.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 05 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бао як қарори худ тасмим гирифтааст, ки минбаъд  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ғолиб меоянд, ҳавасманд гардонида мешаванд.

Тибқи ин қарор,   ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи  1500 сомонӣ, дуюм бо маблағи 1000 сомонӣ,  сеюм бо маблағи 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намудаанд, бо маблағи 2000  сомонӣ ҳавасманд гардонида  мешаванд.

Тибқи қарори дахлдори раиси шаҳр, барои ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо 176500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо мегардад.

Шумо дар Хабари-рӯз

11-уми октябр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд-2018»  баргузор мегардад.

Анҷумани мазкур  бахшида ба 10-солагии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳо ва имкониятҳои нав» доир мешавад.

Ташкилкунандагони Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд-2018»  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» буда, дар он дастовардҳои кунунӣ ва густариши фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни Анҷуман масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақаро муҳокима намоянд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Ин суханонро ҳозирини маҳфили шеъри форсию фаронсавӣ, ки дар сафорати Фаронса дар Душанбе баргузор гардид, миёни ҳам ва ошкоро ба унвони сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар иброз медоштанд.

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар миқёси ҷумҳурӣ рӯзи 5-уми октябр таҷлил мегардад,  дар сафорати Фаронса дар Душанбе маҳфили шеъри тоҷикию фаронсавӣ баргузор гардид.

Дар ин шоми шеър, ки бегоҳи рӯзи гузашта, 4-уми октябр, сурат гирифт, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, шоирони саршиноси тоҷик Гулрухсор Сафиева, Зулфия Атоӣ, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Раънои Мубориз, шоираи ҷавону боистеъдод Адибаи Азиз аз чакидаҳои хомаи хеш қироат намуданд. Ҳамчунин, бархе аз донишҷӯёни бахши забони фаронсавии донишкадаҳои кишвар бо иштирокашон дар маҳфил ҳусни тоза зам намуданд.

Сафири Фаронса хонум Ясмин Гуедар ҳозиринро ба базми шеъру суруд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, баргузории чунин маҳфилҳо имкон медиҳанд, ки робитаҳои фарҳанги ду кишвари ба ҳам дӯст Тоҷикистону Фаронса боз ҳам тақвият ёбанд ва мардумони онро муттаҳидтар намояд.

Маҳфили шеър хеле тоҷикона, озодона ва дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ беш аз ду соат идома ёфт. Меҳмонон болои кӯрпачаҳои зебои тоҷикӣ бароҳат нишаста, аз шеъри тоҷикию фаронсавӣ ҳаловат мебурданд. Бинои сафорат ҳам ба ин муносибат хеле зебо ва афсонавӣ оро дода шуда буд, ки аз санъати баланди зебопарастии дастандаркорон дарки олии шеъри тоҷикию фаронсавии онҳо гувоҳӣ медод.

Ровии хушсалиқа Ортиқи Қодир бо қироати шеърҳои пурмуҳтаво ва баландмазмуни шоирони классику муосири тоҷик руҳу хотири меҳмонони хориҷӣ ва ҳамватанони кишварро болида сохт.

Шумо дар Хабари-рӯз

Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ ба баррасии парвандаи марги сарбози қаторӣ Ёдгорзода Абдуқаюми 19-сола, ки рӯзи 20-уми август дар макони хидматаш ба ҳалокат расид, шуруъ хоҳад кард.

Аз Суди мазкур ба мо гуфтанд, мурофиаи аввалин рӯзи 16-уми октябр дар назар дошта шудааст ва аллакай волидони сарбози марҳум, ки  дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, дар ҷараён гузошта шудаанд.

Тибқи иттиллои Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ, парванда аз рӯи 2 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ-373 қ. 2 банди “д”«Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» ва 110 қ. 3 «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» банду баст гардида, ба суд ирсол гардидааст.

Ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба шахси гунаҳкор аз 5 то 10 ва аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Як манбаъ аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, гунаҳгори асосӣ дар парванда як нафар ҳамхизмати марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм мебошад. “Ҳамчунин, нисбати шахсони мансабдор чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ пешниҳод карда шуд ва бояд фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ масъалаи аз вазифа озод карданашонро дида барояд”.

Марҳум Ёдгорзода Абдуқаюми 19-сола баҳори имсол ихтиёран аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ба хизмати аскарӣ сафарбар карда шуд ва дар қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ванҷ адои қарзи шаҳрвандӣ мекард.

Нимаи дуюми рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон афсарони қисми ҳарбии мазкур ва намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Панҷ ҷасадашро ба наздикон расониданд ва худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.

Наздикони марҳум он замон дар суҳбат ба “Фараж” иброз дошта буданд, ки фарзандашон мавриди латукӯби шадид қарор гирифааст, вале як нафар афсар бо исми Баҳодур, ки аз майитро ҳамроҳӣ кардааст, гуфтааст, сарбоз аз баландӣ афтидааст.

Абдусалом Саломов, тағои марҳум гуфт, ҳарфҳои афсарро бовар накарданд ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани омилони марги ҷиянаш талош хоҳанд кард.

Номбурда имрӯз, 5-уми  октябр дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, итминон дорад, ки ҷиянаш мавриди латукӯби чанд нафар ҳамхизматаш қарор гирифтааст. «Вақте ҷасадро ба волидон супурданд, мақомот нагузоштанд онро кушоянд ва бишӯем. Гуфтанд, ки аллакай мурдаро шӯстаанд.Танҳо рӯяшро нишон доданд. Чун рӯяшро кушодем, ягон ҷои обод надошт, шинохтанаш номумкин буд».

Абдусалом Саломов ҳамчунин гуфт, талаб доранд, афсарони ин қисми ҳарбиро ҳам ба додгоҳ кашанд, зеро маҳз ҳамин бепарвоӣ ва бемасъулиятии эшон сабаби латукӯб ва ҳатто марги наваскарон дар қисмҳои ҳарбии кишвар мегардад. «Барои ин ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии кишвар ба таври хаттӣ муроҷиат кардем».

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.