.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 10 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Ё чанд пешниҳод барои пешгирии зӯроварӣ дар оила 

Муҳаббат ва зӯроварӣ - ду мафҳуми мухолиф ва инкоркунандаи якдигар. Ду мафҳуме, ки ҳеҷ вақт наметавонанд паҳлӯи ҳам бошанд ва ё якдигарро пурра намоянд. Вақте аз муҳаббат сухан мегӯем ва ба зӯровариву зулму шиканҷа дар оила рӯ ба рӯ мешавем, ҳатман ба хулосае меоем, ки пояи ин оила аз ғишти муҳаббат бунёд наёфтааст, зеро агар пояи оила аз ғишти муҳаббат бунёд мешуд, ҳатман бо лойи меҳр сиришта мешуд ва муқаддасоте чун оиларо гиромӣ медошт.  Коршиносон эътироф кардаанд, ки зӯроварӣ танҳо дар оилаҳое арзи вуҷуд мекунад, ки муқаддасоте бо номи муҳаббат вуҷуд надошта бошад. Ҳама гуна зӯровариву нофаҳмӣ дар оила ҳамон вақт сурат мегирад, ки миёни аҳли оила муҳаббат, вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн вуҷуд надошта бошад. 

Оила, давлати кӯчаке дар дар таркиби давлати бузург!

    Оила худ муқаддас аст ва ҳар ки ин муқаддасотро поймол мекунад, ӯ хиёнат ба аҳли оила, аз ҷумла ба фарзандон мекунад. Фарде ки ба оила хиёнат кард, ӯ хатман ба муқаддасоти дигар, аз ҷумла ба Ватан низ хиёнат хоҳад кард. Оиларо беҳуда пояи давлат ва давлатдорӣ намегӯянд, зеро давлат аз оила сарчашма мегирад ва оила худ як давлати кӯчак низ ҳаст. Давлате, ки сарвар, мақомоти иҷроия ва шаҳрвандони худро дорад. Ободии давлати бузург маҳз аз ҳамин давлати кӯчак сарчашма мегирад. Агар дар ин давлати кӯчак аҳли оила бо ҳам тифоқ бошанду фарзандони худро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат тарбия намоянд, ҳатман аҳли ин оила оянда давлатро низ бо меҳру муҳаббат бунёд хоҳанд кард ва ҳар давлате ки бо меҳру муҳаббат бунёд мешавад, пояндатарин давлат аст. Бинобар ин, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, пеш аз ҳама бояд оиларо дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ бунёд намоем. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ шукуфон мегардад. Дар ҳолати баръакс, яъне бе ишки пок, бе муҳаббати самимӣ ва бе эҳтироми тарафайн бунёди оилаи солим ғайриимкон аст. Оқибати ҳама гуна беэҳтиромӣ бошад, дар ниҳоят ба зӯроварӣ, ҷудошавӣ ва ҳатто худкушиҳо оварда мерасонад. 

Чи бояд кард, ки ҳам пеши роҳи зӯроварӣ гирифта шавад, ҳам вайроншавии оилаҳо кам гарданд? Чи бояд кард, ки боварӣ ва эътиқод дар оила ҳукмфармо ва зӯровариву шиканҷа ба кунҷи фаромӯшӣ равад? Чи бояд кард, ки қонунҳо ва қарорҳо на ба ном, балки дар амал фаъолияти худро нишон дода, пеши роҳи зӯроварии оилавиро гиранд ва худкушиҳоро пешгирӣ намоянд? Инҳо суолҳоеянд, ки омӯзиши дақиқ ва посухи ҳаматарафа мехоҳанд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд ба он бетарафӣ зоҳир намояд. Мехоҳам дар ин мавод барои пешгирии зӯроварии оила якчанд пешниҳодҳо намоям. Пешниҳодҳое, ки ба назари банда каме ҳам бошад, метавонад зӯроварӣ ва вайроншавии оилаҳоҳоро пешгирӣ кунанд.

Бештар кардани ҷавобгарӣ

бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо 

Ба назари банда, барои решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба зан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар Қонун "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва “Кодекси ҷиноятӣ” якчанд тағйирот ворид намуда, ба онҳое ки дар оила даст ба зӯроварӣ мезананд, ҷазои сангинтаре муайян созад. Зеро агарчӣ Қонун “ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки ҳанӯз камбудиҳо зиёданд. Бинобар ин, нахуст бояд бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои ҷории кишвар  нақши воқеан баробари зану шавҳар аз рӯзи аввали бунёди оила ба таври қнунӣ таъмин карда шавад. Зеро ҳар як амали зӯроварӣ нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам баробарии зану мард дар оила таъмин нест ва ҳанӯз гурӯҳе аз мардон занҳоро на ҳамчун ҳамрадифу ҳаммаром дар бунёди оила, балки чун хизматгор, итоаткор ва танҳо иҷрокунандаи дастуру фармонҳо медонанд. Агар вазифаҳои ба дӯшаш гузошташударо зан дар вақташ иҷро накунад, ӯ аллакай мавқеи худро дар оила гум мекунад ва мавриди сарзанишу танбеҳ ва ҳатто зӯроварӣ қарор мегирад.  Бинобар ин қонуне зарур аст, ки аз рӯзи оғози ҳамзистии муштарак, баробариро дар оила кафолат диҳад ва вайронкунандагони онро ба ҷавобгарӣ кашад. Бояд ҳам зан ва ҳам мард ба таври қонунӣ дарк кунанд, ки бунёди оила аз ду нафар иборат аст ва нигоҳдориву равнақи онро низ маҳз ин ду нафар асос мегузоранд. 

