.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Файзобод - мулки ориён

Март 19, 2018 Диданд: 339
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Файзобод таърихи куҳан дошта, нахуст бо номи Вашгирд шинохта шудааст. Имрӯз натанҳо фарҳанги қадимаи он побарҷост, балки дар партави истиқлол рӯ бар нумӯст. Аввалин ёддошти Файзобод то асри XVI бо номи «Вашгирд» дар сарчашмаҳои таърихӣ, дар «Авесто» ба гунаи «Vaesa.krta» омадааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ он ба шакли Виса, Висагирд ё Висаган дар асоси рухдодҳои даврони шоҳ Афросиёб тасвир шудааст. Номи шаҳрро ба исми Пирони Вис - вазири шоҳ Афросиёб нисбат медиҳанд.

Дар ҳуҷҷатнигории суғдӣ аз кушк дар куҳи Муғ (аввали асри VIII) шаҳр ба гунаи Вашгирт ва ё Вашкирд ёд мешавад. Дар «Ҳудуд-ул-олам» ба шакли «Wēškird» омадааст.
Аз рӯи баъзе маълумотҳо, нимаи аввали асри VII Вашгирд маркази яке аз ҳавзаҳои Хуталон буд. Дар марзи вилояти Вашгирд бо шаҳри Хуталон Тамлийат рӯди Вахш ҷорӣ буд, ки тавассути он дар асрҳои миёна «Пули Сангин» васл ёфт ва он Вашгирдро бо Хуталон мепайваст. Ин пул ҳанӯз то давраи Искандар арзи ҳастӣ дошт ва дар сарчашмаҳо ёд мешавад. Масофа аз «Пули Сангин» то Вашгирд дар асрҳои миёна дурӯза роҳ буд.
Дар асри X шаҳри Вашгирд бо масоҳат аз Шумон васеътар ва баробар ба Термиз буд. Шаҳр дар майдони куҳҳо ва даштҳо ҷойгир буд, ки онҷо шамол ба таври доимӣ мевазид.
Асри XII дар Вашгирд девораҳои машҳур, муҷассамаҳои аҷиби қадим бо ҳарфҳои алифбо, ки ин ҷо аз аввали исломдорӣ истифода мешуданду китобнигорӣ, мавҷуд буданд. Одамон аз кишварҳои мухталиф инҷо меомаданд ва дар ин макон матнҳои қадимтарину шеърҳои орифона пайдо шуданд.
Қароргоҳи Вашгирдро дар ҷойи Файзобод ва бо он шаҳрчаи Қалъаи Сангин ё Талли Шоҳҷӯр (ғолибан Боғи Мирӣ) мешуморанд, ки дар канори дарёи Элок ва деҳаи Сари Мазор паҳно дорад.
Шаҳрак тақрибан 80 гектарро фарогир буда, қабатҳои поёнтарини он аз фарҳанг ва таърихи қадимтарин дарак медиҳад. Нақшаи геометрии рости шаҳрак шаҳодати фаҳму дарки баланди мардуми бунёдгар буда, Силсила ва Шаҳристон аз деворҳои пурқувват ва паноҳгоҳ иборат буданд. Дар тарафи шарқ куҳҳои сершумори сарбафалак боқӣ мондаанд, ки девораҳои машҳурро мемонанд, он чӣ ки дар асри XII-и Ас-Сомонӣ ва "Ҳафтсад аспсавор"-и асри нуҳи Ал-Яқубӣ ёддошт мешаванд.
Дар наздикии шаҳраки Қалъаи Сангин Оромгоҳи бузурги асримиёнагӣ мавҷуд аст, ки мадфани поки Хоҷа Абу Абдураҳмон Ҳотам ибни Қувайн ал-Асам инҷост. Мазори суфии машҳури Балхӣ дар асри IХ Ҳотам ал-Асам дар сарчашмаҳои асри XVII ёдрас гардидааст. Ӯ шогирди суфии машҳуру маҳбуб Шақиқи Балхӣ дониста мешавад, ки дар Вашгирд соли 852 вафот кардааст. Оромгоҳи Шақиқи Балхӣ дар Вашгирд асри X машҳур буд. Он баъдан ба Балх интиқол дода шуд.
Ноҳияи Файзобод 14-уми июни соли 1931 бо Қарори №32-и Ҳукумати вақти Тоҷикистон таҳти назари Нусратулло Махсум ва котиби Кумитаи марказӣ А. Зиннатшоев ташкил ёфт. Он аз деҳоти Хуҷамард, Гумбулоқ, Дубеда, Деҳишоҳ, Шолипая, Норак, Чақалӣ, Меҳроҷӣ ва Яккабед иборат буд, ки қаблан ба минтақаи Янгибозор дохил мешуданд. Маркази ноҳия деҳи Дарғиён муқаррар гашт.
