.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Имрӯз дар сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон бо иштироки ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Алӣ Рифат Кёксал зикр намуд, ки Туркия дар дунё  ягона давлатест, ки бештарин гурезаҳоро дорост ва зиёда аз 3,5 ҳазор гурезаи  суриягиро пазируфтааст.

“Туркия кӯмакрасонии башардӯстонаро ба кишварҳое, ки дар натиҷаи ҷанг, офатҳои табиӣ ва фақру кашмакашҳои иҷтимоӣ дар вазъияти ногувор қарор гирифтаанд, вазифаи инсонии худ медонад”, - гуфт ҷаноби сафир.

Тибқи омори ғайрирасмӣ Туркия 15 фоизи гурезагони дунёро пазируфтааст ва ду баробари гурезагони давлатҳои Аврупоро ба хоки худ роҳ додааст. Тақрибан ба миқдори нисфи аҳолии Тоҷикистон ва беш аз аҳолии 7 штати ИМА гуреза қабул намудааст, ки 350,000 суриягии дар Туркия таваллудшаванда, кӯдакон ҳастанд. Беш аз 1 миллион нафар дар синну соли мактабӣ буда аз ин миқдор 62 фоизашон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, 4 ҳазор нафар суриягиҳо аз ҷониби давлат квота мегиранд, беш аз 20 ҳазор нафари дигар дар донишгоҳҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  Хароҷотҳои умумии тиббии суриягиҳоро Туркия пурра ба ӯҳда мегирад.  Ба миқдори 34 миллион муроҷиати табобатӣ анҷом дода шудааст, ки беш аз 1 миллион нафар ҷарроҳӣ шудааст. То ба имрӯз хароҷоти умумӣ барои суриягиҳо ба 33 миллиард доллар расидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Туркия дар соли 2017 бо кӯмакҳои башардӯстонаи худ дар ҳаҷми 8,07 милиард доллари ИМА дар ҷойгоҳи аввал қарор дошт. ИМА бо ҳаҷми 6,68 милиард доллар пас аз кишвари Туркия дар мақоми дуввум меистод.

Нигора Саидбекова

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар ноҳияи Хуросон кӯдаке аз беэҳтиётии падар зери чархи мошин монд ва ба ҳалокат расид. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Рӯзи 6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” Солиев Неъмат Сатторқулович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Хуросон дар роҳи мошингарди маҳаллии назди ҳавлии истиқоматиаш, ҳангоми воситаи нақлиётро ба ақиб рондан, писари хурдсолаш, Солизода Ҳикмат Неъматро, ки  ба бозӣ машғул буд, аз беэҳтиётӣ зер кардааст. Дар натиҷа, кӯдаки 2-сола Солизода Ҳ.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А”, ки  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор идома дорад, ду вохӯрӣ гузаронд, ки дар аввалӣ пирӯзӣ ба даст оварду дар дуюм ба нокомӣ дучор шуд.

Шогирдони Сулаймон Бобокалонов дар даври интихобии БО-2020, дар бозии нахусташон бар дастаи мунтахаби бонувони Муғулистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд. Дар ҳайати бонувони кишвари мо капитани даста Мадина Фозилова 2 гол, Гулсунбӣ Ҳалимова ва Лайло Ҳалимова якголӣ заданд.

Духтарони футболбози кишвари мо дар даври дуюм ба шикасти сахт рӯ ба рӯ шуданд. Бонувон аз Тайбэйи Чин ба дарвозаи дастаи кишвари мо 9 голи беҷавоб заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ Филиппин низ ба дарвозаи тими Сингапур 9 голи беҷавоб зада буд. Бозии даври дуюм миёни дастаҳои Муғулистон ва Сингапур мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.

Дар асоси натиҷаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо (10 даста) ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 1-9 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. 

Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+5 ва рӯзона  +15+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона -2-0   ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дамои ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона +16+18   дараҷа хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, шабона дамои он ба -1+4 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона 3+5  ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.