.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Хуросон аст инҷо!

Март 10, 2018 Хонданд: 368
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ноҳияи Хуросон соли 1936 ва аз нав 28-уми апрели соли 1983 бо номи ноҳияи Ильич ташкил шуда, аз 12-уми марти соли 1992 номи ноҳияи Ғозималикро гирифта буд. Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми феврали соли 2004, №503 номи ноҳияи Ғозималик ба ноҳияи Хуросон тағйир дода шуд.

Масоҳати ноҳия 896,1 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Марказаш шаҳраки Обикиик буда, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км ва аз шаҳри Бохтар дар масофаи 40 км ҷойгир аст. Ноҳия дар қисми шимолии қаторкуҳҳои Ғозималик ҷойгир буда, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Ёвон ва ба номи А. Ҷомӣ, аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Бохтар ва Дустӣ, аз ҷониби шимол бо ноҳияи ба номи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад.
Аҳолии ноҳия 110300 нафар аст, ки аз он 54928 нафар мардҳо ва 55372 нафар занон мебошанд. Тоҷикон 84379 нафар, ӯзбекҳо 25868 нафар ва дигар миллатҳо 53 нафарро ташкил медиҳанд. Ба 1-уми январи соли 2018 номгӯи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия чунин аст: Ҷамоати шаҳраки Обикиик (8668 нафар), Ҷамоати Фахробод (13313 нафар), Ҷамоати Ғаллаобод (21358 нафар), Ҷамоати Ҳилолӣ (19303 нафар), Ҷамоати С. Айнӣ (28342 нафар), Ҷамоати Қизилқалъа (19306 нафар).
Масъалаҳои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодию созандаи мардум ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар ноҳия зери дастгирии пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, дар ноҳия 1 кохи фарҳангӣ, 4 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 1 китобхонаи марказии ноҳиявӣ, 16 китобхонаи деҳотӣ, 1 китобхонаи бачагона, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 мактаби санъати бачагона ва ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» ба аҳолии ноҳия хизмати маънавию фарҳангӣ мерасонанд. Дар соли 2017 аз ҷониби кормандони китобхонаҳои оммавӣ 287 чорабиниҳо, аз ҷониби кормандони хонаҳои фарҳангӣ 398 чорабинӣ, мактаби мусиқӣ - 15 адад, осорхона - 11 адад ва дар маҷмуъ 711 чорабиниҳо гузаронида шудаанд.
Маркази ноҳия тамоми фасли сол тозаву озода буда, биноҳои хуштарҳи ҳозиразамон қомат афрохтаанд, ки бешак ба ҳусни кӯчаҳо ҳусни дигар зам мекунанд. Яке аз биноҳои замонавии зебо меҳмонхонаи “Рамзи Хуросон” аст, ки метавонад бо тамоми шароит ба меҳмонону сайёҳон хизмат расонад. Ҳамзамон, тарҳи хушсимои бинои “Кохи Хуросон” низ лоиқи таҳсин аст.
Ҳунар ва ҳунармандӣ маҳсули хираду дасти инсон буда, муаррифгари миллат, таъриху фарҳанг, табиату зебоипарастиҳо ва шинохти кишвар аст. “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидидани соли 2018 агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад. Аз ин хотир, 28-уми январи соли равон дар боғи фарҳангӣ ва истироҳатии ноҳияи Хуросон ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ҷашни Сада ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо ҳунарҳои мардумии худ, аз қабили зочабофӣ, гулдӯзивӣ чакандӯзӣ, рағҷабофӣ, шерозбофӣ, кулолгарӣ, қаламзанӣ, тоқидӯзӣ, ҷуроббофӣ, дуредгарӣ, устогӣ дар чӯб, косаву табақтарошӣ, оҳангарон бошанд, тешаву табар, дос, бел, афзору асбоби асп, зини асп ва ғайраҳоро ба маърази намоиш гузоштанд. Намоиши маҳсулоти дӯзандагӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кандакориву оҳангарӣ нишонаи он аст, ки мардуми ноҳия аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ бархӯрдоранд.
