.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 06 Октябр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 06 Октябр 2018 13:53

САРГУЗАШТИ ЗОҒ ВА УҚОБ

Уқобе  бо зоғе хонадор шуд. Ҳарчанд ки хонадоршавиашон тасодуфӣ буд ба ҳар ҳол бо ҳам зиндагии навро оғоз намуданд. Модазоғ, ки бо зиндагии зоғона одат карда буду баланд парвоз кардан наметавонист кӯшиш мекард ҳамболи уқоб бошаду худро аз дигар зоғон баланд гирад. 

Аз як сӯ нафасаш тангӣ мекард ва аз дигар сӯ фикри кабӯтаре, ки то ин дам бо ӯ ишқу муҳаббат дошт азияташ медод.  Ӯ ошиқи деринаи кабӯтар шуда буд. Кабӯтар, ки дар тӯли каме вақт бо ӯ  изҳори муҳаббат мекард боре бо раҳнамоии модазоғ, ки  хост ба боғи васл расад дар роҳ  ҳадафи тири душманон гардидаву шаҳид шуда буд. Зоғ аз ин воқеа муддате худро нороҳат ҳис мекарду шабу рӯз сурати зебои кабӯтарро дар бағал гирифтаву оби дида мерехт. Дар чунин лаҳзаҳои мушкили зоғ  боре гузори уқоб аз назди ҳавлии зоғ афтиду аз дидани  зоғе, ки дар даст сурати зебои кабӯтар гиря мекард, дар тааҷҷуб афтод. Дилаш ба ҳоли зоғ сӯхт ва аз наздикони зоғ сабаби гиряи ӯро пурсон шуд. Чун аз наздикони зоғ қиссаи ошиқии зоғу кабӯтар, таърифи ақли расо ва зебопарастии зоғро шунид  ба ӯ мафтун шуд. Уқоби муҷаррад ва бехабар аз ишқу муҳаббат ба зоғ дил бохт ва ба ӯ изҳори муҳаббат намуд. Муддате зоғ аз таклифи уқоб худдорӣ кард ва худро вафодори ҳамон кабӯтар нишон медоду гӯё то дами марг ба ёди ӯ зистанро пешаи худ мегуфт. Уқоб бошад аз қавли худ барнамегашт, зеро ба устуворӣ ва далериву шуҷоатмандӣ одат карда буд. Ӯ оҳиста- оҳиста дили зоғро ба худ нарм намуд ва ҳарду хонадор шуданд.   Ҳамин тавр зоғ ба хонаи уқоб кӯчида омаду зиндагии якҷояи онҳо шурӯъ шуд. 

Уқоб дар фарози кӯҳҳои сарбаланду  паҳнои даштҳои васеъ парвоз мекард ва сайдҳои гуногунро, ки ба чанголаш меафтиданд, ба хона меовард. Зоғи хонашин ба зиндагии уқоб одат карда наметавонист, вале маҷбур мешуд тоқат кунад. Дар набудани уқоб зоғ ба маҳаллаи зоғон бармегашт ва гоҳе худро малика ва гоҳе шаҳбонуи давр ҳисобида бо ҳамҷинсони худ ғуруромез муносибат мекард. Ӯ рӯзи дароз бо  зоғон рафтуо менамуду бегоҳ ҳангоми баргаштани уқоб аз шикор дар остона нишаста, омадани уқобро мунтазир мешуд.  Чашмони аз оби лой ва поруолудаи зоғ дар назари уқоб  чунон менамуд, ки гӯё зоғ аз гиря варам карда бошад. Ӯ зоғро ба канор мегирифт ва дили ӯро тасаллӣ медод то бори дигар дар раҳи ӯ  ин қадар интизорӣ накашад ва ба  назди хешу ақрабои худ рафтаву каме хушҳол бошад. Зоғ аз нармдилӣ ва ишқи беандозаи уқоб истифода мекард. Дар набудани уқоб  рафтуои модазоғ ба маҳаллаи зоғон зиёд шудан гирифт ва қар-қари ҳамҷинсону ғайбату дилсиёҳӣ ба омӯзиши дарси рафтору кирдори уқобонаи  ӯ халал мерасонд. Кор ба ҷое расид, ки зоғ бо забони худ ба уқоб ҳарф мезад, уқобро баланд парвоз кардан намегузошт, чунки аз парвози шавҳараш бо уқобони дигар рашку ҳасад мебурд. Дар мурури замон уқоб аз насиҳатҳои пайвастаи занаш дилгир шуда ба хона дер-дер меомадагӣ шуд. Илоҷи аз дастони занаш раҳо шудан барояш мушкил буд, зеро аллакай дар ин асно онҳо соҳиби як фарзанд шуда буданд. Фарзанди онҳо ба уқоб хело монандӣ дошт. Пару бол ва чеҳраи уқобонаи он бо як дидан аз фарзанди уқоб буданаш дарак медод. Аммо падараш, ки ҳамеша дар шикору таъмини хӯроки онҳо саргардон буд, он бо тарбияи модараш ба воя мерасид ва хислати зоғона дар дили уқоббача ҷой гирифта буд.  Зоғ уқобро дар чашми фарзанд хело бад нишон медод. Ва боре баҳонаи ба дигар уқоб ишқварзии ӯро пеш оварду  қаҳр карда  ба маҳаллаи зоғон  рафт. Ӯ фикр мекард уқобро бо ин восита ба фармони худ медарорад. Уқоб низ аз вайроншавии оилааш метарсиду ба назди зоғ рафта ӯро ба баргаштан даъват кард. Ҳарчанд модазоғ дар дил мехост баргардад, аммо аз рӯи одат нозу нуз кардаву барнамегашт. Дар ниҳоят зоғ ва уқоб забон як карда натавонистанд ва ишқу муҳаббаташон ба поён расид. Рӯзе уқоб ба ҷойи дур сафар кард ва ба хона дигар барнагашт. 

