.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 02 Октябр 2018 - || ФАРАЖ
Сешанбе, 02 Октябр 2018 15:01

Вакилон насабашонро иваз карданд

Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, чанде аз вакилони МНМО-и кишвар тағйири ному насаб кардаанд. Дар ин бора сухангӯи МН Муҳаммадато Султонов ба «Фараж» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, эшон ин амалро ба хотири арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, иҷро намуданд.

- Маҳз ба хотири гиромидошти забони давлатӣ, мо ивази ному насаб карда, забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем,- гуфтааст вакили МН Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ, ки қаблан Муртазоқулов Ҷамшед Сайдалиевич буд.

Вакили дигари МН Раҷабов Равшан Муҳитдинович, ки феълан Раҷабзода Равшани Муҳитдин шудааст, иброз доштааст: «Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Мо набояд фаромуш созем, ки бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст».

-Ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарур аст, забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намояд,-гуфтааст вакили МН Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки номи аслиаш қаблан Холиқов Ҳоким Ҳикматуллоевич будааст.

Бино ба андешаи манбаъ, вакилони Маҷлиси намояндагон хуб дарк мекунанд, ки забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз дар сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бахшида ба 150-солагии зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон, ки ҳаёти ӯ бо таърихи муборизаи халқ баҳри истиқлолияти миллӣ рабт дорад, чорабинӣ бахшида ба рӯзи мубориза бидуни зӯроварӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош суханронӣ намуда, саҳми Маҳатма Гандиро дар истиқлолияти милии Ҳиндустон хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Директори китобхонаи марказии Академияи илмҳои ба номи Индира Гандӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода гуфт, рӯзи мубориза бидуни зӯроварӣ эълон шудан дар дунё, ин як фалсафае бар муқобили ҳар гуна хушунат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ба ақидаи ӯ, як шахси оддӣ тавонист, ки бо як кишвари абарқудрати дунё мубориза барад ва ба ҳадафаш расад. “Аз он рӯзҳое, ки Маҳатма Гандӣ ҳамин иқдомро пеш гирифт, хеле тарафдорҳои зиёд дошт ва як шахси бисёр оддиву лоғар тавонист, ки бо як империяи бузурги абарқудрати дунё Британия Кабир мубориза барад ва истиқлолияти кишварашро ба даст орад. Ҳамин сабр, шикебоӣ даст накашидан аз мақсад, барнагаштан аз роҳаш буд, ки ниҳояти ҳамин мақсадаш расид”,-мегӯяд ӯ. 

Ҳамзамон, дар чорабинӣ барномаи фарҳангӣ баҳри меҳмонону тамошобинон пешкаш гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 инҷониб бо қарори Созмони милали муттаҳид рӯзи таваллуди Маҳатма Гандӣ ҳамчун рӯзи мубориза бидуни зӯроварӣ эълон шудааст, ки дар саросари дунё ҷашн гирифта мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз беш аз ҳазор нафар ҷавонӣ хатлонӣ, ки ихтиёрӣ ҷамъ омаданд, ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар гусел карда шуданд.

Ҳифзи марзу бум ва ҳимояи   Ватан қарзи  ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар ҷумҳуриамон даъвати наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ду маротиба амалӣ мешавад.

Ба хотири сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар  дар саҳни театри мусиқӣ ва мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳи  тантанавӣ доир гардид, ки дар он  ҷавонон аз  шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар даъвати тирамоҳӣ, ихтиёран ҷамъ омада буданд.  

Нахуст дар оғози чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ба сухан баромада, қайд кард, ки  ҷавонони мо бояд химоятгари манфиатҳои миллӣ бошанд, чунки «ҳифзи  Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиклолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси хар фарди ватандӯст мебошад».

Дар маросими сафарбарии наваскарон, волидайн ва ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат мераванд, баромад карда, ҳимояи ватанро ба дигарон низ талқин намуданд.

Сипас, ҳамчун рамзи кадршиносӣ ба  наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби модарони наваскарон маросими “нонгазон” бо ҷо оварда шуд.  Дар маросими сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар волидон барои адои хизмати софдилона ба фарзандони хеш дуои нек доданд.

Бо дарки масъулияти баланд имрузҳо сафи  ҷавонони ихтиёран шомили қувваҳои мусаллаҳ гардида хеле зиёд аст. Ҳамаи ин натиҷаи пешрафт дар соҳаи ҳарбӣ ва шароити хуби хизматӣ дар қисмҳои низомии мамлакат мебошад.

Базми бошукуҳи  хунармандони идораи фарҳанги  вилоят ва бахши фарҳанги шаҳри Бохтар табъи  баҳамомадагонро болида сохт ва  ҷавонон таҳти суруду охангҳои дилнишин рақсида, шукрона аз давлати тинҷу осудаи Тоҷикистон менамуданд. 

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Хабари-рӯз

Аввалин пойгоҳи интернетии тоҷикӣ вобаста ба далелсанҷӣ ба нашри натиҷаи тафтишот оғоз кард. Factcheck.tj пойгоҳи интернетиест, ки акнун ба таври ҷиддӣ ба санҷиши далелҳо ва дурустии санаду арқоми хабару матолиб дар фозои иттилоотии Тоҷикистон машғул хоҳад шуд.

Сомонаи Factcheck.tj, ки тоза ба кори худ шурӯъ кардааст, имкон медиҳад ҳар журналисте, ки ба таҳқиқот ва тафтиши хабару иттилоот машғул аст, маводҳои худро бо ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ барои нашр пешкаш намояд. Айни ҳол маводҳои сомона бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда, барои ҳар мавод идрорпулӣ муқаррар шудааст.

