.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Нурафшони Раштонзамин

Фев 24, 2018 Хонданд: 310
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Хома ба даст гирифта, мехоҳем аз самимият ва муҳаббати хеш, дар бораи садоқати ҷавонмарди инсондӯст ва саховатпеша, инсони хоксору фурӯтан ва роҳбари арзанда, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ чизе нависем.
Дар зиндагӣ бисёр муяссар гардидааст, ки бо шахсону одамони касбу кори гуногун рӯ ба рӯ оем ва дар ҳар мавриде аз мавзуҳои гуногун гуфтугӯ дошта бошем. Ва гоҳо шудааст, ки бо як суҳбат, салом ё нигоҳи хотирмоне аз он устод назаре ба некӣ ёдамон мондааст. Ҳамчунон мешавад, ки бо одамони дорои хулқу ихлоси фарқкунанда, инсони покниҳод вомехӯрем.
Лоиқзода Қаноатшо Холиқ. Ин ном ба муаррифӣ ниёз надорад. Ин ном худаш воқеан ҳам лоиқ аст. Таърихи ҷаҳонӣ номҳоеро дар ёд дорад, ки дар зеҳни мардум ҳазорсолаҳо ба ёд мондаанд. Лоиқзода Қаноатшо таърихи зиндаи миллати бофарҳанг аст. Ӯ одоби бисёр баланд дорад. Дар кадом вазифае, ки кор накарда бошад, баъди рафтани солҳои дароз аз пирони барнодил ва ҳамкоронаш доимо пурсида ва аз аҳволи онҳо пурсон ва кӯмакрасон мешавад.
Бо вуҷуди ҷавониаш, ҳамеша ҳангоми дар вазифаҳои роҳбарӣ, аз қабили директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, директори омӯзишгоҳ, раиси ҷамоати деҳот, ҳамоҳангсози Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва муовини раиси ноҳия кор карданаш ба корҳои ободкорию созандагӣ даст зада, барои ҳамсолон ва насли наврас раҳкушою раҳнамо буд. Самараи содиқонаву софдилона фаъолият карданаш буд, ки имрӯз Лоиқзода Қаноатшо роҳбарии ноҳияро бар дӯш дорад ва мактаби бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гузаштааст. Дар вазифаҳои масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд сол кор кард.
- Хоҳӣ, ки дар ҷомеа соҳиби обрӯ гардӣ, ҳамеша ҳамсозу ҳамнафасу ҳамрадифи мардум бош. Ё ин ки, ҳамеша якрӯ бояд буд,- мегӯяд Лоиқзода Қаноатшо.
Имрӯз бо ифтихор ва сарбаландӣ мегӯем, ки Лоиқзода Қаноатшо барои мардум, аҳли илму ҳунар, зиёиён, ҷавонони кишварамон шахсияти хеле шинохта ва маҳбуб буда, ҳамчун арбоби намоёни давлатӣ баҳри амалӣ гаштани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми таҷриба ва нерӯи бузурги сиёсиву ҷаъмиятии худро равона менамояд.
Зиндагинома ва таҷрибаи бойи Лоиқзода Қаноатшо барои насли имрӯза мактаби хос ва барои ояндагон роҳнамо аст. Мо дар симои ин марди нексиришту пуркор, ҷӯяндаву навовар шахсиятеро мебинем, ки тамоми нерӯ, истеъдод ва дониши худро дар хидмати ватани маҳбуб ва диёраш сарф менамояд.
- Инсони комил ва донишманд,- мегӯяд Лоиқзода Қаноатшо,- ҳамон шахсест, ки бо мардум якҷо шуда кор мекунаду аз мардум намегурезад, ғами миллату давлатро мехӯрад, баҳри ҷомеа меҳнати содиқонаву софдилона мекунад, бомаърифат, хайрхоҳу некхоҳи мардум аст.
Лоиқзода Қаноатшо марди дарёдил аст. Дар сиёсати кунунии давлати тозабунёд ин гуна шахсони боҷасорат, нексиришту некбин ва оқилу фарзона ангуштшуморанд. Ӯ ҳама суханҳои ростро ба рӯи инсон мегӯяд, баъзан талх аст, аммо рост ва ширинанд, зеро ӯ сухангӯй буда, шеърҳои шоирони классикро бисёр медонад ва дар суҳбатҳояш истифода мебарад. Ҷавонмардии ӯро кулли сиёсатмадорон медонанду эҳтиромаш мекунанд. Орзуи онро мекунем, ки устод Лоиқзода Қаноатшо ҳамеша дар болои сари мо сиҳату саломат ва нигаҳбони мо бошанд.
Ба устоди азизу падари маънавиямон солимии бардавом, саодатмандии рӯзгор ва комёбию сарбаландӣ орзу менамоем. Имрӯзҳо ин инсони наҷиб, сиёсатмадори ҷавони мамлакат Лоиқзода Қаноатшои Холиқ чилу ҳафтсола мешавад ва ин шахси бузургро ба шарафи иди камолот аз сидқи дил табрику таҳният гуфта, ба он кас фақат саломатии мустаҳкам, бахту иқболи безавол таманно менамоем.
Ба ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта:
Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!
Зиёрат КИРОМЗОДА, рӯзноманигор,
Зарина ИДИЕВА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт

Тағйироти охир Шанбе, 24 Феврал 2018 14:02
Хонданд 310
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.