.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 19 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Имрӯз Фестивали аввалини намоиши филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе, ки бо ташаббуси сафорати Фаронса баргузор мегардад, оғоз хоҳад шуд.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар имрӯз дар суҳбат бо хабарнигорони расонаҳои кишвар гуфт, фестивали мазкур аз 19-ум то 23-юми ноябр дар кинотеатри «Ватан» идома ёфта, дар он 7 филм, аз ҷумла 3 кутоҳмуддат ва 4 дарозмуддат барои ҳаводорон ва сокинони шаҳри Душанбе намоиш дода хоҳад шуд.

- Фестивали намоиши филмҳои фаронсавӣ имрӯз, 19-уми ноябр аз соати 17:30 дар кинотеатри «Ватан» оғоз мегардад ва дар давоми 5 рӯз, ҳар бегоҳ, дар ҳамин вақт барои мухлисон як филм намоиш дода хоҳад шуд. Ин бегоҳ 3 филми кутоҳмуддат барои намоиш ба нақша гирифта шудааст. Аввалинаш «Сафар ба моҳ» ном дорад. Он яке аз филмҳоест, ки миёни ҳаводорони кино маҳбубияти хос касб кардааст. Филми дуввум «Номаҳои бонувон» (2013) унвон шуда, он дар бораи харобкориҳои ҷанги бузурги ҷаҳонии солҳои 1914-1918 нақл мекунад, ки чанде қабл садсолагии анҷоми он дар Париж қайд карда шуд. Ҳамин тавр, намоиш ин бегоҳ бо филми тасвирии «Палангҳо рӯи як ришта» (2014) анҷом меёбад, - гуфт хонум сафир.

Дар рӯзҳои минбаъдаи фестивал мухлисон филми мазҳакавии «Кэ д, Орсэ»-ро, ки соли 2013 аз ҷониби коргардони машҳур Бертран Таверне бардошта шудааст, ҳамчунин, филми класикии «Нафаре аз Рио» (Филлип де Брока, 1963), филми фантастикии «Бел ва Себастян»(Николас Ване, 2012) ва филми мазҳакавӣ- драмавии «Хотираҳо» (Жан Поль Рув, 2014)-ро тамошо хоҳанд кард.

Масъулони ин фестивал мегӯянд, филмҳо бо забони фаронсавӣ намоиш дода мешаванд вале дар субтитр тарҷумааш бо забони рӯсӣ аст. Сабаби бо русӣ дар субтитр тарҷума шудани филмҳоро масъулин дар набудани вақти бештари тарҷума бо забони тоҷикӣ унвон мекунанд.

Бино ба гуфтаи сафири Фаронса хонус Ясмин Гуедар, дар оянда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то филмҳои фаронсавӣ бо забони тоҷикӣ тарҷума ва пешкаши тамошобинони тоҷик гардонда шаванд. Ҳамчун, мавсуф қавл дод, ҳамкориҳо миёни коргардонҳо ва актёрҳои тоҷику фаронсавиро тақвият бахшад.

Дар хотимаи суҳбат сафири Фаронса Ясмин Гуедар ба масъулини «Тоҷикфилм», кинотеатри «Ватан» ва маркази фарҳангии «Бактрия» дар Душанбе барои кумаки беғаразона барои ташкили фестивали мазкур изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, вуруд ба кинотеатри «Ватан» барои тамошои филмҳо ройгон аст.

Масъулини сафорат аз тамоми сокинон шаҳри Душанбе даъват менамоянд, то дар ин фестивал ширкат варзанд ва аз тамошои филмҳо лаззат баранд.   

Шумо дар Хабари-рӯз

Сайфулаева Дилором Қодировна, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зайнаббибӣ, худро ҳамчун корманди ваколатдори идораву сохторҳои гуногуни давлатӣ муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум, барои ҷудо карда додани қитъаи замин маблағҳои гуногуни пулиро аз худ кардааст.

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни баррасӣ ва омӯзиши аризаҳои шикоятии шаҳрвандон бо бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ӯро дастгир кардаанд.

Дилором Сайфуллоева бо роҳи фиребу макр аз шаҳрванд Шоева Нилуфар 18-ҳазор сомонӣ, аз Алимов Амиршоҳ 3200 доллари амрикоӣ, аз Одинаев Дилшод 500 доллар ва 2100 сомонӣ, аз шаҳрванд Файзов Некрӯз 3000 доллар ва аз шаҳрванд Шарифов Наврӯз 20 000 сомонӣ бо баҳонаи барояшон ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дуруст кардан, гирифтааст.

Чорабиниҳои тафтишотӣ муайян кардаанд, ки номбурда барои ба боварии шаҳрвандон даромадан онҳоро ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, ба кӯчаи Теппаҳои шарқӣ бурда заминҳои бекорхобидаро нишон дода, ваъда мекардааст, ки маҳз ҳамин қитъаи заминро ба онҳо ҳуҷҷатгузорӣ мекунад ва бо ин роҳ маблағҳои гуногуни пулии шаҳрвандонро аз худ кардааст.

Муайян карда шудааст, ки Сайфуллоева Дилором дар маҷмуъ дар содир кардани зиёда аз 50 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, зарари ӯ нафарони ба домаш афтода аз 10 ҳазор сомонӣ ва то ба 30 ҳазор сомонӣ мерасад, ки дар умум ба шаҳрвандон зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст.

Номбурда барои рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷиноятии худ манзили истиқоматии шаҳрванд Бобохонова Миҷгона, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба иҷора гирифта, чунин амалҳои ҷиноятиро маҳз дар он ҷо иҷро мекардааст.

Аз манзили ба иҷора гирифтааш як қатор далелҳои шайъӣ, миқдори зиёди шиносномаҳои аслии шаҳрвандон ва қарору хабарномаҳои қалбакӣ сохташуда ва дигар асноди лозима дарёфту мусодира гардидаанд.

Айни замон гумонбаршуда Сайфуллоева Дилором дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки агар мавриди фиреби ин нафар зан қарор гирифтаанд, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тариқи телефони боварии 221-15-00 муроҷиат кунанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар маҳфили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» профессор Уяма аз Донишгоҳи Хокайдои Ҷопон дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар шинохти мутахассисони Ҷопон» андешаронӣ намуда, мавзӯҳои муҳимми Осиёи Марказиро ба риштаи таҳлил мекашад.

Маҳфили мазкур 21-уми ноябр (рӯзи чоршанбе) дар «Кохи афсарон»-и шаҳри Душанбе (к. Фотеҳ Ниёзӣ, 54, ошёнаи 3-ум) баргузор мегардад, ки ба он намояндагон аз ВАО, донишмандон, адибон, коршиносон, намояндагон аз ҳизбҳои сиёсии кишвар ва аз сафоратҳои кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон даъват гардидаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии Душанбе кӯмаки моддӣ расонид

Ин ширкат рӯзи 27-уми ноябр ба 430 оилаи камбизоат маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, қанди сафед, биринҷ, мош, ярмаи гандум, шири хушк, макарон, чой, қиёми шир, гречкаву қандинаҳо тақсми кардааст.

Ба шахсони барҷомонда, ки имкони ба дафтари кории ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» омоданро надоштанд, намояндагони ширкат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ маводро ба манзили истиқоматиашон бурда расониданд. Зиёда аз ин, кӯмаки моддӣ ҳамчунин ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ расонида шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» – ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки ба аъзогии IATA қабул шудааст. Айни ҳол ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо муваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.