.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 08 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Тибқи натиҷаҳои сабқати фестивали байналмилалӣ дорбоз (эквилибрист) Муҳаммад Шарифзода аз Тоҷикистон сазовори ҷои якум ва ҷоизаи мукофоти махсусро соҳиб шуд.

16-умин фестивали байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон, байни хунармандони сирк ва мактабҳо ва иҷрокунандагони «Ояндаи сирк» аз санаи 2 то 4 ноябри соли ҷорӣ  дар сирки давлати Люксембург гузаронида шуданд.

Дар фестивали мазкур зиёда аз 80 ҳунарманд аз 14 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Украина, Тоҷикистон, Британияи Кабир, Белорус, Туркманистон, Қазоқистон, Швейтсария ва ИМА иштирок намуданд.

Доварон директори Агентии байналмилалии бадеии Флорида (ИМА) Юрий Криис, директори мактаби сирки шаҳри Лугано (Швейтсария) Лидия Мигани, директори Москва Румянцев (Карандаша) Валентиной Савинаой ва директори давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов маҳсуб меёфтанд.

Тибқи натиҷаҳои мусобиқаи фестивали байналмилалӣ дорбози тоҷик Муҳаммад Шарифзода сазовори ҷои якум ва ҷоизаи мукофоти махсусро соҳиб шуд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Вазорати фарҳанг 7-уми ноябр натиҷаи озмунҳои  «Муаллими беҳтарини сол», «Донишҷӯи беҳтарини сол», «Хонандаи беҳтарини сол»-ро дар муассисаҳои зертобеи худаш эълон кард ва омӯзгорону донишҷӯёну хонандагони макотиби кишвар, ки ғолиб омадаанд, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.  

Озмун аз оғози соли хониш дар муассисаҳои таълимии кишвар бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам  эълон гардида буд. Ҳайати ҳакамон аз рӯи шартҳои муқарраргардида омӯзгорон ва муҳасилини зиринро беҳтарин интихоб карданд:

1. Ғуломов Ашурмамат - омӯзгор, дотсенти кафедраи режисураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

2. Сотникова Маргарита Исламбековна – мудири кафедраи тарҳрезии бадеи либос, омӯзгори фанҳои тахассусии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

3. Агапова Лариса Петровна – омӯзгор, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;

4. Бозоров Умедҷон Муродович - омӯзгори фанни санъати тасвирии Коллеҷи санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Олимов;

5. Белинская Наталя Юревна – омӯзгори шуъбаи фортепианои Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;

6. Ҳасанова Наргис Шавкатовна - омӯзгор, хореографи шуъбаи рақси классикии Коллеҷи ҷумҳурияии хореографии ба номи М. Собирова;

7. Умар Темуров - омӯзгори сози ғижжаки Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;

8. Акобиров Ғолибшо Ибронович – омӯзгори синфи рубоби Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;

9. Комилова Фируза Сайдуллоев - мудири шуъбаи фортепианои тахассусии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев;

10. Доробшоева Дилрабо Бандишоевна - донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Рӯзноманигори телевизион»-и факултети театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

11. Мирзоева Меҳриниссо Қувваталиевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси «Дизайни костюм ва газвор»-и факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

12. Анваров Ҳикматулло Сафархӯҷаевич - донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;

13. Қаландарзода Ҷумахони Раҳматулло – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи «Созҳои оркестри халқӣ»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;

14. Машрапов Муҳаммадзоҳид- донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи таълими мусиқии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;

15. Бандишоева Самима Додалишоевна – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи рақси халқии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова;

16. Кишварзода Томирис Абдурашид - донишҷӯи курси 3-уми шуъбаи «Типографика»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;

17. Ардашерзода Комрон Ардашер - хонандаи синфи 11-уми шуъбаи назарияи мусиқии Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;

18. Ҳабибов Шаҳриёр Тоҳирҷонович – хонандаи синфи 9-уми шуъбаи созҳои оркестрӣ, синфи скрипкаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев.

Шумо дар Хабари-рӯз

Президенти Амрико Доналд Трамп пас аз ду соли кишмакаш бо Ҷефф Сешнз, ки прокурори генералии ИМА буд ва масъули баррасии дахолати Русия дар президент шудани Трамп низ буд, ӯро аз вазифа барканор кард.

Ҷефф Сешнз дар номаи худ, ки ба унвони раиси дастгоҳи Кохи сафед фиристодааст, навиштааст: «Президенти азиз, ба дархости шумо, ба истеъфо меравам».

Мэтю Уитакер, ки раиси дастгоҳи Прокуратураи генералӣ буд, иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ таъйин шудааст.  

Трамп баъди интишори хабари истеъфои Сешнз, дар твиттер аз хизматҳои Ҷефф ташаккур кард ва навишт, ки ба зудӣ прокурори нави генералӣ эълон хоҳад шуд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Панҷшанбе, 08 Ноябр 2018 10:55

Дар зиндони Хуҷанд ошӯб сар зад?

Шаби 7-уми ноябр дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд (воқеъ дар маҳаллаи 16-ум ва наздикии Идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ) шӯриш ба амал омадааст. Дар ин бора «РО» хабар дод

Ин манбаъ менависад, ки дар бораи сабабҳои шӯриш маълумоти дақиқ дар даст надорад, аммо сарчашмаҳои иттилооташ маълум кардаанд, ки бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳасту теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест.

"Нирӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ошӯбро пахш карданд. Онҳо асосан бо силоҳи сард ҳамла карда буданд", - навиштааст ин расонаи хабарӣ аз қавли манбаи худ.

Дар ҳамин ҳол навбатдори Идораи зиндонҳо дар шаҳри Хуҷанд ба «РО» гуфтааст, "мақомот "Бонги хатар" эълон кардаанд, вале тирпаррониву фирори маҳбусон нашудааст".

Ин манбаъ гуфтааст, ки "Бонги хатар" ба набати аввал ба афсарон ва кормандони ҳамаи маҳбасҳо, ки зери назорати ин ниҳод аст, дахл дорад ва онҳо дар ҳолати омодабош оварда шудаанд. Навбатдор ҷузъиёти онро ки чӣ амалҳое дар доираи ин "Бонги хатар" роҳандозӣ мешавад ва то кай давом мекунад, бинобар махфӣ будани он ошкор накардааст.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.