Дастгирии бештари оилаҳои ҷавон аз тарафи давлат

Ба назар чунин мерасад, ки яке аз омилҳои дигаре, ки мавриди бештари зӯроварӣ дар оила қарор мегирад, ин нақши камранги давлат дар пешгирии зӯроварӣ дар симои Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро агарчӣ Кумитаи кор бо занон салоҳиятҳои зиёд дорад, вале салоҳиятҳо ва масъулиятҳои худро на ҳамеша ба таври бояду шояд иҷро мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки нақши созмонҳои ғайридвалатии кӯмакрасон ва ҳимояи ҳуқуқи занон нисбат ба Кумитаи кор бо занон бештар аст. Барои далел метавонам, мисолеро орам, ки зане аз ноҳияи Панҷакент ба Раиси Кумитаи кор бо занон, ба шӯъбаҳои Кумитаи кор бо занон дар ноҳияҳои Истаравшан ва Панҷакент борҳо муроҷиат карда бошад ҳам, ҳатто натавонист, ки чизу чораи худро аз хонаи шавҳараш бозпас гирад ва ё ба фарзандаш алимент ситонад. Зеро на Кумитаи занон кӯмакаш кард ва на роҳпулие дошт, ки аз Панҷакент ба Истаравшан рафта, чизу чораашро бозпас гирад ва ё адвокат киро кунад. Нодорию камбағалӣ ба чунин занҳо имконият намедиҳад, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд ва аз зӯроварӣ эмин бошанд. Бинобар ин, бояд нақши Кумитаи занон дар ин самт бештар бошад.

Нақши дуюме ки давлат метавонад барои солим нигоҳ доштани оилаҳо дошта бошад, ин сиёсатӣ иҷтимоӣ аст. Зеро яке аз сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ин сатҳи пасти зиндагӣ, қашшоқӣ ва нодорӣ аст. Давлатро зарур аст, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба оилаҳои ҷавон кӯмак кунад. Алъон кӯмакпулии давлат, ки ба модару кӯдак дода мешавад, дар як моҳ ҳамагӣ 50 сомониро ташкил медиҳад ва бояд иқрор кард,  ин кӯмакпулӣ на ба модар кӯмаке мешаваду на ба оила ва ҳатто папмерси якмоҳаи кӯдакро таъмин намекунад. Барои бардоштани вазъи иҷтимоии оила бояд ин кӯмакпулӣ аққалан ба ҳадди аққали маош, яъне ба 400 сомонӣ баробар карда шавад. Ин муқаррарарот, дар моддаҳои 165 ва 219-и Кодекси қаблии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ном вуҷуд дошту расман амал намекард вуҷуд дошт ва то якунимсола шудани тифли навзод аз тарафи давлат кӯмакпулии оилавӣ, алалхусус пардохти яквақтаина ва «кӯмакпулии ҳармоҳа» дар ҳаҷми 100% (фоизи) ҳадди ақали моҳонаи музди меҳнат» муайян карда шуда буд, вале ба ҷои ҳадди ақали маош модару кӯдак ҳамагӣ 40 сомонӣ мегирифтанд. Дар Кодекси нав ин муқаррарот барҳам дода шуд ва алъон ба модару кӯдак ҳамагӣ 55 сомонӣ дода мешавад.

 Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи оиларо зарур аст, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба барқарор намудани муқаррароти моддаҳои 165 ва 219-и Кодекси қаблии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне  «кӯмакпулии ҳармоҳа» дар ҳаҷми 100% (фоизи) ҳадди ақали моҳанаи музди меҳнат»  расман муроҷиат намуда, дархости қабули онро кунанд. Дастгирии иҷтимоӣ аз тарафи давлат ва ба ҳадди ақали маош баробар  кардани кӯмакпулӣ метавонад, каме ҳам бошад, сатҳи зиндагии оилаҳои ҷавонро баланд бардошта, низоъу зӯровариро дар оила камтар намояд. Тибқи маълумоти оморӣ солона наздик ба 500 занон қасди худкушӣ мекунанд, ки аксари он дар натиҷаи зӯроварӣ ва омили иҷтимоӣ ба амал омадааст.

