.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Ноҳияи Рӯдакӣ: Диёри мардуми ҳунарманд

Фев 10, 2018 Диданд: 440
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ноҳияи Рӯдакӣ 17-уми сентябри соли 1927 таъсис ёфта, дар самти ҷануби Тоҷикистон, дар водии Ҳисор ҷой гирифтааст. Номи аввалаи ноҳия Лақай - Тоҷик буд. 21-уми январи соли 1935 ба ноҳияи Кӯктош табдил дода шуду ба ҳайати вилояти Ҳисор ва пасон соли 1939 ба ҳайати вилояти Сталинобод шомил гардида, дар таъриху имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаҳои зиёде ворид сохта, байни навоҳии водӣ мавқеи хосро ишғол кардааст.

Доманакуҳҳои сабзу хуррам, дарёҳо, майдонҳои васеи киштзор дар ҳамсоягӣ бо вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб ва дар марзи водии зарнисори Ҳисор ҷой гирифтану атрофи пойтахти мамлакати азиз - шаҳри Душанберо иҳота намуда, дар шафати кишвари ҳамфарҳанги Ӯзбекистон будан барои зисти мардуми диёр шароити мусоид фароҳам овардааст.
Мавзеъҳои нотакрори ҳавзаи Кофарниҳон, шаршараи Мағмуруд, чашмаҳои Шуриён, обу боғҳои «Бибихурум» ва мавзеи “Гулзор”, ҷангалзорҳои атрофи ғори «Чилтан», «Нови паҳн»-и қаторкуҳҳои Ғозималик, бӯстонсаройҳои Сарикиштии пойину боло, ангури ҷавси Роҳатӣ, меваҳои Рангон, сабзавоти Қуштеппа, гӯсфандҳои зоти тоҷикии Эсанбой, аспҳои зоти тоҷикии хоҷагии «Асппарвар»-и Султонобод, гармхонаю гулҳои Қуштеппа ва Чимтеппа низ ба ифтихороти мардуми ноҳия мансубанд.
Сарчашмаҳои таърихию бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари минтақаҳои ноҳия, мисоли Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Теппаи Самарқанд, Чоргултеппа, Тоҷхон, Бачамазорсой, Масҷиди сангӣ, Қарияи Камар, Кӯктош, Чортеппа, Мортеппа, Шайнак, Кампирқалъа, Эсанбой, Хоҷабулбулон, Қалъаи Кофарниҳон, Хоҷа бехоб ва «Намозгаҳ» мавҷудияти ҳазорсолаҳо ва таърихи бою қадима доранд.
Осори таърихии Чоргултеппа ҳамчун сукунатгоҳи одамони асрҳои 9-12-и мелодӣ муаррифӣ шудааст. Ёдгориҳои таърихии деҳаҳои «Олӣ совет» ва «Болшевик» осори мадании асрҳои 11-12 буда, ҳавзаи осорҳои таърихии Бачамазорсой ҳудуди деҳаҳои атрофи Масҷиди Сангиро дар бар гирифта, бозёфтҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки одамон аз аҳди Кушониён то замони истилои араб дар ин ҷо зиндагӣ мекардаанд.
Аз тадқиқотҳои илмии Масҷиди Сангӣ бармеояд, ки дар ин маъбад якчанд тамаддун - буддоӣ, зардуштӣ ва исломӣ маҳфуз аст. Комплекси археологии Стаханов, ки номи қадимаю аслиаш Санги Кабуд аст, шаҳодат ба макони зист будани ин мавзеъ ва густариши феодализм дар асрҳои 6-8 аст. Бузургтарин осори таърихии он даврон санги мазори ин деҳа аст, ки ҳоло бо номи Санги Кабуд вуҷуд дорад.
Тибқи маълумотҳое, ки аз китобҳои «Бобурнома»-и Заҳириддин Бобур, «Шарафномаи шоҳӣ»-и Ҳофизи Таниш, «Зафарнома»-и Шаофиддини Яздӣ, «Матлаъ-ус-саъдайн» ва «Маҷолис-ус-баҳрайн» бармеоянд, асрҳои 14-18 диёри мо дар аҳди сулолаҳои Шайбониён, Аштархонӣ ва Манғитиҳо қарор доштааст.
