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси хоҳари шафқат кор кардам. Баъдан шавҳар кардам.

- Бо шавҳаратон чи гуна муносибат доштед пеш аз тӯй?

- Мо пеш аз тӯй ҳамагӣ як маротиба ҳамдигарро дидем. Қиссаи хонадоршавии мо каме аҷиб аст. Вақте ки мо якдигарамонро дидем, шуълаи меҳре фурӯзон шуд. Баъд тарафи мо, намедонам бо кадом сабабе, пайвастани моро нахостанд. Мо бо як вохӯрӣ ва як суҳбат одат кардем ба ҳам. Баъдан илоҷи ба ҳам расиданро бо тасаллӣ додани якдигар ба воситаи мактуб донистем...

- Узр, гапатонро мебурам. Яъне билохира нафаре пайдо шуд, ки Шумо мактуббозӣ кунед?

- Ҳамин тавр, аммо мактубҳои мо аз бекорӣ, бозӣ ва ё хурсандӣ набуданд, балки кӯшиш мекардем ба висоли ҳам бирасем.

- Чӣ, мактубҳо қудрати ба висоли ҳамдигар расонидани Шуморо доштанд? Дар он мактубҳои аввалу бароятон азиз, кадом ҷумлаҳо навишта шуда буданд?

- Ҳар мактуби дилдорро пас аз хонданам ба болои ҷевонамон мегузоштам, ки хонагиҳо ҳама бихонанд ва аз ҳолати мо бохабар шаванд. Масалан вай рӯзе навишта буд: “Ҳаракат кун ба висоли ҳам бирасем, ман туро дӯст медорам!”. Ҷавоби ман чунин буд: “Ман кӯшиш карда истодаам, ки мо якҷо шавем ва ба ин боварӣ дорам...”. Ба ҳамин монанд. Душвортарин кор дар ҳаётам ҷавоб гардонидан ба мактубҳо буд.

НИГОҲИ ПАНҶУМ:

Гиря дар сӯги падар

- Тавре медонем, Шумо оғӯши падарро ба хотир надоред. Ҳамин тавр?

- Бале, натанҳо оғӯш, балки дар ёдам нест навозишҳо, духтарамгӯиҳояш... Лекин...

- Се нуқтаи пас аз “лекин” чӣ маъно дорад?

- Аз падарам як хотира дорам. Ман хуб дар хотир дорам, ки падарам дар пушташ захме дошт ва аз дарди он азият мекашид. Вақте ки калон шудам, аз модарам ҳақиқат ё хоб будани онро пурсидам. Модарам гуфтанд, ки дар ҳақиқат дар пушти падарам захме буда ва он вақт ман якунимсола будаам.

- Дар сӯги падар гиря накардан чӣ маъно дорад?

- Мурдан хубтар аст, аммо фаҳмиши ман намерасид.

- Ҳоло ҳам барои падар  гиря мекунед?

- Бале, бе ин намешавад. Ҳар вақте ки ба мотамхонае равам, чанд дақиқае барои падарам мегирям.

НИГОҲИ ШАШУМ:

Табиби дилҳо

- Харитаи зиндагӣ давоми роҳи ҳаётатонро чӣ гуна нишон дод?

- Ман дар ноҳияи Хуросон 12 сол бо шавҳарам зиндагӣ кардам. Соҳиби 4 фарзанд шудем. Зиндагиамон бисёр хуб буд. Соли 1986 дар ноҳияи Данғара деҳае бо номи Чорсада бунёд шуд. Сокинони деҳа аз ноҳияи Комсомолобод муҳоҷир шуда буданд. Шавҳари ман, ки биносоз буд, дар ҳамон деҳа хонааш доданд. Мо аз Хуросон ба Данғара кӯч бастем. Рости гап, пас аз омаданам пушаймон шуда будам. Зеро дар макони нави зисти мо, ки навбунёд буд, ба ҷуз дашти хоктудае дигар чизеро дидан мумкин набуд. Пас аз андаке барои ман як вагон ҷудо карданд, то ба мардум хизмати тиббӣ расонам. Дар як вақт ба мардуми 6 деҳа хизмат мерасондам. Ҳамин тавр, дар ин ҷо мо боз соҳиби 3 фарзанди дигар шудем. Шавҳарам инсони хуб буд, боре гапи мо ду нашуда буд.

