.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Панҷрӯд - Маккаи ҳаводорони шеъри форсӣ-тоҷикӣ

Фев 24, 2018 Хонданд: 510
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддини Айнӣ ҳанӯз соли 1924 дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳамасрон ва баъдинагонро бо устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ошно намуда, то рӯзҳои охири ҳаёташ аз пайи ҷустуҷӯи оромгоҳи ӯ буд. Маҳз бо талошу кӯшишҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Панҷрӯд ҳамчун зодгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рудакӣ эътироф шуд. Вале аз дарёфти зодгоҳи устод то муайян намудани ҷои қабри ӯ ва баъдан бунёди мақбара ҳанӯз роҳи тӯлонӣ дар пеш буд.
Антропологи машҳур М. Герасимов дар китоби «Таҷрибаи барқарор намудани симои ҳуҷҷатӣ аз рӯи скелет аз Панҷрӯд», ки соли 1958 дар Душанбе нашр шудааст, аз мулоқоташ бо устод Айнӣ ёд оварда, навиштааст, ки соли 1939 дар Хонаи олимони Маскав ман дар мавзуи «Асосҳои барқарор намудани чеҳра аз рӯи косахонаи сар» лексия мехондам. Баъди анҷоми машварат маро бо Садриддини Айнӣ шинос карданд. Ӯ ба кори ман таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард, ҳаққонияти симоҳои шахсони таърихии барқарорнамудаамро пурсид ва афсӯс хӯрд, ки дастони ман ба устухонҳои шахсиятҳои бузурги фарҳанги тоҷикон нарасидааст. Гуфт, ки чи хуб мешуд агар симои барқароршудаи сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро медидам. Афсӯс, ки ҷои қабри ӯ ҳанӯз номаълум аст.
Дар ҷавоб М. Герасимов гуфта, ки «Шумо донандаи бисёр хуби таърихи халқи худ ҳастед, наход дар бораи ҷои қабри Рӯдакӣ маълумоти мушаххасе пайдо накунед? Тавре Шумо мегӯед, ӯ шоири бузург буд, ҳамасронаш ӯро медонистанд ва халқ ӯро ёд дорад. Садриддини Айнӣ маро гӯш кард, вале чизе нагуфт».
Соли 1940 мақолаи устод Айнӣ - «Қабри Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд» (шумораи №5-и маҷаллаи «Шарқи Сурх») ба нашр расид ва ӯ аз рӯи тазкираҳо, хотираҳои мардум муайян намуд, ки қабри устод Рӯдакӣ ба эҳтимоли қавӣ дар деҳаи Панҷрӯд, дар гӯшаи боғе, ки мардум ҳанӯз ҳамчун мазор ном мебаранд, воқеъ аст.
14-уми июни соли 1955 қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили ҷашни 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба тасвиб расид ва дар ин замина омодагӣ ба таҷлили ҷашн, аз ҷумла муайян намудани ҷои қабри устод ва баъдан бунёди мақбара оғоз ёфт.
Моҳи августи соли 1956 аз номи раиси кумитаи ташкилии ҷашн Мирзо Турсунзода ба антрополог М. Герасимов номае ирсол гардида, аз ӯ дархост намуда буд, ки дар ҷои қабри эҳтимолии устод ҳафриёт гузаронида, дар сурати пайдо кардани скелет симои ӯ барқарор карда шавад.
18-уми ноябри соли 1956 М. Герасимов ба Сталинобод ва 23-юми ноябр ҳамроҳи Р. Амонов, фолклоршинос ва мутарҷими гуруҳ (баъдан академик), В. Ранов, бостоншинос (баъдан доктори илми таърих), Маҳмудов (кишваршиноси маҳаллӣ) ба Панҷрӯд омаданд ва ҷустуҷӯю ҳафриёти қабри устод Рӯдакӣ оғоз шуд.