Қалъаи Сангин - бузургтарин ёдгории қабл аз милоди ин сарзамини таърихӣ зикр мешавад. Ҳамонгуна, ки дар китоби «Файзобод (Вашгирд) - ёдгори Ориё» аз қалами донишманди ҳушманд Ҷамолиддин Саидзода бо истинод ба «Ҳудуд-ул-олам» оварда шудааст: «Вашгирд шаҳрест устувор, андар миёни куҳ ва саҳро ниҳода ба ҳадди миёни Чағониён ва Хатлон». Ба тасвири Фирдавсӣ:
Чу Шингону чун Тирмиду Висагирд,
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.
Вашгирд ва таърихи он дар «Шоҳнома»-и безавол таҷассум ёфта, аз қадимтарин маконҳои аҷдодист, ки тамаддуни куҳан дорад. Дар «Шоҳнома» оид ба даврони салтанати Шоҳ Фаридун бунёд ёфтани ин макону қасру кӯшки он ва муҳташам доир гаштани базмҳои ҷамшедиву Наврӯзи Аҷаму машҳур буданаш маълумоти возеҳ оварда шудааст. Аммо, ҳамон гуна, ки мунаққидон менигоранд, таърихи ин диёри куҳистони тоҷик ҳамвора яксон набудааст. Хусусан, баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ва рӯйи кор омадани давлатҳои бегонатабори Ғазнавиён, Салҷуқиён ва ғайра мардум зери тазйиқу фишори гуногун қарор гирифта буданд. Ин нукта дар осори устод Айнӣ рӯшан қаламдод шудааст. Дар хусуси таърихи ғанӣ ва фарҳангу тамаддуни қавии он дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ маълумотҳои саҳеҳ оварда шудааст.
Аҳолии Файзободи куҳандиёр 94500 нафар (то соли 2016 - тоҷикон) аҳолӣ дошта, масоҳаташ 874,11 км2 ва маркази маъмурияш шаҳраки Файзобод аст, ки 50 км шарқтар аз шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст. Ҳудуди ноҳия дар ҳавзаи болооби дарёи Элок (шохоби чапи Кофарниҳон) ва соҳили рости дарёи Вахшу обанбори Норак, бо сарзамине 874,11 км² дар водии Рашт ҷой гирифтааст. Файзобод дар шимол ва ғарб бо ноҳияи Ваҳдат, дар шарқ бо ноҳияи Роғун, дар ҷануб бо ноҳияҳои Норак ва Балҷувони вилояти Хатлон пайванд мегирад.
Файзобод диёри куҳсор буда, қисми шимоли ғарбиро нишебиҳои ҷанубу шарқии қаторкуҳи Қаротегин (баландиаш то 3000-3500 метр) ва қисми ҷануби шарқиро Сурхкуҳ (2500 - 3000 метр) ишғол кардаанд. Дар байни ин куҳҳо ҷамоатҳои деҳоти Қалъаидашт, Мискинобод (баландиаш аз сатҳи баҳр 1100-1700 метр) воқеанд. Дар ноҳия чашмаҳои обашон аз пайвастгиҳои химиявӣ бой (Файзобод, Қӯруғ) мавҷуданд. Оби чашмаи деҳаи Меҳробод (номи пештарааш Гумбулоқ) ҳамчун оби минералии нӯшокии «Файзобод» машҳур аст. Иқлими ноҳия вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Сардии ҳаво нимаи зимистон 20° - 26° буда, тобистон 33°- 38° гарм аст.
Файзобод чун шаҳрак соли 2000-ум мақоми нав пайдо кард, ки ҷамоати он маркази маъмурии ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мардуми меҳнатқарину ростин ва озодманиши он баҳри ободии диёр бо касбу кори манфиатбор машғули деҳқониву кишоварзӣ буда, мазраи сабзи онҳо - чӣ киштзору чӣ боғоти самар аз решаи ҷону тани пирони рӯзгор хону хонадони халқро ғанӣ мегардонад. Калонтарин дарёи ноҳия Элок аст. Сарҳади ҷанубию шарқии ноҳия қад-қади дарёи Вахшу обанбори Норак