Модазоғ сурати кабӯтарро, ки бо худ нигоҳ медошту борҳо дар назди уқоб аз садоқату вафодории ӯ ёдовар мешуд, дубора ба оғӯш гирифту намедонист ба ёди кабӯтар ё уқоб гиря кунад ба хаёл мерафт. Рӯзҳои гузашта ва дунёи бо кабӯтару уқоб буданаш дар сараш чарх мезаданд. Ӯ  аз рафтори зоғона низ каме дур шуда буд ва акнун дар тӯдаи зоғон низ зиндагиаш мушкил шуд. Аз ноилоҷи ба худ коре пайдо намуд ва дар тарбияи фарзанди хурдакаки худ машғул шуд. 

Дар макони зоғон қаҳтӣ омад. Барои таъмини кӯдак модарзоғ акнун азият мекашид ва сер кардани шиками  фарзанде, ки бо хӯроки уқобона одат карда буд, барояш мушкил шудан гирифт. Дар маҳалла қиссаи зиндагии ӯ паҳн гашта буд ва ҳамаро зоғ боварӣ кунонида буд, ки ӯ бо сабаби бадрафтории уқоб ва хиёнаташ аз ӯ ҷудо шуда аст. Достони ишқи зоғ ва уқоб вирди забонҳо шуд ва ҳамаи паррандагони гирду атроф мехостанд бо ин маликазоғ шинос шаванд. 

Начандон дур аз макони зоғон кабки дарие умр ба сар мебурд. Ин бечора кабк чаҳор чӯҷаи хурдакаке дошт ва онҳоро бе модар ба воя мерасонд. Модари чуҷаякони кабк дар доми кадом сайёде афтида буду ӯро бурдаанд ва аз ӯ дараке набуд.  Ҳамин тавр пас аз шунидани қисаи зоғ  кабк  ӯро хостгорӣ кард то барои чӯҷаяконаш модаре ғамхоре шавад. Зоғ ин дафъа ҳам каме ноз карду баъд розӣ шуд. Кабки дарӣ ҳам фарзандони худ ва ҳам фарзанди зоғро  нигоҳубин мекард. Онҳо як чӯҷаяке ба дунё оварданд. Ин дафъа ҳам чӯҷадухтари нозанини онҳо ба падараш яъне ба кабки дарӣ монанд буд. Муносибати зоғ бо кабки дарӣ чун ҳарвақта зуд тағйир ёфт. Не зоғ бо забони кабк ва не кабк бо забони зоғ ҳарф мезад. Овози зоғи сиёҳ ба гӯши кабк хело бад мерасид ва ин то ба беморӣ афтидани кабк оварда расонд.   Дере нагузашта кабки дарӣ аз бемории шадид вафот кард. Зоғ чанд муддат бо чӯҷаҳои кабк монд ва дар охир он чӯҷаҳоро, ки ҳанӯз  боли паридан надоштанд раҳо карду худ бо як уқоббача ва як кабкдухтар  ба маҳалла баргашт. 

Зоғ хело парешонхотиру рӯҳафтода зиндагӣ мекард.  Ӯ аз дасти мушкилӣ тасмим гирифт акнун ба макони дигаре кӯч бандад. Ва аз маҳаллаи зоғон фирор намуд. Аз як макон ба макони дигаре мерафт. Дар ҳама ҷо бо касе дӯстӣ мекарду дӯстиаш зуд қатъ мегардид. Билохира пас аз тай кардани роҳи тӯлонӣ ба ҷое расид, ки саросар харобазор буд аммо  парандагони гуногун дар он ҷо иқомат ихтиёр карда буданд. Зоғ  ба худ ва фарзандон ҷойи зист пайдо карду  зиндагии навро оғоз намуд. 

Солҳои зиёде сипарӣ шуданд. Фарзандони зоғ ба воя мерасиданду зоғ бошад дар  макони нав хомӯш мегашт ва аз саргузашти  худ ба касе сухан намекард. Гоҳ бо ин ё он паранда нишасту хез дошт, гаштугузор мекард, аммо ба касе дил намебохт. Ӯ дӯстиро танҳо ба хотири буд шудани кораш медонист ва дӯстонашро ҳамеша хиёнат мекард. Рӯзе ҳангоми сафараш ба ҷангал  бо гунҷишки паршикастае вохӯрд.  Гунҷишк аз сардии ҳавои тирамоҳӣ меларзид ва ҷуръати парвоз карданро надошт. Гарчанде зоғ сири дилашро аз гунҷишк пинҳон медошт, аммо  гунҷишкро  «гуфтори кабӯтарона», «рафтори уқобона» ва «хиромидани кабкона»-и зоғ хело писанд омад ва ҳамаи сири дилашро ба ӯ нақл кард. Барои зоғ маълум гардид, ки гунҷишкаки бечора борҳо ошиқ шудаву ноком монда аст. Ҳарчанд ки шоҳине то ин дам бо ӯ рафиқу ҳам бародар буду пайваста кӯмакаш мекард, вале  гунҷишк наметавонист ҳар лаҳза шоҳинро ноором созад. Аммо шоҳин пайваста аз дур гунҷишкро назора мекарду гоҳ-гоҳ аёдат мекард. Он замоне, ки гунҷишк бо зоғ ошноӣ пайдо кард аз набудани шоҳин хело вақти зиёд сипарӣ гардида буд. Зеро шоҳин боре аз хона баромадаву бедарак шуда буд. Аз ин лиҳоз   ва аз меҳнати зиёду ташвиши рӯзгор пару боли гунҷишк шикаставу нигоҳаш маҳзун буд. Ва аз дидори дубораи бародари вафодораш шоҳин ноумед шуда буд. Гунҷишк ба зоғ писанд набуд, лекин зоғ мехост, ки  гунҷишк  ӯро дӯст дорад ва доим ӯро ситоиш намояд.  Ҳамин тавр  дили гунҷишкро ба худ моил ва мафтун намуд.  Гунҷишк ба зоғ ошиқ шуд. Шабҳои дароз ёд мекарду хобаш намебурд ва  бесаброна дидори ӯро мунтазир мешуд. Ба назараш дӯстдоштааш мисоли парие менамуд, ҳатто  ранги болу пари зоғ ба назараш  чун сафедии барф метофт.           