- Тавре медонем, ҳоло шавҳаратон дар қайди ҳаёт нестанд...

- Дуруст. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ зиндагӣ мушкил шуд. Нон пайдо кардан душвор шуд. Яку якбора 4 фарзанди мо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекарданд. Ноилоҷ шавҳарам ба Русия коркунӣ рафт. 23-юми феврали соли 2002 рафт ва 24-уми апрели ҳамон сол мурдаашро оварданд.

- Зиндагӣ вазнинтар, гиряҳо аёнтар, ғамҳо зиёдтар, нон камтар, кори саҳро зиёдтар...

- Зиндагиам мушкилтар шуд. Бо кори саҳро тавонистам, ки фарзандонамро хононам. Ҳоло охирин фарзандам дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил дорад.

- Зиндагиатон кай ранги дигар гирифт?

- Вақте ки дуюмбора барои зери об мондани яке аз деҳаҳои ноҳияи Нуробод мардуми зиёде ба Данғара кӯчонида шуданду деҳаи Чорсада-2 бунёд шуд. Ман дар ин деҳа духтур интихоб шудам ва сокинонашро мисли сокинони деҳаи худам ҳар рӯз хабар мегирам. Ногуфта намонад, ки дар деҳаи навбунёд бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта, калидашро ба дасти ман доданд.

- Одат, муҳаббат ва ё тақозои касб аст, ки Шумо хона ба хона мегардед?

- Ман ҳамаи вариантҳои пешниҳодкардаатонро қабул дорам ва ба фикрам, ба хотири ҳамааш аст рафтуомадам. Зеро, вақтҳое мешавад, ки ба хонаҳое меравам, ки бемор надоранд ва ин рафтанҳоро метавон аз муҳаббат ва аз рӯйи одат номид.

 

НИГОҲИ ҲАФТУМ:

Танҳоӣ, гул, суруд

 

- Аз мушкилиҳо ба куҷо мегурезед?

- Ба танҳоӣ.

- Дар танҳоӣ чӣ кор мекунед?

- Гул мекорам.

- Вақти гулкорӣ суруд мехонед ё фикр мекунед?

- Суруд мехонам.

- Садоятон хаста  мабод!

Суҳбати Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

Душанбе-Данғара-Душанбе

Шумо дар Мусоҳиба
Шанбе, 11 Август 2018 16:58

Хумори дидори ҳамсинфон

Якуми сентябри соли 1991 дар ҳаёти ман хотирмону ёдрас мебошад. Бори аввал падарам аз дасти ман гирифтанду сӯи мактаб равон шудем. Он вақт ман як кӯдаки аз баду неки дунё ва роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ бехабар будам. Ба падарам ҳаргуна саволҳои кӯдакона дода, дилгираш мекардам. 

Он рӯз ҳеҷ аз хотири ман фаромӯш намешавад ва нахоҳад шуд. Ман дар тан куртаи нимостини кабудранг ва шими сиёҳ дар бар доштам. Тасмаҳои ҷузвдонро ҳар замон пеш мекашидам, чунки интизори дидану хондани китоби рангаи «Алифбо» будам. Дар саҳни мактаб омӯзгорону хонандагон ҷамъ шуда, ба якдигар оғози таҳсилро шодбош мегуфтанд. Моро омӯзгорон Эгамов Эвазбердӣ ва Холов Тошмурод  падарвор бо хушнудӣ пешвоз гирифта, саф кашонданду аз сабаби бисёр буданамон ба ду гуруҳ тақсим намуда, ба синфхонаҳо дароварданд. Бо меҳрубонӣ бо қоидаву рафтор ва лаҳзаҳои дарс шинос намуда, фаҳмониданд. Дар мактаб ман бо онҳое, ки минбаъд дар як синф ва дар як мактаб таҳсилро оғоз мекардем, шинос шудам.