мегузарад. Дар заминҳои болооби ҳудуди деҳоти Қалъаидашту Мискинобод мармарак, ғазна, бобуна, роҳдавак, тахач, асалришқа, чойкаҳак, хуч, зелол, арчахорак, чаҳир, бӯимодарон, испанд, маҳмил мерӯянд, ки ҳама давогиянд. Дар рустоҳои ҷамоати деҳоти Мискинобод ва дараҳои Хамисавра, Яккабед, Тахтаҳо, Ҷавчӣ ва дигар деҳаҳо чормағз, олуча, дӯлона, бодоми талхак, санҷид, себ, туғ, настаран, камол, ангури сагак, рӯян, дӯлонахорак, биҳӣ ва заранг бисёранд.
Шоир хеле бамаврид гуфта:
Файз хезад доимо аз хоки Файзободи ман,
Файзи Файзобод бошад хонаи ободи ман.
Дар асл ҳам ин диёри нозанин ва боду ҳавояш дилнишин маркази илму фан ва қадамҷойи орифону аҳли фарҳангу суханофарону эъҷозгарони барӯманд аст. Бино ба андешаву афкори Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд. Дар домани ин куҳандиёр манзараҳои зебову камназир зиёд буда, захираҳои сайёҳии ҳудуди ноҳия ба тарғибу ташвиқ ва сохтмони инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ниёз доранд».
Файзобод низ чун соири гӯшаҳои куҳистони Тоҷикистон рушду нумуъ мекунад. Аҳли фазлу родмардон ва адибону донишмандону фарҳангиёне чун Мирзохоҷа Шоев, Сафаралӣ Раҷабов, Бозор Собир, Ҳикмат Ризо, Темур Собир, Усмон Шарифзода, Теша Раҷаб, Сайқали Самеъ, Равшани Ёрмуҳаммад, Исо Раҳим, Раҷабалӣ Аҳмад, Муҳаммад Юсуф, Ҷӯрабек Муъмин, Зиёзода Таваралии Нозимпур, Урватуллои Тоир, Нигинаи Рауф, Дӯстмурод Алӣ, Қиёмиддин Чақалзода, Муҳаррамаи Шариф, Маликаи Саидзод ва дигарон фахри диёр ва ин сарзаминанд.
Миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик аз қадиммулайём бо маданияту фарҳанги шаҳрсозиву шаҳрдориву шаҳрнишинӣ шуҳрати калон дорад. Шаҳру вилоятҳои бузурги тоҷикон дорои намунаҳои беҳтарини санъати меъморӣ ҳисоб ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамуданд. Тоҷикон аз азал на танҳо дар тамаддуни шаҳрофариву шаҳрдории олам, балки дар маданияту фарҳанги заминсозиву истифодаи босамари он, боғдориву кишоварзӣ ва ободкориву хайру сахо дар ақсои ҷаҳон ному мақом пайдо кардаанд. Вашгирди қадим аз шаҳрҳои бонуфузи бостонист, ки дар тамаддун ва таърихи миллат нақш ва мақоми хоса дорад.
Роҳбарияти Ҳукумати кишвар баҳри ободии ин сарзамини аҷдодӣ ҷаҳди ҳамешагӣ дошта, ҳадаф ин аст, то тавонем барои шукуфоии Тоҷикистони азиз ва ояндаи рушани насли навамон заминаи беҳтаре фароҳам орем. Айни замон дар Файзободи файзбор мардуми созандаву ободкор хотири хуррамӣ ба эъмори иншооти хурду бузург ва боғоту кишоварзӣ машғуланд. Хусусан илму фарҳанг пеш меравад ва мардуми меҳнатқарини диёр, чӣ марду чӣ зан, пиру барно барои пешрафти сарзамини аҷдодии хеш талош меварзанд. Худованд ба ин мардуми барӯманд обу хоку ҳаво ва табиати беҳамторо насиб гардонидааст, ки неъматест бемисол. Дар асл ҳам «Неъмате беҳтар зи Истиқлол нест…» ва муҳаббат ба диёр аст, ки мардуми шарафмандро барои беҳбудбахшии вазъи рӯзгор, таъриху осори мондагор ва амали некӯ талқин месозад.

«САМАК»

 

Тағйироти охир Душанбе, 19 Март 2018 16:23
Хонданд 339
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.