Уқоббачаи зоғ ба воя расиду рӯзе расид, ки ба селаҳои уқобони доманаи кӯҳ пайваст ва парвоз кардаву аз назди зоғ рафт. Чӯҷадухтари кабкмонандашро рӯзе шикорчие  чашм ало карду бо худ бурд. Сину соли зоғ ҳам ба ҷое расида буд. Акнун вай на он зоғе, ки ҳаваси гуфтори кабӯтарона , рафтори уқобона ва хиромидани кабкона дошт. Балки зоғи пире буд. 

Тақдири гунҷишкак низ бо фоҷиа хотима ёфт. Дили нозуки гунҷишк ба нозу нузи беандоза ва қар-қари зоғ тоб наовардаву аз кор бозмонд. Мазори гунҷишкро зоғ дар  хокистартӯдаи сари роҳ қабул дониставу гӯраш кард. 

Зоғи пир дигар натавонист ба ҷуз аз ҳамҷинсонаш бо касе дӯстӣ кунад ва  худро  ба  селаи зоғон заду зоғона мегашт. Доғҳо ва аламҳои орзуи зиндагиашро дар дили худ пинҳон медошт, гоҳе худро ба тӯдаи партов мезад, гоҳе аз  як дарахте ба дигар дарахт аз пайи ёфтани ризқу рӯзӣ саргардон буд. То он даме, ки  шоҳини бадхашм пайдо гардид ва дарак ёфт, ки  зоғ сабабгори мурдани рафиқи азизаш гунҷишк шудааст. Шоҳин чанд рӯз барои гирифтани қассос аз зоғ дар камин нишаст. Як рӯз ҳангоми парвози зоғ шоҳин аз баландии осмонбӯс бо як шасти ғайриоддӣ ба сӯйи зоғ фуруд омад ва ӯро бо панҷаҳои  фӯлодии худ дубора бо осмон баровардаву гардани зоғро шикаст. Сипас ҷасади зоғро шоҳин ба доманаи кӯҳи баланде партофт то хӯроки мору мӯрон  гардад. Аз интиқоми худ дили шоҳин таскин ёфт, баландтару - баландтар парвозкунон ғайб зад ….. 

ФИРӮЗИ НИЗОМИДДИН

Шумо дар Ҷомеъа
Шанбе, 06 Октябр 2018 13:47

Ховалинг: Аз Мирзозода омӯзед!

Ноҳияи Ховалинг дар баробари мавзеъҳои таърихӣ ва оромгоҳҳои бузургворон доштанаш, инчунин дорои табиати фусункор мебошад. 

Ҳангоме, ки  мо чанд нафар аз дӯстон ба ин ноҳия сафар намудем, садҳо нафар одамонро дидем, ки ба зиёрати оромгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ва мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ мерафтанд. Тамошои мазори ҳазрати Султон, ки аз маркази ноҳия 17-километр қарор дорад, ҳар як бинандаро ба чашмаҳои софу мусаффо, ҳавои салқину фараҳбахш ва дарахтони гуногуни сояафканаш ба худ ҷалб менамояд. Дар пештоқи мазор навишта шудааст : « Бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст»

Ба зиёрати ин мадфангоҳ имрӯзҳо аз шаҳру навоҳои Ҷумҳурии Узбекистон меҳмонҳои бисёре меоянд. Дар маркази шаҳраки Ховалинг мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ ҷойгир аст. Ин мавзеи таърихӣ низ пайваста макони зиёрати одамон гаштааст.

Ҳар шахсе, ки меҳмони ин диёри зебоманзар мегардад, ҳатман таваҷҷуҳи ӯро мавзеи дилкаши « Чилчанор», ки дар давоми роҳбарии раиси ноҳия Мирзозода Нурулло ба худ ҳусну қабои нав гирифт, ҷалб менамояд. Дар ҳақиқат дар давоми се-чор соли охир дар ин мавзеъ, ки дар маркази ноҳия рӯи ба рӯи бинои ҳукумат ҷойгир аст, бисёр навгониҳои нав аз қабили фаввораи калон, ҳавзи шиноварӣ, катҳои ба усули шарқиёна ва монанди инҳо сохта шудаанд. 