Рустам Гулов - яке аз муассисон ва корманди бахши техникии сомона дар сӯҳбат бо мо таъсиси чунин пойгоҳро дар фазои интернетии тоҷикӣ, ки нашри хабару иттилои бофта ва бардурӯғ зиёд ба назар мерасад, айни муддао хонд.  Ӯ аз ҷумла иброз дошт: «Ҳадафи ин сомона/лоиҳа чун дигар лоиҳаҳои далелсанҷӣ - тозатар кардани фазои иттилоотии кишвар аз иттилооти дурӯғ аст. Инчунин мо умед дорем, сомонаро ба як платформаи мусоид барои нашри маводҳои далелсанҷӣ мубаддал сохта, хабарнигорони далелсанҷро муттаҳид ва ба рӯшди ин ҷода ҳамчун жанри мустаъқил ё ақаллан қисмате аз таҳқиқотҳои журналистӣ дар кишвар мусоидат намоем. Ва бо ин роҳ ба рушди касбии журналистон, пешгирӣ аз пропаганда, ҳифзи фазои иттилоотӣ ва майнаи хонандагон аз ҳар гуна популизм ва дасткорӣ (манипуляция) саҳмгузор бошем».

Фактчек, ки аслан абзори нав ва нисбатан серталабот дар олами журналистика дониста машавад, бори аввал дар ИМА ва Бритониёи Кабир барои муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар ҷанги иттилоотӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пойгоҳ дар Гурҷистон, Украина (bez-brehni.com), Қазоқистон (Factcheсk.kz) ва чанде аз кишварҳои дигар аллакай вуҷуд дорад. Вале собиқадорони касби рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд ин абзор чандон нав нест ва дар гузашта низ ба таври васеъ аз он истифода мешуд. Аз ҷумла, журналисти тоҷик Нуриддин Қаршибоев дар шарҳи хабари пайдоиши ин пойгоҳ (Factchek.tj) дар Facebook навишт: “Далесанҷӣ тренди нав барои онҳоест, ки аз журналистикаи касбӣ огоҳ нестанд, зеро сареҳияти ахбор асли рӯзноманигорист. Далесанҷӣ - алифбои рӯзноманигорӣ аст. Ин абзор барои баланд бардоштани сифати маводҳои тадқиқотӣ муҳим буда, ҷавобгӯи усули фундаменталии журнализм мебошад. Далелҳоро пеш аз интишор санчидан лозим аст, на баъди тавзеҳи мавод! Фарқи журналистикаи касбӣ аз медиаи нав ва шабакаи иҷтимоӣ, ё ба истилоҳ “журналистикаи шаҳрвандӣ” дар ҳамин аст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мутахассисони дигари соҳа мегӯянд, пайдоиши Фактчек ҳамчун абзори нав дар журналистикаи тоҷик дар шакли кунунӣ, ки бо истифода аз дастгоҳҳо ва усулҳои муосир анҷом дода мешавад, метавон гуфт чизи нав аст. Ҳарчанд дар гузашта низ тафтиши далелу санад бо роҳҳои анъанавӣ сурат мегирифт.

Ба гуфтаи мутахасиси дигари соҳаи ВАО Иззатманд Саломаво байни далелсанҷӣ (фактчекинг) ва таъиди иттилоот (верификатсия) фарқияти ҷиддие мавҷуд аст, ҳарчанд абзорҳои техникие, ки истифода мешаванд, метавонанд шабоҳат дошта бошанд. Масалан, маводи фактчек хусусияти навгонӣ дорад, яъне он ҳама вақт баъди паҳн гаштани иттилоот анҷом дода шуда хабари нав мсозад, ҳоло он ки таъиди иттилоот (верификатсия) ба таври ҳатмӣ пеш аз нашри мавод анҷом дода мешавад.  Фактчек танҳо аз ҷониби журналисти касбӣ барои омма, вале верификатсия кори ҳатмиест, ки ҳар нафар пеш аз паҳн гаштани иттилоот барои тасдиқи он анҷом медиҳад.

Пайдоиши фактчек дар Тоҷикистон нав набошад ҳам, таваҷҷӯҳ ба он дар соли ҷорӣ бештар ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби созмонҳои журналистӣ ва ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ силсила дарсҳои омӯзишӣ ва тренингу чорабиниҳои махсус оид ба фактчек ташкил ва гузаронида мешавад. Мақсад аз ин омӯзишҳо омода ва муаррифии далелсанҷонест, ки бевосита ба ин абзор сару кор хоҳанд гирифт. Дар ҳамин росто, моҳи июни соли равон аввалин дастурамал барои таҳияи маводи Фактчек бо тарҷумаи тоҷикӣ бо маблағгузории институти “ҷомеаи кушод”- Бунёди мадад дар Тоҷикистон аз чоп баромад. Дастурамали мазкур, ки аз ҷониби мутахассиси украинӣ Александр Гороховский таҳия шудааст, акнун дар тарҷумаи Иззатманд Саломов ва зери таҳрири Хилватшоҳи Маҳмуд ба рӯйхати дастурҳои методии рӯзноманигорӣ ҳамроҳ гардид. Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабарнигорону кормандони ВАО аз пайдоиши ин пойгоҳ изҳори хушҳолӣ ва аз муассиони он миннатдорӣ намуданд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.