.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Панҷакент - шаҳри мардуми тамаддунсоз

Фев 24, 2018 Диданд: 345
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Шаҳри Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ чун Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, оромгоҳи саромади адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори Ҳафткӯлу Кӯли Калон ва дигар мавзеъҳои зебо кайҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷию дохилӣ қарор гирифтааст.
Дар солҳои истиқлолияти кишвар бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намои шаҳри бостонӣ бо бунёди иншооти таъиноташ гуногун оростаю пероста гардид. Ба ин маънӣ нақш ва ҷойгоҳи шаҳри Панҷакент дар пиёда намудани ҳадафҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муҳим арзёбӣ мешавад.
Шаҳри Панҷакент бо таърихи ғановатманд ва мавқеи ҷуғрофӣ низ аз минтақаҳои муҳими мамлакат маҳсуб меёбад. Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздидҳояшон аз Панҷакент борҳо таъкид намуда, аз ҷумла гуфтаанд, ки «мардуми Панҷакент фарҳангдӯст ва тамаддунсозанд». Воқеан, ҳини боздидҳо Пешвои муаззами миллат борҳо аз шаҳраки бостонии Саразм, оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дидан карда, маҳз бо пуштибонию дастгириашон шаҳраки бостонии Саразм мамнуъгоҳи таърихӣ - бостоншиносӣ эълон шуда, соли 2010-ум ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил гашта, атрофи он панҷарабандӣ ва панҷ мавзеи ҳафриёт болопӯш карда шуд. Ҳоло корҳои омодагӣ барои ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид намудани шаҳристони Панҷакенти қадим идома дорад.
Аз пайи ҳамин боздидҳои Пешвои миллат оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд бо тарҳи нав, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷдид гардид, роҳи Айнӣ - Панҷакент азнавсозӣ шуд ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ хатти баландшиддати барқии Айнӣ-Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
То ҷашни Наврӯзи Аҷам дар шаҳр бинои хуштарҳи Маркази ҷавонон, гулгашт бо тарҳи нави муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, кӯдакистони нав, варзишгоҳи марказии шаҳр баъди таҷдид ба истифода пешкаш мешаванд.
Ёдгориҳои беназири таърихие, ки зикрашон рафт ва манзараҳои нотакрори табиати Панҷакент худ ифодагари муҳтавои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳастанд.
Дар ҷашни Сада, ки охири моҳи гузашта дар гулгашти Рӯдакии шаҳр бо риояи ҳама суннатҳои қадимӣ таҷлил шуд, садҳо нафар ҳунармандони Панҷакент, хоса бонувон, намунаҳои ҳунарҳои мардумиро низ ба намоиш гузоштанд. Зардӯзиҳои зебо, кашидадӯзӣ, атласу адрас, гилемҳои дастибоф, рӯйҷо, сӯзанӣ, қуроқдӯзӣ, асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои мисин, маҳсулоти гуногуни оҳангарӣ ва кандакорӣ бозгӯкунандаи ҳунари волои мардум буданд, ки дар доираи нақшаи амалӣ намудани ҳадафҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳия кардааст, рушд хоҳанд ёфт. Дар заминаи ин ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳони хориҷӣ, ки боздидашон аз Панҷакент сол то сол меафзояд, армуғонҳои зебо, ки муаррифгари таъриху фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик хоҳанд буд, таҳия кардан мумкин аст.
Зимнан, ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи беш аз панҷ ҳазорсола дорад ва инро бозёфтҳои нодири аз ҳафриёти шаҳраки бостонии Саразм ва шаҳристони Панҷакенти қадим ёфтшуда собит менамоянд. Ду сол муқаддам дар ҳафриёти қалъаи Санҷаршоҳ, ки ёдгории асрҳои 5-7-и милодӣ аст, бори нахуст намунаи либоси пашмин ёфт шуд, ки бо ҳунари воло бофта ва дӯхта шудааст.
Гузаштагони мардуми ин сарзамин ҳанӯз аз қадимзамон ба ҳунармандӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ машғул будаанд. Аз ин ҷост, ки бостоншиносон шаҳраки бостонии Саразмро яке аз марказҳои пайдоиши тамаддуни ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозӣ унвон кардаанд.
