.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 10 Октябр 2018 - || ФАРАЖ
Чоршанбе, 10 Октябр 2018 16:24

Даргузашти адиб Нурмуҳаммад Ниёзӣ

Дар хабар аст, ки имрӯз узви Иттифоқи нависандагони кишвар, шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар синни 72-солагӣ аз дунё гузашт. Дар ин бора шоир Адибаи Хуҷандӣ дар шабакаи иҷтимоии  Фейсбук хабар дод.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд мебошад. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Аз шоирони соҳибзавқ буда, дар ашъораш асолату балоғати забони шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мекӯшад баёнгари дарди миллат ва дармонбахши он бошад, хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми армонҳои миллӣ ҳидоят кунад. Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғ. мебошад. Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил (Хуҷанд) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон кардааст.

 

Шумо дар Хабари-рӯз

Сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ва модари чор фарзанд Шаҳло Хӯҷаназарова  бо навиштани як нома аз президенти Тоҷикистон хостааст, то барои соҳиб шудани як ҳуҷраи кӯчак ба ӯ кумак намояд. Ӯ дар як мактуби пур аз дард ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагиии вазнини худ шикоят карда илтиҷо намудааст, то ӯро аз зиндаҷудоӣ бо фарзандонаш раҳо бахшад.

“...тӯли ин солҳо бидуни шавҳар фарзандонамро дар як шароити тоқатфарсои оилавӣ, яъне бидуни хонаи зист, танҳо калон кардам. Алъон фарзанди хурдиям дар синфи нӯҳ мехонад. Чун хонаи шаваҳарам ба номи холааш буд, пас аз вафоташ он ба мо нарасид ва мо бе макони зист мондем. Ҳоло оилаи мо дар чаҳор сӯй парешон аст ва ман ҳамчун модар наметавонам ҷигарбандҳоямро ҷамъ карда, зери боме зиндагӣ кунам”- менависед Шаҳло Хӯҷаназарова.

Мактуби ин сокини ноҳияи Роштқалъа ба роҳбари кишвар дар ҳоелет, ки  пештар аз ин маҳз  бо дахолати Дастгоҳи иҷроияи президент ба ӯ хона ҷой дода буданд, аммо он барои бунёди манзил тамоман мусоид нест. Ӯ аз ҷумла дар мактуби худ навиштааст: “Аз аҳволи хеш чандин маротиба ба ҳукумати ноҳияи Роштқалъа ариза дода будам, танҳо баъди дахолати Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ман ҷой барои хона доданд, аммо дар мавзеъи санглохе, ки ҳар хоросангаш баробари як ҳуҷра мебошад”.

Ҳамчунин, ин зан дар мактуби худ аз муроҷиат ба Идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Бадахшон ва посухи рад гирифтанаш хабар додааст. “…Ба  идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Бадахшон барои кӯмак муроҷиат кардам, аммо булдозер надоданд. Гуфтанд ин сангҳоро таркондан даркор, зӯри трактор намерасад. Мутаассифона арзиши хизмати таркондан хеле гарон буда, иҷозати махсус мехостааст”. 

Ҳоло ин модари бехона аз президенти кишвар хоҳиш дорад, то барои соҳиб гаштани ақалан як ҳуҷра шахсан ба ӯ кӯмак намояд, зеро ба гуфти худаш дигар ба касе умед надорад.

"Аз Шумо бо сад илтиҷо хоҳиш мекунам, ки дар Хоруғ ё Роштқалъа, ақаллан барои соҳиби як ҳуҷраи кӯчак шудан ба мо кӯмаки хешро бирасонед. Дигар аз касе умед надорем!.”

Матни пурраи мактуби Шаҳло Хӯҷаназарова ба Президент:

Ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ,  модари чаҳор фарзанд,.