Бегоҳ мо ба тамошои шаҳраки Ховалинг баромадем. Тамоми кӯчаҳо чароғону  мумфарш карда шуда буданд. Ба ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия дар марказ « Гулгашти ҷавонон» ва « Олами кӯдакон» ташкил карда шудааст. Мардуми шаҳрак ҳангоми суҳбат миннатдории худро нисбати раиси ноҳия баён менамуданд.

-Аз вақте ки раиси ноҳия Нурулло Мирзоев шуд, шаҳраки мо ба кулли симои худро дигар намуд,-гуфт ҳангоми суҳбат сокини шаҳрак , ки худро Раҳмоналӣ муаррифӣ намуд,- Мо ҳар бегоҳ бо ҳамроҳии дӯстонам дар назди « Гулгашти ҷавонон» ҷамъ шуда, сайру гашт менамоему ба муҷассамаи Восеъи қаҳрамон нигариста ифтихори он мекунем, ки чунин родмардони бонангу баномус зодаи ноҳияи мо мебошад.

 Ҳамон бегоҳ бо якчанд зану мардҳои ноҳия, ки фарзандонашонро ба тамошои воситаҳои гуногуни атраксионӣ оварда буданд, ҳамсуҳбат шудам.Зане, ки шодию хурсандии кӯдаконашро назорат мекард, баъди мақсади моро фаҳмидан, бо як чеҳраи кушоду хандон андешаҳояшро чунин баён намуд:

-Ҳазор раҳмат ба ташкилкунандагони ҳамин ҷо. Мо ҳар бегоҳ бо ҳамроҳии ҳамсояҳоямон баъди хӯроки шом фарзандонамонро гирифта ба ҳаминҷо меоем. Дар баробари фарзандонамон мо низ давраи кӯдакиамонро ба ёд оварда, савор шуда, «катайска» мекунем. Чанд рӯз пеш ба хонаи падарам ба ноҳияи Восеъ ба меҳмонӣ рафтем. Ҳеҷ бовариам намеояд, ки як ноҳияи калон, ки даҳ баробари Ховалинг мебошад, чунин «Олами кудакон» надошта бошад.

Дар ҳақиқат шаҳраке, ки ҳамагӣ 7,5 ҳазор аҳолӣ дорад, майдони воситаҳои атраксионӣ дошта бошаду шаҳраке, ки зиёда аз 23 ҳазор аҳолӣ дораду падару модар фарзандонашонро барои тамошо ба шаҳри Кӯлоб мебаранд, айб аст.

Баъди тамошои шаҳраки Ховалинг пешравии бисёреро мушоҳида намудем. Гулгашти хору зори шаҳраки Восеъ, ки дар паҳлуи шоҳроҳи  Душанбе-Кулоб ҷойгир аст, табъи ҳар як бинандаро хира месозад. Боғи марказии ноҳия, ки аз се тарафаш маҳкам аст, ба ғайр аз як ошхона ва хонаи саққобозӣ, ки аз давраи шуравӣ мерос монда буд, ягон ҷои ҷалбкунанда надорад. Замоне дар ин ҷо воситаҳои гуногуни атраксионӣ фаъолият мекард ва имрӯз дар ҷои он майдони хурди футбол сохтанд. Худ қазоват намоед, боғи фарҳангӣ дорои майдони гуштингирӣ, валейбол, баскетбол ва футбол мебошад, пас ҷои ҷалбкунандаи он куҷост? Ба ғайр аз коркунони боғ ягон кас вориди он намегардад. Ҳайфи чунин боғ.

Тамошои кучаҳои шаҳраки Ховалинг ба чароғҳои замонавӣ, ки истеҳсоли хитоӣ мебошанд, насб карда шудааст. Дар бунёдкории ноҳияи Ховалинг ҳиссаи соҳибкорон назаррас аст. Давоми се-чор соли охир мансабдорону соҳибкорони ноҳияи Восеъ кучаҳоро ба номи бобою падарашон гузоштанд, ки боиси норозигии сокинонаш гашта буд, аммо садои онҳоро ҳеҷ кас гӯш накард. Дар охир ба чунин хулоса омаданд, агар ҳамин тавр рафтан гирад, дар оянда номҳои Сино, Рудакӣ, Фирдавсӣ, Навоӣ ва монанди инҳоро ба номи модару холаҳояшон, ки бисёр « хизмат» карданд, мемонанд. Чи илоҷ ҳамин хел замона омадааст, ақаллан дар ободии он ҳиссагузор бошанд, ба чунин хулоса омаданд, сокинони куча.

Вақти он аст роҳбарони ноҳияи Восеъ рафта аз таҷрибаи Мирзозода Нурулло ибрат гиранду нисбати вазифаи худашон масъулиятман бошанд.

Тавре дар суҳбат раиси ноҳия иброз намуд:

-Дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.18, №АП-1059 «Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкориҳо дар давоми солҳои 2018-2021, оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида , мавриди иҷро қарор дода шудааст. Аз он ҷумла дар маркази ноҳия дар масофаи 2,4 гектар замин ба маблағи 2,5 млн сомонӣ боғи фарҳангию истироҳатӣ бунёд менамоем. Дар мавсим зиёда аз 29,5 ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ шинонидем. То ҷашни 30-солагии истиқлолият як қатор нақшаҳои назаррасе омода намудем ва дар оянда бо дастгирии фарзандони саховатпешаи ноҳия инҳоро амалӣ мегардонем. 

Мо боварӣ дорем, он бунёдкориҳое, ки шумо дар ноҳия карда истодаед, боиси таҳсини мардум айни ҳол гаштааст ва дар оянда ҳам низ шуморо ҳеҷ гоҳ мардуми шарифи Ховалинг фаромуш намекунанд.