Ҳамоҳангсозии ҷиддии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ

бо мақомотҳои марбутаи давлатӣ

Пешниҳоди дигаре, ки барои барҳамдиҳии зӯроварӣ дорам, ба назари ман бояд фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳаи PDV-ро густурдатар намуда, нақши ин лоиҳа дар пешгирии зӯроварӣ бештар карда шавад. То онҷое огоҳем ҳанӯз 30 нояби соли  2017 дар меҳмонхонаи  Ҳаят, бо мақсади муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои дастгирии татбиқи Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатии пешгирии зӯровари дар оила   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2014-2023 ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии лоиҳа бо иштироки намояндагони донори лоиҳа, Ҳукумати Шветсария ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ  ва инчунин як катор ташкилотхои байналмалалӣ ба мисли   Helvetas, UNDP, UNFPA ва ғайра баргузор гардида буд, вале дар фаъолияти яксола мушоҳида шуд, ки ин Шӯро агарчӣ хеле фаъолияти густурда дошт, ҳанӯз ба натиҷаи назаррас ноил нашудааст. Бисёр хуб мешуд, ки дар оянда корҳои фаҳмондаиҳиро байни оилаҳо ба роҳ монда, тамоми ниҳодҳои марбута ва созмонҳои дар он ширкаткунанда дар атрофи ҳам муттаҳид шуда, оддитарин зӯровариро мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор диҳанд ва занони нодору камбағалеро, ки мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд, зери муҳофизати худ гиранд. 

Барҳам додани ташхисҳои маҷбурӣ,

аз ҷумла сертификати бакорат

    Чанде пеш Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон дар изҳороти муштараки худ даъват ба амал оварданд, ки ба “таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, хотима дода шавад”.

Мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ҳатто Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди ташхиси бакорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор дод, ки бо ин баҳона набояд шаъну шарафи занон поймол шавад. Масъулини Шӯро мегӯянд, бакорат масъалаи хусусӣ аст ва аз ин роҳ бо обрӯи занон бозӣ кардан дуруст нест. 

   Тақдири Мастонаи Асо, як сокини ноҳияи Балҷувон  нишон дод, ки ҳатто сертификати тиббии пешниҳодшуда натавонист ӯро аз зӯроварӣ ва таҳқиру тӯҳмат ҳифз намояд. Пас чӣ заруряте барои чунин сертификат вуҷуд дорад? Бояд чунин ташхис танҳо дар сурате роҳандозӣ карда шавад, ки агар арӯсу домод қабл аз издивоҷ нисбати якдигар шубҳа дошта бошанд, дар ҳолатҳои дигар бояд комилан чунин ташхисот аз байн бурда шавад.

Равоншиносоне, ки дар мавзӯъҳои зӯроварии оилавӣ дар рӯзҳои нахустини оиладорӣ  тадқиқотҳо анҷом додаанд, мегӯянд, ки  дар аксар ҳолатҳо шаби якум низоъ аз бетаҷрибагии ҳарду тараф оғоз меёбад. Онҳо ҳатто иброз медоранд, ки “баъзе аз занон шаби аввали ҳамхобагиашонро чун хоби дахшатноке нақл мекунанд”. Чунки қабл аз издивоҷ на ба духтар на ба писар оини ҳамхобагӣ ҳаматарафа омӯхта намешавад ва ин омил низ боиси пайдоиши нофаҳмиву зӯроварӣ мегардад. Барои он ки ҳанӯз аз шаби аввали ҳамзистии муштарак ҳамдигарнофаҳмиву зӯроварӣ сурат нагирад, ба ҷои пешниҳоди сертификат, бояд ба навхонадорон аз тарафи равоншиносон ё шахсони таҷрибадори ба онҳо наздик дарси муҳаббат, эҳтиром, садоқат ва ҳатто дарси ҳамхобагӣ гузаронида шавад. 

Ин буд чанд пешниҳоди банда барои бунёди оилаи солим ва пешгирии зӯроварӣ, ки умедворам мавриди пуштибонӣ қарор мегирад. Зеро, мо бояд иззати хонаро дар дӯстӣ, сарвати хонаро дар шодӣ, зебогиро дар покизагӣ, устувориро дар тарбият, гармиву сафои хонаро дар муҳаббат дарёфт намоем на дар зӯровариву шиканҷа.

Холиқи Муҳаммадназар 

Маркази тадқиқоти журналистӣ

Шумо дар Ҷомеъа
Шанбе, 10 Ноябр 2018 17:05

Махзани маърифат дар Хатлон

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба  номи Носири Хусрав

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба  номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар ҷумҳурӣ буда, миёни дигар донишгоҳҳои кишвар мақоми хоссаро соҳиб аст. Ин боргоҳи маърифат соли 1978 ҳамчун шуъбаи қӯрғонтеппагии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таъсис ёфта, соли 1991 ба донишкадаи мустақил табдил ёфт. Дар асоси Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 236 аз 24-уми июли соли 1992 ва фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо № 76 аз 1-уми сентябри соли 1992 донишкада ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав табдил гардид ва бо сабаби ба шаҳри Бохтар иваз шудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2018 таҳти № 362 номи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро гирифт. 

Маркази бошукӯҳи илму фарҳанг

МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба  номи Носири Хусрав» дар соли аввали фаъолият дорои ҳамагӣ 4 факултет - физика, математика, забон ва адабиёти рус ва таҳсилоти ибтидоӣ буд. Бо гузашти вақт донишгоҳ ба як маркази бошукӯҳи илму фарҳанг мубаддал гашта,  алъон дар  шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи 12 факултети он  бештар аз шонздаҳ ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни замон таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва техникию технологӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим аз  ҳадафҳои асосии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки донишгоҳ раванди таълимро дар асоси Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2016, №19/24 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда, дар факултетҳои донишгоҳ аз рӯйи 54 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассисон омода  карда мешаванд. 