Аз ҷониби Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 барои ташаккули ин соҳаҳо, аз ҷумла бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, ба ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани аҳолӣ, хоса бонувон, мавриди хуб аст.
Барои ҷалби сайёҳон ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиат заруранд, вале ҳанӯз кофӣ нестанд. Ба ҳамин хотир, дар Панҷакент бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ, ки шумораашон ҳоло ба 11 адад расидааст ва соҳибкорон солҳои охир меҳмонхонаю нуқтаҳои хӯроки умумӣ, чойхонаҳо бо нақшу нигори миллӣ бунёд гардида, хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия карда мешаванд. Ҳоло дар ду мавзеи мавриди таваҷҷуҳи бештари сайёҳон - Ҳафткӯл ва Кӯли калон пойгоҳҳои нисбатан муҷаҳҳази пазироии сайёҳон ва куҳнавардон амал мекунанд.
Аслан, сайёҳӣ соҳаест, ки рушди он ба кишвар бевосита ё бавосита сармоя ворид мекунад. Бо рушди он даҳҳо нафарро ба кор ҷалб намуда, соҳиби даромад гардонидан мумкин аст. Аз ин таҷриба дар Панҷакент, ки мавриди таваҷҷуҳи бештари сайёҳон аст, солҳо боз кор мегиранд. Аз ҷумла, даҳҳо нафар сокинони деҳаҳои куҳистони ҳудуди шаҳр аз хизматрасонӣ ба сайёҳон дар хатсайрҳои куҳӣ даромад мегиранд. Аз хизмат ба сайёҳон меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, соҳибони нақлиёти мусофирбар низ суд мебаранд.
Бо ҷалби бештари сокинони шаҳр, соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони минтақаҳои пазироӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон дар хатсайрҳои куҳӣ, омода намудани армуғон аз ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон ҳам ҷойҳои нави корӣ, ҳам даромад аз ин соҳа бештар хоҳад шуд. Ин таҷриба дар шаҳри Панҷакент роиҷ аст ва мо онро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ хоҳем дод.
Тавре ёдовар шудем, анъанаҳои ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи куҳан доранд ва мо имрӯз онҳоро бо усулҳои замонавӣ рушд медиҳем. Ҳоло дар шаҳр сию се марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрас ва қолинбофӣ бо ҷалби шасту ду нафар устодон ва дусаду наваду ҳашт нафар шогирдон амал мекунанд. Чунин маҳфилҳо дар муассисаҳои таълимии иловагии шаҳр низ фаъолият доранд. Дар таъсиси онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кӯмаки амалӣ мерасонад.
Таҷрибаи таъсиси чунин марказҳо собит намуд, ки харидорони маҳсулоти онҳо кам нестанд. Соли гузашта беш аз чор ҳазор метр атласу адрас ва беш аз сад метри мураббаъ қолинҳои истеҳсоли ин марказҳо ба фурӯш рафтааст. Ба ин васила даҳҳо нафар бонувон соҳиби ҳунар ва манбаи таъмини рӯзгорашон шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати бунёди коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон тадбирҳои амалӣ меандешад. Бонувони ҳунарманди шаҳр бо дарёфти грантҳои президентӣ ва раиси вилояти Суғд коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ бунёд кардаанд. Дар бинои хуштарҳи Маркази ҷавонон, ки ҳоло бунёд мешавад, барои ташкили устохонаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани созҳои миллӣ низ ҷудо кардани ҷой пешбинӣ шудааст.
Ҳоло нафаси сабзи фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай ба машом мерасад. Сокинони шаҳри Панҷакент бо омодагӣ ба киштукор, оростаю пероста намудани роҳу кӯчаҳо, хонаю дари худ ин иди миллиро пазироӣ мекунанд. Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Наврӯзи имсола намоишгоҳи бузурги ҳунарҳои мардумӣ ва пазироии ҳаводорони саёҳат ба ин шаҳри бостонии тоҷикон хоҳад буд.

Ислом ШАФЕИЁН,
раиси шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ

Тағйироти охир Шанбе, 24 Феврал 2018 15:47
Хонданд 345
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.