Ҳамин тавр, бо ғамхории зиёди устоди аввалинамон чор сол сипарӣ шуд, баъдан дигар устодон ба таълиму тарбияи мо машғул шуданд.

Аҳамият ва зарурати илму донишро дарк карда, кӯшиши зиёд ба харҷ медодем, то ки оянда тавонем таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳо давом диҳем. Дарсҳоро аз худ мекардем, байни ҳамдигар баҳс мекардем, шӯхиҳо мекардем, ба бозиҳои варзишӣ машғул мешудем ва чӣ тавр гузаштани ин лаҳзаҳои ширинро надониста мондем. Дарсҳо ба охир расиданд, занги охир садо дод. Баъд аз супоридани имтиҳонҳои хатм маслиҳати шабнишиниро ба миён гузоштем. Шабнишинӣ дар мактаб гузашт, ҳама ҷамъ шудем. Хурсандиву рақсҳо, суханҳои самимонаро ба якдигар гуфта, орзуҳои ширинро таманно намуда, аз лаҳзаҳои хотирмони айёми мактабӣ ёдовар мешудем. Баъзеҳо ғамгин буданд ва дигаре шод аз он буд, ки ба шаҳр мераваду таҳсилашро дар донишгоҳ давом медиҳад.

Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,

То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.

Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае

Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.

Ин ҷамъ омадани мо ҷамъомади хело вазнину душвор буд, зеро маро, ҳамсинфонамро аз якдигар ҷудо менамуд.

Мо - парандагони як лона, фикр мекардем, ки бо пайдо шудани аввалин пару боли кӯчаки худ ба тамоми самти дунё парвоз хоҳем кард. Аммо бехабар аз он будем, ки дар пеш моро гармиву сардӣ, сахтиҳову хубиҳо ва билохира уқёнуси беохире интизор буд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳамсинфон ҳама ба чор самти зиндагӣ парешон шуданд. Духтарон оиладор шуданд, писарҳо яке ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту дигарон барои идомаи таҳсил ба шаҳрҳои калон раҳсипор гардиданд. Ман низ барои идомаи таҳсил омодагӣ дидаму роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифтам. Бори аввал шаҳр дар назари ман бегона намуд. Ёди деҳаи кӯчакамро мекардам. Ҳар рӯз модарамро ёд мекардам, наздикону ҳамсинфонам ва устодонамро ёд мекардам. Хумори дидор мегирифт. Ҳамсояҳову кӯчаамон ва ҳатто ҳар буттаву хасу хори зодгоҳро ба хотир оварда, зиқ мешудам. Мехостам бори дигар ба гузашта баргардам ва он лаҳзаҳои ширини гуворо беохир бошанд. Ин фақат хаёлу орзуҳои ширин буду халос. Бо расидани моҳи сентябр ман девонатар мешудам, мехостам боз ба мактаб равам, бо ҳамсинфонам бошам, вале дигар илоҷи ба қафо баргаштан набуд.

Таҳсил дар донишгоҳ оғоз шуд. Бо шахсони бегонаву ношинос вохӯрдам ва бо онҳо унс гирифтан барои ман - як бачаи деҳотӣ хело душвор буд. Бо мурури замон одат кардам, мушкилиҳову нофаҳмиҳои пешомадаро паси сар карда, ба шароити шаҳр мутобиқ мешудам. Дар донишгоҳ дӯстони зиёде пайдо кардам ва ҳис намудам, ки рафтору кирдор, фикру ақидаю ҷаҳонбиниам нисбат ба дӯстиву рафоқат ҷиддитар гаштааст. Ман дар ақидае будам, ки ибтидои илм аз мактаб оғоз ёфта, дар донишгоҳ онро танҳо сайқал додам.