Айни ҳол дар донишгоҳ 43 кафедра  фаъолият намуда, дар  пешбурди раванди таълим ба 543 гурӯҳи академии донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ саҳмгузор аст. Аз ин миқдор 361 гурӯҳ дар шуъбаи рӯзона ва 182 гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) фарогири донишҷӯён мебошанд.

Ба касе пӯшида нест, ки имрӯз масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, фарҳанг ва худшиносии миллӣ, маърифатнокии сиёсии донишҷӯён, донистани таърих, адабиёт ва забони миллат аз масоили муҳим ба ҳисоб рафта, дар раванди инкишофи босуръати техникаю технологияи муосир ва мушкилоти ҷаҳонишавии ҷомеа, тарбияи мутахассисони арзанда низ аҳамияти зарурӣ касб намудааст. Бинобар ин, роҳбарияти донишгоҳ барои амалӣ намудани ин мақсад саъю талош намуда, кӯшиш менамоянд, ки толибилмон соҳиби дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеъ гарданд. Дар доираи амалӣ намудани ин иқдом факултетҳо ва раёсати таҳсилот як қатор корҳои мушаххасро ба сомон расонидаанд. Аз ҷумла, то оғози санҷишу имтиҳонҳо дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аттестатсияи донишҷӯён сурат гирифта, барои дар доираи талабот ва шаффоф гузаронидани он комиссияи аттестатсионии донишҷӯён созмон ёфтааст. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди аттестатсия аз фанҳои тахассусӣ вобаста ба ихтисос барномаи минимум таҳия гардида, ҳангоми аз аттестатсия гузаштани донишҷӯён  фаъолияти фардии донишҷӯ дар ҷараёни машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, семинарӣ, озмоишӣ, корҳои берун аз дарс, супоридани корҳои мустақилона  ба назар гирифта шуданд.

Дар донишгоҳ барои бо сифати баланд гузаштани машғулиятҳои озмоишӣ дар факултетҳои химия ва биология, физика, математика, техника ва технология, информатика озмоишгоҳҳо амал мекунанд, ки он  бо таҷҳизоти нави замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Барои самаранок гузаронидани дарсҳо дар кафедраи физикаи умумӣ 4 озмоишгоҳ- озмоишгоҳи механика, озмоишгоҳи физикаи молекулавӣ, озмоишгоҳи қисми электрик ва озмоишгоҳи оптика фаъолият менамояд.  Дар озмоишгоҳи механика ва озмоишгоҳи физикаи молекулавӣ таҷҳизотҳои зарурӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ба таври кофӣ мавҷуданд. Бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ин  озмоишгоҳҳо дар соли хониши 2017-2018 бо тамоми асбобҳои озмоишӣ таҷҳизонида шудаанд.

Маркази таълимии парки инноватсионию технологӣ

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 2010,  таҳти № 629 дар донишгоҳ парки технологӣ таъсис ёфта, мунтазам фаъолият мекунад. Мақсади ташкили парки технологӣ ин дар амал  тадбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ –иноватсионӣ, ба  даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили лоиҳаҳои хурду миёнаи иноватсионӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Маркази таълимии парки инноватсионию технологӣ дигар хизматрасониҳо, аз қабили чопи компютерӣ, муқовабандӣ, нусхабардорӣ, саҳифабандӣ, тайёр намудани эълону лавҳаҳои гуногун, суратгирӣ, маслиҳатдиҳиро иҷро менамояд.

Маркази таълимӣ соҳиби як гармхона бо дарозии 50  метр мебошад, ки дар он зиёда аз 40 бех дарахти  лиму парвариш  меёбанд. Дар гармхона дар баробари парвариши намудҳои гуногуни лимӯ (апелсин, мандарин), инчунин зироатҳои сабзавотӣ ва гулҳо шинонида шудааст, ки омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрон метавонанд дарсҳои амалӣ ва озмоиширо дар ин ҷо гузаронанд ва корҳои таҳқиқотӣ баранд. 

Дар ин қисмати биноҳои донишгоҳ сехи коркарди дару тирезаҳои пластикӣ низ фаъолият мекунад. Баъди ба кор даромадани ин сех донишҷӯёни ихтисосҳои технология ва сохтмон метавонанд дар ин ҷо таҷриба омӯзанд. Дар назди факултаи технология маркази ташхис ва таъмири автомобил ташкил карда шуда, ин марказ имкон дорад дар ҳамкорӣ бо парки технологӣ ба ниёзмандон хизмат расонад. 

Инчунин дар назди ин факултет маркази таълимии технологияи муосир ва касбу  ҳунарҳои миллӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ ташкил карда шудааст. Марказ аз сехи дузандагӣ ва  коркарди пурраи чӯбу тахта, пластмасса ва коркарди металл иборат аст. Сехи дузандагӣ бо мошинаҳои дарздӯзии замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ба касбомӯзон касбу ҳунарҳои мардумӣ дӯхтани либосҳои миллӣ, аврупоӣ, қуроқдӯзӣ, нақшдӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, болишту рахти хоб, дастархон,  бо ёрии сангу муҳраҳо сохтани моделҳоро меомӯзонад.    

