.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 01 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

4-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” шурӯъ мешавад.

Дар мусобиқа, ки то 13 ноябр идома меёбад, дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Филиппин, Тайбэйи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат мекунанд.

Дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ум 16 даста ба майдон мебароянд, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи “В” дастаҳои бонувони Эрон, Ҳонг Конг, Лубнон ворид гардидаанд, гурӯҳи “С” аз тимҳои Мянма, Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва гурӯҳи “D” аз дастаҳои Урдун, Индонезия, Фаластин ва Малдив такиб ёфтаанд.

Баъд аз натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ҳамчунин ду дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи хуб нишон медиҳанд (дар умум 10 даста) ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбекистон ва Ветнам мепайванданд.

Марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда доир мегардад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Як ҷавони 17-сола дар шаҳри Архангелск дар ғарби Русия пас аз вуруд ба дафтари Хадамоти федералии амнияти ин кишвар (ФСБ) маводи ҳамроҳи худро мунфаҷир кардаву кушта шудааст.

Дар ин ҳодиса, ки субҳи дирӯз рӯй дод, се корманди ФСБ захмӣ шудаанд. Инфиҷор ҳамчунин боиси ворид шудани хисороти ҷиддӣ ба сохтмон шудааст.

Пеш аз таркиш нафаре бо номи «Валерян Панов» дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳое дар бораи ФСБ гузошта, иддао кардааст, ки ин ниҳод барои мардум «парвандасозӣ мекунад ва онҳоро шиканҷа медиҳад", аз ин рӯ мехоҳад, ки дар он ҷо як амалиёт гузаронад.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки бар асоси далелҳои дастрасшуда ҷавони худро тарконда як сокини маҳаллӣ будааст, ки аз ӯ Михаил Жлобитский ном бурда мешавад. Модарбузурги ӯ ба расонаҳо гуфтааст, ки намедонад чаро наберааш даст ба чунин коре зада бошад: "Ӯ на машруб мехӯрду на сигор мекашид, ҳарфи бад ҳам намезад. Ҳамеша ба дарсҳояш мерафт. Аслан намефҳмам чӣ гап шуда бошад".

Шумо дар Хабари-рӯз

Аз шабакаҳои Барқи ҷануб дар минтақаи  Бохтар хабар доданд, ки аз 31 октябр аҳолии минтақаи Бохтар пура бо барқи доимӣ таъмин гардид.

Зимни тасдиқи ин хабар  сармуҳандиси шабакаҳои Барқи ҷануб дар минтақаи  Бохтар Раҷабалӣ Бояков  гуфт, ки сабаби асосии хомуш шудани барқ дар минтақа ва умуман вилоят омодагии шабакаҳои барқ ба давраи тирамоҳу зимистон буд. 

Манбаъ гуфт, алакай омодагӣ ба охир расида, аҳолӣ аз рӯзи 31 октябр пура бо барқи доимӣ таъмин гардид.

Эмомалӣ, сокини вилояти Хатлон, гуфт, ки хомуш шудани барқ тайи як моҳи охир сокинонро озурда карда буд. Аз дирӯз дигар хомуш нашудани барқ онҳоро шод кардааст.  Ҳоло ки фасли зимистон аст, мардум умед доранд, ки дигар барқ хомуш намегардаду фаслро ба хубӣ паси сар мекунанд.

Раҷабалӣ Бояков  афзуд, ки масъулони шабакаҳои Барқи ҷануб дар  минтақаи Бохтар кӯшиш мекунанд, ки аҳолиро 24 соат бо барқи хушсифат таъмин созанд, то сокинон дар фасли сармо азоб накашанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борону барф   дар назар аст.  

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, борон ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +1+6, рӯзона +10+15  ва дар шарқи ин вилоят шабона -2-7 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10  ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   шуда, борон   дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +9+14   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда,  борон ва дар баландии 2500 м арф дар назар аст. Ҳарорат шабона  ва рӯзона  ба  7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон  дар назар аст.  Шабона +7+9  ва рӯзона +11+12 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.