Рӯзимади Тоҳир

Шумо дар Ҳукумат
Шанбе, 06 Октябр 2018 13:37

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ…

Забони тоҷикӣ дар тӯли қуруни зиёд шоҳиди беадад дарду ҳасрат, ҳомили пирӯзиву саодат, муршиди инсофу адолат ва қотили душманони миллат, носозгоре ба ғадру ҷаҳолат… будаву ҳаст!

Забони мо дар ҳама лаҳзаҳои гирудор, шебу фароз, баду неки рӯзгорон ҳамтақдиру ҳампойи миллат буд. Он ойинаи босафову нурполоест, ки дар вуҷуду замираш рӯҳу шукӯҳи миллат ҳувайдост, зеро нури хуршед дар ҷаҳон фош аст… ва дар арсаи ҷаҳон маҳз бо шарофату шафоъати ҳамин забон шаъну шарафи миллати тоҷикон пайдову побарҷост! Нур кай з- офтоб дур бувад…

Дар паҳнои замину замон душманони ҳасуду тангназар борҳо бо қасди зеру забар ва маҳву бенишон гардондани забони тоҷикӣ ва соҳибони он – тоҷикон кӯшидаанд. Ҳадафи аввалину барои эшон заруртарин  рабудану поймол сохтани забони ин халқ буд. Бо ин нияти нопок онҳо хазоини беназири ҷавҳари ҷони забони тоҷикӣ – китобҳои муқаддасу гаронбаҳоро ба коми оташу анҳор фиканданд ва бо ин кирдори ғосибонаи хеш, хостанд «фурӯғи субҳи донои»-ро дар пешорӯйи ин мардуми маорифпарвар тираву тор созанд. Вале, ҷигарбандону дӯстдорони забони тоҷикӣ ҷони азиз ба гарав монда, дар ҳар кӯю диёр, дар ҳар дилу манзил ин сарвати азимнафъро ба дасти эминӣ супурданд ва ба ояндагон китоби Авастову дигар осори бузургони олами маърифат ва сафаҳоти гаронмояи рангину сангини таърихи хешро ба мерос гузоштанд.

Забону хирад килки наққош дод…

Бад-ин минвол забони тоҷикиро аз марг раҳо доданд, ки бузургон дар ин маврид бисёр нуктаҳои арзишманд нигоштаанд.

Ҳар фарди мутакаллим бо ин забон ва худогоҳи тоҷикипараст онро пайваста гиромӣ дошт ва мисоли гавҳараки чашм эҳтиёташ намуд.

 Сафои ҳар чаман аз ишқи боғбон пайдост…

Ана, аз ҳамин ҷост, ки назокату фасоҳат, салосату шаҳомати забони тоҷикӣ муттасил рушд намуду ба улвияти самовӣ расид. Дар олами маърифат чи бузургонеро аз Бухорову Самарқанд то Шероз, аз Марв то Бағдод, аз Хуҷанд то Нишопур, аз Ҳулбук то Балх ва аз сарзаминҳои дигар - Ҳинду Шому Рум то ақсои олам ба воя расонд ва миёни аҳли башар тухми некию накӯкорӣ кошт. Ин забони мубориз худ ба арзи ҳол омад ва парчами таблиғ барафрошта, ҳамагонро ҳушдор дод, ки наҷоти одам танҳо дар андӯхтани маърифат аст. Ба ҳамин маънӣ одамушшуаро Устод Рӯдакӣ зиёда аз ҳазор сол муқаддам дар насиҳатномааш на танҳо ба ояндагони миллати хеш, балки ба ҳама бошандагони курраи арз муроҷиат намуд, ки:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд:

«Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!».

Ва ҳамон чароғи равшану ҷавшани ношикастанӣ, ки ба равони инсонҳо нуру сафои маърифат ва суботу матонат мебахшад, маҳз тавассути забон нурполо будааст. Ва агар забон набудиву билфарз, дар кавну макон ва давру замон  дигар будҳо (мавҷудот) будӣ, он будҳо чӣ моҳияте ҳам доштӣ?! Бидуни ҳастии забон ҳама будҳо на созанда, балки куллан харобовару сӯзанда будӣ!..

Пас аз сари Устод Рӯдакӣ абармарди дигаре – Фирдавсии муаззам тӯли сӣ сол заҳмат кашида, симу зар ва гавҳару зеваре, ки дар хазинаи тиллоии забони тоҷикӣ буд, ба тамом ҷамъаш овард ва як рақам шаҳкорие бо номи «Шоҳнома» офарида, ба таъбири худаш - «пай афканд аз назм кохе баланд», ки масили он қасре муҳташам ва маъмур аз сухан дар саросарии эҷодиёти хаттии халқҳои ҷаҳон пайдо нест:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Чу тухми суханро парокандаам…

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ, 

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!..

Баъдан, дар басотини хушманзари ин забон ҳар ҷо-ҳар ҷо гулҳои худрӯе руста, бо нафасу накҳати нотакрорашон тамоми қаламрави мамолики Эрону Тӯрон ва боқӣ сарзаминҳои Аҷамро атрафшон намуданд ва андалебони асилзоде ба арсаи вуҷуд омада, дар фазои он чаманистон боли парвоз кушуданд ва дар шохсорони ашҷори пурсамари хуррамбаҳораш нағмасароиҳо  карданд:

Бӯйи гул худ ба чаман роҳнамо шуд зи нахуст,

В-арна булбул чӣ хабар дошт, ки гулзоре ҳаст...