Дар сехи коркарди чӯбу тахта, ки дорои таҷҳизоти наву замонавӣ мебошад, донишҷӯён ҳангоми дарсҳои амалию озмоишӣ донишҳои назарии худро амалан иҷро менамоянд. 

Ҷои дуюми Донишгоҳи давлатии Бохтар дар интихоби довталабон

Бояд таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар миёни 39 муссисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нахустин муассисаи таҳсилоти олиест, ки низоми қабули имтиҳонҳои ҷориро шурӯъ аз соли 2014, шабеҳ ба Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) ба роҳ мондааст.

Бо мақсади амалӣ намудани мактуби ВМ ва илми ҶТ таҳти №05/5-1169 аз 31.12.2015 ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ барои тарғибу ташвиқи ихтисосҳо ва қабули довталабон аз тариқи ММТНПҶТ,  ҳамасола ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар карда мешаванд. Донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 112 сабти ном шуда, то анҷоми қабули ҳуҷҷатсупорӣ дар соли таҳсили 2018-2019, дар байни донишкадаву донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ оид ба интихоби довталабон пас аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои соҳаи маорифи кишвар ва тағйир ёфтани авзои омӯзишу парвариш ва дигар шудани тариқи пазириши довталабон ба макотиби олии кишвар зарурати таҳия ва тадвини курсҳои тайёрӣ пеш омадааст, ки дар ин замина Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯйи панҷ кластер шурӯъ аз соли таҳсили 2014-2015 шуъбаи тайёриро роҳандозӣ намудааст. Дар соли таҳсили 2018-2019 аз рӯйи панҷ кластер  300 нафар шунавандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар ин гурӯҳҳо устодони варзида дарс медиҳанд ва аз назари молиявӣ низ ҳавасманд гардонида мешаванд. 

Дарсҳои таҷрибавӣ ва аҳамияти онҳо дар такмили дониши муҳасилин.

Раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисосҳои донишгоҳ тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн гузаронида мешаванд. Рафти таҷрибаомӯзӣ  тибқи ҷадвали  таҳиянамудаи раёсати таҳсилот пайваста дар маркази диққати роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Ҳамчунин ҷадвали рӯзҳои методии мушовирон  дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мураттаб гардидааст, ки риояи он аз ҷониби роҳбарият мунтазам зери назорат қарор дорад. Ҳар ҳафта ҷараёни таҷрибаомӯзӣ дар ҷаласаҳои назоратӣ,  ҷаласаҳои шӯрои олимон ва ректорат, инчунин дар шӯрои илмию дастурдиҳии донишгоҳ мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Факултет ва роҳбарони гурӯҳҳо, мушовирон ва таҷрибаомӯзон, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ натиҷаҳои хубро соҳиб мегарданд, ҳатман дар ҷамъбаст қадршиносӣ мегарданд. Дар донишгоҳ ҷадвали гузаронидани конфронсҳои дастурдиҳӣ ва ҷамъбастӣ таҳия гардида, низоми таҷрибаомӯзӣ тибқи он амалӣ мегардад.

Донишгоҳ ба раванди таҷрибаҳои истеҳсолӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҷараёни таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хубтар ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои мусбат ба бор оварда истодааст. Дар ин росто бояд зикр кард, ки ҷараёни хуби таҷрибаомӯзиро дар мактабҳои миёна роҳбарияти мактабҳо низ қадршиносӣ  менамоянд. Як қатор омӯзгорон ва донишҷӯён барои фаъолияти хубу аъло бо раҳматнома ва ифтихорномаҳои роҳбарияти мактабҳо мушарраф гардонида шуданд.

Соли таҳсили равон бо мақсади амалишавии қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/16 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи банди 13-и низомнома курсҳои 3-юм ва 4-уми ихтисосҳои омӯзгории 9 факултети донишгоҳ, аз рӯйи 18 ихтисос барои гузаштани таҷрибаи педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар сафарбар мегарданд.

Натиҷаи сессияи зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 дар муқоиса бо сессияи зимистонаи соли таҳсили 2016-2017 (тестӣ).

Неруи илмии донишгоҳ

Донишгоҳ тӯли панҷ соли охири фаъолият зиёда аз 14831 нафар мутахассисонро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода намудааст, ки дар  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд. Шаклҳои таълим дар донишгоҳ рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) буда, шумораи муҳассилини донишгоҳ 15065 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо 6115 нафарашон духтарон мебошанд. Аз ин миқдор  6181 нафар тариқи буҷавӣ ва 8884 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Имсол 128 нафар донишҷӯён аз тариқи квотаи президентӣ шомили донишгоҳ гардиданд, ки аз ҷумлаи онҳо 87 нафар духтарон ва 41 нафар писарон мебошанд. Дар донишгоҳ 101 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, аз он ҷумла аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон 7 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 нафар ва Ҷумҳурии Туркманистон 93 нафар таҳсил менамоянд.