Инчунин, миёнаҳои моҳи феврали соли равон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Асадуллоев бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сехи қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, либосҳои миллӣ ва дӯхтани либосҳои мактабӣ ба истифода дода шуд. Дар саҳни сехи номбурда маҳсули дастони занону бонувони ҳунарманди ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда, меҳмонону иштирокдорони чорабинӣ аз намоишгоҳ дидан карданд. Дар чорабинӣ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон Азим ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз занону духтарон дар саросари кишвар ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ рӯ овардаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Хуросон ба масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, адрасу атласбофӣ, дӯзандагию сӯзанидӯзӣ ва кашидадӯзӣ эътибори хоса зоҳир мегардад. Исмоилова Саидбегим дар ноҳия ҳамчун чевари гулдӯз ва тарроҳи либосҳои миллӣ шинохта шуда, дар ҳамаи озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъолона мекунад. Либосҳои тайёрнамудаи ин зани ҳунармандро имрӯзҳо дар тани гулдухтарони зебои тоҷик мебинем ва офаринҳо мегӯем. Ҳамин заҳматҳои ӯ буд, ки аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оила соли 2016 ба Исмоилова Саидбегим гранти молиявӣ супориданд. Аз ин маблағҳо истифода бурда, ӯ ба духтарони ноҳия бофтани адрасро момӯзад.
Инчунин, миёни аҳолии ноҳия устоҳои мумтозе ҳастанд, ки маҳсулоти ниёзи мардумро бо сифати хубу нархи дастрас муҳайё месозанд. Солиев Тоҳир дар байни мардум ҳамчун челонгар шинохта шудааст. Ҳунари Тоҳир кор бо оҳан аст, ки аз ин маснуот барои ниёзи мардум маҳсулот меофарад, аз қабили дар, панҷара ва ғайра. Абдуллоев Амиралӣ бошад, ҳунари чӯбтарошӣ дошта, байни мардум ҳамчун устои коркарди чӯб шинохта шудааст. Ӯ аз маснуоти чӯбӣ бозичаҳо, кат, мизу курсиҳои замонавӣ, болопӯши хона, муҳраҳои шоҳмот, маҳсулоти ниёзи мардум месозад ва эҷод мекунад. Эмомназаров Салоҳиддин низ дар байни мардум ҳамчун устои чӯбтарош шинохта шудааст. Ҳамин ҳунари ӯ буд, ки соли 2009 аз ҷониби ширкати хориҷии «Кент»-и Ҷумҳурии Олмон ӯро ба шаҳри Кемеровои Федератсияи Русия барои таҷрибаомӯзӣ равон карданд. Салоҳиддин баъди бозгашт ҳунари чӯбтароширо бо усулҳои ҷадид сайқал дода, ба шогирдонаш меомӯзонад. Толибов Файзалӣ бошад, дар ноҳия ҳамчун устои ҳунарманди созҳои миллӣ шинохта шудааст. Ӯ ин ҳунарашро аз устодаш Ӯсто Наим Додоҷонов аз ҷавонӣ омӯхта, чандин сол боз ба тайёр намудани асбобҳои миллӣ, аз қабили дутор, тор, думбра, ғиҷҷак ва дигар асбобҳои халқӣ машғул аст.
Номбар кардани кулли ҳунармандони ноҳияи Хуросон инҷо имкон надорад. Танҳо ҳаминро метавон илова намуд, ки онҳо воқеан сарсупурдаи касби хешанд ва то ҷое, ки метавонанд, дар рушди ноҳия саҳм мегузоранду офарин мешунаванд. Раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло ҳам дар як табрикоти худ ба муносибати ҷашни Рӯзи Меҳргон гуфта буд: «Мо бо майлу иродаи мардум роҳи ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтаем, ки дар чунин ҷомеа ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмину танзим мешавад. Барои расидан ба ин ҳадаф мо худшиносии шаҳрвандиеро вусъат мебахшем, ки ба арзишҳои миллии худамон, ҳифзу гиромидошти анъанаву суннатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии деринаи миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ асос ёфта бошад».
Хулоса ин аст, ки бо ин ҳама дороиҳои ҳунарӣ, мардуми сарбаланди ноҳияи Хуросон имкон доранд меҳмонону сайёҳонро ба таври шоиста пешвоз бигиранд ва дилпурона бигӯянд:
- Хуросон аст инҷо!

«САМАК»

Тағйироти охир Шанбе, 10 Март 2018 10:04
Хонданд 368
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.