Хуллас, забони тоҷикӣ чун модари мушфиқ басо сухантирозони беназирро дар гулшанҳои адаби оғӯши биҳиштосояш парварид, ки эшон бо сеҳри сухан дар осори бадеъи рӯҳфизою ҷонпарвари хеш асрори азал суруда, ҳуруфи муаммои вуҷудро кушудаанд. Ҳамин тавоноӣ, саховат ва файзу баракати забони тоҷикӣ буд, ки бархе аз эшон ба дараҷаи алломаи тамоми давру замонҳо ва кулли халқони ҷаҳон расидаанд.

Аммо, дар дарозои таърих, тавре қаблан ёдовар шудам, басо хор ҳам шуд ин забон, ба сараш беадад кулфатҳо омада…

Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо,

Заҳри торих нажоде начашидаст, ки мо…

Офарин варо! Ҳалолаш бод ин азамат ба забони тоҷикӣ, ки намурдаву мурда-мурда зист ва тӯли ин ҷонбозиҳо аз бузургию ҷовидонӣ будани хеш ҳазорон бор шаҳодат дод!

Забон дод дастон, ки то растахез,

Набинад наёми маро теғи тез! 

Маҳз ҳамин бузургиаш буд, ки Мавлоно Румӣ бо савти ӯ

Бишнид зи Ҳақ каломи қудсӣ,

Овард ба мо паёми қудсӣ…

ва бо ҷавҳари ҷони забони модарии хеш Қуръони дарӣ – «Маснави»-и машҳурашро офарид:

Маснавии маънавии Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ…

Аз ин рӯ, бояд иқрор шавам: дар тавсифи забони тоҷикӣ оҷизам, то як ҳарфи бикре бигӯям, ки онро пешомадагони ман нагуфта бошанд. Бузургон бо сахову карами Худованди меҳрбон шаҳомати онро ба пояҳое расонидаанд, ки аз он болотар болое набошад дар мартаба:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд сухан ҷуз ба лафзи дарӣ.

Ва ё худ:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!

Хушбахтона, забони тоҷикӣ бо шарофати истиқлолиятро касб кардани соҳибонаш, мақоми давлатӣ гирифт ва имрӯз мо ҳамагон муваззафем, ки ҷиҳати рушду нумувви он дасти мадад мадид намоем. Аммо, мутаассифона, дар ҷомеа бисёр афроде ёфт мешаванд, ки аз андарзи зер:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

-Калиди дари ганҷи соҳибҳунар! - огоҳ нестанд. Баъзан дар суҳуфи матбуоти даврӣ, зимни барномаҳои родиёву телевизион, дар саҳнаҳои ҳунарӣ ва ё маҳфилҳои дигар суханпардозоне худнамоӣ мекунанд, ки дониставу надониста ҷо-ҷойи ҷисми мубораки ин забонро бо «санъат»-и хеш абгор месозанд. Аз мушоҳидаи ин аҳвол қалби соҳибзабонони дилсӯз, ки «Лаззати лафзи дарӣ ширинтар аст»-ро ба хубӣ эҳсос менамоянд, реш-реш мегардад, зеро,

Бо ҳамчу ӯ шикастазабоне куҷо расад

Дар маърази санош мақоми суханварӣ?!

Ҳамчунин, бадбахтона, ашхосе худгумкарда дар ину он ҷой во мехӯранд, ки бо лафзи махлуту сохтаи ғайритоҷикӣ ҳарф зада, магасафшон месозанд шаҳди суханро. Ин зайл «ҷанобон» ҳатман бояд ба дарки ин нукта бираванд, ки мо ҳамагон бояд

Забони модариро пос дорем,

Ки аз модар варо мерос дорем!

Аз ин лиҳоз, дар сухангӯӣ ҳамеша бикӯшед, то бо забони буррову фасеҳ ва гуворову дилкаш ҳарф бизанед, зеро,

Забон ширин агар ояд набот аст,

Ҳаловат бахшаду кайфи шунидан…

Танҳо дар ҳамин сурат шахси рағбатдор метавонад ба омӯзишу азбаркунии забонҳои ғайр бипардозад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад!

Биноан, дар ҳаққи он тоифа тоҷикони нотоҷик, ки нисбати забони Модару Миллати хеш носипосиҳо мекунанд, на дуои нек, балки дуои бади Устоди зиндаёд Лоиқ Шералиро раво мебинам ва аз Худованд умед дорам, ки ин дуо эшонро бигирад!

…Аз тамоми ину он гумкардагон

Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон,

З-он, ки гум карда забони модарӣ,

Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон!..

…Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!

Ва, инчунин бошад, ки теғи алмосии забон забонашон бибуррад! 

Муфаззали Аҷамрод

Шумо дар Ҷомеъа
Шанбе, 06 Октябр 2018 13:15

Гулистон – шаҳре барои зистан

Як назарпурсии мустақилонаи афкори умум шаҳри Гулистони вилояти Суғдро як шаҳри рӯ ба рушд ва мувофиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ арзёбӣ кардааст.

Ин пажӯҳиш аз сӯи коршиносони мустақил таҳти унвони  “Арзёбии фарҳанг ва меъёрҳои шаҳрдорӣ дар шаҳри Гулистон аз нигоҳи сокинони маҳаллаҳо” дар миёни сокинони ин шаҳр баргузор шудааст. Ҳадаф аз ин таҳқиқот муайян кардани афкори умум дар бораи сиёсатҳои мақомоти шаҳриву огоҳиҳо дар бораи меъёрҳои шаҳрдорӣ ва мушкилоти мавҷуда аз мавқеи сокинони оддии шаҳри Гулистон буд. 