Фаъолияти илмии устодони донишгоҳ боиси таваҷҷуҳ буда, олимони донишгоҳ дар 40 самт аз рӯи 65 мавзӯъ фаъолияти илмӣ бурда истодаанд. Алҳол дар донишгоҳ 685 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 17 нафар докторони илм, профессорон ва 132 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 52 нафар саромӯзгорон, 401 нафар муаллимон, 83 нафар ассистентон мебошанд. Дар равияи докторантура PhD  бошад, 38 нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 2 нафар Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 6 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар барандаи ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, 2 нафар барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, 78 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 2 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият доранд. 31 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 528 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун – физика, математика, техника, иқтисодиёт, педагогика, филология, химия, фалсафа, таъриху ҳуқуқ барои дарёфти дараҷаи илмӣ таҳқиқот бурда истодаанд. Айни ҳол дар назди донишгоҳ шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 бо фармоиши КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2018, № 7 таъсис ёфтааст, ки  барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи се ихтисоси 13.00.02.- Назария ва методикаи омӯзишу парвариш - методикаи таълими математика, методикаи таълими физика, методикаи таълими информатика амал менамояд.

Ҳамасола дар донишгоҳ конфронсҳои солонаи ҷумҳуриявии илмию амалӣ ва байналмиллалӣ баргузор мегарданд, ки дар он натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандони донишгоҳ баррасию муҳокима мегарданд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 2018 санаи 23-юми феврал конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар санаи 29-30-юми июн конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Мушкилоти мубрами таълими фанҳои риёзӣ дар низоми таҳсилоти кредитӣ”, санаи 19-20-уми октябр конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Истифодаи маводи кишваршиносӣ ҳамчун воситаи тарбияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ зимни таҳқиқ ва омӯзиши фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ” баргузор гардид.

Устодони донишгоҳ дар бобати ба корҳои илмию таҳқиқотии донишҷӯён (КИТД) ва таълимию таҳқиқотии донишҷӯён (КТТД) ҷалб намудани шогирдон ҷидду ҷаҳди зиёде менамоянд. Аз ин рӯ, шумораи зиёди донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ фаро гирифта шудаанд. Барои вусъат бахшидану таҳти назорати доимӣ қарор додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён дар ҳама факултаҳо маҳфилҳои илмӣ таъсис дода шуда, дар онҳо донишҷӯёни болаёқат, аспирантҳо ва омӯзгорони ҷавон муттаҳид шудаанд. Роҳбарони маҳфилҳои илмӣ асосан устодони ботаҷриба ва дараҷаи илмидор таъин гардидаанд. Хатмкунандагони бакалавриати донишгоҳ дар дигар донишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар низ дар зинаи магистратура таҳсилро идома дода истодаанд. Хатмкунандаи бакалавриати факултаи химия ва биология Азимова Шабнам аз рӯйи ихтисоси химия магистратураи АИ ҶТ хатм намуда, дар кафедраи химияи умумӣ ба кор оғоз намуд. Чор нафар дар кишвари Ҳиндустон ва ду нафар дар Федеретсияи Руссия зинаи магистратураро хатм намуданд.

Соли 2018 дар 43 кафедраи донишгоҳ 49 маҳфил амал менамуд, ки ба онҳо зиёда аз 500 нафар донишҷӯён аъзо буданд. Кори хуби маҳфили «Иқтисодчии ҷавон»-и кафедраи ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит, маҳфили «Педагогика ва психология»-и кафедраи омӯзгорӣ ва равоншиносӣ ва маҳфили «Технологи ҷавон»-и кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳоро қайд кардан бамаврид аст. Машғулиятҳои ин маҳфилҳо саривақт ва тибқи муқаррароти мавҷуда мегузаранд. Аъзоёни маҳфили «Технологи ҷавон» (роҳбараш Фаттоев Ҳ.) дар самти истифодаи самараноки қувваи барқ корҳои инноватсоинӣ-таҷрибавиро ба роҳ мондаанд. Иштирокчиёни ин маҳфил дар озмуни ҷумҳуриявии «Навовари беҳтарин» мунтазам ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд

Пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ

Айни замон МДТ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дорои заминаи ғании моддию техникӣ буда, фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявии донишгоҳ дар 12 факултет ва 43 кафедра, дар 54 ихтисоси мавҷудбудаи таълим бо низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.

Инчунин ба сохтори донишгоҳ қисмҳои таркибии он – коллеҷи омӯзгорӣ, Муассисаи давлатии маркази таълимии касбомӯзӣ дар ноҳияи Хуросон ва гимназия низ шомил аст, ки фаъолияти онҳо дар асоси қонунҳои роиҷ ба роҳ монда шудаанд.

Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ, 372 адад кошонаҳо, аз ҷумла 179 адад синфхонаҳо, 41 адад кабинетҳои фаннӣ, 29 адад озмоишгоҳҳо, 2 адад кабинети лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдонча, 1 майдони варзишӣ дар минтақаи Дӯстии халқҳо бо масоҳати  7200м2    ва бо 2000 ҷойи нишаст мебошад. Масоҳати умумии ҳудуди донишгоҳ 100 000м2 (10,0 га) буда, айни замон сохтмони бинои нави таълимии чорошёнаи замонавӣ дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ барои 624 ҷойи нишаст идома дорад, масоҳати умумии ҳудуди он 1600м2 (0,16 га) -ро ташкил медиҳад. То имрӯз дар ин иншоот зиёда аз 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.Масоҳати таълимии биноҳои донишгоҳ зиёда аз 400 ҳазор м2 -ро ташкил медиҳад, ки барои ба таълим фарогирии  зиёда аз 15 ҳазор донишҷӯ дар ду баст рост меояд. 