АРЗИ ҲОЛ

Ҷаноби Олӣ, бо ин номаи хеш ба Шумо арз менамоям, ки ман модари чаҳор фарзанд, тӯли ин солҳо бидуни шавҳар фарзандонамро дар як шароити тоқатфарсои оилавӣ, яъне бидуни хонаи зист танҳо калон кардам. Алъон фарзанди хурдиям дар синфи нӯҳ мехонад. Чун хонаи шаваҳарам ба номи холааш буд, пас аз вафоташ он ба мо нарасид ва мо бе макони зист мондем. Ҳоло оилаи мо дар чаҳор сӯй парешон аст ва ман ҳамчун модар наметавонам ҷигарбандҳоямро ҷамъ карда, зери боме зиндагӣ кунам. Аз аҳволи хеш чандин маротиба ба ҳукумати ноҳияи Роштқалъа ариза дода будам, танҳо баъди дахолати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ман хонаҷой доданд. Аммо дар мавзеъи санглохе, ки ҳар хоросангаш баробари як ҳуҷра мебошад. Ба Идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Бадахшон барои кӯмак муроҷиат кардам, аммо булдозер надоданд. Гуфтанд ин сангҳоро таркондан даркор, зӯри трактор намерасад. Мутаассифона арзиши хизмати таркондан хеле гарон буда, иҷозати махсус мехостааст.

Хулоса хона сохта наметавонистам. Алъон як писарам дар Роштқалъа, писари дигарам дар Бартанг ва ману ду фарзанди дигарам, ки дар Хоруғ иҷоранишин будем, ба сабаби беэҳтиромӣ аз ҷониби соҳибхона онро тарк карда, ҳоло тамоман парешон ҳастем. Наметавонем бо ҳам зери як боме чун як оила зиндагӣ кунем. Чун модар дигар ин вазъиятро тоқат карда наметавонам. Аз Шумо бо сад илтиҷо хоҳиш мекунам, ки дар Хоруғ ё Роштқалъа, ақаллан барои соҳиби як ҳуҷраи кӯчак шудан ба мо кӯмаки хешро бирасонед. Дигар аз касе умед надорем.

Бо эҳтироми беандоза ва умеду боварӣ ба Шумо Шаҳло Хӯҷаназарова

ш. Хоруғ, 10 октябр 2018

Шумо дар Слайд
Чоршанбе, 10 Октябр 2018 13:27

Чаро ҳаво якбора сард шуд?

Дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сарде, ки аз тарафи Урал ба Осиёи Марказӣ   ворид шуд, вазъи ҳаво дар ҷумҳурии мо чанд рӯзи охир ноустувор гардидааст. Дар натиҷаи паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Файзобод    борон ба барфи тар мубаддал гардидааст. 

Бино ба иттилои сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева,   инчунин  гузариши борон ба барф дар қисматҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. 

«Ворид гардидани ҳавои сард аз тарафи Урал сабаби пастшавии дамои ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ шуд ва дар водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳиҳои тобеи марказ ҳаво то 10-15 дараҷа аз меъёри муқаррарӣ  паст фаромад.   Инчунин, дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард дар як қатор минтақаҳои кӯҳӣ  борон ба барф мубаддал гардид. Чунин вазъи ҳаво барои моҳи октябр   ғайримуқаррарӣ нест, зеро солҳои қаблӣ низ чунин вазъи ҳаво ба қайд гирифта шуда буд», - мегӯяд Ҷ. Байдуллоева.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 11-12 октябр  дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ карда мешавад ва эҳтимолии каму беш баландшавии дамои ҳаво дар назар  аст. 13 октябр  боз дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сард дар ҷумҳурӣ бориш дар назар буда, эҳтимол дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ    борон ба барф мубаддал гардад.

Акс аз вазъи ҳавои дирӯзи Файзобод

 

Шумо дар Хабари-рӯз
Чоршанбе, 10 Октябр 2018 10:15

Фестивали «Чакан» дар Душанбе

Кумитаи рушди сайҳӣ хабар медиҳад, ки аз 11 то 14-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад.

Гуфта мешавад, ки ин Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи фестивал суҳбату  вохӯриҳо бо иштироки ҳунармандони кишвар доир мегардад.

Рӯзҳои 13-14 октябр аз соати 10:00 то 18:00  дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоишу фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон ташкил карда мешаванд.

Дар Фестивал зиёда аз 100 нафар ҳунарманд аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ ширкат мекунанд.

Дар ин рӯзҳо шаҳрвандону меҳмонон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти ҳунармандони дохилию хориҷиро доранд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.