Назарпурсӣ тайи моҳҳои августу сентябри соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои Истиқлол, Дӯстии Халқҳо ва шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон сурат гирифта, дар он 300 назардиҳанда ширкат карданд. 

Нӯъмон Раҷабзода, як масъули баргузории ин назарпурсӣ ба “Фараж” гуфт, методи тадқиқоти сотсиологӣ пурсиш ва ҳам мусоҳибаи хаттӣ буд.  Вай афзуд, қабл аз пурсиш саволномаи анкета ба ширкатдорон қироат карда шуда, баъдан онҳо пурсишномаро мустақилона тибқи назари худ ба таври хаттӣ ҷавоб гуфтанд. Вай афзуд, дастандаркорон бо роҳандозии ин тадқиқот хостанд ба тақвияти суръати корҳои ободонӣ ва ҳамчунин рушди фарҳанги шаҳрдории сокинон мусоидат кунанд. Мавсуф гуфт, ин лоиҳа маълум намуд, ки оё сокинон то куҷо меъёрҳои шаҳрдориро хуб дарк мекунанд ва аз сӯи дигар, мушкилу масъалаҳоеро мушаххас менамоянд, ки сокинон ба сифати шаҳрнишинон ба роҳ мондани кадом корҳоро аз мақомоти иҷроияи шаҳр интизор доранд.

Бино ба натиҷаҳое, ки дар натиҷаи назарсанҷии афкори умум ба даст омад, аз 300 сокини маҳаллаҳои Истиқлол, Дӯстии халқҳо ва шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон ба ин саволи аввали пурсиш – “Айни замон дар маҷмӯъ рушди корҳои ободониву созандагӣ  дар шаҳри Гулистонро чӣ гуна баҳо медиҳед?” 215 нафар (71, 6%) гуфтаанд, ки “шаҳри Гулистон ҳоло аз шаҳрҳои обод ва аз лиҳози саноатӣ ва фарҳангӣ рушдкардаи вилоят ба шумор меравад”. 52 нафар (17, 3%) бар инанд, ки “шаҳри Гулистон ҳоло дар феҳрасти миёнаи шаҳрҳои  вилоят қарор дорад”. 6 нафар (2%) гуфтаанд, “шаҳри Гулистон ҳоло дар феҳристи охир қарор дорад” ва 27 нафар (9%) мегӯянд, “аз аввали соли 2015 шаҳри Гулистон аз пешсафтарин дар миёни дигар шаҳрҳои вилоят  ба шумор меравад”.

Саволи дувуми пурсиш ин буд, ки “Шумо ҳоло дар шаҳри Гулистон зиндагӣ мекунед ва дар рушди ободонӣ ва ё шаҳрдорӣ чиро бештар мушоҳида мекунед?”. 228 нафар (76%) шаҳри Гулистонро аз шаҳрҳое меҳисобанд, ки “ҳама имконият барои кору зиндагӣ  фароҳам оварда шудааст”. 72 нафар (24%) ин назарро доранд, ки “дар шаҳри Гулистон имкониятҳои мусоид барои кору зиндагӣ мавҷуд нест”. 

Ба саволи сеюми пурсишнома – “Шумо, ки худ сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, мехоҳед дар кадоме аз ин шаҳрҳои вилоят зиндагӣ намоед?”, - 243 нафар (81%) – Гулистон, 8 нафар (2,7%) – Бӯстон, 38 нафар (12,7%) - Хуҷанд ва 11 нафар (3, 6%) шаҳраки Сайҳунро интихоб кардаанд.

Сокинони Гулистон ба саволи чаҳоруми тадқиқот дар бораи меъёр ва ё омилҳои муҳимтарини шаҳрдорӣ, ки пурсида мешуд, “Барои шаҳрдорӣ, ба андешаи Шумо, кадом меъёрҳо ва ё омилҳо муҳимтаринанд?”, 60 нафар (20%) “доштани биноҳои замонавии истиқоматии баландошёна”, 180 нафар (60%) “доштани иншоотҳои иҷтимоӣ, аз қабили боғча, мактаб, донишгоҳ, бозор, марказҳои табобатӣ, марказҳои солимгардонӣ, варзишгоҳ ва ғайра”, 12 нафар (4%) “доштани радиову телевизон” ва 48 нафар (16%) “будани нақлиёти ҷамъиятӣ - мусофирбарӣ (автобусҳо) – ро муҳим мешуморанд. 

Дар робита ба саволи чоруми пурсиши сотсиологӣ саволи панҷуми  пурсишнома матраҳ шуд: “Пас ба фикри Шумо (нуктаеро дар саволи 4 ишора карда шудааст), оё шаҳри Гулистон ин имкониятҳоро дорад?”, 205 нафар (68, 3%) гузинаи “бале, дорад”, 21 нафар (7%) “не, надорад” ва 74 нафар (24, 7%) “на ба таври кофӣ” – ро интихоб кардаанд.