Ноҳияи имрӯзаи Рӯдакӣ то аввалҳои асри 20 ба амлокдориҳои Кӯктош, Султонобод, Шуриён ва тамоми тарафи рости дарёи Кофарниҳонаш ба ҳайати амлокдории Душанбе дохил шуда, дар аҳди бекигарии Ҳисори тобеи Бухоро қарор дошт.
Ноҳияи Рӯдакӣ дар тобеияти водии Ҳисор таърихи куҳан ва тӯлоние дораду то имрӯз осорҳои он маҳфуз ҳастанд. Ба 1-уми январи соли 2015 дар ҳудуди ноҳия мувофиқ ба омори бахши фарҳанг 36 ёдгориҳои гуногуни таъриху фарҳанг ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар ҳудуди деҳоти Чортеппа 9 ёдгорӣ, дар Чоргултеппа 5, дар деҳоти Сарикиштӣ ва Гулистон 4-тогӣ, дар деҳоти Зайнабобод, Чимтеппа ва Россия 2-тогӣ, дар деҳоти Лоҳур, Эсанбой ва Роҳатӣ яктогӣ ёдгориҳои таъриху фарҳанг ба қайд гирифта шудаанд.
Қадимтарин ёдгориҳо «Теппаи Мавлоно» дар деҳоти Гулистон ва Кампир-теппаю харобаҳои шаҳри қадимаи Кампирқалъа дар деҳоти Чортеппа аз давраҳои асрҳои 1 ва 2-и пеш аз милод то замони мо маҳфуз мондаанд.
Бо мақсади гирдоварӣ, омӯзиш ва ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои ҷузъии таъриху фарҳанг, маҳз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2007 дар шаҳраки Сомониён - маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бо номи шоири халқӣ Абдукарим Қурбонов кушода шуд, ки имрӯз дорои зиёда аз 1000 нигораҳои таърихӣ-кишваршиносӣ мебошад. Дар байни ин экспонатҳо хуми калони ба асрҳои то милод тааллуқдошта ва кӯзачаи кулолии аз қабристони деҳаи Шайнаки Чинор (аз тарафи омӯзгор Одинаев Сулаймон) ёфтшуда аз ҳама қадимтарин ба ҳисоб мераванд.
Воқеаҳои зиёд ва асосиро ноҳияи Рӯдакӣ дар марҳилаи барпошавӣ ва ҷараёни давлатдории Ҳукумати Шӯроҳо аз сар гузаронидааст, ки чунин будааст: 2-юми сентябри соли 1920 аморати Бухоро сарнагун шуд. Амир ба Душанбе фирор кард. Муҳлати дар Душанбе иқомат кардани Амир, дарбориён ва муҳофизонаш барои зиёд кардани лашкар ба сафарбарии сарбозон аз ҳисоби мардуми таҳҷоӣ, захираи хӯрока ва ғизои аспон машғул буданд. Дар ҷараёни ин амалҳо ба бетартибиҳо, тороҷи молу мулк ва азобу шиканҷаи халқ даст заданд. Мардум аз ноилоҷӣ ба куҳу пуштаҳо фирор мекард. Дар ин ҷараён аз ҳама бештар аҳолии деҳаҳои Ҷӯйбодом, Чортут, Чортеппа ва Шоҳмансур зарар диданд. Норозигии халқ авҷ гирифт. Дар ҳама ҷо аз амлокдор то авбош ҳукми худро раво дониста, ба ҳалқи бечора ситам мекарданд.
Ин ҳангом бо мақсади маҳв сохтани амири фирорӣ ва қувваҳои ситамгари вай, аз зулму асорат раҳо додани халқи бечора Ҷумҳурии халқӣ-шӯравии Бухоро отрядҳои ҳарбӣ таъсис дода, ба амалиётҳои ҷангӣ оғоз намуд ва Амиру дастаҳои ҳамроҳи ӯро маҷбур карданд, ки Душанберо монда ба сӯи Афғонистон фирор намоянд. Барпонамоии ҳокимияти шӯроҳо оғоз гардида, дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шакли Комитетҳои инқилобӣ ҷараён гирифт. Ноҳия яке аз минтақаҳои ноорому пурошуб буд. Қисме аз аҳолӣ ҳокимияти навро напазируфтанд. Ва маҳз онҳо асоси қувваҳои зиддиҳукуматӣ гардида, босмачигариро ташкил ва сафҳои онро зиёд намуданд.