Пас аз хатми донишгоҳ (соли 2009) кору фаъолият намуда истодаам, лек чеҳраҳои ҳамсинфонам, шӯхиву гуфтору рафторашон ва муҳиту атрофи мактаби деҳаам ҳеҷ аз ёдам намеравад. Бо амри тақдир риштаи умри ду ҳамсинфам - Хуҷамов Содиқ ва Аминов Нозим (ёдашон ба хайр бод), ки барои ман хело азиз буданд, дар айёми ҷавонӣ канда шуд ва аз байни корвони ҳамсинфон дар тӯфони зиндагӣ нопадид гаштанд. Инчунин, устодони бузурги рӯзгордида, падари бузургворам Аслиддин Эсоев, Разоқбердӣ Атобуллоев, Тошмурод Холов, Абдуқаҳор Сафаралиев, Раҳмонбердӣ Холиқов ва Азизмурод Азизов ба мисли олимони бузурге буданду танҳо унвоне надоштанд, ба мо навиштану хондан ва дарси ҳаётро омӯзониданду имрӯз дар байни коллективи омӯзгорон нестанд. Ҳар лаҳза ёдашон мекунам…

Дар ин миён пас аз хатми мактаб дар 16 баҳори умр сабзаҳо дамиданд, 16 гармои фасли тобистон гузашт, 16 маротиба хазонрезӣ шуд ва 16 маротиба барф борид. Дар ин ҳама лаҳзаҳо ҳамсинфонам аз ёди ман дур набуданд ва хотираҳои ширини дар ҳар як фасли сол бо онҳо доштаамро аз ёди худ дур накардаам. Лаҳзаҳои мактабӣ беҳтарин лаҳзаҳои тақсимоти умри одамизод аст ва ҳеҷ гоҳ чеҳраҳои ширини ҳамсинфонам аз назарам дур намераванд. 

Ҳамсинфони азиз, бо расидани анҷоми соли хониш, ҳамон рӯзе, ки хайр мактаб,  хайр хамсабақон гуфтану аз ҳам ҷудо шуданамон ба ёдам меояд ва хумори дидоратон маро мегирад, шуморо ёд мекунам…

Нуъмон ЭСОЕВ,

ҷонишини директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

Шумо дар Ҷомеъа
Шанбе, 11 Август 2018 16:54

Эътироф ва шуҳрат

Ин мавзуъ чандест мағзи маро машғул медорад, андешаро мефиребам, ба фардову пасфардои дигар мегузорам, вале раҳоям намекунад. Пас бояд навишт, пас чизи гуфтание ҳаст, пас шояд гӯши шуниданӣ ҳам бошад. 

Ба хотирам меояд дастури Устод Турсунзода. 

Барои ман азизтарини устодҳост, шояд аз он ки дар замонаш зистаам, тифлиям дар давраи авҷи шуҳрати шеъри оламгири ӯ гузаштааст ва аз ҳама зиёд ашъори ӯро аз бар кардаам ва осораш мавзуи кори илмиям ҳам ҳаст. 

Бармегардам ба дастураш, мазмунан меорам: шоир вақте бояд бинависад, ки дигар нанавишта натавонад. Гумон мекунам, ҳар нафари дигаре, ҳам қалам ба даст мегирад, бояд ин дастурро ёд дошта бошад. Ва инак дигар нанавишта наметавонам ва менависам.

Эътироф чист? 