Бо мақсади тақвият додани пойгоҳи моддӣ – техникӣ танҳо дар соли 2018 садорати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки  боз як бинои таълимии иловагии 4-ошёнаро дар кӯчаи С. Айнӣ то оғози соли таҳсил ба истифода диҳад.

Айни ҳол фонди китобҳои донишгоҳ 181681 нусхаро ташкил дода, китобхонаи электронии донишгоҳ ҳудуди 150000 китобро фаро мегирад. Дар семоҳаи аввали соли 2018 ба китобхонаи донишгоҳ 1033 нусха китоби нав ворид гардид, ки аз ин теъдод 869 нусхааш  ҳадяи муаллифон мебошад.

Дар донишгоҳ 14 синфхонаи компютерӣ бо 260 адад компютер муҷаҳаз гардонида шуда, дар кошонаҳои корӣ 135 адад, барои пешбурди корҳои таълим 162 адад компютер, тахтаи электронӣ 54 адад, дар маркази компютерӣ 160 адад дар маҷмӯъ 771 адад компютер мавриди истифода қарор доранд.

Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои иҷтимоӣ

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва шароити таҳсили донишҷӯёни мавриди таваҷҷуҳи хос ва дорои имкониятҳои маҳдуд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар соли таҳсили ҷорӣ дар донишгоҳ 47 нафар донишҷӯёни мавриди таваҷҷуҳи хос ва 21 нафар  донишҷӯёни дорои имкониятҳои маҳдуд таҳсил мекунанд, ки пайваста дастгирӣ мегарданд.

Баъди мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни ятими кулл (соли 2013) ва дар ин замина қабул шудани қарорҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ як қатор тадбирҳоро дар ин самт амалӣ намуда истодааст. Ба донишҷӯёни ин гурӯҳи иҷтимоӣ  ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои сиёсӣ ва миллӣ кӯмакпулиҳои якдафъаина расонида шуда,  чунин донишҷӯён аз пардохти маблағи таҳсил озод карда мешаванд ва бо идрорпули (стипендия)-и  академӣ таъмин мегарданд. Онҳо бо хобгоҳ бенавбат ва ройгон таъмин карда шуда, пайваста ба намоишҳои театрӣ ҷалб карда мешаванд. Донишҷӯён дар назди парки технологии донишгоҳ ба таври ройгон ба курсҳои омӯзиши компютерӣ фаро гирифта мешаванд. Донишгоҳ дар солҳои 2014-2015 ба ин гурӯҳи иҷтимоии донишҷӯён ноутбук ва либоси зимистона харидорӣ ва   тақдим намуд.

Ҳамзамон ДДБ ба номи Носири Хусрав сарпарастии мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба зимма дорад.

Донишгоҳ: - дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ мебошад;

- дар донишгоҳ парки технологӣ, маркази озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд;

- донишгоҳ бо зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд ва донишҷӯён дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои байналмилалӣ имконияти васеи таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, Русия ва Осиё доранд;

- дар 5 соли охир беш аз 32 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ғолиб ва ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд;

- хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар вазифаҳои роҳбарӣ ва масъулиятнок фаъолият доранд.

 Дастаи донишҷӯёни эҷодкори донишгоҳ бо номи “Леваканд” тӯли 5 сол боз дар озмуни ҷумҳуриявии “Маҳфили зарифон” ба ҳайси ғолиби озмун пазируфта шудааст.

Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф масъулини донишгоҳро водор намудааст, ки тамоми нерӯи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълим, корбасти навтарини усулҳо дар ҷараёни дарсҳо, истифодаи техника ва технологияи муосир дар раванди таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаву дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи бозори ҷаҳонии муосир ҷавобгӯ равона созанд.

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Шумо дар Фарҳанг
Шанбе, 10 Ноябр 2018 17:00