Баъди таҳқиқи фарзияҳо, гумону шубҳаҳои зиёд қабри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷое, ки дар асоси мадракҳои гуногун устод Айнӣ пешбинӣ ва пешгӯӣ карда буд, яъне дар гӯшаи қабристони қадима пайдо карда шуда, устухонҳои ӯ баъди 1100 сол ёфт шуданд. Зимнан, маросими ҳафриёт ва бозёфти скелети устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамон вақт ба навор гирифта буданд.
Устухонҳои ёфтшуда нахуст дар Панҷрӯд, баъдан дар Душанбе коркард шуданд.
29-уми ноябри соли 1956 дар машварати якҷояи кумитаи тадорукоти ҷашн ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон антрополог М. Герасимов оид ба натиҷаи таҳқиқот ва дарёфти қабри устод Рӯдакӣ гузориш дод ва бо далелҳои зиёд собит намуд, ки дар қабри ёфташуда маҳз Одамушшуаро мадфун аст.
Ниҳоят, моҳи апрели соли 1957 симои барқароршудаи устод Рӯдакӣ дар шакли нимпайкара дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Маскав ба намоиш гузошта шуд.
Чун ҷои қабри устод мушаххас шуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши №212/р аз 19-уми августи соли 1957 барои сохтмони мақбара дар Панҷрӯд ва осорхона дар Панҷаканд 2 миллион рубл ҷудо намуд. Вале корҳои сохтмонӣ дар ҷои қабри устод тибқи тарҳи меъмори варзида Макуха Александр Иванович аллакай оғоз шуда буданд.
Мақбара тимсоли чунин иншооти дар Осиёи Миёна ва Эрон мавҷуда таҳрезӣ шуда, баландии он аз таҳкурсӣ то нуқтаи ниҳоии гунбад 12 метрро ташкил медод ва бо мармари кабудчатоб рӯйпӯш шуда буд. Қабри бо мармари сафед рӯйпӯшшудаи устод дар маркази он ҷойгир буд. Дар ҳошияи гаҷандуди дохили гунбад байтҳои машҳури устод бо хати зебои настаълиқ ҳаккокӣ шуд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Гунбади мақбара бо тунукаи ғафси оҳанин рӯйпӯш гардид. Даромадгоҳи он дарвозаи панҷарагини чӯянӣ дошт. Барои бунёди мақбара беҳтарин устоҳо аз Душанбе, Ӯротеппа, Хуҷанд, Самарқанд, Панҷаканд ҷалб гардида, садҳо нафар сокинони деҳаҳои дараи Киштуд (ҳоло ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯ) ба бинокорон кӯмак мерасониданд. Роҳбарони вақти ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия пайваста кори онҳоро назорат мекарданд.
Дар кӯтоҳтарин фурсат бинои мақбара, роҳрави дароз аз дарвоза то даромадгоҳи оромгоҳ, боғе, ки ҳоло мавҷуд аст, бунёд шуданд ва 8-уми октябри соли 1958 комиссияи давлатӣ онро қабул намуд. Сохтмони бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷаканд низ баробари мақбара анҷом ёфт.