Эътироф баҳои мусбати атрофиён, муҳити инсон ба ин ё он амали ӯст. Ҳатман баҳои мусбат! Ва ин ҳам дастгирии равонии инсон барои худшиносиву боло бурдани худпиндорӣ, ҳам дастгирии ӯ барои оянда аст. Эътирофи воқеӣ барои инсон қувваи тоза мебахшад, нерӯи ҳанӯз кашфнашудаи ӯро (ҳатто маъмулан барои худаш ҳам) боз менамояд ва ҷомеае, ки ин эътирофро ба инсон додааст, ба ивази яки додааш даҳ мегирад. Ба хотир биёваред, ваъдаи Худовандро, ки қариб дар ҳамаи адён омадааст. Ту ба ман як бидеҳ ва ман ба ту даҳ медиҳам. Ин қонуни Коинот дар ҳамаи ҳолатҳо амал мекунад, беистисно! Дар мавриди Эътироф ҳамчунин. Пас эътироф талаботи ботинии инсонист.  Чун ҳамаи талаботҳои дигари ӯ ба муҳаббат, омӯзиш, кор ва амсоли ин. Вале чун дар ҳамаи мавридҳо бояд муайян намоем, ки ҳадди тиллоии васат куҷост? Зеро бе ин ҳад инсон метавонад вобастаи эътироф бошад ва он оварда мерасонад ба вобастагӣ аз баҳои дигарон (муҳит, атрофиён) ва ниҳояти кор мерасем ба он ки ақидаи шахсии худи инсон метавонад фалаҷ бишавад, барои худаш арзиш надошта бошад. Дар чунин ҳолат инсон комилан аз рушди шахсиятӣ боз мемонад, танҳо ва танҳо ба хотири дарёфти эътирофи дигарон фаъолияти худро анҷом медиҳад. Аз ин рӯ ҳама гуна баҳои дигарро агар мусбати равшан набошад, дарднок қабул мекунад ва вобаста ба табиати худ ангеза нишон медиҳад. Аз ранҷидану озурдахотирӣ то ба руҳафтодагӣ ё ба қаҳру ғазаб ва кинаву адоват.

Ҷомеаҳои гуногун ба хотири идораи инсонҳо усулҳои зиёди эътирофро истифода мебаранд. Такрор мекунам, барои идораи инсонҳо! Мукофоту ҷоизаҳо, унвону рутбаҳо, озмунҳо ва амсоли ин намунаи равшантарини ин андешаанд. Зеро тавассути ин амалҳо ҷомеа дар кадом шакле набошад, хоҳ сохтори давлатӣ ва хоҳ сохтори шаҳрвандиву ҷамъиятӣ, ба нафаре мегӯяд: ман истеъдоди туро, хизмати туро дидам ва он хуб аст! Ту аз дигарон беҳтарӣ! Ва инсонҳои вобастаи эътироф, ки худро маъмулан бо дигарон қиёс мекунанд ва тавассути ин қиёс баҳои худро месанҷанд, таскин меёбанд. Онҳое, ки ин баҳоро нагирифтаанд, ду роҳ доранд, ё аз мубориза даст мекашанд, зеро озмунҳо ҳамеша сабқату муборизаанд, ё ҳамаи роҳҳоро истифода мебаранд, ки ҳатман эътироф насибашон бигардад, зеро бе он наметавонанд ҳисси қаноатмандиро аз худу рӯзгори худ дошта бошанд, ҳатто агар тамоми неъматҳои дигари зиндагӣ насибашон гашта бошад.

Агар амиқтар нигарем, ҷанҷоли тавассути «Диссернет» расонаӣ шудаи сирқоти илмӣ аз ҷониби олимони Русия, Украина ва Тоҷикистон бори дигар ин андешаро исбот мекунад. Киҳоянд ин олимони қалбакӣ? Онҳое, ки тавассути мадракҳо эътирофро харидаанд. Дуруст аст, ки ин мадракҳо барои онҳо роҳро ба сӯйи мансабҳову дастрасии бештар ба неъматҳои моддӣ, ҳукуматронӣ ҳам боз кардааст, вале ин ҷо ҳам тазоде нест, зеро ин ҷо эътироф шакли моддӣ мегирад ва боз ҳам барои инсонҳое, ки ба баҳои хуби дигарон ниёзманданд, таскини бештару беҳтар ҳам медиҳад. Агар ин гуна одамон мустақиман мехостанд рӯзгорашон бо пайдои молу маноли бештар обод кунанд, бе ташнагии эътироф, метавонистанд тоҷир бишаванд, вале на. Интихоби онҳо аз оғоз дарёфти эътироф буд, идомаи кор вазифаи дигаре.