Шанбе, 10 Ноябр 2018 16:56

«ОРЗУИ МУШКИЛ»-И ЖУРНАЛИСТОН

Чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди ифшокунандаи камбудиҳо ва мушкилкушои аҳли ҷомеа буданашон журналистони тоҷик (онҳое, ки маскуни пойтахтанд) дар мавриди насби чароғак ва ё кашидани аломати пиёдагузар дар рӯ ба рӯи нашриёти «Шарқи озод» (макони асосии фаъолияташон) оҷиз мондаанд. Журналистонро аҳли ҷомеа аксар маврид чун такягоҳ эътироф намудаву муътақиданд, ки эшон дар ҳалли кулли мушкилот «дасти дароз» доранд. Далели возеҳи ин гуфта муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон ба идораи рӯзномаву ҳафтаномаҳо буда метавонад. Ағлаб вақт охирин умеди мардум дар ҳалли ин ё он мушкилот низ журналистон маҳсуб мешаванд. Набудани чароғаки роҳнамо ва ё аққалан аломати пиёдагузар (зебра) дар рӯ ба рӯи нашриёти «Шарқи озод» ба хотирам мақоли русии «музадӯз бо пойи бараҳна»-ро меорад. Шояд баъзе «ҳамадон»-ҳо баъд аз мутолиаи матлаби мазкур иддао намоянд, ки набудани чароғаки роҳнамо ва ё аломати пиёдагузар дар аксар гӯшаҳои пойтахт падидаи маъмулӣ буда, аз он «фоҷиа сохтан» чандон дуруст нест. Ба «хотири муборак»-и чунин нафарон мерасонем, ки ин мушкил воқеан ҳам ҷиддӣ маҳсуб шуда, ин мавзеъ махсусиятҳои худро дорад. Аввалан, роҳи мазкур аз масире мебошад, ки шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт хеле баланд буда, маҳз ҳамин омил сабаби ба мушкил мувоҷеҳ гардидани шаҳрвандон ҳангоми гузариш аз ин тарафи роҳ ба он ҷониб гардидааст. Аз ҷониби дигар, эътироф бояд кард, ки фарҳанги ронандагии баъзе «чобуксаворон»-и мо «ба ҳар ду по мелангад» ва онҳо шояд «муътақиданд», ки дар сурати роҳ доданашон ба пиёдагардон аз ҷониби онҳо «замин омада ба осмон мечапад». Ин аст, ки кормандону корафтодагони «Шарқи озод» барои аз роҳ гузаштан хеле мунтазирӣ мекашанду ҳангоми гузариш медонанд, ки «дар сари мижгон чу ашк истодаанд». Мутассифона, ин вазъият касеро ба ташвиш наовардаву шояд дар гӯшаи хаёли касе аз масъулин ҳам нест. Борҳо шоҳиди он будам, ки журналистони ба истилоҳ «саршинос» низ бо мушкилӣ роҳро убур менамуданд ва интизор мешудам, ки ҳатман ҳафтаи оянда оид ба ин мушкил «нигаронӣ» менамоянд. Аммо афсус… Тибқи маълумоти расмӣ, дар мамлакат теъдоди нақлиёти шахсӣ зиёда аз 500000 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда мунтазам рӯ ба афзоиш аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии кулли қишрҳои ҷомеа ба воситаҳои нақлиёт тамоми шароит, аз ҷумла заминаи қонуниро фароҳам овардааст ва маҳз ин омил боиси тамоюли афзоишро касб намудани шумораи автомобилҳо дар кишвар гардид. Дар ҳоле ки аксари кишварҳо барои воридоти воситаҳои нақлиёт, вобаста ба соли истеҳсолашон, як силсила маҳдудият ҷорӣ намудаанд, Роҳбари давлат бо такя ба арзишҳои раиятпарварӣ ин пешниҳодро, ки аз ҷониби як идда, зимни мулоқот бо соҳибкорон садо дода буд, рад намуд. Табиист, ки дар ин замина, яъне афзоиши бесобиқаи теъдоди воситаҳои нақлиёт масъулият ва вазифаҳои кормандони Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат зиёд гардида, аз онҳо тақозо мешавад, ки фаъолияташонро дар сатҳи хуб, сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳони муосир роҳандозӣ намоянд. Масъулини соҳаро лозим намеояд, ки барои ҳалли ин мушкил, яъне насби чароғаки роҳнамо ва ё кашидани аломати пиёдароҳ «Амрикои нав кашф намоянд». Муътақидам, ки амалӣ намудани иқдоми мазкур барои мақомоти фавқуззикр ягон мушкилӣ нахоҳад дошт, зеро шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки рӯз то рӯз иқтидор ва имконоти молиявии кишвар, аз ҷумла ҳаҷми маблағгузории сохторҳои фавқ афзуда, масъулин вазифадоранд, ки онро мақсаднок истифода намоянд. Итминонам комил аст, ки масъулин барои ибтикореро дар робита ба масъалаи мавриди назар амалӣ накардан баҳонаҳои зиёд, амсоли дар наздикӣ воқеъ будани роҳи зеризаминӣ, дар ин мавзеъ пешбинӣ нашудани чароғаки роҳнамо ва ё кашидани аломати пиёдароҳ пеш меоранд. Вале ҳама хуб медонем, ки ба ғайр аз марг ҳама мушкилро илоҷ аст, ба шарте завқ бошаду рисолату ваколат дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардад. Чанде пеш дар рӯбарӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 –и шаҳри Душанбе бинобар мавҷуд набудани чароғаки роҳнамо ронандаи худхоҳе, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, се нафарро пахш намуд. Дар натиҷа, хонандаи муассисаи зикршуда Карима Қурбонова дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ду нафар ҳамсабақаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст баъд аз ин ҳодиса филфавр масъулин пайи насби чароғаки роҳнамо шуда, дар як муддати кутоҳ ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт. Худо накунад, ки масъулин дар мавриди чароғаки роҳнамо ва ё кашидани пиёдароҳ дар рӯ ба рӯи «Шарқи озод» низ мунтазири чунин паёмад бошанд. Вагарна… 

Далер Мерганов, журналист

Шумо дар Нигоҳи хос
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

Яндекс.Метрика

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.