.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Ман ҷони ғариба мебарам Дилварзин… (АКС)

Март 03, 2018 Хонданд: 636
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Фотеҳ Абдулло (Ардамеҳр) дар ҷое гуфта: «Шоир аз деҳ хезаду шеър аз шаҳр». Ба ин монанд, дар як сафари кӯтоҳе, ки ман ба ноҳияи Мастчоҳи нав доштам, ба зиёрати хоки азизоне рафтам, ки бо ҳунар, истеъдод, номуси ватандорӣ ангуштнамо шуданд. Садои бисёре аз онҳоро дар Душанбе шуниданд, эътироф карданд, каф кӯфтанд. Вале, дар ниҳоят, онҳо ҷони ғарибро ба Дилварзин оварданду барои ҷовидонӣ дар ин хок хуфтанд.

Дар хобҳои парешон тез-тез симои устоди азизам - Муҳаммадзамони Солеҳро медидам. Ҳамоно сигор бароям муроот мекард ва лабханд зада, мегуфт:
- Эй марди Худо, маъюс мабош!
Шери Мастчоҳ - Мӯсо Исоевро ҳамагӣ як бор ё ду бор дида будам ва дар хотирам ҳамон лаҳҷаи ширину «Бобо»-гӯиҳояш монда. Ният доранд ва ваъда карданд, ки барояш оромгоҳе месозанд, ки лоиқ ба ҳамон унвони гузоштаи мардум - «Шери Мастчоҳ» бошад. Аллакай дар ин маврид тасмим гирифта шудааст ва даст ба коранд.
Устод Мулло Боқиро ғойибона медонистам ва дар зиндагӣ ба дидорашон мушарраф нашуда будам. Эшон аввалин рӯзноманигор аз Мастчоҳ ҳастанд, ба қавле «аламбардор»-и ин пеша дар ин ноҳия.
Ҳампешаам, корманди телевизиони Тоҷикистон Олимҷон Абдуловро боре дар зиндагиаш надида будам. Аз ҳасрату нолаҳои ҷигарсӯзи падараш - устоди равоншод Карим Абдулов, ки баъди марги ӯ дойираҳои адабии Хуҷанд холӣ монд, шунида будам. Ҳамин қадар медонистам, ки мисли Мӯсо замони ҷанги шаҳрвандӣ тирборонаш кардаанд.
Шоири ҷавонмарг Қувватбеки Давлатро ҳам шахсан намешинохтам. Ҳамин қадар медонистам, ки ҷавонмарг рафтааст. Дар сабки Бозор Собир шеър менавишт ва ин байти зебо моли ӯ аст:
Кӣ хабар бурд, ки аз меҳри ту сар печидам?
Мор гардад раҳу дар пои хабарбар печад.
Чӣ гуна метавон табассуми ҳамешагӣ, хушгуфторию ҷавонмардии журналист Абдураззоқ Салимзодаро, ки ҳамагӣ як ошёна боло аз ман, дар нашрияи «Минбари халқ» ба ҳайси котиби масъул кор мекард, фаромӯш намуд? Бародараш, ки моро ҳамраҳӣ мекард, сари оромгоҳаш ба як ҳузни ҷигарсӯзе гуфт:
- Ана, бародари мо ин ҷойро интихоб карду ором хуфтааст…
Дар Мастчоҳ одати хубе роҳандозӣ шудааст, ки на дар ҳама минтақаҳо ҳаст. Масалан дар Панҷакенту Айнӣ. Ин ҳам бошад, аёдати барҷомондагону пирон аст. Райиси ноҳия Ғайрат Азиззода ҳатто рӯзи махсуси аёдат дорад. Меравад, ҳоли эшонро мепурсад ва то қадри имкон кӯмакашон мекунад. Бо азизон ба зиёрати чанд нафар, аз ҷумла волидайни дӯсти дурафтодаам Шоҳмансури Шоҳмирзо рафтем. Волидайн ёдат кардаанд, Шоҳмансур… Вақте гуфтам, ки дӯсти айёми донишҷӯиат ҳастам, чашмони модар дурахшид…
Он шаб бо устод Олимхон Исматӣ ва чанде аз дӯстони дигар дар хонаи Муродуллои азиз то субҳ аз хотираҳою аз ёдгораҳои умр гуфтему хандидем. Аз устод Олимхон чанд хотираю латифаҳои намакинро ҳам ба ёдгор гирифтам.
Хулоса, сафари кӯтаҳе буд, дар Мастчоҳи он субҳ дар оғӯши тумани ғафсу барфи наврехта хуфта, аммо чандин дӯсту бародар бароям арзонӣ дошту хотираҳои ширини гузаштаро бедор кард…
Сипос, ба азизоне чун Ғайрат Азиззода, Дилшод Зокирзода, Олимхон Исматӣ, Ҳасан Боқӣ, Муродулло Почозода, устод Сайидшо Акрамов, пайвандони устод Сангини Гулзод, Ҷӯра Юсуфӣ ва дигарон, ки ин як рӯзи фаромӯшношуданиеро бароям ҳадя карданд…

 

 

Хуршед АТОВУЛЛО,
Душанбе - Мастчоҳи нав - Душанбе

Тағйироти охир Шанбе, 03 Март 2018 17:01
Хонданд 636
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.