Гирумони замона қувваҳои бо ҳам мухолифи сиёсиро ба вуҷуд овард. Гуруҳҳои сиёсӣ сарварони худро пайдо карданд. Зодаи Кӯктош бо номи Иброҳимбек дастаҳои босамачиҳо ва қувваҳои зидди ҳукумати навро сарварӣ карда, хусусан вазъи сиёсии мавзеҳои Лоҳур ва Эсанбойро ноором гардонд.
Халқи ба сохти нав майлкарда дар дастаҳои худихтиёриён муттаҳид гардиданд. Дастаҳои калтакдорони сурх бо сардории Юлдош Командир, Қувандиқ Тошев, Қарахон Сардоров, Муқим Султонов, занҳои ҷасур Зайнаббибӣ Қурбонова ва Хадича Раҳматова дар маҳви босмачигарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ саҳм гузоштаанд. Соли 1931 бо пурра маҳв шудани дастаи калонтарин ва дастгир шудани Иброҳимбек ҳаракати босмачигарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хотима ёфта, зиндагӣ маҷрои бунёдкорона гирифт.
Соли 1927 дар баробари таъсиси ноҳия бо номи Лақай-Тоҷик, тадбирҳои таҳкими сохти нав андешида шуда, ҳамзамон ба деҳқонон қитъаҳои замин тақсим карда шуд, кооператсияҳои истеъмолӣ ва рафоқатгариҳо ташкил карда шуданд. Коллективизатсияи хоҷагиҳо чараён гирифт. Барои аз худ кардани заминҳои бекорхобида шабакаҳои обёрии Кӯктош, Навобод, Кампирқалъа ва Чортут бунёд гардиданд. Соли 1928 ислоҳоти замину об ба пуррагӣ ба охир расид.
Деҳқонон Гулов Оймуҳаммад, Раҷабов Зайд, Ашуров Теша, Шарифов Солӣ, Маҷидов Малик, Ятимов Мирзо, Ёров Юсуф, Назаров Холназар, Саидов Усмон, Мирзоев Абдулазиз ва Ташрифов Маҳрам аввалин хоҷагии коллективиро дар ҳудуди ноҳия дар деҳаи Тегирмии ҷамоати Шоҳмансур, ҳозира деҳаи Якуми майи ҷамоати деҳоти Қуштеппа таъсис дода, ба умеди беҳбуд ёфтани ҳаёти нав ба он «Рӯшноӣ» ном ниҳоданд. Дар асоси рафоқатгариҳо батадриҷ ва бонизом силсилаи хоҷагиҳои коллективӣ таъсис ёфта, ин шакли хоҷагидорӣ инкишоф дода шуд.
Ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки оғози ҳар гуна кори нав амали осон набуда, балки машаққатҳои зиёдеро талаб мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, номи аввалин роҳбарони бахшҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла раисони хоҷагиҳо, ки дар мактаби махсусе нахондаву аз касе таҷриба наандӯхта, корро аз рӯи фаҳмиши хеш пеш мебурданд, дар ёдҳо мондааст. Ва натиҷаи меҳнати фидокоронаи онҳо буд, ки ҳукумати шӯроҳо мунтазам пеш мерафту инкишоф меёфт.
Авзои ҷомеаи навбунёд аз роҳбарони хоҷагиҳо матонату кордонии зиёдеро тақозо мекард. Фаъолияти ҳар кадоме аз онҳо баробари як достон аст. Гулбойраис аз Хоҷабулбулон, Шовмар Мусоев, Абдураҳим Қосимов, Муталиб Ҳайдаров, Раҳмон Эшқӯзиев, Саъдулло Музаффаров, Сайфиддин Азимов, Муҳиддин Зокиров, Убайдулло Саидов, Раҳмон Алимардонов, Рӯзиқул Пиримқулов, Худойқул Каримов, Абдулло Саидов ва бисёр дигар сарсупурдагони ҳокимияти халқӣ дар барпокунӣ ва ривоҷи сохти ҷамъиятии хоҷагидории ноҳия саҳм доранд.