Саволи охирини пурсишнома ба баҳогузории ҳолати кунунии шаҳри Гулистон тахсис меёфт, ки “роҷеъ ба ҳолати кунунии шаҳри Гулистон чӣ назар доред ва ба кадоме аз ин ҷавобҳо мувофиқед?”. 200 нафар (66, 7%) гуфтаанд, “дар шаҳри Гулистон ҳама имкониятҳои шаҳрдорӣ фароҳам оварда шудааст ва мақомоти шаҳрдорӣ пайваста барои беҳтаршавии меъёрҳои шаҳрдорӣ   кӯшиш  менамоянд”. 54 нафар (18%) бар инанд, ки “дар шаҳри Гулистон чандон имкониятҳои замонавии шаҳрдорӣ мавҷуд нест, аз ҷумла: таъминоти биноҳои баландошёна бо оби нӯшокӣ ва ё ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт”. Бақия 46 нафар (15, 3%) мегӯянд, “ҳама сохторҳои ҳукумати шаҳри Гулистон кӯшиш мекунанд, то вазифаҳои худро дар сатҳи баланд ба иҷро расонанд”.  

Гулистон, дар гузашта Қайроққум, шаҳре дар канори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон буда, 135 километри мураббаъ масоҳат ва 47300 нафар (2018) аҳолӣ дорад. 55 сол пеш - 4 январи соли 1963 ҳамчун шаҳр бо номи Қайроққум  арзи вуҷуд кардааст. 3 марти соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  Қайроққум ба Гулистон тағйири ном кард. Шаҳракҳои Консой, Навгарзан, Адрасмон, Чоруқдаррон, Зарнисор ва Сирдарё низ аз Гулистон тобеъияти маъмурӣ доранд. 

Гулистон аз оғоз як шаҳри сайёҳию истироҳатӣ ва саноатӣ буд. Солҳои 1951 — 1957 дар қаламрави он неругоҳи барқи обии "Дӯстии халқҳо" сохта шуд. Обанбори он ба номи «Баҳри тоҷик» як минтақаи фароғатӣ – истироҳатии маъруф дар Тоҷикистону хориҷ аз он ба шумор меравад. Тобистон дар канори “Баҳри тоҷик” 17 истироҳатгоҳ амал мекунанд, ки маъруфтаринашон осоишгоҳҳои "Баҳористон", "Соҳил", “Шоҳин” ва истироҳатгоҳи “Шифо” мебошанд.

Соҳаи дигаре, ки дар робита бо обанбор аз охири солҳои 60-ум ба ин сӯ дар Гулистон рушд кард, моҳипарварӣ аст.Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Моҳипарварии Гулистон» солона то 110 тонна моҳӣ ба мардум ироа мекунад. 

"Қолинҳои Қайроққум" корхонаи бузургтарини шаҳри Гулистон аст, ки ҳанӯз соли 1959 ба кор даромада, қолинҳои олисифатро истеҳсол мекунад. Соли 1974 қолинҳои ин корхона дар як намоишгоҳи байналмилалӣ дар Олмон медали тилло гирифтаанд. 

Ҳоло ҳаҷми истеҳсоли ин корхона ба 26 милион сомонӣ баробар шуда то ба дараҷаи баландтарин нишондиҳандаҳои замони Шӯравӣ расонида шудааст. 

Соли ҷорӣ аснои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ, як сехи дигари ин корхона ба истифода дода шуд, ки минбаъд ашёи хом барои истеҳсоли қолинҳо дар худи ҳамин корхона  тавлид карда мешавад. То ин замон ашёи хом барои истеҳсоли қолинҳо дар ин корхона аз кишварҳои   Эрону Туркия ва Ӯзбекистон  ворид мешуд.  Ҳоло дар ин коргоҳи нав боз наздики  70 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд. 

Дар рӯзи таҷлили 55 – солагии шаҳри Гулистон раиси шаҳр Сатториён Матлубахон Амонзода гуфт, дар зарфи 27 соли Истиқлолияти Тоҷикистон ин шаҳр ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ табдил ёфта, махсусан дар пешрафти соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши бориз ва арзандаи худро гузоштааст. Дар даврони Истиқлол теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 ба 30 адад расида, номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолӣ низ аз 13 ба 92 номгӯй зиёд шудааст.

Шаҳри Гулистон ҳоло 38 - 40 % и ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилояти Суғдро ташкил медиҳад.  Дар ҷамъи маҳсулоти истеҳсоли саноатӣ дар ҷумҳурӣ саҳми шаҳри Гулистон аз 13 то 15 % баробар мебошад.  

Дар шаҳри Гулистон  асосан саноати куҳкорӣ ривоҷ ёфтааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ -саноатии Тоҷикистону Хитой”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апреловка” ва Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди “Фаровон 1” аз маъруфтарин корхонаҳои саноатию тавлидотии  ин шаҳр ба ҳисоб мераванд.  

Солҳои охир дар шаҳри Гулистон чандин иншооти иҷтимоӣ, аз қабили осоишгоҳи истироҳатӣ - фароғатӣ, марказҳои фарҳангӣ, боғчаҳо, марказҳои тафреҳӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд, роҳҳои дохили шаҳр дар сатҳи талаботи ҷаҳони муосир барои меъёри шаҳрдорӣ таъмиру таҷдид шудаанд.  

Нӯъмон Раҷабзода, масъули лоиҳаи “Арзёбии фарҳанг ва меъёрҳои шаҳрдорӣ дар шаҳри Гулистон аз нигоҳи сокинони маҳаллаҳо” мегӯяд, афкори сокинон дар бораи шаҳрдорӣ, на фақат фарҳангу маърифати шаҳрдории онҳо, балки бинишҳои онҳо аз сиёсатҳои мақомоти иҷроияи шаҳрро низ ба намоиш мегузорад, умед аст, ки барои боз ҳам ободу зебо шудани шаҳр кӯмак мекунад.  

 

“Фараж”

Шумо дар Минтақа
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.