18-уми октябри соли 1958 бо иштироки роҳбарони ҷумҳурӣ, намояндагону олимон аз кулли ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва мамолики Шарқ 1100-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд таҷлил шуд. Аз ин пас Панҷрӯд ва оромгоҳи устод ба Маккаи ҳаводорони ашъори нахустшоири номвари олами шеъри тоҷикӣ-форсӣ табдил гардид. Нахустсафари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент низ аз зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ оғоз ёфт. Ин боздидҳо аз пайи худ самари нек оварданд. Бинои мақбараи устод ҳарчанд дар замони худ бо сифати олӣ бунёд шуда буд, вале нафосати аслии худро оҳиста-оҳиста гум мекард ва барои тармими шикасту рехти он тӯли солҳои зиёд кори ҷолибе ҳам иҷро намешуд. Муҳимтар аз ин, мақбара шаҳоматеро, ки Одамушшуаро дошт, ифода намекард. Бо дастури Президенти кишвар солҳои 1997-1998, агарчи вазъи сиёсии мамлакат ором набуд, мақбараи устод бо тарҳи нав, ки тимсоли оромгоҳи Исмоили Сомонӣ аст, аз нав тармим гардид. Бо хишти пухта тибқи анъанаҳои меъмории гузашта деворро бардошта, болои он гунбадро устувор карданд. Дохили мақбара зиёд тағйир хӯрда буд. Дар мармари сафедранги болои қабр қунияи устод бо хати форсӣ сабт шуд. Дарвозаи даромадгоҳи мақбара бо чӯб кандакорӣ гашта, болои он дар мармар лавҳае устувор намуданд. Ҳамчунин бинои чойхона, китобхона ва осорхонаи назди мақбара таъмиру тармим гардид.
Баъдан, солҳои 2003-2004 бо супориши Сардори давлат боғи назди мақбара аз нав тарҳрезӣ шуда, дар гӯшаи он меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карданд.
Омодагиҳо ба таҷлили 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо ташаббуси Президентамон Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 оғоз ёфт, барои азнавсозии мақбара ва ободонии зодгоҳи шоир имконияту шароити созгор фароҳам овард. Бинои мақбара бо маблағгузории буҷети ҷумҳурӣ тарҳи нав касб кард. Мақбара бо назардошт ва истифодаи анъанаҳои меъмории мақбараҳо ва дигар иншооти таърихии Осиёи Миёна ва умуман Хуросони таърихӣ тарҳрезӣ гардида, шакли ҳаштгӯшаи гунбазпӯшро дорад. Ҳамаи тарафҳои бино дар як шакл тарҳрезӣ ва анъанаҳои қадимаи меъмории «Пештоқ», «Равоқ», «Ҳашттоқ», «Ҷуфттоқ» дар сохт ва ороиши мақбара устодона истифода шудаанд. Дохили мақбара нисбат ба пешина хеле барҳавост, гунбади бузург бо анъанаҳои классикӣ гаҷкорӣ ва болои ҳашт сутун устувор шудааст. Қабрро бо мармари кабуду сиёҳчатоб рӯйкаш намудаанд. Гунбад аз берун бо лавҳаҳои махсуси осмониранги баланд пӯшида шуда, нисбати гунбади мақбараи пешина калонтару бошаҳоматтар ба назар мерасад.
Ҳоло ҳаводорон ва зоирони оромгоҳи устод Рӯдакӣ нахуст аз дарвозаи кандакорӣ ворид шуда, тавассути роҳрави зинапоядори мармарин ба ҷониби мақбара раҳсипор мешаванд, ки ду тарафи он гулу сабзазор буда, дар ҷониби чап боғи зебое ҷойгир аст. Дар оғози боғ осорхона ва китобхонаи сохташон ҳозирзамон ва дуртар аз он ҷо меҳмонхона ва чойхонаи дуқабатаи бо нақшу нигори миллӣ ороишёфта назаррабоӣ мекунанд.
Ба ифтихори ҷашнвораи устод тарафи рости дарёчаи Уреҷ, ки чанд сол муқаддам селроҳа гардида буд, обод ва боғи зебое бунёд ва нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар пояи мармарин гузошта шудааст.
Кори дигаре, ки ба ифтихори ҷашнвораи устод бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардид, таъсис ёфтани муассисаи давлати Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд мебошад. Ин маҷмаи оромгоҳи устод чойхона, меҳмонхона, китобхона, осорхона, боғи соҳили рости дарёчаи Уреҷро фаро гирифта, барои нигоҳдорию муаррифии устод барои зоирони ватанию хориҷӣ имконияти созгор фароҳам меорад.

Т. СОЛЕҲЗОДА

Тағйироти охир Шанбе, 24 Феврал 2018 15:51
Хонданд 510
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.