Солҳои сиюм давраи пешрафти иқтисодиёти ноҳия буд. Дар ин давра ноҳия дар сафи ноҳияҳои пешқадами пахтакори ҷумҳурӣ ҷой гирифт. Ҷамоатҳои Зайнабобод, Оққурғон ва Гулистон асосан ба пахтакорӣ машғул шуданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбати дигар ноҳияҳо бештар пахта кишт шуда ва табиист, ки зиёдтар ҳосил ғундошта мешуд. Дар ин давра коллективонии хоҷаги қишлоқ бо муввафақият идома ёфта, ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.
Январи соли 1935 ноҳияи Лақай-Тоҷик барҳам хӯрда, дар асоси он ноҳияҳои Кӯктош, Султонобод ва Эсанбой таъсис дода шуданд. Шаҳраки имрӯзаи Сомониён ба маркази маъмурии ноҳияи Кӯктош табдил дода шуд. Колхозҳои шакли нав бо номи «Карл Маркс», «Пахтакор», «Болшевик», «Сталин», «Энгелс», «Киров», «Стаханов» ва «1-уми Май» дар деҳаҳои Чоргултеппа, Кӯктоши куҳна ва Қарияи камар таъсис ёфтанд.
Аввалин колхозҳои миллионер ва раисони номдор пайдо шуданд. Хоҷагии ба номи Сталин (раисаш Шаҳобиддин Замонов), ба номи Киров (раисаш Латипов), ба номи Карл Маркс (раисаш Чориқулов) аз қабили чунин хоҷагиҳои овозадор буданд.
Солҳои чилум идомаи ҷаҳду ҷадал барои бунёдкориҳо гардид. Заминҳои корам бештар доман кушоданд. Техникаи хоҷагии қишлоқ мушкилкушои деҳқон гардид. Аввалин механизаторони таҳҷоӣ паси чамбараки тракторҳо нишастанд. Коркарди замин дар асоси илмӣ ба роҳ монда шуд, агрономҳо, муҳандисон, муаллимон ва табибони дорои маълумоти махсус ба кор ҷалб гардиданд. Нахустин номварони меҳнат бо номи стахановчиён шухрат ёфтанд. Мактаб, беморхона, биноҳои маъмурӣ ва бисёр иншооти дигар сохта ба истифода дода шуданд. Симои ноҳия куллан тағйир ёфт.
Аммо ин корнамоию бунёдкориҳоро Ҷанги дуюми ҷаҳон халалдор сохт. Зарурати ба силоҳи ҷанг иваз кардани асбобҳои меҳнат ба миён омад. Ҷавонмардон ба ҷанг мерафтанд. Кор ба дӯши занону наврасон афтод. Онҳо баҳри бо озуқа ва либосу аслиҳа таъмин кардани фронт зарбдорона меҳнат мекарданд. «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» шиори ҳамдиёрони мо гашта буд. Ташкилотчиёни фронти ақибгоҳ аз ноҳияи Рӯдакӣ Содиқов, Замонов, Латипов ва Юлдош-командир бо кордонию ташкилотчигӣ ном бароварда буданд. Масалан звеноҳои Холиқ Латипов, Бобоев, Ҳалима Сулаймонова, Самӣ Шоимардонов аз ҳар гектар то 115-сентнерӣ пахта рӯёнданд. Аҳолии ноҳия баҳри таъмини ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Занон анҷомҳои зебу зиннати худро ба Фонди ҷанг супориданд. Хатича Раҳматова аз ноҳия ба фронт озуқа, сарулибоси гарм ва лавозимоти ҷанг бурд. Мардуми диёр дар мамлакати паҳновар ташаббускори бо аспҳои ҷангӣ таъмин намудани қӯшунҳои савораи армияи сурх гардиданд. Ташаббускори асосии ин иқдом Юлдош Соҳибназаров яке аз аввалинҳо шуда аспи худро барои ҷанг супорид.