Эътирофҷӯён дар байнни ҳамаи қишрҳои инсоният ҳастанду хоҳанд буд шояд. Вале он дар симои аҳли эҷод ҳамеша рушантар ҷилвагар аст. Зеро аҳли эҷод нисбат ба дигарон бештар эҳсосотиянд, чун эҷод аз ҳиссиёт маншаъ мегирад ва тавассути эҳсосот ба дилҳо роҳ меёбад. Ин ҷо метавонем иттифоқҳои эҷодиро мисол биёварем. Чаро узвияти барои мисол Иттифоқи нависандагон барои бархе чунин муҳим аст? Зеро ин узвият далели эътирофи истеъдод ё ҳунар аст. Ва он рӯзе, ки аз узвият иддае маҳрум гардиданд, ҳаққи эътироф, ки бо ҳар роҳе пайдо карда буданд, аз даст рафт. Табиист, ки одамони ба ин ғизои маънавӣ одат карда, чун тифлони гурусна ғаш мекунанд.

Ҷониби дигаре ҳам, ки аз нокомии эътирофнашудагони ба эътироф бо роҳҳои номатлуб расида, сахт шод шуданд, метавонад ин ҳолатро дошта бошад. Қаноатмандӣ аз зуҳури адолат ва заҳрханда (“злорадство”) аз ҳам фарқ доранд. Дар ҳисси қаноатмандӣ шукр ва осоиши руҳ ҷой дорад. Зеро ин ҷо дар оғоз дарди ҳасад набуд, итминон ба адолат ҳамеша ҷой дошт ва инсон ба он ҷое, ки равон буд, расид. Дар заҳршодӣ қаноатмандӣ нест. Шодии як эътирофнашуда аз нокомии эътирофшудаи дигарест. Хуб дигар усули хубу бад баҳонаест. Он бештар ба ҳисси шодӣ аз интиқомгирӣ монанд аст. Бале, интиқом аз онҳое, ки кореро карда тавонистанд, ки инҳо ба худ иҷоза надоданд. Бо сабабҳои гуногун. Ё имкон надоштанд. Ин ҷо эҳсосоташон монанд аст ба он, ки болои гӯри  касе бароӣ ва аз ин худро баландтар ҳис кунӣ. Интиқом ба ивази ҳамаи нобарориҳои воқеӣ ва тахаюлӣ. Интиқом аз тамоми олам. Ва маъмулан даъво ҳам чунин аст, ман ин корро накардам (нахостам, натавонистам, ба ман имкон надоданд, тарсидам, шарм доштам, нангу номусро дифоъ кардам, агар ман мекардам, нисбати ман ҷазои сахттар мебуд, шарҳҳо метавонанд хеле гуногун бошанд), пас ҳар касе кард, бояд ҷазо бубинад. Хеле ҳиссиёти мухталиф метавонад ин ҷо ба ҳам чунон бипечад, ки  барои боз кардани ин калоба хеле равоншиноси қавӣ бояд вақти зиёд сарф намояд.

Дар ин миён олимону адибони аз нигоҳи ташнагии эътироф солим воқеан  бо эҷод машғуланд, онҳоро худи раванди эҷод хуш медорад, ин ҷо маънии зиндагияшонро ёфтаанд ва танҳо дар ҳолате, ки мизони эътироф сахт хароб аст, метавонанд бубинанд, ки истеъдоду ҳунар ҷубронҳои дигар ҳам дорад. Ё нафаре ба онҳо ин мизони харобро нишон медиҳад ва мегӯяд: чаро фалонӣ дирӯз ба майдон омаду чанд ҷоиза дорад, бисмадониро мо солҳои зиёд мешиносем, вале ягон ҷоиза надорад. Албатта, талаботи солими равонии эътироф хоси ҳар як инсон, хосса эҷодкор аст. Вале ин ҷо меъёри тиллоӣ худ ба худ амал мекунад. Барои як нафар чопи асараш кифоя аст, ки талаботи равонияш қонеъ бигардад. Табрики наздикону дӯстон барояш арзиши болотар аз шуҳратёр гаштанро дорад.

