.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 12 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

Аз 14 то 18 октябри соли 2018 дар шаҳри Женеваи Швейтсария Ассамблеяи 139-и Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20-солагии таъсисёбии гурӯҳи геополитикии «Евразия»-и он баргузор мегардад, ки дар чорабиниҳои мазкур Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви гурӯҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии  Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф ва узви Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон Наргис Раҳмонова намояндагӣ мекунад.

Дар ин бора қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, хабар медиҳад ёвари раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма Наврӯз Қурбонзода.

24-28 марти соли 2018 дар шаҳри Женева Ассамблеяи 138-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ бо иштироки бештар аз 740 нафар намояндаи парламентҳо аз 137 кишвари олам баргузор гардида, давоми чор рӯз парламентарҳо масъалаи ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои гурезагон ва муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар кори Ассамблея узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмонова Наргис аз ҳисоби   гурӯҳи геополитикии „Евразия“ ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон пешниҳод ва интихоб гардид.

Иттиҳоди Байнипарламентӣ ҳамчун созмони ҷаҳонии муттаҳидкунандаи парламентҳои кишварҳои мустақил шинохта шуда, занон-парламентарҳо баёнгари сиёсати одилонаи гендерӣ дар ин созмони бонуфуз мақоми хоса доранд, ки узвияти аъзои Маҷлиси миллӣ Раҳмонова Наргис собитгари ин гуфтаҳо мебошад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар ин бора раиси Ҳукумати иҷроияи давлати исломии Афғонистон Абдулло Абдулло дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ироа дошт, ки феълан дар Душанбе, дар Қасри Сомон идома дорад.

Абдулло Абдулло гуфт, гуруҳҳои террористӣ аз берун маблағгузорӣ карда мешаванд.

- Мо дар якҷоягӣ бо шарикон, бахусус, давлати исломии Покистон роҳҳои мубориза бо манбаъҳои маблағгузори террористонро ҷустуҷӯ дорем. Афғонистон дар муборриза бо терроризм хеле зарари калон дида истодааст. Дар ҳудуди Афғонистон ҳамчунин, ячейкаҳои ДИИШ амал мекунанд, ки хатари боз ҳам калонтарро дарбар дорад. Онҳо бо дигар ташкилотҳои террористӣ барои ба амал баровардани амалҳои террористӣ ҳамдастӣ карда истодаанд. Терристони хуб ва бад вуҷуд надоранд, -гуфт зимни баромадаш Абдулло Абдулло.

Афғонистон айни ҳол ҳамчун давлати нозир дар ин ҷаласа ширкат дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Ҷумъа, 12 Октябр 2018 12:25

Оташсӯзӣ дар маркази Душанбе

Дар хабар аст, ки як бинои навсохт дар маркази Душанбе оташ гирифтааст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Тақрибан ним соат пеш корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз оташсӯзӣ дар бинои баландошёнае дар шафати Театри опера ва балети шаҳри Душанбе, ки дар қабати аввали он тарабхонаи туркии «Cetir usta» воқеъ аст, хабар доданд. Аксҳо аз ҷойи воқеа аз оташсӯзии ҷиддие дарак медиҳад. Ҳанӯз иттилои расмӣ дар бораи ин оташсӯзӣ ба дасти мо нарасидааст.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Марям Маилова

Шумо дар Хабари-рӯз

Як сокини шаҳри Ҳисор барои мубодилаи ғайриқонунии доллари амрикоӣ бо қарори суд 36,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ҳисор Дилшод Шароповро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мубодилаи ғайриқонунии беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ ба пули миллӣ – сомонӣ дастгир кардаанд.

Суди шаҳри Ҳисор ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 286 Кодекси ҷиноии ҶТ (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, бо роҳи харид фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаи пардохт) гунаҳкор эътироф намуда, ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Мувофиқи тағйироти қабулшуда ба моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моҳи марти соли 2016, барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии такрорӣ бо асъори хориҷӣ, дар ҳаҷми аз 8 ҳазор то 14 600 сомонӣ ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол чазо пешбинӣ шудааст.

Барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми ҷарима аз 29 ҳазору 200 сомонӣ то 43 ҳазору 800 сомонӣ ё ҷазо дар шакли аз 4 то 6 соли маҳрумият аз озодиро ташкил медиҳад.

Агар чунин қонуншиканӣ такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон тибқи маслиҳати пешакӣ ва ҳамчунин бо маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ содир шавад, пас ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 51 ҳазору 80 сомонӣ то 65 ҳазору 680 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ шудааст.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.