Бешубҳа, таърих ибратомӯз аст. Мо набояд бо комёбиҳои гузаштаи халқи худ фақат ифтихор намоем. Аз гузашта ибрат ҳам бояд гирифт. Дар солҳои ҷанг мардуми ноҳия бо юғу испор ва белу каланд заҳмат мекашиданд. Чун ҳозира техникаҳои приқтидор надоштанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, мо тавонистем ҳам фронт ва ҳам ақибгоҳро бо хӯрока ва аслиҳа таъмин намоем. Бо таври ҳашар ҷамъ намудани маблағ ва ба фронт фиристодани колоннаи танкҳо аз Тоҷикистон, ки саҳми ҳамдиёрони мо низ дар он калон аст, мисоли беҳамтои якдилию якмаромии халқҳост.
Яке аз омилҳои асосии пирӯзӣ дар ҷанг бе ҳеҷ шаку шубҳа ягонагии ҷанговарон ва заҳматкашон, интизоми оҳанини афсарону сарбозон ва садоқати беинтиҳои онҳо ба ватан буд. Дар фронтҳои гуногуни ҷанг аз ноҳияи Рӯдакӣ 3454 нафар ҷанговарон бо душман даст ба гиребон буданд. Ҷонфидоии наслҳои бузурги мо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон мисоли олии ватандӯстӣ, ваҳдати халқҳо, озодихоҳӣ ва шуҷоату мардонагист, ки барои наслҳои ҷавон бояд дарси ибрат ва сабақи ҷовидона бошад.
Солҳои 50-ум колхозҳои ноҳия ба хоҷагиҳои бисёрсоҳа табдил ёфтанд. Баробари пахта, пила, сабзавот, боғу токпарварӣ, чорво ва парандапарварӣ васеъ ба роҳ монда шуд. Сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ, қасру хонаҳои маданият, театру чойхонаҳо, клубу кинотеатрҳо, мактабу бемористонҳо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон авҷ гирифт.
Соли 1960 ноҳияи Варзоб ба ҳайати ноҳияи Кӯктош дохил гардида, ба он номи Ленин дода мешавад.
Солҳои ҳафтодум дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия тағйиротҳои куллӣ ба амал омад. Ҳукумати Шӯравӣ дар ин давра як қатор ислоҳоту чорабиниҳои муҳими иқтисодӣ гузаронд, ки ҳадаф аз онҳо баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат буд. Баҳри амалӣ гардидани ин нақшаҳо азхудкунии даштҳои Лоҳур, Мирзочул, Роҳатӣ, заминҳои хоҷагии «Пойгаҳи минтақавии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» ва таллу теппаҳои водии Эсанбой оғоз шуда, солҳои минбаъда ба беҳбуди кору рӯзгори халқ ва иқтидори иқтисодии ноҳия мусоидат намуд.
Солҳои 80-уми асри бист барои мардуми ноҳия давраи авҷи инкишофи ҷомеа, пешравии илму фарҳанг, тараққиёти саноату техника, арзонию фаровонӣ ва осудагию осоиштагӣ ба шумор меравад.
Дар охири асри бист, аниқтараш соли 1991 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан миллӣ шуд.
Соли 1991 ноҳияи Варзоб аз ҳайати ноҳияи Ленин ҷудо карда шуда, сипас, 21-уми ноябри соли 2003 бо Қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№462) ба хотири гиромидошти хотираи неки сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ноҳия номи Рӯдакӣ дода шуд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар мардуми меҳнатқарин ва сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ чун як ҷузъи чудонопазири ҷомеаи кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як тану як ҷон шуда, баҳри таҳкими сулҳу рушди ҷомеа ва боз ҳам ободтар намудани кишвар меҳнату талошҳо доранд. Инак, чун соли 2018 аз ҷониби Президенти кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми сарбаланду ҳунарманди ноҳияи Рӯдакӣ баҳри дастгирӣ намудани ин тасмими олӣ саҳми беназир хоҳанд гузошт.

Муҳаммадии САЛИМ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ

Тағйироти охир Шанбе, 10 Феврал 2018 11:13
Хонданд 440
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.