Бояд таъкид намуд, ки шуҳрат ва эътироф як чиз нестанд. Шуҳрат маънои онро дорад,  ки дар доираи муайяне инсон шинохта мешавад. Шуҳратро бо амали носавоб ҳам пайдо кардан мумкин аст ва баҳои манфии дастаҷамъии ҷомеа низ як навъ шуҳрат аст. Шуҳрат санад надорад. Он усули танзими хос ҳам  надорад, метавонад дар шакли овоза ё расонаҳо ба даст биёяд. Эътироф ҳамеша як мақоми муайян ва амалҳои мушаххас мехоҳад. Шуҳрат метавонад дар миёни қишрҳои гуногун, синну соли гуногун ҷой бигирад. Эътироф танҳо аз ҷониби мақомоти болоӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, метавон дилпурона бигӯем, ки эътирофталабӣ натиҷаи дар кӯдакӣ, дар оила надоштани мақоми шоистаи фарзанд аст, бештар аз ҷониби падар, ё онҳое, ки ин вазифаро аз нигоҳи равонӣ ё иҷтимоӣ нисбати фарзанд иҷро кардаанд. Беаҳамиятӣ, сарфи назар кардани талаботҳои кӯдак ӯро метавонад як умр ниёзманди эътироф бикунад. 

Дар илми равоншиносӣ мафҳумест, бо номи интиқол. Яъне талаботи равонии қонеънашуда ҳаройина онро меҷӯяд, дар синни соли баркамолӣ ҳам инсон дар симои нафаре ё мақоме волидони худро меҷӯяд ва аз онҳо эътироф мехоҳад. Дар олами ҷиноӣ “маняк”-ҳо ҳастанд, ки айнан ҳамин гуна интиқол медиҳанд, қаҳру ғазабу ранҷиши саркӯбшудаи худро ва алами Мӯсоро аз Исо мегиранд. Дар ҳолати эътироф низ ҳамин муодила амал мекунад, фақат дар шакли нисбатан нармтар. 

Воқеан, агар тақдири инсонҳои бузургро нигаред, мушкили камбуди эътироф дар айёми кӯдакӣ аксари онҳо доштаанд. Нависанда Андерсен дар афсонаи “Мурғобияки ношуд” рӯзгори худро нақл мекунад, актёр, режиссёри машҳур Ҷеки Чан дар тамоми филмҳояш як нақшро мебозад, шахси дар оғоз назарногире, ки ҳамаро дар ҳайрат мегузорад. Ва барои нақшҳояш Ҷеки тайёр аст, ки ҷонашро дар хатар гузорад. Агар тарҷумаи ҳоли ин одамонро биомӯзед, муодилаи равшани эътироф нашудани талаботҳои равонии онҳоро дидан мумкин аст. Вале мушкили ҷиддӣ он аст, ки ҳамаи ин комёбиҳо аксаран наметавонанд одамонро хушбахт намоянд, агар онҳо мушкили равонии худро аз бунёд нашиносанд, волидони худро самимона наомурзанд ва ҳамон хеле буданд, ё ҳастанд, қабулашон накунанд ва дӯсташон надоранд. Зеро ҳама гуна эътирофи дигар, барои онҳо муваққатӣ ва сунъист. Баробари пайдо шудани зинаи дигаре, боз ҳам дарди таскиннаёфта бедор мешавад ва ин ҳалқаи сарбаста ҳамеша такрор меёбад.

Марям ДАВЛАТОВА, таҳлилгар

Шумо дар Ҷомеъа
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.